Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First

    Боби 21. - ОГОҲИИ РАДШУДА

    Уилям Миллер ва ҳамфикрони ӯ муждаи Дуюмбора омадани Масеҳро танҳо бо як мақсад - тайёр намудани одамон ба рӯзи доварӣ, мавъиза мекарданд. Онҳо инчунин кӯшиш мекарданд масеҳиёнро аз хоби ғафлат бедор созанд, таваҷҷӯхи онҳоро ба умеди аслӣ ҷалб намоянд, ба онҳо дар сарфаҳм рафтан ба беҳамтоии таҷрибаи амиқи зиндагии масеҳиёна кӯмак кунанд ва албатта барои беимонҳо хаста нашуда заҳмат мекашиданд, то ки ба онҳо дар дарк намудани муҳимията тавба ва ба Худо имон овардан ёрӣ расонанд. «Онҳо барои одамонро ба ягон мазҳаби нав ё ҳизб дохил шудан ташвиқот намекарданд, балки дар миёни хамаи мазҳабҳо ва гурӯҳҳо заҳмат кашида, ба масъалаҳои интизомӣ ва ташкилотии онҳо дахолат намекарданд».MБУБ 396.1

    «Заҳматҳои ман, - гуфта буд Миллер, - ҳеҷ гоҳ ба он равона нашуда буданд, то ки ягон мазҳаби нав ташкил диҳам ё як мазҳабро баланд бардорам ва ба дигаре зарар расонам. Ман танҳо як мақсад доштам: ба ҳама манфиат овардан. Ман фикр мекардам, ки ҳамаи масеҳиёнро умеди вохӯрии наздикшаванда бо Масеҳ хушҳол мегардонад, ва онҳое ки фикрҳои маро дастгирӣ намекунанд, нафаронеро, ки ҳақиқатро кабул кардаанд, аз пештара дида камтар дӯст нахоҳанд дошт, дар сари ман ҳатто фикре пайдо нашуд, ки зарурати ташкил намудани ҷамъомадҳои алоҳида пеш меояд. Ман як мақсад доштам - ба одамон барои ба Худо рӯ овардан кӯмак расондан, ҷаҳонро аз фарорасии доварӣ хабар додан ва наздиконро бовар кунондан, то ки қалбҳои худро барои вохӯрӣ бо Худованд тайёр кунанд. Бисёр одамоне ки ба шарофати заҳматҳои ман имон оварданд ба калисоҳои гуногуни амалкунанда ҳамроҳ шуданд»315Блисс, саҳ. 328..MБУБ 396.2

    Якчанд вақт ба заҳматҳои Миллер муносибати хайрхоҳона менамуданд, зеро ки онҳо ба афзоишёбии аъзоёни калисоҳо мусоидат мекарданд. Лекин азбаски рӯҳониён ва пешвоёни дин таълимоти адвентистҳоро рад карда буданд ва ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ менамуданд, то ки шавқу ҳавасро ба он пахш кунанд, онҳо на танқо ин таълимотро аз минбар бадгӯӣ мекарданд, балки ба аъзоёни калисо рафтан ба ҷамъомадҳоеро, ки дар онҳо муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ мавъиза карда мешуд, ва ҳатто дар ибодатҳои ҷамоатӣ аз ин умед ёдрасшавиро манъ мекарданд. Ҳамин тавр имондорон дар вазъияти мушкил карор гирифтанд. Онҳо, ки ба калисоҳои худ содиқ буданд, намехостанд аз ин калисоҳо ҷудо шаванд, лекин вақте диданд, ки шаҳодатҳои Каломи Худоро аз онҳо чӣ гуна пинҳон мекунанд, чӣ гуна андешарониро оиди пешгӯиҳои пайғамбарона барои онҳо манъ мекунанд, он гоҳ фаҳмиданд, ки садоқат ба Худо бо ин талаботҳо номувофиқ аст. Дигар наметавонистанд нафаронеро Калисои Масеҳ «рукн ва бунёди ҳақиқат» шуморанд, ки кӯшиши бартараф намудани шаҳодати Каломи Худоро мекарданд. Онҳо роҳи дигари халосиро намедиданд, ҷуз аз калисоҳои худ рафтанро. Ва тобистони соли 1844 қдриб 50 ҳазор имондорон калисоҳои худро тарк карданд.MБУБ 396.3

    Дар ин вақт дар аксарияти калисоҳои Иёлоти Муттаҳида дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Дар давоми солҳои зиёд пастравии тадриҷӣ, лекин устувор ҷониби урфу одат ва анъанаҳои дунявӣ ба чашм мерасид, ки аз паси худ пастравии маънавиётро оварданд, лекин соли 1844 дар ҳама калисоҳои мамлакат пастравии ногаҳонӣ ва якбора ба амал омад. Гарчанде ки ҳеҷ кас сабаби инро фаҳмонда наметавонист, ба ҳар ҳол ин ҳақиқат ончунон равшан буд, ки матбуот ва Калисо онро ба таври васеъ шарҳ медоданд.MБУБ 397.1

    Дар ҷамъомади пресвитерианҳо дар Филаделфия Бернс, муаллифи тафсири хеле машхур, рӯҳонии яке аз калисоҳои асосии шаҳр гуфт, ки «ӯ аллакай дар калисо муддати бист сол хизмат мекунад ва то охирин Шоми Худованд чунин рӯй надода буд, ки ҳангоми иҷрои маросими хӯрдани нону шарбати ангур ба калисо нафарони нав имоноварда ҳамроҳ нашаванд. Ҳоло бошад на рӯҳан маърифатнокшавӣ асту на имоноварӣ; аъзоёни калисо аз файзи Худо рӯҳбаланд намешаванд, ва ҳеҷ кас ба утоқи кории ӯ намедарояд, то ки дар бораи наҷоти худ сӯҳбат кунад. Бо инкишофи соҳибкорӣ, савдо ва истеҳсолот пастравии маънавиёт ба чашм мерасад. Чунин вазъият дар ҳамаи мазҳабҳо дида мешавад»316«Маҷаллаи ҷамоат», 23 майи соли 1844..MБУБ 397.2

    Дар моҳи феврали ҳамон сол профессори коллеҷи Оберлин Финней гуфта буд: «Мо маҷбурем иқрор шавем, ки умуман калисоҳои протестантӣ дар мамлакати мо ба ҳамаи ислоҳотҳои маънавӣ, ки дар ин садсола мегузаранд, ё бепарвоӣ нишон доданд ё душманӣ. Истисноҳои алоҳида ҷой доранд, лекин онҳо ончунон камшуморанд, ки мо метавонем аз як ҳақиқати бешубҳа харф занем: калисохо дар ҳолати карахти қарор доранд, дар ҳама ҷо рӯҳафтодагии маънавии он қадар даҳшатовар ҳукмрон аст, ки дар ин бора матбуоти динӣ дар тамоми мамлакат шаҳодат медиҳад. Аъзоёни Калисо ҳарчи бештар асирони мӯд мегарданд, дар айшу ишратҳои гунаҳгорона, рақсҳо ва тантанаҳо иштирок мекунанд... Ҳочати ба тафсилот дода шудан нест, ҳақиқатҳо аз худ шаҳодат медиҳанд, ва ҳамаи ин чун бори вазнине бар дӯши мо афтодааст, вақте мо мебинем, ки калисоҳо дар пеши чашмонамон вайрон мешаванд. Онҳо аз Худованд дур шуданд, ва Ӯ аз онҳо дур шуд».MБУБ 398.1

    Як нависанда дар маҷаллаи «Телескопи рӯҳонӣ» навишта буд: «Мо ҳеҷ гоҳ шоҳиди чунин пастравии маънавиёт, чун дар замони мо, набудем. Дар ҳақиқат калисо бояд бедор шавад ва сабаби ин бадбахтиро ҷустуҷӯ намояд, зеро ки ҳар як нафаре ки Сионро дӯст медорад, метавонад ба ин танҳо чун ба бадбахтӣ муносибат кунад. Камшумории одамони сидқан имоновардаро бо дағалии гӯшношунид ва сангдилии гунаҳгорони ислохдашаванда муқоиса намуда, мо ғайриихтиёр нидо мекунем: «Магар Худо афв карданро фаромӯш кардааст? Наход дари файз пӯшида шуда бошад?»»MБУБ 398.2

    To ба ин ҳолат рафта расидани Калисо, бо якчанд сабаб фаҳмонда мешавад. Торикии рӯҳонӣ на аз барои он бар сари халқҳо, калисоҳо ва шахсони алоҳида тира мегардад, ки Худо бо майли Худ онҳоро аз файзи осмонӣ маҳрум мекунад, - он натиҷаи беэҳтиромӣ ё ҳатто радкунии нури Илоҳӣ аст. Мисоли ҳайратангезе, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад - таърихи қавми яҳудӣ дар замони Масеҳ аст. Саргарми ташвишҳои дунявӣ гардида, онҳо Худо ва Каломи Ӯро фаромӯш карданд; ақлҳои онҳо тира гашт, серташвиш шуданд, ва дар қалбҳои онҳо танҳо барои ҳавасҳои заминӣ ҷой монд. Бинобар ин оиди омадани Масеҳ дар ҷаҳолат монданд, ва - дар ҳавобаландию нобоварии худ - Наҷотдиҳандаро рад карданд, Лекин он вақт низ Худо миллати яҳудро дар торикӣ намонд ва аз ҳуқуқи наҷотёбӣ маҳрум накард. Вале нафароне ки ҳақиқатро рад карда буданд, ҳама гуна хоҳиши қабул намудани ҳадияи осмониро аз даст доданд. Онҳо «торикиро рӯшноӣ ва рӯшноиро - торикӣ номиданд», то замоне ки нури дар қалби онҳо ҷойгирифта, ба торикӣ табдил ёфт. Чӣ гуна торикистон буд ин зулмот!MБУБ 398.3

    Шайтон ҳамеша маҳз ҳамин гуна мақсадро пайгирӣ мекунад - одамонро маҷбур менамояд, ки танҳо зоҳирпарастии диниро риоя намуда, парҳезгории амалиро фаромӯш созанд. Яҳудиён Инҷилро рад намуда, маросимҳои қадимаро боэҳтимом ба ҷо меоварданд ва махсусияти миллии худро бо ҷидцият муҳофизат менамуданд ва дар баробари ин иқрор нашуда наметавонистанд, ки Худо аз онҳо рӯ гардондааст. Пешгӯиҳои Дониёл пайғамбар ба замони омадани Масеҳ чунон бехато ишора мекарданд ва аз марги Ӯ чунон кушоду равшан шаҳодат медоданд, ки яҳудиён ба ҳар роҳ кӯшиш мекарданд шавқу ҳавасро ба омӯзиши ин пешгӯиҳо паст зананд, ва дар охир муаллимони дин ба лаънатхонии нафароне шурӯъ намуданд, ки кӯшиши муайян намудани ин вақтро мекарданд. Қавми Исроил дар нобиноӣ ва бетавбагии худ дар давоми ҳамаи асрҳои минбаъда ба наҷоти бо меҳрубонӣ пешниҳодгардида дилсард монда, ба баракатҳои Инҷил ва ба огоҳиҳои пуртантана ва даҳшатнок ба ҳамаи онҳое ки нури осмониро рад мекунанд, ҳеҷ диққат намедод.MБУБ 399.1

    Дар он ҷое ки дилсардии ба ин монанд вуҷуд дорад, меваҳои муносиб низ пухта мерасанд. Он нафаре ки дидаю дониста амри виҷдони худро танҳо аз барои он пахш мекунад, ки он ба майлу ҳавасҳои табиии ӯ рост намеояд, оқибат қобилияти фарқкунии ҳақиқатро аз гумроҳӣ аз даст медиҳад. Он гоҳ ақл тира мегардад, виҷдон хоб меравад, қалб сард ва рӯҳ аз Худо дур мешавад. Дар сурате ки Калисо ҳақиқати Илоҳиро бо нафрат рад мекунад, он ба зулмот ғӯта мезанад; имон ва муҳаббат сарду ҷудоӣ ва мухолифат ҳукмрон мегарданд. Вақте ки аъзоёни Калисо қувваҳои худро танҳо ба чизҳои дунявӣ равона мекунанд, гунаҳгорон дар бетавбагии худ боз ҳам сангдилтар мешаванд.MБУБ 399.2

    Муждаи фариштаи якум аз боби 14-уми Китоби Ваҳй. ки соати доварии Худоро эълон ва одамонро ба тарсидан аз Худованд ва ба Ӯ саҷда кардан даъват мекунад, ба он равона шуда буд, то ки имондоронро аз таъсири фасодангези ҷаҳон огоҳ созад ва чашмони онҳоро ба маслакфурӯшӣ ва ҳолати ҳозираашон кушояд. Худованд бо ин мужда ба Калисо огоҳиеро фиристод, ки агар он қабул карда мешуд, тамоми бадиеро, ки онҳоро аз Худо дур намуда буд, решакан мекард. Агар онҳо муждаи осмониро қабул мекарданд, агар қалбҳои худро дар назди Худованд мутеъ мегардонданд ва барои вохӯрӣ бо Ӯ тайёрӣ медиданд, он гоҳ Рӯҳ ва қувваи Худо дар миёни онҳо ошкор мешуданд. Он гоҳ Калисо аз нав он ягонагии бобаракати имон ва муҳаббатеро, ки дар замонҳои ҳаввориён вуҷуд дошт, ба даст меовард, вақте ки имондорон «аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд» ва «Каломи Худоро далерона мегуфтанд», вақте ки «Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд » (Аъмол 4:32,31; 2:47).MБУБ 400.1

    Агар фарзандони Худо нуреро, ки аз саҳифаҳои Каломи Худованд ба онҳо ошкор мешуд, қабул мекарданд, онҳо ягонагиеро ба даст меоварданд, ки Масеҳ дар бораи он дуо мегуфту ҳавворӣ дар бораи он навишта буд: «Як бадан ҳаст ва як рӯҳ, чунон ки шумо низ бо як умеди муайян даъват шудаед; як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид» (Ефсусиён 4:4,5).MБУБ 400.2

    Нафароне ки муждаи адвентистиро қабул карданд, маҳз ҳамин гуна баракатҳои бузургро ба даст оварданд. Онҳо аз калисоҳои гуногун берун омаданд, лекин монеаҳое ки пеш онҳоро ҷудо мекарданд бартараф карда шуданд, зиддиятҳо дар масъалаҳои имон ба хок яксон шуданд; умеди беасос ба под- шоҳии ҳазорсолаи заминӣ дастгирӣ наёфт; тасаввуротҳои нодуруст дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ аз миён бардошта шуданд; ҳавобаландӣ ва ҳавасҳои дуньявӣ бартараф карда шуданд; ранҷишҳо - бахшида шуданд; қалбҳо дар сӯҳбати хуш муттаҳид гардиданд, ва дар миёни одамон муҳаббат ва хурсандӣ ҳукмрон гашт. Агар ба шарофати ин таълимот дар шумораи ками нафароне ки онро қабул карда буданд, чунин дигаргуниҳо ба амал омада бошанд, дигарон низ айнан ҳамин тавр дигаргун мешуданд, агар онро қабул мекарданд.MБУБ 400.3

    Вале калисоҳо ба куллӣ ин огоҳиро қабул накарданд. Рӯҳониёни онҳо ки чун «посбонони хонадони Исроил», бояд аввалин шуда аломатҳои омадани Масеҳро сарфаҳм мерафтанд, на шаҳодатҳои пайгамбаронро диданд, на аломатҳои замонро. Умедҳои заминӣ ва кӯшишҳои шӯхратпарастӣ қалбҳои онҳоро пур карда буданд, муҳаббат ба Худо ва имон ба Каломи Ӯ сард гаштанд, ва вақте ки онҳо муждаи Дуюмбора омадани Масеҳро шуниданд, ин дар онҳо нобоварӣ ва хурофотҳоро зиёдтар бедор намуд. Азбаски ҳақиқати адвентистӣ асосан аз ҷониби одамони одцие мавъиза карда мешуд, ки маълумоти илоҳиётшиносӣ надоштанд, бинобар ин онро ба таври лозимӣ гӯш намекарданд. Чун дар замонҳои пеш, ба шаҳодатҳои равшани Каломи Худо бо ин савол ҷавоб медоданд: «Нафаре аз сарварон ва фарисиён имон овардааст?» Ва бисёриҳо дар амал ба осон набудани рад намудани далелҳои дар давраҳои пайғамбарона асосёфта боварӣ ҳосил намуда ва хоҳиши омӯзиши амиқӣ пешгӯиҳои пайғамбаронаро надошта, бовар мекунонданд, ки гӯё пешгӯиҳои пайғамбарон мӯҳр зада шудаанд, ва фаҳмидани онҳо номумкин аст. Бисёриҳо ба рӯҳониёни худ кӯркӯрона бовар намуда, огоҳиҳоро гӯш кардан намехостанд, дигарон, гарчанде ки ба ҳақиқат боварӣ ҳосил мекарданд, лекин аз тарси он ки «аз каниса ронда мешаванд» ҷуръат намекарданд инро ошкоро эътироф кунанд. Муждаи аз ҷониби Худованд барои санҷиш ва тозакунии Калисо фиристодашуда нишон дод, ки чӣ гуна бузург аст шумораи онҳое ки ҷаҳонро аз Масеҳ бештар дӯст доиггаанд. Риштаҳое, ки онҳоро бо ҷаҳон пайваста буданд, аз майлу ҳавас ба Осмон пурқуваттар баромаданд. Онҳо барои худ хиради ин ҷаҳонро қабул карданд ва муждаи ҳақиқатеро, ки қалбҳоро санҷиш мекард, рад намуданд.MБУБ 401.1

    Огоҳии фариштаи якумро қабул кардан нахоста, одамон бо ин амал он воситаҳоеро рад намуданд, ки аз ҷониби Осмон барои ислоҳсозии онҳо таъйин шуда буданд. Шоҳиди Амин мехост аз зиндагии онҳо ҳамаи он чизеро дур намояд, ки онҳоро аз Худованд ҷудо месохт, вале онҳо аз Худо бо нафрат рӯ гардонда, бо ҷидцу ҷаҳди зиёдтар ба ҷустуҷӯи иттифоқ ва дӯстӣ бо ҷаҳон камар бастанд. Ана дар куҷо буд сабаби он ҳолати даҳшатовари дунёишавӣ, маслакфурӯшӣ ва марги рӯҳонӣ, ки калисоҳо соли 1844 дар он қарор доштанд.MБУБ 402.1

    Дар боби 14-уми Китоби Ваҳй мо мехонем, ки аз паси фарипггаи якум, фариштаи дуюм бо чунин суханон меояд: «Бобил, шаҳри бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид». Калимаи «Бобил» маънои «парешонӣ», «бетартибӣ»-ро дорад. Дар Китоби Муқаддас бо ин калима ҳамагуна гумроҳиҳо ва маслакфурӯширо ифода мекунанд. Дар боби 17-уми Китоби Ваҳй Бобил дар намуди зан нишон дода шудааст - ин рамз дар Китоби Муқаддас барои тасвири Калисо истифода мешавад: зани покдоман Калисои покро ифода мекунад, зани фосиқ - маслакфурӯшии Калисоро.MБУБ 402.2

    Муносибатҳои муқаддас ва устувори миёни Масеҳ ва Калисои Ӯ дар Китоби Муқаддас бо акди никоҳ тасвир карда мешаванд. Худованд Худро бо кавми Худ бо аҳди ботантана пайваст намуд. Ӯ ваъда дод, ки Худои ин қавм бошад, онҳо бошанд ба Ӯ ваъда доданд, ки қавми Ӯ бошанд ва танҳо ба Ӯ тааллуқ дошта бошанд. Худованд мегӯяд: «Ва туро то абад номзади Худ хоҳам гардонид, ва туро бо адолат ва инсоф ва эҳсон ва марҳамат номзади Худ хоҳам гардонид» (Ҳушаъ 2:19). Ва боз «Ман бо шумо никоҳ кардаам» (Ирмиё 3:14). Ҳавворӣ Павлус низ ҳамин рамзро дар Инҷил истифода мебарад, вакте ки ин суханонро баён мекунад: «Ман... шуморо бо марди яго- нае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям» (2 Қӯринтиён 11:2).MБУБ 402.3

    Бевафоии Калисо, вақте ки он дигар ба Масеҳ бовар намекунад ва Ӯро дӯст намедорад ва ба неъматҳои заминӣ дил мебандад, ба вайронкунии ахди никоҳ монанд карда мешавад. Гуноҳи Исроили аз Худо дуршуда, маҳз ҳамин тавр нишон дода шудааст, муҳаббати дилрабоӣ Худованд, ки онҳо онро рад намуданд, дар суханони зерин тасвир ёфтаанд: «... ва ба ту қасам хӯрдам, ва бо ту ахд бастам, мегӯяд Худованд Худо, ва ту аз они Ман шудӣ». «... ва ҳусну адоят ниҳоятдараҷа афзуда, ту сазовори шавкати подшоҳӣ гардидӣ. Ва номи ту ба сабаби ҳуснат дар миёни халқҳо шӯҳрат ёфт, зеро ки он ба хотири шавкате ки Ман ба ту бахшида будам, комил гардид... Валекин ту ба ҳусни худ таваккал намудӣ, ва аз номи худ истифода бурда, зино кардӣ». «... чуноне ки зан ба ёри худ хиёнат мекунад, ончунон шумо низ, эй хонадони Исроил, ба Ман хиёнат кардед - мегӯяд Худованд» (Қизқиёл 16:8, 13-15; Ирмиё 3:20).MБУБ 403.1

    Ҳавворӣ дар Инҷил бо ибораҳои ба ин монанд ба он имондороне муроҷиат мекунад, ки дӯстиро на бо марҳаматиХудо, балки бо ҷаҳон ҷӯё мешаванд. Ҳавворӣ Яъқуб чунин мегӯяд: «Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дунё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дунё бошад, душмани Худо мегардад» (Яъқуб 4:4)MБУБ 403.2

    Зан (Бобил), ки дар боби 17-уми Китоби Ваҳй дар хусусаш сухан меравад: «... либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, бо тилло, ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд; ва бар пешонии вай сирре навишта шуда буд: Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин». Пайғамбар чунин мегӯяд: «Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон ва аз хуни шоҳидони Исо маст аст». Ва баъд Бобил чун «шаҳри бузурге, ки бар подшоҳони замин салтанат меронад» нишон дода шудааст (Ваҳй 17: 4-6, 18).MБУБ 403.3

    Ҳокимияте ки дар давоми асрҳои зиёд подшоҳони масеҳӣ ба он итоат мекарданд - Рум аст. Қирмиз, арғувон, тилло, ҷавоҳирот ва марворид - ҳамаи ин дар рангҳои дурахшон ба мо бузургӣ ва ҳавобаланд папаи Румро нишон медиҳанд. Ва дар бораи ягон ҳокимияти дигар бо чунин ҳақгӯӣ сухан гуфтан мумкин нест, ки он « аз хуни муқаддасон маст аст»; охир маҳз Рум бо сангдилии даҳшатовар пайравони Масеҳро таъқиб мекард. Бобил низ дар гуноҳи алоқаи ғайриқонунӣ бо «подшоҳони замин» айбдор карда мешавад. Аз Худованд дур гардидаю бо бутпарастон ҳамроҳ шуда, калисои яҳудиён зинокор гардид, ва Рум низ, ки дастгириро аз ҳокимияти заминӣ меҷуст, ба ҳамин монанд фосиқ шуд ва ба махкумшавӣ низ гирифтор шудааст.MБУБ 403.4

    Бобил чун «модари фоҳишагон» тасвир ёфтааст. Дар симои ин духтарон калисоҳое дар назар дошта шудаанд, ки таълимот ва анъанаҳои онро пайравӣ мекунанд ва ба монанди он рафтор намуда, ҳақиқат ва лутфу хайрхоҳии Худоро аз барои иттифоқи ғайриқонунӣ бо ҷаҳон қурбон намуданд. Мужда аз боби 14-уми Китоби Ваҳй, ки аз фурӯ ғалтидани Бобил хабар медиҳад, ба ҷамъиятҳои диние дахл дорад, ки як замон пок буданд, лекин баъд ба роҳи фосиқона қадам ниҳоданд. Аз сабаби он ки мужда баъди аз доварӣ огоҳ намудан меояд, он бояд дар замонҳои охир мавъиза карда шавад; бинобар ин мужда на танҳо ба калисои Румӣ-католикй дахл дорад, зеро ки ин Калисо аллакай дар давоми садсолаҳои зиёд дар ҳолати гунаҳгорӣ қарор дошт. Зиёда аз ин дар боби 18-уми Китоби Ваҳй қавми Худо ба берун омадан аз Бобил даъват карда мешавад. Аз рӯи ин оят, бисёр фарзандони Худо мисли пешина дар Бобил қарор доранд. Қисми зиёди пайравони Исои Масеҳ ба кадом ҷамъиятҳои динӣ тааллӯқ доранд? Бе ягон шубҳа ба калисоҳои протестантӣ. Дар оғози Ислоҳот ин калисоҳо ба Худо ва ба ҳақиқат пайравӣ карданд, ва баракатҳои Ӯ онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Ҳатто беимонҳо низ маҷбур буданд оқибатҳои хуши қабул намудани ақидаҳои Инҷилро эътироф кунанд. Пайғамбари Исроил чунин мегӯяд: «Ва номи ту ба сабаби ҳуснат дар миёни халқҳо шӯҳрат ёфт, зеро ки он ба хотири шавкате ки Ман ба ту бахшида будам, комил гардид, мегӯяд Худованд Худо». Лекин онҳо низ аз хамон майлу ҳавасҳои фосикона ба гуноҳ афтоданд, ки дар замони худ Исроилро ба лаънат ва марг маҳкум карда буданд, - хостанд урфу одатҳои гунаҳгоронро пайравӣ кунанд ва дӯстии онҳоро ба даст биёранд. « Валекин ту ба ҳусни худ таваккал намудӣ, ва аз номи худ истифода бурда, зино кардӣ» (Ҳизқиёл 16: 14,15).MБУБ 404.1

    Бисёре аз калисоҳои протестантӣ ба Рум пайравӣ намуда, бо «подшоҳони замин» ба иттифоқи ғайриқонунӣ дохил мешаванд, - калисоҳои давлати инро корро дар мутобиқат ба ҳокимияти дунявӣ мекунанд, мазҳабҳои дигар бошанд хайрхоҳии ҷаҳонро меҷӯянд. Ва калимаи «Бобил», яъне «бесарусомонӣ», нисбати ин калисоҳо бомаврид аст. Гарчанде ҳамаи онхо тасдиқ мекунанд, ки таълимоти худро дар асоси Китоби Муқаддас баён мекунанд, дар баробари ин онҳо ба мазҳабҳои гуногуни дорои аҳкомҳои динӣ ва назарияҳои мухолифаткунанда ҷудо мешаванд.MБУБ 405.1

    Ғайр аз иттифоқ бо ҷаҳон, калисоҳои аз Рум ҷудошуда, нишонаҳои дигари онро низ мерос гирифтанд.MБУБ 405.2

    Як нависандаи католик ин тавр андеша меронад: «Агар Калисои католикӣ, муқаддасонро парастиш намуда, дар гуноҳи бутпарастӣ гунаҳгор бошад, он гоҳ духтари он, Калисои англиканӣ, ки даҳ калисои ба Марями Бокира ва танҳо як калисои ба Масеҳ бахшидашуда дорад, дар ҳамин гуноҳ айбдор аст»317Ричард Чаллонер, «Пандҳо ба католикҳо», сарсухан, саҳ. 21,22..MБУБ 405.3

    Доктор Хопкинс дар рисолаи худ бо номи «Подшоҳии 1000 сола» баён мекунад: «Ҳеҷ асосе нест барои баён намудани он ки рӯҳи зиддимасеҳ ва аъмоли он танҳо ба калисои католикӣ хос аст. Зиддимасеҳ дар калисоҳои протестантӣ, ки аз муқаддасӣ ва покии маънавӣ хеле дуранд, муваффақ аст»318Сэмюэл Хопкинс, Асарҳо, ҷилди 2, саҳ. 328..MБУБ 405.4

    Доктор Гутрй нисбати ҷудошавӣ аз калисои Рум чунин менависад: «300 сол пеш Калисои мо аз дарвозаҳои Рум бо Китоби Мукадцаси кушода дар байрақи худ ва бо шиори: «Навиштахоро биомӯзед», берун омад. Ва баъд ӯ саволи пурмаъное медиҳад: «Оё Калисои мо аз Бобил пок берун омад?» 319Томас Гутрӣ, «Инҷил дар китоби Хдзқиёл», саҳ. 327..MБУБ 405.5

    «Ба назар чунин менамояд, ки, - мегӯяд Сперҷен, - Калисои англиканӣ ба куллӣ пур аз расму оинҳо мебошад, кали- соҳои аз он ҷудошуда бошанд, дар навбати худ пур аз беимонии фалсафӣ. Он калисоҳое ки мо аз онҳо чизҳои зиёдро интизор будем, паи ҳам аз асосҳои имон дур шуданд. Ман такрор ба такрор ба он боварӣ ҳосил мекунам, ки Англия аз дарун аз лаънати бехудоие заиф гардидааст, ки ҷуръат мекунад ба минбар барояду худро масеҳият ном гирад».MБУБ 405.6

    Ин маслакфурӯшии бузург чӣ гуна оғоз ёфт? Дуршавии Калисои аввалин аз соддагии таълимоти Инҷил чӣ гуна ба амал омад? Як чавоб аст: барои он ки кабул намудани масехиятро барои бутпарастон сабук гардонад, Калисо ба истифода намудани расму оинҳои бутпарастӣ шурӯъ намуд. Ҳавворӣ Павлус дар замони худ навишта буд: «... сирри шарорат акнун амал мекунад» (2 Таслӯникиён 2:7). Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Павлус Калисо покии муқоисавиро нигоҳ медошт. Лекин «то охири садсолаи 2-юм аксарияти калисоҳо тағйир ёфтаанд: соддагии пешина аз байн рафт. ва ноаён баъди аз дунё даргузаштани шогирдони вафодор, ҷойи онхоро насли ҷавон ва нафарони нав имон оварда мегирифтанд... онҳо ҳамаи чизро бо таври худ иҷро мекарданд»320Роберт Робинсон, «Тадқиқотҳои калисоӣ», боби 6, §17, саҳ. 51.. Барои дар калисо нигоҳ доштани нафарони нав имон оварда акидахои олии масехӣ паст зада мешуданд. ва дар натича «тӯфони бутпарастӣ ба Калисо ворид шуда, бо худ урфу одат, расму оин ва бутхояшро овард»321Гавази, «Лексияҳо», саҳ 278.. Вақте ки дини масеҳӣ ҳусни тавваҷӯх ва дастгирии ҳокимияти давлатиро ба даст овард, он аз ҷониби бисёр нафароне ба таври рӯякӣ қабул карда шуд, ки танҳо зоҳиран масехӣ шуданд. дар асл «бутпарастони ҳақиқие монданд, ки пинҳонӣ ба бутҳои худ сачда мекарданд»322Ҳамон ҷо..MБУБ 406.1

    Магар худи ҳамин дар ҳар як калисое ки худро протестанӣ меномад, ба амал намеомад? Вақте ки асосгузорони ин калисоҳо, ки бо рӯҳи ҳақиқии ислохот роҳбарӣ карда мешуданд, аз дунё даргузаштанд, давомдиҳандагони кори онҳо «ҳама чизро бо тарзи худ тағйир доданд». Наслҳои ислоҳотчиён дар фурӯтанӣ, худфидоӣ ва радсозии ин ҷаҳон ба падарони худ монандӣ надоштанд, зеро имони падарони худро кӯркӯрона пайравӣ намуда, аз қабул намудани ҳама гуна ҳақиқате даст мекашиданд, ки аз доираи он чизе ки онхо аллакай медонистанд, берун мебаромад. Ҳамин тавр «соддагии пешина аз миён рафт». Селобаи дунявии ба Калисо воридшуда, ба он «урфу одат, расму оин ва бутҳои худро» овард.MБУБ 406.2

    Афсӯс! Ин дӯстии пайравони Масеҳ бо ҷаҳон, ки «душманӣ бо Худо» аст, дар замони ҳозира устувор мегардад. Калисоҳои аз ҷониби ҳама эътирофгардида дар тамоми ҷаҳон аз меъёрҳои фурӯтанӣ, худфидой, соддагӣ ва парҳезгории Китоби Муқаддас то кадом андоза дур шудаанд! Ҷон Уэслӣ дар бораи дуруст истифода бурдани маблағҳо чунин мегӯяд: «Як тангаеро ҳам барои ба шахвати чашмон ҳаловат бахшидан: барои либоси пурдабдаба ва пурарзиш ё ороишотҳои нолозим сарф накунед. Як тангаеро ҳам ба ороиши бемаънии хонаҳои худ, мебели бошукӯҳ, расмхои пурқимат, шақшақаҳои тиллогин сарф накунед. Дар ҳеҷ чиз ҳавобаландии худро навозиш ва кӯшиши сазовор шудани мадҳу ситоиш ва мафтунии одамонро накунед... To замоне ки ту танхо барои худ кӯшиш мекунӣ, одамон дар бораи ту сухани хуш мегӯянд. To замоне ки ту катон ва арғувон мепӯшӣ ва бошукӯҳ зиёфат мекунӣ, бешубҳа бисёриҳо таъми латиф, саховатмандӣ ва меҳмондӯстии туро таъриф мекунанд. Лекин таҳсини онҳоро бо чунин нархи гарон нахар. Аз таҳсини Худованд қаноатманд шудан беҳтар аст»323Уэслӣ, Асарҳо, мавъизаи 50-ум, «Истифодаи пул».. Вале дар бисёр калисоҳои замони мо ба ин насиҳат диққат намедиҳанд.MБУБ 407.1

    Бисёрихо дар ҷаҳон ин ё он динро пайравӣ мекунанд. Ҳокимон, сиёсатмадорон, қонунбаророн, донишмандон, тоҷирон барои он ба Калисо ҳамроҳ мешаванд, то ки аз эҳтиром ва боварии ҷамъият истифода баранд ва некӯаҳволии моддии худро устувор гардонанд. Онҳо худро масеҳӣ эълон намуда бо ин роҳ кӯшиши ниқобпӯш намудани мақсадҳои ношоистаи худро ниқобпӯш мекунанд. Қудрати ҷамъиятхои гуногуни динӣ дар сарватмандӣ ва таъсиру нуфузӣ чунин аъзоён асос меёбад. Дар кӯчаҳои серодам калисоҳои бошукӯҳу бодабдаба орододашуда сохта мешаванд; дар монандӣ ба ин калисоҳо аъзоёни онҳо бозебу зинат ва бо мӯд либос мепӯшанд. Ба рӯҳонии боистеъдоде ки диққати шунавандагонро ҷалб мекунаду онҳоро дилхуш мегардонад маоши зиёд дода мешавад. Аз ӯ ошкорсозии гуноҳҳоро интизор нестанд, мавъизаи ӯ бояд барои гӯши ҳар як нафар мусиқии маҳин ва оромкунанда бошад. Бо ин роҳ одамоне ки гуноҳҳояшон ба ҳама маълуманд ба рӯйхати калисоҳо дохил мегарданд ва гунохҳои онҳо бошанд дар зери ниқоби парҳезгорӣ пинҳон карда мешаванд.MБУБ 407.2

    Як рӯзноманигори намоёни гайридинӣ дар бораи муносибатҳои масеҳиёни ҳозиразамон ба ҷаҳон сухан гуфта навиштааст: «Ноаён Калисо ба рӯҳи замон тобеъ шуд ва хизмати худро ба талаботҳои замон мувофиқ гардонд. Калисо дар замони ҳозира тамоми воситаҳоро истифода мебарад, то ки динро боз ҳам ҷалбкунанда гардонад». Маҷаллаи «Индепендент»-и Ню-Йорк оиди мазҳаби методизм ин гуна мулоҳиза мекунад: «Хати ҷудокунандаи миёни одамони худотарс ва худобехабар тоза карда мешавад ва хира мегардад. Одамони боэҳтимом аз ҳар ду ҷониб тамоми чораҳоро меандешанд, то ки ҳама гуна фарқият дар рафтор ва вақгхушиҳо дар миёни онҳо бардошта шаванд. Машҳургардии дин аз ҳисоби онҳое зиёд мешавад, ки мехоҳанд аз афзалиятҳо истифода баранд, вале қарзи масеҳии худро иҷро кардан намехоҳанд».MБУБ 408.1

    Ховард Кросбӣ чунин мегӯяд: «Моро ҷиддан ба ташвиш меорад, ки Калисои Масеҳ мақсадҳои Худоро ин қадар кам амалӣ мекунад. Ба монанди он ки яҳудиён дар замони пеш бо халқҳои бутпараст алоқаи наздик барпо намуда, нисбат ба Худо ва ҳақиқатҳои Ӯ дилсард шуданд... ҳамин тавр Калисои Масеҳ дар замони мо дӯстиро бо ҷаҳони нопок ҷустуҷӯ карда, ба принсипҳои Илоҳии зиндагии парҳезгорона хиёнат мекунад ва урфу одатҳои марговари ҷамъияти худобехабарро аз худ менамояд: ин Калисо намуди парҳезгорона дошта, далелҳоро истифода мебарад ва хулосаҳое мебарорад, ки аз рӯи рӯҳи худ ба ваҳйи Худо ягонагӣ надоранд, ва дар асл бо нашъунамо дар файзи Илоҳӣ номувофиқанд»324«Масеҳии солим: муроҷиатнома ба калисо», саҳ. 141, 142..MБУБ 408.2

    Дар селоби дилхушиҳои дунявӣ чунин некӯкориҳо ба монанди худфидоӣ ва дасткашӣ аз манфиатҳо аз баҳри Масеҳ кариб аз миён рафтаанд. «Баъзе одамонеро, ки дар ҳаёти Калисо фаъолона иштирок мекунанд, дар айёми кудакӣ таълим дода буданд, ки саховатманд бошанд ва чизеро аз баҳри Масех курбон кунанд. Акнун вакте ки маблағҳо лозиманд, ҳеҷ касро ба хайр кардан даъват намудан мумкин нест. Оҳ, не! Ярмаркаҳо, намоиши расмҳо, мурофиаҳои хандаовари судӣ, зиёфатҳои бошукӯҳи саҳнабоб барпо карда мешаванд — танҳо аз барои дилхуш гардонидани бинандагон».MБУБ 408.3

    Губернатори Висконсин Уошборн 9 январи соли 1873 дар баромади ҳамасолаи худ гуфта буд: «Қонуне лозим аст, то мактабҳоеро, ки дар онҳо қартабозон тайёр карда мешаванд, маҳкам кунем. Ин бадӣ дар хама ҷо паҳн мешавад. Ҳатто калисо баъзан (албатта беихтиёр) кори шайтонро иҷро мекунад. Барномаҳои консертии хайрхоҳона ва лотереяҳо, ки баъзан бо мақсадҳои нек барпо карда мешаванд (гарчанде ки аксар вақт мақсадҳо начандон олиҳимматонаанд), ауксионҳо, пакетҳои мукофотдор ва ғайраҳо - ҳамаи ин воситаҳои ба даст овардани пул бе кӯшишҳои иловагӣ мебошанд. Лекин ҳеҷ чиз чун бе заҳмат ба даст овардани пул ба ҷавонон таъсири бад расонда наметавонад. Одамони соҳибэҳтироме, ки ба ин савдои хайрхоҳона ҷалб гардидаанд виҷдони худро бо он ором мегардонанд, ки маблағҳои ба даст омада ба мақсадҳои нек истифода мешаванд. Вале магар дар тааҷҷуб мондан лозим аст, ки ҷавонони иёлоти Висконсин ба одатҳои хатарнок он қадар майл доранд, ки ин одатҳо оқибатҳои ногузири ҳаяҷонҳои дар ин қиморбозиҳо ҳукмрон мебошанд?»MБУБ 409.1

    Қариб ҳамаи калисоҳои масеҳӣ ба ҷаҳон мувофиқат пайдо мекунанд. Роберт Аткинс дар мавъизаи худ дар Лондон саҳнаи пурдаҳшати таназзули маънавиётро, ки дар Англия ҳукмрон буд, чунин тасвир намуд: «Мавъизачиёни ҳақиқӣ аз рӯи замин нест мешаванд ва ҳеҷ кас инро ба дил намегирад. Пайравони масеҳият дар дилхоҳ калисоҳо дар замони мо саргарми зиндагии заминӣ мебошанд, ба ҷаҳон мувофиқ мегарданд, баракатҳои заминиро дӯст медоранд ва дар бобати мӯътабар будани худ ғамхорӣ мекунанд. Барои бо Масеҳ мушкилиҳоро паси cap намудан даъват шуда, онҳо ҳатто ҳангоми шунидани сарзаниши камтарин бо даҳшат рӯ мегардонанд... Дар дарҳои ҳар як калисо навишта шудааст: «Маслакфурӯшӣ, маслакфурӯшӣ», ва агар онҳо инро дарк мекарданд, он гоҳ ҳанӯз умеде боқӣ мемонд, вале - афсӯс! Онҳо бо садои баланд изҳор мекунанд: «Мо сарватмандем, амалҳои некӣ мо зиёд мешаванд, ва мо ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорем»325Китобхонаи Дуюмбора омадани Масеҳ, рисолаи № 39..MБУБ 409.2

    Бузургтарин гуноҳи Бобил дар ин аст, ки он «ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид». Ин косаи масткунандае, ки он ба ҷаҳон пешниҳод мекунад, таълимотҳои дурӯғеро тасвир менамояд, ки Бобил онҳоро дар натиҷаи алоқаҳои ғайриқонунии худ бо бузургони ин ҷаҳон аз худ кардааст. Дӯстӣ бо ҷаҳон имонро вайрон мекунад ва ин одамон дар навбати худ бо таълимотҳояшон ба ҷаҳон таъсири фасодангезе мерасонанд, ки ба далелҳои равшани Каломи Худо мухолифат мекунанд.MБУБ 410.1

    Рум Китоби Муқаддасро аз халқ пинҳон намуда, ба ҷои он ақидаҳои худро маҷбуран таълим медод. Ба шарофати Ислоҳот Каломи Худо ба одамон баргардонда шуд, вале магар калисоҳои замони мо ба одамон таълим намедиҳанд, ки ба ҷои Китобҳои Муқадцас имони худро дар асоси рамзҳои имон ва нақлу ривоятҳои Калисо барпо созанд? Чарлз Бичер дар бораи калисоҳои протестантӣ сухан гуфта. қайд кардааст: «Ҳар як сухани сахте, ки таълимотии динии онҳоро камтар маззамат кунад, онҳоро таҳқир мекунад. Онҳо низ дар ин муносибат он қадар ҳассосанд, чун падарони муқаддасе, ки далелҳоро ба муқобили эҳтироми афзоишёбандаи муқаддасон ва азиятдидагон, ки бо чунин сергайратӣ ҷорӣ мекарданд бе даҳшат шунида наметавонистанд... Мазҳабҳои протестантӣ инҷили дастони худ ва якдигарро ончунон бомувафақият бастаанд, ки акнун мавъизачӣ шудани одами оддӣ номумкин аст, агар ӯ ғайр аз Китоби Муқаддас боз ягон китоби дигарро эътироф накунад... Бинобар ин муҳобот нест гуфтани он чиз, ки нуфузи принсипҳои худро боло бардошта, онҳо хондани Китоби Муқаддасро манъ мекунанд, чуноне ки онро дар замони худ Рум манъ карда буд, гарчанде ки ин корро ниҳоят пардапӯшона иҷро мекард»326Мавъизаи «Китоби Муқаддас ҳама таълимотҳои зарурии диниро дорад», ки дар Форт-Уэйн, иёлоти Индиана, 22 феврали соли 1846 гуфта шуда буд..MБУБ 410.2

    Вақте ки мавъизачиёни вафодор Каломи Худоро мефаҳмонанд, дарҳол донишмандон ва рӯҳониёне пайдо мешаванд, ки даъвои сарфаҳм рафтани Китоби Муқаддасро мекунанд ва таълимоти ҳаққониро бидъат эълон намуда, ҷӯяндагони ҳақиқатро аз роҳ мезананд. Агар ҷаҳон аз шароби Бобил ба таври беилоч маст намебуд, он гоҳ бисёриҳо рӯ меоварданд ва ҳақиқатҳои равшану аниқи Каломи Худоро қабул мекарданд. Лекин таълимотҳои динӣ ончунон печ дар печ ва норавшананд, ки одамон намедонанд ба чӣ бовар кунанд. Гуноҳи ҷаҳони беимон дар остонаи дарвозаҳои калисо ҷой гирифтааст.MБУБ 411.1

    Муждаи фариштаи дуюм аз боби 14-уми Китоби Ваҳй аввалин маротиба тобистони соли 1844 мавъиза карда шуд, ва дар он замон он бештар ба калисохои Иёлотҳои Муттаҳида равона карда шуда буд, ки дар он ҷо таназзули босуръати маънавиёт ба чашм мерасид ва ин огоҳӣ қариб дар ҳама ҷо рад карда шуд. Вале ин муждаи фариштаи дуюм соли 1844 ба пуррагии худ нарасид. Он замон калисоҳо таназзули маънавиро чун натиҷаи дасткашии худ аз муждаи адвентистӣ аз cap гузаронданд; лекин ин таназзули охирин набуд. Рад намудани ҳақиқатҳои махсусро барои замони худ давом дода, онҳо ҳарчи бештар поёнтар меафтоданд. Вале ҳоло гуфтан мумкин нест, ки: «Бобил, шаҳри бузург фурӯ галтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид». Ҳанӯз ин корро накардааст. Рӯҳи ба ҷаҳон мувофикшавӣ ва бепарвоӣ нисбати ҳақиқатҳои санчишкунандаи замони мо мисли пешина дар калисоҳои протестантии ҳамаи мамлакатҳои масеҳӣ зинда асту устувор мегардад, ва маҳз онҳоро фариштаи дуюм бо ғазаб ва бо тантана ошкор мекунад. Вале маслакфурӯшӣ ҳанӯз ба авҷи худ нарасидааст.MБУБ 411.2

    Китоби Муқаддас мегӯяд, ки пеш аз Дуюмбора омадани Масех шайтон «...бо ҳар гуна кувват ва аломат ва мӯъҷизоти сохта, ва бо ҳар навъ васвасаи ноҳақкӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд», амал мекунад. Онҳо ба «нерӯи гумроҳкунанда» гирифтор мешаванд, «то ки ба дурӯғ имон ова- ранд» (2 Таслӯникиён 2:9-11). To замоне ки ҳамаи гуфтаҳои боло иҷро нашаванд ва калисоҳои масеҳӣ пурра бо ҷаҳон муттаҳид нагарданд, шикасти охирини Бобил ба амал намеояд. Калисоҳо оҳиста-оҳиста куллан дигаргун мешаванд ва ба таври пурра иҷрошавии он чи ки дар ояти 8-уми боби 14-уми Китоби Ваҳй пешгӯӣ шудааст - кори оянда аст.MБУБ 411.3

    Агарчи калисоҳое ки бо худ Бобилро тачассум мекунанд дар торикии рӯхӣ қарор доранд ва аз Худо дуранд, дар миёни онҳо ҳанӯз пайравони ҳақиқии Масеҳ зиёданд. Бисёрихо дар хусуси ҳақиқатҳои барои замони ҳозира таъйиншуда чизе нашунидаанд. Ин одамон дар он калисоҳое ки худ ба онҳо тааллуқ доранд, беҳуда симои Масеҳро меҷӯянд. Ва бо андозаи он ки ин калисоҳо ҳарчи бештар аз ҳақиқат дур мегарданду алокаи онҳо бо ҷаҳон зичтар мешавад, фарқияти миёни аъзоёни калисо ҳамон қадар аёнтар мегардад, ва дар охир ҷудоӣ ба миён меояд. Замоне фаро мерасад, ки нафароне ки Худовандро аз ҳама чиз бештар дӯст медоранд, бо касоне мондан намехоҳанд, «ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд, ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд» (2 Тимотиюс 3:4,5).MБУБ 412.1

    Дар боби 18-уми Китоби Ваҳй ба вақте нишон дода мешавад, ки Калисо огоҳсозии секаратаро рад намуда (ниг.Вахй 14:6-12), дар он ҳолате қарор мегирад, ки аз ҷониби фариштаи дуюм пешгӯӣ шудааст, ва он гоҳ қавми Худо, ки дар Бобил сокин аст, ба тарк намудани он даъват карда мешавад. Ин барои ҷаҳон муждаи охирин мешавад, ва он вазифаи худро иҷро мекунад. Дар он замоне ки нафароне ки «ба ҳақиқат имон наоварданд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд» (2 Таслӯникиён 2:12), дар дурӯғ ва гумроҳӣ мемонанд, нури ҳақиқат дар қалби ҳамаи онҳое медурахшад, ки мехоҳанд онро қабул кунанд ва ҳамаи фарзандони Худо, ки дар Бобил сокинанд ба даъвати: «Аз он берун оед, эй қавми Ман» ҷавоб медиҳанд (Ваҳй 18:4).MБУБ 412.2