Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 39. - ЗАМОНИ ҒАМУ АНДӮҲ

    «Ва дар он замон Микоил, малаки бузурге ки ба муҳофизати писарони қавми ту истодааст, хоҳад бархост; ва чунон замони тангӣ хоҳад буд, ки аз вақти пайдоиши одамон то ин вақт мисли он дида нашуда бошад; вале дар он замон аз қавми ту ҳамаи онҳое ки дар китоби ҳаёт навишта шуда бошанд, наҷот хоҳанд ёфт» (Дониёл 12:1).MБУБ 657.1

    Вақте ки мавъизаи муждаи фариштаи сеюм анҷом меёбад, марҳамати Худо сокинони гунаҳгори заминро тарк мекунад. Қавми Худо кори худро иҷро намуд: вай «борони охирин», «фароғатро аз ҳузури Худованд» гирифт, ва ба соати ояндаи санҷиш омода шуд. Фариштагон дар осмон зуд ҷой иваз мекунанд. Фариштаи аз замин баргашта эълон мекунад, ки кори ӯ анҷом ёфтаасту ҷаҳон ба санҷиши охирин гирифтор карда шудааст, ва ҳамаи нафароне ки ба аҳкомҳои Илоҳӣ содиқ монданд «мӯҳри Худоро» гирифтанд. Он замон Исои Масеҳ хизмати миёнаравии Худро дар қудсгоҳи осмонӣ қатъ мекунад. Ӯ дастҳои Худро боло мебардорад ва бо овози баланд мегӯяд: «Иҷро шуд!» Ва тамоми ахди осмон бо садо додани изҳороти ботантанаи Ӯ: «Бигзор золим боз зулм кунад, ва палид худро боз палид созад, ва порсо боз адолат варзад, ва муқаддас боз худро такдис намояд» (Ваҳй 22:11), тоҷҳои худро мегиранд. Қисмати ҳар нафар - барои ҳаёт ва ё барои марг ҳал гаридааст. Исои Масеҳ кори оштидиҳиро барои қавми Худ ба ҷо овард ва гуноҳҳои онро нест намуд. Шумораи бандагони Ӯ зиёд шуд; «салтанат ва қудрат ва кибриёи салтанатӣ дар таҳти тамоми осмон» ба ворисони наҷот дода хоҳад шуд, ва Исои Масеҳ бояд чун Подшоҳи подшоҳон ва Худованди ҳукмронандагон подшоҳӣ кунад.MБУБ 657.2

    Вақте ки Масеҳ қудсгоҳро тарк мекунад, заминро торикӣ фаро мегирад. Дар он замони даҳшатангез порсоё бояд дар пеши назари Худованд бе Шафоатгар зиндагӣ кунанд. Гунаҳкоронро хеҷ чиз боз намедорад, ва шайтон аз болои одамони тавбанакарда ихтиёри номаҳдуд ба даст меорад. Ба пурсабрии Худо анҷом расид. Ҷаҳон файзи Ӯро рад кард, муҳаббати Ӯро бад дид ва Шариати Ӯро поймол намуд. Давраи файз барои гунахдорон анҷом ёфт. Рӯҳи Худо, ки онҳо ба Ӯ исроркорона муқобилат нишон медоданд, ниҳоят аз замин гирифта шуд. Аз ҳимояи марҳамати Илоҳӣ маҳрум гардида, онҳо дар ихтиёри душмани бад бепаноҳ монданд. Он замон шайтон сокинони заминро ба андӯҳи охирину бузург дучор мекунад. Хдмин ки фариштагони Худо боздоштани бодҳои бераҳми шавқу рағбатҳои инсониро бас мекунанд, ҳама тӯфонҳои душманона авҷ мегиранд. Тамоми олам ба харобиҳое мубтало мегардад, ки назар ба харобиҳои Ерусалим дар замони кадим мудҳиштар хоҳанд буд.MБУБ 657.3

    Фариштаи яккаву ягонае ки ҳамаи нахустзодагони Мисрро нест намуд, тамоми заминро пур аз гиряву нола кард. Вақте ки Довуд халқро ба рӯйхат гирифт ва бо ин амал дар назди Худо гуноҳ содир кард, чун ҷазо барои ин гуноҳ як фаришта харобии даҳшатангез ба вуҷуд овард. Фариштагони Муқадцас бо иродаи Худо гунаҳкоронро нест мекарданд — рӯҳҳои нопок низ ҳамин тавр рафтор мекунанд, вақте ки Худо ба ин роҳ медиҳад. Қувваҳои бадхоҳ аллакай омодаанд ва фақат иҷозати Илоҳиро интизоранд, то ки тамоми заминро ба харобазор табдил диҳанд.MБУБ 658.1

    Қадркунандагони Шариати Худоро дар он айбдор хоҳанд кард, ки довариҳои Худоро онҳо ба ҷаҳон овардаанд, ба онҳо чун ба гунаҳкорони офатҳои даҳшатангези табиӣ, душманӣ, хунрезиҳое, ки тамоми заминро аз азобу машаққатҳо пур менамоянд, нигоҳ мекунанд. Қуввае ки огохии охиринро ҳамроҳӣ мекунад, гунаҳкоронро ба хашм меорад, ва ғазаби онҳо ба муқобили ҳамаи одамони ин муждаро қабулкарда шиддат мегирад, шайтон бошад рӯҳи нафрат ва таъқиботро боз ҳам бештар авҷ мегиронад.MБУБ 658.2

    Рӯҳониён ва халқ намедонистанд, ки макони ҳузури Худо тамоман холӣ шудааст - Худованд яҳудиёнро тарк кард. Дар ихтиёри шайтон ва шавқу рағбатҳои даҳшатноктарин ва ҳалокатовар қарор гирифта, онҳо ба ҳар ҳол худро қавми баргузида мешу- мориданд. Хизматгузорӣ дар маъбад давом мекард, дар курбонгоҳҳои палидгардидаи он қурбонӣ меоварданд, ва ҳамарӯза баракати Худо барои қавме илтиҷо карда мешуд, ки дар рехтани Хуни пурқимати Исои Масеҳ гунаҳкор буд ва ба ҳаёти хизматгузорон ва ҳаввориёни Ӯ суиқасд карданро давом медод. Хдмин тавр дар он лаҳза низ, вақте ки дар қудсгоҳ қарори қатъӣ қабул карда мешавад ва қисмати олам бебозгашт муайян мегардад, сокинони замин дар ин хусус нахоҳанд донист. Халқе, ки Рӯҳи Худо онро тамоман тарк намудааст, мисли пешина расмиятпарастиҳои динӣ ва урфу одатҳоро риоя мекунад, ҷидду ҷахди шайтоние, ки мири бадӣ ба онҳо барои иҷрои мақсадҳои маккоронаи худ мебахшад, намуди ғайрату ҳимматро барои Худо ба бар мекунад.MБУБ 658.3

    Вақте ки дар атрофи рӯзи шанбе дар тамоми ҷаҳони масеҳӣ мубориза авҷ мегирад ва ҳокимияти динӣ бо ҳокимияти давлатӣ муттаҳид мешавад, то ки риояи рӯзи якшанберо бо зӯрӣ бор кунад, сарпечии қатъии ақаллияти ночиз аз итоат ба талаби умумихалқӣ онро мояи нафрати умум мегардонад. Ва эълон карда мешавад, ки ба ин тӯдаи одамони ба фармонҳои Калисо ва қонуни давлат муқобилаткунанда набояд раҳму шафқат нишон дода шавад, беҳтараш онҳо азоб бикашанд, назар ба он ки тамоми халқҳо ба исён ва бадкирдорӣ дучор карда шаванд. Хдждаҳ садсола пеш чунин айбдоркунӣ ба муқобили Масеҳ низ аз ҷониби «сарварони халқ» пешниҳод гардида буд. «Барои мо беҳтар аст, - гуфт Қаёфо, - агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад» (Юханно 11: 50). Ин далел эътимобахш менамояд, ва дере нагузашта ба муқобили шахсоне ки рӯзи шанберо аз рӯи аҳкоми чорум қадр мекунанд, фармоне мебароранд, ки онҳоро сазовори ҷазоҳои сахттарин эълон менамояд ва ба халқ озодии баъди вақти муайян ба марг додани онҳоро пешниҳод мекунад. Католисизм дар Олами Қадим ва протестантизми маслакфурӯш дар Олами Нав нисбати одамоне ки ҳамаи фароизҳои Илоҳиро риоя мекунанд мавқеи якзайлро интихоб менамоянд.MБУБ 659.1

    Он замон қавми Худо азобу машаққат ва ғаму андӯҳеро аз cap мегузаронад, ки пайғамбар онро чун замони тангии Яъқуб тасвир мекунад: «Худованд чунин мегӯяд: садои хавотирноке шунидем; тарсу ҳарос аст, ва осоиштағй нест... Ва чеҳраҳои ҳама рангпарида аст. Оҳ, чӣ гуна азим аст он рӯз, ки мисл надорад! Ва ин барои Яъкуб замони тангист, вале ӯ аз он начот дода хоҳад шуд» (Ирмиё 30: 5 - 7).MБУБ 659.2

    Шаби азобҳои қалбии Яъқуб, вақте ки ӯ барои раҳоёбии худ аз дасти Эсов дар дуо мубориза мебурд (ниг. Ҳастӣ 32: 2 - 30), азсаргузарониҳоеро нишон медиҳад, ки дар замони ғаму андӯҳ дар пеши қавми Худо истодаанд. Баракати падарро, ки барои Эсов таъйин гардида буд бо роҳи фиреб ба даст оварда, Яъқуби аз тахдидҳои бародараш ба тарс афтода ҷони худро бо фирор начот дод. Солҳои зиёд дар бадарға қарор гирифта, ӯ аз Худованд амри бо ҳамроҳии занҳо ва фарзандонаш ва бо рамаҳо ба зодгоҳи худ баргаштанро гирифт. Ба сарҳади сарзамини авлодӣ расида, Яъқуб аз муждае ки Эсов бо дастаи одамони мусаллаҳ ба истиқболи ӯ меояд ба ҳарос афтод. Ӯ шубҳа намекард, ки бародарашро хоҳиши интиқом фаро гирифтааст. Ба назар чунин менамуд, ки ҳамсафарони беаслиҳа ва беҳимояи Яъқуб бояд қурбонии ҳатмии таҷовуз ва куштор гарданд. Ғайр аз изтироб ва тарс ӯро боз азобҳои виҷдон азият медоданд, Яъқуб дарк мекард, ки маҳз гуноҳи ӯ ҳамаро ба чунин хатар гирифтор кард. Ягона умеди ӯ фақат марҳамати Худо буд; дуо бояд ягона ҳимояи ӯ мегашт. Вале ӯ ҳама чизи имконпазирро ба ҷо овард, то ки гуноҳи худро дар назди бародараш шӯяд ва хатари наздикшавандаро пешгирӣ кунад. Х,амин тавр пайравони Масеҳ дар арафаи замони андӯҳи наздикшаванда бояд тамоми саъю кӯшишро ба харҷ диҳанд, то ки худро ба одамон дуруст нишон дода хаёлҳои хомро бартараф созанд ва хатареро, ки ба озодии вичдон тахдид мекунад, пешгирӣ кунанд.MБУБ 660.1

    Барои он ки наздиконаш шоҳидони маъюсии ӯ нагарданд, Яъқуб ҳамаи онҳоро аз назди худ равона намуда, якка ба якка бо Худо монд, то ки Ӯро аз тараҳҳум илтиҷо кунад. Ӯ аз гуноҳи худ омурзиш хост, Худовандро барои марҳаматаш шукр гуфт; бо фурӯтании амиқ бо ахди ба падаронаш басташуда ва ба ваъдаҳое ки дар рӯьёи шаб дар Байт-Ил ва дар сарзамини бадарға ба ӯ дода шуда буданд, такя намуд. Дар ҳаёти ӯ соати мушкилтарин фаро расид; ба ҳама чиз таваккал карда шуд. Дар торикӣ ва танҳоӣ дуо гуфтан ва худро дар назди Худо фурӯтан сохтанро ӯ давом медод. Ногаҳон дасте ба китфаш афтод. Ӯ фикр кард, ки душман мехоҳад аз ҳаёт маҳрумаш кунад, ва бо вай сахт мубориза бурд. Бо фарорасии субҳ шахси ношинос қувваи фавқуллодаи худро нишон дод: ба назар чунин намуд, ки як дастрасонӣ ин марди бокувватро карахт кард, ва Яъкуб оҷизона нола карда, ба синаи рақиби асроромези худ афтод. Акнун Яъқуб фаҳмид, ки бо Фариштаи аҳд мубориза бурдааст. Яъкуб, ки беқувват гардида, дарди сахттаринро дар пой ҳис менамуд, таслим шудан намехост. Аз боиси гуноҳҳои худ азоб кашида, ӯ ин қадар вақт саргумӣ, азоби вичдон ва мусибатҳоро ҳис намуд, ва акнун ӯ бояд боварӣ ҳосил мекард, ки омурзида шудааст. Ба назар чунин намуд, ки Фариштаи ахд нияти тарк намудани ӯро дорад, вале Яъқуб ӯро дошта истода, аз баракат илтиҷо кард. Фаришта исрор мекунад: «Маро cap деҳ; зеро ки субх дамид», вале Яъқуб нидо мекунад: «То маро баракат надиҳӣ, Typo cap намедиҳам» Чӣ гуна боварии қатъӣ! Чӣ гуна матонат ва суботкорӣ! Агар дар суханони Яъқуб худбоварии ҳавобаландона садо медод, ӯ нест карда мешуд, вале ӯ суботкории шахсе гунаҳкореро нишон дод, ки заифӣ ва нолоиқиро иқрор мешаваду бо вуҷуди ин ба марҳамати Худои нигохдорандаи ахд умед мебандад.MБУБ 660.2

    «Ӯ бо Фаришта мубориза бурда, ғолиб омад». Бо фурӯтанӣ, тавба дасткашй аз манфиатҳои худ ин марди рохгумкарда. ин марди гуноҳкор Ҷалоли осмонро маглуб кард. Ӯ бо изтироб ба ваъдаҳои Худо бовар кард ва қалби Муҳаббати Беинтиҳо илтиҷои ин марди гуноҳкорро нашунида наметавонист. Ба аломати ғалаба ва барои он ки дигарон аз ибрати ӯ рӯҳбаланд карда шаванд, исми пешинаи ӯ, ки аз гуноҳ хотиррасон мекард, ба исми дигари ба галабаи ӯ ишоракунанда иваз карда шуд. Яъқуб бар Худо ғолиб омад - ин гарави он буд ки ӯ бар одамон низ ғолиб меояд. Акнун ӯ дигар аз газаби бародари худ наметарсид, зеро ки Худованд ҳимояи ӯ буд.MБУБ 661.1

    Шайтон Яъкубро дар назди фариштагони Худо айбдор намуда, ният дошт ӯро барои гуноҳаш ба ҳалокат расонад; Эсовро барои ба муқобили Яъкуб баромадан водор намуд, ва тамоми шаби мубориза шайтон кӯшиш кард дарки гунохро дар қалби Яъқуб авҷ бахшад, то ки ӯро маъюс гардонад ва аз умедворӣ ба Худо маҳрум созад. Яъкуб аз донистани он чиз ки бе мадад аз осмон ӯ ба ҳалокат мерасад, қариб то ҳоли ноумедӣ расонда шуда буд. Ӯ аз гуноҳи бузурги худ самимона тавба мекард ва ба марҳамати Худо муроҷиат мекард. Аз мақсади худ даст накашид, балки Фариштаро маҳкам дошта меистод ва ӯро то замони ғолиб омадан суботкорона бо гиряи андӯҳгин илтиҷо мекард.MБУБ 662.1

    Чӣ тавре ки шайтон дар гузашта Эсовро барои ба муқобили Яъқуб баромадан барангехта буд, вай ҳамон тавр гуноҳкоронро низ дар замони ғаму андӯҳ барои нест кардани қавми Худо ба иғво меандозад. Чӣ тавре ки ӯ Яъқубро гуноҳкор мекард, ҳамон тавр низ қавми Худоро гуноҳкор мекунад. Ӯ сокинони заминро зердастони худ мешуморад, вале гурӯхд начандон калони одамони ахкомҳои Худоро риоякунанда ба қудрати ӯ итоат намекунанд. Ӯ мебинад, ки фариштагони муқаддас ин одамонро ҳимоя мекунанд аз ин бармеояд, ки гуноҳҳои онҳо омурзида шудаанд, вале ӯ он чизро намедонад, ки қисмати онҳо аллакай дар қудсгохи осмонй ҳалли худро ёфтааст. Ҳамаи гуноҳҳои онҳо ба ӯ аник маълуманд, охир ӯ худ одамонро ба васваса меандохт ва ӯ онҳоро дар назди Худо дар намуди бадтарин нишон дода тасдик мекунад , ки онҳо бояд дар баробари ӯ аз марҳамати Худо маҳрум карда шаванд. Шайтон изҳор менамояд, ки агар Худованд одил бошад Ӯ наметавонад гуноҳҳои онҳоро омурзаду ӯро бо ҳамроҳии дигар рӯҳҳои нопок нест кунад. Ӯ ҳуқуқи худро ба ин одамон чун ба тӯъмаи худ изҳор менамояд ва талаб мекунад, ки онҳоро барои чазо додан ба ихтиёри ӯ супоранд.MБУБ 662.2

    Азбаски шайтон қавми Худоро дар гуноҳҳо айбдор мекунад, Худо ба вай имкон медиҳад то одамонро ба санҷишҳои сахттарин дучор созад. Боварии онҳо ба Худо, имон ва матона- ти онҳо санҷида мешаванд. Ба гузашта назар андохта, онҳо ноумед мегарданд, зеро дар тамоми ҳаёти худ аъмоли некро кам пайдо мекунанд. Онҳо заифӣ ва нолоиқии худро комилан дарк мекунанд. Шайтон кӯшиш мекунад онҳоро аз андешаи чоранопазир будани ҳолаташон, аз имконнопазирии раҳоӣ аз палидиҳои фисқу фучур ба ҳарос афтонад. Ӯ умед дорад имонашонро нест кунад, то ки онҳо ба васвасаҳояш дода шаванд ва ба Худо хиёнат кунанд.MБУБ 662.3

    Гарчанде фарзандони Худо бо душманоне, ки кӯшиши ба ҳалокат расонидани онҳоро мекунанд, иҳота карда шаванд ҳам, бо вуҷуди ин онҳоро на тарси таъқиботҳо барои хақиқат ба ноумедӣ гирифтор мекунад, балки хавфи он ки шояд ягон гуноҳи омурзиданошуда боқӣ мондаасту бинобар ин ба ваъдаи Наҷотдиҳанда умед намондааст. «Ман туро аз соати озмоиш нигохдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад» (Ваҳй 3:10). Агар онҳо омурзида шудани худ боварӣ медоштанд, на азобҳо ва на марг онҳоро ба ҳарос оварда наметавонистанд, вале агар онҳо нолоик, бароянд ва фиску фучур онҳоро ба доми марг кашанд, он гох исми мукаддаси Худо таҳқир карда мешавад.MБУБ 663.1

    Дар ҳама чо бо суиқасдхо рӯ ба рӯ мешаванд, ва аломатҳои равшани исёни зидди Худоро мебинанд ва аз таҳти дил мехоҳанд, ки ин маслакфурӯшии бузург ва гунаҳкории гунаҳкорон ба анҷом расад. Онҳо Худоро илтиҷо мекунанд, то исёнгаронро ба ҳоли худ гузорад, вале онҳоро ҳиссиёте дар бораи он азоб медиҳад, ки худи онҳо қувваи бо селоби тавонои бадӣ мубориза бурдан ва банд намудани пеши роҳи онро надоранд. Онҳо дарк мекунанд, ки агар ҳамеша ҳамаи қобилиятҳои худро ба хизмати Масеҳ бахшида, аз нерӯ ба нерӯ мегузаштанд, он гоҳ қувваҳои шайтонӣ имконияти камтари мағлуб намудани онҳоро доро мебуданд.MБУБ 663.2

    Онҳо қалбҳои худро дар назди Худо шикастарӯҳ намуда, ба он нишон медиҳанд, ки Худованд дар гузашта гуноҳҳои зиёди онҳоро омурзидааст ва ваъдаи Наҷотдиҳандаро далел меоранд: «Магар ки вай ба қуввати Ман рӯи паноҳ оварда, бо Ман сулҳ мекунад? Пас бигзор бо Ман сулҳ кунад» (Ишаъё 27: 5). Онҳо устуворона бовар карданро давом медиҳанд, гарчанде ҷавоби фавриро ба дуоҳои худ намегиранд. Аз беқарории сахттарин, даҳшат ва ноумедӣ азият кашида, ба ҳар ҳол аз дуо гуфтан намемонанд. Онҳо ба қувваи Худо часпида меистанд, чуноне ки Яъқуб ба Фаришта мечаспид, ва фарёд мезананд: «То маро баракат надиҳӣ, Typo cap намедиҳам».MБУБ 663.3

    Агар Яъқуб каблан аз гуноҳи худ: бо рохи фиреб ба даст овардани ҳукуқи нахустзодагӣ, тавба намекард, Худо дуои ӯро намешунавид ва ҳаёти ӯро нигоҳ намедошт. Дар замони ғаму андӯҳ низ ҳамин тавр мешавад: агар фарзандони Худо аз гуноҳҳои худ омурзиш напурсанд, ғаму тарс онҳоро мағлуб мекунанд. Ноумедӣ имони онхоро барбод медиҳад, ва ба он боварии қатъӣ нахоҳанд дошт, ки Худо дуои онхоро дар хусуси раҳокунй мешунавад. Вале гарчанде онҳо нолоиқии худро амиқ дарк хоҳанд кард, дар қалби онхо ягон гуноҳи пинҳонӣ намемонад. Гуноҳҳои онҳо аллакай пеш дар суд тафтиш ва нест карда шуда буданд, ва онҳо гуноҳҳояшонро ба хотир оварда наметавонанд.MБУБ 664.1

    Шайтон ба бисёриҳо талқин мекунад, ки Худо ба бесадоқатй дар чизи андак диққат намедиҳад, вале муносибати Ӯ бо Яъқуб нишон медиҳад, ки Худованд ба хеч ваҷҳ бадиро сафед ва таҳаммул намекунад. Онхое ки кӯшиши сафед ё пинҳон намудани гуноҳҳои худро мекунанд, ва ҳамин тавр, онҳоро дар китобҳои осмонӣ чун эътирофнашуда ва омурзиданашуда сабтшуда мегузоранд, аз ҷониби шайтон мағлуб мешаванд. Ҳар қадаре ки мақоми онҳо баланд бошад, ҷиноятҳои онҳо дар пеши назари Худо ҳамон қадар вазнинтар ва эҳтимолияти муваффақияти душмани онҳо ҳамон қадар бештар хоҳад буд. Онҳое, ки тайёрии худро ба рӯзи Худованд ба таъхир мегузоранд, ин амалро дар замони ғаму андӯҳ ё баъд аз он иҷро карда наметавонанд. Онҳо ба ҳалокат маҳкум шудаанд.MБУБ 664.2

    Масеҳиёне ки ба муҳорибаи мудхиши охирин омода нашудаанд дар ҳоли ноумедӣ аз гуноҳҳои худ омурзиш хоҳанд хост, гунаҳкорон бошанд фақат ба андӯҳи онҳо тамасхур хоҳанд зад. Омурзишхоҳии онҳо ба омурзишхоҳии Эсов ва Яҳудо монанд хоҳад буд. Бо чунин омурзишхоҳӣ онҳо на аз худи гунох, балки оқибати гунохдои худро нола мекунанд. Онҳо нисбати гуноҳ на пушаймонии ҳақиқиро ҳис мекунанд на нафратро. Онҳо гуноҳҳои худро факат дар назди тарси ҷазо эътироф мекунанд, вале чун фиръавн дар замонҳои қадим, дар сурати аз таҳдиди ҷазо халос шудан, онҳо аз нав ба Худо ситезаҷуӣ мекунанд.MБУБ 664.3

    Саргузашти Яъқуб ба мо он чизро таълим медиҳад, ки Худованд аз нафароне, ки дар зери таъсири васваса гуноҳ мекунанду вале баъд бо тавбаи самимй ба Ӯ муроҷиат мекунанд, рӯ намегардонад. Вақте ки шайтон кӯшиши ба ҳалокат расондани чунин одамонро мекунад, Худованд фариштагони Худоро мефиристад, то ки онҳоро тасалло бахшад ва ҳимоя кунад. Ҳамлаҳои шайтон бадхашмона ва қатъиянд; фиреби ӯ даҳшатангез, вале дидаи Худованд - бар қавми Ӯст, ва Ӯ ҳамаи нолаҳои онҳоро мешунавад. Азобҳои онҳо бузурганд, оташи танӯри тафсондашуда омодаи фурӯ бурдани онҳост, вале Гудозандаи бузург онҳоро чун тиллои дар оташ санҷидашуда раҳо мекунад. Муҳаббати Худо ба фарзандони Худ дар замони санҷиши сахттарини онҳо ҳамчунон пурзӯр ва навозишкорона мемонад, чун дар замони олитарин некӯаҳволии онҳо, вале онҳо бояд аз танӯри оташ гузаранд: ҳама чизҳои заминиро оташ бояд нест кунад, то ки онҳо тавонанд дар камолот ба Масех монанд шаванд.MБУБ 665.1

    Ин замони андӯҳ ва ноумедӣ аз мо имонеро талаб мекунад, ки хастагӣ, дермонӣ ва гуруснагиро мағлуб месозад, имонеро, ки ҳатто дар назди санҷишҳои сахттарин заиф намегардад. Барои ба ғаму андӯҳи бузург омода шудан, ба ҳама вақти санҷиш дода мешавад. Яъкуб барои он ғолиб омад, ки суботкор ва собитқадам буд. Ғалабаи ӯ аз қувваи дуои суботкорона шаҳодат медиҳад. Ҳамаи онҳое, ки ба ваъдаҳои Худо чун Яъқуб умед мебанданд ва ончунон ҷиддият ва суботкорӣ нишон медиҳанд, ба муваффакият комёб мегарданд. Вале онҳое, ки аз «ман»-и худ даст кашидан, бо азоб бо Худо мубориза бурдан, дурудароз ва боғайратона дар бораи баракатҳои Ӯ дуо гуфтан намехоҳанд, онҳоро ба даст намеоранд. Бо Худо мубориза бурдан - чӣ қадар кам одамон дарк мекунанд, ки ин чӣ маъно дорад! Чӣ қадар кам одамон қалбҳои худро азият медиҳанд, бехудӣ мекашанд ва та- моми имкониятҳоро истифода мебаранд, то ки Худованд дуои онҳоро шунавад. Вақте ки мавҷҳои ноумедии баённашавандаву тасвирнопазир тахдиди ба гирдоб андохтани дуогӯяндаро мекунанд, чӣ қадар каманд онҳое ки дар чунин лаҳзаҳо бо имони устувор дар ваъдаҳои Худо осоиш меёбанд.MБУБ 665.2

    Ба шахсе, ки имонаш заиф аст, хатари бузурги дар ихтиёри гумроҳиҳои шайтон мондан ва ба фармони вичдонро маҷбуркунанда итоат намудан таҳдид мекунад. Ҳатто агар онҳо замони санҷишро аз cap гузаронанд ҳам, замони андӯх онҳоро ба рӯҳафтодагии амиқтарин ва назъи ҷон гирифтор мекунад, зеро ки онҳо ба умед бастан ба Худо одат накарданд. Онҳо маҷбур мешаванд аз ноилоҷии даҳшатангез сабақҳои эътимодеро аз худ кунанд, ки замоне нисбаташон беэҳтиромӣ мекарданд.MБУБ 666.1

    Акнун мо бояд ваъдаҳои Худоро санҷида, Ӯро бишносем. Фариштагон ҳар як дуои самимӣ ва ҷиддиро менависанд. Аз ҳузуру ҳаловатҳои худпарастона даста кашидан бехтар аст, назар ба беэътиноӣ нисбати мушоракатро бо Худо. Беҳтараш кас ҳеҷ чиз надошта бошаду дар қашшоқии вазнин зиндагӣ кунад, вале аз ҳусни тавачӯҳи Худо бархурдор бошад, назар ба он ки аз сарват, иззагу эҳтиром, лавозимотҳои зарурӣ ва дӯстӣ лаззат барад, аммо аз ҷониби Ӯ тарк шуда бошад. Мо бояд барои дуо вақт ҷудо кунем. Ва агар моро майлу рағбатҳои заминӣ ба коми худ кашанд, он гоҳ Худо метавонад моро аз бутҳои тиллогин, хонаҳо ва заминҳои ҳосилхез маҳрум намуда, дар хусуси Худ хотиррасон кунад.MБУБ 666.2

    Агар ҷавонон ғайр аз роҳе ки дар он баракати Худоро дархост карда метавонанд, аз интихоби ҳамаи роҳҳои дигар даст кашанд, худро аз гуноҳ пок нигоҳ дошта метавонанд. Агар муждарасонҳои Худо, ки охирин муждаи огоҳиро ба ин ҷаҳон мавъиза мекунанд, дар бораи баракати Худо на дилсардона, суст ва бепарвоёна, балки самимона ва бо имон, чӣ тавре ки Яъқуб дуо мегуфт, дуо мекарданд, бисёр ҳолатҳое медоштанд, ки чунин гӯянд: «Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд» (Ҳастӣ 32:30). Он гоҳ Осмон онҳоро ҳокимони соҳиби қувваи Худо ва одамонро мағлубкунанда мешуморид.MБУБ 666.3

    Ба наздикӣ замони андӯҳе фаро мерасад, «мислаш ҳанӯз набуд». Он гоҳ ба мо таҷрибае лозим мешавад, ки мислашро мо акнун надорему барои ба даст овардани он бисёриҳо ниҳоят танбал ҳастанд. Аксар вақт интизорӣ аз воқеият даҳшатангезтар аст, вале ин ба бӯҳрони дар пеш истода дахл надорад. Ҳатто тасаввуроти аз ҳама зинда саҳнаи ин азсаргузарониҳои вазнинеро, ки ба сари қавми Худо меоянд, тасвир карда наметавонад. Дар ин замони санҷиш ҳар як шахс бояд мустақилона дар назди Худо қарор гирад. Агар Нӯх, Дониёл ва Айюб зинда мебуданд, «на писаронашонро наҷот медоданд, на духтаронашонро; бо порсоии худ фақат ҷонҳои худро наҷот медоданд» (Ҳизқиёл 14:20).MБУБ 667.1

    Акнун, вақте ки Саркоҳини бузург мусолиҳаи моро амалӣ месозад, мо бояд кӯшиши дар Масеҳ комил гардиданро бикунем. Наҷотдиҳандаи мо ҳатто андешаи ба васваса таслим шуданро ба дилаш роҳ надод. Шайтон дар қалби инсон заифихоеро пайдо мекунад, ки ба онҳо часпидан мумкин аст; як хоҳиши навозишшудаву гунаҳкорона кифоя аст, то ки васвасаҳои ӯ қувват пайдо кунанд. Вале Масеҳ дар бораи Худ гуфтааст: «Мири ин ҷахон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад» (Юҳанно 14:30). Дар Исои Масех пайдо намудани ягон чизе ки имконияти бар Ӯ голиб омаданро медод, ба шайтон муяссар нагардид. Ӯ садоқатро ба аҳкомҳои Худо нигоҳ дошт. ва дар қалби Ӯ гуноҳе набуд, ки ба шайтон бартарӣ диҳад. Ҳамаи нафароне, ки мехоҳанд дар замони ғаму андӯҳ истодагарӣ кунанд, бояд дар чунин ҳолат қарор дошта бошанд.MБУБ 667.2

    Дар ин зиндагӣ мо бояд гуноҳро аз худ ба воситаи имон ба Хуни фидиягузорандаи Масеҳ дур кунем. Наҷотдиҳандаамон моро барои бо Ӯ як шудан, як кардани нотавонии мо бо қувваи Ӯ; як кардани ҷаҳолати мо - бо хиради Ӯ; як кардани нолоиқии мо - бо хизматҳои Ӯ даъват мекунад. Пешбинии Худо барои мо мактабест, ки мо бояд дар он фурӯтанӣ ва ҳалимии Масеҳро биомӯзем. Худованд ҳамеша ба мо мақсадҳои ҳақиқии ҳаётро нишон медиҳад, на он роҳеро, ки мо барои худ интихоб мекардем, роҳи осон ва дилписандро. Ба мо қабул кардани он воситаҳое мемонад, ки Осмон ба василаи онҳо хислати моро ба намунаи Илоҳӣ дигаргун месозад. Дилҳоҳ беэътиноӣ ё таъхир дар ин кор бо хатари даҳшатангез барои қалб алоқаманд аст. Ҳавворӣ Юҳанно дар рӯъё овози баландеро шунид, ки чунин мегуфт: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» (Ваҳй 12:12). Чӣ гуна даҳшатангез аст хақиқате ки сабаби ин нидо гаштааст! Ғазаби шайтон бо наздикшавии анҷоми ӯ ҳарчӣ бештар кувват мегирад, васвасаҳо ва харобиҳое, ки он бо худ меорад. дар замони ғаму андӯҳ ба авҷи аълои худ мерасад.MБУБ 667.3

    Ба наздикӣ мо дар осмон зуҳуротҳои даҳшатангези фавқуттабииро - аломати қудрати рӯҳҳои нопоки мӯҷизаофарро мебинем. Рӯҳҳои шайтонӣ ба назди подшоҳони замин ва тамоми ҷахон берун меоянд, то ки онҳоро дар гумроҳӣ устувор гардонанд ва бовар кунонанд, то бо шайтон дар муборизаи охиринаш бар зидди ҳукмронии осмон муттаҳид шаванд. Ба онҳо хам фиреб додани пешвоён ва ҳам зердастони онҳо муяссар мегардад. Одамоне бармехезанд, ки худро Масеҳ вонамуд карда исм ва саҷдаи фақат ба Офаридагори ҷаҳон тааллукдоштаро ба худ нисбат медиҳанд. Онҳо мӯъҷизаҳои ҳайратангези шифобахширо ба ҷо хоҳанд овард ва тасдиқ хоҳанд кард, ки аз осмон ваҳй гирифтаанд, вале ин ваҳйҳо ба шаҳодати Навиштаҷоти Муқаддас мухолифат хоҳанд кард.MБУБ 668.1

    Амали анҷомбахшандаи фалокати бузурги васваса кӯшиши худро Масеҳ вонамуд кардани шайтон мегардад. Калисо дер боз изҳор медорад, ки омадани Наҷотдиҳандаро чун амалӣ гардидани умедҳои худ интизор аст. Акнун фиребгари бузург омадани Масеҳро вонамуд мекунад. Шайтон дар қисмҳои гуногуни олам дар миёни одамон дар намуди махлуқи бузурги бо ҷилои чашмбар иҳоташуда пайдо гардида, Исои Масеҳи аз ҷониби Юҳанно дар китоби Ваҳй (1:13-15) тасвирёфтаро хотиррасон мекунад. Ҷалоли ӯро иҳотанамуда аз ҳамаи он чизе мегузарад, ки чашми инсонӣ дар тамоми замонҳо дидааст. Садоҳои пуртантана осмонро фаро мегиранд: «Масеҳ омад! Масеҳ омад!». Одамон бо шавқу завқи бузургтарин дар назди ӯ ба зону мезананд; ӯ да- стони худро боло бардошта онҳоро баракат медиҳад, чуноне ки ҳангоми дар замин будан ин амалро Масеҳ ба ҷо меовард. Овози ӯ фораму андак паст ва дар баробари ин хушоҳанг аст. Бо суханони саршори меҳрубонй ва ғамхорӣ вай баъзе аз он ҳақиқатҳои файзбахши осмониро, ки як замон Масеҳ гуфта буд, такрор мекунад; ӯ бемориҳои одамонро шифо мебахшад ва баъд ба Масеҳ такдид намуда, эълон мекунад, ки рӯзи шанберо ба рӯзи якшанбе гузаронидааст, ва ба ҳама амр медиҳад. ки рӯзи баракатдодаи ӯро муқаддас шуморанд. Ӯ изҳор медорад, ки ҳамаи нафароне, ки собитқадамона муқаддас шуморидани рӯзи ҳафтумро давом медиҳанд, аз шунидани суханони фариштагоне ки ба онҳо нур ва ҳақиқат меоваранд, cap печида, исми ӯро бадгӯӣ мекунанд. Чӣ гуна фиреби пурзӯр ва қариб рафънопазир! Ва ба монанди сомариҳои аз ҷониби Шимъӯни ҷодугар фирефташуда, бисёриҳо, аз хурд то бузург ба ин ҷодугарҷ гӯш андохта мегӯянд: «Ин кувваи бузурги Худост» (Аъмол 8:10).MБУБ 668.2

    Вале фиреб додани қавми Худо муяссар намегардад. Таълимоти масеҳи козиб ба Навиштаҷоти Муқадцас мухолифат мекунад. Шайтон нафаронеро баракат медиҳад, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он сачда мекунанд, маҳз онҳоеро, ки Китоби Муқаддас дар хусусашон баён медорад, ки ғазаби Худо бар сари онҳо бе ягон марҳамат рехта мешавад.MБУБ 669.1

    Ба замми он, ба шайтон иҷозати тақлид намудани тарзи омадани Масеҳ дода нашудааст. Наҷотдиҳанда қавми Худро аз чунин фиреб пешакӣ огоҳ карда, равшану возеҳ ба он ишора намудааст, ки омадани Ӯ чӣ гуна рӯй хоҳад дод: «Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломат ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд... Пас, агар ба шумо гӯянд: «Инак, дар биёбон аст» - берун наравед; «инак, дар ҳуҷра аст», - бовар накунед; Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд» (Матто 24: 24-27; ниг: инчунин Матто 24:31;25:31; Ваҳй 1:7; 1 Таслӯникиён 4: 16,17). Чунин омаданро сохтакорӣ кардан номумкин аст. Дар хусуси он дар ҳама ҷо маълум мешавад, онро тамоми ҷаҳон мебинад.MБУБ 669.2

    Фақат нафароне ки Китоби Муқаддасро бо ҷидду ҷаҳд таҳқиқ мекунанд, онҳое, ки муҳаббати ҳақиқатро қабул кардаанд, аз қувваи васваса, ки тамоми ҷаҳонро асир мегардонад, ҳимоя карда мешаванд. Онҳо бо мадади Каломи Худо фиребгарро фош месозанд. Х,ама санҷида мешаванд. Васвасаҳо масеҳиёни ҳақиқиро ошкор мекунанд. Оё акнун қавми Худо дар Каломи Ӯ он қадар устувор меистад, то ки ба ин васваса дода нашавад? Оё дар ин замони хатарнок аз рӯи Китоби Муқаддас ва фақат Китоби Муқаддас амал мекунад. Шайтон тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меорад, то ки ба омодагӣ ба ин рӯз халал расонад. Вай монеаҳои гуногун эҷод мекунад, то ки одамон ба сарватҳои заминӣ ҷалб шуда бошанд, то ки бори гарону хастакунандаро ба дӯш гиранд, то ки қалбҳои онҳо бо ташвишҳои зиндагӣ безобита шуда бошанд ва вақти санҷиш бар онҳо чун ғоратгар ояд.MБУБ 670.1

    Вақте ки фармони аз ҷониби ҳокимони гуногуни масеҳй тасдиқёфта ба муқобили риоякунандагони аҳкомҳои Худо онҳоро аз ҳимояи ҳокимияти давлатӣ маҳрум мекунад ва ба дасти нафароне медиҳад, ки марги онҳоро хоҳонанд. фарзандони Худо аз шаҳрҳо ва деҳаҳо мегурезанд ва дар хилватгоҳҳо ва биёбон паноҳгоҳ пайдо мекунанд. Барои бисёриҳо кӯҳҳои дастнорас паноҳгоҳ мегарданд. Онҳо ба мисли масеҳиёни Пиемонт баландкӯҳҳоро қудсгоҳи худ мекунанд ва Худоро барои «сахраҳои дастнорас» (Ишаъё 33: 16) ситоиш менамоянд. Вале бисёриҳо аз ҳамаи халқҳо ва табақаҳо, ашрофзодаҳо ва одамони оддӣ, сарватмандон ва камбағалон, сафедҳо ва сиёҳҳо бераҳмона ғулом гардонда мешаванд. Маҳбубони Худо. ки занҷирбанд мешаванд, дар паси деворҳои зиндон азият мекашанд ва ба марг махдум мегарданд, рӯзҳои бенишотро аз cap хоҳанд гузаронд. Баъзеҳо дар таҳхонаҳои бадбӯй ба марг аз гуруснагӣ маҳкум мегарданд. Ҳеҷ кас нолаву фиғони онҳоро намешунавад, ҳеҷ дасте дароз намешавад, то бо омодагӣ ба онҳо мадад расонад.MБУБ 670.2

    Оё Худованд дар ин соати санҷиш қавми Худро фаромӯш мекунад? Оё Ӯ Нӯҳи содикро фаромӯш кард, вақте ки довариҳо бар сари ҷаҳони пеш аз тӯфон омаданд? Оё Ӯ Лутро фаромӯш кард, вақте ки аз осмон оташ афтод ва шаҳрҳоро нест кард? Оё ӯ Юсуфи дар Миср бо бутпарастон иҳоташударо фаромӯш кард? Оё Ӯ Илёсро фаромӯш кард, вақте ки Изобал савганд хӯрд, ки қисмати пайғамбарони Баал ба сари ӯ меояд? Оё У Ирмиёи дар чуқурии торику бадбӯй азобкашандаро фаромӯш кард? Оё Ӯ он қаҳрамонҳои имонро дар танӯри тафсон фаромӯш кард? Ё Дониёлро дар чоҳи шерон?MБУБ 670.3

    «Вале Сион мегӯяд: «Худованд маро тарк намудааст, ва Худои ман маро фаромӯш кардааст»»! «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш мекунад, то ки ба писари батни худ раҳм накунад? Ва агар вай фаромӯш кунад ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард. Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам» (Ишаъё 49: 14—16). «Зеро ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад» (Закарё 2:8).MБУБ 671.1

    Гарчанде душманон метавонанд бандагони Худоро ба зиндон андозанд, вале деворҳои он қалбҳои онҳоро аз Масеҳ ҷудо карда наметавонад. Он ки ҳар заифии онҳо ба Ӯ маълум аст, Он ки бо ҳар як санчиш шинос аст, аз ҳамаи қудратҳои заминӣ болост; дар зиндонҳои дастнорас фариштагони осмонӣ ба назди онҳо меоянд ва бо худ нур ва осоиши осмонӣ меоранд. Ва зиндон чун қаср мешавад, зеро ки он ҷо нафарони имонашон тавоно қарор доранд ва гунбазҳои тираро нури осмонӣ мунаввар мекунад, чун дар он замони кӯҳан, вақте ки Павлус бо Сило дар шаҳри Филиппӣ дар маҳбас афтода, дар нимашаб дуо мегуфтанд ва месароиданд.MБУБ 671.2

    Довариҳои Худо ба сари он нафароне меоянд, ки кӯшиши ситам кардан ва нест намудани қавми Худоро мекунанд. Пурсабрии Ӯ нисбати худоношиносон ба онҳо далерӣ мебахшад вале сарфи назар аз таъхир, ҷазо ҳатмй ва даҳшатовар мешавад. «Зеро Худованд ҳамон тавре ки бар кӯҳи Просим воқеъ шуда буд, ҳамон тавре ки дар водии Ҷибъӯн воқеъ шуда буд, ба газаб хоҳад омад, то ки амали Худро, амали ғайриоддии Худро ба ҷо оварад ва кори Худро, кори аҷиби Худро анҷом диҳад» (Ишаъё, 28:21). Барои Худои меҳрубони мо ҷазодиҳӣ «амали ғайриоддист». «Ба ҳаёти Худам қасам, ки мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам» (Х^зқиёл 33:11). Худованд «раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафост... ки гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад». Вале «беҷазо намегузорад». «Худованд пурсабр ва бузургқувват аст, ва беҷазо намегузорад» (Ишаъё 34: 6,7; Нуҳум 1:3 - тарҷумаи дигар: «Ӯ дар доварии одилонаи Худ беамон аст ва нуфузи шариати поймолгардидаи Худро барқарор мекунад»), Дар хусуси сахтии ҷазое, ки шахси гунаҳкорро интизор аст, аз рӯи он хулоса баровардан мумкин аст, ки чӣ гуна Худованд доварии одилонаро бо дили нохоҳам ба кор мебарад. Қавме, ки то замони пур кардани косаи бадкирдории худ, Худо ба он таҳаммул мекунаду варо нобуд намесозад, охируламр косаи ғазаби бо марҳамат омехтанашударо менӯшад.MБУБ 671.3

    Вақте ки Масеҳ хизмати миёнаравии Худро дар қудсгоҳи осмонӣ ба анҷом мерасонад, он замон ғазаби беамони Худо бар сари нафароне фурӯ рехта мешавад, «ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда мекунанд...ва тамғаро қабул мекунанд» (Ваҳй 14:9,10). Довариҳое, ки пеш аз озодсозии ниҳоии қавми Худо бар ин ҷаҳон фурӯ меразанд, назар ба балоҳои пеш аз озодсозии қавми Исроил ба Миср фиристодашуда боз ҳам даҳшатангезтар мешаванд. Юҳанно ин ҷазои мудҳишро ин тавр тасвир мекунад: «...бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд». Баҳр ба хуне мисли хуни «мурда мубадцал шуд ва тамоми махлуқоти ҷондори баҳр мурд». «Дарёҳо ва чашмаҳои об» ба хун мубадцал шуданд. Гарчанде ин мусибатҳо даҳшатангезанд, Худо комилан одил аст. Фариштаи Худо баён медорад: «Ту одилӣ, эй Худованд... зеро ки чунин ҳукм кардӣ; азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд: ин сазои онҳост» (Ваҳй 16: 2-6). Қавми Худоро ба марг маҳкум намуда, онҳо гунаҳкори рехтани хуни он гардиданд, гӯё ки ин амал бо дасти онҳо ба ҷо оварда шуда бошад. Исои Масеҳ ба мисли ҳамин яҳудиёни замони Худро низ дар тамоми хуни мардони муқадцас, ки аз замони Ҳобил рехта шудааст, айбдор мекард, зеро ки онҳо ҳам саршори ҳамон рӯҳ буданд ва кушииш чун қотилони пайғамбарон амал намуданро мекарданд.MБУБ 672.1

    Дар балои дигар ба офтоб «қудрат ато шуд, ки одамонро бо оташ бисӯзонад. Ва одамонро гармои сахте сӯзонд» (ояти 8,9). Пайғамбар ҳолати одамонро дар он замони даҳшатангез ин тавр тасвир мекунад: «Замин мотам гирифтааст, зеро ки гандум талаф шудааст. Ҳамаи дарахтони саҳро хушкидааст, аз ин сабаб шодмонӣ аз банӣ-одам ғоиб гардидааст». «Донаҳо дар таҳти кулӯхҳо пӯсид.. .Чорпоён чӣ гуна фарёд мезананд ва рамаҳои говон чӣ гуна бетоқатӣ мекунанд, зеро ки чарогоҳе барояшон нест... зеро ки ҷӯйҳои об хушкидааст ва оташ чарогоҳҳоро сӯзонидааст». «Сурудҳои қаср дар он рӯз ба навҳа табдил хоҳанд ёфт, мегӯяд Худованд Худо, лошаҳо бисёр хоҳад шуд ва дар ҳар ҷо онҳоро хомӯшона берун хоҳанд партофт» (Юил 1:10-12, 17-20; Омӯс 8:3).MБУБ 673.1

    Вале ин балоҳо ҳамаро маҷрӯҳ намекунанд, вагарна сокинони замин пурра нест карда мешуданд. Ин ҷазои даҳшатангезтарине мешавад, ки ҳеҷ гоҳ ба сари махлуқоти миранда наомада буд. Тамоми довариҳои ба сари одамон омада то анҷоми замони санҷиш бо марҳамат якҷоя карда шуда буданд. Хуни Масеҳ сӯи Худованд хонда, шахси гунаҳкорро аз чораи пурраи ҷазо барои гуноҳҳояш раҳм менамуд, вале ҳангоми доварии охирин ғазаби бо марҳамат омехтанашудаи Худо фурӯ рехта мешавад.MБУБ 673.2

    Дар он рӯз бисёриҳо мехоҳанд дар марҳамати Худо паноҳгохе пайдо кунанд, ки онро муддати дароз рад мекарданд. «Инак, айёме меояд, мегӯяд Худованд Худо, ки гуруснагӣ бар замин хоҳам фиристод, - аммо на гуруснагӣ аз нон ва на ташнагӣ аз об, балки ташнагии шунидани суханони Худованд. Ва аз баҳр то баҳр, ва аз шимол то шарқ ҳаракат хоҳанд кард: гаштугузор намуда, каломи Худовандро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале онро нахоҳанд ёфт» (Омӯс 8:11,12).MБУБ 673.3

    Қавми Худо низ аз азобҳо раҳо намеёбад, аммо агарчи таъқиботу фишорро аз cap гузаронда ва мӯҳтоҷию гуруснагӣ мекашад, ба ҳалокат гузошта намешавад. Худое ки дар ҳаққи Илёс ғамхорӣ кард, ҳеҷ як як фарзанди Худро, ки ҷонашро фи- до мекунад, тарк намекунад. Он ки мӯи сари онҳоро шумурдааст, дар ҳаққашон ғамхорӣ мекунад ва дар замони гуруснагӣ онҳо сер карда хоҳанд шуд. Дар он вақте ки гунаҳкоронро аз гуруснагӣ ва балоҳо марг интизор аст, порсоёнро фариштагон ҳимоя намуда эҳтиёҷҳои онҳо таъмин хоҳанд кард. Ба шахсе ки дар роҳи ҳақ қадам мезанад, чунин ваъда дода шудааст: «Нони вай дода хоҳад шуд; оби вай таъмин хоҳад буд». «Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест: забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад. Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд. Ман, ки Худои Исроил ҳастам, онҳоро тарк нахоҳам кард» (Ишаъё 33: 16; 41:17).MБУБ 673.4

    «Агарчи дарахти анҷир гул накунад ва токҳо бор наоваранд ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад ва киштзорҳо ҳосил надодаанд ва гӯсфандон аз қӯра талаф шаванд ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад - вале он замон низ ман дар Худованд шод хоҳам буд ва дар Худои наҷоти худ ба вачд хоҳам омад» (Ҳабаққуқ 3:17,18).MБУБ 674.1

    «Худованд нигаҳбони туст; Худованд соябони туст ба ямини ту. Рӯзона офтоб туро нахоҳад зад, ва шабона моҳ. Худованд туро аз ҳар бадӣ нигоҳ хоҳад дошт, ҷонатро нигохдорӣ хоҳад кард». «Ба яқин Ӯ туро аз доми сайёд, аз вабои ҳалокатовар халос хоҳад кард. Бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид, ва дар зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт; ҳақиқати Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст. Аз воҳимаи шабона нахоҳӣ тарсид, ва аз тире ки рӯзона мепарад; ва аз вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст ва аз тоуне ки дар нимирӯзӣ талаф мекунад. Ҳазорҳо ба гирду пешат хоҳанд афтод ва беварҳо ба яминат, аммо ба ту наздик нахоҳад шуд; Фақат бо чашмонат нигоҳ хоҳӣ кард ва подоши шариронро хоҳӣ дид. Зеро ки ту гуфтаӣ: «Худованд паноҳгоҳи ман аст», Ҳаққи Таолоро ту паноҳандаи худ ихтиёр кардаӣ. Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд» (Забур 120: 5-7; 90: 3-10).MБУБ 674.2

    Аз нуқтаи назари инсонӣ чунин хоҳад намуд, ки фарзандони Худо ба зудӣ бояд шаҳодати худро бо хун нақш гузоранд, чуноне ки инро пеш азияткашидагон карда буданд. Онҳо худашон низ ба тарс меоянд, ки Худованд онҳоро ба ихтиёри душ- манон гузоштааст. Ин замони ноумедии даҳшатангез хоҳад буд. Онҳо шабу рӯз сӯи Худо барои раҳосозӣ дуо хоҳанд гуфт. Бадкирдорон шодӣ мекунанд ва масхараомез фарёд мезананд: «Кунун имони шумо куҷост? Агар шумо дар ҳақиқат қавми Худо бошед, барои чӣ Ӯ шуморо аз дасти мо озод намекунад?» Вале қавми мунтазир дар ин ҳангом Масеҳи дар салиби Ҷолҷолто ҷондодаистода ва фарёдҳои масхараомези рӯҳониён ва сарваронро ба хотир меоранд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, бигзор акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем» (Матто 27: 42). Ба мисли Яъқуб, ҳамаи онҳо бо Худо мубориза мебаранд. Ва дар чеҳраи онҳо муборизаи шадиди ботинӣ намоён аст. Чеҳрахои ҳама рангпаридаанд. Бо вуҷуди ин онҳо ҷиддан дуо гуфтанро давом медиҳанд.MБУБ 674.3

    Агар одамон чашми рӯҳонӣ медоштанд, дар атрофи нафароне, ки каломи сабри Масеҳро нигоҳ медоранд, фариштагони пурқудратро медиданд. Фариштагон бо навозиш ва ҳамдардӣ азобҳои онҳоро назорат мекунанд ва дуоҳои онҳоро мешунаванд. Онҳо фақат сухани Ҳокими худро интизоранд, то ки ин одамонро аз хатарҳо раҳо кунанд. Вале ҳоло андак сабр кардан лозим аст. Қавми Худо бояд косаи азобҳоро бинӯшад ва таъмид ёбад. Ва маҳз ҳамин таъхир, ки барои онҳо чунин азиятовар аст, ҷавоби аз ҳама беҳтарин аст ба дуоҳои онҳо. Замони амал намудани Худовандро дилпурона мунтазирӣ кашида, онҳо нишон додани имон, умед ва сабрро меомӯзанд, ки аксар вақт дар ҳаёти маънавӣ ба онҳо намерасид. Бо вуҷуди ин аз барои интихобшудагон замони ғаму андӯҳ кӯтоҳ карда мешавад. «Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад?.. Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард» (Луқо 18:7,8). Анҷом зудгар фаро мерасад, назар ба он ки одамон интизоранд. Гандум барои анбори Худо дарза баста мешавад, алафҳои бегона бошанд барои сӯзондан ҷамъ оварда шудаанд.MБУБ 675.1

    Ҳомиёни осмонии ба вазифаи худ содиқ, ҳушёриро давом медиҳанд. Гарчанде ки бо фармон аллакай вақти ба марг дода- ни ҳамаи риоякунандагони аҳкомҳои Худо муқаррар карда шудааст, лекин душманон кӯшиши барвақтар ба ҷо овардани ин амро мекунанд. Вале ҳеҷ кас аз миёни сафи пурзӯри ҳомиён, ки ҳар як ҷони вафодорро ҳимоя мекунанд, гузашта наметавонад. Ҳангоми аз шаҳрҳо ва деҳаҳо фирор кардан баъзеҳо ба ҳамлаҳо дучор мегарданд, вале шамшерҳои ба муқобили онҳо бардошташуда чун гандумпоя мешикананд ва нотавон шуда ба замин меафтанд. Дигарон аз ҷониби фариштагоне, ки намуди ҷанговаронро гирифтаанд, ҳимоя карда мешаванд.MБУБ 675.2

    Дар тамоми асрҳо барои ҳимоя ва раҳосозии қавми Худ Худо ба воситаи фариштагони муқаддас амал мекард. Мавҷудоти осмонӣ дар зиндагии одамон ширкати фаъолона меварзиданд. Онҳо бо либосҳои чун барқ дурахшон дар тан пайдо мешуданд; дар намуди мусофирони одцӣ низ меомаданд. Онҳо ба мардони Худо дар намуди одамон низ зоҳир мешуданд. Дар нимарӯз дар зери дарахтони сояафкан истироҳат мекарданд, гӯё ки аз роҳ хаста шуда бошанд. Аз меҳмоннавозии одамон истифода мебурданд. Ба мусофирони шаб дар роҳ монда роҳ нишон медоданд. Бо дастони худ оташи қурбонгоҳро меафрӯхтанд. Дарҳои зиндонҳоро мекушоданд ва бандагони Худоро ба озодӣ мебароварданд. Либоси осмонӣ ба бар намуда, онҳо ба замин фурӯд омаданд, то ки сангро аз қабри Наҷотдиҳанда афтонанд.MБУБ 676.1

    Фариштагон аксар вақг дар симои одамон дар ҷамъомадҳои порсоён ширкат меварзанд, инчунин ба ҷамъомади гунаҳкорон низ ташриф меоранд, чуноне ки як замон ба Садум омаданд, то ки аъмоли сокинони онро сабт кунанд ва хулоса бароранд, ки оё онҳо аз ҳадци сабру таҳаммули Худо нагузаштаанд. Худованд марҳамат намуданро дӯст медорад ва аз баҳри шумораи андаки нафарони ба Ӯ аз самими дил вафодор ҷазоро ба мудцати дароз ба таъхир мегузорад ва осоиштагии одамони зиёдро дароз мекунад. Онҳое, ки ба Худо муқобил мебароянд, аз эҳтимол дур аст дарк кунанд, ки ба шарофати фарзандони андаку содиқи Ӯ, ки масхара ва ҷабру зулм карданашонро дӯст медоранд, зинда монданд.MБУБ 676.2

    Агарчи ҳокимони ҷаҳон пай намебаранд, дар ҷамъомадҳои онҳо аксар вақт фариштагон баромад мекунанд. Одамон ба онҳо нигоҳ мекунанд, ба нутқи онҳо гӯш меандозанд, танқид мекунанд, сухани онҳоро масхара менамоянд. Онҳоро бадгӯӣ ва таҳқир мекунанд. Дар толори маҷлисҳо ва палатаҳои суди ин косидони осмонӣ донишхои амиқтарини таърихи инсониятро нишон медиҳанд. Фарииггагон исбот месозанд, ки назар адвокатҳои боистеъдодтарин ва суханвар ҷабрдидагонро онҳо беҳтар ҳимоя карда метавонанд. Онҳо нақшаҳои маккоронаро вайрон месозанд ва аъмолҳои бадро, ки метавонистанд кори Худоро ба таъхир андозанд ва ба қавми Ӯ азобу машаққат биёранд, бозмедоранд. Дар соати хатар ва мусибат «Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгарони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад» (Забур 33:8).MБУБ 677.1

    Қавми Худо аломати омадани Подшоҳи худро бо умед интизор аст. Вакте ки аз посбонон мепурсанд: «Чӣ посе аз шаб аст?», онҳо бе дудилагӣ ҷавоб медиҳанд: «Субҳ меояд, вале ҳанӯз шаб аст» (Ишаъё 21:11,12). Нур аз миёни абр дар куллаи кӯҳҳо намоён мешавад. Ба зудӣ ҷалоли Ӯ ошкор мегардад ва Офтоби Порсоӣ тулӯъ мекунад. Субҳ - оғози рӯзи абадии порсоён ва тирагӣ шаби абадии гунаҳкорон наздик шудаанд.MБУБ 677.2

    Вақте ки фарзандони Худо дар дуо бо Ӯ мубориза бурданро давом медиҳанд, пардае ки аз онҳо чизҳои ба чашм ноаёнро мепӯшонад, андак кушода мешавад. Осмон аз шафақи рӯзи абадй медурахшад ва онҳо суханони ба садоҳои хори фариштагон монандро мешунаванд: «Он чиро ки доред, маҳкам доред. Кӯмак наздик мешавад». Масеҳ - Ғолиби Муқтадир - барои сарбозони азиятдидаи Худ тоҷҳои ҷалоли абадиро омода кардааст ва онҳо аз дарвозаҳои кушода садои Ӯро мешунаванд: «Инак, Ман бо шумоям. Натарсед. Ҳама андӯҳи шумо ба Ман маълум аст. Ҳама ғаму ғуссаи шуморо Ман ба дӯш гирифтаам. Шумо ба муқобили ҳамон душманоне мубориза мебаред, ки Ман ба муқобили онҳо мубориза мебурдам. Ман аз баҳри шумо мубориза мебурдам, ва ба исми Ман шумо комилан ғолибед».MБУБ 677.3

    Наҷотдиҳандаи азиз дар соати аз ҳама зарур ба кӯмаки мо ҳозир мешавад. Роҳ ҷониби Осмон бо қадамҳои Ӯ мунаввар гардонида шудааст. Ҳама хорҳое ки бадани моро пора мекунанд, Ӯро низ захмдор карда буданд. Ҳар як салиберо. ки мо бояд бардорем, қаблан Ӯ бардоштааст. Худованд ба задухӯрд роҳ медиҳад, то ки қалбро барои осоиштагии осмон омода созад. Замони ғаму андӯҳ - барои қавми Худо санҷиши даҳшатовар аст, вале дар ин замон ҳар як масеҳии самимӣ бояд ба боло назар андозад, то ки рангинкамони ваъдаро, ки ӯро ихота намудааст, бубинад.MБУБ 678.1

    «Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯху фиғон нест хоҳад шуд. Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам. Ту кистӣ, ки аз инсони миранда метарсӣ, ва аз писари одам, ки мисли гиёҳ аст? Ва ту Худовандро, ки Офаринандаи туст, ва Ӯ осмонро густурдааст ва заминро бунёд кардааст, фаромӯш мекунӣ ва ҳамеша ва ҳар рӯз аз хашми ситамгар, вақте ки вай барои нобуд кардан омода мегардад, ҳаросон мешавӣ. Вале хашми ситамгар куҷост? Ба зудӣ бандӣ раҳо хоҳад шуд ва андаруни чоҳ нахоҳад мурд ва нонаш камӣ нахоҳад кард. Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки баҳрро ба чӯшу хурӯш меоварам, то ки мавҷҳояш наъра кашад; Худованди Лашкарҳо исми Ман аст. Ва Ман каломи Худро дар даҳони ту мегузорам, ва дар сояи дасти Худ туро пинҳон мекунам» (Ишаъё 51:11-16).MБУБ 678.2

    «Пас, инро бишнав, эй шӯрбахт, ва эй масту мадхуш, вале на аз шароб. Худованди ту, Худованд ва Худои ту, ки қавми Худро пуштибонӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Инак, Ман косаи заҳролудро, дурди косаи газаби Худро аз дасти ту мегирам: ту онро дигар нахоҳӣ нӯшид. Ва онро ба дасти касоне ки бар ту ситам мекунанд, медиҳам, ки онҳо ба ҷони ту мегуфтанд: «Сарнагун шав, то аз болоят бигзарем», ва ту тахтапушти худро мисли замин ва мисли кӯча барои роҳгузарон гардондаӣ» (Ишаъё 51: 21-23).MБУБ 678.3

    Чашми Худо, ки аз миёни қарнҳо назар меандозад, медид, ки барои қавми Ӯ замоне наздик мешавад, ки ҳокимиятҳои за- минӣ ба муқобили он ба ҷанг омода мешаванд. Ба мисли рондашудагони яккаву танҳо, онҳо аз мурдан аз гуруснагӣ ва ҷабру зулм метарсанд. Вале Худованди Қуддус, ки баҳри Қулзумро дар назди исроилиён ба ду қисм ҷудо кард, қудрати Худро нишон медиҳад ва онҳоро озод мекунад. «Ва онҳо, мегӯяд Худованди Лашкарҳо, дар он рӯзе ки Ман амал намоям, барои Ман ганҷи гузин хоҳанд буд, ва Ман ба онҳо раҳм хоҳам намуд, чунон ки одам ба писари худ, ки барои ӯ хизмат мекунад, раҳм менамояд» (Малокӣ 3:17). Агар дар он вақт хуни шоҳидони содиқи Масеҳ рехта мешуд, он гоҳ он мисли хуни азияткашидагон намебуд, ки тухми он меваи ҳосили Худоро ба бор меовард. Садоқати онҳо шаҳодате намешуд, ки дигаронро ба ҳақиқат боварӣ бахшад, зеро ки мавҷхои марҳамат ба қалбҳои бераҳм гардида бармехӯрданд ва дигар барнамегаштанд. Агар порсоён ин замон тӯъмаи душманони худ мегардиданд, ин ба мири зулмот шодии зиёд меовард. Довуд чунин мегӯяд: «Зеро ки маро дар он рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт, дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард, бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт» (Забур 26:5). Исои Масеҳ мегӯяд: «Эй қавми ман, биёед, ба ҳучраҳои худ дароед, ва дарҳои худроаз қафои худ бибандед, як лаҳзае пинҳон шавед, то даме ки ғазаб бигзарад. Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад» (Ишаъё 26:20,21). Раҳосозии нафароне, ки зуҳури Ӯро пурсаброна мунтазир буданд, нафароне ки номҳояшон дар китоби ҳаёт навишта шудаанд, пуршараф мешавад.MБУБ 678.4

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents