Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First

    Боби 28. - РӮ БА РӮ БО КИТОБИ ҲАЁТ

    «Ва дидам, - мегӯяд пайғамбар Дониёл, - ки_тахтҳо барқарор гардид; ва Атиқулайём нишаста буд; либоси Ӯ мисли барф сафед, ва мӯйсари Ӯ мисли мавҷ пок буд; тахти У - шарораҳои оташ, чархҳои Ӯ - оташи сӯзон? дарёи оташ аз пеши Ӯ ҷорӣ шуда, берун меомад;... доварӣ ба муҳокима нишаст, китобҳо кушода шуд» (Дониёл 7: 9,10).MБУБ 507.1

    Ҳамин тавр ба пайғамбар рӯзи бузург ва ботантана нишон дода шуд, ки он вақт Довари тамоми замин зиндагӣ ва хислати одамонро тафтиш мекунад, то ки ба ҳар нафар «мувофиқи аъмолаш» подош диҳад. Атиқулайём Худо Падар аст. Довуд мегӯяд: «Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад, ва Ту замин ва коинотро офаридӣ, аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо» (Забур 89:3). Ӯ, Сарчашмаи ҳамаи мавҷудот, ҳам Асосгузор, ва ҳам Офарандаи ҳамаи қонунҳо, бояд дар ин доварӣ раисӣ кунад. Дар ин доварии бузург инчунин фариштагони муқаддас чун хизматгузорон ва шоҳидон ҳузур доранд. Шумораи онҳо «беҳаду ҳдсоб» аст.MБУБ 507.2

    «Ман дидам, ва инак, мисли Писари одам бар абрҳои осмон меомад, ва то Атиқулайём расид, ва ба ҳузури Ӯ наздик оварданд. Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт» (Дониёл 7:13,14). Дар ин ҷо Дуюмбора ба замин омадани Масеҳ тасвир нашудааст. Ӯ дар осмон ба назди Атиқулаём хозир мешавад, то ки салтанат, ҷалол ва малакутеро, ки ба Ӯ баъди анҷоми хизмати миёнаравона дода мешавад, ба даст биёрад. Пешгӯии пайғамбарона маҳз ба ҳамин ҳодиса ишора мекард, ки бояд дар анҷоми 2300 рӯз соли 1844 ба амал меомад, на ба Дуюмбора омадани Масеҳ. Саркоҳини бузурги мо бо ҳамрохди фариштагони муқаддас ба Қудси қудсҳо ворид мешавад ва дар он ҷо дар назди Худо карор мегирад, то ки хизмати миёнаравонаи Худро барои одамон анҷом диҳад, яъне доварии тафтишотиро ба чо биёрад ва ҳамаи нафаронеро фидиягузорӣ намояд, ки арзандаи он ҳастанд.MБУБ 507.3

    Дар хизматгузории тимсолӣ дар рӯзи бузурги покшавӣ танҳо касоне иштирок мекарданд, ки пештар бо эътирофи гуноҳ ва тавба назди Худо омада буданд ва гуноҳояшон ба воситаи хуни қурбонӣ барои гуноҳ ба таври рамзӣ ба қудсгоҳ гузаронда шуда буданд. Ҳамчунин дар рӯзи бузурги фидиягузории охирин ва доварии тафтишотӣ танҳо амалҳои онҳое тафтиш карда мешаванд, ки ба қавми Худо тааллуқ доранд. Доварӣ бар гунаҳгорон - амали дигарест ки баъдтар иҷро карда мешавад. « Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хохад буд?» (1 Петрус 4:17).MБУБ 508.1

    Қисмати одамон мувофиқи кайдҳо дар китобҳои осмонӣ ҳал карда мешавад, ки дар он ҷо номҳо ва рафторҳои хама навишта шудаанд. Ва пайғамбар Дониёл мегӯяд: «Доварӣ ба муҳокима нишаст, ва китобҳо кушода шуд». Муаллифи Китоби Ваҳй ҳамон ҳодисаро тасвир намуда, илова мекунад: «Ва китоби дигаре кушода буд, ки китоби ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар китобҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд» (Ваҳй 20:12).MБУБ 508.2

    Дар китоби ҳаёт номҳои онҳое навишта шудаанд, ки замоне ба Худо хизмат кардаанд. Исои Масеҳ ба шогирдони Худ амр карда буд: «Аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст» (Луқо 10:20). Павлус низ дар бораи ҳамкорони содиқи худ сухан мегӯяд, ки «номашон дар китоби ҳаёт аст» (Филиппиён 4:3). Дониёл ба «замони тангӣ... ки ... мисли он дида нашуда бошад» назар андӯхта, мегӯяд, ки кавми Худо - «ҳамаи онҳое ки дар китоби ҳаёт навишта шуда бошанд» озод карда мешаванд. Муаллифи Китоби Ваҳй ба мо мегӯяд, ки танҳо онҳое ба шаҳри Худо медароянд, ки номҳояшон «дар китоби ҳаёти Барра навишта шудаанд» (Ваҳй 21:17).MБУБ 508.3

    «Китоби ёддошт» дар назди Худо навишта мешавад, ва дар он амалҳои ҳамаи «тарсгарони Худованд ва азиздорандагони исми Ӯ», қайд карда мешаванд. Суханони имондори, амалҳои муҳаббати онҳо дар осмон навишта шудаанд. Пайғамбар Наҳамё инро далел оварда, мегӯяд: «Маро, эй Худои ман, барои ин ба ёд овар, ва аъмоли неки маро, ки барои хонаи Худои худ кардаам... маҳв насоз» (Наҳамё 13:14). Дар китоби ёддошти Худо ҳар як амали нек абадӣ гардонда шудааст. Дар он ҷо ҳар як санҷише ки паси cap шудааст, ҳар як бадии мағлубшуда, ҳар як сухани бо навозиш баёншуда дуруст қайд карда шудааст. Дар он ҷо ҳар як рафтори фидокорона, ҳар як дард ва азоби аз баҳри Масеҳ аз cap гузаронда қайд шудааст. Довуд мегӯяд: «Оворагардии маро Ту ба ҳисоб гирифтаӣ; ашкҳоямро дар машки Худ биандоз, - оё ин дар китоби Ту нест?» (Забур 55:9).MБУБ 508.4

    Дар он ҷо гуноҳҳои одамон низ қайд шудаанд. «Зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад» (Воиз 12:14). «Мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳанд дод». Наҷотдиҳанда мегӯяд: «Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд» (Матто 12:36,37). Дар ин солномаи бехато ҳамаи ниятҳо ва хоҳишҳои ниҳонӣ навишта шудаанд, зеро Худо «чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилро ошкор хоҳад кард» (1 Қӯринтиён 4:5). «Инак пеши Ман навишта шудааст... гуноҳҳои шумо ва гуноҳҳои падарони шумо бо якҷоягӣ» (Ишаъё 65:6,7).MБУБ 509.1

    Рафторҳои ҳар як нафар аз ҷониби Худованд тафтиш карда мешаванд ва чун рафторҳои дуруст ва нодуруст маънидод карда мешаванд. Дар китобҳои осмонӣ дар муқобили ҳар як ном бо дақиқии бузургтарин ҳар як сухани ботил, ҳар як рафтори худпарастона, ҳар як ӯхдадории иҷронашуда ва ҳар як гуноҳи ниҳонӣ, ҳатто агар он дар зери ниқоби парҳезгории қалбакӣ пинҳон карда шуда бошад ҳам, навишта мешавад. Фаришта ҳар як огоҳӣ ё фошеозии радшудаи Рӯҳулқудсро, вақти беҳуда сарфшударо, имкониятҳои аз даст додаро, таъсири нек ё бади расондаи одамро, бо ҳамаи оқибатҳояш бе таваҷҷӯҳ намемонад.MБУБ 509.2

    Шариати Худо он меъёре аст, ки бо он ба хислатҳои одамон дар доварӣ ҷазо дода мешавад. Сулаймони хирадманд мегӯяд: «Аз Худо битарс ва аҳкомҳои Ӯро риоя намо; зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард» (Воиз 12:13,14). Ҳавворӣ Яъқуб ба бародарон панд медиҳад: «Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед» (Яъқуб 2:12).MБУБ 509.3

    Онҳое ки «сазовор» ёфт мешаванд, дар эҳёи порсоён иштирок мекунанд. Исои Масеҳ гуфтааст: «Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дунё ва эҳёи мурдагон бишаванд... ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд» (Луқо 20: 35,36). Ва Ӯ бори дигар бовар мекунонад: «Ва берун хоҳанд омад - некӯкорон барои эҳёшавӣ ба ҳаёт»(Юҳанно 5:22). Порсоёни мурда танҳо баъди доварӣ, ки дар он онҳоро сазовори «эҳёшавӣ ба ҳаёт» меёбанд, зинда мешаванд. Пас, онҳо дар доварӣ, вақте ки амалҳои онҳо тафтиш ва қисмати онҳо ҳал мешавад, шахсан иштирок намекунанд.MБУБ 510.1

    Исои Масеҳ Ҳомии онҳо мешавад. Ӯ дар назди Худо барои онҳо шафо ат металабад. «Ва агар касе гунох кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст » (1 Юҳанно 2:1). «Зеро Масеҳ на ба қудсгоҳи бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудсгоҳи ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад» (Ибриён 9:24). «Ва аз ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад» (Ибриён 7:25).MБУБ 510.2

    Вақте ки дар доварӣ китобҳо кушода мешаванд, он гоҳ ҳаёти онҳое низ, ки ба Масеҳ имон доранд, аз пеши Худо мегузаранд. Шафоатгари мо аз аввалин одамони дар замин зиндагӣ карда оғоз намуда пайдарҳам аз насл ба насл мегузарад ва бо одамони зиндаи рӯи замин анҷом медиҳад. Номи ҳар як шахс хонда мешавад, ва тамоми ҳаёти ӯ бо таваҷҷӯҳи зиёд омӯхта мешавад. Нафареро қабул мекунанд, нафареро рад месозанд. Агар дар китоб гуноҳҳое ошкор шаванд, ки инсон аз онҳо тавба накардааст ва омурзиш ба даст наовардааст, он гоҳ номи чунин шахс аз китоби ҳаёт хат зада ва рӯйхати аъмоли некаш аз китоби ёддошти Худо нест карда мешавад. «Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳар ки пеши Ман гуноҳ кардааст, варо аз китоби Худ маҳв хоҳам намуд» (Хуруҷ 32:33). Ва Ҳизқиёл пайғамбар мегӯяд: «Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад...тамоми аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд» (Ҳизқиёл 18:24).MБУБ 510.3

    Ҳамаи нафароне ки аз гуноҳҳои худ самимона тавба кардаанд ва Хуни Масеҳро чун қурбонии фидиягузорандаи худ қабул намудаанд, дар китобҳои осмонӣ дар мукобили номҳои худ қайде оиди омурзида шудан доранд; азбаски онҳо шарикони порсоии Масеҳ гаштаанд ва хислати онҳо ба талаботҳои Шариати Худо мувофиқ аст, гуноҳҳои онҳо нест карда мешаванд ва онҳо сазовори ҳаёти ҷовидона мегарданд. Худованд ба воситаи пайғамбар Ишаъё чунин ваъда медиҳад: «Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро ба хотири Худам маҳв менамоям, ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард» (Ишаъё 43:25). Исои Масеҳ мегӯяд: «Касе ки ғолиб ояд, либоси сафед ба бар хоҳад кард; ва Ман номи вайро аз китоби ҳаёт пок нахоҳам кард ва номи вайро ба ҳузури Падари Худ ва ба ҳузури фариштагони Ӯ эътироф хоҳам кард». «Х,ар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард; Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард» (Ваҳй 3:5; Матто 10: 32,33).MБУБ 511.1

    Аъмоли одамон дар мурофиаҳои судии заминӣ ҳар қадар бо ҷидцият тафтиш карда шаванд ҳам, бо вуҷуди ин онҳо танҳо инъикоси заифи он таваҷҷӯҳе ҳастанд, ки бо он дар доварии осмонӣ дар назди Довари Коинот зиндагии нафароне омӯхта мешаванд, ки ба китоби ҳаёт дохил карда мешаванд. Шафоатгари Илоҳӣ барои нафароне хоҳиш мекунад, ки ба Хуни Ӯ имон оварда голиб омадаанд, то ки гуноҳҳои онҳо омурзида шаванд ва тавонанд аз нав ба Адан баргарданд, ва вақте ки ба онҳо «салтанати аввала бармегардад» (Мико 4:8), якҷоя бо Ӯ чун ворисони Ӯ сарфароз гардонда шаванд. Шайтон дар кӯшишҳои худ оиди ба васваса андохтан ва фиреб кардани инсоният умед дошт нақшаи Худоро нисбат ба одам вайрон кунад; лекин акнун Масеҳ хоҳиш мекунад, ки ин накша амалӣ шавад, мисли он ки гуноҳкоршавии насли инсон набуд. У хоҳиш мекунад, ки фарзандони Ӯ на танҳо пурра омурзида ва сафед карда шаванд, балки дар ҷалоли Ӯ шарик шаванд ва ҳуқуқи дар тахт дар паҳлӯи Ӯ нишастанро ба даст биёранд.MБУБ 511.2

    Дар он вақте ки Исои Масеҳ барои нафарони файзи Ӯро қабулкарда шафоатгарӣ мекунад, шайтон онҳоро дар назди Худо чун гунаҳгорон айбдор мекунад. Гумроҳкунандаи бузург онҳоро ба беимонӣ тела дода водор намуд, ки ба Худо умед набанданд, ба муҳаббати Ӯ беэҳтиромӣ намоянд ва Шариати Ӯро вайрон кунанд. Акнун бошад вай ба зиндагии онҳо, камбудиҳои онҳо, ба Масеҳ монанд набудани онҳо ва ба он ишора мекунад, ки онҳо Фидиягузори худро шарманда кардаанд; вай ҳамаи гуноҳҳоеро, ки худаш ин одамонро ба онҳо тела дода буд, таъкид мекунад, ва ҳуқуқи худро ба ин одамон чун ба зердастони худ баён месозад.MБУБ 512.1

    Исои Масеҳ гуноҳҳои онҳоро намебахшад, балки ба тавба ва имони онҳо ишора намуда афв кардани онҳоро хоҳиш мекунад. Ӯ дастони сӯрохшудаи Худро сӯи Худо ва фариштаҳои муқаддас дароз намуда, мегӯяд: «Ман онҳоро ба номашон шинохтаам. Ман онҳоро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам». «Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шискаста аст; дили шискаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ кард» (Забур 50:19). Ва ба айбдоркунандаи қавми Худ муроҷиат намуда, Ӯ мегӯяд: «Худованд туро, эй шайтон манъ мекунад, Худованде ки Ерусалимро баргузидааст, туро манъ мекунад» (Закарё 3:2). Масеҳ ба пайравони содиқи Худ порсоии Худро медиҳад, то ки онҳоро «ба ҳузури Худо Калисои пурҷалоле такдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин» (Эфсӯсиён 5:27). Номҳои онҳо дар китоби ҳаёт навишта шудаанд, ва дар бораи онҳо чунин навишта шудааст: «Дар либоси сафед бо Ман хоҳанд гашт, чунки онҳо сазовори ин мебошанд» (Ваҳй 3:4).MБУБ 512.2

    Бо ҳамин роҳ ваъдаи Аҳди Ҷадид: «Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард» пурра амалӣ мешавад. «Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, масъияти Исроилро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале нахоҳад буд, ва гуноҳҳои Яҳудоро хоҳанд ҷуст, ва ёфт нахоҳад шуд; зеро онҳоеро, ки боқӣ мегузорам, хоҳам омурзид» (Ирмиё 31:34; 50:20). «Дар он рӯз навдаи Худованд шукӯҳ ва ҷалол ва меваи замин барои бақияи Исроил бузургӣ ва шавкат хоҳад буд. Ва ҳар кӣ дар Сион боқӣ ва дар Ерусалим саломат монад, яъне ҳар кӣ дар Ерусалим дар китоби ҳаёт навишта шавад, муқадцас номида хоҳад шуд» (Ишаъё 4:2,3).MБУБ 512.3

    Доварии тафтишотӣ ва несткунии гуноҳҳо бояд то Дуюмбора омадани Масеҳ анҷом дода шаванд. Азбаски мурдаҳо мувофиқи қайдҳои китобҳо доварӣ карда мешаванд, пас гуноҳҳои одамонро пеш аз доварие ки дар он қисмати онҳо ҳал мешавад, нест кардан мумкин нест. Вале ҳавворӣ Петрус равшан баён медорад, ки гуноҳҳои имондорон замоне нест карда мешаванд, ки «Айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад» ва «Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал интихобшуда буд, бифиристад» (Аъмол 3:19,20). Вақте ки доварии тафтишотй анҷом меёбад, Масеҳ ба замин меояд, ва мукофоти Ӯ бо Ӯст, то ки ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш сазо диҳад.MБУБ 513.1

    Дар хизмати тимсолй фидиягузории кавми Исроилро иҷро намуда, саркоҳин ба назди халқ мебаромад ва онҳоро баракат медод. Хамин тавр Масеҳ низ баъди анҷоми хизмати миёнаравонаи Худ «на аз барои нест кардани гуноҳ, балки...барои наҷот» меояд (Ибриён 9:28), то ки нафаронеро, ки Ӯро интизоранд ба қаёти ҷовидона дохил кунад. Ва ба монанди он ки коҳин гуноҳҳоро аз қудсгоҳ нест намуда онҳоро бар сари «нарбузи сардодамешуда» эътироф мекард, Масеҳ низ ҳамин тавр ҳамаи гуноҳҳоро бар сари шайтон мегузорад, ки сабабгори гуноҳ ва бадӣ аст. Нарбузи сардодамешуда, ки бар сари вай ба таври рамзӣ гуноҳҳои қавми Исроил гузошта мешуданд, «ба замини харобазор» фиристода мешуд (Ибодат 16:22), ҳамин тавр шайтон низ, айбро барои ҳамаи гуноҳҳое ки вай қавми Худоро ба содир намуданашон водор карда буд, бо худ гирифта барои дар давоми ҳазор сол дар биёбони беҳаёт мондан маҳкум мешавад ва дар охир ҷазои пурраро барои гуноҳҳо дар он оташе сазовор мегардад, ки ҳамаи бадкоронро нест мекунад. Ҳамин тавр, нақшаи бузурги фидиягузорӣ бо решаканкунии гуноҳ ва наҷотдиҳии нафароне анҷом меёбад, ки кӯшиши мағлуб намудани бадиро мекарданд.MБУБ 513.2

    Дар вақти барои доварӣ муайян шуда, бо анҷомёбии 2300 рӯз, яъне соли 1844 доварии тафтишотӣ ва несткунии гуноҳҳо оғоз ёфт; зиндагии ҳамаи нафароне ки як замон худро пайравони Масеҳ мешумориданд, бо диққати зиёд омӯхта мешавад. Ҳам зиндаҳо, ва ҳам мурдаҳо бояд «бар тибқи он чи дар китобҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон» доварӣ карда шаванд.MБУБ 514.1

    Гуноҳҳое ки одамон аз онҳо тавба накардаанд, омурзида намешаванд ва дар китобҳо боқӣ мемонанд, то ки дар рӯзи Худо бар зидди шахси гунаҳгор шаҳодат диҳанд. Инсон метавонад дар нимарӯз ё шаби торик гуноҳ кунад - ин гуноҳ аз ду cap дар назди Он ки моро доварӣ мекунад, «бараҳна ва ошкор» карда мешавад. Фариштагони Худованд ҳар як гуноҳро мебинанд ва онро бо дақиқии бузургтарин қайд мекунанд. Гуноҳро аз падар, модар, завҷа, фарзандон ё дӯстон пинҳон ё инкор кардан мумкин аст, ва шояд ҳеҷ кас, ғайр аз шахси гунаҳгор ҳеҷ гоҳ дар бораи бадии содиршуда намедонад, лекин онро дар назди Худо пинҳон кардан номумкин аст. На зулмоти шабҳои торик, на сохтакории моҳирона ягон андешаро аз Худои Ҷовид пардапӯш намекунад. Ба Худо ҳар як рафтори беадолатона ва ҳар як амали нопок хуб маълум аст. Ӯ асли моро бехато муайян мекунад. Одамони ҳилагар ва қалбашон бад метавонанд бо осонӣ наздикони худро гумроҳ созанд, лекин ба Худо ҳар як фиреб маълум аст, ба Ӯ тамоми зиндагии ботинии инсон маълум аст.MБУБ 514.2

    Чӣ гуна фикри ботантана! Рӯзҳо пайи ҳам ба абадият мераванд, вале ҳамаи он чизе ки мо иҷро мекунем, дар китобҳои осмонӣ навишта мемонад. Ва аллакай сухани боре гуфтаро барнамегардонӣ, он чизеро, ки иҷро шудааст, дигар намекунӣ. Фариштагон ҳам амалҳои нек ва ҳам амалҳои бадро қайд мекунанд. Пурқувваттарин истилогар қобилияти пас гардондани як рӯзро надорад. Амалҳо, суханон ва ҳатто майлу хоҳишҳои пӯшидаи мо — ҳамааш дар муайян намудани қисмати мо вазн ва аҳамияти худро хоҳанд дошт. Бисёр амалҳои хурде ки шояд аз ҷониби мо фаромӯш шуда бошанд, ё ба манфиати мо ё ба муқобили мо шаҳодат хоҳанд дод.MБУБ 514.3

    Ба монанди он ки навори суратбардорӣ тарҳи рӯйро бехато тасвир мекунад, ҳамин тавр дар китобҳои осмонӣ хислати ҳар як инсон бо дақиқӣ навишта шудааст. Лекин чӣ қадар одамони кам аз он ба изтироб меоянд, ки Осмон ҳар як рафтори онҳоро назорат мекунад. Агар пардае ки ҷаҳони аёнро аз ноаён пинҳон мекунад, бардошта мешуд ва фарзандони одам фариштаи сабткунандаи ҳар як сухани мо ва ҳамаи он чизеро, ки баъд дар доварӣ тафтиш карда мешавад, медиданд, он гоҳ мо чӣ қадар суханонро намегуфтем ва чӣ қадар амалҳоро иҷро намекардем!MБУБ 515.1

    Дар доварӣ бо дақиқии бузургтарин тафтиш карда мешавад, ки аз истеъдодҳои ба мо атошуда кадом манфиатро мо ба даст овардаем. Чӣ тавр мо тавонистем сарватҳоеро, ки Осмон ба мо бовар карда буд, кор фармоем? Оё вақте ки Худованд меояд, сарвати Худро бо фоида бармегардонад? Оё мо қувваи дастон, қалб ва ақли худро барои ҷалоли Худо ва ба манфиати ҷаҳон истифода бурдем? Мо вақти худ, қалами худ, овози худ, пули худ ва нуфузи худро барои чӣ истифода бурдем? Мо барои Масеҳ дар симои камбағалон, азиятдидагон, ятимон ва бевазанҳо чӣ корро анҷом додем? Худо ба мо Каломи Мукаддаси Худро дод: мо бо нур ва ҳақиқат, ки ба мо барои наҷот додани одамон дода шудаанд, чӣ кор кардем? Эътирофи имон ба Масеҳ, ки танҳо дар суханон баён шудааст, ҳеҷ арзиш надорад, лекин муҳаббати дар корҳо амалишударо Худо қадр мекунад. Осмон танҳо он амалҳоеро эътироф мекунад, ки бо муҳаббат иҷро шудаанд. Он чизе ки бо муҳаббат иҷро шудааст, ҳар қадар ба назари одамон беаҳамият ва ночиз намояд ҳам, ба Худо писанд меояд ва аз чониби Ӯ мукофотонида мешавад.MБУБ 515.2

    Китобҳои осмонӣ худпарастии дақиқона ниқобпӯшшудаи одамонро ошкор месозанд. Дар он ҷо бепарвоии мо ба ӯхдадо- риҳои худ нисбат ба наздиконамон, фаромӯшсозии аҳкомҳои Наҷотдиҳанда қайд шудаанд. Одамон мебинанд, ки чӣ тавр онҳо вақт ва қувваро, ки ба Масеҳ тааллуқ доштанд, аксар вақт ба шайтон медоданд. Оҳ, чӣ гуна номаҳои ғамангезро фариштагон ба осмон мебаранд! Махлуқи бохирад, ки номи пайравони Масеҳро доранд, комилан саргарми корҳои дунявӣ ё вақтхушиҳо гаштаанд. Маблағҳо, вақт ва қувваҳо - ҳама чиз барои вақтхушиҳои сабукфикрона ва иҷрои ҳавасҳои худпарастона сарф мегардад, ва чӣ гуна вақти кам барои ибодат, омӯзиши Китоби Муқаддас, фурӯтансозии рӯҳ ва эътирофи гуноҳҳо ҷудо мешавад.MБУБ 515.3

    Ихтироъкории шайтон, ки кӯшиш мекунад моро аз таъйиноти асосиамон дур кунад, беканор аст. Фиребгари бузург аз он ҳақиқатҳое бузурге нафрат дорад, ки моро ҷониби Қурбонии фидиягузоранда ва Шафоатгарӣ пурқудрат мебаранд. Шайтон хуб медонад, ки муваффақият ба он вобаста аст, ки оё одамонро аз Масеҳ ва ҳақиқатҳои Ӯ дур намудан ба вай муяссар мегардад.MБУБ 516.1

    Одамоне ки мехоҳанд аз хизмати миёнаравонаи Наҷотдиҳанда истифода баранд, набояд иҷозат диҳанд, ки чизе ба онҳо дар иҷрои қарзи худ - «қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал» гардондан халал расонад. Чунин одамон ба ҷои он ки вақти пурқиматро ба вақтхушиҳо, худситоӣ ё ба даст овардани фоида сарф кунанд, худро ба омӯзиши ҷиддӣ ва дуогӯёнаи Каломи ҳақиқат мебахшанд. Қавми Худо ҳақиқатҳоро дар 60pan қудсгоҳ ва доварии тафтишотӣ бояд хеле равшан дарк кунад. Ҳама бояд барои худ равшан аниқ намоянд, ки Саркоҳини бузургашон ба кадом кор машғул аст. Дар акси ҳол одамон имони заруриро барои замони мо дошта наметавонанд ва мақоми аз ҷониби Худо барояшон муайяншударо ишгол карда низ наметавонанд. Ҳар як инсон метавонад ё ҷони худро наҷот диҳад ё онро ба ҳалокат расонад. Ҳаёти ҳар яке мо дар назди Худо бар кашида мешавад. Ба ҳар як инсон бо Довари бузург рӯ ба рӯ вохӯрдан лозим меояд. Бинобар ин хеле муҳим аст, ки инсон бештар дар бораи он дақиқаҳои мудҳиши доварӣ андеша намояд, вақте ки китобҳои осмонӣ кушода мешаванд ва ҳар як нафар дар якҷоягӣ бо пайғамбар Дониёл бояд насибаи худро дар охирзамон ба даст биёрад.MБУБ 516.2

    Ҳамаи онҳое ки нурро дар бораи ин ҳақиқатҳои бузург ба даст овардаанд, бояд он чизеро, ки Худованд ба онҳо бовар кардааст, ба дигарон бирасонанд. Қудсгоҳи осмонӣ - маркази хизматгузории Масеҳ баҳри наҷоти инсон аст. Он чизе ки дар ин ҷо ба амал меояд, ба ҳар як нафаре ки дар рӯи замин зиндагӣ мекунад, дахл дорад. Он тамоми нақшаи наҷотро мекушояд ва моро ба лаҳзаи анҷомбахшандаи таърихи замин ва ғалабаи пуршарафи порсоӣ бар гунох мерасонад. Бинобар ин фавқулодда муҳим аст, ки хамаамон бо андеша ин масъалаҳоро биомӯзем ва кобилият дошта бошем, ки ба ҳар нафаре ки аз мо дар бораи умедамон савол медиҳад, ҷавоб дода тавонем.MБУБ 517.1

    Дар қудсгоҳи осмонӣ барои инсон шафоат талабидани Масеҳ - чун марги Ӯ дар салиб, қисми ҷудоинопазири нақшаи наҷот аст. Ӯ бо марги Худ ба он коре оғоз бахшид, ки баъди эҳёи Худ барои анҷом додани он ба осмон сууд кард. Мо бояд бо имон ба паси парда дароем «ки ба он ҷо пешгузашта баҳри наҷоти мо Исо дохил шуд» (Ибриён 6:20. тарҷ. русӣ) . Дар он ҷо нури салиби Ҷолҷолто инъикос меёбад. Дар он ҷо мо метавонем сирри фидиягузориро амиқтар дарк кунем. Осмон нархи беинтиҳоро барои наҷоти инсон пардохт намуд: курбонии овардашуда ҳамаи талаботҳои Шариати вайроншудаи Худоро комилан конеъ мегардонад. Исои Масеҳ рохро ба сӯи тахти Падар кушод ва ҳамаи онҳое ки бо имон ба назди Ӯ меоянд, метавонанд ба воситаи хизмати миёнаравона майлу хоҳишҳои қалби худро то назди Худо расонанд.MБУБ 517.2

    «Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад» (Масалҳо 28:13). Агар нафароне ки хатоҳои худро пинҳон ва сафед мекунанд, тантанаи шайтонро оиди ин масъала, масхараҳои ӯро бар Масеҳ ва фариштагони муқадцас медиданд, он гоҳ барои эътироф намудани гуноҳҳо ва озодшавӣ аз онҳо шитоб мекарданд. Аз заифиҳои инсон истифода бурда, шайтон кӯшиш мекунад тамоми ақли ӯро ба даст биёрад, зеро медонад, ки агар фисқу фуҷур реша давонанд, он гоҳ вай ғолиб меояд. Бинобари ин вай тамоми маҳорати васвасакории худро ба ёрӣ даъват намуда, кӯшиш мекунад пайравони Масеҳро талқин намояд, ки аз ду cap онҳо заифиҳои худро бартараф карда наметавонанд. Лекин Масех барои онҳо хоҳиш мекунад. Ӯ дастони сӯрохшудаи Худ, ҷисми мачрӯҳшудаи Худро нишон дода, ба онҳое ки мехоҳанд Ӯро пайравӣ кунанд, чунин мегӯяд: «Барои ту файзи Ман басанда аст». «Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ ҳоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (2 Қӯринтиён 12:9; Матто 11:29,30). Бинобар ин бигзор ҳеҷ кас гуноххои худро ислоҳнашаванда нашуморад. Худованд имон ва файз медиҳад. то ки мо аз гуноҳоямон озод шавед.MБУБ 517.3

    Мо ҳозир дар рӯзи бузурги фидиягузорӣ зиндагӣ мекунем. Дар хизмати тимсолӣ, дар он замоне ки саркоҳин фидиягузориро барои тамоми Исроил ба ҷо меовард, ҳама бояд рӯҳи худро бо тавба ва эътирофи гуноҳ дар назди Худо фурӯтан мекарданд, то ки аз ҷамъият ронда нашаванд. Ба ҳамин монанд, ҳар нафаре ки мехоҳад номи ӯ дар китоби ҳаёт нигоҳ дошта шавад, бояд акнун, дар ин рӯзҳои начандон зиёди санчиш, рӯҳи худро дар назди Худо фурӯтан намуда ва аз гуноҳҳои худ афсӯс хӯрда аз онҳо самимона тавба кунад. Қалбхои худро амик тафтиш намудан зарур аст. Субакфикрӣ ва саҳлангорие ки ба бисёр нафарони худро масеҳӣ меномида хос аст, бояд мағлуб карда шаванд. Ҳамаи онҳоеро, ки бар майлҳо ва ҳавасҳои гуноҳолуди худ дастболо шудан мехоҳанд, муборизаи вазнин интизор аст. Кори омодашавиро ҳар кас бояд худаш ба ҷо оварад. Мо ба таври коллективӣ наҷот ёфта наметавонем. Пархезгорӣ ва садоқати як нафар наметавонанд вуҷуд надоштани ин сифатҳоро дар дигаре ҷуброн кунанд. Гарчанде ки ҳамаи одамон дар назди доварии Худо ҳозир мешаванд, лекин Ӯ ба амали ҳар нафар бо чунин ҷиддияте муносибат мекунад, ки гӯё дар рӯи замин ҳеҷ каси дигаре набошад. Ҳар як нафар бояд санҷида шавад ва бе гуноҳ ва доғ ё чизе ба ин монанд ёфт шавад.MБУБ 518.1

    Кори фидиягузорӣ чӣ хел ботантана анҷом меёбад! To чӣ андоза масъалаҳои муҳим бояд ҳал шаванд: Дар айни ҳол дар қудсгоҳи осмонӣ доварӣ рафта истода аст. Вай аллакай солҳои зиёд давом дорад. Ба наздикӣ - ҳеҷ кас намедонад кай - тафтиши аъмоли зиндагон шурӯъ мешавад. Ва ои замон дар ҳузури ба ларза оварандаи Худо ҳаёти мо муфассал омӯхта мешавад. Ҳар як нафар бояд суханони Наҷотдиҳандаро бифаҳмад: «Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки кай он вақт фаро мерасад» (Марқӯс 13:33). «Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту хоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат бар сари ту меоям» (Ваҳй 3:3).MБУБ 519.1

    Вақте ки доварии тафтишотӣ анҷом меёбад, қисмати ҳар нафар ҳал мешавад - барои ҳаёт ё барои марг. Вақти санҷиш чанде пеш аз Дуюмбора бар абрҳо омадани Масеҳ анҷом меёбад. Масеҳ ба ин замон нигоҳ карда, мегӯяд: «Бигзор золим боз зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад, ва муқаддас боз худро пок намояд. Инак, ба зудӣ меоям, ва мукофоти Ман бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофики аъмолаш сазо диҳам» (Вахй 22:11,12).MБУБ 519.2

    Порсоён ва гунаҳгорон мисли пешина дар ҷисмҳои миранда дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд: онҳо мекоранд ва месозанд, мехӯранд ва менӯшанд, ва тамоман пай намебаранд, ки дар қудсгоҳи осмонӣ аллакай ҳукми охирин ва бебозгашт бароварда шудааст. Пеш аз тӯфон, баъди он ки пайғамбар Нӯҳ ба киштӣ даромад, Худованд аз паси ӯ дари киштиро маҳкам кард, бадкорон бошанд дар берун монданд, лекин боз дар давоми ҳафт рӯз аз он бехабар, ки қисмати онҳо ҳал шудааст, одамон зиндагии бепарвоёна ва беғамро давом дода, огоҳиҳоро оиди доварии наздикшаванда тамасхур мекарданд. Наҷотдиҳанда мегӯяд: «Омадани Писари Одам низ ҳамин тавр хоҳад шуд» (Матто 24:39). Хомӯшона, чун дузд дар нимашаб, соати ҳалкунанда фаро мерасад, вақте ки қисмати ҳар як нафар муайян карда мешавад, ва гунаҳгорон ба таври ҳамеша аз марҳамате ки ба онҳо пешниҳон карда мешуд, маҳрум мегарданд.MБУБ 519.3

    «Пас, бедор бошед... мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад» (Марқӯс 13:35,36). Онҳое ки аз ҳушёр будан хаста шуда, боз саргарми дилхушиҳои ин ҷаҳон мешаванд, ҳаёти худро чӣ гуна зери хатар мегузоранд! Дар он соате ки шахси кордон саргарми ба даст овардани фоида аст, дӯстдори дилхушӣ қонеъгардонии хоҳишҳои худро мехоҳад, ва гуломи мӯд либоси худро ба тартиб меорад, дар худи ҳамон соат Довари тамоми ҷаҳон ҳукмро ба забон меоварад: «Ту бар тарозу баркашида шудаӣ, ва вазни ту бағоят сабук баромадааст» (Дониёл 5:27).MБУБ 520.1