Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 42. - МУБОРИЗА АНҶОМ ДОДА ШУД

    Вақте ки ҳазор сол ба охир мерасад, Исои Масеҳ бо ҳамроҳии анбӯҳи фидиягузоришудагон ва селаи фариштагон боз ба замин меояд. Вақте ки Ӯ бо ҷалолати ҳайратангез нузул мекунад, он гоҳ ба ҳамаи гунаҳкорони мурда амри эҳё шуданро медиҳад, то ки қисмати худро қабул кунанд. Онҳо аз қабрҳо бо шумораи бузурги чун реги соҳили баҳр бешумор берун меоянд. Чӣ гуна сахт фарк мекунанд онҳо аз нафароне, ки ҳангоми эҳёи якум зинда шуда буданд. Порсоён ҷавонӣ ва зебоии фанонопазирро соҳиб шуданд. Гунаҳкорон дар худ нақши беморӣ ва маргро доранд.MБУБ 708.1

    Дар ин издиҳоми бузург чашмони ҳама ҷониби ҷалоли Исои Масеҳ равона шудаанд. Гунаҳкорони зиёд якдилона хитоб мекунанд: «Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!» Вале онҳоро на муҳаббат ба Масеҳ ба баёни ин суханон водор месозад. Онҳоро ба гуфтани ин суханон қудрати ҳақиқат маҷбур мекунонад. Гунаҳкорон аз қабрҳо бо ҳамон адоват нисбати Масеҳ ва бо худи ҳамон рӯҳи ғазаб ва оштинашавандагие берун меоянд, ки бо он ба он ҷо рафта буданд. Барои онҳо дигар давраи файз боқӣ намемонад, то ки нуқсонҳои ҳаёти гузаштаро ислоҳ созанд. Ин мӯхлати санҷиш ҳеҷ чизро тағйир намедод. Ҳаёти бо гунаҳкорӣ гузарондашуда қалбҳояшонро фурӯтан насохт. Ва агар давраи файз ба онҳо дубора дода мешуд, онҳо аз иҷрои талаботҳои Худо cap печидаву ба муқобили Ӯ исён бардошта, онро мисли пешина мегузаронданд.MБУБ 708.2

    Исои Масеҳ ба болои кӯҳи Зайтун мебарояд, ки баъди эҳёи Худ аз он ҷо ба осмон сууд карда буд ва он ҷо фариштагон ваъдаи омадани Ӯро такрор карданд. Пайғамбар мегӯяд: «Худованд Худои ман хоҳад омад ва ҳамаи муқаддасон ҳамроҳи Ӯ». «Ва пойҳои Ӯ дар он рӯз бар кӯҳи Зайтун, ки аз тарафи шарқ рӯ ба рӯи Ерусалим аст, хоҳад истод; ва кӯҳи Зайтун аз миёнаш... ду тақсим шуда, дараи бисёр калоне ба вуҷуд хоҳад омад». «Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд ва исми Ӯ - Ягона» (Закарё 14:5,4,9). Вақте ки баъд Ерусалими Нав бо ҳашамати чашмбар аз осмон поён мешавад, он ба ҷои барояш пок ва омодашуда фуруд меояд. Ва Масеҳ бо ҳамроҳии қавми Худ ва фариштагон ба шаҳри Муқаддас ворид мешавад.MБУБ 708.3

    Акнун шайтон ба муборизаи охирину бузург барои ба даст даровардани ҳукмронӣ дар Коинот омодагӣ мебинад. Аз қувва ва имконияти фирефтани одамон маҳрум гардида, мири бадӣ дар ҳолати ҳузнангез ва маъюсона қарор дошт, вале акнун, баъди эҳёи гунаҳкорон, мебинад, ки шумораи зиёде ҷонибдоронаш ҳастанд. Вай аз нав умедвор мешавад ва қарор медиҳад то дар муборизаи бузург таслим нашавад. Тамоми қӯшунҳои гунаҳкорони мурдаю эҳёшударо дар зери ливои худ ба ҷанг мебарад ва кӯшиш мекунад бо кӯмаки онҳо орзуҳои худро амалй гардонад. Гунаҳкорон - асиронаш ҳастанд. Масеҳро рад намуда, ҳокимияти пешвои исёнгаронро эътироф карданд ва барои ба фармонҳо ва амрҳои вай итоат кардан омодаанд. Вале шайтон, ки дар маккории худ устувор аст, чеҳраи аслияшро ошкор намесозад. Вай худро ҳокими комилхуқуқи ин ҷаҳон вонамуд мекунад, ки салтанаташ аз вай ба таври ғайриқонунӣ кашида гирифта шудааст. Вай худро чун озодкунандаи зердастони фиребхӯрдаи худ муаррифӣ намуда, 60Bap мекунонад, ки онҳо бо қувваи вай аз қабр берун бароварда шудаанд ва акнун вай ният дорад онҳоро аз зулми мудҳиштарин озод созад. Ҳангоми ҳузур надоштани Масеҳ шайтон мӯъҷиза меофарад, то ки қонунӣ будани даъвоҳои худро исбот намояд. Ҳамаро бо рӯҳ ва нерӯи худ рӯҳбаланд намуда, заифонро қудратманд мегардонад. Ба онҳо ба бошишгоҳи муқадцасон рафтан ва бо ҳамла забт намудани шаҳри Худоро пешниҳод мекунад. Бо тантанаи бадхоҳона ба миллионҳо нафарони аз мурдагон эҳёшуда ишора карда, изҳор менамояд, ки дар ҳоли сарвари онҳо будан, вай қодир аст шаҳрро сарнагун созад ва тахт ва салтанаташро ба худ баргардонад.MБУБ 709.1

    Дар ин издиҳоми бешумор микдори зиёди одамони дарозумри дунёи пеш аз тӯфон, одамони ҷуссаи баҳодурона ва ақли тавоно доштае ҳастанд, ки дар ихтиёри фариштагони гунаҳгоргардида афтода, ҳамаи дониш ва истеъдодҳои худро ба худболобардорӣ бахшиданд. Ин одамон шоҳасарони санъат офариданд, дар назди ақлу заковатӣ онҳо ҷаҳон сари таъзим фуруд меовард, вале бо бераҳмӣ ва ихтирооти мудҳиши худ заминро палид гардонданд, симои Худоро вайрон намуданд ва Парвардигорро маҷбур намуданд, ки онҳоро аз рӯи замин нест кунад. Ин ҷо подшоҳон ва сарлашкарони қавмҳои пурраро нест намуда, мардони ҷасури дар ягон задухӯрд шикаст нахӯрда, ҷанговарони мағруру ҳавобаланде, ки ҳангоми наздикшавияшон салтанатҳо ба ларза медаромаданд, ҳузур доранд. Марг онҳоро дигаргун насохт. Аз қабр берун омада, дар хусуси он чиз андеша карданро давом медиҳанд, ки онҳоро пеш аз марг ба ташвиш меовард. Онҳоро ҳамон шавқу рағбате идора мекунад, ки дар гузашта онҳоро безобита мегардонд.MБУБ 710.1

    Шайтон бо фариштагони худ ва инчунин бо подшоҳон, истилогарон ва кудратмандони ин ҷаҳон машварат мекунад. Қувваи худ ва афзалияти шумораро дарк намуда, онҳо изҳор медоранд, ки лашкари дар паси деворҳои шаҳр қарордошта дар муқоиса бо кувваҳои онҳо камтар аст ва онро мағлуб кардан мумкин аст. Онҳо накшаи ба даст даровардани сарват ва чалоли Ерусалими Навро мекашанд. Ва ҳама ҳамон соат омодагиро ба задухӯрд шурӯъ мекунанд. Силоҳсозони моҳир воситаҳои ҷангӣ месозанд. Сарлашкарони бо ғалабаҳои худ машҳургардида, ҷанговаронро саф меороёнанд.MБУБ 710.2

    Ниҳоят амри ба ҳуҷум гузаштан дода мешавад ва лашкари бешумор ба пеш қадам мезанад. Аз он замоне ки ҷангҳо дар рӯи замин оғоз ёфтанд, истилогарони замин чунин лашкареро, ки қувваҳои муттаҳидгардидаи ҳамаи давру замонҳоро дар бар мегирад, дар ихтиёр надоштанд. Шайтон, ҷанговари қудратмандтарин, пешопеш меравад, фариштагони вай бошанд қувваҳоро барои ин задухӯрди охирин муттаҳид мегардонанд. Дар сафҳои он - подшоҳон ва чанговарон ва ҳама шумораи зиёди одамон ба кӯшунҳои алоҳида чудо шудаанд ва ҳар яке онҳо сарвари худро дорад. Сафҳои зичгардида бо тартиби мукаммали ҷангӣ дар рӯи замини ноҳамвор ва пасту баланд сӯи шаҳри Худо ба пеш ҳаракат мекунанд. Бо амри Исои Масеҳ дарвозаҳои Ерусалими Нав пӯшида мешаванд ва лашкари шайтон шаҳрро иҳота намуда ба ҳамла омодагӣ мебинад.MБУБ 710.3

    Акнун душманони Масеҳ бори дигар Ӯро мебинанд. Дар баландии хеле зиёд дар болои шахр, дар болои таҳкурсии аз тиллои чашмбар бунёдёфта, тахти олӣ ва бузург пойдор аст. Исои Масеҳ дар он нишастааст, дар атрофи Ӯ бошад - бандагони Салтанати Ӯ. Ягон қалам ба тасвир намудан ва ягон забон ба баён намудани қудрат ва чалолати Исои Масеҳ қодир нест. Ҷалоли Худои Ҷовид Исои Масеҳро иҳота мекунад. Нури ҳузури Ӯ шаҳри Худоро фаро гирифтаву аз дарвоза берун шуда тамоми заминро бо дурахши худ мунаввар мегардонад.MБУБ 711.1

    Дар наздикии тахт нафароне меистанд, ки замоне бо саъю кӯшиши зиёд ба шайтон хизмат мекарданд вале мисли кундаи нимсӯхта аз миёни оташ берун бароварда шуда, бо худбахшии амику самимона ба Наҷотдиҳандаи худ пайравӣ намуданд. Аз паси онҳо нафароне меистанд, ки дар миёни фиреб ва беимонӣ ба камолоти масеҳӣ расиданд, нафароне ки иззати Шариати Худоро ба ҷо оварданд, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳони масеҳӣ онро нолозим эълон кард; ва баъд - миллионҳо нафарони дигар аз ҳамаи кавмҳо ва қарнҳо, ки барои имон азият кашида буданд. Дар поён бошад «анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд» (Вахй 7:9). Муборизаи онҳо анчом ёфтааст, ғалаба ба даст омадааст. Онҳо арсаи зиндагиро тарзе тай намуданд, ки сазовори мукофот гардиданд. Шохаҳои нахл дар дасти онҳо - рамзи ғалабаи онхост, либосҳои сафед бошанд покии бедоғи Масеҳро таҷассум мекунад, ки акнун покии онҳо низ гардидааст.MБУБ 711.2

    Аз забони фидиягузоришудагон суруди ситоиш шунида мешавад, ки дар зери гунбазҳои осмон акси садо медиҳад: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст ва аз они Барра аст!» (Ваҳй 7:10). Овозҳои фариштагон ва сорофиён бо овози хори пуршавқи наҷотёфтагон ҷӯр мешавад. Вақте ки фидиягузоришудагон қувва ва хашми иблисро мебинанд, аз пештара дида бештар дарк мекунанд, ки танҳо қувваи Масех тавонистааст онҳоро ғолиб гардонад. Дар миёни ҳамаи ин анбӯҳи бузургу чашмбари фидиягузоришудагон нафаре дида намешавад, ки наҷоташро ба худаш нисбат диҳад, бигӯяд, ки ғалаба бо некӯкорӣ ва қувваи шахсии ӯ ба даст омадааст. Дар бораи он ки онҳо чӣ корҳоро анҷом доданд ва чиро аз cap гузаронданд, ягон сухан гуфта намешавад. Сарахбори ҳар як шеъру суруд суханони зерин мегарданд: «Наҷот аз они Худо ва аз они Барра аст».MБУБ 711.3

    Сокинони ҷамъомадаи замину осмон ба таври абадӣ Исои Масеҳро Ҳокими худ эътироф ва тоҷгузорӣ мекунанд. Ва акнун Шоҳи шоҳон сохдби ҷалолат ва қувваи олитарин гардида ба нафарони ба муқобили ҳукмронии Ӯ исёнбардошта ҳукм эълон мекунад ва доварии одилонаро нисбати нафароне ба ҷо меорад, ки Шариати Ӯро вайрон менамуданд ва қавми Ӯро зулм мекарданд. Пайғамбари Худо чунин мегӯяд: «Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ замину осмон мегурехтанд ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд. Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд ва китобҳо кушода буд; ва китоби дигаре кушода буд, ки китоби ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар китобҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд» (Ваҳй 20:11,12).MБУБ 712.1

    Ҳамин ки китобҳо кушода мешаванд ва Исои Масеҳ нигоҳи Худро ҷониби гунаҳкорон равона мекунад, онҳо ҳамаи гунохҳоеро, ки содир намуданд, ба хотир меоранд. Онҳо мебинанд, ки дар кадом лаҳзаи ҳаёт аз роҳи покӣ ва мукаддасй берун шуданд ва чӣ гуна мағрурӣ ва худсарӣ онҳоро ба вайрон намудани Шариати Худо оварда расонданд. Ба мисли он ки бо қалами оташин навишта шуда бошанд, пеши назарашон он васвасаҳои дилфиребе намоён мегарданд, ки бо худмақбулдоюш гунаҳкорона; баракатҳои нодуруст истифодашуда; муноси- бати нафратомез ба муждарасонҳои Худо; огоҳиҳои аз ҷониби онҳо радшуда; мавҷхои марҳамати Илохӣ, ки оа қалбҳои якраву тавбанакардаи онҳо бархӯрданд — ба онҳо гузашт карданд.MБУБ 712.2

    Дар болои тахт салиб намудор аст, ва гӯё чун дар панорама бошад, саҳнаҳои васваса ва гунаҳгоршавии Одам ва ҳодисаҳои баъдинаи нақшаи бузурги наҷот якдигарро иваз намуда, аз пеши назар мегузаранд. Таваллуди оддии Наҷотдиҳанда; ҷавонии дар итоаткорӣ ва оддигӣ гузаштаи Ӯ; таъмиди Ӯ дар дарёи Урдун; рӯзадорӣ ва васваса дар биёбон; хизмати Ӯ, ки баракатҳои пурарзиштарини Осмонро ба одамон ошкор намуд; рӯзҳои саршори аъмоли муҳаббат ва мархамат, шабҳои дуогӯӣ ва хушёрӣ, ки дар танҳоӣ дар миёни кӯхҳо гузаштанд; суиқасдхое, ки сабабашон ҳасад, нафрат ва ғазаб чун мукофот барои накӯкориҳои Ӯ буданд; азоби асроромезу мудҳиш дар боғи Ҷатсамонӣ, вақте ки бори вазнини гуноххои тамоми ҷаҳон ба Ӯ таҳдид мекард; ана Ӯ аз ҷониби Яҳудо ба дасти издиҳоми хунхор супурда шуд; ана ҳодисаҳои он шаби мудҳиш, вақте ки Ӯро, Маҳбуси муқобилат нишон надодаву аз ҷониби шогирдони наздиктарин танҳо гузошташударо дағалона ба пеш тела дода дар кӯчаҳои Ерусалим мсбурданд; Исои Масеҳӣ аз ҷониби издиҳом бо тантанаи бадхоҳона ба назди Ҳонон овардашуда ва дар дарбори саркоҳин судшуда; дар маҳкамаи Пилотус, дар назди Ҳиродуси тарсончаку бераҳм, ки ин ҷо У масхара ва таҳкир шуд. азоб дода шуд ва ба марг маҳкум карда шуд ҳамаи ин ба таври равшан дар панорама нишон дода шудааст.MБУБ 713.1

    Баъд ба издиҳоми ларзидаистода саҳнаҳои охирин аён мегарданд - Ҷафодидаи пурсабр ба Ҷолҷолто меравад; Подшоҳи Осмон дар салиб овезон аст: коҳинони пургурур ва авоми таҳқиркунанда азобҳои пешазмаргии Ӯро тамасхур мекунанд; торикии фавкуттабиӣ; замини ларзидаистода, гулдурроси харсангҳои пошхӯрда, қабрҳои кушодашуда, ки лаҳзаи марги Фидиягузори ҷаҳонро хотиравӣ гардонданд.MБУБ 713.2

    Ин саҳнаи мудҳиш бо тамоми аслияти худ ошкор мегардад. Шайтон, фариштагон ва пайравони вай аз манзараи аъмоли шахсии худ чашм канда наметавонанд. Ва ҳар як иштирок- чии ин воқеаҳо он нақшеро ба хотир меоварад, ки у бозидааст. Ҳиродус, ки бо амри ӯ тифлакони бегуноҳи Байт-Лаҳм кушта шуда буданд, то ки бо ин роҳ Подшоҳи Исроил нест карда шавад; Ҳиродияи разил, ки хуни Юҳаннои Таъмиддиҳанда бар гардани ӯст; Пилотуси сустиродаву ба вазъиятҳо ва замон мувофиқшаванда; сарбозони таҳқиркунанда; коҳинон, сарварон ва издиҳоми беақлгаштаи фарёдзананда: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо», - ҳамаи онҳо даҳшатнокии гуноҳи худро мебинанд. Онҳо беҳуда кӯшиш мекунанд аз бузургии Илоҳӣ ва ҷалоли чеҳраи Ӯ, ки бо дурахши Худ аз ҷалоли офтоб бартарӣ дорад, пинҳон шаванд; дар ин вақт фидиягузоришудагон тоҷҳои худро ба назди пойҳои Наҷотдиҳанда мепартоянд ва нидо мекунанд: «Ӯ барои ман ҷон дод!»MБУБ 713.3

    Дар миёни анбӯҳи фидиягузоришудагон ҳаввориёни Масеҳ низ ҳастанд. Ин ҷо Павлуси қаҳрамону Петруси шӯълавар; Юҳаннои меҳрубону маҳбуб ва шарикони содиқи онҳо ва дар якҷоягӣ бо онҳо шумораи зиёди азиятдидагон ҳузур доранд; дар паси деворҳои шаҳр бошад нафароне қарор доранд, ки онҳоро таьқиб мекарданд ва ба зиндон меандохтанд, - одамони пур аз ҳар гуна фисқу фучур ва палидӣ. Нерон - марди девсирати бераҳму фосиқ ин ҷост. Ӯ акнун шодӣ ва хушбахтии нафаронеро мебинад, ки як замон таҳқирашон мекард ва аз азобҳои мудхишашон ҳаловати иблисона мебурд. Модари ӯ низ ин ҷост - вай самари тарбияи худро мебинад; охир, хангоме ки дар зери таъсири зарарноки модар қарор дошт ва ба вай пайравӣ мекард, нишонаҳои муайяни хислатро аз вай мерос гирифта. ҷиноятҳое содир менамуд, ки ҷаҳонро ба ларза меоварданд.MБУБ 714.1

    Ин ҷо рӯҳониён ва прелатҳои папа ҳузур доранд, ки худро фиристодагони Масеҳ пиндошта, ба воситаи шиканҷа, зиндон ва гулханҳо тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меоварданд, то ки виҷдони қавми Ӯро асир гардонанд. Ин ҷо папаҳои худписанд низ ҳастанд, ки худро аз Худо боло мегузоштанд ва ҳукуқи тағйир додани Шариати Ҳаққи Таолоро худсарона соҳиб шуданд. Ин мардони бо ном падарони калисо бояд дар назди Худованд ҷавоб гӯянд, ки агар имкон медоштанд аз ҳузураш бо хушнудӣ фирор менамуданд. Онҳо ниҳоят дер боварӣ ҳосил мекунанд, ки Худои Ҳамадон - Ҳомии Шариати Худ аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ шахси гунаҳкорро сафед намекунад. Акнун онҳо мебинанд, ки Масеҳ ҷонибдори азиятдидагон аст ва тамоми кувваи суханони Ӯро дарк мекунанд: «Он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардед, ба Ман кардед» (Матто 25:40).MБУБ 714.2

    Ҳамаи гунаҳкороне ки дар хиёнат ба ҳукмронии Осмон айбдор мешаванд, акнун ба доварии Худо хозир мешаванд. Онҳо ҳимоятгар надоранд; сафед карда намешаванд ва нисбати онҳо ҳукми марг бароварда мешавад.MБУБ 715.1

    Акнун ба ҳама ошкор мегардад, ки оқибатҳои гуноҳ на дараҷаи олии озодӣ ва ҳаёти абадӣ, балки ғуломӣ, вайронӣ ва марг мешавад. Ба сабаби якравй ва беитоатии худ аз чӣ маҳрум гардиданашонро гунаҳкорон мебинанд. Ба ҷалоли олӣ ва ҷовидонаи ба онҳо пешниҳод гардида, бо нафрат муносибат карданд, вале акнун он барояшон чӣ қадар матлуб менамояд. «Ман метавонистам ҳамаи инро соҳиб бошам, — хитоб мекунад гунаҳкори ҳалокшуда, - вале рад намудани онҳоро ман афзал шумурдам» «Оҳ, нобиноии марговар! Ман осоиштагӣ, хушбахтӣ ва шарафро ба ноумедӣ, азоб ва шармандагӣ иваз намудам!» Ҳама мефаҳманд, ки онҳоро аз рӯи адолат ба осмон роҳ надоданд. Бо зиндагии худ онҳо ин суханонро баён намуданд: «Мо намехоҳем, ки Ин Одам Исои Масеҳ бар мо ҳукмрон бошад».MБУБ 715.2

    Гунаҳкорон ба подшоҳшавии Исои Масеҳ чун афсуншудагон нигоҳ мекунанд. Онҳо дар дастони Ӯ лавҳаҳои шариати Илоҳиро мебинанд, ки аҳкомҳои онро бад медиданд ва вайрон мекарданд. Онҳо овозҳои пур аз ҳайронӣ, завқ ва муҳаббати фидиягузоршлудагонро мешунаванд ва вақте ки садоҳои мафтункунандаи мусикӣ ба гӯши издиҳоми дар паси дарвозаҳои шаҳр истода мерасад. ҳама бо як овоз хитоб мекунанд: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мухлақ! Ҳақ асту рост рохдои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!» (Ваҳй 15:3), ва рӯ ба замин хобида ба Ҳокими ҳаёт саҷда мекунанд.MБУБ 715.3

    Бо дидани ҷалол ва бузургии Масеҳ шайтон гӯё аз барк карахт ва мағлуб шуда бошад. Он ки як замон каррубии сояаф- кан буд, аз куҷо афтиданашро ба хотир меорад. Сорофии тобон, «ситораи субҳ», чӣ гуна вай дигаргун шудааст! Вай чӣ гуна афтод! Аз шӯрое, ки вай як замон он ҷо қадр дошт, ба таври ҳамеша хориҷ шудааст. Вай мебинад, ки акнун дигаре дар назди Худо қарор дошта, ҷалоли Ӯро панаҳ мекунад. Вай мебинад, ки чӣ гуна фариштаи бузургқомати афту андоми тавоно ва қиёфаи дилкаш дошта ба сари Масеҳ тоҷ мегузорад, ва медонад, ки ин шарафи баланд ба вай, ба Люсефер тааллуқ медошт.MБУБ 715.4

    Ба хотираш маскани давраи бегуноҳӣ ва покӣ, осоиштагии ботинӣ ва ҳаноатмандияш меояд, ки то замони ба муқобили Худо шиква кардан ва ба Масеҳ ҳасад бурданаш соҳиб буд. Бо кадом равшании ҳайратангез айбдоркунихо, исён ва найрангҳои маккоронаи гуногуни худро ба хотир меорад, ки онҳоро барои ба даст овардани ҳусни таваҷҷӯҳ ва дастгирии фариштагон ба кор мебурд, - он замон Худо ҳанӯз метавонист ӯро авф намояд, вале вай ба таври қатъӣ тавба кардан нахост. Пеши нигоҳи тасаввурии вай ҳамаи аъмоли содирнамудааш аён мегардад: адоват миёни одамон; одамкушихои даҳшатангез; пайдоиш ва сарнагуншавии салтанатҳо; табаддулотҳои давлатӣ ва силсилаи дарози исёнҳо, низоъҳо ва инқилобҳо. Вай кӯшишҳои доимии ба кори Масеҳ муқобилат нишон додан ва одамро чукуртар ба гирдоби гуноҳ ғарк кунондани худро ба хотир меорад. Вай мебинад, ки суиқасдҳои маккоронааш барои нест намудани нафароне, ки пурра ба Масеҳ бовар намуданд, бетаъсир монданд. Ва ба салтанати худ, ба самари заҳматҳои худ назар афканда, фақат мағлубият ва ҳалокатро мебинад. Вай ин шумораи зиёди одамонро маҷбур намуд бовар кунанд, ки шаҳри Худо тӯъмаи осонакак мегардад, лекин вай медонад, ки ин дурӯғ аст. Дар ин муборизаи бузург вай чандин маротиба шикаст хӯрда, ба ақибнишнӣ маҷбур гардида буд. Ба вай қувва ва бузургии Худои Ҷовид низ нагз маълуманд.MБУБ 716.1

    Исёнгари бузург ҳамеша дар назди худ мақсад мегузошт худро сафед кунад ва ҷавобгариро барои исёни худ ба зиммаи ҳукмронии Илоҳӣ гузорад. Барои ин вай тамоми қувваҳои ақли тавонои худро зӯрманд мекард. Бо андеша ва пайваста кор карда ва ба муваффақияти ҳайратангез соҳиб буда, вай шумораи зиёди одамонро ба қабул намудани нуқтаи назари худ оиди ин муборизаи бузургу абадй водор мекард. Дар давоми ҳазорсолаҳои дуру дароз ин устоди бузурги суиқасдҳо ҳақикатро бо дурӯғ иваз мекард. Вале акнун замоне фаро расид, ки ба исёни вай бояд хотима гузошта шавад, мақсадҳо ва хислати вай бошанд бояд дар назди ҳама ошкор карда шаванд. Ин фиребгари бузург бо кӯшиши охирини Масеҳро аз тахт маҳрум намудан, нест кардани қавми Ӯ ва ба даст даровардани шаҳри Худо худро пурра фош месозад. Ва ҳамаи нафарони бо шайтон мутаҳҳидшуда барбодравии пурраи мақсадҳои ӯро мебинанд. Х,илаву найрангҳои иблисона ба муқобили ҳукмронии Худо ба пайравони Масеҳ ва фариштагони содиқ ошкор мегарданд. Ва ҳама нисбати нафрат нафрат ҳис мекунанд.MБУБ 716.2

    Шайтон мебинад, ки беитоатии қатъии вай дар Осмон ҳузур доштанашро ғайриимкон гардонд. Вай муддати дароз кувваи худро дар мубориза ба муқобили Худо машқ дод; покӣ, осоиштагӣ ва ҳамоҳангии дар Осмон ҳукмрон барои вай шиканҷаи азиятовар мебуданд. Айбдоркуниҳои вай ба муқобили марҳамат ва адолати Худо акнун хомӯш мемонанд. Таънае, ки вай ҷасорат намуд ба Воҷибулвуҷуд занад, ба муқобили худи вай баргашт. Акнун шайтон дар назди Худо саҷда мекунад ва одилона будани ҳукми нисбати вай баровардашударо эътироф месозад.MБУБ 717.1

    «Кист, ки аз Ту, эй Худованд натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту қудцус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту сачда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст» (Ваҳй 15:4). Х,амаи масъалаҳои ҳақиқат ва гумроҳӣ, ки мавзӯи баҳсҳои дуру дароз буданд, акнун равшан мегарданд. Оқибатҳои исён, натиҷаҳои радсозии фароизҳои Худо ба нигоҳи ҳамаи мавҷудоти бохиради офаридашуда ошкор мегарданд. Тамоми Коинот ба чӣ оварда расонидани ҳукмронии шайтон ва ба чӣ оварда расонидани ҳукмронии Худоро мебинад. Шайтон бо аъмоли худ маҳкум шудааст. Хиради Худо, адолат ва некӯии Ӯ пурра сафед карда шудаанд. Ҳама дарк мекунанд, ки Худо дар ҳамаи амалҳои Худ дар ин муборизаи бузурги ду кувва мақсади хайрияти абадиро барои қавми Худ, ва инчунин барои тамоми сайёраҳои офаридааш дошт. «Туро, эй Худованд, тамоми аъмолат ҳамд мегӯяд ва порсоёнат Туро муборак мехонанд» (Забур 144:10).MБУБ 717.2

    Таърихи гуноҳ дар тамоми давраи абадият аз он шаҳодат хоҳад дод, ки хушбахтии ҳамаи мавҷудоти офаридаи Худованд аз риоя намудани Шариати Ӯ ҷудонашаванда аст. Бо далелҳои муборизаи бузург шинос шуда, тамоми Коинот, ҳам мавҷудоти ба Худо содиқ ва ҳам исёнгарон якдилона эътироф месозанд: «Х,ақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон».MБУБ 718.1

    Қурбонии бузурги аз ҷониби Падар ва Писар баҳри одам овардашуда ба тамоми Коинот равшан нишон дода шудааст. Соате фаро расид, ки Масеҳ мақоми ҳақиқатан ба Ӯ муносибро ишғол менамояд. Ӯ баландтар аз ҳама сарварон, ҳокимиятҳо ва ҳар ном ҷалол дода шуд. Барои шодие, ки Ӯро дар пеш буд - барои фарзандони бисёрро ба ҷалол расондан - Ӯ ба салиб тоб овард ва ба хорӣ беэътиноӣ намуд. Ва агарчи Ӯ азобҳо ва шармандагии аз ақл берунро аз cap гузаронд, ҳамаи ин дар муқоиса бо он хушнудӣ ва ҷалоле, ки акнун Ӯ соҳиб аст, ҳеҷанд. Ӯ ба фидиягузоришудагон, ба сурати Худ, ки дар онҳо барқарор шудааст, ба ҳар як қалб, ки дар худ мӯҳри комили Худоро дорад, ба ҳар як чеҳраи ба Подшоҳи худ монандшуда назар меандозад. Ӯ бо қаноатмандӣ самари корнамоиеро мебинад, ки қалби Ӯ ба ҷо оварда буд. Баъд ҳама порсоён ва гунаҳкорон суханони Ӯро мешунаванд: «Инак онҳое ки бо Хуни Ман фидиягузорӣ шудаанд! Ман барои онҳо азоб кашидам, Ман барои онҳо ҷон додам, то ки онҳо ҷовидона бо Ман бошанд». Ва фидиягузоришудагон, ки дар назди тахт бо либосҳои сафед истодаанд, суруди ситоиширо месароянд: «Барраи забҳшуда сазовори он аст ки қудрат ва сарват ва ҳикмат ва қувват ва шавкат ва ҷалол ва баракатро биёбад» (Ваҳй 5:12).MБУБ 718.2

    Гарчанде шайтон ба эътироф намудани адолати Худо ва ҳокимияти олии Масеҳ маҷбур буд, асли вай бетағйир мемонад. Рӯҳи ғазаб ба мисли сели пурзӯр аз нав ӯро фаро мегирад ва берун мешавад. Шайтон сахт оташин шуда, қарор медиҳад то дар муборизаи бузург таслим нашавад. Лаҳзаи задухӯрди охирину бениҳоят сахт бо Подшоҳи Осмон фаро расид. Вай худро ба миёни зердастонаш меандозад, кӯшиш мекунад онҳоро бо бадхашмии худ рӯҳбаланд намояд ва барои фавран ба ҷанг даромадан водор созад. Вале аз миёни миллионҳо зердастони беҳисоби аз ҷониби вай ба исён ҷалбшуда, ҳеҷ кас дигар ҳокимияти олии вайро эътироф намекунад. Хукмронии вай ба анҷом расид. Қалбҳои гунаҳкорон нисбати Худо саршори ҳамон нафратеанд, ки иблис мепарварад, вапе онҳо мебинанд, ки корашон чоранопазир аст ва ба Воҷибулвуҷуд ғолиб омада наметавонанд. Ба муқобили иблис ва шарикони вай аз ғазаб оташин шуда, бо бадҷаҳлии девмонанд ба сари онҳо ҳамла меоранд.MБУБ 718.3

    Худованд мегӯяд: «Азбаски ту хиради худро баробари хиради Худо мегузорӣ, бинобар ин, инак Ман аҷнабиён, золимтарин халқҳоро бар ту хоҳам овард ва онҳо шамшерҳои худро бар зебоии ҳикмати ту кашида, латофати туро поймол хоҳанд кард; Туро дар гӯр фурӯд хоҳанд овард». «Ман туро аз кӯҳи Худ, чун нопок сарнагун сохтам, ва туро, эй каррубии сояафкан, аз даруни сангҳои оташин нест кардам... Ман туро ба замин мезанам, пеши подшоҳон вожгун менамоям... Ман туро дар пеши назари ҳамаи бинандагонат бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид... ту мавриди даҳшат мегардӣ, ва то абад дигар нахоҳӣ буд» (Ҳизқиёл 28:6-8, 16-19).MБУБ 719.1

    «Зеро ки тамоми пойафзолҳои пурсадои сарбозан ва тамоми либоси огуштаи хун сӯхта, тӯъмаи оташ хоҳад шуд». «Зеро ки ғазаби Худованд бар ҳамаи халқҳост ва хашми Ӯ бар тамоми лашкари онҳост. Ӯ онҳоро ба ҳалокат маҳкум кардааст, ба қатл таслим намудааст». «Бар шарирон ахгарҳо, оташ ва кибрит хоҳад боронид, ва боди самум аз коса ҳиссаи онҳо хоҳад буд» (Ишаъё 9:5, 34:2; Забур 10:6). Оташе аз Худо аз осмон поён меояд. Замин во мешавад ва аслиҳаи дар умқи он пинҳон ба боло мебарояд. Аз ҳамаи вартаҳо ва чоҳҳо ногаҳон алангаи ҳамаро фурӯбаранда мебарояд. Ҳатто харсангҳо низ месӯзанд. «Рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст» фаро расид. «Ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт ва замин ва тамоми аъмоле дар он аст, хоҳад сӯхт» (Малокӣ 4:1; 2 Петрус 3:10). Тамоми қисми болоии замин як хамираи гудохташуда, баҳри бузурги ҷӯшидаистодаи оташафшон менамояд. Рӯзи доварӣ ва марг барои гунаҳкорон, «рӯзи интиқоми Худованд, соли подош барои даъвои Сион» (Ишаъё 34:8), фаро расид.MБУБ 719.2

    Гунаҳкорон ҷазои худро дар замин мегиранд (ниг. Масалҳо 11:31). Онҳо «мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкарҳо» (Малокӣ 4:1). Баъзеҳо дар як лаҳза нест карда мешаванд, дигарон бошанд рӯзҳои зиёд азоб мекашанд. Ҳар як нафар мувофиқи аъмолаш ҷазо дода мешавад. Гуноҳҳои порсоён ба гардани шайтон гузошта шудаанд, бинобар ин вай на танҳо барои беитоатии худ, балки барои ҳамаи он гуноҳҳое бояд азоб бикашад, ки қавми Худоро ба иҷрои онҳо ба иғво меандохт. Шайтон назар ба одамону фариштагони аз ҷониби вай фирефташуда хеле сахттар ҷазо дода мешавад. Баъд аз он ки ҳамаи қурбониҳои фиреби вай ба ҳалокат мерасанд, вай ҳанӯз ҳам азобу машаққат мекашад. Гунаҳкорон дар оташи несткунанда пурра нобуд карда мешаванд - реша ва шохаҳо; шайтон реша аст, пайравони вай бошанд — шохаҳо. Барои вайронкунии шариат подоши пурра гирифта шуд; талаботхои адлу адолат қонеъ гардонда шуданд; ҳамаи инро назорат намуда, ҳам осмону ҳам замин ҳақ будани Вочибулвуҷудро эътироф мекунанд.MБУБ 720.1

    Ба амали вайронкоронаи шайтон ба таври ҳамеша хотима бахшида шуд. Дар давоми шаш ҳазор сол вай худсарона амал намуда, заминро аз мусибат пур гардонд ва ба тамоми Коинот озобу кулфат овард. Тамоми офаридаҳо аз дард нола мекарданд ва азоб мекашиданд. Акнун офаридаҳои Худо аз ҳузур ва васвасаҳои шайтон абадан раҳо ёфтаанд. «Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд, ба тараннум овоз баланд мекунад» (Ишаъё 14:7). Тамоми Коиноти гунаҳгорнашуда ҳамд мегӯяд ва шодӣ мекунад. «Овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст» (Ваҳй 19:6), шунида мешавад.MБУБ 720.2

    Вақте ки заминро оташи қиркунанда фаро мегирад, порсоён дар шаҳри Муқаддас дар бехатарии пурра қарор доранд. Ба нафарон, ки дар эҳёи якум иштирок мекунанд марги дуюм қудрат надорад. Агар барои гунаҳкорон Худо оташи фурӯбаранда бошад. он гоҳ барои қавми Худ Ӯ «Офтоб ва Сипар» аст (ниг. Ваҳй 20:1; Забур 83:12).MБУБ 721.1

    «Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт» (Ваҳй 21:1). Оташе ки гунаҳкоронро нест намуд, дар як вақт заминро низ тоза мекунад. Ҳама гуна накши лаънат нест карда шудааст. Ҳеҷ гуна дӯзахи абадан алангазанада ба фидиягузоришудагон оқибатҳои даҳшатангезӣ гуноҳро хотиррасон намекунад.MБУБ 721.2

    Фақат як чиз ҷовидона боқӣ мемонад: нақшҳои таслибшавӣ дар тани Фидиягузори мо. Ҷароҳатҳо дар пешонаи хунолуд, дар паҳлу, дар дастон ва пойҳои Ӯ ягона чизе мешаванд, ки бераҳмии гуноҳро хотиррасон мекунанд. Ба ҷалоли Масеҳ назар андохта, пайғамбар мегӯяд: «Шуоъҳо аз дасти Ӯст ва ниҳонгоҳи қудрати Ӯ дар он ҷост» (Ҳабаққуқ 3:4). Дастон ва паҳлуи сӯрохшудаи Ӯ, ки аз он ҷо хуни сурхе шорид, ки одамро бо Худо оштӣ дод, - ҷалоли Наҷотдиҳандаанд - «ниҳонгоҳи қудрати Ӯ» дар он ҷост. Ӯ ки барои ба воситаи қурбонии фидиягузоранда «наҷот додан, тавоност», метавонад нафаронеро доварӣ кунад, ки нисбати марҳамати Худо нафрат доштанд. Нишонаҳои таҳқиршавӣ - олитарин фазилатҳои Масеҳанд, ва дар давоми асрҳои беохир ҷароҳатҳои Ҷолҷолто Ӯро ҷалол медиҳанд ва қудрати Ӯро таблиғ мекунанд.MБУБ 721.3

    «Ва ту, эй бурҷи рама, эй пуштаи духтари Сион! Салтанати аввала назди ту хоҳад баргашт» (Мико 4:8). Соати дилхоҳ, ки онро ҳама мардони муқаддас аз он замоне интизор буданд, ки шамшери оташбор роҳи ҷуфти аввалинро ба боғи Адан банд кард, - вақт «барои харидани мулки Худо» (Эфсӯсиён 1:14), фаро расид. Нақшаи бузурги фидиягузорӣ заминро боз ба одам бармегардонад, ки дар ибтидо чун мулк ба ӯ дода шуда буду одам онро ба шайтон дод ва он ин қадар муддати дароз дар ихтиёри ин душмани тавоно қарор дошт. Х,ама чизи ба сабаби гу- ноҳ аз даст рафта бармегардад. «Зеро чунин мегӯяд Худованде ки... заминро ба вуҷуд овардааст ва сохтааст; Ӯ онро барқарор намудааст; беҳуда онро наофаридааст; онро ба вуҷуд овардааст, то ки маскун бошад» (Ишаъё 45:18). Нияти аввалаи Худо, нияте ки Ӯ ҳангоми офариниши олам дошт, вақте ки замин маскани абадии фидиягузоришудагон мегардад, амалӣ мешавад. «Порсоён вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳад кард» (Забур 36:29).MБУБ 721.4

    Бисёриҳо аз тарси он ки мероси ояндаи муқаддасон ниҳоят моддӣ ва заминӣ менамояд, кӯшиш намуданд ҳақиқати ояндаро фақат ба таври рӯҳонӣ тафсир кунанд, ва ба ҳамин тариқ он ҳақиқатҳоеро, ки ба мо имкон медиҳанд, то ба ватани оянда чун ба хонаи худ нигоҳ кунем, ба нести расонанд. Масеҳ ба шогирдони Худ ваъда дода буд, ки меравад, то дар хонаи Падар барои онҳо ҷой тайёр кунад. Онҳое ки таълимоти Каломи Худоро қабул мекунанд, оиди масканҳои осмонӣ дар ғафлати пурра намемонанд. Бо вуҷуди ин: «Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба диле наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст» (1Қӯринтиён 2:9). Забони инсон қобилияти тасвир намудани мукофоти порсоёнро надорад. Он фақат ба нафароне равшан мегардад, ки онро мебинанд. Хиради махдуд қобилияти дарк намудани ҷалоли биҳишти Худоро надорад.MБУБ 722.1

    Мероси наҷотёфтагон дар Китоби Муқадцас «ватан» (ниг. Ибриён 11:14—16), номида шудааст. Он ҷо Чӯпони Осмонй гӯсфандони Худро назди чашмаҳои оби ҳаёт мебарад. Он ҷо дарахти ҳаёт ҳар моҳ мева медиҳад ва баргҳои он ба манфиати халқҳо хизмат мекунанд. Он ҷо чашмаҳои ҷовидонаи чун булӯр тоза ҷорӣ мешаванд ва дарахтони дар назди онҳо рӯида, сояи худро ба пайраҳаҳое меафканавд, ки барои фидиягузоришудагони Худованд тайёр шудаанд. Он ҷо водиҳои фарох оҳиста ба теппаҳои зебо табдил меёбанд ва куҳҳои Худо куллаҳои боҳашамати худро баланд мекунанд. Ва он ҷо дар водиҳои осоишта, дар соҳилҳои ҷӯйҳои оби ҳаёт қавми Худо - ин оворагардон ва мусофирон хаста - ниҳоят ба Ватани худ соҳиб мешаванд.MБУБ 722.2

    «Он гоҳ қавми ман дар макони сулҳу осоиштагӣ ва дар масканҳои амният ва дар оромгоҳҳои сафобахш ҷойгир хоҳанд шуд». «Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд; ва ҳисорҳои худро наҷот ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид». «Ва хонаҳо бино карда дар онҳо сокин хоҳанд шуд ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд. Онҳо барои он бино нахоҳанд кард, ки дигарон сокин шаванд; онҳо барои он нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд... ва баргузидагони Ман аз амали дасти худ то ба охир истифода хоҳанд бурд» (Ишаъё 32:18; 60:18; 65:21,22).MБУБ 723.1

    Он ҷо «биёбон ва саҳрои хушк ба вачд хоҳад омад ва чӯл шод хоҳад гардид ва мисли гули савсан хоҳад шукуфт». «Ба ҷои хорбутта сарв хоҳад рӯид ва ба ҷои газна ос хоҳад рӯид». «Он гоҳ гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард ва паланг бо бузғола хоҳад хобид... ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид» (Ишаъё 35:1; 55:13; 11:6,9).MБУБ 723.2

    Дар Осмон азобу дард ҷой дошта наметавонад. Он ҷо дигар на ашк мерезад, на маросими дафн мешавад, на нолаи пуралам. «Ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4). «Ва сокине наҳоҳад гуфт: ««Ман бемор ҳастам»; барои қавме ки дар он ҷо иқомат дорад, гуноҳашон омурзида хоҳад шуд» (Ишаъё 33:24).MБУБ 723.3

    Ерусалими Нав, пойтахти замини наву ҷалолёфта, тоҷи «шавкат дар дасти Худованд... ва афсари подшоҳӣ дар кафи дасти Худои худ» он ҷост. «Найири вай ба санги багоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад». «Ва халқҳои наҷотёфта дар рӯшноии он роҳ хоҳанд рафт ва подшохони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард». Худованд мегӯяд: «Ва аз Ерусалим ба ваҷд хоҳам омад ва аз қавми Худ шодй хоҳам кард». «Инак, хаймаи Худо бо одамон ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳан буд ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд» (Ишаъё 62:3; Ваҳй 21:11, 24;Ишаъё 65:19; Ваҳй 21:3).MБУБ 723.4

    Дар шаҳри Худо «шаб нахоҳад буд». Он ҷо ҳеҷ кас ба истироҳат мӯҳтоҷ намешавад ё ташнаи он намегардад. Иҷрои иродаи Худо ва ҷалол додани исми Ӯ хастагӣ намеоранд. Мо ҳамеша таровати субҳи ҷовидонаро эҳсос хоҳем кард. «Ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки Худованд Худо ба онҳо рӯшноӣ мебахшад» (Ваҳй 22:5). Шуоҳои офтобро дурахши фораму маҳине иваз мекунад, ки аз ҷилои офтоби мо чандин маротиба бартарӣ дорад. Ҷалоли Худо ва Барра бо нури хомӯшнашаванда шаҳри Муқаддасро фаро мегирад. Фидиягузоришудагон дар ҷалоли рӯзи ҷовидона қадам мезананд, вале он аз тобиши офтоб нест.MБУБ 723.5

    «Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, хамчунин Барра» (Ваҳй 21:22). Қавми Худо афзалияти мулоқоти ошкорою озодро бо Падар ва Писар ба даст меорад. «Мо ҳоло гӯё дар оина, ба таври муаммо мебинем» (1 Қӯринтиён 13:12). Мо тимсоли Худоро, чун дар оина, дар офаридаҳои табиат ва дар муносибатҳои Ӯ бо одамон мебинем, вале он замон Ӯро рӯ ба рӯ мебинем, миёни мо пардаи мобайнй нахоҳад буд. Мо дар ҳузури Ӯ қарор мегирем ва ҷалоли чеҳраи Ӯро мебинем.MБУБ 724.1

    Он ҷо фидиягузоришудагон ба мисли он хоҳанд донист, ки худ дониста шудаанд. Ҳиссиётҳои меҳрубонанаи муҳаббат ва дилсӯзй, ки Худо Худ дар қалби одам ҷой дод, он ҷо бо таври аз ҳама зеботарин баён карда мешаванд ва равнақи минбаъда меёбанд. Алоқаи пок бо мавҷудоти муқаддас, зиндагии мутаносиб дар ҷамъияти фариштагони саодатманд ва одамони садиқ дар тамоми асрҳо, ки либосҳои худро бо Хуни Барра шустанд ва сафед карданд, риштаҳои муқаддас, ки «ҳар хонаводаро дар осмон ва бар замин» (Эфсӯсиён 3:15) якҷоя мепайвандад, ҳамаи ин саодатмандии фидиягузоришуданро ташкил меднҳад.MБУБ 724.2

    Он ҷо хиради фанонопазир бо шавқи безавол мӯъҷизаҳои кувваи эҷодкор ва асрорҳои муҳаббати фидиягузорро пеши назар меорад. Он ҷо душмани фитнаангези бераҳм, ки барои фаромӯш намудани Худо ба васваса меандохт, нахоҳад буд. Ҳамаи қобилиятҳо, малакаҳо ва маҳоратҳо ба равнақёбӣ шурӯъ мекунанд; ҳар як истеъдод инкишоф меёбад. Донишҳои андӯхташуда ба хастагии ақлонӣ ва заифшавии кувваҳои ҳаётӣ мубтало намекунанд. Он ҷо лоиҳаҳои аз ҳама бузургтарин, нақшаҳои аз ҳама ҷиддитаринро амалӣ намудан мумкин аст; вале баъди ин низ қуллаҳои наве хоҳанд буд, ки онҳоро фатҳ намудан лозим аст; мӯъҷизаҳои наве хоханд буд, ки шавқу завқро ба вуҷуд меоранд; ҳақиқатҳои наве хоҳанд буд, ки онҳоро дарк намудан лозим аст; мавзӯъҳои нави тадқиқот хоҳанд буд, ки ба кор андохтани нерӯ, акл, қалб ва танро талаб мекунанд.MБУБ 724.3

    Пеши назари қавми фидиягузоришудаи Худо ҳама ганҷи Коинот барои омӯзиш кушода мегардад. Нафарони аз доми марг рахоёфта парвози фикри хастанашавандаро ба сайёраҳои дуре равона мекунанд, ки аз дидани мусибати инсон сахт андӯҳгин мешуданд ва наҷоти ҳар як одамро бо сурудҳои шодиёна хайра макдам мегуфтанд. Одамон бо шавки баённопазир ба шодӣ ва ҳикмати мавҷудотҳои гунаҳгорношуда ҳамроҳ мешаванд. Ганҷи донишҳо ва ҳикмати худро, ки дар тӯли асрҳои зиёди мушоҳидаи аъмоли Худованд аз худ намудаанд, бо одамон баён мекунанд. Онҳо бо нигоҳи тираногардида ҷалоли офаридаҳо - офтоб, ситораҳо ва системаҳои осмониро, ки бо тартиби муқарраршуда дар атрофи тахти Худо давр мезананд, мушоҳида мекунанд. Дар ҳамаи офаридаҳо - аз хурдтарин то бузургтарин, исми Офаридгор навишта шудааст ва ҳама чиз дар худ фаровонии қувваи Ӯро ошкор месозад.MБУБ 725.1

    Ва солҳои ба абадият сипаришаванда хақиқатҳои амиқтар ва пуршарафтарро дар бораи Худо ва Масеҳ ошкор месозанд. Ва ба андозаи афзун шудани донишҳо, муҳаббат, эҳтиром ва хушбахтӣ низ зиёд мешаванд. Одамон ҳар қадаре ки Худоро бештар шиносанд, ҳамон қадар бештар аз Ӯ ба ваҷд меоянд. Ва вақте ки Масеҳ пеши назари онҳо сарвати фидиягузорӣ ва комёбиҳои ҳайратангези муборизаи бузургро бо шайтон ошкор месозад, қалбҳои фидиягузоришудагон бо муҳаббати боз ҳам пурҳарорат аланга мезананд ва онҳо бо завқи боз ҳам бештар бо удҳои заррин ба навохтан медароянд ва шумораи беҳисоби овозҳо ба хори пурзӯри ситоиш ҳамроҳ мешаванд. «Ва ҳар офаридае, ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин, ва дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт: «Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад»» (Ваҳй 5:13).MБУБ 725.2

    Муборизаи бузург анҷом ёфт. Гунох ва гунаҳкорон дигар нестанд. Тамоми Коинот пок аст. Дар вуҷуди тамоми офаридаҳои бешумор як набзи ҳамоҳангӣ ва шодӣ метапад. Дар тамоми канорҳои фазои бепоён селобҳои ҳаёт, нур ва шодӣ аз Зоте манба мегиранд, ки ҳама чизро Ӯ офарид. Аз хурдтарин атом то бузургтарин галактика - ҳама чизи ҷондору беҷон дар зебоии тираногардида ва шодии комили худ чунин нидо мекунанд: «Худо муҳаббат аст».MБУБ 726.1

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents