Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 7. - ОДАМИ ЗАМОНИ ХУД

    Дар миёни шахсиятҳое, ки барои аз зулмоти ҳокимияти папа ба рӯшноии имони комилтар ва поктар берун овардани Калисо даъват шуда буданд, мавқеи барҷастатаринро Мартин Лютер ишғол мекунад. Лютери боэҳтимом, шӯълавар ва содиқ, ки тарси дигареро ҷуз тарси Худо намедонист ва ягон асосеро барои имон, ғайр аз Китоби Муқаддас эътироф намекард, барои замони худ муждарасоне буд, ки Худо ба воситаи ӯ кори бузургеро доир ба ислоҳсозии Калисо ва маърифатнокгардонии ҷаҳон анҷом дод.MБУБ 119.1

    Ба монанди аввалин мавъизачиёни Инҷил, Лютер аз оилаи камбизоат баромад. Айёми кӯдакии худро дар кулбаи оддии деҳқони немис аз cap гузаронд. Падараш ки конкан буд, бо заҳматҳои вазнин барои таълими ӯ маблағ пайдо мекард. Ӯ мехост, ки писараш илму маърифат омӯхта ҳуқуқшинос шавад, лекин Худованд қарор дод, ки аз ӯ сохтмончии маъбади бузургеро тайёр кунад, ки дар давоми садсолаҳои дурудароз сохта мешуд. Мушкилиҳо, маҳрумиятҳо ва интизоми сахт он мактабе буданд, ки Хиради Беинтиҳо Лютерро дар он барои вазифаи асосии ҳаёташ тайёр мекард.MБУБ 119.2

    Падари Лютер марди ҷасур, ҳакгӯй ва бовичдон буд; ӯ соҳиби хислати устувор буда бо хиради рӯхафзо ва инкишофёфтааш фарқ мекард. Ӯ ба оқибатҳо нигох накарда ба аҳди худ содиқ мемонд. Ақли солим ӯро водор мекард, ки ба рохибон бо нобоварӣ нигоҳ кунад. Падар аз рафтори Лютер, ки бе розигии ӯ ба дайр дохил шуда, бениҳоят сахт норизо буд, ва аз миён ду сол гузашт, пеш аз он ки ӯ бо фарзанди худ оштй кунад, лекин он вақт ҳам ӯ дар фикрҳои пешинаи худ устувор монд.MБУБ 119.3

    Волидайни Лютер ба тарбия ва таълими фарзандони худ диққати махсус медоданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки фарзандони худро дар роҳи донистани Худо панд ва некӯкориҳои масеҳиро дар онҳо инкишоф диҳанд. Падар мунтазам дар ҳузури писараш дар бораи он дуо мегуфт, ки Мартин ҳамеша Худоро дар хотир нигоҳ дорад ва дар паҳн намудани ҳақиқатҳои У хизмат кунад. To андозае ки хаёти вазнини меҳнатӣ имкон медод ин волидайн ҳар як имкониятро барои инкишофи маънавӣ ва акдонии фарзандони худ истифода мебурданд. Онҳо баъзан дар далерӣ ва матонатии худ ҷидцу чахди зиёд мекарданд, лекин худи ислоҳотчӣ дарк менамуд, ки гарчанде волидайнаш дар баъзе мавридҳо хато мекарданд, лекин тарбияи додаи онҳо сазовори таҳсин аст, на сарзаниш.MБУБ 119.4

    Дар мактабе, ки Лютер ба он хеле барвақт дохил шуд, ба ӯ дағалона муносибат мекарданд ва хатто дар баъзе мавридҳо ӯро мезаданд. Камбизоатии волидайни ӯ ончунон буд, ки вакте ӯ барои давом додани таҳсил ба шаҳри дигар рафт, маҷбур буд барои пайдо намудани хӯрок як муддат аз як хона ба хонаи дигар рафта, бо сурудхонй барои худ ғизо пайдо кунад ва дар бисёр мавридҳо гуруснагй мекашид. Хурофотҳои пурдаҳшати дар он замон ҳукмрон, ки намуди динро гирифта буданд, калби ӯро аз даҳшат пур мекарданд. Ӯ бо қалби гарон хоб рафта, дар бораи оянда бо изтироб андеша мекард ва ҳангоми андешаронӣ дар бораи Худо, ки Ӯро на чун Падараи неки Осмонӣ, балки чун довари сахтгиру сангдил ва золиму бераҳм, тасаввур мекард, тарси доимиро аз cap мегузаронд.MБУБ 120.1

    Бо вуҷуди ин, ба чунин ноумедиҳои сершумор ва душвор нигоҳ накарда, Лютер беист ба пеш ба сӯи камолоти олии маънавй ва ақлонй, ки ҷонаш ташнаи он буд, харакат мекард. У ҳарисона дониш меомӯхт, ақли ҷидцию богайрати ӯ бо чизҳои рӯякию бардурӯг қаноъатманд намешуд, балки ҷониби ҳама чизи муҳиму маънидор ҷидду ҷахд мекард.MБУБ 120.2

    Вақте ки дар синни 18-солагй ба донишгоҳи Эрфурт дохил шуд, вазъияти моддии у назар ба солҳои пешин беҳтар буд. Волидайни меҳнатдӯсту сарфакорй Лютер то ин замон маблағ ҷамъ карданд ва акнун метавонистанд фарзанди худро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин намоянд. Сӯҳбатҳо бо дӯстони неку соҳиби ақли солим то андозае ғуборро аз қалбаш, ки баъди хатми мактаб пайдо шуда буд, дур карданд. Ӯ бо ғайрати зиёд асарҳои беҳтарин нависандагонро омухта, ақли худро бо фикрҳои равшани онҳо мукаммал ва хиради хирадмандонро моликияти худ мегардонд. Ҳатто дар шароитҳои интизоми сангин, ки аз чониби устодони пешина ҷорӣ шуда буданд, ӯ қобилиятҳои гайриоддӣ нишон медод, акнун бошад дар вазъияти хеле мусоид хиради ӯ босуръат инкишоф меёфт. Хотираи барҷаста, тасаввуроти зинда, андешаронии мантиқии инкишофёфта ва ҷидду ҷаҳд ба зудӣ ба ӯ барои ишғол намудани ҷои аввал дар миёни дустонаш кӯмак расонданд. Боинтизомӣ дар дарсҳо ӯро мутафаккири баркамол ва фаҳмидагирии ҳақиқатро тез гардонд, ки баъд дар муборизаҳои зиндагӣ лозим шуд.MБУБ 120.3

    Лютер дар назди Худо тарсро ҳис мекард ва ин ба ӯ дар дур нашудан аз мақсадҳои дар пешгузошташуда ва дар назди Худованд фурӯтан будан кӯмак расонд. Ӯ вобастагии доимии худро аз кӯмаки Илоҳӣ дарк мекард ва ҳар рӯзро бо дуо оғоз менамуд, калби ӯ ҳамеша рӯ ба ҷониби Худое буд, ки дастгирӣ ва роҳнамоиро аз Ӯ илтиҷо мекард. «Хуб дуо гуфтан, — доимо такрор мекард ӯ, - беҳтар аст назар то ба нисф аз ёд кардани супориши таълимӣ»45Д’Обинйе. китоби 2, боби 2.MБУБ 121.1

    Боре, вақте ки Лютер дар китобхонаи донишгоҳ китобҳоро аз назар мегузаронд, ӯ Китоби Мукаддасро ба забони лотинӣ пайдо кард. To ин замон ӯ ҳеҷ гоҳ чунин китобро надида буд ва ҳатто дар бораи вуҷуд доштани он фикр ҳам намекард. Ҳангоми гузаронидани ибодатҳои оммавӣ ӯ қисмҳои алоҳидаи Инҷил ва Номаҳоро шунида буд ва тахмин мекард, ки онхо Китоби Муқаддасро ташкил медиҳанд. Лекин акнун ӯ маротибаи аввал Китоби Мукаддасро дар шакли пурра дид. Бо ҳиссиётҳои гуногуни эҳтиром ва хайронӣ ӯ саҳифаҳои муқаддасро варақ мезад; бо қалби тапанда, бо ҳаяҷон ӯ суханони ҳаётбахшро хонда, баъзан бозмеистод ва хитоб мекард: «Оҳ, агар Худо шахсан ба ман чунин китобро мефиристод!» 46Ҳамон ҷо.. Фариштаҳои осмонӣ ӯро иҳота карда буданд ва шуоъҳои нуре, ки аз тахти Худо бармеомаданд, ба ӯ ганҷи ҳақиқатро ошкор карданд. Ӯ ҳамеша аз таҳқир кардани Худо метарсид ва акнун, аз пештара дида ҳолати гунаҳгоронаи худро амиқтар дарк кард.MБУБ 121.2

    Хоҳиши баланди ба даст овардани омурзиши гуноҳҳо ва осоиш бо Худо ӯро барои ба дайр дохил шудан водор намуданд. Дар он ҷо ӯро ба иҷрои корҳои вазнину чиркин маҷбур мекарданд ва барои садақа пурсидан мефиристоданд. Ӯ дар он синну соле қарор дошт, ки одамон дар ин айём хоҳиши соҳибэҳтиром буданро мекунанд ва ин хушомадгӯӣ барои қалби зудранҷи ӯ таҳқиромез буд, лекин ӯ таҳқиркуниҳоро бо пурсабрӣ паси cap намуда, онро ҷазое барои гуноҳҳои худ мешуморид.MБУБ 122.1

    Ҳар як лаҳзаи холиеро, ки ӯ сарфа карда метавонист, ба омӯзиш мебахшид, ҳатто вақти барои хоб ва истеъмоли хӯрок таъйиншударо низ. Аз ҳама бештар омӯзиши Китоби Муқаддас қаноатмандӣ меовард. Ӯ Китоби Муқаддасро, ки дар девори дайр бо занҷир овехта шуда буд пайдо кард ва бисёр вакт дар ин ҷо бозмеистод. Ҳар қадаре ки гунаҳгории худро сахттар дарк мекард, ҳамон қадар бо ҷидду ҷахд кӯшиши бо амалҳои худ ба даст овардани омурзишу осоишро мекард. Ӯ ҳаёти бениҳоят вазнинро аз cap гузаронда, кӯшиш мекард, то бо рӯзадорй, шабзиндадорӣ ва қамчинкорӣ одатҳои бади худро решакан намояд, зеро бо итоаткории рохибӣ ба ин комёб шуда наметавонист. Ӯ аз хеҷ гуна курбониҳо даст намекашид, то ки қалби худро пок созад ва аз ҷониби Худо сафедшавиро ба даст биёрад. «Ман дар ҳакиқат роҳиби парҳезгор будам. - баъд баён мекард ӯ, - ва фармонҳои иттиҳодро ончунон амиқ ба ҷо меовардам, ки тассаввур карданаш номумкин буд. Ва агар нафаре аз роҳибон бо корнамоиҳои худ метавонист Малакути Осмонро соҳиб шавад, он гоҳ ман бешубҳа ба ин ҳақ доштам... Агар чунин ваъзият боз як мудцат давом мекард, он гоҳ ман худро ба қабр бурда мерасондам»47Ҳамон 40, боби 3.. Дар натиҷаи маҳрумиятҳои вазнини ихтиёрона ӯ қувваи зиёдро аз даст дод, нуқсонҳои беҳушшавӣ ва рагкашиҳо пайдо шуданд, ки ӯ аз онҳо дигар ҳеҷ гоҳ ба таври пурра озод шуда натавонист. Лекин сарфи назар аз ҳамаи ин кӯшишҳои тоқатшикан, қалби азиятдидаи ӯ ором гирифта наметавонист. Дар охир ӯ пурра ноумед гашт.MБУБ 122.2

    Вақте ки ба назари Лютер чунин намуд, ки аллакай ҳама чиз аз даст рафтааст, Худо ба ӯ дӯст ва мададгорро фиристод. Штауписи парҳезгор ба Лютер дар дарк намудани Каломи Худо кӯмак расонд; диққати ӯро аз худаш ба ҷониби дигар ҷалб намуд, дар озодшавӣ аз дарки азиятдиҳандаи гуноҳ барои вайронкунии Шариати Худованд кӯмак расонда, нигоҳи ӯро ҷониби Исои Масеҳ - ҷониби Наҷотдиҳандае равон кард, ки бахшандаи гуноҳҳост... «Ба ҷои худро барои гуноҳҳоят азият додан, ба огӯши Фидиягузор биё. Ба Ӯ бовар намо, ба покии Ӯ умед банд, ба қувваи фидиягузори марги Ӯ имон овар... Ба Исои Масеҳ итоат намо. Ӯ ҷисми Одамиро гирифт, то ки ба ту эътимодро ба лутфу марҳамати Худованд ҳадия кунад. Ӯро дӯст дор, зеро ки аввал Ӯ туро дӯст доштааст»48Д’Обинйе, китоби 2, боби 4.. Чунин сухан мегуфт ин қосиди файз. Суханони ӯ ба Лютер таассуроти фаромӯшнашаванда гузоштанд. Баъди муборизаи дуру дароз бо айбу нуқсонҳои решадавонда, дар охир ӯ тавонист хақиқатро дарк кунад ва дар қалби пуризтироби ӯ оромӣ хукмрон гашт.MБУБ 122.3

    Баъди он ки Лютер унвони рӯҳониро гирифт ӯ ба донишгоҳи Виттенберг ба кори муаллими даъват карда шуд. Дар он ҷо ӯ ба омӯзиши Китоби Муқадцас дар забонҳои аслии онҳо машғул шуд. Дар баробари ин ӯ маърӯзаҳоро аз Китоби Муқаддас мехонд ва шунавандагони башавқомадаи ӯ тавонистанд барои худ Забур, Инчил ва Номаҳоро ошкор созанд. Штаупис, дӯст ва устодаш ӯро водор мекард, то Каломи Худоро аз минбар мавъиза кунад. Лютер дудила буда, худро лоиқи ба номи Масеҳ ба халқ муроҷиат кардан намешуморид. Танҳо баъди муборизаи дуру дарози ботинӣ дар охир ба хоҳиши дӯстонаш розӣ шуд. To ин замон ӯ аллакай Китоби Муқаддасро хуб медонист ва файзи Худо дар қалби ӯ ҷой гирифта буд. Суханварии ӯ таваҷҷӯҳи шунавандагонро ҷалб мекард: қувва ва равшании ҳақиқатҳои баённамудааш ба ақлҳо таъсир мерасонд, ва рӯҳбаландии ӯ қалбҳои онҳоро ба хаяҷон меовард.MБУБ 123.1

    Лютер ба мисли пешина фарзанди содиқи калисои папа буд ва ҳатто фикр ҳам намекард, ки дар оянда мавқеи ӯ дигар мешавад. Пешбинии Худо ӯро ба Рум равон кард. Пиёда сафар намуда, дар роҳ дар дайрхо таваққуф мекард. Як дайр дар Италия бо шукӯху ҳашамат ва бойгарии худ ӯро ба ҳайрат овард. Роҳибон аз ҳисоби хазинаи давлат таъмин гардида ва дар хонаҳои бошукӯҳ зиндагӣ карда, либосҳои бокарруфар мепӯшиданд ва хӯрокҳои серғизо мехӯрданд. Лютер бо ғаму андӯҳи зиёд ин саҳнаро бо маҳрумиятҳо ва дасткашиҳо аз манфиати худ муқоиса мекард ва пурра ошуфта гашт. Уро эҳсосотҳои бад азоб медоданд.MБУБ 123.2

    Ниҳоят ӯ дар дурӣ шахри дилхоҳи худро дар болои ҳафт теппа дид. Лютер аз дидани ин шахр то умки дил ба ҳаяҷон омад ва худро ба замин партофта, фарёд зад: «Ба ту салом арз мекунам, Руми муқаддас!» 49Д’Обинйе, китоби 2, боби 6.. Ӯ дар шаҳр сайру гашт намуда, ба маъбадҳо медаромад, ба суханронии рухониён ва рохибон, ки бе хасташавй дар бораи мӯъҷизаҳои гуногун хикоят мекарданд гӯш медод ва дар ҳамаи маросимҳои динӣ иштирок мекард. Дар ҳама ҷо расмҳоеро медид, ки бо зиштии худ ӯро ба ҳайрат меоварданд. Дар миёни ҳамаи мартабаҳои аҳли дин ҳукмрон будани бадкирдориҳоро назорат намуд. У шӯхиҳои бешармонаи рӯҳониёнро шунида аз куфргӯихои кабеҳи онҳо, ки хатто хангоми ибодати нисфирӯзи мекарданд, ба даҳшат меомад. Дар ҳама ҷо ба ҷои парҳезгорӣ ҳақоратҳоро мешунид. «Ба худ тассавур кардан мушкил аст, — навишта буд ӯ, - ки чӣ гуна гуноҳҳо ва амалҳои бад дар Рум иҷро карда мешаванд; барои ба ин бовар кардан, инро бояд дид ва шунид. Дар ин ҷо чунмн мақол машҳур аст: «Агар дӯзах вучуд дошта бошад, пас Рум дар болои он бунёд ёфтааст. Ин вартаест, ки аз он ҳамаи гуноҳҳо берун меоянд»»50Ҳамон ҷо, китоби 2, боби 6.MБУБ 124.1

    Папаи Рум дар фармони худ омурзиши гуноҳҳои ҳамаи он нафаронеро ваъда дода буд, ки бо зону ба «Зинапояи Пилат» боло мебароянд, ки аз рӯи овозаҳо, гӯё Наҷотдиҳандаи мо вақти аз додгоҳи олии Рум баромадан, бо ин зинапоя поён фаромада бошад, ва гӯё бо ким кадом як мӯъҷизае аз Ерусалим ба Рум кӯчонда шудааст. Боре, вақте ки Лютер бо эҳтироми зиёд бо зонуҳо ба ин зинапоя боло мебаромад, ногаҳон садои гулдуросмонанде нидо кард: «Порсо ба василаи имон хоҳад зист» (Румиён 1:17). Ӯ дарҳол ба по барҷаста бо шармандаг ва даҳшат бошитоб аз ин ҷо рафт. Ва аз ҳамон замон cap карда ин оятҳои Китоби Муқаддас ҳамеша дар қалби ӯ садо медоданд. Ногаҳон тамоми фиребандагии умедҳои инсониро ба наҷотёбй ба воситаи амалҳои худ ошкор намуд ва зарурияти имони устуворро ба хизматҳои Масеҳ дарк кард. Гумроҳиҳои ҳокимияти папа ба ӯ ошкор шуданд. Вақте ки ӯ аз Рум рӯ гардонд, он замон ӯ аз он бо тамоми қалби худ «рӯ гардонд», ва дуршавии ӯ аз калисои папа аз ҳамон замон оғоз ёфт, то замоне ки дар охир ӯ ҳамаи алоқаҳоро ба таври пурра бо ин калисо қатъ кард.MБУБ 124.2

    Баъди бозгашт аз Рум Лютер дар донишгоҳи Виттенберг унвони доктори илми илоҳиётшиносиро гирифт. Акнун ӯ аз вақти худ озодона истифода намуда, метавонист ба омӯзиши Китоби_Муқаддас машғул шавад, ки нисбати он эҳтироми зиёд дошт. У ботантана савганд ёд кард, ки дар тамоми айёми зиндагии худ бо ҷидду ҷахди зиёд Каломи Худоро биомӯзад ва содиқона онро мавъиза кунад, на пандҳо ва таълимотҳои папаро. Акнун ӯ на роҳиб ё профессори илоҳиётшинос, балки мавъизачии мӯътабари Китоби Муқадцас буд, ки барои нигаҳбонии қавми ташна ва гуруснаи ҳақиқати Худо даъват шуда буд. У боқатъият баён кард, ки ягона манбаи таълимоти динии масеҳиён бояд Китоби Муқаддас бошад. Ин суханон ба таҳкурсии ҳокимияти папа зарбаи ҳалокатовар заданд, принсипи ҳаётан муҳими Ислоҳот дар онҳо баён ёфта буд.MБУБ 125.1

    Лютер тахдиди болобардории назарияҳои инсониро бар Каломи Худо хуб дарк мекард. Ӯ ҷасурона ба философияи бешармонаи зоҳирпарастон ҳамла оварда, он илми илоҳиётшиносиеро, ки муддати дароз бар хиради одамон ҳукмрон буд, танқид мекард. Лютер ин фалсафафурӯшиҳоро рад намуда, ба он ишора кард, ки онҳо на танҳо беманфиат, балки зарароваранд. Дар баробари ин ӯ кӯшиш мекард, ки андешаи шунавандагони худро аз фалсафафурӯшии зоҳирпарастон ва илоҳиётшиносон сӯи ҳақиқатҳои ҷовидонае равона намоянд, ки аз ҷониби пайғамбарон ва ҳаввориён баён ёфтаанд.MБУБ 125.2

    Чй гуна муждаи пурбаҳоеро ба издиҳоми ташнамонда мавъиза мекард, ки бо таваҷҷӯҳи ҷидцӣ ба суханонаш гӯш медоданд! Ҳеҷ гоҳ одамон ҳеҷ чизи ба ин монандеро нашунида буданд. Муждаи хуш дар бораи муҳаббати Наҷотдиҳанда, бо- варӣ ба омурзиш ва оромие, ки Хуни фидиягузорандаи У ҳадия кардааст, - ҳамаи ин хушбахтиро дар қалбҳои одамон ҷойгир ва умеди ҷовидонаро тавлид мекард. Дар Виттенберг нуре шӯълавар гардид, ки шуоъҳояш оояд бо фарорасии замони охир ҳарчи бештар равшантар гардида, ба қитъаҳои дуртарини замин рафта мерасиданд.MБУБ 125.3

    Лекин нур ва зулмот бо якдигар дӯстй надоранд. Миёни ҳақиқат ва гумроҳи муборизаи қатънашаванда давом дорад. Ҳимоя ва дастгирии яке аз онҳо маънои мубориза оурдан бо дигаре ва рад кардани онро дорад. Наҷотдиҳандаи мо Худ гуфта буд: «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагй бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер» (Матго 10: 34). Лютер бошад якчанд сол баъд аз огози фаъолияти ислоҳотгароёнаи худ қайд карда буд: «Худованд маро оа таври муқаррарӣ роҳнамой намекунад — У маро ба пеш тела медиҳад, У маро ба Худ ҷалб мекунад. Ман дигар худамро идора намекунам. Ман мехоҳам дар оромӣ зиндагӣ кунам, лекин ба чои ин дар миёни талотум ва изтироб қарор мегирам»51Д’Обинйе, китоби 5, боби 2.. Акнун ӯро майдони ҳақиқии мубориза интизор буд.MБУБ 126.1

    Калисои католикй савдои файзи Худоро ба роҳ монда буд. Дар назди меҳробҳои он мизҳои саррофон (пуливазкунандагон) меистоданд ва садои фарёди савдогарон ва харидорон дар атроф паҳн мешуд. Бо баҳонаи ҷамъоварии маолағ барои сохтмони маъбади Петр дар Рум папа савдои умуммихалқии индулгенсияро ба роҳ монда буд: гуноҳҳо бо пул бахшида мешуданд. Бар ивази ҷиноятҳо бояд калисое барои ситоиши исми Худо сохта ва бо маблағҳои ба таври гайриқонунй ба даст омада - бояд таҳкурсии он гузошта мешуд. Лекин он чизе ки бояд барои шӯҳрати Рум хизмат мекард, ба қудрат ва оузургии он зарбаи ҳалокатовар расонд. Ин амалҳои папа ба пайдошавии душманони далер ва пурқудрати худи ӯ оварда расонданд, муборизае оғоз ёфт, ки тахт ва тоҷи сешохаи усқуфи Румро ба ларза овард.MБУБ 126.2

    Амалдоре бо номи Тесел, ки савдои индулгенсияро дар Германия роҳбарӣ мекард, пеш барои ҷиноятҳои қабеҳтарин оа муқобили ҷамъият ва Шариати Худо гунаҳгор карда шуда буд, лекин аз ҷазои сазовор раҳо ёфт, ғайр аз ин ӯро вазифадор намуданд, ки мақсадҳои тамаъҷӯёна ва бевиҷдононаи ҳокимияти папаро амалӣ намояд. Бо бешармии такрорнашаванда ӯ масалҳои аз ҳақиқат дурро дар бораи мӯъҷизаҳо нақл намуда, кӯшиш мекард, ки халқи хурофотпараст ва ҷоҳилро фиреб диҳад. Агар Каломи Худо ба одамон дастрас мебуд, он гоҳ бо чунин осонӣ фиреб кардани онҳо гайриимкон буд. Китоби Муқаддасро барои он аз халқ пинҳон мекарданд, то ки ӯро дар зери назорати калисои католикӣ нигоҳ доранд ва ҳокимият ва сарвати пешвоёни худписанди онро зиёд гардонанд52Ҷон Гизелер, «Дастурамали кӯтоҳ оиди таърихи калисо», ҷилди 4, фасли 1, §5..MБУБ 126.3

    Пешопеши Тесел, ки ба шаҳр ворид гашта буд, ҷорчӣ кадамзанон чунин фарёд мезад: «Файзи Худо ва падари муқаддас акнун дар назди дарҳои шумост»53Д’Обинйе, китоби 3, боби 1.. Ва халқ таҳқиркунандаи гунаҳгорро, чун Худои аз осмон ба назди онҳо фурудомада истиқбол мегирифт. Дар калисо амали шармсорона иҷро мегашт ва Тесел аз минбар индулгенсияро чун пурқиматтарин ҳадияи Худо ситоиш мекард. Ӯ ба халқ мефаҳмонд, ки индулгенсияҳо гуноҳҳои гунаҳкоронро, ки ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда содир мешаванд, мебахшанд, ва ҳатто «зарурати тавба кардан нест»54Хдмон 40.. Ғайр аз ин ӯ шунавандагони худро ба он бовар мекунонд, ки индулгенсияҳо қудрате доранд, ки на танҳо зиндаҳо, балки мурдагонро низ наҷот медиҳанд, ва ҳамин ки пулҳо ба қутии ӯ афтида садо бароранд, ҷони нафарони мурда аз аъроф ба биҳишт мебарояд55Халенбах, «Таърихи Ислоҳот», ҷилди 1, саҳ. 96..MБУБ 127.1

    Вақте ки Шимъуни ҷодугар ба ҳаввориён пул пешниҳод намуда, хост аз онҳо қудрати мӯъҷизаофариро бихарад, Петрус ба ӯ чунин ҷавоб дод: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул бихарй» (Аъмол 8:20). Лекин пешниҳоди Тесел аз ҷониби ҳазорҳо одамон дастгирй ёфт. Тилло ва нуқра ба мисли дарёи сертуғён ба хазинаи ӯ ворид мешуданд. Наҷотеро, ки бо пул харидан мумкин буд, назар ба наҷоте, ки аз шахси гунаҳгор тавба, имон ва муборизаи доимиро бо гуноҳҳо талаб мекард, ба осонӣ ба даст овардан мумкин буд.MБУБ 127.2

    Донишмандон ва мардони парҳезгори Калисои католики ба муқобили таълимоти индулгенсия баромад карданд ва бисёриҳо ба фикрҳое, ки ба Каломи Худо ва акди солим мухолифат мекарданд, бовар намекарданд. Ягон прелат ҷуръати ба муқобили ин савдои ноҳақ садо баланд карданро намекард, лекин бисёр одамони соҳибхирад ба ташвиш омада, ҷиддан савол медоданд, ки оё Худованд Калисоро ба василаи бандагони интихобнамудаи Худ тоза намекунад?MБУБ 128.1

    Лютер, ки ҳанӯз ҳам пайрави содиқи ҳокимияти папа буд, аз ин густохии куфронаи савдогарони индулгенсия ба даҳшат омад. Нафарони зиёде аз аъзоёни калисои ӯ индулгенсияро барои омурзиши гуноҳҳо харидор намуда, ба назди у чун ба назди рӯҳонии худ меомаданд ва ба гуноҳҳои гуногуни худ иқрор шуда, умед доштанд, ки омурзиши пурраи гуноҳҳоро на аз барои он ба даст меоранд, ки тавба кардаанд ва мехоҳанд ҳаёти навро оғоз кунанд, балки аз барои он ки ба индулгенсия соҳиб гаиггаанд. Лютер омурзиши онҳоро қабул накарда баён намуд, ки агар тавба накунанду хаёти худро дигар насозанд, он гоҳ наҷот намеёбанд. Онҳо бо саросемаги ва ҳайрони ба назди Тесел бармегаштанд ва ба ӯ шикоят мекарданд, ки рӯҳонии онҳо омурзишашонро қабул намекунад, ва баъзе аз оочуръатҳо талаб мекарданд, ки пулҳои онҳоро баргардонанд. Ин Теселро сахт ба ғазаб овард. Ӯ қабеҳтарин лаънатҳоро баён намуда ваъда дод, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гулханҳо дармегиронад ва гуфт, ки «аз папа ваколати дар оташ сӯзондани ҳамаи бидъаткоронеро гирифтааст, ки ҷуръати ба муқобили индулгенсияи муқаддаси ӯ эътироз намуданро мекунанд»56Д’Обинйе, китоби 3, боби 4..MБУБ 128.2

    Он гоҳ Лютер барои ҳимояи ҳақиқат мардонавор бархост. ӯ аз минбар ҷидцан ва ботантана баромад намуда, халқро огоҳ мекард. Лютер тамоми қабеҳияти гуноҳро ошкор намуда, таълим медод, ки инсон наметавонад бо амалҳои худ гуноҳҳояшро кам кунад ё аз ҷазо раҳо ёбад. Танҳо тавба дар назди Худо, танҳо имон ба Масех метавонад ба шахси гунаҳгор наҷот бахшад. Файзи Масеҳро бо пул харидан номумкин аст - ин ҳадияи ройгон аст. Лютер маслиҳат медод, ки индулгенсияро нахаранд, балки бо имон ба Фидиягузорй мехкӯбшуда назар андозанд. Ӯ таҷрибаи талхи худро ба шунавандагон нақл мекард, вақте ки бо роҳи худтаҳқиркуниҳо ва азобу шиканҷа беҳуда ба наҷотёбӣ умед мебаст ва онҳоро бовар мекунонд, ки ӯ танҳо он замоне оромй ва хушбахтиро ба даст овард, ки дигар ба худаш умед набаста, бо имон ба Масеҳ рӯ овард.MБУБ 128.3

    Тесел ба мисли пешина савдои худро пеш мебурд ва талаботҳои нопокашро пешниҳод мекард, ва Лютер қарор дод, ки бо эътирозй қатъитар ба муқобили ин ҷинояти гӯшношунид баромад кунад. Ва дере нагузашта чунин фурсати мусоид пайдо шуд. Дар калисои Виттенберг турбатҳои зиёде буданд, ки дар идҳои калон ба тамошои халқ гузошта мешуданд ва ҳамаи одамоне ки ба калисо меомаданд ва омурзиш мехостанд, гуноҳҳои онҳоро мебахшиданд. Махсусан дар чунин рӯзҳо одамони зиёд ҷамъ меомаданд. Иди аз ҳама калонтарин - рӯзи «ҳамаи муқаддасон» наздик мешуд. Дар арафаи ин ид Лютер бо издиҳоми одамони ба калисо равон ҳамроҳ гардида, ба дари калисо варақеро бо 95 тезис ба муқобили индулгенсия мехкӯб кард. Дар баробари ин ӯ баён намуд, ки тайёр аст дар ҳузури рақибони худ ин тезисҳоро ҳимоя кунад.MБУБ 129.1

    Ин 95 тезис таваҷҷӯҳи оммаи халқро ҷалб карданд. Ҳама онҳоро такрор ба такрор мехонданд. Ҳам дар шаҳр ва ҳам дар донишгоҳ талотуми зиёде ба миён омад. Дар тезисҳои Лютер баён карда мешуд, ки на ба папа ва на ба ҳеҷ як инсони дигар ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи омурзииш гуноҳҳо ва манъ намудани ҷазоҳои барои онҳо таъйиншуда, дода нашудааст. Ва ҳамаи ин чизи дигаре нест чуз воситаи моҳиронаи ба даст овардани пул, ки дар хурофотпарастии халқ асос ёфтааст; ин нақшаи маккоронаи шайтон аст, то ки ҷонҳои он одамонеро ки ба ин дурӯғ бовар мекунанд, ба марг диҳад. Инчунин Лютер исбот менамуд, ки ганҷи қимматбаҳои Калисо Инҷили Масеҳ аст ва файзи дар Инҷил ошкор гардидаи Худо ба ҳар нафаре ройгон дода мешавад, ки онро бо тавба ва имон ҷӯё мешавад.MБУБ 129.2

    Лютер бо тезисҳои худ душманони ҳақиқатро ба баҳс даъват намуд, вале ҳеҷ кас ҷуръати қабули ин баҳсро накард. Баъди якчанд рӯз тамоми Германия аз масъалаҳои пешниҳоднамудаи Лютер хабар ёфт ва дере нагузашта тамоми дунёи масеҳй дар хусуси онҳо сухан мегуфт. Нафарони зиёде аз католикҳои парҳезгор, ки ба бетартибии дар Калисо хукмрон оуда бо даҳшат нигоҳ мекарданду лекин намедонистанд, ки чӣ тавр ба он монеъ шаванд, тезисҳои Лютерро бо хурсандии бузург хонда, дар онҳо садои Худоро мешуниданд. Онҳо дар ин амал дасти меҳрубони Худоро медиданд, ки оа сели беқонуние хотима бахшидан мехост, ки аз тахти папа сарчашма мегирифт. Ҳокимон ва доварон пинҳони шодцӣ мекарданд, ки ҳокимияти ҳавобаланди папа, ки одамонро аз ҳуқуқи зери баҳс қарор додани фаромонҳои худ маҳрум мекард, маҳдуд карда мешавад.MБУБ 129.3

    Лекин халқи хурофотпарасту дӯстдорандаи гуноҳ аз он ҳарос дошт, ки ӯро аз ин фиреби ширин, ки бо он ҳамаи тарсу хатарҳо руйпӯш мешуданд, маҳрум месозанд. Рӯҳониёни ҳилагаре, ки ҷинояткориро дастгирӣ мекарданд, таҳдидро ба даромадҳои худ ҳис намуда сахт ба изтироб омаданд. Онҳо муттаҳид гардиданд, то ки талабҳои худро ҳимоя кунанд. Ислоҳотчиро бо душманони пурхашмаш вохӯрӣ интизор буд. Баъзеҳо ӯро барои шитобкорй ва оташинии аз ҳад зиёд сарзаниш мекарданд. Дигарон дар худнамоӣ гунаҳгор намуда, чунин мешумориданд, ки ӯ на аз рӯи иродаи Худо, балки бо худпарасти ва далерии рӯякии худ амал мекунад. «Kй намедонад, — навишта буд Лютер дар ҷавоб, - ки шахсе ки ақидаи навро пешниҳод мекунад, дар бисёр мавридҳо намуди худпарастиро дорад, ва ӯ ҳатман барои барангехтани низоъҳо гунаҳгор дониста мешавад? Барои чӣ Масеҳ ва дигар азиятдидагон ба марг дода шуда баданд? Барои он ки ба онҳо чун ба худпарастони бемисле нигоҳ мекарданд, ки ба хиради замони худ бо нафрат муносибат мекарданд, охир онҳо идеяҳои навро далерона пешниҳод намуда, илова бар ин бо пайравони урфу одат ва ақидаҳои ҷойдошта бо фурӯтанӣ маслиҳат намекарданд».MБУБ 130.1

    Ӯ боз навишта буд: «Он коре ки ман мекунам, на бо хиради инсонй, балки бо хости Худо амалӣ карда мешавад. Ахар ин кор аз Худо бошад, кй метавонад онро боздорад? Агар аз Худо набошад, кӣ метавонад онро пеш барад? На иродаи ман, на аз онҳо ва на аз мо, балки иродаи Ту бошад, Падари муқаддас, Воҷибулвучуде ки дар осмонӣ»57Ҳамон ҷо, боби 6..MБУБ 130.2

    Гарчанде ки Лютерро дар ин кор, Рӯҳи Худованд роҳбарӣ мекард, ӯро дар пеш муборизаи сахт интизор буд. Таънаҳои душманон ба сари ӯ ба монанди сели бузурге фурӯ рехтанд, ва албатта, нодуруст маънидод кардани мақсадҳои ӯ, баҳогузории ноодилонаи шахсият ва рафторҳои ӯ, ҳама ин дар якҷоягӣ, бетаъсир намонданд. Ӯ боварй дошт, ки пешвоёни халқ ҳам дар калисо ва ҳам дар донишгоҳҳо бо тайёрй ба кори Ислоҳот муттаҳид мешаванд. Қалби Лютер аз шодӣ лабрез мегашт, вақте ки ӯ суханони таҳсинро аз шахсиятҳои олимансаб мешунид ва медид, ки онҳо ӯро дуруст мефаҳманд. Ӯ боварй дошт, ки барои Калисо субҳи рӯзи нав фаро мерасад. Лекин дере нагузашта ин дастгириҳо низ ба сарзаниш ва таъна табдил ёфтанд. Бисёр мансабдорони давлатӣ ва калисо ба ҳаққонӣ будани тезисҳои Лютер боварй доштанд, лекин ба онҳо ба зудӣ равшан гашт, ки пас аз қабул намудани таълимоти Лютер дигаргуниҳои бузург ба амал меоянд. Маърифатнокшавии халқ ва гузаронидани ислоҳот амалан маънии шикастхӯрии ҳокимияти мутлақи Румро дошт: равшан буд, ки ба наздикй воридшавии маблағҳои зиёд ба хазинаи Рум, ки шукӯҳу ҳашамати ҳокимияти папаро таъмин мекарданд қатъ мегардад. Зиёда аз ин, ба халқ мустақилона андеша ва амал кардан, дар Масеҳ дидани ягона умеди наҷотро таълим додан, маънои ба ларза даровардани тахти папаро дошт, ки дар охир эътибору нуфузи ин мансабдоронро низ ба хок яксон мекард. Бо чунин андешаҳо онҳо аз қабули роҳи донишомӯзӣ, ки Худо ба онҳо пешниҳод карда буд, даст кашиданд. Ба муқобили шахсе ки барои маърифатнокгардонии онҳо фиристода шуда буд баромад карда, онҳо бо ин рафтори худ ба муқобили Масеҳ ва ҳақиқат баромад карданд.MБУБ 131.1

    Лютер баъзан вақт дар бораи қисмати худ андеша намуда, ба ларза меомад: ӯ худ танҳо ба қудратдорони ин дунё муқобилият нишон медод. Гоҳо шубҳаҳо бар Лютер ғолиб меомаданд, ки оё ӯро дар ҳақиқат барои бо мансабдорони калисо муқоби- лият нишон додан Худо ҳидоят мекунад. «Ман кистам, - навишта буд ӯ, — ки ба бузургию ҳашамати хокимияти папа, ки дар назди он подшоҳон ва тамоми дунё ба ларза меоянд, муқобилият нишон диҳам?... Х,еҷ кас намедонад, ки ман дар ду соли аввал чӣ кадар азоб кашидам ва дар кадом ҳолати ноумедӣ қарор доштам»58Хдмон 40.. Вале ӯ ба ноумедии пурра маҳкум нашуда буд. Вақте ки ҳама гуна дастгирии инсонӣ аз миён мерафт, он гоҳ ӯ танҳо ба Худо рӯ меовард ва ба дасти пурқудрати Ӯ комилан умед бастанро омӯхт.MБУБ 131.2

    Лютер ба ҳамақидаи худ муроҷиат намуда, навишта буд: «Мо дарк намудани Китоби Мукаддасро на бо омӯзишҳои ҷиддӣ ва на бо ғайрати ақли худ ба даст оварда наметавонем. Вазифаи аввалиндараҷаи ту — бо дуо оғоз намуда, аз Худо зорию тавалло намо, то ки Ӯ бо меҳрубонии бузурги Худ маънии ҳақиқии Каломи Худро ба ту ошкор созад. Зеро ки ягона тафсиркунандаи Каломи Худо Муаллифи ин Калом аст ва У Худ чунин гуфтааст: «Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт». Бо кӯшишхои худ умеди ба даст овардани чизеро накун; ба ақли худ умед набанд, танҳо ба Худованд ва ба таъсири Рӯҳи У умед банд. Ба ман чун ба шахсе, ки ҳамаи инро дар таҷрибаи ҳаётӣ аз cap гузарондааст, бовар намо»59Д’Обинйе, китоби 3, боби 7.. Ҳамаи онҳое ки аз ҷониби Худованд баҳри мавъиза кардани ҳақиқатҳои ботантана барои замони худ даъват шудаанд, метавонанд аз ин суханон ибрати манфиатовар бигиранд. Ин ҳақиқатҳо шайтон ва он одамонеро ба ғазаб меоранд, ки дӯстдори онанд, ки онҳоро бо масалҳо тасалло диҳанд. Барои бо қувваҳои бадӣ мубориза бурдан хирад ва акди инсонӣ кифоя нест.MБУБ 132.1

    Агар душманони Лютер ба урфу одатҳо ё фармонҳо ва эътибору нуфузи папа такя мекарданд, пас ислоҳотчӣ ба Китоби Муқаддас ва танҳо ба Китоби Муқаддас муроҷиат мекард. Асирони ба ғазаб омадаи расмиятпарастй ва хурофот наметавонистанд далелҳои аз Китоби Муқаддас овардашударо инкор кунанд, бинобар ин ташна хуни ӯ буданд, ба монанди он ки яҳудиҳо ташнаи хуни Масеҳ буданд. «У бидъаткор аст! - фарёд мезаданд пайравони папа. — Ба ин бидъаткори хавфнок иҷозати як соат зиндагй карданро додан - маънои ба кори Калисо хиёнат карданро дорад. Чӯби дор барои ӯ гиря мекунад!!!» 60Ҳамон ҷо, боби 9.. Вале Лютер набояд қурбонии хашму ғазаби онҳо мегардид. Ӯ бояд кореро ба ҷо меовард, ки Худо барояш қаблан таъйин карда буд, ва фариштаҳои осмонӣ ӯро ҳимоя мекарданд. Ба вуҷуди ин қисми зиёди он нафароне, ки нури пурбаҳоро аз Лютер қабул карда буданд, мояи бадбинии шайтон гардиданд ва дар охир барои ҳақиқат бетарс сӯи азобу машаққатҳо ва марг қадам ниҳоданд.MБУБ 132.2

    Таълимоти Лютер таваҷҷӯҳи тамоми одамон андешакунандаи Германияро ба худ ҷалб намуд. Мавъизаҳо ва навиштаҳои ӯ нуреро дар худ доштанд, ки ақли ҳазорҳо одамонро бедор мекард. Имони зинда ҷои расмиятпарастии мурдаро мегирифт, ки Калисо муддати дароз дар асорати он қарор дошт. Халқ бо гузашти вақт харчи бештар имонро ба хурофотпарастии католисизм аз даст медод. Завлонаҳои хурофот оҳиста-оҳиста шикаста мешуданд. Каломи Худоро, ки ба шамшери дудама монанд асту ба қалбҳои одамон роҳ мекушояд, Лютер барои санҷиши ҳама гуна таълимот ва изҳоротҳо истифода мебурд. Дар ҳама ҷо кӯшишҳо ҷониби маърифатнокшавии маънавӣ ва таракқиёт ба чашм мерасид. Ҳама ташнагии парҳезгориро эҳсос мекарданд. Дар тӯли садсолаҳои дурудароз ҳеҷ чизи ба ин монанд рӯй надода буд. Халқе ки муддати дароз ба урфу одатҳо ва ҳимоятгарони заминй умед мебаст, бо тавба ва имон ба Масеҳи маслубшуда мурочиат мекард.MБУБ 133.1

    Ин рӯҳбаландшавӣ тарсу ҳароси амалдорони папаро ҳарчи бештар ба миён меовард. Ба Лютер фармони ба Рум ҳозир шудан дода шуд, то ки ба айбдоркуниҳо дар бидъаткорӣ ҷавоб диҳад. Дӯстони Лютер ин фармонро бо даҳшат қабул карданд. Онҳо дарк мекарданд, ки дар ин шаҳри нопоке, ки оғуштаи хуни пайравони Масеҳ аст, ба дӯсти онҳо чй гуна хатар тахдид мекунад. Онҳо ба муқобили сафари Лютер ба Рум эътироз намуда, талаб карданд, ки ӯ дар Германия монда, ҳамаи далелҳои худро дар ҳамин ҷо пешниҳод кунад.MБУБ 133.2

    Дар охир талаботҳои онҳо қонеъ гардонда шуданд ва барои шунидани кори Лютер намояндаи папа бо номаи ӯ омад, ки Лютер дар он бидъаткор эълон мешуд. Ба намояндаи папа лозим буд, ки «фавран даъво пешниҳод намуда ӯро ба ҳабс ги- рад». Дар ҳолати беитоатии Лютер, агар ба намояндаи папа муяссар нагардад, ки ӯро аз фикраш баргардонад, ба ӯ ҳукуқ дода шуда буд, ки «Лютерро дар тамоми сарзамини Германия ғайриқонунӣ эълон намояд ва инчунин пайравонашро ба лаънатхонӣ, таъқибот ва хориҷкунӣ аз Калисо дихад»61Д’Обинйе, китоби 4, боби 2.. Ғайр аз ин, папа ба намояндаи худ супориш дод, ки баҳри пурра решакан намудани ин бидъати марговар ҳамаи онҳоеро, ки ба фаъолияти Лютер ва ҳимоятгарони ӯ монеъ намешаванд, новобаста ба мавқеи дар давлат ва Калисо ишғолкардаашон, ғайр аз император ба суди адолатпарвари Рум супорад.MБУБ 133.3

    Ҳамаи ин рӯҳи аслии ҳокимияти папаро хеле хуб нишон медод. Дар ин хуҷҷат ба принсипҳои рафтори масехӣ ё ҳатто ба адолатпарварии оддӣ ишорае ҳам нест. Лютер аз Рум дар масофаи хеле дур зиндагӣ мекард ва заҳмат мекашид, ӯ имконияти фаҳмондани ақидаҳои худро надошт, вале ҳанӯз пеш аз оғоз ёфтани тафтишот, аллакай ӯро бидъаткор эълон намуданд ва дар як рӯз тафтишот гузаронда ӯро гунаҳгор ва маҳкум карданд. Ва ҳамаи ин аз ҷониби «падари муқаддас»-и номдузд ба ҷо оварда шуда буд, ки дар Калисо ва давлат ягона шахсияти обрӯманди дурусткору олӣ буд!!!MБУБ 134.1

    » Дар ин давра, вакте ки Лютер ба ҳамдардӣ ва маслиҳати дӯсти ҳақиқӣ эҳтиёҷ дошт, бо пешбинии Худо ба Виттенберг Меланхтон омад. Меланхтони ҷавон, хоксору шармгин бо мулоҳизаҳои солим, донишҳои ҳамаҷониба, суханпардозӣ, покӣ ва самимияти худ таваҷҷӯҳ ва эҳтироми халкро ба даст оварда буд. Қобилиятҳои барҷастаи ӯ чунин сифатҳои табиаташро, чун нармӣ ва боадабиро рӯйпӯш накарда буданд. Ба зудӣ ӯ пайрави боэътиқоди Инҷил, дӯсти вафодори Лютер ва ёрдамчии азизи ӯ гардид - боадабӣ, диққаткорӣ ва пухтакории ӯ, мардонагӣ ва нерумандии Лютерро хеле хуб пурра мегардонданд. Ҳамкории онҳо барои Лютер такягоҳи бузург гардид ва ба кори Ислоҳот қувваи нав бахшид.MБУБ 134.2

    Макони суд Аугсбург таъйин гардид ва Лютер пиёда ба он ҷо ба сафар баромад. Ба ӯ хатари ҷидди таҳдид мекард. Душманонаш тахдиди дар роҳ куштанашро мекарданд, ва дӯстонаш аз ӯ илтиҷо менамуданд, ки ҳаёти худро зери хатар намонад, ҳатто кӯшиш мекарданд ӯро розӣ кунонанд, ки барои муддате Виттенбергро тарк намуда, дар хонаи яке аз дӯстонаш пинҳон шавад. Лекин ӯ аз коре ки Худо барояш муқаррар карда буд, даст кашидан намехост. Лютер хуб дарк мекард, ки сарфи назар аз хама тӯфонҳои дар гирдаш талотумзананда, ӯ бояд ҳомии ҳақиқат бошад. Ӯ худ чунин мегуфт: «Ман ба Ирмиё - «марде ки ... низоъ ва нифоқ мекунад» (ниг. Ирмиё 15: 10) - монанд ҳастам. Лекин ҳар қадаре ки ба ман бештар тахдид кунанд, ман ҳамон қадар шодӣ мекунам... Онҳо аллакай шарафу номус ва номи неки маро поймол карданд. Танҳо як чиз мондааст: ҷисми оҷизи ман. Хайр чӣ, бигзор онхо инро ҳам бигиранд: онҳо ҳаёти маро якчанд соат кӯтоҳ мекунанд. Вале агар ran дар бораи ҷони ман равад, онҳо онро гирифта наметавонанд. Шахсе ки кӯшиши ба ҷаҳониён мавъиза намудани Каломи Масеҳро мекунад, бояд ҳар лаҳза маргро интизор бошад»62Ҳамон чо, боби 4..MБУБ 134.3

    Хабари ба Аугсбург ҳозир шудани Лютер ба намояндаи папа қаноатмандии зиёд овард. Бидъаткори ноором, ки таваҷҷӯҳи тамоми оламро ба худ ҷалб карда буд, акнун гуё дар асорати Рум қарор дошт ва намояндаи папа қарор дод, тамоми корро ба сомон расонад, то ки тӯъмаро аз даст надиҳад. Ба ислоҳотчӣ барои худ ба даст овардани номаи ҳимоявӣ муяссар нагардид. Дӯстони Лютер ӯро розӣ мекунонданд. ки ба назди намояндаи папа бе кафолати бехатарй ҳозир нашавад ва худ кӯшиши аз император гирифтани ин номаро мекарданд. Намояндаи папа умед дошт, ки Лютерро ба инкор кардани ақидаҳояш маҷбур месозад, дар акси ҳол мақсад дошт ӯро ба Рум бирасонад, ки он чо ӯро қисмати Гус ва Иероним интизор буд. Одамоне, ки аз дасти прелат пора гирифта буданд, мекӯшиданд Лютерро бовар кунонанд, ки ба марҳамати ӯ умед баста ба наздаш бе номаи ҳимоявӣ ҳозир шавад. Лекин ислохотчӣ ба назди намояндаи папа бе ҳуҷҷате ки кафолати ӯро аз ҷониби император таъмин мекард, ҳозир шуданро боқатъият рад кард.MБУБ 135.1

    Он гоҳ душманони Лютер қарор доданд, ки ба ӯ бо муомилаи меҳрубонона таъсир расонанд. Ҳангоми вохӯриҳо бо Лютер намояндаи папа бо ӯ суҳбатҳои хеле дӯстона мекард, лекин талаб менамуд, ки Лютер ба эътибору нуфузи калисо итоат намояд ва бе ҳеҷ гуна мухокимаҳо ва далелҳо аз хар як банди таълимоти худ даст кашад. Вале аён буд, ки ӯ Лютерро дуруст баҳогузорӣ намекунад. Лютер ба ӯ ҷавоб гардонда, эҳтироми худро нисбати Калисо, кӯшишҳои худро сӯи ҳақиқат ва тайёриро ба ҷавоб додан ба ҳамаи саволҳои ба таълимоти ӯ вобаста ва пешниҳоди ақидаҳои худро барои мухокима дар донишгоҳҳои пешрафта баён намуд. Дар баробари ин ӯ ба талаби аз таълимоти худ бе тафтишоти пешакӣ ва мунозира даст кашидан эътироз баён намуд.MБУБ 135.2

    Ба ӯ бе мондашавӣ як чизро такрор мекарданд: «Инкор намо, инкор намо!». Ислоҳотчӣ бошад ҷавоб дод, ки ақидаҳои худро дар асоси Китоби Муқаддас пешниход кардааст ва бо қатъият изҳор намуд, ки ҳакиқатро инкор карда наметавонад. Прелат, ки дар рад намудани далелҳои Лютер оҷизӣ мекашид, гоҳо ба сари ӯ ҳақоратҳо ва сарзанишҳоро фурӯ мерехт, гоҳо кӯшиш мекард бо хушомадгӯӣ дили ӯро ба даст биёрад, гоҳо бо ғазаб панду хикматҳои падарони Калисо ва урфу одатҳои гуногунро иқтибос оварда, намегузошт, ки ислохотчӣ сухане баён кунад. Беҳуда будани чунин сӯҳбатҳоро дида, Лютер дар охир иҷозатномаи бо дили нохоҳам додашударо гирифт, ки метавонист ба саволҳо ба таври хаттӣ ҷавоб гардонад.MБУБ 136.1

    «Айбдоршаванда аз ба даст овардани ин ҳуқуқ, - навишта буд Лютер ба дӯсташ, - ду манфиат мегирад: пеш аз ҳама навиштаҳо метавонанд ба мухокимаи одамони гуногун дода шаванд, ва дуюм ин ки имконияти бештаре пайдо мешавад, ки агар ба виҷдони ин ситамгари нофаҳмо гурғуркунандаю хавобаланд таъсире нарасад, ҳеҷ набошад ӯро ба ҳарос овардан лозим аст, ки дар акси ҳол бо суханпардозии магруронаи худ кӯшиши пахш намудани моро мекунад»63Мартин, «Ҳаёт ва давраи Лютер», саҳ. 271,272..MБУБ 136.2

    Дар вохӯрии навбатӣ Лютер далелҳои кӯтоҳ, лекин мукаммалро бо иқтибосҳои сершумори аз Китоби Муқаддас овардашуда пешниҳод намуд. Лютер ин навиштаҳоро бо садои баланд хонда, баъд варақро ба кардинале дод, ки бо нафрат онро аз худ дур партофта, фарёд зад, ки ин ҷамъи суханон ва иқтибосҳои пучанд, ки ба ин кор ягон муносибате надоранд. Он гоҳ Лютер бо рӯҳбаландӣ дар бораи он чизе сухан гуфт, ки ин прелат ба он бовар мекард - дар бораи урфу одатҳо ва доктринаҳои Калисо, ва бо ёрии онҳо ҳама фикрҳои ӯро ба таври пурра рад кард.MБУБ 136.3

    Далелҳои Лютер бехато буданд ва прелат худдориро аз даст дода, бо ғазаб фарёд зад: «Аз ақидаҳои худ даст каш! Агар даст накашӣ, ман туро ба Рум мефиристам, ки ту дар он ҷо ба дасти довароне дода мешавӣ, ки кори туро хубтар медонанд. Ман ба ту ва ба пайравони ту лаънат мехонам ва ҳамаи онҳоеро, ки нисбати ту хайрхоҳанд аз Калисо хориҷ мекунам». Ва магрурона илова намуд: «Аз ақидаҳоят даст каш ё дигар ба чашмам нанамо»64Д’Обинйе, китоби 4, боби 8..MБУБ 137.1

    Лютер бо дӯстони худ фавран баромада рафтанд ва ҳамин тавр ошкоро нишон доданд, ки дар хусуси ҳеҷ гуна дасткашиҳо сухане ҳам буда наметавонад. Кардинал чунин окибати корро интизор набуд. Ӯ умед дошт, ки бо зӯри қувва ва таҳдидҳо Лютерро ба итоат намудан маҷбур мекунад. Лекин акнун, вақте ки накшаҳояш барбод рафтанд, ӯ алами худро бар ёрдамчиёнаш пинҳон карда натавонист.MБУБ 137.2

    Баромади далеронаи Лютер бенатиҷа намонд. Одамони дар вохӯрӣ ҳузурдошта имконияти мукоиса намудани ду мард ва хулосабарории лозимаро дар бораи қувва ва ҳақ будани ҳар яке аз онҳо пайдо намуданд. Чӣ гуна тазоди ҳайратангез! Ислоҳотчии фурӯтан, оддӣ ва матин ба қувваи Худо такя намуда ҳақиқатро ҳимоя мекард: намояндаи папа бошад, худписанд ва босалобат, мағрур ва беандеша, ягон далеле аз Китоби Муқаддас наёвард ва танҳо бадхашмона фарёд мезад: «Даст каш! Набошад ба Рум фиристода мешавӣ ва дар он чо ҷазои сазоворро мегирӣ!».MБУБ 137.3

    Сарфи назар аз он ки Лютер дар даст номаи ҳимоявӣ дошт, хатари ба ҳабс афтидан ба ӯ таҳдид мекард. Дӯстони Лютер бенатиҷа будани дар Аугсбург мондани ӯро дида, ба Виттенберг баргаштанашро таъқид мекарданд. Бениҳоят эҳтиёткор будан зарур буд. Бинобар ин Лютер шабона аспсавор бо роҳбаладии як нафар, ки аз ҷониби магистрат пешниҳод шуда буд, Аугсбургро тарк мекунад. Аз эҳсосотҳои пурдаҳшат азият кашида, ислоҳотчӣ аз кӯчаҳои торик ва холии шаҳр мегузарад. ӯ хуб медонист, ки душманони сангдил ва хунхор ният доранд ӯро ба қатл расонанд ва ҳар як қадамашро назорат мекарданд. Оё ӯ аз домҳои гузошташуда рахо ёфта метавонад? Ин лаҳзаҳои изтироби сахттарин ва дуоҳои аз қалби дил баёншуда буданд. Ана аллакай ӯ ба девори шаҳр наздик шуд. Дарвозахо кушода шуданд ва ӯ бе монеа бо ҳамроҳии роҳбалад аз шаҳр баромад. Гурезаҳо худро дар бехатарӣ ҳис намуда, аспҳоро маҳмез заданд ва пеш аз он ки прелат аз рафтани Лютер хабар ёфт, ӯ аллакай дар масофаи дур карор дошт. Шайтон бо ҳамдастони худ маглуб шуданд. Шахсеро, ки онҳо тӯъмаи худ мешумориданд, аз дасти онҳо чун парранда аз дасти сайёд рахо ёфт.MБУБ 137.4

    Аз гурехтани Лютер хабар ёфта, прелат сахт дар тааҷҷуб монд ва ба ғазаб омад. У умед дошт, ки зарбаи далеронааш ба ин вайронкунандаи оромии Калисо ба таври муносиб мукофотонида мешавад, вале акнун ҳамаи интизориҳои хурсандибахш шармандавор барбод рафтанд. У тамоми ғазаби худро дар мактуб ба Фридрих, ҳокими Саксония баён намуда, Лютерро сахт айбдор намуд ва талаб кард. ки Фридрих ислоҳотчиро ба Рум фиристад ё ки ӯро аз Саксония пеш кунад.MБУБ 138.1

    Лютер дар навбати худ талаб мекард, ки прелат ё папа дар асоси Китоби Муқаддас гумроҳиҳои ӯро исбот намоянд ва бо тантана ваъда дода, ки агар ин иҷро карда шавад, он гоҳ ӯ аз ақидаҳои худ даст мекашад. Дар баробари ин Лютер пайваста Худоро барои он шукр мегуфт, ки ӯро сазовори барои чунин кори муқаддас азият кашидан донистааст.MБУБ 138.2

    Фридрих бо таълимоти Лютер шиносоии хуб надошт. Ba¬ne ӯро самимият, нерӯ ва равшании суханони ислоҳотчӣ ба ҳайрат меоварданд ва ӯ қарори қатьӣ дод, ки Лютерро то пурра маълум шудани кор ҳимоя кунад. Дар ҷавоб ба дархости прелат ӯ навишта буд: «Шумо бояд аз омадани доктор Мартин Лютер ба Аугсбург қаноатманд мешудед. Мо интизор набудем, ки шумо ӯро ба дасткашӣ маҷбур мекунед, ба ҷои он ки бовар кунонед. Ҳеҷ нафаре аз мардони донишманд дар мамлакати мо ба ман хабар надодааст, ки таълимоти Мартин Лютер куфрона, зиддимасеҳӣ ва бидъаткорона аст». Ва Фридрих аз фиристодани Лютер ба Рум ва пеш кардани ӯ аз қаламрави мулки худ даст кашид65Ҳамон ҷо, боби 10..MБУБ 138.3

    Фридрих вазъияти ғамангези маънавиётро дар ҷамъият медид. Эҳтиёҷоти бузург ба ислоҳот аён буд. Ӯ дарк мекард, ки агар одамон талаботхои Худоро ба ҷо меоварданд ва мувофиқи виҷдони бо хақикат покшудаи худ амал мекарданд, он гоҳ ба сарф намудани маблағҳои зиёд барои мубориза бо ҷинояткорӣ зарурат намемонд. Ӯ медид, ки асарҳои Лютер маҳз ба ҳамин мақсади наҷибона равона шудаанд ва пинҳонӣ аз он шодӣ мекард, ки дар Калисо боди тозаи дигаргуниҳо мевазад.MБУБ 139.1

    Ӯ инчунин ба он чизи дигаре низ таваҷҷӯҳ нокарда наметавонист, ки Лютер чун професори донишгоҳ соҳиби муваффақияти ғайриоддӣ буд. Аз замоне ки Лютер тезисҳои худро ба дари маъбад мехкӯб кард, танҳо як сол гузашт, лекин шумораи зиёраткунандагоне, ки ба Калисо дар иди ҳамаи муқаддасон меомаданд, хеле кам шуд. Рум аз пайравони худ маҳрум гашт, сели садақакуниҳо кам шуд, лекин Виттенберг холй намонд - акнун онро донишчӯёни донишгоҳҳо пур мекарданд, на зиёраткунандагоне, ки барои сачда ба турбатҳо меомаданд. Асарҳои Лютер таваҷҷӯҳи оммаро ба Китоби Муқаддас на танхо дар Германия бедор карданд - ҷавонон аз мамлакатҳои гуногун барои донишомӯзӣ ба донишгоҳи Виттенберг меомаданд. Ҷавонони ба Виттенберг наздикшавандае, ки маротибаи аввал ин шахрро медиданд, «дастони худро сӯи осмон боло бардошта, Худоро барои он шукр мегуфтанд, ки аз ин шаҳр шуоъҳои нури ҳақиқат пахн мегарданд, ба монанди он ки дар замонҳои пеш нури ҳақикат аз Сион ба мамлакатхои дурдаст паҳн мегардид»66Ҳамон ҷо, китоби 3, боби 10..MБУБ 139.2

    Бо вуҷуди ин Лютер аз таълимоти католисизм то ба охир ноумед нагашта буд. Лекин ҳақиқатҳои муқаддасро бо таълимот ва фармонҳои папа муқоиса намуда, ӯ ба ҳайрат меомад. «Ман, — навишта буд у, — қарорҳои папаро мехонам ва ... намедонам - оё папа худ зиддимасеҳ аст ё ҳаввории ӯ бошад - Масех дар ҳуҷҷатҳои ӯ ин қадар тӯҳматзада ва мехкӯб шудааст»67Ҳамон ҷо, китоби 5, боби 1.. Ба ҳар ҳол Лютер дар ин замон ба мисли давраи пеш пайрави калисои Рум буд ва андеша намекард, ки замоне аз он хориҷ карда мешавад.MБУБ 139.3

    Асарҳо ва таълимоти Лютер дар миёни ҳамаи халқҳои масеҳӣ паҳн мешуданд. Ақидаҳои ӯ дар Швейсария ва Голландия неш зада баромаданд. Асарҳои ӯ барои худ ба Франсия ва Испания роҳ кушоданд. Дар Англия таълимоти у чун каломи ҳаётбахш қабул карда шуд. Ҳақиқат инчунин ба Белгия ва Италия низ ворид гашт. Ҳазорон одамон аз худ карахтии марговарро афшонда, барои шодӣ ва умеди зиндагии озод дар имон бедор шуданд.MБУБ 140.1

    Ҳамлаҳои Лютер Румро ҳарчи бештар оташин мегардонданд ва баъзе аз католикҳои мутаассиб, аз он ҷумла баъзе аз олимони донишгоҳҳои католикй изҳор медоштанд, ки шахсе ки ин роҳиби шӯрангезро мекушад, гуноҳ содир намекунад. Боре ба ислоҳотчӣ марди ношиносе бо таппончаи дар киса пинхон наздик омада аз ӯ пурсид, ки барои чй ӯ танҳо меравад? «Ҳаёти ман дар дасти Худованд аст, - ҷавоб дод Лютер. Қувва ва Сипари ман Худованд аст, пас инсон ба ман чӣ коре карда метавонад»68Ҳамон ҷо, китоби 6, боби 2.. Аз шунидани ин суханон ранги рӯи марди ношинос хира гашт ва ӯ саросемавор гайб зад, гуё ки фариштаи осмониро дида бошад.MБУБ 140.2

    Рум тамоми чораҳоро меандешид, то ки Лютерро ба катл расонад, лекин ӯро Худованд ҳимоя мекард. Таълимоти ӯ дар тамоми ҷойҳо - «дар кулбаҳо ва дайрҳо ... дар қасрҳои ашрофзодагон, дар донишгоҳҳо ва дар даргоҳи подшоҳон», маъвиза карда мешуд ва дар ҳама чо мардони олиҳиммате ёфт мешуданд, ки ба ҳимояи ӯ бармехестанд69Ҳамон ҷо..MБУБ 140.3

    Лютер асарҳои Гусро хонда, ошкор кард, ки ислохотчии богемиягй ҳақиқати бузурги ба воситаи имон сафедшавиро эътироф кардааст, ки худ онро муддати дароз ҷустуҷӯ мекард ва акнун мавъиза мекунад. «Ҳамаи мо, — мегуфт Лютер, — Пав- лус, Августин ва ман пайравони Гус буда, дар ин бора гумон ҳам надоштем!» «Худованд, - давом дод ӯ, - ҷаҳонро барои он ҷазо хохад дод, ки ҳақиқати 100 сол пеш ба он мавъизашударо сӯзонд!» 70Уайлӣ , китоби 6. боби 1..MБУБ 140.4

    Лютер дар муроҷиатномаи худ ба император ва ҳокимони Германия ба ислоҳоти масеҳият даъват намуда, нисбати папа навишта буд: «Талх ва даҳшатовар аст дидани он ки чӣ тавр шахсе ки худро ноиби Масеҳ мешуморад дар шукӯҳу ҳашамате зиндагӣ мекунад, ки ҳатто зиндагии император бо он баробар шуда наметавонад. Магар ин ба Исои камбағал ё Петруси хоксор монанд аст? Мегӯянд, ки папа - ҳокими ҷаҳон аст! Лекин Масеҳ, ки папа худро ноиби Ӯ мешуморад, чунин гуфтааст: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест». Оё мулки ноиб аз мулки Хоҷа зиёд буда метавонад?» 71Д’Обинйе. китоби 6, боби 3..MБУБ 141.1

    Дар бораи донишгоҳҳо ӯ чунин навишта буд: «Ман аз он сахт метарсам агар дар муассисаҳои таълимӣ Китоби Муқаддас бо ҷидцу ҷаҳд омӯхта нашавад ва ҷавонон онро роҳбалади худ накунанд, ин муассисаҳо ба дарвозаҳои дӯзах табдил меёбанд. Ман ба ҳеҷ кас тавсия намедиҳам, ки фарзанди худро ба таълимгоҳе бидиҳад, ки дар он ҷо Китоби Муқаддас мавқеи асосиро ишғол намекунад. Дилхоҳ муассисаи таълимие ки дар он Китоби Муқаддас бодиққатона омӯхта намешавад, хислату феъли ҷавононро вайрон мекунад»72Ҳамон ҷо..MБУБ 141.2

    Ин муроҷиатнома бо суръати барқосо дар тамоми Германия паҳн гардид ва дар миёни халқ изтироби зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо майлу хоҳиши ба Ислоҳот ҳамроҳшавиро дарк карданд. Душманони Лютер, ки ташнаи интиқом буданд, папаро ба андешидани чораҳои қатъӣ бовар мекунонданд. Қарори фавран лаънат хондани таълимоти ӯ қабул карда шуд. Ба ислоҳотчӣ ва пайравони ӯ барои андеша қардан 60 рӯз дода, шарт гузоштанд, ки агар бо гузашти ин мӯҳлат онҳо аз ақидаҳои худ даст накашанд, он гоҳ онҳоро хориҷшавй аз Калисо интизор аст.MБУБ 141.3

    Ин барои Ислоҳот лаҳзаи мудҳиш ва ҳалкунанда буд. Дар тӯли садсолаҳои дурудароз ҳукми Рум оиди аз Калисо хориҷ кардан подшоҳони пурқудратро ба даҳшат меовард; он импе- рияҳои бузургро ба бадбахтӣ ва хароби маҳкум мекард. Бо он нафаре, ки ба ин лаънат гирифтор мегардид бо даҳшат ва тарс нигоҳ мекарданд; онҳо дӯстони пешинаи худро ба таври ҳамешагӣ аз даст медоданд; ба онҳо чун ба ҷинояткорон муносибат мекарданд ва онҳоро чун ҳайвонҳои ваҳшӣ таъқиб менамуданд. Лютер дар бораи тӯфони даҳшатоваре, ки барои бар сараш ФУРӮ рехтан омода буд, хабар дошт, лекин ба кӯмак ва ҳимояи Масеҳ умед баста, дар ақидаи худ устувор монд. У бо имон ва мардонагии шахси азияткашида навишта буд: «Ман намедонам чӣ рӯй медиҳад, ва донистан ҳам намехохам... Зарба ба ҳар ҷое ки расад, ман ором мемонам. Ҳатто агар баргҳо бе хости Худованд нарезанд, пас мо бояд алалхусус ба гамхории У дар ҳаққи худ боварӣ дошта бошем. Барои Каломи Худо чон додан осон аст, зеро Худи Калом, ки ҷисм гардид, ҷон дод. Агар мо бо У ҷон бидиҳем, пас бо Ӯ зинда мешавем, агар мо ҳамаи он чиро, ки Ӯ пеш аз мо аз cap гузаронд, бичашем, пас ба таври абадӣ дар он маконе мешавем, ки У он ҷо қарор дорад» 73Ҳамон ҷо, боби 9..MБУБ 141.4

    Вақте ки ярлиқи папа ба дасти Лютер расид, ӯ чунин гуфт: «Ман онро чун ярлиқи куфрона ва дурӯғ таҳқир ва рад мекунам... Зеро ки он Худи Масехро маҳкум мекунад... Ман аз оы шодам, ки каме ҳам бошад барои ин кори наҷибона азият мекашам. Ва ман худро ҳатто озод ҳис мекунам, зеро акнун боварӣ ҳосил кардам, ки папа — зиддимасеҳ ва тахти ӯ - тахти худи шайтон аст»74Ҳамон ҷо..MБУБ 142.1

    Қарори Рум бе натиҷа намонд. Маҳбасҳо, азобҳо ва шамшер воситаҳои бисёр зӯрманде буданд, то ки инсонро ба итоаткорӣ маҷбур созанд. Нафарони сустирода ва хурофотпараст аз фармони папа ба тарс меомаданд, ва гарчанде ки нафарони зиёд ба Лютер ба мисли пешина ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд, вале чунин мешумориданд, ки ҳаёт бениҳоят ширин аст, то онро дар роҳи Ислоҳот қурбон созем. Ба назар чунин менамуд, ки гуё ҳама чиз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кори ислоҳотчӣ ба охир расидааст.MБУБ 142.2

    Лютер ба мисли пеш нотарсу далер буд. Рум уро лаънат хонда, аз калисо пеш кард ва ҳама интизор буданд, ки ӯ ба дасткашӣ аз ақидаҳои худ маҷбур мешавад ё мемирад. Лекин Лютер бо қувваи бениҳоят зиёд айбномаҳои ҷавобиро сари Рум фурӯ рехт ва ошкоро мақсади худро оиди ба таври ҳамешагӣ аз Калисо ҷудо шудан, баён намуд. Дар ҳузури донишҷӯён, олимон ва сокинони зиёди шаҳр ӯ ярлиқи папаро бо қонунҳои динӣ, фармонҳо ва ҳуҷҷатҳои махсусе оташ зад, ки эътибору нуфузи ҳокимияти папаро асоснок мекарданд. «Душманонам китобҳои маро оташ заданд, - гуфт ӯ, - то ки ҳақиқатро аз ақлҳои одамони оддӣ решакан кунанд ва ҷонҳои онҳоро ба марг диҳанд ва акнун дар ҷавоби ҳамаи ин ман китобҳои онҳоро оташ мезанам. Акнун муборизаи ҳақиқатан ҷиддӣ cap мешавад. To ҳол ман папаро андак ба изтироб оварда будам. Ман ин корро ба номи Худованд оғоз кардам, ва он бе ман, Ba¬лe бо қувваи Ӯ ба анҷом мерасад»75Ҳамон ҷо, китоби 6, боби 10..MБУБ 142.3

    Ба сарзанишҳои душманон, ки оиди кори ӯ таънаҳои талх мезаданд, Лютер чунин ҷавоб медод: «Кӣ медонад, оё маро Худо даъват накардааст; оё эҳтиёт шудани онҳо лозим нест, ки маро бад дида, онҳо Худи Худоро бад мебинанд? Ҳангоми аз Миср берун баромадан Мусо танҳо буд; Илёс ҳангоми подшоҳии Аҳъоб танҳо буд; Ишаъё дар Ерусалим танҳо буд; Ҳизқиёл - дар Бобил... Худо ҳеҷ гоҳ ба пайғамбарӣ саркоҳин ё дигар чеҳраҳои машҳуру номдорро даъват накардааст, лекин Ӯ одатан шахсиятҳои номаълум ва оддиро интихоб мекард; ҳатто боре Омӯси чӯпонро даъват кард. Дар ҳар як насл парҳезгороне ёфт мешуданд, ки ҳаёти худро зери хатар монда, бузургони ин ҷаҳон, подшоҳон. ҳокимон, коҳинон ва олимонро дар бадкирдорияшон фош мекарданд. Ман даъвои пайғамбарй намекунам, вале баён медорам, ки онҳо бояд битарсанд, ки ман худ танҳоям, онҳо бошад бисёр. Ман ба он боварии комил дорам, ки Худованд бо забони ман сухан мегӯяд, вале онҳоро Ӯ роҳнамоӣ намекунад»76Ҳамон ҷо..MБУБ 143.1

    Лекин ҷудошавии пурра аз Калисо ба Лютер бе муборизаи сахти ботинӣ ба даст наомад. Дар он замон ӯ навишта буд: «Бо гузашти ҳар рӯз ман эҳсос мекунам, ки чӣ тавр мушкил аст аз худ дур намудани ақидаҳои нодурусте, ки онҳоро аз овони кӯдакӣ аз худ намудаам. Гарчанде ки Китоби Муқаддас ақидаҳои маро тасдиқ мекунад, ман азобҳои зиёдеро аз cap гузарондам, пеш аз он ки боварӣ ҳосил кардам, ки дар қарори худ оиди муқобили папаи зиддимасеҳ баромад намуданам ҳақ ҳастам! Чӣ гуна азобҳои рӯҳиро ман аз cap гузарондам! Чи қадар зуд-зуд бо дард ман ба худ як саволеро медодам, ки аз забони пайравони папа дур намешавад: «Наход, ки танҳо ту чунин донишманд ҳастӣ, ва дигарон хато мекунанд? Чӣ мешавад, агар маълум шавад, ки ту худ гумроҳ гардидай ва одамони зиёдеро бо таълимоти худ фиреб намудай, ки ба сарзаниши абадӣ гирифтор мешаванд». Ман худ бо худ ва бо шайтон мубориза мебурдам, то замоне ки Масеҳ бо Каломи ҳақи Худ қалби маро ба муқобили ин шубҳаҳо устувор гардонд»77Мартин, саҳ. 372, 373..MБУБ 143.2

    Дар сурати аз ақидаҳои худ даст накашидан папа ба Лютер таҳдиди аз Калисо хориҷ карданашро мекард ва акнун ин тахдиди худро амалӣ намуд. Ярлиқи нав, ки ба таври пурра аз Калисои католикӣ хориҷ намудани Лютерро эълон мекард, ҳам ӯ ва ҳам нафарони таълимоти ӯро қабулкардаро ба лаънатҳои сахт гирифтор мекард. Танҳо акнун муборизаи бузург бо тамоми қуввааш оташ гирифт.MБУБ 144.1

    Мубориза - як қисми зиндагии ҳамаи он нафаронест, ки Худо ба онҳо мавъиза намудани муждаро барои замони худ амр мекунад. Дар замони Лютер ҳақиқати барои он замон аҳамияти махсусдошта мавъиза карда мешуд, дар замони мо бошад ҳақиқати барои Калисои замони мо муҳим мавъиза карда мешавад. Худое ки ҳама чиз бо иродаи У ба амал меояд, одамонро дар ваъзиятҳои гуногун ҷой медиҳад ва бар души онҳо вазифаи махсусеро мегузорад, ки ба замон ва ваъзияте, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, мувофиқ аст. Агар онҳо оа қадри нури ба онҳо додашуда бирасанд, дар пеши назари онҳо роҳҳои боз ҳам васеътар кушода мешаванд. Лекин қисми зиёди одамон дар замони мо на бештар аз пайравони папа дар замони Лютер кӯшиши донистани ҳақиқатро мекунанд. Дар замони мо низ чун дар асрҳои пеш, одамон на Каломи Худо, балки ақидаҳо ва урфу одатҳои инсониро эҳтиром мекунанд. Бигзор онҳое, ки ҳақиқатро дар замони мо мавъиза мекунанд, интизори он нашаванд, ки он назар ба замони ислоҳотчиён бо ҳусни таваҷҷӯҳи бештаре қабул карда мешавад. Муборизаи бузург миёни ҳақиқат ва гумроҳӣ, миёни Масеҳ ва шайтон то ба анҷоми таърихи ҷаҳони мо ҳарчи бештар қувва мегирад.MБУБ 144.2

    Исои Масеҳ ба шогирдони худ гуфта буд: «Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад. Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: «Ғулом бузургтар аз оғои худ нест». Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя накарданд, каломи шуморо низ риоя нахоҳанд кард» (Юҳанно 15:19, 20). Ғайр аз ин, Исои Масеҳ возеҳу равшан чунин мегӯяд: «Вой бар ҳоли шумо, вақте ки тамоми мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб, ҳамин тавр рафтор карда буданд» (Луқо 6: 26). Рӯҳи ҷаҳони имрӯза бо рӯҳи Масеҳ ба монанди замонҳои пеш мухолифат мекунад ва онҳое ки Каломи ҳақи Худоро бехато мавъиза мекунанд, имрӯз на камтар аз замонҳои пеш ба нофаҳмиҳо дучор мешаванд. Шаклҳои мубориза ба муқобили ҳақиқат метавонанд тагйир ёбанд, душманӣ метавонад на ончунон равшан ва аён бошад, вале нафрат ба ҳақиқат давом дорад ва то охири замон аз миён намеравад.MБУБ 145.1

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents