Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First

    Боби 13. - ҚАҲРАМОНОНИ ИМОН ДАР НИДЕРЛАНД ВА СКАНДИНАВИЯ

    Дар Нидерландия худсарию золимии ҳокимияти папа хеле барвақт эътирози қатъиро ба миён овард. 700 сол пеш аз Лютер ба муқобили папаи Рум ду усқуфе баромад карда буданд, ки ба Рум сафар намуда, хислати аслии онеро, ки дар «тахти муқаддас», нишастааст, дида буданд. Худованд «ба таври абадӣ Калисо, малика ва арӯси Худро барпо кардааст, онро мураббии некӯахлоқи қавми Худ намудааст; Онро бо точ ва чӯбдасти салтанат сарфароз гардондааст... ту бошӣ. чун дузд, ин унвонҳоро ба худ сазовор донистӣ. Ту дар маъбад чун Худованд менишинӣ; ба ҷои оне ки хизматгори қавм бошӣ, ту гурге дар миёни гусфандон ҳастӣ... ту мехоҳӣ моро маҷбур намоӣ бовар кунем, ки ту ускуфи олӣ хастӣ, лекин чун ҳокими ситамгар рафтор мекунӣ... Ту бояд хизматгори хизматгорон бошӣ, чӣ тавре ки ту худро ном мегирӣ, лекин кӯшиши ҳокими ҳукмроникунанда буданро мекунӣ... Ту аз фароизи Худо нафрат дорӣ... Рӯҳи Муқаддас калисоҳоро дар тамоми дунё созмон медиҳад... Шаҳри Худованд, ки мо шаҳрвандони он ҳастем, то ба осмон мерасад; он аз шаҳре ки пайғамбарон онро Бобил ном мегирифтанд, бузургтар аст, ҳокимияти папа худро ҳокимияти Илоҳӣ мешуморад, то ба осмон такаббур задааст ва бо хиради ҷовидонаи худ магрур мешавад, ва ниҳоят ба он ҳеҷ асосе надошта, худситоӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ гумроҳ нашудааст ва гумроҳ намешавад»207Герард Бранд, «Таърихи Ислоҳот дар мамлакатҳои хурд», китоби 1, саҳ. 6..MБУБ 246.1

    Ин эътирозро дар тӯли асрҳо одамони нав такрор мекарданд. Он мавъизакунандагони аввалине ки мамлакатҳои зиёдро бо номхои қалбакӣ тай карда буданд, дар рӯҳияи мавъизакунандагони валденсӣ заҳмат кашида, ҳақиқатҳои Инҷилро дар ҳама ҷо мавъиза менамуданд, ба Нидерландия низ расиданд. Таълимоти онҳо босуръат паҳн мегашт. Онҳо Китоби Муқаддасро аз забони валденсҳо ба забони голландӣ тарҷума намуда, бо исрор баён мекарданд, ки «он манфиати зиёд меорад, зеро ки дар он ҳеҷ чизи сабукфикрона. ҳеҷ гуна афсона, ҳазл, масхара, маккорӣ нест, танҳо каломи ҳақиқат: албатта, дар ин китоб ҳам мураккабиҳо ҷой доранд, лекин моҳияти ҳама чизи нек ва мукаддас ба таври пурра барои фаҳмиши ҳар як нафар дастрас аст»208Ҳамон ҷо, китоби 1, саҳ. 4.. Дӯстони имони қадима дар асри XII чунин суханонро навишта буданд.MБУБ 246.2

    Таъқиботҳо оғоз ёфтанд, вале ба азобу шиканҷа ва гулханҳои оташ нигоҳ накарда, шумораи имондорон меафзуд, онхо дар масъалаҳои динӣ далерона Китоби Муқаддасро ягона манбаи бехато ном гирифта, баён мекарданд, ки «ягон нафарро ба имон овардан маҷбур кардан лозим нест, танҳо бо шунидани мавъизаи ҳақиқат одамон бояд имон оваранд»209Мартин, ҷилди 2, саҳ. 87..MБУБ 247.1

    Таълимоти Лютер дар Нидерландия замини ҳосилхез пайдо кард ва дар он ҷо барои мавъизаи Инҷил ҳимоятгарони самимию содиқи он бархостанд. Менно Симонс шаҳрванди яке аз музофотҳои Голландия буд. Дар таълимоти калисои римӣкатоликӣ тарбия ёфта ва барои иҷрои хизмати рӯхонӣ дуо гирифта, ӯ Китоби Муқаддасро тамоман намедонист ва аз тарси ба доми бидъат афтодан хоҳиши хонданашро надошт. Вакте ки боре дар калби ӯ нисбати ба ҷисм ва хуни Масех табдилёбии шарбати ангур ва нон шубҳа пайдо шуд, ӯ ин шубҳаро васвасаи шайтонӣ шуморида, кӯшиш мекард дар дуоҳо ва тавбаҳо аз чунин фикрҳо озод шавад, вале беҳуда. Ӯ мекӯшид то бо дилхушиҳои сабукфикрона садои вичдони бедоршавандаро хомӯш созад, вале ин ҳам натиҷа надод. Бо гузашти муддате ӯ ба омӯзиши Инҷил ва асарҳои Лютер шурӯъ намуд ва окибат ақидҳои ислоҳотро қабул кард. Дере нагузашта Менно шоҳиди қатли шахсе гардид, ки сарашро танҳо барои он аз тан ҷудо карданд, ки ӯ такроран таъмид гирифт. Ин ҳодиса ӯро барои ҷустуҷӯи ҳалли масъалаи таъмиди кӯдакон ба омӯзиши Китоби Муқаддас водор кард. Дар Китоби Муқаддас ӯ ягон ҳодисаи ба ин монандро пайдо накард, баръакс, ӯ боварӣ ҳосил намуд, ки барои таъмид гирифтан тавба ва имон шартхои зарурианд.MБУБ 247.2

    Менно Калисои католикиро тарк намуда, тамоми ҳаёти худро ба мавъизаи ҳақиқат бахшид. Дар он замон ҳам дар Гер- мания ва ҳам дар Нидерландия таассубкорони зиёде пайдо шуда таълимотҳои бемаънӣ ва исёнгаронаеро паҳн мекарданд, ки ба вайронсозии бунёди ҷамъият равона шуда буданд ва ба зӯроварию ошӯбҳо бармеангехтанд. Менно оқибатҳои даҳшатовари ин ҳаракатро пешбинӣ намуда, ғаюрона ба зидди ақидаҳои бардурӯг ва нақшаҳои ваҳшиёнаи таассубкорон ба мубориза баромад. Одамони зиёде дар аввал ба ин таълимоти ошӯбгарона пайравӣ намуда, баъд аз хатоҳои марговари худ даст кашиданд. Ғайр аз ин пайравони зиёди имони қадима, наслҳои валденсҳо низ зиндагӣ мекарданд. Менно дар миёни ин одамон ба кор шурӯъ кард ва ба комёбӣ ноил гашт.MБУБ 247.3

    Дар давоми бисту панҷ сол ӯ бо ҳамроҳии завча ва фарзандонаш сафар намуд ва мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронда, аксар вақт ҳаёти худро зери хатар мемонд. У ба тамоми қисматҳои Нидерландия ва Германияи Шимолӣ сафар намуда, асосан дар миёни халқи оддӣ заҳмат мекашид ва ба онҳо таъсири амиқ мерасонд. Менно, ки истеъдоди табиии нотиқӣ дошт, гарчанде маълумоти ҳамаҷониба нагирифта буд, шахси поквиҷдону содиқ ва дилсӯзу хоксор буд. Ӯ шахси чиддӣ ва парҳезгори ҳақиқие буд, ки принсипҳои ба одамон омӯзондаашро дар зиндагии худ амалӣ мекард ва аз ин сабаб сазовори боварӣ гардида буд. Пайравони ӯ, ки дар ҳама ҷо пароканда буданд, азобу машаққатҳои зиёдро аз cap мегузаронданд. Ин одамон аз он сахт азият мекашиданд, ки онҳоро аз таассубкорон-мюнстеритҳо, фарқ намекарданд. Ба ҳар ҳол, ба шарофати кӯшишҳо ва заҳматҳои ӯ, бисёриҳо ба Худо имон оварданд.MБУБ 248.1

    Сарфи назар аз таъкиботҳо, қи дар ягон мамалакати дигар, ба истиснои ниҳоят кам, ин қадар сахт набуданд, таълимоти протестантӣ дар ҳеҷ ҷо чун дар Нидерландия якдилона қабул нагашта буд. Дар Германия Карли V Ислоҳотро манъ намуд ва бо ҷону дил ҳамаи пайравони онро ба оташ андохтанӣ буд, вале ҳокимон далерона ва собитқадамона бар ҷабру зулми ӯ муқобилият нишон медоданд. Дар Нидерландия бошад ҳокимияти ӯ пурқувваттар буд, ва дар он ҷо пайваста фармонҳо оиди таъқиботҳо бароварда мешуданд. Хондани Китоби Муқад- дас, дар бораи он мавъиза кардан ва шунидани чунин мавъизаҳо, ва ҳатто дар бораи он сухан гуфтан - хамаи ин маънои дар гулхани оташ ҷон доданро дошт. Ба Худо на дар назди расмҳою, балки дар хилватгоҳ дуо гуфтан, хондани сурудҳои ситоишӣ - низ ҷиноятҳое башумор мерафтанд, ки сазояшон марг буд. Хдтто онҳоеро, ки аз гумроҳиҳои худ даст мекашиданд, аз ҳаёт маҳрум мекарданд. Мардҳо бо шамшер кушта мешуданд, занҳоро бошад зинда дар гӯр меандохтанд. Ҳазорон одамон дар давраи ҳукмрониҳои Карли V ва Филиппӣ II кушта шуданд.MБУБ 248.2

    Боре дар назди инкивизисия аҳли оилае қарор гирифт, ки барои дар месса иштирок накардан ва дар хона ибодат кардан гунаҳгор карда мешуд. Вақте ки аз хурдгарин аъзои ин оила оиди рафти ибодатҳои оилавӣ суол карданд, писарбача чунин чавоб дод: «Мо ба зону мезанем ва дуо мегӯем, то ки Худованд ақли моро равшан гардонад ва гуноҳҳои моро бубахшад; мо барои подшоҳи худ дуо мегӯем, то ки ҳама чиз дар мулки ӯ осуда ва хуб ва худи ӯ хушбахт бошад; мо барои роҳбарони шаҳри худ дуо мегӯем, то ки Худованд онҳоро нигаҳбон бошад»210Уайлӣ , китоби 18, боби 6.. Чунин суханон ба баъзе судяҳо таъсири сахт расонданд, лекин оқибат падари ин писарбача ва яке аз бародарони ӯ ба сӯзондан дар оташ маҳкум шуданд.MБУБ 249.1

    Ғазаби таъқибкунандагон ба имони таъқибшавандагон баробар мешуд. На танҳо мардон, балки занони меҳрубон ва духтарони ҷавон диловарии устуворона нишон медоданд. «Занҳо аз назди гулханҳои оташе, ки дар он шавҳаронашон ҷон медоданд, дур намешуданд ва бо суханони тасаллобахш ё бо сурудхои ситоишй ба онҳо ҷасорат мебахшиданд». «Духтарони ҷавонеро, ки зинда ба зинда гӯр мекарданд, чунон рафтор менамуданд, ки гӯё дар бистари худ хоб мераванд; ба қатлгоҳ ё гулхани оташ қадам зада, беҳтарин либоси худро ба тан мекарданд, гӯё ки на ба марг, балки ба ақци никоҳ мераванд»211Ҳамон ҷо..MБУБ 249.2

    Хуни рехтаи масеҳиён, ба мисли замонҳои пеш, ки бутпарастон кӯшиши нобуд кардани Инҷилро мекарданд, тухмии муқаддас мегашт212Ниг. Тертуллиан, «Апология», § 50.. Таъқиботҳо шумораи шоҳидони ҳақиқатро меафзуданд. Подшоҳе, ки ӯро далерии мағлубнопазири халқ ба ғазаб меовард, кори даҳшатовари худро сол ба сол давом медод, лекин ҳамааш бенатиҷа буд. Ниҳоят баъди инқилоб дар зери роҳбарии Вилгелм Оранӣ олиҳиммат, Голландия озодии ба Худованд ибодат карданро ба даст овард.MБУБ 249.3

    Дар кӯҳҳои Пемонта, дар водиҳои Франсия ва соҳилҳои Голландия тухми Инҷил аз хуни пайравони он ғизо мегирифт. Лекин дар мамлакатҳои шимолӣ Инҷил бо роҳи осоишта ғолиб омад. Имони протестантиро ба Скандинавия донишҷӯёни аз Виттенберг ба ватани худ баргашта оварданд. Нашри асарҳои Лютер низ ба паҳншавии нури ҳақиқат мусоида намуданд. Халқи оддию обутобёфтаи Шимол аз фисқу фасод, ҳашамат ва хурофоти Рум рӯ гардонд, то ки таълимоти оддию поки Китоби Мукаддасро, ки ҳаёт мебахшад, қабул кунад.MБУБ 250.1

    Таузен «ислоҳотчии Дания», писари деҳқон буд. Писарбача хеле барвақт қобилиятҳои зиёд нишон дод; ӯ бо шавки зиёд кӯшиши маълумот гирифтанро мекард, лекин волидайни ӯ имконияти пардохт намудани ҳаққи таълимро надоштанд, ва ба ӯ лозим омад, ки ба дайр дохил шавад. Покахлоқӣ, боғайратӣ ва софдилии ин ҷавон ба зудӣ ҳусни таваҷҷӯҳи пири дайрро ба худ ҷалб карданд. Ҳангоми санҷиши дониш ӯ истеъдоди умедбахш нишон дод, ки дар оянда метавонисганд ба калисо хизмат кунанд. Қарор дода шуд, ки ӯро барои донишомӯзи ба яке аз донишгоҳҳои Германия ё Нидерландия бифиристанд. Ба донишҷӯи ҷавон имкон доданд, ки худ макони таҳсилро интихоб кунад, лекин ба як шарт - ғайр аз Виттенберг. Ба илоҳиётшиноси оянда аз бидъати хатарнок ва марговар дурӣ ҷустан лозим аст - чунин мегуфтанд роҳибон.MБУБ 250.2

    Таузен ба Келн сафар кард, ки чун ба мисли замонҳои пеш, имрӯз низ пуштибони ҳокимияти папа аст. Ниҳоят зуд тасаввуфпарастии устодонаш нафрати ҷавонро ба миён оварданд. Тахминан дар ҳамин вақт ӯ бо асарҳои Лютер шиносоӣ пайдо кард. Ӯ онҳоро бо ҳайрат ва шавқу завқ мехонд ва дар дилаш хохиши баланди дидори ислоҳотчӣ ва бо ӯ маслихат кардан пайдо шуд. Албатта, ӯ таваккали таҳқир намудани пири дайр ва аз дастгирии ӯ маҳрум шуданро мекард. Ба ҳар ҳол дере нагузашта ӯ интихоби худро кард ва бо гузашти мудцате Таузен донишҷӯи донишгоҳи Виттенберг шуд.MБУБ 250.3

    Ӯ ба Дания баргашта боз ба дайри худ рафт. Ҳанӯз ҳеҷ кас ӯро дар пайравии ақидаҳои Лютер гумонбар намекард; ӯ сирри худро ошкор намесохт, лекин кӯшиш мекард ба ақидаҳои хурофотии дӯстони худ дахолат накарда, онҳоро ба сӯи имони пок ва ҳаёти муқаддастаре равона созад. Ӯ Китоби Мукаддасро кушода маънои ҳақиқии онро мефаҳмонд ва ниҳоят ошкоро дар бораи Масеҳ - ягона умеди гунаҳгорон дар роҳи сафедшавӣ ва наҷотёбӣ, мавъиза мекард. Ғазаби пири дайр, ки ба ӯ чун ба ҳимоятгари далери Калисои католикӣ умеди зиёд дошт, даҳшатовар буд. Таузенро фавран ба дайри дигар гузаронданд ва дар ҳуҷрае дар зери назорати сахт қарор доданд.MБУБ 251.1

    Дере нагузашта якчанд роҳиб худро протестант эълон карданд, ки ин ғазаби пирони дайрро ба миён овард. Аз паси панҷараи ҳуҷраи худ, Таузен ба дӯстонаш ҳақиқатро мавъиза мекард. Агар ин рӯҳониёни даниягӣ медонистанд, ки аҳли калисо нисбати бидъаткорон чӣ гуна бояд муносибат кунанд, он гоҳ садои Таузен ба таври абадӣ хомӯш мегашт; лекин ба ҷои ӯро ба ягон зиндони зеризаминӣ фиристодан, аз дайр пешаш карданд. Акнун онҳо оҷизу нотавон буданд. Фармони нави шоҳ ҳамаи пайравони имони навро дар зери ҳимояи худ қарор медод. Таузен ба мавъизаи ҳақиқат шурӯъ кард. Калисоҳо барои ӯ кушода мешуданд, ва мардуми зиёд барои шуниданаш меомаданд. Дигарон низ Каломи Худоро мавъиза мекарданд. Инҷил, ки ба забони даниягӣ тарҷума шуда буд, бо шумораи зиёд паҳн карда шуд. Кӯшишҳои папа оиди манъ намудани мавъизаи ҳақиқат ба пахнгардии он оварда расонданд, ва дере нагузашта Дания аз қабул намудани имони протестантӣ баён намуд.MБУБ 251.2

    Дар Шведсия ҷавонони ҳақиқатҳои Инҷилро аз донишгоҳи Виттенберг қабул карда, онҳоро бо ҳамватанони худ мавъиза мекарданд. Ду нафар аз пешвоёни Ислоҳоти Шведсия, Олаф ва Лаврентий Петрӣ, писарони оҳангаре аз Оребру, дар зери дасти Лютер ва Меланхтон таълим мегирифтанд, ва дар навбати худ ҳақиқатро дар ватанашон далерона мавъиза мекарданд. Олаф ба монанди ислоҳотчии бузург халқро бо кӯшишу ғайрат ва суханпардозии худ рӯҳбаланд мегардонд, дар он вақте ки Лаврентии боандеша ва ботамкин, чун Меланхтон, ба донишманд бештар монанд буд. Ҳар ду парҳезгори ҳақиқӣ буда, дониши хуби илоҳиётшиносӣ ва дар мавъизаи ҳақиқат иродаи мустаҳкам доштанд. Лекин пайравони папа низ ором наменишастанд. Рӯҳониёни католик одамони хурофотпараст ва ҷоҳилро ба онҳо зид мегардонданд. Олаф Петрӣ аксар вақт дучори ҳамлаҳои авоми хурофотпараст гардида, чанд маротиба бо душворӣ ҷон ба саломат бурда буд. Ба ҳар ҳол шоҳ ба ин ислоҳотчиён бо меҳрубонӣ муносибат намуда, онҳоро ҳимоя мекард.MБУБ 251.3

    Дар зери зулми Калисои католикӣ халқ зиндагии қашшоқонаро аз cap мегузаронд. Аз Навиштаҷоти Муқаддас дар маҳрум, соҳиби дине. ки рамз ва расму оинҳои зоҳирӣ дошту ақлҳоро таълим намедод, одамон ба маросиму оинҳои бупарастонаи аҷдодонашон бармегаштанд. Миллат ба ҳизбҳои бо ҳам душманидоштае ҷудо гардид, ки муборизаи доимии онҳо қашшоқии умумиро вазнинтар гардонд. Шоҳ қарор дод, ки Ислоҳотро ҳам дар давлат ва хам дар Калисо конунӣ гардонад ва ин ёрдамчиёни боистеъдодро дар мубориза бар зидди Рум ҳамаҷониба дастгирӣ мекард.MБУБ 252.1

    Дар ҳузури шоҳ ва доираи ҳукмрони Шведсия Олаф Петрй ҳангоми баҳс бо илоҳиётшиносони католик бо маҳорати олӣ имони протестантиро химоя кард. Ӯ баён намуд, ки таълимоти падарон бояд танҳо дар он мавриде қабул карда шавад, ки агар он ба Навиштаҷоти Муқаддас мувофикат кунад; принсипҳои асосии имон дар Китоби Муқаддас равшану возеҳ баён ёфтаанд, ва ҳар як нафар онҳоро дарк карда метавонад. Масеҳ гуфтааст: «Таълимоти Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст» (Юҳанно 7:16), ва ҳавворҷӣ Павлус баён намудааст, ки ҳатто агар ӯ он чизеро мавъиза кунад, ки аз Худованд нагирифтааст, бигзор лаънат карда шавад (ниг. Ғалотиён 1:8). «Пас чй тавр, - мегуфт ислоҳотчӣ, - дигарон ҷуръати бо хости худ ҷори намудани аҳкомҳои дин ва ҷуръати талқин намудани онҳоро чун як чизи зарури барои наҷотёбӣ мекунанд?». Ӯ исбот намуд, ки амру фармонҳои Калисо ҳеҷ эътибор надоранд, дар сурате, ки онҳо бар зиддӣ аҳкомҳои Худо равона шудаанд, ва принсипи бузурги протестантизм «Китоби Муқаддас ва танҳо Китоби Муқадцас»-ро, чун қоидаи имондорӣ ва зиндагӣ эълон кард.MБУБ 252.2

    Ин мубориза гарчанде ба бисёриҳо маълум нест «ба мо шахсиятҳоро ошкор месозад, ки дар артиши Ислоҳот сарбозони қаторӣ буданд. Онҳо мутаассибони каммаълумоте набуданд, ки дар атрофи худ ғавго бардоранд. He, ва бори дигар не. Онҳо Каломи Худовандро аз таҳти дил меомӯхтанд ва бо донише, ки Китоби Муқадцас ба онҳо медод, чӣ тавр рафтор карданро хуб медонистанд. Он чи ки ба донишмандии онҳо алоқаманд аст, гуфтан лозим аст, ки онҳо аз замони худ хеле пеш рафта буданд. Агар мо ба чунин марказҳои бузурги илмӣ, чун Виттенберг ва Сюрих ва ба чунин шахсиятҳои машҳур чун Лютер ва Меланхтон, Свинглӣ ва Эколампадиус таваҷҷӯҳ намоем, албаттаро ба мо мегӯянд, ки онҳо пешвоёни ин ҳаракатанд, ва аз ҷониби онҳо нишон додани амалҳои барҷаста ва хиради ғайриоддӣ табиист, лекин нафароне ки онҳоро пайравӣ мекарданд аз пешвоёни худ фарқи калон доштанд. Бале, ҳамаи ин чунин аст, лекин акнун биёед ба ҳодисаҳои начандон маълуми Шведсия, ба шахсиятҳои фурӯтан Олаф ва Лаврентий Петрӣ — аз устодон ба шогирдон рӯ биёрем. Мо чиро ошкор месозем?... Онҳо олимон ва илоҳиётшиносоне буданд, ки пуррагии ҳақиқати Инҷилро соҳиб буданду галабаро бар беҳтарин ақлҳо ва пешвоёни гоявии Рум бо осонӣ ба даст оварданд»213Уайлӣ , китоби 10, боби 4..MБУБ 253.1

    Дар натиҷаи баҳси дар боло ёдрасшуда шоҳи Шведсия имони протестантиро қабул намуд, дере нагузашта парламент низ ба ӯ пайравӣ кард. Олаф Петрӣ Инҷилро ба забони шведӣ тарҷума кард ва бародарон бо дархости шоҳ ба тарҷумаи пурраи Китоби Муқаддас шурӯъ намуданд. Ҳамин тавр халқи швед маротибаи аввал Каломи Худоро ба забони модарии худ ба даст овард. Парламент қароре қабул кард, ки дар асоси он бояд дар тамоми мамлакат рӯҳониёни калисо Китоби Муқаддасро ба халқ фаҳмонанд, ва дар мактабҳо кӯдаконро ба омӯзиши он водор кунанд.MБУБ 253.2

    Нури мубораки Инҷил оҳиста-оҳиста ва бо қатъият торикии ҷоҳилият ва хурофотпарастиро пароканда мекард. Миллати аз зулму ситами Рум озодгардида рушд ва бузургии бемонандро ба даст овард. Шведсия ба яке аз истеҳкомҳои протестантизм табдил ёфт. Бо гузаигги сад сол, дар лаҳзаи хатари бузург, ин мамлакати начандон калон ва қаблан заиф, дар Европа ягона мамлакате буд, ки дар давраи ҷанги даҳшатовари сӣсола ҷуръат намуд ба Германия дасти ёрӣ дароз кунад. Ба назар чунин менамуд, ки тамоми Европаи Шимолй аз нав дар зери зулми Рум қарор мегирад, лекин артиши Шведсия ба Германия дар боздоштани ҳамлаи папистҳо ва ба даст овардани озодии дин барои протестантҳо - ҳам калвинистҳо, ҳам лютеранҳо - ва баргардондани озодии вичдон барои мамлакатҳои Ислоҳотро қабулнамуда, ёрӣ расонд.MБУБ 254.1