Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 9. - НУРИ ҲАҚИҚАТ ДАР ШВЕЙСАРИЯ АФРӮХТА ШУД

    Худованд дар интихоби аслиҳа барои амалӣ намудани Ислоҳот аз рӯи ҳамон андешаҳое амал мекард, ки ҳангоми барпосозии Калисо амал намуда буд. Ӯ аз канори бузургони ин ҷаҳон, ашрофзодагон ва сарватмандон, ки ба хушомадгуӣ ва иззату эҳтиром одат кардаанд, гузашт. Аз мартабаи баланд ва бартарии худ сармаст гардида, онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонистанд эҳтиёҷоти халқи оддиро дарк кунанд ва ҳамкорони Марди фурӯтан аз Носира гарданд. Суханони: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум мегардонам» (Матто 4.19), ба моҳигирони бесаводи ҷалилӣ равона шуда оуданд. Онҳо одамони оддӣ ва илмдӯст буданд. Ҳар қадаре ки таълимотҳои бардурӯғи он замон ба онҳо таъсир мерасонд, ҳамон қадар бо муваффақияти бештар Масеҳ метавонист онҳоро барои адои хизмати Худ тайёр кунад. Дар замони Ислоҳот низ чунин буд. Роҳбарии онро одамони оддй ва поквичдони бо худпарастӣ ва қавобаландӣ мубтало нашуда ва аз таассубу найрангбозиҳои калисо озод ба ӯҳда доштанд. Нақшаи Худованд аз он иборат аст, то ки барои корҳои бузург ҳамеша одамони оддиро истифода барад. Дар ин сурат шӯҳрат ва муваффақият на ба инсон, балки ба Худое мансуб дониста мешавад, ки ба воситаи инсон амал мекунад, то ки «бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро» ба вуҷуд биёрад.MБУБ 174.1

    Якчанд ҳафта баъд аз он ки дар кулбаи марди куҳкани саксонй Лютер ба дунё омад, дар хонаи чӯпоне, ки дар миёни кӯҳҳои Алп ҷойгир буд, Улрих Свинглӣ таваллуд ёфт. Муҳите, ки Свингли дар он ба воя расида буд ва маълумоти ибтидоии гирифтааш ба омодасозии ӯ ба фаъолияти оянда бисёр хуб мусоидат карданд. Дар миёни табиати боазамату зебо ба воя расида, ҳанӯз аз овони хурдсолӣ бузургй ва пурқудратии Худо- ро дарк карда буд. Корнамоиҳои қаҳрамононае, ки як замон мардони далер дар кӯҳсори зодгоҳаш иҷро карда буданд таассуроти ҷавонро шӯълавар мегардонданд. Модари парҳезгор баъзе ҳодисаҳои Китоби Муқаддасро, ки онҳоро бо ҷидду ҷахди зиёд аз миёни нақлу ривоятҳои калисо интихоб намуда буд, ба ӯ ҳикоят мекард. Ӯ бо шавқу завқи зинда нақлҳоро дар бораи корнамоиҳои бузурги пайғамбарон ва пешвоёни қавми Худо, дар бораи чӯпонҳои фаластинӣ, ки муждаро дар бораи таваллуди Тифл аз Байт-Лаҳм шунида буданд ва дар бораи Ситамдидаи Ҷолҷолто гӯш мекард.MБУБ 174.2

    Падари Свинглӣ, ба монанди падари Мартин Лютер, ҳаваси хеле зиёд дошт, ки писараш соҳиби маълумот гардад, ва дар айёми навраси ба ӯ лозим омад, ки бо кӯҳҳо ва водиҳои азизаш хайрбод гӯяд. Ӯ зуд инкишоф меёфт. ва ба зудй дар оила масъала дар хусуси маълумоти ҷиддӣ ба миён омад. Писарбачаи сездаҳсоларо ба Берн, ба яке аз беҳтарин мактабҳои Швейсария фиристоданд. Лекин дар он ҷо ба ӯ хатаре таҳдид кард, ки қариб буд тамоми ҳаёташро шикаст диҳад, - роҳибон бо тамоми қувва кӯшиш мекарданд, то ки Свинглиро барои дохилшавӣ ба дайр моил гардонанд. Иттиҳоди роҳибии доминиканӣ ва франсисканӣ, ки миёни худ рақобат доштанд, кӯшиш мекарданд ба ҷониби худ ҳарчи бештар одамонро ҷалб намоянд. Ҳам зебу зинати маъбадҳо, ҳам маросимҳои бокарруфари динӣ, ҳам саҷдакунӣ ба турбатҳо ва ҳам иконаҳои мӯъҷизаофаре, ки шӯҳрати умумӣ доштанд, ба ин мақсад хизмат мекарданд.MБУБ 175.1

    Доминиканҳои Берн хуб мефаҳмиданд, ки агар ба онҳо ба ҷониби худ ҷалб намудани ин донишҷӯи боистеъдод муяссар гардад, он гоҳ ҳам соҳиби иззату эҳтиром ва ҳам соҳиби сарват мегарданд. Ба машҳуршавии иттиҳод ва ҳамин тавр ба афзоишёбии даромадҳо, назар ба карруфарӣ рӯякӣ, нерӯи ҷавонӣ, қобилиятҳои барҷастаи суханпардозӣ, истеъдодҳои адабй, мусиқӣ ва шоирӣ бештар мусоидат мекарданд. Роҳибон бо ҳилаю хушомадгӯӣ кӯшиш мекарданд Свинглиро фиреб диҳанд, то ки Ӯ ба дайри онҳо дохил шавад. Дар солҳои донишҷӯӣ Лютер худро дар чордевори дайр гӯронда буд ва агар дахолати Рӯҳи пешбинандаи Худо намебуд, ӯ ба таври аоадӣ ин ҷаҳонро тарк мекард. Свинглӣ аз ин хатар наҷот дода шуд. Нияту мақсадҳои роҳибон ба падари ӯ маълум гаштанд. Ӯ ҳаргиз намехост, ки писараш зиндагии беманфиату бемаънии роҳибиро аз cap гузаронад. Хатари ба зиндагии ояндаи писараш таҳдидкунандаро дарк намуда, ба ӯ амри фавран ба хона баргаштанро дод.MБУБ 175.2

    Свинглӣ итоат намуд, вале у аллакай дар деҳаи худ монда наметавонист ва дере нагузашта барои давом додани таҳсил ба Базел сафар кард. Дар он ҷо ӯ аввалин маротиба Муждаи хушро дар бораи файзи Худо шунид. Виттембех, муаллими забонҳои қадим, забонҳои юнонӣ ва яҳудиро омӯхта бо Китоби Муқаддас низ ошно гардид, ва ба воситаи ӯ нури Илоҳӣ дар миёни донишҷӯён ҳам паҳн карда шуд. У ба ҷавонон таълим медод, ки ҳақиқате вуҷуд дорад, ки назар ба таълимоти файласуфон ва илоҳиётшиносон хеле қадимтар ва олитар аст. Ин ҳақиқати қадима аз он иборат аст. ки танҳо марги Масеҳ метавонад шахси гунаҳгорро аз гуноҳаш пок созад. Ин суханон барои Свинглӣ аввалин нур, нишонаи субҳидам буданд.MБУБ 176.1

    Дере нагузашта Свинглӣ аввалин мансаби худро соҳиб гардида, Базелро тарк кард. Аввалин ҷабҳаи хизмати ӯ калисо дар Алп, дар наздикии зодгоҳаш гардид. Баъди он ки Свинглӣ ба мансаби рӯҳонӣ сазовор гашт, «ӯ худро комилан ба омӯзиши ҳақиқати Худо бахшид; зеро хуб мефаҳмид, - мегӯяд яке аз ҳамзамононаш, - ки марде, ки панддиҳии қавми Масеҳ ба ӯ бовар карда шудааст, бояд дониши зиёд дошта бошад»114Уайлӣ , китоби 8, боби 5.. Ҳар қадаре, ки Китоби Муқаддасро бештар дарк мекард, фарқияти миёни ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ва гумроҳиҳои Румро ҳамон қадар равшантар ошкор месохт. Ва ӯ худро ба Китоби Муқаддас чун ба Каломи Худо - ягона роҳнамои бехато ва боэътимод мутеъ намуд. Ӯ дарк менамуд, ки ин Китоб худашро тафсир мекунад. Ҷуръати дар Китоби Муқаддас ҷустуҷӯ намудани тасдиқи доктринаҳои пеш муқарраршударо намекард, балки фаҳм намудани ҳамаи ҳақиқатҳоро ончуноне, ки навишта шудаанд, вазифаи худ донист. Дар рафти омӯзиши Китоби Муқаддас ӯ аз касе кӯмак напурсид, ғайр аз Рӯҳи Муқаддас, зеро боварӣ дошт, ки Рӯҳи Муқаддас ба ҳамаи шахсоне ато карда мешавад, ки дар дуои аз тақти дил баёншуда Ӯро ҷӯё мешаванд.MБУБ 176.2

    «Китоби Муқаддасро, - мегуфт Свинглӣ, - ба мо Худованд додааст, на инсон, ва Он ки ҳамаро таълим медиҳад, ба ту низ дар дарк намудани ҳамаи ҳақиқатҳои Худ кӯмак мерасонад. Каломи Худо... хато карда наметавонад; худро ба одамон ошкор месозад, қалбро бо тамоми камолоти наҷот ва файз мунаввар мегардонад, онро дар Худованд осоиш мебахшад ва ончунон хоксор мегардонад, ки қалб худро фаромӯш намуда, ба Худо рӯ меорад». Ҳаёти Свинглӣ ҳақиқат будани ин суханонро тасдиқ кард. Баъдгар, дар бораи он чизе ки ӯ он замон аз cap гузаронда буд, ҳикоят намуда, чунин навишта буд: «Вақте ки ман худро пурра ба омӯзиши Китоби Муқаддас бахшидам, фалсафа ва схоластика, ки пештар аз худ карда будам, ҳама вақт маро ба гумроҳӣ меандохтанд. Оқибат ба худ чунин гуфтам: «Ту худ бояд ҳамаи ин дурӯгро як тараф гузошта ва танҳо аз рӯи Каломи Муқаддаси Худо амал намуда, мустақилона ба маънии суханони Худованд сарфаҳм биравӣ». Ман аз Худованд илтичо намудам, то ки ба ман нури Худро ато кунад ва аз ҳамон замон фаҳмидани Китоби Муқадцас барои ман осон гардид»115Ҳамон ҷо, боби 6..MБУБ 177.1

    Свинглӣ таълимоти худро аз Лютер нагирифта буд. Ин таълимоти Масеҳ буд. «Агар Лютер дар бораи Масеҳ мавъиза кунад, - мегуфт ислоҳотчии швейсариягӣ, - ӯ ҳамон кореро мекунад, ки ман мекунам. Ӯ ба назди Масеҳ одамони зиёдеро овардааст, назар ба он ки ба ман муяссар гардидааст. Лекин ин ҳеҷ аҳамият надорад. Ман ҳеҷ номи дигареро ҷуз номи Масеҳ мавъиза намекунам; ман - сарбози Инҷилам, ва Масеҳ - ягона Устоди ман аст. Мо бо Лютер боре ҳам ба ҳамдигар мактуб нанавиштаем. Барои чӣ? To ҳама боварӣ ҳосил кунанд, ки Рӯҳи Худо ба Худ мухолифат намекунад, зеро ки ҳар дуи мо, забон як накарда, таълимоти Масеҳро комилан якдилона мавъиза мекунем»116ДОбинйе, китоби 8, боби 9..MБУБ 177.2

    Соли 1516 Свинглиро ба мансаби рӯҳонӣ ба дайри Эйнзиделн даъват карданд. Ӯ бояд дар он ҷо бо тамоми ҷиноятҳои Рум рӯ ба рӯ мешуд ва ислоҳотчие мегардид, ки ба хиради ҳам- замонони худ таъсири бузург мерасонд, ки аз ҳудуди Алпи азизаш хеле дур паҳн гардида буд. Дар миёни муқаддасоти Эйнзиделн расми Марями Бокира шӯҳрати махсус дошт, ки чӣ тавре ки мегуфтанд, дорои қувваи мӯъҷизаофар буд. Дар болои дарвозаҳои ин дайр чунин суханонро хондан мумкин буд: «Дар ин ҷо авфи пурраи гуноҳҳоро ба даст овардан мумкин аст»117Ҳамон ҷо, боби 5.. Шумораи зиёди зиёраткунандагоне, ки барои ибодат ба Марями Бокира ба ин ҷо меомаданд, хотима намеёфт, вале дар ҷашни ҳарсолаи муқаддасгардонии ин расм одамони зиёде на танҳо аз Швейсария, балки аз Франсия ва Германия низ ҷамъ меомаданд. Аз ин амалҳои ба вуқӯъ пайваста сахт ба ташвиш омадаю аз ин намоишҳо сахт ғамгин гардида, Свинглӣ аз имконият истифода бурд, то ки ба ин асирони нобинои хурофот бифаҳмонад, ки Инҷил чӣ гуна озодиро ҳадия мекунад.MБУБ 177.3

    «Фикр накунед, - гуфт ӯ, - ки Худо дар ин макон, назар ба ягон макони дигар, бештар ҳузур дорад. Дар ҳар ҷое ки шумо ҳузур дошта бошед, Худо дар паҳлуи шумост ва шуморо мешунавад... Оё амалҳои бемаънӣ, зиёраткуниҳои дуру дароз, қурбонкуниҳо, расмҳо, дуоҳо ба Марями Бокира ё муқаддасон файзи Худоро ба шумо дода метавонанд?.. Чӣ суд аст аз дуоҳои дуру дарози шумо? Барои чй лозиманд сарулибоси бокарруфар, мӯйҳои дуруст буридашуда, либосҳои дароз ва пойафзолҳои бо тилло орододашуда?.. Худованд ба дилҳо нигоҳ мекунад, дилҳои мо бошанд аз Ӯ дуранд». «Масеҳе ки боре дар салиб маслуб шуда буд, Қурбонии фидиягузорандаест барои гуноҳҳои ҳамаи нафарони дар тамоми асрҳо ба У имон дошта»118Ҳамон ҷо..MБУБ 178.1

    Ба бисёр шунавандагон чунин суханон хуш намеомаданд. Талх буд шунидани он ки зиёраткуниҳои хастакунандаи онҳо ҳеҷ маъиие надоранд. Онҳо ҳақиқатро дар бораи омурзиши ройгони гуноҳҳо ба воситаи Масеҳ дарк карда наметавонистанд. Роҳ ба сӯи биҳишт, ки Рум ба онҳо пешниҳод мекард, онҳоро комилан қонеъ мегардонду мушкилиҳои бо ҷустуҷӯи чизи беҳтаре алоқаманд бошанд, метарсонданд. Ғаму ташвиши наҷотёбии худро ба рӯҳониён ё папа бовар кардан хеле осонтар буд, назар ба он ки худ ҷониби покии қалб кӯшише кунанд.MБУБ 178.2

    Аммо одамони дигаре низ буданд, ки муждаро дар бораи кафорати гуноҳҳо ба воситаи Исои Масеҳ бо хушнудӣ қабул карданд. Расму оинҳои калисои Рум ба қалбҳо оромии дилхоҳ оварда наметавонистанд ва акнун одамон бо имон Хуни Наҷотдиҳаро чун кафорат барои гуноҳҳои худ қабул мекарданд. Онҳо ба хонаҳои худ бармегаштанд, то ки ба дигарон дар бораи нури пурқимати ба даст оварда нақл кунанд. Ҳақиқат аз деҳ ба деҳ ва аз шаҳр ба шаҳр паҳн мегардид, шумораи зиёраткунандагон ба маъбади Марями Бокира бошад хеле кам гардид. Садақакуниҳо кам шуданд, ҳамин тавр даромади худи Свинглӣ низ кам шуд. Лекин ин ӯро танҳо шод кард, зеро маънои онро дошт, ки сеҳру ҷодуи таассуб ва хурофот қувваи худро аз даст медиҳанд.MБУБ 179.1

    Сарварони Калисо оиди фаъолияти Свинглӣ хато намекарданд, вале то ба ҳол аз дахолат худдорӣ менамуданд. Умеди ба ҷониби худ ҷалб намудани ислоҳотчиро аз даст надода, онҳо кӯшиш мекарданд ӯро бо хушомадгӯӣ ба худ моил созанд. Дар ин вақт ҳақиқат ҳарчи амиқтар ба қалбҳои одамон роҳ меёфт.MБУБ 179.2

    Кори Свинглӣ дар Эйнзиделн ӯро барои фаъолияти боз ҳам васеътар, ки бояд дере нагузашта оғоз мекард, тайёр менамуд. Баъди фаъолияти сесола дар Эйнзиделн ба ӯ мансаби рӯҳониро дар калисои ҷомеъи Цюрих пешниход карданд. Ин яке аз шаҳрҳои бузурги конфедерасияи Швейсария буд ва аз ин ҷо эътибору нуфузи Свинглӣ бояд аз ҳудудҳои он хеле дур паҳн мешуд. Лекин аҳли дин, ки Свинглиро ба Цюрих даъват карда буданд, аз ҳама гуна навовариҳо ба ҳарос афтода доираи ӯхдадориҳояшро муқаррар карданд.MБУБ 179.3

    «Ту набояд ба ҳамаи он чизе ки ба зиёдшавии даромадҳои калисои ҷомеъ мусоидат мекунад, беэътиной намоӣ. Аз минбар мавъиза мекунӣ ё омурзишро қабул менамоӣ, ту бояд имондоронро дар мунтазам додани даҳяк ва садақаҳо насиҳат намоӣ, то ки онҳо ҳамин тавр муҳаббати худро нисбати Калисо исбот намоянд. Ту вазифадорӣ, ки дар зиёд намудани даромадҳо аз тақоруби беморон (маросими молидани равган ба тани бемори вазнин ё дар дами марг буда, ки гӯё ӯро ба сафари охират тайёр мекунад), иҷрои месса ва умуман аз ҳамаи фарзҳои Калисо кӯшиш намоӣ. Он чизе ки ба хӯрдани нону шароби табаррукӣ, мавъиза ва ғамхории қавм вобаста аст, - илова намуданд муаллимони ӯ, - ин ҳам ба ӯҳдадориҳои рӯҳонй дохил мешавад. Jleкин ту метавонӣ онҳоро, махсусан мавъиза карданро ба ёрдамчии худ супорӣ. Маросими хӯрдани нону шароби табаррукиро ту бояд танҳо барои шахсиятҳои машҳур ба ҷо биёрӣ, ва танҳо он замоне ки туро даъват мекунанд; ба ҳеҷ ваҷҳ лозим нест, ки ҳамаро паси ҳам нону шароби табаррукӣ хӯронӣ»119Д’Обинйе, китоби 8, боби 6..MБУБ 179.4

    Свинглӣ ин насиҳатҳоро хомӯшона гӯш карда, барои боварии дар чунин ҷои муҳим хизмат кардан миннатдорӣ намуд ва баъд нуқтаи назари худро дар бораи кори дар пеш истода баён кард. «Ҳаёти Масеҳ, — гуфт ӯ, — муддати дароз аз халқ пинҳон карда шуда буд. Ман аз рӯи Инҷили Матто мавъиза мекунам... танҳо Китоби Муқаддасро роҳнамоӣ худ намуда, ҷойҳои алоҳидаи онро муқоиса мекунам ва ҳақиқатҳои аслии онро мефаҳмонам ва дар дуои доимӣ ва оташин аз Худованд талаб мекунам, то ки ба ман хирад ато кунад. Ман танҳо барои ҷалоли Худованд ва начотёбии ҳақиқии одамон ва насиҳати онҳо дар имони ҳақиқӣ хизмат мекунам»120Ҳамон ҷо.. Ба баъзе рӯҳониён мақсадҳои Свинглӣ хуш наомаданд ва онҳо кӯшиш намуданд ӯро аз фикраш гардонанд, лекин ӯ дар фикри худ устувор монда, ҳамаи сарзанишҳоро оиди навовариҳо як тараф гузоигга, баён намуд, ки бо он усулҳое амал мекунад, ки Калисо аз қадим истифода мебурд.MБУБ 180.1

    Шавқу рағбат ба ҳақиқатҳое ки Свингли мавъиза мекард, аллакай дар дили одамон бедор шуда буд; акнун одамони зиёдтаре барои шунидани ӯ меомаданд. Хдтто нафароне меомаданд, ки дер боз барои ибодат ба калисо намеомаданд. Свинглӣ хизмати худро аз фаҳмондадиҳии Инҷил оғоз кард. У Инҷилро хонда, ҳодисаҳои рӯҳбаландкунандаи зиндагӣ ва марги Масеҳ, ва инчунин таълимоти Уро ба халқ мефаҳмонд. У дар ин ҷо низ, чун дар Эйнзиделн, Каломи Худоро чун ягона манбаи бенуқсон ва марги Масеҳро чун ягона қурбонии комил мавъиза мекард. «Шуморо танҳо ба назди Масеҳ, - гуфт ӯ, - бурдан ме- хоҳам, ба назди Масеҳ - манбаи ҳақиқии наҷот»121Ҳамон ҷо.. Дар атрофи Свинглӣ одамони табақаҳои гуногун, аз мансабдорони давлатӣ ва донишмандон оғоз намуда то ба ҳунармандону деҳқонзодаҳо ҷамъ омада буданд. Ҳама ӯро бо шавку завқи зиёд гӯш мекарданд. Ӯ на танҳо дар бораи ҳадияи наҷот сухан мегуфт, ки ба ҳама пешниҳод шудааст, балки ҷинояткориҳо ва фисқу фасоди замони худро низ далерона сарзаниш мекард. Бисёриҳо аз калисо берун баромада, Худоро ситоиш мекарданд. «Ин мард, - мегуфтанд онҳо, - мавъизачии ҳақиқат аст. Ӯ Мусои мо мешавад ва моро аз зулмоти Миср берун мебарорад».MБУБ 180.2

    Вале, Свинглӣ, ки дар ибтидо бо шавқу завқ қабул гардида буд, дере нагузашта бо муқобилият рӯ ба рӯ шуд. Роҳибон карор доданд, ки ба фаъолияти ӯ хотима диҳанд ва таълимоти ӯро маҳкум кунанд. Баъзеҳо ӯро масхара, дигарон таҳдид ва таҳқир мекарданд. Вале ӯ ба ҳамааш сабр намуда, такрор мекард: «Агар мо гунаҳгоронро ба назди Масеҳ овардан хоҳем, пас бояд ба бисёр чизҳо чашм пӯшем»122Ҳамон ҷо..MБУБ 181.1

    Маҳз дар ҳамин вақт кори Ислоҳот дастгирии ғайричашмдошт ёфт. Шахсе бо номи Лукиан як қатор асарҳои Лютерро ба Сюрих овард - ӯ аз Базел аз ҷониби нафаре фиристода шуда буд, ки ақидаҳои Ислоҳотро қабул карда буд ва фикр мекард, ки савдои ин китобҳо воситаи бузурги паҳншавии ҳақиқат гардида метавонад. «Худат хулоса барор, - навишта буд ӯ ба Свинглй, - агар фиристодаи ман шахси хирадманд бошад, пас бигзор бо китобҳои Лютер аз шаҳр ба шаҳр, аз деҳ ба деҳ ва ҳатто аз хона ба хона ба назди швейсариягиҳо биравад ва махсусан тафсири дуои Масеҳро, ки барои халоиқ навишта шудааст, паҳн намояд. Ҳар қадаре, ки одамон дар ин хусус бештар маълумот пайдо кунанд, ҳамон қадар бештар нусха фурухта мешавад»123Ҳамон ҷо.. Ҳамин тавр нури ҳақиқат ба ин мамлакат ворид шуд.MБУБ 181.2

    Вақте ки Худованд мехоҳад завлонаҳои ҷоҳилият ва хурофотро бишканад, шайтан боз ҳам фаъолтар кӯшиш мекунад, то ки одамонро ба зулмот тела диҳад ва занҷирҳои гуноҳро мустаҳкамтар гардонад. Дар он вақте ки дар мамлакатҳои гуно- гун одамоне пайдо шуданд, ки ба мардум имконияти ба воситаи Хуни Масеҳ омурзиш ёфтан ва сафед шуданро нишон медоданд, Рум бо ҷидду ҷаади нав бозори худро васеъ намуда, дар ҳамаи кишварҳои масеҳӣ ба одамон омурзиши гуноҳҳоро дар ивази пул пешниҳод мекард.MБУБ 181.3

    Ҳар як гуноҳ нархи муайяни худро дошт ва ба одамон озодии содир намудани ҷиноят дода шуда буд, фақат барои он ки хазинаи калисо пур шавад. Ҳамин тавр ду ҳаракат ба миён омад: яке омурзиши гуноҳҳоро дар ивази пул пешниҳод мекард, дигаре ба воситаи Масеҳ. Рум ба содиркунии гуноҳ иҷозат дода, онро манбаи фоидаи худ кдрор медод; ислохотчиён гуноҳро сарзаниш намуда, ба Масеҳ чун ба Қурбонии марҳамат ва Наҷотдиҳанда нишон медоданд.MБУБ 182.1

    Дар Германия савдои индулгенсия ба зиммаи иттиҳоди доминиканҳо супорида шуда буд ва дар зери роҳбарии Тесели беномус ба ҷо оварда мешуд. Дар Швейсария савдои индулгенсия аз ҷониби иттиҳоди франсисканҳо бо роҳбарии Самсон, яке аз роҳибони италиявӣ ба роҳ монда шуда буд. Самсон аллакай барои Калисо хизмати хуб карда буд, вақте ки дар Германия ва Швейсария барои хазинаи папа маблағи зиёд чамъ оварда буд. Акнун ӯ ба тамоми Швейсария сафар намуда ва таваҷҷӯҳи одамони зиёдро ба худ ҷалб карда, камбағалонро ғорат мекард ва аз сарватмандон ҳадияҳои олиҳимматона ба даст меовард. Таъсири ислоҳот ба камшавии ногаҳонии савдои индулгенсия оварда расонд, гарчанде ки он ҳанӯз ҳам давом мекард. Свинглӣ ҳанӯз дар Эйнзиделн буд. вақте ки Самсон дар шаҳри ҳамсоя бо «маҳсулоти» худ пайдо шуд. Ҳамин ки ба ислохотчӣ дар ин хусус хабар расонданд, ӯ дарҳол ба роҳ баромад, то ки ба Самсон халал расонад. Ба онҳо бо ҳам вохӯрдан муяссар нагашт, лекин Свинглӣ ниятҳои Самсонро ончунон фош кард, ки ӯ ба дигар вилоятҳои Швейсария рафтанро беҳтар донист.MБУБ 182.2

    Дар Сюрих Свинглӣ ба мукобили савдои индулгенсия далерона баромад карданро давом медод, ва вақте ки Самсон ба ин шаҳр наздик мешуд, намояндаи маъмурияти шаҳр ба ӯ маслиҳати ба шаҳр ворид нашуданро пешниҳод кард. Бо ёрии ҳилаю найрангхои гуногун ба Самсон муяссар шуд, ки иҷозати воридшавиро ба шаҳр ба даст биёрад, лекин як индулгенсия хам нафурухта, ӯ аз Сюрих пеш карда шуд, ва дере нагузашта ҳудудҳои Швейсарияро тарк кард.MБУБ 182.3

    Соли 1519, вақте ки тамоми Швейсарияро эпидемияи тоун фаро гирифт, ки онро марги сиёҳ меномиданд, Ислоҳот вусъати махсус пайдо кард. Бисёриҳо бо марг рӯ ба рӯ гардида, дарк намуданд, ки чӣ гуна ночиз ва беманфиатанд варақаҳои беарзиш барои омурзиши гуноҳҳо, ки онҳо харидорӣ намуда буданд. Қалбҳо барои имони худ ташнаи таҳкурсии устуворе буданд. Свинглӣ аз ин бемории дахшатнок дар канор намонд. Ҳолати ӯ ончунон вазнин ва чоранопазир буд, ки дар хусуси марги ӯ овозаҳо паҳн шуданд. Лекин дар соати санҷиш низ мардонагӣ ва умедворӣ ислоҳотчиро тарк накарданд. Ӯ бо имон ба салиби Масеҳ назар андӯхта, дар ҳама чиз ба қурбонии кафораткунандаи Ӯ умед баст. Аз чанголи марг раҳо ёфта ба мавъиза намудани Инҷил бо ғайрати дучанд камар баст, суханони ӯ бо қувваи ғайриоддӣ садо медоданд. Одамон муаллими дӯстдоштаи худро, ки аз марг раҳо ёфта буд, бо хурсандӣ пешвоз мегирифтанд. Онҳо беморонро нигоҳубин ва дар ҳаққи беморони мурдаистода гамхорй намуда, арзиши Инҷилро хубтар дарк мекарданд.MБУБ 183.1

    Свинглӣ Китоби Муқаддасро омӯхта, хақиқати дар он ҷойдоштаро амиқтар дарк намуд ва кувваи тачдидсозандаи ин ҳақиқатро бо пуррагии бештар аз cap гузаронд. Гунаҳгоршавии одам ва нақшаи наҷот - ана мавзӯъҳое, ки ӯ ҳамеша ба онҳо рӯ меовард. «Дар Одам, - мегуфт ӯ, - ҳамаи мо ба пастфитратӣ ва сарзаниш маҳкум шуда, дар зери бори гарони бадкирдориҳои худ мемирем». «Масеҳ... барои мо кафорати абадиро муҳайё сохт... Азобҳои Ӯ... ин қурбонии ҷовидонаест, ки барои шифобахшии қалбҳо оварда шудааст ва адлу адолати Илоҳиро нисбати ҳамаи нафароне қонеъ мегардонад, ки бо имони қавӣ ва устувор ба он умед мебанданд». Дар баробари ин Свинглӣ қайд мекард, ки файзи Худо ба одамон озодии содир намудани гуноҳро намедиҳад: «Дар он ҷое ки ба Худо имон доранд, дар он ҷо Худо низ ҳузур дорад; дар он ҷое ки Худованд ҳузур дорад, дар он ҷо хоҳиши зиёди иҷрои амалҳои нек вуҷуд дорад»124Д’Обинйе, китоби 8, боби 9..MБУБ 183.2

    Шавқу завқ ба мавъизаҳои Свинглӣ ончунон зиёд буд, ки калисои калон ҳамаи хоҳишмандонро ғунҷонда наметавонист. У ҳақиқатро ба одамон оҳиста-оҳиста, то ба он андозае, ки онҳо аз худ карда метавонистанд, ошкор мекард. Дар ибтидо ба он диққати махсус медод, то масъалҳоеро, ки метавонистанд тарсу воҳимаро ба миён биёранд ва хурофотро барангезанд, баён накунад. Ба ҳақиқати Масех моил намудани қалбхо; бо муҳаббати Ӯ нарм ва бо намунаи У рӯҳбаланд намудани онҳо, ана аз ҳамин иборат буд вазифаи ӯ. Ва ҳамин ки одамон принсипҳои Инҷилро қабул мекарданд, он гох ҳамаи хурофотҳо ва тарсу воҳимаҳо худ аз худ нест мешуданд.MБУБ 184.1

    Ақидаҳои Ислоҳот охиста-оҳиста дар қалби сокинони Сюрих ҷой гирифтанд. Душманони ба изтироб омада муттаҳид шуданд, то ки зарбаи қатъӣ зананд. Аз он замоне ки дар Вормс рохиби виттенбергй ба папа ва император «не» гуфт, як сол гузашт, ва акнун дар Сюрих ҳама барои ба даъвоҳои папа муқобилият нишон додан тайёр буданд. Ҳамлаҳо ба Свинглӣ хотима намеёфтанд. Дар қисмҳои маъмурии папа хар сари чанд вақт пайравони Инҷилро дар гулханҳо месӯзонданд, лекин ин ҳам басанда набуд: Свинглиро ба хомӯш мондан маҷбур намудан лозим буд. Усқуфи Констанс ба шӯрои Сюрих се намоянда фиристод, ки Свинглиро дар паҳн намудани таълимоте гунаҳгор мекарданд, ки гӯё мардумро барои вайрон кардани қонунҳои калисо ба иғво меандозанд ва бо ҳамин роҳ оромию некӯаҳволии тамоми ҷамъиятро зери хатар мегузоранд. «Агар эътибору нуфузи Калисо паст гардад. - гуфта мешуд, дар давомаш, - он гоҳ ин ба беҳокимиятии пурра оварда мерасонад». Свинглӣ қайд кард, ки дар давоми чор сол ӯ Инҷилро дар Сюрих мавъиза карда буд, «ки яке аз шаҳрҳои аз ҳама орому осудаи конфедерация гардидааст». «Магар аз ин маълум намешавад, ки Инҷил беҳтарин кафолати бехатарии умумист?» 125Уайлӣ , китоби 8, боби 11..MБУБ 184.2

    Намояндагони усс қуф аъзоёни шӯроро бовар мекунонданд, ки бе Калисо ҳеҷ кас наҷот ёфта наметавонад. Свин- гл ба ин чунин ҷавоб дод: «Бигзор ин гунаҳгоркунй шуморо баҳарос наорад. Таҳкурсии Калисо - Ҳамон Сахра ва Ҳамон Масеҳ аст, ки Шимъӯнро Петрус номид, зеро ки ӯ Масеҳро ошкоро пайравӣ кард. Дар тамоми қавмҳо, ҳар як нафаре ки аз таҳти дил ба Исо имон меоварад, Худо ӯро қабул мекунад. Ва Калисо аз чунин одамон ташкил ёфтааст, ки бе он наҷот нест»126Д’Обинйе, китоби 8, боби 11.. Ва дар охири ин ҷамъомад яке аз намояндагони ускуф ақидаҳои ислоҳотро қабул кард.MБУБ 184.3

    Шӯро аз қабул намудани ҳама гуна чораҳо ба муқобили Свинглй даст кашид ва Рум ба ҳамлаи навбатӣ тайёрӣ дид. Аз мақсадҳои душманони худ огоҳ гардида, ислоҳотчӣ чунин гуфт: «Бигзор онҳо кори худро иҷро кунанд, ман аз онҳо ончуноне метарсам, ки дар лаби баҳр аз мавҷҳои ба он бархӯранда, тарс дорад»127Уайлӣ , китоби 8, боби 11.. Кӯшишҳои намояндагони папа танҳо ба авҷгирии он коре мусоидат намуданд, ки онҳо ба муқобилаш мубориза мебурданд. Ҳақиқат паҳн мегашт. Дар Германия пайравони ҳақиқат, ки аз ғайбзании Лютер ғамгин шуда буданд, аз нав рӯҳбаланд гардиданд, вақге ки муваффақияти муждаи Инчилро дар Швейсария шуниданд.MБУБ 185.1

    Ба андозаи паҳншавии ақидаҳои Ислоҳот дар Сюрих, дар зиндагии одамон дигаргуниҳои чашмрас ба миён омаданд: шумораи ҷиноятҳо кам шуданд ва дар ҷамъият тартиботу оромй хукмрон гаштанд. «Дар шаҳри мо сулх ҳукмрон гашт, - навишта буд Свингли, - дар ин ҷо ҷанҷол, дурӯягӣ, ҳасад ва низоъ нест. Аз куҷо метавонад ризоияте монанди ин ба миён биёяд, ҷуз аз Худованд ва таълимоти мо, ки ба мо самари сулҳ ва парҳезгориро ҳадия мекунад?» 128Ҳамон ҷо, боби 15..MБУБ 185.2

    Ғалабаҳои Ислоҳот пайравони папаро маҷбур намуданд, ки барои нест кардани он қувва ва бераҳмии боз ҳам зиёдгарро истифода баранд. Аз таъқиботи Лютер ва ҷонибдорони ӯ дар Германия ба натиҷаҳои кам муваффақ гардидани худро дида, онҳо қарор доданд ислохотчиёнро бо яроқи худашон мағлуб созанд. Қарор дода шуд, ки мунозирае барпо намоянд ва ба он Свинглиро даъват намуда, бо интихоби дурусти макони барпокунй ва ҳайати доварон пешакӣ ғалабаи пайравони папаро дар ин мунозира таъмин намоянд. Агар ба онҳо фирефтаи худ намудани Свинглӣ муяссар гардад - он гоҳ ӯро аз даст намедиҳанд. Намояндагони папа чунин фикр мекарданд, ки агар ба хомӯш мондан маҷбур намудани Свинглй муяссар гардад, он гох ин ҳаракат шикаст мехӯрад. Вале ин нияти худро бодиққатона пинҳон мекарданд.MБУБ 185.3

    Макони барпокунии мунозира Баден таъйин гардид, аммо Свинглӣ ба он ташриф наёвард. Шӯрои шаҳри Сюрих мақсадҳои маккоронаи пайравони папаро пай бурда ва гулханҳоеро, ки намояндагони папа дар онхо муждарасонхои Инҷилро дар қисмҳои маъмурии худ ба оташ медоданд дар хотир нигоҳ дошта, ба рӯхонии худ нагузоштанд, ки ҷонашро зери хатар гузорад. У барои дар Сюрнх бо дилхоҳ намояндаи Рум вохӯрдан омода буд, лекин рафтан ба Баден, ки навакак он ҷо хуни азиятдидагон барои хакикат рехта буд, маънои ба доми марги ногузир қадам гузоштанро дошт. Манфиатхои Ислоҳотро Эколампадиус ва Хаммер ҳимоя мекарданд, аҳли дини Румро бошад доктори машҳур Экк бо микдори зиёди донишмандон ва прелатҳо намояндагӣ мекарданд.MБУБ 186.1

    Гарчанде ки Свинглӣ дар мунозира иштирок намекард, лекин таъсиру нуфузи ӯ эҳсос карда мешуд. Намояндагони папа котибонро худ таъйин намуданд, ба ҳамаи дигарон бо таҳдиди марг навиштани рафти мунозираро манъ карда буданд. Вале, сарви назар аз ин, Свинглӣ хар рӯз маълумоти аниқро аз ҳодисаҳои Баден пайдо мекард. Яке аз донишҷӯёни дар мунозира ҳузурдошта, ҳар бегоҳ ҳамаи далелҳои ҳарду чонибро навишта мегирифт. Ду донишҷӯи дигар ин қайдхо ва мактубҳои Эколампадиусро ба Сюрих мерасонданд. Дар номаҳои ҷавоби ислоҳотчӣ маслиҳатҳо ва хоҳишҳои худро баён мекард. Ҷавобҳоро ӯ шабона менавишт, субҳгоҳон бошад донишчӯн ба Баден бармегаштанд. Барои он ки аз ҷониби посбонони дар назди дарвозаи шаҳр истода гумонбар нашаванд, дар болои сари худ сабадро бо паррандаҳҳои хонагӣ гирифта бе ягон монеа ба шаҳр ворид мешуданд.MБУБ 186.2

    Свинглӣ бо душманони маккори худ ҳамин тавр мубориза мебурд. «Ҳангоми шабзиндадориҳо ба андеша фурӯ рафта ва ба Баден нома фиристода, - навишта буд Миконий, - ӯ кори зиёдтареро ба ҷо овард, назар ба он ки шахсан бо душманонаш баҳсу мунозира мекард»129 Д’Обинйе, китоби 11, боби 13..MБУБ 186.3

    Намояндагони папа ғалабаи наздикшавандаро пешакӣ тантана намуда, ба Баден бо либосҳои бокарруфари бо ҷавоҳиротҳо орододашуда ворид шуданд. Худро бо шукӯҳу ҳашамат иҳота намуда, ғизоҳои болатофат истеъмол мекарданд ва шаробҳои маҳин нӯшида, бори вазнини ӯҳдадориҳои диниро бо зиёфатҳо ва айшу ишратҳои гуногун сабук мегардонданд. Чӣ гуна ба онҳо монанд набуданд ислоҳотчиёне, ки дар чашмони халқ аз камбизоатон начандон фарқ мекарданд! Истеъмоли хӯроки оддӣ вақти ками онҳоро мегирифт. Соҳиби хонае, ки Эколампадиус дар он ҷой гирифта буд, ба ҳуҷраи ӯ назар андохта, ҳамеша ӯро дар мутолиа ва дуо медид. Ӯ сахт дар ҳайрат монда, маҷбур шуд эътироф кунад: «ки ин бидъаткор хеле марди парҳезгор будааст».MБУБ 187.1

    Ҳангоми мунозира «Экки мағрур ба минбари боҳашамат орододашуда баромад, дар он вақте ки Эколампадиусӣ фурӯтан бо либоси фақирона дар тан, ҷои дар муқобили ҳарифаш барои ӯ муайяншударо дар нимкати начандон хуб тарошидашуда ишғол кард»130Ҳамон ҷо.. Садои баланд ва худбоварии беинтиҳо ҳеҷ гоҳ ба Экк хиёнат накарда буданд. Ҷилои тилло ва шӯҳрат бошад ӯро боз ҳам рӯҳбаланд мегардонданд - охир ба ҳомии имони католикӣ мукофотӣ калоне ваъда дода шуда буд. Вақте ки дар охир сели далелҳои бо фасоҳат анҷом ёфт, ӯ ба ҳақоратҳо ва лаънатхониҳо гузашт.MБУБ 187.2

    Эколампадиуси фурӯтан, ки ба қувваи худ умед намебаст аз баҳс худдорҳӣ намуда, сухани худро аз даъвати ботантана оғоз кард: «Ман ҳеҷ гуна дигар меъёреро, ба ҷуз Каломи Худо эътироф намекунам»131Ҳамон ҷо.. Гарчанде ки ӯ боадабона ва меҳрубонона сухан мегуфт, бо вуҷуди ин дар суханронии ӯ иродаи қавй ва ақли закӣ намоён буданд. Дар он вақте ки аҳли дини Рум аз рӯи одати худ ба нуфузу эътибори уруфу одат ва ривоятҳои Калисо муроҷиат мекарданд, ислоҳотчӣ ба таври қатъӣ аз рӯи Китоби Муқаддас амал мекард. «Анъана, - гуфт ӯ, - дар Швейса- рия эътибор надорад, агар дар конституция қонунӣ нашуда бошад; лекин он чи ба масъалахои имон вобаста аст, пас дар ин сурат конституцияи мо Китоби Муқаддас аст»132Ҳамон ҷо..MБУБ 187.3

    Фарқияти чашмрас миёни иштирокчиёни мунозира номаълум намонд. Далелҳои равшану аниқи ислоҳотчӣ, ки бо меҳрубонӣ ва худдорӣ баён шуда буданд, ба он оварда расонданд, ки халқ бо нафрат аз гуфтори худситоёна ва ғазабноки Экк рӯ гардонданд.MБУБ 188.1

    Мунозира ҳаждаҳ рӯз давом кард. Баъди анҷоми он намояндагони папа худписандона худро ғолиб эълон карданд. Шумораи зиёди намояндагон Румро дастгирӣ карданд, ва сейм ислоҳотчиёнро маглубшуда эътироф намуда, қарор дод, ки онҳо дар якҷоягй бо Свинглӣ аз Калисо пеш карда мешаванд. Лекин баъд маълум шуд, ки кадоме аз ҷонибхо ғолибият ба даст овардааст. Мунозира дар Баден такони сахти оуд дар паҳншавии протестантизм ва бо гузашти кӯтоҳтарин муддат чунин шаҳрҳои бузург, ба монанди Базел ва Берн Ислоҳотро ҷонибдорӣ карданд.MБУБ 188.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents