Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First

    Боби 26. - ҲОМИЁНИ ҲАҚИҚАТ

    Пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ кардааст, ки дар замонҳои охир одамон ба риоя намудани шанбе бармегарданд: «Худованд чунин мегӯяд: “Инсофро нигоҳ доред ва адолатро ба амал оваред, зеро ки наҷоти Ман ба зудӣ хоҳад омад ва адолати Ман зоҳир хоҳад шуд. Хушо касе ки инро ба ҷо меоварад, ва одаме ки ба ин пайравӣ менамояд, шанберо нигоҳ дошта, палид намекунад ва дасти худро аз ҳар бадкирдорӣ бозмедорад»». «Ва аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамрох шуда бошанд, то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро дӯст дошта. бандагони Ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки шанберо нигоҳ дошта, палид намекунанд ва ба ахди Ман пайравӣ менамоянд, онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард» (Ишаъё 56: 1,2; 6,7).MБУБ 476.1

    Ин суханон, чӣ тавре ки аз матн маълум аст, дар давраи масеҳият низ қобили қабуланд: «Худованд Худо, ки рондашудагони Исроилро ҷамъ меоварад, мегӯяд: “Ба замми онҳое ки ҷамъ омадаанд, Ман боз дигаронро ҷамъ хоҳам овард»» (Ишаъё 56:8). Дар ин ҷо пешакӣ хабар дода шудааст, ки муждаи Инҷил бутпарастонро ҷамъ меорад. Ва баракат ба ҳар нафаре ки рӯзи шанберо риоя мекунад ва муқаддас мешуморад, ваъда шудааст. Бинобар ин аҳкоми чорум баъди маслубшавӣ, эҳёшавӣ ва ба осмон болоравии Масеҳ муқаддас монд ва дар замоне ки хизматгорони Ӯ бояд муждаи наҷотро ба ҳамаи халқҳо мавъиза кунанд, муқаддас мемонад.MБУБ 476.2

    Худованд бо забони ҳамон пайгамбар мегӯяд: «Шаҳодатро мисли лӯлае бипечон, ва шариатро дар миён шогирдони Ман мӯҳр намо» (Ишаъё 8:16). Мӯҳри Шариати Худо - аҳкоми чорум аст. Танҳо дар он, бар хилофи нӯҳ ахдоми боқимонда, ба мо исм ва унвони Қонунбарор хабар дода мешавад. Ин аҳком исбот мекунад: Худованд - Офаридагори осмону замин аст, ки талаботҳои Худовандро беш аз ҳама эҳтиром намудан ва ба Ӯ сачда кардан аз ин далел бар меоянд. Дар ҳеҷ аҳкоми дигари Шариат нишон дода нашудааст, ки Шариат бо қудрати кӣ дода шудааст. Вақте ки ҳокимияти папа шанберо тағйир дод, мӯҳр аз шариат гирифта шуд. Шогирдони Масеҳ ба он даъват шудаанд, ки мавқеи қонунии аҳкоми чорумро барқарор намуда, онро чун рӯзи ёдгории Офаридагор ва нишонаи ҳукмронии Ӯ баланд бардоранд.MБУБ 476.3

    «Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред». Бо вуҷуди шумораи зиёди ақидаҳо ва назарияҳои гуногун Шариати Худо ягона меъёре мебошад, ки бо он бояд ҳақиқӣ будани ҳама гуна фикрҳо, таълимотҳо ва назарияҳо санҷида шаванд. Пайғамбар мегӯяд: « Агар мисли ин калом сухан нагӯянд, он гоҳ дар онҳо нур нест» (Ишаъё 8:20).MБУБ 477.1

    Боз амр дода мешавад: «Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорй накун! Овози худро мисли карнай баланд карда, ба қавми Ман ҷиноятҳояшро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо» (Ишаъё 58:1). Ин суханон на ба қавми худобехабар дахл доранд, сарзанишҳо барои ҷиноятҳои содиршуда ба онҳое равона шудаанд, ки онҳоро Худо «қавми Ман» меномад. Ва Ӯ боз мегӯяд: «Ба яқин, онҳо Маро ҳар рӯз меҷӯянд, ва роқҳои Маро зоҳиран мехоҳанд, мисли халқе ки адолатро риоя намудаанд, ва шариати Худои худро тарк накардаанд» (Ишаъё 58:2). Дар ин ҷо одамоне нишон дода шудаанд, ки худро парҳезгор тасаввур менамоянд ва зоҳиран ба Худо хизмат мекунанд, лекин Он ки қалбхои одамон дар дасти Ӯ қарор доранд, онҳоро он қадар сахтгирона ва даҳшатбор фош мекунад, ки аён мегардад, ки фароизҳои Илоҳиро онҳо поймол мекунанд.MБУБ 477.2

    Пайгамбар дар хусуси ахдоме ки одамон нисбати он беҳурматӣ мекунанд, чунин мегӯяд: «... ва ту асосҳои чандин наслҳоро барпо хоҳӣ намуд, ва туро таъмиркунандаи рахнаҳо, ободкунандаи роҳҳо барои сукунат хоҳанд номид. Агар пои худро ба хотири шанбе аз иҷрои кору бори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ, ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи мукаддаси Худовандро мӯҳтарам бихонӣ, ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ равона шавӣ, кору боре барои худ пайдо кунӣ ва дар ин ху- сус суханони беҳуда ронӣ, - он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд» (Ишаъё 58:12 -14). Ин пешгӯии пайғамбарона ба замони мо низ дахл дорад. Ҳокимияти папа рӯзи муқаддаси шанберо иваз намуда, ба Шариати Худо рахна зад. Лекин замони барқарорсозии аҳкомҳои Худо фаро расидааст. Бояд рахна маҳкам ва барои чандин наслҳо асос барқарор карда шавад.MБУБ 477.3

    Ҳазрати Одам шанбеи бо оромӣ ва баракати Офаридагор муқаддас гардондашударо на танҳо дар бегуноҳии худ дар Адани муқаддас, балки баъди он ки ӯ гуноҳ кард, тавба намуд ва аз зодгоҳи пурфайзи худ ронда шуд, риоя мекард. Рӯзи шанберо ҳамаи пайгамбарон - аз Ҳобил то пайғамбарони парҳезгор Нӯҳ, Иброҳим ва Яъқуб риоя мекарданд. Вақте ки қавми интихобшуда дар асорати Миср қарор дошт, дар он ҷо, дар миёни бутпарастии дар ҳама ҷо ҳукмрон, бисёриҳо дониши Шариати Худоро аз даст доданд, лекин вақте ки Худо қавми Исроилро озод кард, Ӯ ба халқи зиёди ҷамъомада Шариати Худро ботантана ва боҳашамат эълон кард, то ки онҳо иродаи Ӯро бидонанд. итоат кунанд ва абадан аз Ӯ битарсанд.MБУБ 478.1

    Аз он замон то ба рӯзҳои мо дар рӯи замин донишҳо дар бораи Шариати Худо нигоҳ дошта мешуданд, ва шанбе мувофиқи аҳкоми чорум риоя карда мешуд. Гарчанде ки ба «шахси пур аз гуноҳ» поймол кардани рӯзи муқаддаси Худо муяссар гашта буд, бо вуҷуди ин дар давраи ҳукмронии вай одамоне буданд, ки ин рӯзро пинҳонӣ муқаддас нигоҳ медоштанд. Аз замонҳои Ислоҳот дар ҳар як насл нафароне буданд, ки ин рӯзро муқаддас мешумориданд. Ба таҳқиру таъқиботҳо нигоҳ накарда, фарзандони содиқи Худо доимо аз пойдории Шариати Худо ва аз қарзи муқадцаси инсон оиди эҳтироми шанбеи офариниш шаҳодат медоданд.MБУБ 478.2

    Ин ҳақиқатҳо, чӣ тавре ки онҳо дар боби 14-уми Китоби Ваҳй дар алоқамандӣ бо «Инҷили абадӣ» нишон дода шудаанд, нишонаи фарқкунандаи Калисои Масеҳ дар замони омадани Ӯ мегарданд, зеро ки дар натиҷаи мавъизакунии муждаи секарата, қавме ҷамъ карда мешавад, ки аҳкомҳои Худоро риоя мекунад ва ба Исои Масеҳ имон дорад. Ин охирин муждае мегар- дад, ки ба ҷаҳон пеш аз омадани Масеҳ дода мешавад. Дарҳол баъди мавъизаи ин мужда, чӣ тавре ки ба пайгамбар ошкор шуд, Исои Масеҳ дар ҷалол бармегардад, то ки ҳосили заминро ҷамъ оварад.MБУБ 478.3

    Онҳое ки ҳақиқатро дар бораи қудсгоҳ ва пойдории Шариати Худо қабул карданд, зебоӣ ва ҳамоҳангии ҳақиқатҳои ба онҳо ошкоршударо дида, саршор аз шодӣ ва ҳайрат шуданд. Онҳо ба ҳамаи масеҳиён нури пурарзиши ҳақиқатро расондан мехостанд, ва ба он чиз бовар накарда наметавонистанд, ки одамон бо хурсандӣ ин нурро қабул мекунанд. Лекин ҳақиқатҳое ки метавонанд онҳоро ба ҷаҳон муқобил гузоранд, нафарони зиёдеро, ки худро пайравони Масеҳ мешумориданд, рӯҳбаланд нагардонданд. Итоат ба аҳкоми чорум худқурбонкуниро талаб мекард, ва аксарият аз ин амал даст кашиданд.MБУБ 479.1

    Вақте ки талаботҳои аҳкоми чорум баён карда шуданд, бисёриҳо чун одамони худобехабар андеша ронданд. Онҳо мегуфтанд: «Мо ҳамеша рӯзи якшанберо риоя мекардем, чӣ тавре ки онро падарони мо ва бисёр мардони нек ва парҳезгоре иҷро мекарданд, ки ин рӯзро риоя намуда чун тақводорон ҷон доданд. Агар онҳо ҳақ буданд, он гоҳ мо низ дар ин масъала ҳақ ҳастем. Риоя намудани шанбе моро аз ҷаҳони боқимонда ҷудо месозад, ва мо ба он ҳеҷ гуна таъсир расонда наметавонем. Якчанд тан одамоне ки рӯзи шанберо риоя мекарданд худро ба ҷаҳони рӯзи якшанберо риоякунанда муқобил гузошта, бо чӣ умед баста метавонанд? Бо далелҳои ба ин монанд яҳудиён низ кӯшиш мекарданд амали марговари худ, рад кардани Масеҳро, сафед кунанд. Падарони онҳо қурбониҳое меоварданд, ки Худованд онҳоро қабул мекард, пас барои чӣ фарзандони онҳо бо ҳамон роҳ рафта, наҷот ёфта наметавонанд? Айнан ҳамин тавр дар замони Лютер пайравони папа тасдиқ мекарданд, ки азбаски масеҳиёни ҳақиқӣ, ки католик буданд, аз дунё гузаштанд, пас, ин дин сӯи наҷот мебарад. Чунин мантиқ барои инкишофи ҳаёти диндорӣ ва имон монеаи ҷидцие мегардад.MБУБ 479.2

    Бисёриҳо баён мекарданд. ки риояи рӯзи якшанбе - ақидаи устуворгардида ва одати дар Калисо дар давоми асрҳои зиёд васеъ паҳнгашта аст. Ин далелҳо бо он рад карда шуданд, ки шанбе ва ҷашнгирии он - одатӣ боз ҳам қадимтар ва паҳнгаштатар аст, ончунон қадима, чун ҷаҳони мо, ва он аз ҷониби Худо ва фариштаҳо муқаддас гардонда шудааст. Вақте ки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд, ва ҳамаи фарзандҳои Худо нидоҳои шодӣ медоданд, он замон шанбе низ муқаддас гардонда шуд (ниг. Айюб 38:6,7; Ҳастӣ 2: 1-3). Ана барои чӣ рӯзи шанберо эҳтиром намудан лозим аст - он на бо қудрати инсон таъсис дода шудаасту дар урфу одатҳои инсонӣ асос намеёбад. Он аз ҷониби «Атиқулайём» (Худованди Ҷовид), таъсис дода шудааст, ва Каломи Ҷовидони Ӯ риоя намудани ин рӯзро амр мекунад.MБУБ 479.3

    Вақте ки халқ ба он диққат дод. ки шанбе иваз карда шудааст, рӯҳониёни калисоҳои номдор Каломи Худоро галат маънидод намуда, онро тавре тафсир намуданд, ки ақли бедоршудаи одамонро ба хоби ғафлат банд кунанд. Ва онҳое ки Китоби Муқадцасро мустақилона намеомӯхтанд, бо ҷону дил чунин хулосаҳоеро қабул карданд, ки ба хоҳишҳои онҳо пурра ҷавобгӯ буданд. Бисёриҳо ба далелҳои ҳилагарона, ба нақлу ривоятҳои падарон ва нуфузи Калисо рӯ оварда, кӯшиш намуданд ҳақиқатро рад кунанд. Ҳомиёни он бошанд ба Китоби Муқаддас рӯ оварданд, то ки бо ин роҳ қонунӣ будани аҳкоми чорумро исбот кунанд. Одамони оддӣ, ки дар даст танҳо Каломи ҳақиқат доштанд, ҳамаи ҳамлаҳои мардони донишмандро далерона рад мекарданд, ва ин донишмандон бо ҳайронӣ ва ғазаб медиданд, ки чӣ гуна тамоми софистикаи суханпардозонаи онҳо дар муқобили далелҳои оддӣ ва аниқи нафароне беқудрат мемонад, ки аз хирадмандии олимон дида, аз Китоби Муқаддас бештар воқифанд.MБУБ 480.1

    Бисёриҳо, ки ҳеҷ гуна далелҳоро аз Китоби Муқаддас дар даст надоштанд ва он чизро фаромӯш намуда буданд, ки замоне Масеҳ ва шогирдони Ӯро низ ҳамин тавр айбдор кардан мехостанд, бо қатъияти якравона баён намудани ин суханонро давом медоданд: «Барои чӣ одамони бузурги мо ин фикрро дар бораи рӯзи шанбе дастгирӣ намекунанд? Танҳо шумораи ками одамон мисли шумо боварӣ доранд. Номумкин аст, ки шумо ҳак бошеду ҳамаи фақеҳони ҷаҳон гумроҳ бошанд».MБУБ 480.2

    Барои рад намудани чунин далелҳо ба таълимоти Китоби Муқаддас ва таърихи муносибатҳои Худо бо қавми Худ дар ҳама асрҳо такя кардан, басанда буд. Худо бо воситаи нафароне амал мекунад, ки онҳо Ӯро мешунаванд ва ба Ӯ итоат мекунанд, ва дар лаҳзаи лозимӣ метавонанд ҳақиқатҳои ҳаққонитаринро баён намоянд ва аз фошсозии гуноҳҳои паҳнгардида наметарсанд. Худо барои амалӣ намудани ислоҳоти лозимӣ одамони донишманд ва соҳибмансабро хеле кам истифода мебарад, зеро ки чунин одамон ба рамзҳои имони худ, назарияҳо ва таълимотҳои фақеҳон аз ҳад зиёд боварӣ доранд ва ҳоҷати аз Худо омӯхтанро ҳис намекунанд. Танҳо он нафаре ба дарк намудан ва фаҳмондани Китоби Муқаддас қобил аст, ки бо Манбаи Хирад алоқаи зич дорад. Баъзан паҳнкунии ҳақиқат ба одамони тамоман бемаълумот на аз барои он бовар карда мешавад, ки онҳо дониши кам доранд, балки аз барои он ки онҳо на он қадар худбоваранд, то ки аз Худо наомӯзанд. Онҳо маълумотро дар мактаби Масеҳ ба даст меоранд, ва ба шарофати фурӯтанию итоаткорӣ шахсиятҳои бузург мешаванд. Худо ба онҳо дониши ҳақиқатҳои Худро бовар намуда, ин нафаронро ба чунин шарафе лоиқ мегардонад, ки ҳама иззату эҳтироми заминӣ ва бузургии инсонӣ дар муқоиса бо он ҳеҷу пуч аст.MБУБ 481.1

    Аксарияти адвентистҳо ҳақиқатро оиди қудсгоҳ ва Шариати Худо рад карданд, бисёр нафарони дигар ҳам ақидаҳои носолим ва мухолифро оиди пешгӯиҳои пайғамбарона, ки ба ҳаракати адвентистӣ дахл доштанд қабул намуда, аз ин ҳаракат низ рӯ гардонданд. Баъзеҳо саргарми вақти аниқи омадани Масеҳ гардида, ба гумроҳӣ афтоданд. Нуре ки акнун ба масъалаи қудсгоҳ равшанӣ андохт, бояд ба онҳо нишон медод, ки ягон давраи пайғамбарона то замони Дуюмбора омадани Масеҳ давом намекунад, ва вақти аниқи ин бозгашт пешгӯӣ нашудааст. Лекин аз нур рӯ гардонда, онҳо такрор ба такрор мӯҳлати омадани Масеҳро таъйин мекарданд ва ҳар маротиба ноумедии талхро аз cap мегузаронданд.MБУБ 481.2

    Вақте ки оиди омадани Исои Масеҳ дар калисои таслӯниқиён фаҳмишҳои нодуруст бартарӣ пайдо карданд, ҳавворӣ Павлус маслиҳат дод, ки умедҳо ва интизориҳои худро бодиққатона бо Каломи Худованд бисанҷанд. Ӯ таваҷҷӯҳи одамонро ба пешгӯиҳои пайғамбаронаи дахлдоре равона намуд, ки онҳо ба ҳодисаҳое ишора мекарданд, ки бояд пеш аз омадани Масеҳ ба амал меомаданд, ва ба ин одамон нишон дод, ки барои дар он рӯзҳо интизор шудани омадани Ӯ асосе надоштанд. «Х,еч кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фирефта кунад» (2 Таслӯникиён 2:3) - ҳамин тавр ӯ огоҳ мекард. Агар дар қалб парваридани умедҳои дар Kитоби Муқаддас асос наёфтаро давом медоданд, ин ҳатман онҳоро ба амалҳои нодуруст оварда мерасонд, ва дар зери тӯфони масхарабозии худобехабарон, ки чун натиҷаи ноумедии онҳо бар сарашон фурӯ мерехт, ба хатари ба ҳақиқатҳои барои наҷот зарур шубҳа кардан дучор мешуданд. Насиҳати ҳавворӣ ба таслӯникиён (2 Тас. 2:3), барои имондорони дар замони охир зиндагикунанда сабақҳои муҳим дорад. Бисёр адвентистҳо чунин меҳисобанд, ки вуҷуд надоштани имон ба он ки Масеҳ фалон вақт меояд, аз бепарвоии онҳо дар кори тайёршавӣ шаҳодат медиҳад. Лекин азбаски умеду орзуҳои бедоршавандаи онҳо ҳар маротиба барбод мераванд, имонашон чунин зарбае мехӯрад, ки онҳо дигар қобилияти қабул намудани хақиқатҳои бузурги пешгӯиҳои пайғамбаронаро надоранд.MБУБ 482.1

    Вақти аниқи доварӣ, ки дар муждаи лкум хабар дода шудааст, бо амри Худо нишон дода шудааст. Саҳеҳии ҳисоби давраҳои пайғамбарона, ки ин мужда дар онҳо асос ёфта буду ба он ишора мекард, ки 2300 рӯз тирамоҳи соли1844 анҷом меёбад, ҳеҷ гуна шубҳаро ба миён намеорад. Кӯшишҳои чандинкаратаи муайян намудани санаҳои нави оғоз ва анҷоми ин давраҳои пайғамбарона ва далелҳои ба танқид тоб наоварандае ки барои тасдиқи чунин ҳисобкуниҳо заруранд, на танҳо одамонро аз ҳақиқати аслӣ дур мекунанд, балки нисбати ҳамаи кӯшишҳои фаҳмондани пешгӯиҳои пайгамбарона муносибати шаккоконаро ба миён меоранд. Ҳар қадаре ки мӯҳлатҳои Дую- мбора омадани Масеҳ зуд-зуд муқаррар карда шаванд ва ҳар қадаре ки онҳо васеътар мавъиза карда шаванд, ин ба мақсадҳои шайтон ҳамон қадар бештар мувофиқат мекунад. Замоне ки вақти таъйиншуда мегузарад, шайтон ба муқобили чунин пешгӯйҳо масхараҳо ва нафратро барангехта, ҳаракати бузурги анвентистии солҳои 1843 ва 1844-ро зери шубҳа мегузорад. Онҳое ки дар гумроҳии худ истодагарӣ мекунанд, дар охир чунин санаи бозгашти Масеҳро ҳисоб карда мебароранд, ки ин ҳодисаро ба замонаҳои дури оянда мебарад. Он гоҳ онҳо ба ҳолати бепарвоии фиребанда гирифтор мешаванд. ва бисёриҳо дар ин фиреб то он замоне мемонанд, ки аллакай ислоҳ намудани чизе дер мешавад.MБУБ 482.2

    Таърихи қавми Исроил тасвири ҳайратангези санҷишҳоест, ки ба дӯши Калисои адвентистӣ афтоданд. Худо қавми Худро дар ҳаракати адвентистӣ ончуноне роҳнамоӣ мекард, ки фарзандони Исроилро аз Миср берун баровард. Имони пайравони ин ҳаракат бо ноумедии бузург, чун имони яҳудиён дар соҳили баҳри Қулзум санҷида шуд. Агар онҳо ба дасти пурқудрати Худо, ки онҳоро дар гузашта роҳнамоӣ мекард, бовар карданро давом медоданд, он гоҳ роҳҳои наҷоти аз ҷониби Худо пешниҳодшударо медиданд. Агар нафароне ки дар ҳаракати соли 1844 иштирок доштанд, муждаи фариштаи сеюмро қабул мекарданд ва онро бо қувваи Рӯҳулқудс мавъиза менамуданд, Худованд ба воситаи онҳо корҳои бузургро ба ҷо меовард. Ба замин микдори зиёди нурқои осмонӣ фурӯ рехта мешуданд. Кайҳо сокинони замин огоҳии пешакӣ мегирифтанд, давраи хотимавии кор анҷом меёфт ва Масеҳ барои фидиягузории қавми Худ меомад.MБУБ 483.1

    Хости Худо он набуд, ки қавми Исроил чил сол дар биёбон оворагард шавад; Ӯ мақсад дошт онҳоро рост ба замини Канъон барад, то ки дар он ҷо порсоёна ва хушбахтона зиндагӣ кунанд. Лекин «онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд дохил шаванд» (Ибриён 3:9). Беимонӣ ва руйгардонӣ аз Худо онҳоро ба марг гирифтор намуд, ва ба замини ваъдашуда ворид шудан танҳо ба насли дигар насиб шуда буд. Айнан ҳамин тавр, омадани Масеҳ на бо хости Худо мавқуф гузошта мешавад ва имондорон муддати дароз дар ин ҷаҳони гуноҳу ғам мемонанд. Онҳоро аз Худо беимонӣ ҷудо кард. Азбаски аз иҷрои вазифаи ба ӯҳдаашон гузошташуда даст кашиданд, нафарони дигар бархостанд, то ки ин муждаро мавъиза кунанд. Исои Масеҳ нисбати ин ҷаҳон дилсӯзӣ намуда. омадани Худро мавқуф мегузорад, то ки ба шахси гунаҳгор имконияти шунидани муждаи наҷот ва дар Ӯ пайдо намудани паноҳгоҳро бидиҳад, пеш аз он ки фурӯрезии ғазаби Худо ба замин шурӯъ мешавад.MБУБ 483.2

    Имрӯз, чун дар гузашта, мавъизаи ҳақиқате ки гуноҳҳо ва гумроҳиҳоро оипсор мекунад, муқобилиятро ба миён меорад. «Ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад» (Юҳанно 3:20). Бисёриҳо мебинанд, ки онҳо қобилияти дар Китоби Муқаддас асоснок намудани фикрҳои худро надоранд, қарор медиҳанд фикрхои худро бо ҳар роҳе ки бошад ҳимоя кунанд ва бо ғазаб бар сари нафароне ки ҳақиқати «номашҳур»-ро ҳимоя менамоянд, ҳамла оварда, хислат ва мақсадҳои онҳоро нодуруст маънидод мекунанд. Ин рӯҳ дар ҳамаи асрҳо зоҳир мешавад. Пайғамбар Илёс дар он айбдор карда шуд, ки Исроилро ба изтироб меорад, Ирмиё — дар хоинӣ, ҳавворӣ Павлус бошад — дар палидсозии маъбад. Ва аз он рӯзҳо то худи замони мо мардони ба ҳақиқат содиқ суиқасдкунандагон, бидъаткорон ва мухолифатандозон эълон мешаванд. Ва бисёр одамоне ки имонашон хеле заиф аст, то ки саҳеҳтарин каломи пешгӯии пайғамбаронаро қабул кунанд, бо боварии фидокорона ҳамаи айбдоркуниҳоро дар ҳаққи нафароне қабул мекунанд, ки ҷуръати ошкор намудани гуноҳҳои ҷамъияти замони худро мекунанд. Ва Китоби Муқадцас ошкоро дар бораи фарорасии он замон сухан мегӯяд, ки қонунҳои давлатӣ ба Шариати Худо он қадар мухолифат пайдо мекунанд, ки нафаре ки ҳамаи аҳкомҳои Худоро риоя мекунад, вайронкунандаи оромӣ, сазовори сарзаниш ва ҷазо ҳисобида мешавад.MБУБ 484.1

    Пас вазифаи қосиди ҳакиқат аз чӣ иборат аст? Оё ӯ бояд аз мавъизаи хақиқат даст кашад, зеро ки аксар вақт ин танҳо одамонро ба ғазаб меорад, ва онҳо аз ду cap онро қабул наме- кунанд? He. ӯ чун ислоҳотчиёни аввалин набояд шаҳодати Каломи Муқаддасро танҳо аз он сабабе қатъ кунад, ки ин муқобилиятро ба миён меорад. Имондории азиятдидагони муқаддас барои манфиати наслҳои оянда ба саҳифаҳои таърих дохил шудааст. Мисолҳои муқаддасӣ ва устувории қавӣ дар рӯзҳои мо низ зиндаанд ва дар қалби нафароне ки имрӯз барои аз Худо шаҳодат додан даъват шудаанд, мардонагиро ҷой мекунанд. Онҳо файз ва ҳақиқатро на танҳо барои худ қабул кардаанд, балки барои он ки ба воситаи онҳо тамоми заминро нури Худошиносӣ мунаввар гардонад. Оё Худо нурро ба хизматгорони Худ дар ин насл додааст? Бале, ва онҳо бояд дар тамоми чаҳон бидурахшанд.MБУБ 484.2

    Дар замонҳои қадим Худо ба яке аз пайғамбароне ки аз номи Ӯ сухан мегуфт, пешгӯӣ карда буд: «Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд». Бо вуҷуди ин Худо гуфт: «Ва суханони Маро ба онҳо бигӯй, хох бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, зеро ки онҳо исёнгар мебошанд» (Ҳизқиёл 3:7; 2:7). Дар замони мо низ Худо ба хизматгузорони Худ бо ин суханон муроҷиат мекунад: «Овози худро мисли шох (карнай) баланд карда, ба қавми Ман ҷинояташонро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо» (Ишаъё 58:1).MБУБ 485.1

    Ҳар як нафаре ки нури ҳақиқатро қабул кардааст, мувофики имкониятҳои мавҷуда бар дӯши худ он масъулияти даҳшатнок ва мудҳишро мегирад, чун пайғамбари Исроил, ки суханони Худо ба ӯ равона шудаанд: «Ва ту, эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исрои дидбон таъйин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд. Ҳангоме ки Ман ба шарире бигӯям: «Эй шарир, албатта хоҳӣ мурд!» - вале ту сухане нагӯи барои он ки шарирро аз роҳи ӯ огоҳ намоӣ, он шарир дар гуноҳи худ хоҳад мурд, аммо хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард» (Ҳизқиёл 33:7,8).MБУБ 485.2

    Ба бисёр нафарон дар қабул ва паҳн намудани ҳақиқат он чиз халал мерасонад, ки ин бо нороҳатиҳо алоқаманд аст; онҳо ба таҳқир гирифтор шудан намехоҳанд. Ин аст ягона далел ба муқобили ҳақикат, ки ҳомиёни он ҳеҷ гоҳ онро рад карда наметавонанд. Лекин ин пайравони содиқи Масеҳро ҳеҷ гоҳ нигоҳ намедорад. Онҳо замонеро интизор намешаванд, ки ҳақиқат аз ҷониби ҳама эътироф карда шавад. Вазифаи худро дарк намуда, ихтиёран дар ин роҳ қадам мегузоранд, ва чун ҳавворӣ Павлус чунин мешуморанд, ки «уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад», ва дар якҷоягӣ бо пайгамбари кадима «хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб» мекунанд (2 Қӯринтиён 4:7; Ибриён 11:26).MБУБ 485.3

    Танҳо нафароне ки аз таҳти дил ин ҷаҳонро дӯст доштаанд, дар масъалаҳои дандорӣ - новобаста аз дину мазҳаби худ - на аз рӯи принсипҳо, балки аз рӯи мулоҳизахои сиёсӣ амал мекунанд. Ба мо лозим аст, ки ҳақиқатро аз баҳри худи ҳақиқат интихоб кунем, ва оқибаташро ба Худо супорем. Ба шарофати одамони ақидаашон устувор, имондор ва ҷасур дар ҷаҳон дигаргунсозиҳои бузург ба амал омадаанд. Чунин одамон дар замони мо низ ислоҳотро амалӣ мекунанд.MБУБ 486.1

    Худованд чунин мегӯяд: «Маро бишнавед, эй адолатшиносон, эй қавме ки шариати Ман дар дили шумост! Аз мазаммати мардум натарсед, ва аз таҳқири онхо наҳаросед, зеро ки онҳоро мисли либос куя хоҳад зад, ва кирм онҳоро мисли пашм хоҳад хӯрд, валекин адолати Ман то абад, ва начоти Ман ба таври доимӣ боқӣ хоҳад монд» (Ишаъё 51:7,8).MБУБ 486.2