Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 35. - ОЗОДИИ ВИЧДОН ДАР ЗЕРИ ХАТАР

    Протестантҳо дар замони ҳозира, назар ба солҳои пешин ба калисои Румй-католикӣ хайрхоҳонатар муносибат мекунанд. Дар он кишварҳое, ки мазҳаби католикӣ пешрафт надорад ва папистҳо мавқеи муросокоронаро ишғол менамоянд, то ки такягоҳи худро устувор гардонанд, ҳарчи бештар бепарвоии зиёдшавандаро нисбати он доктринаҳое мушоҳида кардан мумкин аст, ки калисоҳои протестантиро аз иерархияи папа ҷудо мекунанд. Боварй ба он ки ихтилофҳои мо дар масъалаҳои асосй на ба он андоза бузурганд, ки пеш ба назар мерасид, ва гузашти хурде аз ҷониби мо ба ҳамдигарфаҳмии бехтар бо Рум мусоидат мекунад, ҳарчи васеътар паҳн мегардад. Замоне буд, ки протестантҳо ба қадри озодии вичдон, ки бо чунин арзиши баланд ба даст оварда буданд, мерасиданд. Онхо нафратро ба ҳокимияти папа ба фарзандони худ талқин мекарданд ва ризоятро бо Рум чун хиёнат ба Худо баҳо медоданд. Акнун бошад фикрҳои тамоман дигар баён карда мешаванд.MБУБ 600.1

    Ҳомиёни ҳокимияти папа изҳор медоранд, ки калисо тӯҳмат зада шуда буд, ва протестантхо майли ба ин фикр розӣ шудан доранд. Бисёриҳо тасдиқ мекунанд, ки дар хусуси Калисои ҳозира аз рӯи он палидиҳо ва бемаънигиҳое, ки аз хумкронии он дар замонаҳои ҷаҳолат ва зулмот шаҳодат медиҳанд, доварй кардан ноодилона аст. Онҳо бераҳмии дахшатовари калисоро бо урфу одатҳои ваҳшиёнаи он замон сафед намуда, қайд мекунанд, ки таъсири тамаддуни муосир муносибати Калисоро ба бисёр чизҳо тағйир додааст.MБУБ 600.2

    Наход одамон фаромӯш карда бошанд, ки ҳокимияти мағрур дар давоми хаигг аср даъвои дурусткор буданро мекард? Ин даъвоҳое, ки папистҳо фикри аз онҳо даст кашидан ҳам надоштанд, назар ба замони пеш дар асри нуздаҳ бо аниқии боз ҳам бештар тасдиқ карда шуда буданд. Азбаски Рум тасдиқ ме- кунад, ки «Калисо хеҷ гоҳ гумроҳ нагашта буд, ва мувофиқи Навиштаҷот ҳеҷ гоҳ гумроҳ нахоҳад гашт»347Ҷон Л. фон Мошейм, «Институтҳои таърихи калисо», китоби 3, асри 2, қисми 2, боби 2, фасли 9, шарҳи 17-ум., пас чӣ тавр он метавонад аз принсипҳое, ки дар асрҳои гузашта аз рӯи онҳо амал мекард, даст кашад?MБУБ 600.3

    Калисои папа аз даъвои дурусткор будан ҳеч гоҳ даст намекашад. Он дуруст шуморидани ҳамаи таъқиботҳоеро, ки дар гузашта бо нафарони бо догмаҳои он норозӣ рӯй дода буданд, давом медиҳад, ва агар чунин имконият даст диҳад, магар он худи хамон амалҳоро такрор намекунад? Бигзор ҳокимиятҳои дунявӣ фақат маҳдудиятҳои ҷори намударо бартараф созанд ва ба Рум хокимияти пешинаро баргардонанд - дарҳол таъқиботҳои пешина ва зулму истибдод аз нав оғоз меёбанд.MБУБ 601.1

    Нависандаи машҳур дар хусуси муносибати иерархияи папа ба озодии вичдон ва дар бораи хатаре ки дар холати комёбии сиёсати ҳокимияти папа дар навбати аввал ба Иёлоти Муттаҳида таҳдид мекунад, чунин мегӯяд:MБУБ 601.2

    «Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка бисёриҳо тарсро дар назди калисои Румӣ-католикӣ ба фанатизм ё беаклӣ нисбат медиҳанд. Онхо дар хислат ва дастурҳои мазҳаби католикӣ ҳеч чизи душманонаро нисбат ба институтҳои озодии мо намебинанд ва дар инкишофёбии ин калисо ҳеҷ чизи бадро пайдо намекунанд. Биёед баъзе принсипҳои асосии давлати моро бо принсипҳои калисои католикӣ мукоиса кунем.MБУБ 601.3

    Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида озодии вичдонро кафолат медиҳад. Ҳеҷ чизи дигари пурарзиш ва асосонок нест. Папа Пий IX дар муроҷиатномаи расмии худ аз 15 августи соли 1854 изҳор намудааст: «Доктринаҳои бемаънӣ ва бархато ё таълимотҳои бемаънӣ, ки озодии вичдонро ҳимоя мекунанд, бидъати хатарноктарин ҳастанд. Ин вабоест, ки дар давлатдорӣ аз ҳама бештар аз он тарсидан лозим аст». Худи ҳамон папа дар муроҷиатномаи расмии худ аз 8-уми декабри соли 1864 «нафаронеро. ки озодии виҷдон ва динро ҳимоя мекунанд», инчунин «ҳамаи онҳоеро, ки чунин мешуморанд, ки калисо набояд қувваро ба кор барад», лаънат хонд.MБУБ 601.4

    Оҳанги муросокунандаи Рум дар Иёлоти Муттаҳида аз дигаргуншавии рӯҳия дар ҳокимияти папа шаҳодат намедиҳад. Калисои католикӣ дар ҳар ҷое ки нотавон аст, он ҷо таҳаммул нишон медиҳад. Ана усқуф О Коннор чӣ мегӯяд: «Мо бо сари хам озодии динро то замоне таҳаммул хоҳем кард, ки онро барои дунёи католикӣ бе зарар бо принсипи мухолиф иваз кардан муяссар гардад...» Усқуфи калони Сент-Луис боре чунин гуфт: «Бидъат ва беимонӣ ҷиноят аст; ва дар кишварҳои масеҳӣ, масалан, чун Италия ва Испания. ки ҳамаи шаҳрвандон - католик ҳастанд ва мазҳаби католикӣ қисми муҳими қонунгузорӣ мебошад, он чун дилхоҳ дигар ҷиноятҳо ҷазо дода мешавад...»»MБУБ 602.1

    «Ҳар як кардинал, усқуфи калон ва ускуфи Калисои католикӣ ба папа қасами садоқат ёд мекунанд, ки дар он чунин суханон ҳастанд: «Ман ӯхдадор мешавам то бо тамоми қувва бидъаткорон, ихтилофкорон ва касонеро, ки ба хоҷаи (папаи) мо ё ворисони ӯ итоат намекунанд, биронам ва таъқиб кунам»»348Ҷосайя Стронг, «Мамлакати мо», боби 5, § 2-4..MБУБ 602.2

    Албатта, дар калисои Румӣ-католикӣ масеҳиёни ҳакиқӣ низ ҳастанд. Ҳазорон нафарони ба ин калисо тааллуқдошта ба Худо мувофиқи он нуре хизмат мекунанд, ки онҳо соҳибанд. Ба онҳо озодона омӯхтани Каломи Худоро иҷозат намедиҳанд, бинобар ин ҳақиқат ба онҳо ношинос аст349Солҳои 1888 ва 1911 нашр шудааст.. Онҳо ҳеҷ гоҳ фарқияти миёни хизмати покдилона ба Худо ва иҷрои оддии расмиятҳо ва маросимҳоро надидаанд. Худованд ба ин одамон, ки дар имони қалбакии қалбро сернакунанда тарбия ёфтаанд, бо чашми меҳр нигоҳ мекунад. Ӯ ҳатман кӯшиш мекунад то торикии гафсеро, ки онҳоро иҳота намудааст, бо шуъоҳои нур пароканда созад. Ӯ ба онҳо ҳақиқатро, чуноне ки он дар Масеҳ ҳаст, ошкор мекунад, ва шумораи зиёде аз онҳо ба қавми Ӯ ҳамроҳ хоҳанд гашт.MБУБ 602.3

    Вале ҷаҳонбинии католикӣ имрӯз низ айнан чун замонҳои пеш бо Инҷили Масеҳ мувофиқат надорад. Калисоҳои протестантӣ дар зулмот қарор доранд, набошад онҳо аломатҳои замонро фарқ мекарданд. Калисои католикӣ нақшаҳо ва усулҳои дурбинонаи корӣ дорад. Тамоми воситаҳо барои васеъгардо- нии таъсири он ва тақвиятбахшии ҳокимияти он истифода мешаванд, омодагӣ ба муборизаи шадид ва ҳалкунанда барои барқарорсозии ҳукмронии умумиҷаҳонӣ, ки оғози нави таъқибот ва несткунии ҳамаи комёбиҳои протестантизмро дар назар дорад рафта истодааст. Католисизм дар тамоми фронт ба ҳамла мегузарад. Ба афзоишёбии калисоҳои калон ва хурди он дар кишварҳои протестантӣ назар андозед. Бингаред, ки коллеҷҳо ва семинарияҳои он дар Америка, ки асосан дар таҳхи ҳимояи протестантҳо қарор дорад, ба кадом шӯҳрат соҳибанд. Ба инкишофёбии расму оинҳо дар Англия назар андозед, ки он ҷо ҳодисаҳои ба калисои католикӣ гузаштан зиёд шудаанд. Ин бояд дар вуҷуди ҳамаи нафароне, ки ба қадри принсипҳои поки Инҷил мерасанд, изтиробро бедор созад.MБУБ 602.4

    Протестантҳо бо ҳокимияти папа наздик мешаванд ва онро пуштибонӣ мекунанд; онҳо ба чунин гузаштҳо ва созишҳое розӣ мешаванд, ки ҳатто дар худи католикҳо тааҷҷубро ба вуҷуд меоваранд ва худи католикҳо онҳоро фаҳмида наметавонанд. Одамон ба хислати ҳақиқии католисизм ва он хатарҳое чашм мепӯшанд, ки дар ҳолати ҳукмрон шудани он ба онҳо тахдид мекунанд. Халк бояд бедор шавад, то ки ба ҳамлаи ин душмани ба дараҷаи олӣ хатарноки озодии шаҳрвандӣ ва динӣ муқобилат нишон диҳад.MБУБ 603.1

    Бисёр протестантҳо мазҳаби католикиро дилнокаш, хизматгузории онро бошад - маросимҳои дилгиркунанда ва бемазмун мешуморанд. Вале онхо хато мекунанд. Агарчи католицизм дар дурӯг асос ёфтааст, вале ин дурӯғро дагалона ва дилнокаш номидан мумкин нест. Хизматгузориҳои динии Калисои католикӣ маросимҳои ба дараҷаи олӣ таъсирбахшанда мебошанд. Ҳашамат ва тантананокии расму оинҳои он хирад ва вичдони одамонро навозиш карда, ба ҳиссиёти онҳо таъсири амиқ мерасонанд. Маъбадҳои бошукӯҳ, маросимҳои тантананок, меҳробҳои аз тилло ҷилодиҳанда, мақбараҳои бо чизҳои гаронбаҳо зинатдодашуда, расмҳои аз ҷониби рассомони гениалӣ офаридашуда, ҳайкалҳои мармарин, мусиқии беназир — ҳамаи ин ҳисси зебоиро бедор месозад. Садоҳои амиқу ширини орган бо овозҳои сарояндагон омехта шуда ва дар зери гунбазҳои боҳашамати маъбадҳо паҳн гардидаву қалбҳои ҳузурдоштагонро саршори ҳисси эҳтиром ва мукаддасӣ намуда, ҳеҷ касро бепарво намегузоранд.MБУБ 603.2

    Ин ҳашамати зохирӣ, карруфар ва маросимҳое, ки фақат таҳқир бар орзую омоли қалбҳои аз гуноҳ ғамзада мебошанд, аз таназзулӣ дохилӣ ба таври равшан шаҳодат медиҳанд. Дини Масеҳ ба он эҳтиёҷ надорад, ки онро чунин либосҳои бокарруфар пӯшонанд. Дар нури аз салиб бароянда масеҳияти ҳақиқи чунон пок ва саршори мухаббат намоён мешавад, ки ҳеҷ гуна зебу зинати зохирӣ наметавонанд арзиши аслии онро афзун кунанд. Зебоии муқаддасӣ, рӯҳи фурӯтану сокит - ана чӣ дар назди Худо пурарзиш аст.MБУБ 604.1

    Ҳашамати зоҳирӣ аз нияту мақсадҳои поку олӣ шаҳодат намедиҳад. Дарки баланди санъат, шавқу завқи нозуктарину болатофат - ҳамаи инҳо аксар вақт бо эҳсосотнокӣ ва фосиқӣ хамсоягӣ доранд. Шайтон зуд-зуд ба чунин воситахо рӯ меоварад, то ки одамонро ба сарфи назар намудани талаботҳои қалб, дар бораи оянда ва ҳаёти ҷовидона фаромӯш кардан, аз Мададгори ҷовидонаи худ рӯ гардондан ва фақат барои ин дунё зиндагӣ кардан маҷбур созад.MБУБ 604.2

    Қалби рӯҳҳан эҳёнашуда метавонад ба зоҳирпарастиҳои дин банд шавад. Бузургӣ ва маросимҳои хизматгузории калисои католикӣ дорои қувваи дилфиреб ва дилрабоянд, ки аллакай бисёриҳоро ба васваса андохтаанд. Ва одамон ба калисои Румӣ-католикӣ чун дар дарвозаи биҳишт нигоҳ мекунанд. Фақат нафароне, ки дар таҳкурсии ҳақиқат устувор истодаанд ва қалбҳои онҳо бо Рӯҳи Худо тачдид гардидаанд. барои таъсири он дастнорасанд. Ҳазорон одамоне, ки дониши амалию шахсиро дар бораи Масеҳ надоранд, намуди зоҳирии парҳезгориро қабул мекунанд, вале на қувваи онро. Маҳз ҳамин гуна дин ба бисёриҳо писанд аст.MБУБ 604.3

    Азбаски Калисои католикӣ аз хукуқи худ оиди омурзиши гуноҳҳо ҳарф мезанад, пас пайравони он фикр мекунанд, ки озодона гуноҳ кардан мумкин аст, маросими эътирофи гунох низ, ки калисо бе он гуноҳҳоро намеомурзад, озодии бадкирдорӣ карданро пешниҳод мекунад. Нафаре ки дар назди одами гунаҳкор саҷда карда ба ӯ майлу ниятҳои ниҳонии қалби худро ошкор месозад, бо ин роҳ қадру манзалати одамии худ ва тамоми ҷӯшу хурӯши ҷонро паст мезанад. Гуноҳҳои худро дар назди рӯҳонӣ - шахси гунаҳкор, шахси мирандаю гумроҳшавандаи бисёр вақт ба мастӣ ва фосиқӣ гирифторшаванда ошкор намуда, одам серталабиро нисбти худ суст мекунад ва дар натиҷа палид мегардад. Тасаввуроти ӯ дар бораи Худо ба шабоҳати одами гунаҳкор расонда мешавад, зеро ки рӯҳонӣ ба ҷои намояндаи Худо баромад мекунад. Ин омурзишхоҳии таҳқиромези як одам дар назди одами дигар худи ҳамон манбаи асроромезе мебошад, ки аз он қисми зиёди он бадие cap мезанад, ки ҷаҳонро вайрон месозад ва онро ба марги пурра тела медиҳад. Аммо барои шахсе, ки ба худ писанд омаданро дӯст медорад, дар назди одами миранда аз гуноҳҳои худ омурзиш хостан хеле осонтар, дилписандгар ва қулайтар аст, назар ба он ки қалби худро дар назди Худо ошкор кунад. Барои табиати инсонӣ қабул кардани епитимия*Епитимия - ҷазои калисо дар намуди рӯзадорӣ ва ибодати дуру дароз. назар ба даст кашидан аз гуноҳ хеле осонтар аст. Ба одам либоси жанда ба бар кардан, худро ба тозиёназанӣ ва дигар азобҳо гирифтор кардан, назар ба мехкӯб кардани рағбатҳои ҷисмонии худ осонтар аст. Қалби ҷисмонӣ бо омодагии бештар бори гаронро ба дӯш мегирад, назар ба он ки зери юғи Масеҳ cap фароварад.MБУБ 604.4

    Калисои католикӣ ва яҳудии замони Маротибаи аввал ба замин омадани Масеҳ ба таври ҳайратангез бо ҳам монанданд. Дар он вақте ки яҳудиён ҳар як принсипи Шариати Худоро пинҳонӣ зери по мекарданд, зоҳиран онҳо дилхоҳ фароизро бо дилу ҷон ҳифз намуда, онро бо қоидаҳо ва анъанаҳои зиёде, ки итоаткориро ба шариат азиятовару душвор менамуданд, гарон мегардонданд. Ва ба мисли яҳудиёне, ки аз хусуси эҳтироми худ нисбати шариат ҳарф мезаданд, католикҳо тасдиқ мекунанд, ки онҳо дар назди салиб тарси эҳтиромонаро эҳсос менамоянд. Онҳо салибро, ки рамзи азобҳои Масеҳ аст, болобардор мекунанд ва дар айни замон дар ҳаёти худ Онеро, ки дар ин салиб мехкӯб шуда буд, инкор месозанд.MБУБ 605.1

    Папистҳо дар калисоҳо, меҳробҳо ва либосҳои худ салибро тасвир мекунанд. Дар ҳама ҷо нишони салибро дидан мумкин аст. Салиб дар ҳама ҷо зоҳиран боло бардошта шуда ва қадр карда шудааст. Вале таълимоти Масеҳ дар зери ғарами анъанаҳои бемаънӣ, тафсирҳои бардурӯғ ва қоидаҳои сахт гӯронда шудааст. Суханони ба яҳудиёни мутаассиб равонашудаи Наҷотдиҳанда ба сарварони Калисои румӣ-католикӣ боз ҳам бештар дахл доранд: «Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд» (Матто 23:4). Одамони поквиҷдонро дар даҳшати доимӣ дар назди ғазаби Худои таҳқиршуда нигоҳ медоранд, дар он вақте ки бисёр усқуфони калисо бо ҳашамат зиндагӣ мекунанд ва ба ҳаловатҳои эҳсосотӣ дода мешаванд.MБУБ 606.1

    Сачда ба расмҳо ва турбатҳо, ҳимоятгарии муқаддасон, болобардор кардани папа - ҳамаи ин найрангҳои шайтон мебошанд, ки барои аз Худо ва Масеҳ дур кардани халқ равона шудаанд. Кӯшиши ба ҷарии ҳалокатовар тела додани инсонро намуда, шайтон ҳама кори имконпазирро ба ҷо меорад, то ки нигоҳи одамонро аз Он, ки факат Ӯ онҳоро наҷот дода метавонад ба дигар тараф гардонад. Шайтон онҳоро ҷониби тамоми чизҳое равона хоҳад кард, ки метавонанд Масеҳеро иваз намоянд, ки гуфтааст: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Матто 11: 28).MБУБ 606.2

    Шайтон доимо кӯшиши бардурӯғ нишон додани хислати Худоро мекунад. Инчунин табиати гуноҳро низ бардурӯғ нишон додани мешавад, ки муборизаи бузург аслан дар атрофи он бурда мешавад. Вай бо иғвоҳои маккоронаи худ кӯшиш менамояд масъулияти одамонро дар назди Худо кам кунад ва онҳоро 60вap кунонад, ки ба гуноҳ кардан ҳуқук доранд. Ва дар худи ҳамон вақт вай ба онҳо тасаввуроти бардурӯғро дар бораи Худо талқин мекунад, бинобар ин онҳо ба ҷои дӯст доштани Худо, аз Ӯ метарсанд ва Ӯро бад мебинанд. Шайтон бераҳмии худро ба Офаридагор нисбат медиҳад. Ин бераҳмӣ дар аҳкомҳои динӣ ва шаклҳои ибодат баён меёбад. Ҳамин тавр одамон рӯҳан нобино мешаванд ва иблис онҳоро дар ҷанг ба муқобили Худо иттифоқчиёни худ мегардонад. Фаҳмишҳои нодуруст дар бораи сифатҳои Илоҳӣ бутпарастонро ба боварии қатъӣ оварда расониданд, ки барои раҳмдил кардани худоён қурбониҳои инсонӣ заруранд, ва дар зери пардаи шаклҳои гуногуни бутпарастӣ бераҳмии даҳшатовар абадӣ гардонида шуда буд.MБУБ 606.3

    Калисои румӣ-католикӣ, ки дар худ бутпарастӣ ва масеҳиятро якҷоя кардааст ва ба мисли бутпарастоне ки хислати Худоро нодуруст маънидод мекунанд, бераҳмии на камтар нафратангезтарро ба кор мебурд. Дар замони ҳукмронии гхапа калисо таълимоти динии худро бо ёрии аслиҳаи шиканҷа бо зӯрӣ бор мекард. Онҳоеро, ки аз итоат ба талабҳои калисо cap мепечиданд, оташ интизор буд. Куштор бо чунин вусъат ба ҷо оварда мешуд, ки шумораи мурдагон фақат дар рӯзи доварӣ ошкор мегардад. Олимансабони калисо аз рӯи иғвонадозиҳои шайтон чунин аслиҳаҳои шиканҷаро ихтироъ мекарданд, ки ба қурбониҳои онҳо бераҳмонатарин азобҳоро мерасониданд, вале дар баробари ин аз ҳаёт маҳрум намекарданд. Шиканҷаҳои тоқатшикану бисёр сахт то замоне такрор меёфтанд. ки одам ба онҳо тоб оварда метавонист, баъд бадан аз мубориза бозмемонд, ва шахси азиятдида маргро чун раҳоии дилхоҳ истиқбол мегирифт.MБУБ 607.1

    Ҳамаи душманони Румро чунин қисмат интизор буд. Дар болои сари пайравони калисои он тозиёнаи интизоми сахт, рӯзадориҳои хастакунанда ва худазобдиҳиҳои гуногун виззас мезад. Барои пайдо кардани лутфу марҳамати Осмон, гунаҳкорони тавбакунанда қонунҳои табиатро поймол намуда Шариати Худоро вайрон мекарданд. Ба одам дасткаширо аз ҳама чизе ки Худо барои шодӣ ва хушбахтӣ офаридааст, таълим медоданд. Дар қабристонҳои калисо миллионҳо одамоне дафн шудаанд, ки тамоми ҳаёт бар зидди майлу рағбатҳо, дилбастагиҳои табиӣ ва ҳисси дилсӯзии худ беҳуда мубориза мебурданд, фақат бо ягон ҳиссиёти заминӣ ғазаби Худоро ба миён наоваранд.MБУБ 607.2

    Фақат як назар афкандан ба таърихи католисизм басанда аст, то бераҳмии хунсардонаи шайтонро дарк намоем, ки дар давоми садсолаҳои дароз на дар миёни нафароне, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи Худованд нашунидаанд. балки дар худи қалби масеҳият ва дар тамоми ҳудудҳои он ба амал меомад. Ба воситаи системаи даҳшатангези фиреб мири зулмот Худоро бадном карда ва инсониятро то ба ҳоли табоҳ оварда расонда, ба мақсади худ расид. Ва агар дар маҳорати ниқобпӯш кардани худу ба воситаи роҳбарони калисо амал намудан то ба кадом андоза комёб гардидани ӯро пай барем, он гоҳ сабабҳои нафрати бузургтарини ӯро нисбати Китоби Муқаддас беҳтар дарк мекунем. Агар ин Китобро омӯзанд, он гоҳ меҳрубонӣ ва муҳаббати Худо ошкор мегардад; дарҳол равшан мегардад, ки Ӯ бар дӯши ҳеҷ кас бори вазнинро намегузорад. Ҳамаи он чизе ки Ӯ аз одам талаб дорад - ин қалби шикастарӯҳ, тавбакунанда ва рӯҳи ҳалиму фурӯтан аст.MБУБ 608.1

    Масеҳ бо намунаи Худ ба одамон таълим намедод, ки худро дар дайр маҳкам кунанд, то ки ба ҳаёти ҷовидона тайёр шаванд. Ӯ ҳеҷ гоҳ таълим намедод, ки одам бояд дар вуҷуди худ ҳисси муҳаббаг ва дилсӯзиро фурӯ нишонанд. Қалби Наҷотдиҳанда ҳамеша саршори муҳаббат буд. Ҳар қадаре ки одам ба камолоти маънавӣ наздик мешавад, ӯ гуноҳро ҳамон қадар нозуктар ҳис мекунад, ҳамон қадар ҳассосона дарк месозад ва ҳамдардии ӯ нисбати шахси азобдида ҳамон қадар пурратар зоҳир мегардад. Папа изҳор менамояд, ки дар замин ноиби Масеҳ аст, вале оё ӯ ба қиёс бо Наҷотдиҳандаи мо тоб меорад? Магар Масеҳ одамонро ба зиндон мепартофт ё аз барои он ба азобу азият медод, ки Ӯро чун Подшоҳи Осмонӣ қадр накарданд? Оё Масеҳ нафаронеро, ки Ӯро қабул кардан нахостанд, ба марг маҳкум кард? Вақте ки боре сокинони деҳаи сомарӣ нисбати Ӯ беэҳтиромона муносибат карданд, Юҳаннои саршор аз ғазаб нидо кард: «Худовандо! Оё мехоҳӣ бигӯем, ки оташе аз осмон омада, онҳоро маҳв намояд, чунон ки Илёс низ карда буд?» Вале Исои Масеҳ ба шогирди Худ бо дилсӯзӣ назар андохт ва ӯро дар бераҳмӣ сарзаниш намуда, чунин гуфт: «Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст» (Луқо 9:54,56). Исои Масеҳ ба ноиби қалбакии Худ ҳеҷ монанди надорад.MБУБ 608.2

    Имрӯз калисои румӣ ба ҷаҳон намуди зоҳирии зеборо пешниҳод намуда, барои даҳшатҳои солҳои гузашта узр мепурсад. Гарчанде либоси масеҳият ба бар мекунад, асли он мисли пештара боқӣ мемонад. Ҳамаи принсипҳои ҳокимияти папа, ки дар давраи тираи асримиёнагӣ вуҷуд доштанд, имрӯз низ мавҷуданд. Ҳамаи таълимотҳое ки дар асрҳои миёна кор карда бароварда шуда буданд, то кунун зиндаанд. Бигзор ҳеҷ кас фирефта нагардад. Хркимияти папа, ки протестантҳои замони мо тайёранд ба он даст дароз кунанд, ҳамон ҳокимияте боқӣ мондааст, ки дар замони Ислоҳот ончунон буд, вақте ки мардони Худо бо хатар барои ҳаёти худ баҳри ошкорсозии баркирдориҳои он бархоста буданд. Он худи ҳамон мағрурӣ ва он даъвоҳои ҳавобаландонаеро нигоҳ доштааст, ки онро бар ҳар гуна ҳокимияти подшоҳӣ ва давлатӣ боло бардошта, водор намуда буданд, ки худбоварона ба ҳуқуқҳои Худованд даъвогарӣ кунад. Рӯҳе, ки имрӯз дар он ҳукмрон аст, аз он бераҳмӣ ва истибдоде, ки вай бо он озодии инсонро поймол мекард ва муқадцасони Худовандро ба қатл мерасонд, ҳеҷ фарқ надорад.MБУБ 609.1

    Ҳокимияти папа маҳз он чизеро мемонад, ки дар пешгӯии пайгамбарона маслакфурӯшии рӯзҳои охир номида шудааст (ниг. 2 Таслӯникиён 2:3,4). Сиёсати папа бағоят чандир аст, вай кӯшиши гирифтани он шаклеро мекунад, ки бо беҳтарин роҳ ба амалӣ шудани мақсади он мусоидат мекунад, вале дар зери дилхоҳ ранги буқаламун ҳалокатоварии бетағйири заҳри мор пинҳон аст. Папистҳо изҳор медоранд: «Ваъдаҳои ба бидъаткорон ва шахсони дар бидъат гумонбаршуда додашударо ба ҷо овардан лозим нест»350Ленфан, ҷилди 1, саҳ. 561.. Оё ин ҳокимияте, ки таърихи он дар давоми ҳазорсолаҳо бо хуни муқаддасон навишта шуда буд, бояд як қисми Калисои Масеҳ шуморида шавад?MБУБ 609.2

    Дар кишварҳои протестантӣ ба таври асоснок тасдиқ мекунанд, ки бар хилофи он чи дар гузашта буд, католисизм дар замони мо аз протестантизм на он қадар сахт фарқ мекунад. Бале, дар ҳақиқат, тағйиротҳо ба миён омаданд, вале на дар ҳокимияти папа. Католисизм дар бисёр чизҳо бо протестантизми муосир муттаҳид мешавад, вале ин аз барои он ба амал меояд, ки протестантизм дар муқоиса бо падарон-ислоҳотчиёни худ ниҳоят паст афтодааст.MБУБ 609.3

    Азбаски калисоҳои протестантӣ кӯшиши ба даст даровардани майлу таваҷҷӯҳи ҷаҳонро кардаанд, нармдилии бардурӯг онҳоро нобино гардондааст. Онҳо дарк намекунанд, ки барои чӣ ба ҳама гуна бадӣ бо некӣ муносибат кардан мумкин нест, ва дар натиҷа ҳар як некиро бадӣ хоҳанд шуморид. Ба ҷои он ки акнун «имони боре ба муқаддасон додашударо» дифоъ ва ҳифз намоянд, онҳо барои ҳамаи дағалиҳо аз Рум узр мепурсанд ва барои фанатизми худ бахшиш металабанд.MБУБ 610.1

    Ҳатго нафароне, ки ба католисизм муносибати душманона доранд, хатареро, ки дар қувва ва таъсири он ҷойгир аст, хеле кам ба худ тасаввур мекунанд. Бисёр одамон исрор менамоянд, ки зулмоти аклонию маънавии дар давраҳои асримиёнагӣ бартаридошта ба паҳншавии догмаҳои калисо, хурофотҳо ва зулми калисо мусоидат кард. Вале акнун, мегӯяд онҳо, рушди саводнокӣ, маданият ва либерализм дар масъалаҳои динӣ имкон намедиҳанд, ки тоқатнопазирӣ ва зулму истибдод аз нав пайдо шаванд. Ва худи андеша дар бораи он ки дар асри мутарраққии мо чунин амал имконпазир аст, хандаовар менамояд. Ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки насли мо дар соҳаи илм, маънавиёт ва дин бо нури бузург мунаввар гардонида шудааст. Аз саҳифаҳои Каломи Муқаддаси Худо ба ҷаҳон сели нури осмони фурӯ рехт. Вале ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан лозим нест: хар қадаре ки нур равшантар бидурахшад, барои нафароне, ки нурро ғалат маънидод ва рад мекунанд, зулмот ҳамон қадар ториктар аст.MБУБ 610.2

    Агар протестантҳо бо дуо саргарми омӯзиши Китоби Муқаддас мешуданд, он гоҳ хислати аслии папаро медиданд ва бо нафрат аз вай рӯ мегардонданд, вале бисёриҳо ба хирадмандии худ он қадар бовар доранд, ки ҳеҷ гуна эҳтиёҷи бо фурӯтанӣ ҷустани Худоро эҳсос намекунанд, то ки ба дарк намудани хақиқат бирасанд. Агарчи онҳо аз маърифатнокии худ ифтихор мекунанд, вале на Навиштаҷоти Муқаддасро медонанд ва на қудрати Худоро. Фақат ҷониби чизе ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки вичдони онҳоро ором месозад; ба онҳо ҳамаи он чизе писанд аст, ки порсоӣ ва фурӯтании камтарро талаб мекунад. Онҳо дар 60pan Худо фаромӯш кардан мехоҳанд, вале худро чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё Ӯро дар хотир доранд. Ва ҳокимияти папа барои қонеъгардонии орзуҳои онҳо бо беҳтарин тариқ мувофиқат мекунад. Он ба талаботҳои ду гурӯҳ одамон, ки қариб тамоми ҷаҳон аз онҳо иборат аст, чавобгӯ мебошад: онҳое, ки ба воситаи хизматҳои худ ба наҷотёбӣ умед мебанданд, ва онҳое, ки боварӣ доранд, ки дар гуноҳҳои худ наҷот меёбанд. Тамоми сирри шӯҳрати ҳокимияти папа аз ҳамин иборат аст.MБУБ 610.3

    Чӣ тавре ки нишон дода шуда буд, замони ҷаҳолати амиқ ба рушди бомуваффақияти ҳокимияти папа мусоидат намуд. Вале ба зудӣ ошкор мегардад, ки замони маърифатнокшавии бузургтарин ба он ҳамчунин ёрӣ мерасонад. Дар асрҳои гузашта, вақте ки одамон бе Каломи Худо ва бе донистани ҳақиқат зиндагии бемақсадона ба cap мебурданд, онҳо нобино буданд, ва ҳазорон одамон домҳои дар сари роҳи худ гузошташударо надида, ба онҳо меафтоданд. Ва дар насли мо низ бисёриҳо аз ҷилои суханҳои бофтаи инсонӣ, ки «дониши бардурӯғ» ном дорад, нобино гардидаанд: онҳо домҳои дар сари роҳашон гузоштаро намебинанд ва ба осонӣ гумроҳ мегарданд, гӯё ки кӯр бошанд. Аз рӯи мақсади Худо, одам бояд қувваҳои акдонии худро ҳадияи Офаридагор шуморад ва онҳоро ба хизмати порсоӣ ва ҳақиқат бахшад, вале вақте ки мағрурӣ ва ҳавобаландӣ одамонро водор месозанд, ки назарияҳои худро нисбат ба Каломи Худо болобардор намоянд, он гоҳ саводнокӣ метавонад назар ба ҷаҳолат зарари бештар расонад. Ҳамин тавр, илми ботили муосир, ки имонро ба Китоби Муқаддас барбод медиҳад, дар он бағоят муваффақ хоҳад шуд, то ки роҳро барои қабул намудани ҳокимияти папа бо ҳама маросимҳои ҷолиби диққати он тоза намояд, чунон ки дар асрҳои миёна чаҳолат ба болобардоршавии он мусоидат намуда буд.MБУБ 611.1

    Протестантҳо дар Иёлоти Муттаҳида кӯшиши ба муассисаҳои калисо таъмин намудани дастгирии ҳокимияти давлатиро намуда, ба католикҳо пайравӣ мекунанд. Зиёда аз ин, онҳо ба ҳокимияти папа имконият медиҳанд, ки ҳукмронии дар Олами Қадим аз даст додаашро дар Америкаи протестантӣ ба даст оварад. Ба ин ҳаракат мақсади асосии худи он аҳамияти боз ҳам бештар мебахшад, маҳз: ҷорӣ намудани роияи ҳатмии рӯзи якшанбе - таомуле. ки ба шарофати Рум пайдо шудааст ва Калисои католикӣ онро рамзи ҳокимияти худ мешуморад. Маҳз рӯҳи ҳокимияти папа - рӯҳи созишкорӣ бо урфу одатҳои дунявй, ривоятҳои инсониро аз аҳкомҳои Худо болотар шуморидан - ба калисоҳои протестантӣ асар карда, онҳоро айнан ҳамон тавр ба болобардор ва қадр намудани рӯзи якшанбе водор месозад, чӣ тавре ки қаблан ҳокимияти папа мекард.MБУБ 612.1

    Агар хонанда дарк намудан хоҳад, ки дар муборизаи оянда кадом қувваҳо ҷалб карда хоҳанд шуд, пас бигзор ба он таваҷҷӯх, намояд, ки дар садсолаҳои гузашта барои ба мақсади ба ин монанд комёб гардидан Рум аз кадом воситаҳо истифода мебурд. Ва агар ту, хонандаи азиз, донистан хоҳӣ, ки католикҳо ва протестантҳо бо ҳам муттаҳид гардида, ба онҳое ки догмаҳои онҳоро рад намудаанд, чӣ гуна рафтор мекунанд, он гоҳ бингар, ки Рум ба рӯзи шанбе ва ҳомиёни он чӣ гуна муносибат мекунад.MБУБ 612.2

    Фармонҳои подшоҳӣ, анҷуманҳои умумиҷаҳонӣ ва қарорҳои калисо, ки аз ҷониби ҳокимияти дунявӣ дастгирй меёфтанд, он зинаҳое буданд, ки ин иди бутпарастй бо онҳо боло баромада, дар ҷаҳони масеҳӣ ба мақоми пурифтихор мушарраф гардид. Аввалин қарори расми оммавие ки риояи ҳатмии рӯзи якшанберо ба ҳукми қонун даровард, қонуне буд, ки соли 321 Константин қабул карда буд. Ин фармон талаб мекард, то ки сокинони шаҳр «дар рӯзи мӯътабари офтоб», истироҳат кунанд, вале ба деҳқонон бо корҳои кишоварзӣ машғул шудан иҷозат дода мешуд. Агарчи ин ид аз бутпарастӣ пайдо шуд, он аз ҷониби императоре тасдиқ гардида буд, ки масеҳиятро рӯякӣ қабул карда буд.MБУБ 612.3

    Вале маълум шуд, ки фармони император нокифоя аст, то ки нуфузи Илохиро иваз намояд, ва дере нагузашта ускуфи румӣ Евсевий, дӯсти наздик ва маҳбуби Константин, ки хайрхохии хокимонро меҷуст, изҳор кардан гирифт, ки Худи Масеҳ рӯзи шанберо ба якшанбе гузарондааст. Вале ин фикр бо ягон ояте аз Навиштаҷоти Муқаддас асоснок нашуда буд. Худи Евсевий беихтиёр дурӯғ будани фикрашро эътироф мекунад ва ба муаллифони ҳақиқии ин тағйирот ишора мекунад. «Ҳамаи он чи ки, - мегӯяд ӯ, - дар рӯзи шанбе кардан лозим буд, мо ба рӯзи Худованд мегузаронем»351Роберт Кокс, «Қонунҳои рӯзи шанбе ва ӯҳдадориҳои рӯзи шанбе», саҳ. 538.. Вале далел ба манфиати рӯзи якшанбе чӣ қадар беасос бошад ҳам, он ба одамон ҷасорати поймол намудани шанбеи Худовандро бахшид. Ва ҳамаи онҳое, ки кӯшиши ба даст овардани хайрхоҳии ҷаҳонро менамуданд, иди маъруфу машҳурро қабул карданд.MБУБ 613.1

    Ба андозаи устувор шудан ва тақвият ёфтани ҳокимияти папа аҳамияти рӯзи якшанбе низ афзуд. Одамон як муддат ба корҳои саҳро машғул мешуданд, вакте ки ба калисо намеомаданд, вале рӯзи ҳафтум аз ҷониби ҳама чун рӯзи шанбе қадр карда мешуд. Вале оҳиста-оҳиста дигаргуниҳо ба амал омаданд. Ба нафароне, ки хизмати муқаддасро ба ҷо меоварданд, дар рӯзи якшанбе оқди ягон кори шаҳрвандӣ баровардани қарор манъ карда мешуд. Дере нагузашта қонуне бароварда шуд, ки ба намояндагони тамоми табақаҳо ва мансабҳо дар ин рӯз ба коре машгул шуданро манъ мекард, ва дар мавриди вайрон намудани ин қонун шаҳрвандони озод ба ҷаримаи пулӣ, ғуломон бошанд ба камчинкорӣ гирифтор карда мешуданд. Баъдтар фармоне нашр гардид, ки мувофиқи он сарватмандон барои кор дар рӯзи якшанбе аз нисфи молу мулки худ маҳрум мешуданд, ва агар дар баробари ин онҳо истодагарӣ карданро давом медоданд, он гоҳ онҳоро ғуломӣ интизор буд. Табақаҳои поёнӣ ба бадарғаи умрбод маҳкум карда мешуданд.MБУБ 613.2

    Мӯъҷизаҳои бофта низ кор фармуда шуда буданд. Дар миёни чизҳои дигар дар бораи як деҳқоне нақл мекарданд, ки барои дар рӯзи якшанбе шудгор кардани замин омодагӣ дида истода, кулӯхпораҳоро бо лавҳаи оҳанин аз сипор тоза мекард. Ин лавҳа ба дасти ӯ халид ва дар давоми ду сол гирифтани он номумкин буд, ва у «бо таассуфи зиёд», онро бо худ гирифта мегашт352Франсиск Уэст, «Сӯҳбати таърихӣ ва амали дар бораи рӯзи Худованд», саҳ. 174..MБУБ 613.3

    Баъдтар папа ба рӯҳониёни маҳаллӣ дастур дод, то вайронкунандагони оромии рӯзи якшанберо насихат карда, розӣ намоянд, ки ба калисо рафта дуо гӯянд, то ки худ ва наздикони худро ба мусибате гирифтор насозанд. Анҷумани калисо далелеро ба манфиати рӯзи якшанбе пешниҳод кард, ки баъд ҳатто дар миёни протестантҳо машҳур гардид. Ин далел аз он иборат буд, ки азбаски одамони дар рӯзи якшанбе коркунандаро барк (раъду барк) мачрӯҳ мекунад, ин рӯзро рӯзи шанбе шуморидан лозим аст. «Комилан равшан аст, — мегуфтанд прелатҳо, — ки Худованд аз нафароне дар ғазаб аст, ки нисбати рӯзи Ӯ беэҳтиромӣ нишон медиҳанд». Баъд ҳамаи рӯхониён, хизматгузорон, подшоҳон, ҳокимон ва имондоронро даъват намуданд, то «тамоми кӯшишҳои худро баҳри он ба кор баранд, ки ба ин рӯз иззату икроми ба он муносибро баргардонанд ва баҳри имони масеҳӣ бо садоқати боз ҳам бештар онро риоя намоянд»353Томас Морер, «Шаш сӯҳбат дар бораи ном, фаҳмиш ва риояи рӯзи Худованд», саҳ. 271..MБУБ 614.1

    Вале азбаски фармонхои анҷуман кифоя набуданд, он гоҳ калисо барои кӯмак ба лoжимияти давлатӣ муроҷиат намуд, ва дар натиҷа фармоне бароварда шуд, ки бо тарси ҷазо халқро маҷбур менамуд ҳар гуна корро дар рӯзи якшанбе қатъ намояд. Дар маҷлиси шӯрои олии калисои румӣ ҳамаи карорхои тартибдодашуда ботантана тасдиқ карда шуданд. Онҳо як қисми қонуни калисо гардиданд ва аз ҷониби ҳокимияти шаҳрвандӣ тақвият ёфта, ба тамоми ҷаҳонӣ масеҳӣ оа зӯрӣ бор карда мешуданд354Ниг. Кейлин, «Таърихи рӯзи шанбе», қисми 2, боби 5, фасли 7..MБУБ 614.2

    Вале бо вуҷуди ин мавҷуд набудани далелҳои Китоби Муқаддас ба манфиати ид кардани рӯзи якшанбе, мушкилиҳои зиёдро ба миён меовард. Халқ ба ҳуқуқи устодони худ, ки талаби равшан баёншудаи Воҷибулвуҷудро: «Рӯзи ҳафтум - шанбеи Худованд Худои туст» сарфи назар кардаву ид кардани рӯзи офтобро талаб менамуданд, шубҳа мекард. Зарурате пеш омад, ки тавре карда мавчуд набудани шаҳодатҳои Китоби Муқаддасро пур кардан лозим буд. Дар охири асри XII ба калисоҳои англи- канӣ як ҳомии ашадции рӯзи якшанбе ташриф овард. Вале аз ҷониби шоҳидони содики ҳақиқат ба муқобилати катъӣ дучор гардида, ӯ дар ҷустуҷӯи далелҳои каноатбахштар мамлакатро тарк кард. Дере нагузашта ӯ бо умеди барори кор ба Англия баргашт ва ба комёбиҳои калон ноил гардид. Ӯ бо худ дастнависи пергаментиеро овард, ки гӯё Худи Масеҳ онро навишта бошаду дар он амри муқаддасона риоя намудани рӯзи якшанбе. инчунин таҳдидҳои даҳшатангез дар ҳаққи нафароне, ки аз иҷрои ин даст мекашанд, ҷойгир буданд. Дар бораи ин «ҳуҷҷати пурарзиш», ки ҷуз сохтакории манфур чизи дигаре набуд, гуфта мешуд, ки он аз осмон афтидааст ва дар Ерусалим аз қурбонгоҳи Симеони муқаддас дар Ҷолҷолто ёфт шудааст. Вале дар асл ин дурӯғ дар даргоҳи папа дар Рум тавлид ёфта буд. Иерархияи папа дар ҳама асрҳо фиребгарй ва сохтакорихои гуногунро ба кор мебурд, бо тамоми воситаҳо кӯшиш мекард ҳокимияти худ ва некӯаҳволии Калисоро устувор гардонад.MБУБ 614.3

    Дар дастнавис талаби қатъ намудани кор аз соати нӯҳ, яъне аз соати сеи рӯзи шанбе то баромадани офтоб дар рӯзи душанбе ҷой дошт. Зарурати риоя намудани чунин талаб бо ҳодисаҳои сершумори мӯъчизаосо асоснок карда мешуд. Масалан, хабар дода мешуд, ки чӣ гуна одамоне ки баъди соати сеи рӯзи шанбе кор карданд, ба бемории фалаҷ гирифтор шуданд. Кимкадом осиёбони гандумро ордкунанда гӯё дида бошад, ки ба ҷои орд хун пайдо шудааст. Дар баробари ин ба фишори зиёди об нигоҳ накарда, чархҳои осиё бозистодаанд. Зане дар рӯзи якшанбе хамирро дар танӯр монда, онро аз танӯри тафсондашуда хом берун баровардааст. Зани дигар бошад, баръакс, хамирро тайёр кардааст, вале аллакай фаро расидани рӯзи якшанберо дида, онро то рӯзи душанбе як сӯ гузоштааст. Рӯзи дигар вай хамири худро бо қувваи Илохй пухташуда ва ҳатто ба пораҳо буридашуда пайдо кардааст. Шахсе дар рӯзи шанбе баъди соати нӯҳ нон пухта, онро пора карда, дид, ки аз вай хун ҷорӣ шуд. Ҳомиёни рӯзи якшанбе бо ёрии сохтакориҳои бемаънӣ ва хурофотӣ кӯшиши исбот намудани муқаддасии онро мекарданд355Ниг. Роҷер де Коведен, «Анналҳо», ҷилди 2, саҳ. 528-530..MБУБ 615.1

    Дар Шотландия, чун дар Англия, нисбати рӯзи якшанбе ба эҳтироми зиёдтар комёб шудан ба шарофати он муяссар гардид, ки ба он қисми шанбеи қадима ҳамроҳ карда шуда буд. Вале вақте ки мукаддас ҳисобида мешуд, тағйир меёфт. Аз ҷониби подшоҳи Шотландия декрет нашр карда шуд: «Вақти муқадцас аз соати 12-и рӯзи шанбе оғоз меёбад, ва хеч кас ҳуқуқ надорад аз ин лаҳза то субҳи рӯзи душанбе бо корҳои зиндагӣ машғул шавад»356Морер, саҳ. 290, 291..MБУБ 616.1

    Вале, сарфи назар аз ҳама кӯшишҳои исбот намудани муқадцасии рӯзи якшанбе, худи папистҳо ошкоро нуфузи Илохии рӯзи шанбе ва пайдоиши инсонӣ доштани ҷашни навро, ки ҷои шанберо гирифта буд, эътироф мекарданд. Дар асри XVI шӯрои папа изҳор намуд: «Хдмаи масеҳиён бояд дар хотир дошта бошанд, ки рӯзи ҳафтумро Худо муқаддас гардонида буд, ва ин рӯзро на фақат яҳудиён эҳтиром ва риоя менамуданд, балки ҳамаи он одамоне, ки ба Ӯ хизмат мекарданд; гарчанде мо, масеҳиён, шанбеи онхоро ба рӯзи Худованд гузарондем»...357Ҳамон ҷо, саҳ. 281, 282.. Онҳое, ки шариати Илоҳиро зери по мекарданд, оиди хусусияти кори худ дар ғафлат набуданд. Онхо комилан бошуурона худро аз Худо боло бардоштанд.MБУБ 616.2

    Намунаи ҳайратангези муносибати Рум ба дигарандешхо таъкиботҳои дуру дароз ва хунини валденсҳо аст, ки як қисмй онҳо рӯзи шанберо риоя мекард. Нафарони дигаре ҳам буданд, ки барои садоқати худ ба аҳкоми чорум ҷазо диданд. Таърихи калисои Хдбашистон дар ин муносибат аҳамияти махсус дорад. Дар давраи тираи асримиёнагӣ масеҳиёни Африқои Марказӣ аз назар ғоиб монда буданду ҷаҳон онҳоро фаромӯш карда буд ва дар давоми садсолаҳои дароз онҳо аз озодии дин истифода мебурданд. Охируламр Рум аз мавҷудияти онҳо хабар ёфт ва бо роҳи фиреб императори Абиссинияро маҷбур сохт папаро ноиби Масеҳ эътироф кунад. Аз паси ин гузашт як қатор гузаштҳои дигар ба амал омаданд. Фармони манъкунандаи идкунии рӯзи шанбе бо таҳдиди ҷазоҳои бераҳмонатарин бароварда шуд358Ниг. Михаил Гудде, «Таърихи калисо дар Ҳабашистон, саҳ. 311, 312.. Вале дере нагузашта истибдоди папа ба чунин зулму асорате табдил ёфт, ки африкоиҳо қарор доданд онро сарнагун созанд. Баъди муборизаи даҳшатовар онҳо папистҳоро аз мулкҳои худ пеш карданд, ва имони қадима боз эҳё шуд. Ҳамаи имондорон боз озодӣ ба даст оварда, он таҷрибаи талхеро, ки ҳокимияти ситамгар ва мутаассиби Рум ба онҳо таълим дод, хеҷ гоҳ фаромӯш намекарданд. Онҳо асос доштанд аз он шодӣ кунанд, ки аз ҷахони боқимондаи масеҳӣ дур зиндагӣ мекунанд.MБУБ 616.3

    Калисоҳо дар Африқо рӯзи шанберо тарзе риоя мекарданд, ки калисои папа то маслакфурӯшии пурраи худ онро риоя менамуд. Гарчанде онҳо рӯзи ҳафтумро мувофики аҳкоми Худо муқаддас мешумориданд, қарори калисоро ба назар гирифта рӯзи якшанбе низ кор намекарданд. Рум ҳокимияти номаҳдудро ба даст оварда, шанбеи Худоро поймол кард ва ба ҷои он рӯзи худро зӯран талқин намуд; вале калисоҳои африқоӣ, ки ба онҳо қариб дар давоми ҳазор сол номаълум мондан муяссар i ардид, ба роҳи маслакфурӯшӣ қадам нагузоштанд. Ба зери хокимияти Рум афтода, онҳо маҷбур буданд шанбеи ҳақиқиро ба калбакӣ иваз намоянд, вале дере нагузашта истиқполияти аз даст додаро баргардонда, боз ба риоя намудани аҳкоми чорум шурӯъ карданд.MБУБ 617.1

    Ин ҳақиқатҳои таърихӣ кушоду равшан аз нафрати Рум нисбати шанбеи хакиқӣ ва ҳомиёни он ва аз он воситаҳое шаҳодат медиҳанд, ки Рум барои болобардории ихтирооти худ ба кор мебарад. Каломи Худо таълим медиҳад, ки воқеъаҳои гузашта такрор меёбанд, вақте ки католикҳо ва протестантҳо муттаҳид мешаванд, то ки рӯзи якшанберо ба дараҷаи даркорӣ боло бардоранд.MБУБ 617.2

    Пешгӯии пайгамбарона (Ваҳй 13) мегуяд, ки ҳокимияте ки дар намуди ҳайвони ваҳшии шохҳояш монанди шохҳои барра ифода ёфтааст, «тамоми замин ва сокинони онро» маҷбур мссозад ба ҳокимияти папа, ки чун «ҳайвонии ваҳшии ба паланг монанд» ифода ёфтааст, саҷца кунанд. Ҳайвони ваҳшии шохҳояш монанди шохҳои барра инчунин ба «сокинони замин мeгӯяд. ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд», ва баъд ба ҳамаи «хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва ғуломон» қабул намудани «тамғаи ҳайвони вахдшро» амр медиҳад (Вахй 13: 11-16). Мо аллакай исбот намудем, ки Иёлоти Муттаҳида ҳокимиятест, ки ба таври рамзӣ чун ҳайвони ваҳшии шохҳояш монанди шохҳои барра ифода ёфтааст, ва ин пешгӯии пайғамбарона замоне иҷро мегардад, ки Иёлоти Муттахдда фармонро дар бораи риояи ҳатмии рӯзи якшанбе, ки Рум ин рӯзро аломати махсуси ҳокимияти худ мешуморад, мебарорад. Вале на фақат ИМА ҳокимияти папаро иззату эҳтиром хоҳад намуд. Нуфузи Рум дар он мамлакатҳое, ки замоне ҳокимияти онро эътироф мекарданд, устувор боқӣ мемонад. Ва пешгӯии пайғамбарона барқароршавии ҳокимияти папаро пешгӯӣ мекунад: «Ва дидам, ки яке аз каллах,ои вай гӯё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми ахли замин дар ҳайрат афтода, аз пайи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд» (Вахй 13:3). Соли 1798 ба ҳокимияти папа захми марговар расонда шуда буд, ва ин ба сарнагуншавии он оварда расонд. Вале, чӣ тавре ки пайгамбар давом медиҳад, «яраи марговар шифо ёфт», ва тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафт. Павлус аниқ мегӯяд, ки «шахси пур аз шарорат» то замони Дуюмбора омадани Масеҳ (2Таслӯникиён 2: 3-8), амал хоҳад кард. To лаҳзаи охирини таърихи замин он одамонро ба васваса меандозад. Ва ҳавворӣ Юҳанно низ хокимияти паларо дар назар дошта, чунин мегӯяд: «Ва ҳамаи сокинони замин ба вай сачда хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар китоб ҳаёти Барра... навишта нашудааст» (Ваҳй 13:8). Ҳам дар Олами Қадим, ва ҳам дар Олами Нав риояи рӯзи якшанбе, ки танҳо бо нуфузи Калисои румӣ таъсис ёфтааст, ҳаққи эҳтиром ва итоаткорӣ ба ҳокимияти папа мегардад.MБУБ 617.3

    Аз миёнаҳои асри XIX муҳаққиқони пешгӯиҳои пайгамбарона дар ИМА ин муждаро ба ҷаҳон хабар медиҳанд. Воқеаҳое ки айни замон рӯй дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки иҷроиши ин пайғамбарӣ наздик аст. Устодони протестантҳо исбот мекунанд, ки риоякуниӣ рӯзи якшанбе бо нуфузи Илоҳӣ тасдиқ карда шудааст, вале чун пайравони папа, ки барои иваз намудани аҳкоми Худо мӯъҷизаҳои гуногунро бофта баровардаанд, аз Китоби Муқаддас далел оварда наметавонанд. Мо боз дар хусуси он хохем шунид. ки ҳамаи вайронкунандагони рӯзи якшанберо довариҳои Худо интизоранд: аллакай чунин таҳдидҳо ба гӯш мерасанд. Ҳаракат барои ҷашнгирии ҳатмии рӯзи якшанбе босуръат нерӯ мегирад.MБУБ 618.1

    Нуктасанҷӣ ва ҳилагарии калисои Рум сазовори ҳайрат аст. Рафти ҳодисаҳоро пешбинӣ кардаву соати худро пурсаброна интизор шуда, вай назорат мекунад, ки калисоҳои протестантӣ чӣ гуна шанбеи бардурӯгро кдбул намуда ба вай гузашт карданд, чӣ гуна оҳиста-оҳиста ба он майл мекунанд, ки дигаронро низ маҷбур созанд то шанбеи бардурӯғро бо ҳамон воситаҳое қабул намоянд. ки католисизм дар асрхои гузашта ба кор мебурд. Радкунандагони нури ҳақиқат замоне боз барои кӯмак ба ин ҳокимияти номдузде ки аз дурусткории худ харф мезананд муроҷиат мекунанд, то ки ихтирооти онро болобардор кунанд. Пешакӣ пай бурдан мушкил нест, ки Калисои румӣ бо кадом омодагӣ ба кӯмаки протестантҳо хоҳад шитофт. Нисбати нафароне ки ба Калисо итоат намекунанд, аз папистҳо дида кӣ беҳтар муносибат карда метавонад.MБУБ 619.1

    Калисои Румӣ-католикӣ бо шохаҳои сершумори он дар тамоми ҷаҳон ташкилоти бузургтарини дар зери назорати тахти папа қарор дошта ва ба манфиати вай хизматкунандаро ташкил медиҳад. Миллионҳо пайравонаш дар кураи замин одат кардаанд, ки дар симои папа сарвари Калисоро бинанд, ки ӯҳдадоранд садоқатро нисбати он нигоҳ доранд. Новобаста ба миллат ва шаҳрвандии худ онҳо бояд муҳимтар аз ҳама Калисоро эҳтиром кунанд. Гарчанде онҳо метавонанд ба кишвари худ, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, савганди садоқат бидиҳанд, савганди итоаткорӣ ба Рум барои онҳо аз ҳама муҳимтар аст, ва онхоро аз ҳар гуна ӯҳдадориҳои ба манфиатҳои вай номувофик озод мекунад.MБУБ 619.2

    Таърих шаҳодат медиҳад, ки калисои Рум метавонист хеле моҳирона ва суботкорона ба корҳои дохилии халқҳо дахолат кунад ва мавқеъҳои худро мустаҳкам намуда, ҳатто ба бадали марги аъёну ашрофи номдор ва одамони оддӣ ба амалӣ намудани мақсадҳои худ шурӯъ мекард. Соли 1204 папа Иннокентий III аз подшоҳи Арагония Пётри II савганди ғайриодции зеринро муваффақ шуд: «Ман Пётр, подшоҳи Арагония, ваъда медиҳам ҳамеша ба оғои худ - папа Иннокентий, ворисони католики вай, калисои Рум содиқ бимонам ва савганд ёд мекунам, ки имони католикиро ҳимоя ва бидъаткоронро таъқиб намуда, шоҳигарии худро дар итоаткорӣ ба папа нигоҳ дорам»359Ҷон Доулинг, «Таърихи романизм», китоби 5, боби 6, фас-ли 55.. Чунин савганд бо талабҳои папаи Рум хеле нағз мувофиқат мекунад, ки худро «соҳиби ҳуқуки сарнагун намудани императорҳо» ва «озод кардани зердастонаш аз савганде ки онҳо ба ҳокимони гунаҳкори худ додаанд»360Мошейм, китоби 33, асри 11, қисми 2, боби 2, фасли 9, шарҳи 17-ум. мешуморад.MБУБ 619.3

    Он чизро низ фаромӯш кардан лозим нест, ки Рум аз тағйирнопазирии худ ифтихор дорад. Принсипҳое, ки Григорий VII ва Иннокентии III аз рӯи онҳо амал мекарданд, мисли пеш принсипҳои Калисои румӣ-католикӣ боқӣ мемонанд. Ва агар Калисои католикӣ қудрати воқеӣ медошт, он гоҳ бо нерӯи пешина онҳоро дар ҳаёт татбиқ менамуд, чӣ тавре ки ин дар гузашта буд. Аз эҳтимол дур аст, ки протестантҳо қабул намудани кӯмаки Румро дар масъалаи болобардории рӯзи якшанбе ба нақша гирифта, чӣ кор кардани худро дарк мекунанд. Дар он вақте ки протестантҳо ба амалӣ намудани ин мақсад машғул мешаванд, Рум кӯшиши барқарор кардани ҳокимияти пешинаи худ ва ҳукмронии аз даст рафтаро мекунад. Ҳамин ки калисоҳо дар ИМА истифода бурдан ва ё назорат кардани хокимияти давлатӣ, бо зӯри қувва ҷорй намудани маросимҳои диниро комёб шаванд, хулласи калом, ҳамин ки калисо ва давлат бар виҷдон ихтиёр ба даст меоранд, ғалабаи Рум дар ин кишвар таъмин карда мешавад.MБУБ 620.1

    Каломи Худо аз хатари наздикшаванда огоҳ мекунад ва агар ҷаҳони протестантӣ ба ин огоҳӣ таваҷҷӯҳ надиҳад, он гох дере нагузашта хоҳад донист, ки мақсаду ниятҳои аслии калисои Рум чӣ гунаанд, вале аллакай дер мешавад. Калисои Рум ноаён қувват мегирад. Қудрати вай дар маҷлисҳои конунбарорӣ, калисоҳо ва қалбҳои одамон эҳсос мешавад. Биноҳои боҳашамат ва мӯҳташаме сохта мешаванд, ки дар лабиринтҳои пинҳонии онҳо таърихи хунини гузашта такрор меёбад. Кали- сои католикӣ ҳеҷ гуна гумонро ба миён наоварда, ноаён мавқеъҳои худро устувор мегардонад, то ки ҳангоми фаро расидани соати ҳалкунандаи мубориза, зарбаи қатъӣ занад. Ҳама он чи ки ба вай зарур аст - ин мавқеи қулай аст, ва гуфтан мумкин аст, ки вай аллакай ин мавқеъро ишғол намудааст. Мо ба зудӣ мебинем ва мефаҳмем, ки нияту мақсадҳои иерархияи румӣ-католикӣ аз чӣ иборатанд. Нафарони ба Каломи Худо боваридошта ва ба он итоаткунанда бошанд таҳқиру таъқиботҳои бераҳмонаро мунтазиранд.MБУБ 620.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents