Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 17. - ҚОСИДОНИ СУБҲ

    Яке аз ҳақиқатҳои ботантанатарин ва бузургтарине, ки Китоби Муқаддас ба мо ошкор месозад, ин ҳақиқат дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ аст, ки кори бузурги наҷотбахшӣ бо он анҷом меёбад. Барои қавми мусофири Худованд, ки ин қадар вақт дар «водии зулмот ва сояи марг» оворагардӣ мекард, ваъдаи Дуюмбора омадани Масеҳ дода шуда аст, ки Ӯ «ҳаёт ва эҳё» аст, Масеҳе, ки фарзандони рондашудаи Худро боз сарҷамъ меорад. Ин ваъдаи қиматбаҳост. Таълимот дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ фикри асосии Китоби Муқадцас аст. Аз он рӯзе ки ҷуфти нахустин бо сари хамида боғи Аданро тарк карданд, имондорон ба интизории омадани Ваъдашудае шурӯъ намуданд, ки бояд ҳукмронии шайтонро барҳам мезаду биҳишти аз даст рафтаро бармегардонд. Омадани Масеҳ дар ҷалол маркази ҳамаи умедҳои мардони муқаддаси қадим буд. Ҳанӯх, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд ва 300 сол дар рӯи замин дар «пеши Худо роҳ мерафт», сазовори шарафи аз дур ба Наҷотдиҳандаи оянда назар андохтан гардонда шуд. «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони (Фариштаҳо) Худ омад, то ки бар ҳама доварӣ кунад» (Яҳудо 1:14, 15). Пайғамбар Айюб дар шаби азобу машаққатҳои худ бо умеди қавӣ нидо мекунад: «Ман медонам, ки Фидиягузори ман зинда аст ва дар замони охир бар замин қиём хоҳад кард. Вале агарчи пӯсти ман пӯсида гардад, ман дар ҷисм худ Худоро мебинам. Ӯро ман барои худ мебинам ва чашмонам ба Ӯ менигарад ва на чашми бегонае» (Айюб 19: 25, 27).MБУБ 313.1

    Омадани Масеҳ, ки аломати ибтидои Салтанати ҳақиқат аст, муаллифони Китобҳои Муқадцасро барои баёни панду ҳикматҳои оташину олй илҳом мебахшид. Паӣғамбарон ва шоирони Китоби Муқаддас калимаҳоеро пайдо мекарданд, ки бо оташи осмонӣ аланга мезаданд. Довуд дар бораи қувва ва бузургии Шоҳи Исроил чунин месароид: «Аз Сион, ки камоли зебоист Худо таҷаллӣ менамояд. Худои мо меояд ва хомӯш нахоҳад буд... Аз боло осмон ва заминро мехонад, то ки қавми Худро доварӣ кунад» (Забур 49: 2-4). «Бигзор осмон хурсандӣ кунад, ва замин ба вачд ояд; баҳр ва ҳар он чӣ дар он аст, хурӯш бардорад... Пеши Худованд, зеро ки меояд, зеро ки меояд, то заминро доварӣ намояд; Ӯ дунёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳоро аз рӯи ростии Худ» (Забур 95: 11-13).MБУБ 313.2

    Пайғамбар Ишаъё чунин мегӯяд: «Мурдагони Ту зинда мешаванд, майитҳо бармехезанд! Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст, ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд». «Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард, ва нанги кавми Худро аз рӯи тамоми замин дур хоҳад сохт; зеро ки Худованд гуфтааст. Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»» (Ишаъё 26:19; 25:8,9).MБУБ 314.1

    Пайгамбар Ҳабаққуқ, ки аз дидани рӯъёи муқаддас ба шавқ омада буд, омадани Ӯро мушоҳида намуд: «Худо аз Темон меояд ва Қудцус - аз Фарон. Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст, ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст. Ва дурахши Ӯ мисли найир аст». «Чун биистад - заминро ба чунбиш меоварад; чун назар афканад - халқҳоро ба ларза меандозад; ва кӯҳҳои азалӣ метаркад, пуштаҳои абадӣ паст мешавад; тариқҳои Ӯ човидонист». «Ту бар аспони Худ, бар аробаҳои наҷотбахши Худ савор шудаӣ?.. Кӯҳҳо Туро дида, ба ларза омад, селобҳо ҷорӣ шуд, варта овозашро баровард, мавҷҳояшро боло бардошт. Офтоб ва моҳ аз нури тирҳои паррони Ту, аз дурахши найзаҳои барроқи Ту дар масканҳои худ истоданд... Барои наҷот додани қавми Худ, барои наҷот додани Масеҳи Худ берун омадӣ» (Ҳабақкуқ 3:3-13).MБУБ 314.2

    Пеш аз ҷудо шудан аз шогирдони Худ Наҷотдиҳанда онҳоро дар андӯҳашон дилбардорӣ намуда, ба дуюмбора омадани худ бовар кунонд: «Дили шумо музтариб нашавад... Дар хонаи Падари Ман иқоматгох бисёр аст... «Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам». Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо худ мебарам». (Юҳанно 14:1-3). «Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони мукаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, ва ҳамаи халқҳо дар назди У ҷамъ хоханд шуд» (Матто 25:31,32).MБУБ 314.3

    Фариштаҳое, ки баъди ба осмон боло бурда шудани Масеҳ дар болои кӯҳи Зайтун монда буданд, ба шогирдон ваъдаи бозгашти Ӯро такрор карданд: «Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт». (Аъмол 1:11). Ҳавворӣ Павлус низ, ки аз Рӯҳи Муқаддас илҳом гирифта буд, чунин шаҳодат медод: «Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнайи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард» (1Таслӯникиён 4:16). Ва пайғамбар аз ҷазираи Патмӯс чунин мегӯяд: «Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чашм хоҳад дид» (Ваҳй 1:7).MБУБ 315.1

    Омадани Ӯ аз замони «иҷрои ҳамаи он чизе, ки Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст» (Аъмол 3:21), шаҳодат медиҳад. Он гоҳ ба салтанати бадӣ хотима дода хохад шуд; «салтанати ҷаҳон» «Салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ» мегардад «ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд» (Ваҳй 11:15). «Ва ҷалоли Худованд зохир хоҳад шуд, ва ҳар ҷисм якбора онро хохад дид» (Ишаъё 40:5). «Худованд Худо адолат ва ҷалолро пеши ҳамаи халқҳо нумӯ хоҳад дод» (Ишаъё 61:11). «Худованди лашкарҳо афсари зинат ва точи шавкат барои бақияи қавми Худ хоҳад буд». (Ишаъё 28:5).MБУБ 315.2

    Он гоҳ дар тамоми рӯи замин Салтанати сулҳу осоиши Масеҳ, ки дер боз интизораш буданд, фаро мерасад. «Ба яқин, Худованд Сионро тасаллӣ хоҳад дод, тамоми харобазори онро тасаллӣ хоҳад дод, ва биёбони онро мисли Адан, ва саҳрои онро мисли боғи Худованд хоҳад гардонид» (Ишаъё 51:3). «Ҷалоли Лубнон ва шавкати Кармил ва Шорӯн ба вай ато хоҳад шуд» (Ишаъё 35:2). «Туро дигар «матрук» (таркшуда) нахоҳанд номид, ва замини туро дигар «вайрона» нахоҳанд гуфт, балки туро «дилхоҳ» ва замини туро «шавҳардор» хоҳанд номид». «Ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад, ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд» (Ишаъё 62:4,5).MБУБ 315.3

    Омадани Исои Масеҳ дар ҳамаи асрҳо пайравони ҳақиқии Ӯро бо умед рӯҳбаланд мегардонд. Дар болои кӯҳи Зайтун бо шогирдони Худ хайрбод намуда, Наҷотдиҳанда ваъдаи бозгаштанро дод, ва ин ояндаи шогирдони Ӯро бо шодӣ ва умед мунаввар гардонд, ки ҳеҷ гуна гаму андӯх ва санҷишҳо натавонистанд онҳоро аз қалбҳояшон берун созанд. Дар миёни азобу машаққатҳо ва таъқиботҳо «зуҳури ҷалоли Худо ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ» барои онҳо «умеди муборак» буд. Вақте ки масеҳиёни Таслӯникӣ бо ғаму андӯҳ наздикони худ, онхоеро, ки бо боварии қатъӣ умеди зинда пешвоз гирифтани бозгашти Масеҳро доштанд, ба хок месупориданд, ҳавворӣ Павлус устодашон, ба онҳо эҳёи мурдагонро хотиррасон намуд, ки ҳангоми омадани Наҷотдиҳанда ба амал меояд. Он гоҳ онҳое ки дар имон ба Масеҳ мурдаанд, эҳё мешававд ва бо ҳамроҳии зиндахо «бар абрҳо бурда хоҳанд шуд», то ки Худовандро дар осмон пешвоз гиранд. «...ва ҳамин тавр, - мегӯяд ӯ, - ҳамеша бо Худованд хоҳем буд». «Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед» (1Таслӯникиён 4: 16-18).MБУБ 316.1

    Дар ҷазираи серхарсангӣ Патмӯс шогирди дӯстдоштаи Масеҳ чунин ваъдаро шунид: «Оре, ба зудӣ меоям!», ва ҷавоби аҷоиби ӯ дуо ва хоҳиши Калисоҳои ҳамаи асрҳоро баён мекунад: «Оре, биё эй Исои Худованд!» (Вахй 22:20).MБУБ 316.2

    Аз зиндонҳо. аз миёни оташи гулханхо ва аз майдонҳои қатл, ки муқаддасон ва азиятдидагон аз ҳақиқат шаҳодат дода буданд, дар давоми ҳамаи садсолаҳо садои имон ва умедвориҳои онҳо ба гӯш мерасад. Ба «эҳёи Ӯ, ва инчунин ба эҳёи худ дар замони омадани Ӯ» боварии қатъӣ дошта, мегӯяд яке аз ин масеҳиён «онҳо ба марг бо нафрат нигоҳ намуда, аз он боло буданд»266Даниил Тэйлор, «Ҳукмронии Масеҳ дар рӯи замин ё садои калисо дар тамоми асрҳо», саҳ 33.. Онҳо барои ҷон додан тайёр буданд, то ки баъд «чун одамони аз доми марг раҳоёфта аз қабр берун шаванд»267Ҳамон ҷо, саҳ. 54.. Онҳо Масеҳро «дар болои абрҳо бо ҷалоли Падар», интизор буданд, ки салтанати Худро барои порсоён барқарор мекунад. Валденсҳо ҳамин гуна имон доштанд268Ҳамон ҷо, саҳ. 129-132.. Уиклиф зуҳури Фидиягузорро чун умеди Калисо интизор буд269Ҳамон ҷо, саҳ. 132-134..MБУБ 316.3

    Лютер чунин гуфта буд: «Ман бовари дорам, ки рӯзи қиёмат на дертар аз 300 сол фаро мерасад. Худо намехоҳад ва наметавонад дигар ин ҷаҳони гунаҳгорро таҳаммул кунад... Рӯзи бузурге наздик мешавад, ки ин салтанати палидиҳои заминӣ сарнагун карда мешавад»270Ҳамон ҷо, саҳ. 158, 134..MБУБ 317.1

    «Ин ҷаҳони пиршуда аз анҷоми худ дур нест», - гуфта буд Меланхтон. Калвин имондоронро бовар мекунонд, ки «шубҳа накунед, балки бо умед омадани Масеҳро чун хуштарин ҳодисаҳои бузург интизор шавед», ва қайд намуд, ки «тамоми масеҳиён бояд ин рӯзро интизор бошанд... мо бояд гуруснагиро ба Масеҳ эҳсос кунем; бояд Ӯро ҷӯё шавем, дар бораи Ӯ андеша кунем, то замоне ки шафақи он рӯзи бузург пайдо шавад, вақте ки Худованди мо бо тамоми камолоти Худ ҷалоли Салтанати Худро нишон медиҳад»271Ҳамон ҷо, саҳ. 158, 134..MБУБ 317.2

    «Магар Худованди мо Масеҳ дар ҷисми одамӣ ба осмон боло бурда нашуд? - мегуфт Нокс, ислоҳотчии шотландӣ. - Ва магар Ӯ аз нав барнамегардад? Мо медонем, ки Ӯ бармегардад, ва ин ба зудӣ ичро мешавад». Ридлӣ ва Латимер, ки ҷони худро барои ҳақиқат қурбон карда буданд, бо имон омадани Масеҳро интизорӣ мекашиданд. Риддӣ навишта буд: «Ман боварӣ дорам ва ҳеҷ шубҳае дар он нест, ки ҷаҳон ба анҷоми худ наздик мешавад. Бинобар ин бо ҳамроҳии Юҳанно, марди Худо, биёед аз таҳти дил ба Наҷотдиҳандаи худ Исои Масеҳ муроҷиат кунем: биё, эй Исои Худованд, биё!» 272Ҳамон ҷо, саҳ. 151, 145..MБУБ 317.3

    «Андешаҳо дар бораи омадани Худованд, — гуфта буд Бакстер, - барои ман аз ҳама гуворо ва хурсандиоваранд»273Ричард Бакстер, Асарҳо, ҷилди 15, саҳ. 555.. «Имон ва хислати порсоёни Худованд дар он ошкор мегарданд, ки онҳо бо муҳаббат ва умедвории муборак омадани Ӯро интизор бошанд. Агар ҳангоми эҳёи мурдагон охирин душман - марг, - нест карда шавад, ин бояд имондоронро ба дуогӯии ҷиддӣ ва ташнаи Дуюмбора омадани Масеҳ будан, вақте ки ғалабаи пурра ва охирин ба даст оварда мешавад, водор ку- над»274Ҳамон ҷо, ҷилди 17, саҳ. 500.. «Ба зудӣ фаро расидани ин рӯзро ҳамаи порсоён бояд бо имон интизор бошанд; дар ин рӯз кори фидиягузории онҳо анҷом дода мешавад ва ҳамаи хоҳишҳо ва кӯшишҳои қалбҳои онҳо амалӣ карда мешаванд. О, Худовандо шитоб намо, ин рӯзи муборакро наздик гардон!» 275Ҳамон ҷо, ҷилди 17, саҳ. 182, 183.. Умеди Калисои ҳаввориён, «Калисо дар биёбон» ва ислоҳотчиён чунин буд.MБУБ 317.4

    Пешгӯиҳои пайғамбарона на танҳо мақсади омадани Масеҳ ва чӣ тавр амалӣ шудани онро пешгӯи мекунанд, балки ба аломатҳое ишора мекунанд, ки одамон аз рӯи онҳо метавонанд наздикшавии он рӯзро бидонанд. Исои Масеҳ чунин мегӯяд: «Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳанд ёфт» (Луқо 21:25). «Офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии худро надиҳад. Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутаззалзил шаванд. Он гоҳ Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд» (Марқӯс 13: 24-26). Юҳаннои Илоҳиётшинос аввалин аломатҳо — муждарасонҳои Дуюмбора омадани Масеҳро чунин тасвир мекунад: «.. .заминҷунбии азиме ба вукӯъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт» (Ваҳй 6:12).MБУБ 318.1

    Ин аломатҳо то оғози асри 19 ба миён омада буданд. Соли 1755 яке заминҷунбиҳои харобиовартарин дар таърихи инсоният ба амал омад. Гарчанде ки он чун заминҷунбии Лиссабонӣ маълум гашт, таъсири он ба қисми зиёди Европа, Африка ва Америка паҳн мешуд. Он дар Греландия, Вест-Индия, дар ҷазираи Мадейра, дар Шведсия ва Норвегия, Британияи Кабир ва Ирландия эҳсос мешуд. Он ҳудуди на камтар аз чор миллион мили квадратиро фаро гирифт. Дар Африка таконҳо чун дар Европа сахт буданд. Қисми зиёди Алҷазоир вайрон гардид, каме дуртар аз Марокаш вартаи заминӣ деҳаеро бо ҳашт ё даҳ ҳазор аҳолии он ба коми худ фурӯ бурд. Дар сохилҳои Испания ва Африка мавҷи бузурге фурӯ рехт, ки шаҳрҳоро шуста вилоятҳои калонро ба харобазор табдил дод.MБУБ 318.2

    Дар Испания ва Португалия таконҳои пурқуввати гайриоддӣ эҳсос мешуданд. Нақл мекарданд, ки ба сӯи Кадис мавҷе ҳаракат мекард, ки баландияш ба 20 метр мерасид. Кӯҳҳои «аз ҳама баланд дар Португалия то ба таҳкурсии худ ба ҷунбиш омаданд; қуллаҳои баъзе аз онҳо кушода шуда, танӯраи вулқонҳоро таъсис доданд, ки аз онҳо оташ фаввора зада берун мебаромад; кӯҳпораҳои бузург ба деҳаҳои дар наздикӣ ҷойгирифта фурӯ рехтанд»276Чарлз Лайел, «Принсипҳои геология», саҳ. 495..MБУБ 318.3

    Дар Лиссабон «аввал гулдуросӣ раъдмонанди зеризаминӣ шунида шуд, ва дар ҳол такони сахттарин қисми зиёди шаҳро вайрон кард. Дар муддати шаш дақиқа қариб 60 ҳазор одам ба ҳалокат раcид. Баҳр дар аввал ақиб гашта ва пастоби регдорро луч намуда, баъд ба баландии 16-18 метр аз сатҳи муқаррарии худ боло баромад. Аз дигар ҳодисаҳои ғайриодиии ҳангоми фалокати дар Лиссабон ба амал омада, девори соҳилии нав аз санги мармари холис сохташударо қайд карда мумкин аст, ки бо тӯфон нест карда шуда буд. Сохтмони он бо хароҷоти маблағи зиёде ба анҷом расида буд. Бо умеди аз пораҳои фурӯрезанда паноҳ шудан, дар он ҷо шумораи зиёди одамон ҷамъ омада буданд, лекин ногаҳон тамоми соҳил ба қаъри баҳр фурӯ кашида шуд, ва ҳеҷ нафаре аз ғарқшудагон дар болои об намоён нашуд»277Ҳамон ҷо..MБУБ 319.1

    Такони зеризаминӣ «дар як лаҳза ҳамаи калисоҳо ва дайрҳо, қариб ҳамаи иморатҳои калон ва чоряки хонаҳои истиқоматиро вайрон кард. Тақрибан ду соат баъд аз такон дар баъзе маҳаллаҳо сӯхтор ба амал омад, ва дар давоми се рӯз дар шаҳр оташи даҳшатоваре талотум мекард, ки шаҳрро ба таври пурра ба харобазор табдил дод. Заминҷунбӣ дар рӯзи ид, вақте рӯй дод, ки тамоми калисоҳо ва дайрҳо пур аз одамон буданд ва танҳо шумораи ками одамон наҷот ёфтанд»278Энсиклопедияи амрикоӣ аз соли 1831.. «Даҳшатеро, ки шаҳрро фаро гирифт, тасвир кардан номумкин аст. Ҳеҷ кас гиря намекард, зеро дар чашмон ашк набуд. Одамон худро аз як тараф ба тарафи дигар меандохтанд: аз даҳшат ва ҳайронӣ аз акд бегона гашта ва ба синаи худ мушт кӯфта фарёд мезаданд: «Охири ҷаҳон фаро расид!» Модарон тифлони худро фаромӯш карда, бо салиб дар даст даву тоз мекарданд. Бадбахтона, бисёр касон дар ҷустуҷӯи наҷот бошитоб ба калисо медаромаданд, то ки паноҳгоҳ ёбанд, вале маросими хӯрдани нону шарбати ангур беҳуда ба ҷо оварда мешуд, беҳуда одамони бадбахт худро ба замин мепартофтанд ва дастонашонро сӯи меҳроб дароз мекарданд — иконаҳо, рӯҳониён ва халқ дар зери шикастапораҳо гӯронда шуданд». Чӣ тавре ки баъд маълум карданд, дар он рӯзи фалокатовар қариб 90 ҳазор нафар ҷон доданд.MБУБ 319.2

    Бо гузашти 25 сол аломати дигаре зоҳир гашт, ки дар пешгӯии пайғамбарона зикр гардида буд, - офтобу моҳ тира шуданд. Аз ҳама аҷоиб он буд, ки ин ҳодиса дар вақти як замон пешгӯишуда ба амал омад. Дар болои кӯҳи Зайтун бо шогирдон сӯҳбат намуда, Исои Масеҳ давраи ғаму андӯҳи Калисо — 1260 соли таъқиботҳои папаро тасвир карда гуфт, ки ин рӯзҳо кӯтоҳ карда мешаванд; Масеҳ инчунин баъзе ҳодисаҳоеро номбар кард, ки пеш аз омадани Ӯ ба амал меоянд ва замони иҷро шудани аввалини онҳоро нишон дод: «Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии худро надиҳад» (Марқӯс 13:24). Давраи 1260 рӯз ё сол — соли 1798 анҷом ёфт. Чоряк садсола пеш аз ин сана таъқиботҳо қарио пурра қатъ гардиданд. Баъд аз таъқиботҳо, аз рӯи суханони Масеҳ, бояд хирашавии офтоб ба амал меомад. 19 майи соли 1780 ин пешгӯии пайғамбарона иҷро шуд.MБУБ 320.1

    «Рӯзи тираи 19 майи соли 1780, вақте ки торикии аҷибе тамоми фазои Англияи Навро (Америка) фаро гирифт, ҳодисаи ягона ва дар дараҷаи олӣ асрорангезу номаълум боқӣ мемонад»279Девенс, «Садсолаи нахустини мо», саҳ. 89..MБУБ 320.2

    Нафаре аз шоҳидон дар иёлоти Массачусетс ин ҳодисаро чунин тасвир мекунад:MБУБ 320.3

    «Дар осмони софи пагоҳӣ офтоб тулӯъкард, вале дере нагузашта дар паси абрҳое ғайб зад, ки ҳарчи бештар поён мешуданд. Ин абрҳои торику шумхабарро гоҳ-гоҳе дурахши раъду барқ мебуриданд; раъд гулдуррос зад ва каме борон борид. To соати нӯҳи субҳ абрҳо тунук шуда тобиши биринҷӣзардтоб ё сурхтобро гирифтанд, ки замин, харсангҳо, дарахтон, биноҳо, об ва одамон - ҳама ба назар комилан дар ин ранги асрорангез тағйирёфта менамуданд. Баъди якчанд дақиқа абри калони сиёҳ ғайр аз хати борике дар уфуқ тамоми осмонро фаро гирифт ва ончунон торик шуд, ки одатан тобистон дар соати нӯҳи бегоҳ торик мешавад...MБУБ 320.4

    Даҳшат, изтироб ва ким-чӣ хел ларзаи боэҳтиром оҳистаоҳиста одамонро фаро гирифт. Занон дар назди дарҳои хонаҳои худ истода оромона ба торикӣ нигоҳ мекарданд; дуредгарон асбобу олоти худро ҷамъ менамуданд; оҳангарон дӯконҳои оҳангарии худро тарк ва савдогарон дӯконҳои худро маҳкам мекарданд. Аз мактабҳо кӯдакони аз тарс ба ларза даромадаро ҷавоб медоданд. Мусофирон дар наздиктарин ҳавлиҳои фермерҳо қарор мегирифтанд. Дар лабҳои ларзон ва рангпарида ва қалбҳои одамон як савол буд: «Чӣ мешавад?». Ба назар чунин менамуд, ки тӯфони қуввааш бемисл мақсади бо шиддат бар болои шаҳр вазиданро дорад ва охири ҷаҳон фаро расидааст.MБУБ 321.1

    Шамъҳо даргиронда шуданд, ва оташ дар оташдони деворй чун дар шаби бемоҳтоби тирамоҳ фурӯзон месӯхт... Мурғҳо дар ходачаи катак ҷой гирифта хоб мерафтанд, ҳайвонҳо худро ба деворҳои чӯбини чарогоҳҳо мечаспонданд ва ғамгинона маос мезаданд, қурбоққаҳо вақ-вақ мекарданд, паррандаҳо сурудҳои шоми худро месароиданд, ва дар ҳама ҷо кӯршабпаракҳо парвоз мекарданд. Вале одамон медонистанд, ки то фаро расидани шаб ҳоло барвақт аст...MБУБ 321.2

    Доктор Нафанаил Уиттейкер, рӯҳонии калисои хаймаҳо дар Салем, ибодат гузаронда дар мавъиза гуфт, ки ин торикии фавқуттабии аст. Ибодатҳо дар дигар ҷойҳо низ мегузаштанд. Дар мавъизаҳои бе тайёрӣ омодашуда дар бораи он оятҳои Китоби Муқаддас сухан мегуфтанд, ки ба ин ҳодиса ишора мекарданд... Дар соати даҳи рӯз ба таври махсус торик шуд»280«Антиқашиноси Эссексӣ, апрели соли 1899, ҷилди 3, №4, саҳ. 53, 54.. «Дар бисёр минтақаҳои мамлакат дар нима рӯз ончунон торик буд, ки бе шамъ на ба лавҳаи соат нигоҳ кардан, на хӯроки нисфирӯзиро хӯрдан, на корҳои хонаро иҷро кардан мумкин буд...MБУБ 321.3

    Минтақаи бузург - аз Фалмаут дар шарқ... то сарҳадҳои алоҳидаи ғарбии Коннектикут ва Олбан, бо торикӣ фаро гирифта шуд. Дар ҷануб торикӣ дар тамоми соҳили баҳр, дар шимол бошад — ба нуқтаҳои дурдасти аҳолинишини америкоӣ паҳн мешуд»281Уилям Гордон, «Таърихи пайдоиш, равнақ ва истиқлолият пайдо кардани ИМА», ҷилди 3, саҳ. 57..MБУБ 321.4

    Як ё ду соат пеш аз ғуруби офтоб торикӣ пароканда шуд, осмон қисман соф ва офтоб намудор гашт, гарчанде ки абри ғафсу сиёҳ мисли пешина онро пӯшонда буд. Баъди ғуруби офтоб осмонро аз нав абрҳо пӯшонданд ва зуд торик шуд. Торикии шаб ончунон ғайриодцӣ ва бимангез буд, чун торикии рӯз; ба пуррагии моҳ нигоҳ накарда, хеҷ чизро бе равшании чароғ, ки рӯшноии он бо душворӣ аз торикии ғафс мегузашту ба торикии зулмоти мисрӣ монанди дошт, ва аз хонаҳои наздик дида намешуд, фарқ кардан мумкин набуд»282Исаия Томас, «Ҷосус аз Массачусетс ё ҳақиқати амрикоӣ дар бораи озодӣ», ҷилди 10, № 472 (25 майи соли 1780).. Яке аз шоҳидон чунин нақл мекунад: «Ман аз эҳсосоте халос шуда наметавонистам, ки ҳатто агар ҳар як ҷирми осмонӣ дар паси пардаи ғафси торикӣ пинҳон ё пурра хомӯш мешуд, он гоҳ низ зулмоти заминро печонда ин қадар торик намебуд»283Мактуб аз доктор Сэмюэл Теннӣ аз Экзетер, Ню-Гемпшир, декабри соли 1785, дар «Коллексияи ҷамъияти таърихии иёлоти Массачусетс», соли 1792, силсилаи якум, ҷилди 1, саҳ. 97.. Соати нӯҳи бегоҳ моҳтоб баромад, лекин «он ин зулмот, торикии ба марг монандро пароканда накард». Баъди нимашаб торики пароканда шуд ва дидан мумкин буд, ки моҳ ранги хунро гирифтааст.MБУБ 322.1

    Ин рӯз, 19-уми майи соли 1780 ба таърих чун «рӯзи зулмот» ворид шуд. Аз замонҳои пайғамбар Мусо ҳодисае набуд, ки ин қадар торикии ғафс дар чунин худуди васеъ ва ба ин муддати дарози вақг паҳн шуда бошад. Тасвири ин ҳодиса аз ҷониби шоҳидон суханони Худовандро такрор мекунанд, ки онҳоро Юил пайғамбар бисту панҷ садсола пеш аз рӯй доданашон навишта буд: «Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил хоҳад ёфт, пеш аз он ки рӯзи азим ва саҳмгини Худованд фаро расад» (Юил 2:31).MБУБ 322.2

    Масеҳ ба қавми Худ амр карда буд, ки аломатҳои бозгашти Ӯро мушоҳида ва аз муждарасонҳои Шоҳи оянда шодӣ кунанд. «Вақте ки ба амал омадани ин чизҳо оғоз шавад, бархоста сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд». Ӯ ба пайравони Худ дарахтони дар баҳор баргкунандаро нишон дод: «Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст; Ҳамчунин, вақте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст» (Луқо 21: 28, 30, 31).MБУБ 322.3

    Лекин аз сабаби он ки рӯҳи фурӯтанӣ ва садоқатмандӣ ба Худо дар Калисо ҷои худро ба ҳавобаландию расмиятпарастӣ супурд, он гоҳ муҳаббат ба Масеҳ ва имон ба омадани Ӯ дар қалбҳои одамон сард гаштанд. Саргарми корҳои заминӣ ва дунболагири айшу ишрат гардида, одамоне ки худро қавми Худо мешумориданд, ба пандҳои Наҷотдиҳанда дар бораи аломатҳои омадани Ӯ хунукназарӣ карданд. Таълимот дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ аз доираи таваҷчӯҳ берун монд, он оятҳои Китоби Муқаддас, ки ба ин масъала дахл доранд, нодуруст маънидод ва фаҳмида мешуданд, ки дар натиҷаи он ҳақиқат дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ қариб фаромӯш щуда буд. Ин махсусан ба калисоҳои Америка тааллуқ дошт. Озодӣ ва шароитҳои хуби зиндагӣ, ки ба ҳамаи табақаҳои ҷамъият дастрас буданд, кӯшишҳои шӯҳратпарастонаи сарватмандшавӣ ва шукӯҳу ҳашамат, ташнагии пурзӯри фоидаёбӣ, хоҳиши баланди машҳуршавӣ ва қудрат, ки ба назар чунин менамуд, ки ба ҳама дастрасанд, - ҳамаи ин одамонро ба он водор мекарданд, ки фикрҳо ва умедҳои худро ба чизҳои заминӣ ҷалб кунанд ва он рӯзи пуртантанаро, вақте ки тартиби ҳозираи замин анҷом меёбад, ба ояндаи дур мавқуф гузоранд.MБУБ 323.1

    Ба шогирдон аломатҳои бозгашти Худро нишон дода, Наҷотдиҳанда маслакфурӯшиеро пешакӣ дид, ки дар арафаи Дуюмбора омадани Ӯ ба амал меояд. Он замон ҷаҳон дар он вазъияте қарор хоҳад дошт, ки дар замони Нӯҳ ҳукмрон буд: одамон комилан саргарми корҳои заминӣ, айшу ишратҳо мешаванд; Худо ва ҳаёти ҷовидонаро фаромӯш карда, онҳо мехаранд, мефурӯшанд, ниҳол мешинонанд, иморат месозанд, зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд. Исои Масеҳ ҳамаи ҳамзамонони моро огоҳ мекунад: «Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва гамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд». «Пас ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед» (Луқо 21: 34, 36).MБУБ 323.2

    Наҷотдиҳанда ҳолати Калисои ин замонро чунин тасвир мекунад: «Агарчи ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекин мурда ҳастӣ» (Ваҳй 3:1). Ва ба онҳое ки аз ҳолати бепарвоӣ берун шу- дан намехоҳанд, суханони ботантанаю огоҳкунандаи зерин равона шудаанд: «Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту хоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат ба сари ту меоям» (Ваҳй 3:3).MБУБ 323.3

    Зарур аст, то ки одамон вазъияти хатарноки худро дарк кунанд ва ба ҳодисаҳои мудҳиши ба санҷишҳои охирин алоқаманд тайёр шаванд. Пайғамбари Худо чунин мегӯяд: «... зеро ки рӯзи Худованд бузург ва багоят саҳмгин аст; ва кист, ки ба он тоб оварда тавонад»? (Юил 2:11). Кӣ тоб оварда метавонад дар рӯзи омадани Он ки дар хусусаш чунин гуфта шудааст: «Чашмони Ту он қадар пок аст, ки наметавонй шароратро бубинӣ» (Ҳабаққуқ 1: 13). Барои онҳое ки фарёд_мезананд: «Эй Худои ман! Mo... Туро мешиносем», вале аҳди Уро вайрон мекунанду худоёни дигарро пайравӣ менамоянд (Ҳушаъ 8:2, 1; ниг. Забур 15:4), дар дили худ гуноҳро пинҳон мекунанду фисқу фасодро дӯст медоранд, рӯзи Худованд «тирагист ва дурахше дар он нест» (Омӯс 5:20). «Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд, - мегӯяд Худованд, - ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хохам кард ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд: «Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ», ҷазо хоҳам дод» (Сафанё 1:12). «Ман дунёро барои шарорат ва шариронро барои гуноҳҳояшон ба ҷазо гирифтор хоҳам кард ва ба кибри бадқасдон хотима хоҳам дод ва ғурури мустабидонро ба залолат хоҳам андохт» (Ишаъё 13:11). «На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад». «Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта ва хонаҳои онҳо валангор хоҳад шуд» (Сафанё 1:18, 13).MБУБ 324.1

    Пайғамбар Ирмиё ин давраи мудҳишро пешбинӣ намуда, хитоб карда буд: «Дилам андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам; зеро ки ту, эй ҷони ман овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ. Таҳлуқа ба тахлуқа» (Ирмиё 4:19, 20).MБУБ 324.2

    «Он рӯз рӯзи ғазаб аст, рӯзи тангӣ ва мусибат, рӯзи вайронӣ ва харобӣ, рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ, рӯзи шох ва нидоҳо бар шаҳрҳои ҳисордор ва бар бурҷҳои баланд» (Сафанё 1:15,16). «Инак рӯзи Худованд меояд... то ки заминро харобазор гардонад ва гунаҳгорони онро маҳв намояд» (Ишаъё 13:9).MБУБ 324.3

    Каломи Худо диққатро ба ин рӯзи бузург ҷалб намуда, ба таври ҷидцӣ ва бо катъият кавми Ӯро барои бартараф намудани карахтии рӯҳонӣ ва бо тавбаю фурӯтанӣ пайдо намудани Худо даъват мекунад. «Дар Сион шох навозед, ва дар кӯҳи мукаддаси Ман гулбонг занед, то ки ҳамаи сокинони ин замин ба ларза оянд, чунки рӯзи Худованд меояд, зеро ки наздик аст». «Рӯза эълон кунед, маҷлис даъват намоед. Қавмро ҷамъ кунед, ҷамоатро даъват намоед, пиронро фароҳам оваред, кӯдаконро... ҷамъ кунед; бигзор домод аз ҳуҷраи худ ва арӯс аз чимилиқи худ берун ояд. Бигзор коҳинон, хизматгузорони Худованд, дар миёни равоқ ва қурбонгох гиря кунанд». «Бо тамоми дили худ, бо рӯза ва гиря ва навҳа сӯи Ман руҷӯъ намоед ва дилҳои худро чок кунед ва на либосҳои худро. Ва сӯи Худованд Худои худ ручӯъ намоед; зеро ки Ӯ карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон аст» (Юил 2:1, 15-17, 12,13).MБУБ 325.1

    Барои он ки қавми Худо ба рӯзи Худованд тоб оварда тавонад, дигаргуниҳои бузургро амалӣ кардан лозим буд. Худо дид, ки шумораи зиёди пайравони Ӯ барои Осмон сарват ҷамъ намекунанд, он гоҳ дар меҳрубонии Худ Ӯ ба одамон муждаи огоҳкунандаро фиристод, то ба онҳо ёрӣ расонад, ки аз карахтии онҳоро фарогирифта берун бароянд ва ба омадани Худованд омода шаванд.MБУБ 325.2

    Ин огоҳии пешакӣ дар боби 14 -уми Китоби Ваҳй ҷойгир аст: мо мебинем, ки чӣ тавр баъд аз эълон шудани мужда аз ҷониби се фаришта Исои Масеҳ меояд, то ки «заминро дарав кунад». Қисми якум дар бораи фарорасии доварӣ сухан мегӯяд. Пайғамбар фариштаеро дид, ки «дар миёни осмон паровоз мекунад ва Инҷили абадӣ дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм башорат диҳад; ва ӯ бо овози баланд мегуфт: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед» (Ваҳй 14:6,7).MБУБ 325.3

    Ин мужда як қисми «Инҷили абадиро» ташкил медиҳад. Мавъизаи Инҷил на ба фариштаҳо, балки ба одамон супурда шуда буд. Ба фариштагон амри ба ин кор роҳбарӣ кардан, илҳомбахшандагони ҳаракатхои динӣ будан дода шудааст, вале кори мавъизаи Инҷил дар рӯи замин аз ҷониби хизматгузорони Худо ба ҷо оварда мешавад.MБУБ 325.4

    Ин муждаро ба ҷаҳон мардони содиқе мавъиза мекарданд, ки ба садои Рӯҳи Худо ва таълимоти Каломи Ӯ итоаткор буданд, - онҳое ки ба «саҳеҳтарин каломи нубувват» « ҳамчун ба чароге ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда ситораи субҳ... тулӯъ намояд» (2 Петрус 1:19), мурочиат мекарданд. Онҳо донишро дар бораи Худо бештар аз ҳамаи дигар сарватҳо ҷусгучӯ мекарданд, зеро мефаҳмиданд, ки фоидаи хирад «аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст» (Масалҳо 3:14). Ва Худованд ба онҳо ҳақиқатҳои бузурги Салтанати Худро ошкор кард. «Сирри Худованд бо тарсгорони Ӯст ва ахди Худро ба онҳо маълум мекунад» (Забур 24:14).MБУБ 326.1

    На олимони илоҳиётшинос донишро дар бораи ҳақиқат ба даст оварданд ва онро мавъиза карданд. Агар ин мардони донишманд ҳомиёни содиқ мебуданду Китоби Муқаддасро бо дуо ва ҷидду ҷаҳд меомӯхтанд, он гоҳ онҳо низ медонистанд, ки шаб фаро расидааст; пешгӯиҳои пайғамбарона ҳодисаҳои ояндаро ба онҳо ошкор мекарданд. Вале онҳо ҳушёрӣ накарданд ва муждаи Инҷил ба одамони оддӣ супорида шуд. Исои Масеҳ чунин мегуяд: «... то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад» (Юҳанно 12: 35). Шахсе ки нури аз ҷониби Худо фиристодашударо қабул намекунад, ё ин ки онро ҷустуҷӯ кардан намехоҳад, вакте ки он наздик аст, - дар торикӣ мемонад. Наҷотдиҳанда бовар мекунонад: «Ҳар ки Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки иури ҳаётро ёбад».(Юҳанно 8:12). Нафаре ки бо устувории қавӣ кӯшиши иҷро намудани иродаи Худоро мекунаду ба нури аллакай додашуда ҷиддӣ муносибат менамояд, боз ҳам донотар мегардад; барои ӯ ситораи осмонӣ медурахшад, то ки тамоми ҳақиқатро ба ӯ ошкор созад.MБУБ 326.2

    Дар замони маротибаи якум ба замин омадани Исои Масеҳ рӯҳониён ва китобшиносоне, ки ҳақиқатҳои Худо ба онҳо бовар карда шуда буданд, метавонистанд аломатҳои замонро сарфаҳм бираванд ва дар бораи омадани Ваъдангуда мавъиза кунанд. Пешгӯии пайғамбар Мико ба ҷои таваллуди Ӯ ишора мекард; пайғамбар Дониёл вақти омадани Ӯро муайян кард (ниг. Мико 5:2; Дониёл 9:25). Ин пешгӯиҳои пайғамбаронаро Худо ба пешвоёни қавми яҳудӣ бовар кард, ки ҳеҷ узре надоранд, зеро ки онҳо натавонистанд муайян кунанд, ки омадани Масеҳ аллакай наздик аст ва халқро аз ин огоҳ накарданд. Чунин нодонӣ натиҷаи хунукназарии авфнашавандаи онҳо нисбати пешгӯихои пайғамбарона аст. Яхудиён ба пайғамбарони кушташудаи Худо муҷассама мегузоштанд ва дар баробари ин бузургони ин ҷаҳонро эҳтиром намуда, бандагони шайтонро иззату икром мекарданд. Ба таври пурра саргармӣ муборизаи мансабпарастонаи худ барои ҷои аввал. нуфуз аз болои одамон ва мавқеъ дар ҷамъият гардида, баракатҳои Илоҳиро, ки аз ҷониби Подшоҳи Осмон пешниҳод шуда буданд, аз даст доданд.MБУБ 326.3

    Пирони Исроил ҳамаи он чизеро, ки ба макон, вақт ва ваъзияти ин ҳодисаи бузурги таърихи ҷаҳон - омадани Исои Масеҳ баҳри фидиягузории инсон - алоқамандӣ дошт, бояд ҷиддан ва бо шавқу завқи самимона меомухтанд. Тамоми халқ бояд ҳушёрӣ мекард ва ин ходисаи пуршарафро интизорӣ мекашид, то ки дар шумораи аввалинҳо Фидиягузори ҷаҳонро истиқбол бигирад. Лекин афсӯс! Ана ду нафар мусофирони хасташудае, ки аз талу пуштаҳои Ҷалил омада буданд, дар ҷустучӯхои бенатиҷаи ҷой барои шабгузаронӣ дари ҳамаи хонаҳоро дар кӯчаи тангу асосии Байт-Лахм то канори шарқии шаҳр мекӯбанд. Як дар ҳам барои онҳо кушода нашуд. Дар охир онҳо барои худ дар кулбаи хақиронеа ҷой пайдо карданд, ки барои чорво чун оғил хизмат мекард. Ва Наҷотдиҳандаи чаҳон он ҷо таваллуд меёбад.MБУБ 327.1

    Фариштагони осмонӣ ҷалолеро диданд, ки Исои Масеҳ ва Худо пеш аз офариниши ҷаҳон онро соҳиб буданд ва акнун онҳо бо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба таваллудёбии Ӯ дар замин - ба ҳодисае назорат мекарданд, ки бояд ба ҳамаи одамон хушбахтии бузургтаринро меовард. Ба фариштаҳо амр шуда буд, ки ин муждаи хушро ба ҳамаи нафароне бирасонанд, ки барои қабули он ва барои бо шодӣ ба дигарон расондани он омода буданд. Масеҳ Худро он қадар паст зад, ки табиати инсониро қабул кард. Ӯ барои гуноҳ курбон гардида, бояд бори вазнини тасвирнопазири лаънатро ба дӯши Худ мегирифт. Лекин фариштаҳо хоҳонӣ он буданд, ки Исои Масеҳ ҳатто дар мавқеи пасти худ дар миёни одамон бо шаъну эътибор ва ҷалол, чӣ тавре ки лоиқи Шоҳи Коинот аст. ҳозир шавад. Шояд бузургони ин ҷаҳон дар пойтахти Исроил ҷамъ меоянд, то ки таваллуди Ӯро истиқбол гиранд? Шояд шумораи зиёди фариштахо Ӯро ба издиҳомҳои ба ҳаяҷон омада шинос кунанд?MБУБ 327.2

    Фариштае ба замин фурӯд омад, то бубинад, ки барои истиқболи Исои Масеҳ кӣ омода шудааст. Лекин дар ҳеҷ ҷо аломатҳои интизориро надид. Ба гӯши ӯ ягон садои мадҳу ситоиш. ки аз омад-омади Масеҳ хабар диҳад, нарасид. Фаришта муддате дар болои шаҳри интихобгардида ва маъбаде, ки дар тӯли асрҳо ҷалоли Худованд зоҳир мешуд, парвоз кард, вале дар ин ҷо низ ҳамон бепарвоиро вохӯрд. Рӯҳониёни худписанду пурғурур дар маъбад қурбониҳои палидро такдим менамуданд. Фарисиён ба мардум бо садои баланд муроҷиат мекарданд ё дар чорроҳаҳо дуогӯиҳои худситоёнаро ба ҷо меоварданд. Дар дарборҳои шоҳон, дар ҷамъомадҳои файласуфон, дар мактабҳои рӯҳониёни яҳудӣ - ҳеч кас барои қабул кардани ин муждаи хуш, ки тамоми осмонро аз хурсандӣ ва ситоиш пур карда буд, тайёр набуд, ҳеҷ кас эҳсос накард, ки лаҳзае фаро расидааст, ки бояд дар рӯи замин Фидиягузори чахон таваллуд мешуд.MБУБ 328.1

    Дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ гуна аломатҳои интизории Масеҳ, ҳеҷ гуна тайёриҳо барои истиқболи Ҳокими ҳаёт ба чашм намерасид. Ноумеду ҳайратзада, қосиди осмонӣ аллакай мақсади тарк намудани замину бо чунин хабари шармовар ба осмон баргаштанро дошт, ки ногаҳон гурӯҳи чӯпонхоеро дид, ки рамаҳои худро бонӣ мекарданд. Онҳо ба осмони бо ситораҳо фаро гирифташуда нигоҳ мекарданду дар хусуси пешгӯиҳои пайғамбарона дар бораи Масеҳе ки бояд ба замин меомад андеша меронданд, ва маълум буд, ки бо тамоми хастии худ омадани Фидиягузори ҷаҳонро хоҳон буданд. Маҳз ҳамин одамон барои қабул намудани муждаи осмонӣ омода буданд. Ва ногаҳон дар назди онҳо фариштаи Худованд пайдо шуда дар хусуси шодии бузург хабар дод. Водиро ҷалоли осмонӣ фаро гирифт, шумораи беҳисоби фариштаҳо пайдо шуданд, зеро шодии онҳо хеле бузург буд, то ки танҳо як фаришта онро аз осмон ба сокинони замин бирасонад ва садоҳои зиёд дар суруди ботантанае ҷӯр шуданд. ки онро замоне ҳамаи наҷотёфтагон хоҳанд сароид: « Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштаӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод» (Луқо 2:14).MБУБ 328.2

    Дар ин саргузашти дар Байт-Лаҳм рӯйдода чӣ гуна сабақи шоёни диққат ҷойгир аст! Он беимонӣ, ҳавобаландӣ ва худписандии моро чӣ гуна сарзаниш мекунад! Чӣ гуна аз бепарвоии ҷинояткоронае огоҳ месозад, ки метавонад ба он оварда расонад, ки мо низ аломатҳои замонро намебинем ва рӯзи наҷоти худро намедонем!MБУБ 329.1

    Вале фариштахо одамонеро, ки омадани Масеҳро интизор буданд, на танҳо дар талу теппаҳои Яҳудо ва дар миёни чӯпонҳои одцй пайдо карданд. Дар мамлакатҳои бутпараст низ одамоне буданд омадани Ӯро интизорӣ мекашиданд - хирадмандон, сарватмандон ва файласуфони машҳури Шарқ. Ба омӯзиши табиат даст зада дар аъмоли офариниш Худоро медиданд. Аз Навиштаҳои яҳудиён дар бораи Ситораи аз насли Яъқуб тулӯъкунанда маълумот пайдо карданд ва бо бесабри омадани Онеро интизор буданд, ки на танҳо «Тасаллои Исроил» мешавад, балки «Нуре, ки чашми халқҳоро кушояд» ва «то ақсои замин василаи наҷот бошад» (Луқо 2:25,32; Аъмол 13:47). Онҳо дар ҷустучӯи нур буданд ва нури аз тахти Худо дурахшида роҳи онҳоро мунаввар гардонд. Дар он замоне ки рӯҳониён ва донишмандони Ерусалим, ҳомиёни қонунӣ ва посбонҳои ҳақиқатро зулмот иҳота карда буд, мусофирон-бутпарастонро ба макони таваллуди Шоҳ ситораи аз Осмон фиристодашуда, роҳнамоӣ мекард.MБУБ 329.2

    «Барои онҳое ки Ӯро интизоранд» Масеҳ «бори дуюм... зоҳир хоҳад шуд... то наҷот ёбанд» (Ибриён 9:28). Мужда дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ низ ба мисли хабари таваллуди Ӯ ба пешвоёни дин бовар карда нашуд. Онҳо аз Худо дур буданд ва нури аз осмон фиристодашударо рад карданд; бинобар ин дар шумораи нафароне дида намешаванд, ки ҳавворӣ Павлус дар хусусашон чунин навиштааст: «Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд; Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот» (1 Таслӯниқиён 5:4,5).MБУБ 329.3

    Посбонон дар болои деворҳои Сион бояд аввалин шуда муждаро дар бораи омадани Наҷотдиханда қабул мекарданд, аввалин шуда овози худро баланд намуда, аз наздик будани Ӯ огоҳ мекарданд; аввалин шуда халқро барои ба омадани Ӯ тайёрӣ дидан бовар мекунонданд. Лекин онхо барои айшу ишрати худ зиндагӣ мекарданд, орзуи оромию бехатариро менамуданд, халқ бошад ҳарчи бештар дар гуноҳҳо ғарк мешуд. Масеҳ медид, ки Калисои Ӯ ба анҷире монанд аст, ки аз сербаргии худ ҳавобаландӣ мекард, вале меваҳои пурарзиш намедод.MБУБ 330.1

    Калисо аз иҷрои расму оинҳои динй фахр мекард, вале рӯҳи фурӯтании самимӣ ва тавбаю имонро надошт - маҳз он чизеро, ки хости Худо аст. Ба чои некӯкориҳои Рӯҳ, ҳавобаландй, расмиятпарастӣ, худписандӣ, шӯҳратпарастӣ ва маҷбурсозӣ инкишоф меёфтанд. Калисои маслакфурӯш аломатҳои замонро намедид. Худо онро фаромӯш накард. Садоқати Худо нисбати Калисо тағйирнопазир буд, вале Калисо аз Ӯ ва аз муҳаббати Ӯ дур шуд. Аъзоёни Калисо аз ичро намудани шартҳои Ӯ даст кашиданд, ва ваъдаҳои Худо дар зиндагии онҳо амалӣ нашуданд.MБУБ 330.2

    Чунинанд натиҷаҳои ногузири беэҳтиромӣ нисбати нур ва он афзалиятҳое, ки Худо мефиристад. Агар Калисо ба роҳи нишондодаи Худо наравад ва ҳар як шуои нурро қабул ва дар ҳама чиз вазифаи худро иҷро накунад, он гоҳ дин ҳатман ба иҷрои расмиятпарастии хушку холӣ табдил меёбад ва рӯҳи парҳезгории амалӣ нест мегардад. Ин ҳақиқат на як маротиба дар таърихи Калисо тасдиқ шуда буд. Мувофик. ба баракатҳо ва афзалиятҳои атошуда Худо аз қавми Худ аъмоли имон ва итоаткориро талаб мекунад. Итоаткорӣ бошад қурбонӣ, худфидо- иро дар назар дорад, аз ин сабаб бисёр нафароне, ки худро пайравони Масеҳ меноманд аз қабул намудани нури осмонӣ даст кашиданд ва ба монанди яҳудиёни пешина, вақти тавақкуди худро надонистанд (Луқо 19: 44). Худованд аз паҳлӯи онҳо, ҳавобаландон ва беимонҳо гузашт ва ҳақиқати Худро ба нафароне ошкор кард, ки ба монанди чӯпонҳои Байт-Лаҳм ва хирадмандони шарқ ба нури ба онҳо фиристодашуда муносибати ҷиддӣ карданд.MБУБ 330.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents