Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 23. - СИРРИ МАЪБАДИ ХУДО

    Асос ва сутуни имони адвентистӣ ояти зерини Китоби Муқаддас башумор меравад: «То ду ҳазору се сад шом ва субҳ; он гоҳ адл дар қудсгоҳ барқарор хоҳад шуд» (Дониёл 8:14). Ин суханон ба ҳама нафароне ки боварӣ доштанд, ки Масеҳ ба наздикӣ меояд, шинос буданд. Ҳазорҳо забонхо ин суханонро чун рамзи имони худ баён карданд. Онҳо дарк мекарданд, ки дар ҳодисаҳои дар он ҷо пешгӯишуда беҳтарин умеду интизориҳои онҳо асос меёбанд. Маълум буд, ки ин рӯзҳои пайгамбарона бояд тирамоҳи соли 1844 анҷом меёфтанд. Дар якҷоягӣ бо дигар ҷаҳони масеҳӣ адвентистони он замон боварӣ доштанд, ки кудсгоҳ замин ё як қисми он аст. Онҳо гумон мекарданд, ки тозашавии қудсгоҳ маънои тозашавии заминро дар рӯзи охирин дорад ва ин дар замони Дуюмбора омадани Масеҳ ба амал меояд. Аз ин ҷо хулоса бароварда мешуд, ки Масеҳ бояд соли 1844 ба замин баргардад.MБУБ 432.1

    Лекин вақти таъиншуда гузашту Масеҳ наомад. Имондорон медонистанд, ки Каломи Худованд хато намекунад, пас, онҳо пешгӯиҳои пайгамбаронаро нодуруст тафсир намудаанд, лекин хатоӣ дар куҷо буд? Бисёриҳо шитоб намуданд то гиреҳи номувофиқатиро бо фикри бемулоҳиза, ки 2300 рӯз соли 1844 анҷом намеёбанд, кушоянд. Лекин исбот намудани ин фикр номумкин буд, фақат ба он ишора кардан монда буд, ки Масеҳ дар он замоне ки Ӯро интизор буданд, наомад. Онҳо тасдиқ мекарданд, ки агар рӯзҳои пайғамбарона соли 1844 анҷом меёфтанд, он гох Масеҳ қудсгоҳро (яъне заминро) бо оташ тоза мекард, модоме ки Масеҳ наомад, пас, маълум мешавад, ки ин рӯзҳо ҳоло анҷом наёфтаанд.MБУБ 432.2

    Қабул намудани чунин хулоса - маънои рад намудани ҳисобкуниҳои пешинаи давраҳои пайғамбаронаро дошт. Чӣ тавре ки маълум аст, 2300 рӯз аз он замоне оғоз ёфтанд, ки фармони шоҳ Артаҳшасто дар бораи барқарорсозӣ ва азнавсо- зии Ерусалим, яъне тирамоҳи соли 457 пеш аз милод, ҳукми қонунӣ гирифт. Агар ин санаро чун нуқтаи сарҳисоб қабул кунем, он гоҳ ҳамаи ҳодисаҳои дар Китоби Дониёл (9:25-27) пешгӯишуда бо мӯҳлатҳои нишондодашуда мувофиқати том пайдо мекунанд. 69 ҳафтсола, ё ин ки 483 соли аввал аз 2300 сол, пешопеши Масеҳи Раис меоянд, таъмидгирӣ ва аз ҷониби Рӯҳи Муқаддас тадҳин шудани Ӯ дар соли 27 милод бошад, ба чунин ҳисобкунӣ пурра мувофиқат мекунад. Бо гузашти сею ним сол баъди таъмид, баҳори соли 31, Масеҳ дар салиб мехкӯб карда шуд. Ҳафтод ҳафтсола, ё 490 сол ба таври махсус барои яҳудиён ҷудо шуда буданд. Бо гузашти ин давра қавми яҳудӣ Масеҳро қатъиян рад намуда, таъқиботи шогирдони Ӯро оғоз намуд; ва соли 34 ҳаввориён бо мавъиза ба бутпарастон рӯ оварданд. Бо анҷомёбии 490 сол аз давраи 2300 сол боз 1810 соли дигар боқӣ мемонд. Агар аз соли 34-ум 1810 сол ба пеш ҳисоб кунем, он гоҳ мо соли 1844-ро ба даст меорем. «Он гоҳ, - чӣ тавре ки фаришта гуфт, - адл дар қудсгоҳ барқарор хоҳад шуд». Ҳамаи дигар қисмҳои пешгӯиҳои пайғамбарона дар вақти бешубҳа аниқ иҷро шуданд.MБУБ 432.3

    Ба назар чунин менамуд, ки дар ин ҳисобкунӣ ҳама чиз равшан ва бо ҳам мувофиқ аст, ғайр аз як чиз: соли 1844 ягон ҳодисаи намоён ба амал наомад, ки онро чун тозашавии қудсгоҳ қабул кардан мумкин бошад. Инкор намудани он ҳақиқате, ки рӯзҳои пайғамбарона соли 1844 анҷом ёфтанд, маънои ҳама чизро пурра печ дар печ кардан ва дар баробари ин аз хулосаҳое ки бо иҷрошавии бехатои пешгӯиҳои пайгамбарона тасдиқ шудаанд, даст кашиданро дошт.MБУБ 433.1

    Вале қавми Худоро дар ҳаракати бузурги адвентистӣ Худованд Худ роҳбарӣ мекард. Қувва ва ҷалоли Ӯ ин корро роҳнамоӣ мекарданд, ва Ӯ роҳ надод, то ки торикӣ ин ҳаракатро ба коми худ фурӯ барад, то ки ҳақиқати адвентистӣ чун ҳаяҷони бардурӯғ ва мутаассибона доги шармандагӣ бардорад. Ӯ рох дода наметавонист, то ки суханони Ӯ норавшан ва номуайян бимонанд. Гарчанде ки бисёриҳо аз ҳисобкуниҳои пешинаи давраҳои пайгамбарона даст мекашиданд ва ҳаққонӣ буда- ни ҳаракати дар он асосёфтаро рад мекарданд, дигарон баръакс, аз имони худ ва аз он таҷрибае ки бо Китоби Муқаддас ва бо шаҳодати бонуфузи Рӯҳи Муқаддас ҳақ шуморида мешуд, даст накашиданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки ҳангоми тафсири пешгӯиҳои пайғамбарона ақидаҳои дурустро истифода бурданд, ва акнун инкор накардани он ҳақиқатҳоеро, ки аллакай ба даст омада буданд, ва аз рӯи самти қабулшудаи омӯзиши Китоби Муқаддас амал намуданро вазифаи худ мешумориданд. Онҳо хулосаҳои худро бo дуо такрор ба такрор месанҷиданд ва Китоби Муқаддасро аз нав мехонданд, то ки хатоии худро ошкор созанд. Дар ҳисобкунии давраҳои пайғамбарона ягон нодурустиро пайдо накарда, онҳо ба масъалаи ба қудсгоҳ дахлдошта таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доданд.MБУБ 433.2

    Онҳо ин масъаларо омӯхта, дар Китоби Муқаддас ҳеҷ гуна далелҳои тасдиқкунандаи фикри аз ҷониби ҳама қабулшударо дар бораи замин чун қудсгоҳ пайдо накарданд, лекин шарҳи пурраро дар бораи қудсгоҳ - тафсилотро дар бораи сохтори он, ҷойгиршавӣ ва хизматгузории дар он иҷрошавандаро ошкор намуданд. Шаҳодатҳои Китоби Муқадцас чунон муайян ва мукаммал буданд, ки ба шубҳаҳо ҷой намонд. Ҳавворӣ Павлус дар нома ба Ибриён чунин мегӯяд: «Пас, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо ва қудсгоҳи заминӣ дошт; зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғ ва миз ва нони тақдим буд, ва он «қудс» номида мешавад. Ва дар паси парда қисми дуюми хайма буд, ки «қудси қудсҳо» номида мешавад, ки дар он буҳурдони тиллоӣ ва сандуқи ахд буд, ки ҳама ҷояш тиллокӯб шуда буд, ва дар он зарфи тиллоие пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳррун ва лавҳаҳои ахд буд, ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ (тахти файз), соя меафканданд» (Ибриён 9:1-5).MБУБ 434.1

    Кудсгоҳе ки Павлус дар хусусаш сухан мегӯяд, хаймае буд аз ҷониби пайғамбар Мусо бо амри Худо чун макони заминии ҳузури Худованд сохташуда. «Ва бигзор онҳо барои Ман қудсгоҳе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд» (Хуруҷ 25:8) - чунин садо медод амри ба пайғамбар Мусо до- дашуда ҳангоми сӯҳбат бо Худованд дар болои кӯҳ. Ҳангоми оворагардиҳо дар биёбон исроилиён аз як макон ба макони дигар кӯч мебастанд, ва хайма барои чунин ҷойивазкуниҳо мувофиқ гардонида шуда буд, лекин ба ин нигоҳ накарда, хайма иншооти боҳашамат буд. Деворҳои он аз тахтаҳои бо қабати ғафси тилло рӯйпӯшшудаи бо нуқра ҳошиябандишуда сохта шуда буданд, якчанд чодар ё парда чун бомпӯш хизмат мекарданд. Рӯйпӯши берунаро пӯстҳои даббоғикардашуда ташкил медоданд, қабати дохилӣ бошад аз матои тунуки бо тасвирҳои бошукӯҳӣ фариштаҳо ороёфта гулдӯзӣ карда шуда буд. Дар ҳавлӣ қурбонгоҳи сӯхтанӣ ҷойгир буд, худи хайма бошад аз ду қисм - Қудс ва Қудси қудсҳо иборат буд. Онҳо бо пардаи аз матои пурқимат тайёршуда аз ҳам ҷудо шуда буданд; пардаи ба ин монанд даромадгоҳро дар қисми якум мепӯшонд.MБУБ 434.2

    Дар қисми якум, яъне дар Қудс, дар қисми ҷанубй ҳафтчароғ ҷойгир буд, ки дохили қудсро рӯзу шаб равшан мегардонд; дар қисми шимолӣ бошад миз бо нони такдим меистод, пеш аз пардае, ки Қудсро аз Қудси қудсҳо ҷудо мекард, қурбонгоҳи тиллогини бухур ҷойгир буд, ки ҳаррӯза дар якчоягӣ бо абри хушбӯи бухур дуоҳои қавми Исроил ба даргоҳи Худо боло мерафтанд.MБУБ 435.1

    Дар Қудси қудсҳо сандуқи аҳд ҷойгир буд, ки аз дарахти қиматбаҳои бо тилло рӯйпӯшшуда сохта шуда буд, дар дохили он ду лавҳаи сангине ки дар онҳо Худованд Даҳ Аҳкоми Шариати бузурги Худро навишта буд, нигоҳ дошта мешуданд. Дар болои сандуқ тахти файз, ки бо маҳорати баланд сохта шуда буду барои сандӯқ чун рӯйпӯш хизмат мекард, ҷойгир буд. Аз ҳар ду ҷониб онро фариштаҳо медоштанд, ва он аз тиллои холис сохта шуда буд. Дар ин ҷо дар абри ҷалол дар миёни фариштагон ҷалоли Худованд ба саррӯҳонӣ ошкор мешуд.MБУБ 435.2

    Вақте ки яҳудиён дар сарзамини Канъон сокин шуданд, хаймаро бо маъбади аз ҷониби Сулаймон сохташуда иваз намуданд. Ин иншооти бузурги аз санг сохта шуда буд, аммо таносуб ва сохти хаймаи пешинаро нигоҳ медошт. Ана аз худ чӣ гуна буд қудсгоҳ то соли 70-ум, вақте ки аз ҷониби румиён вайрон карда шуд, аллбата бе назардошти он замоне, ки он дар рӯзгори пайғамбар Дониёл ба харобазор табдил ёфта буд.MБУБ 435.3

    Ин ягона қудсгоҳе буд, ки замоне дар рӯи замин вуҷуд дошту Китоби Муқаддас дар бораи он хабар медиҳад. Чӣ тавре ки Павлус мегӯяд, ин қудсгоҳи аҳди якум буд. Чӣ магар Ахди Нав қудсгоҳ надорад?MБУБ 436.1

    Ҷӯяндагони ҳақиқат бори дигар ба Номаи Ибриён рӯ оварда дар суханони ҳавворӣ Павлус ишораро ба вуҷуд донггани қудсгоҳи дуюм, ё қудсгоҳи ахди нав, пайдо намуданд: «Пас, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт». Калимаи «низ» дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки Павлус аллакай дар бораи ин қудсгоҳ ёдрас карда буд. Онҳо ба оғози боби пешина баргашта, ин оятро хонданд: «Дар он чи гуфта шуд, чизе асосӣ ин аст: чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст, ва хизматгузори қудс ва хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод» (Ибриён 8:1,2).MБУБ 436.2

    Дар ин ҷо сухан дар бораи қудсгоҳи Ахди Нав меравад. Қудсгоҳи Аҳди якум аз ҷониби одам сохта шуда буд: он аз ҷониби пайғамбар Мусо бино ёфта буд, қудсгоҳи Аҳди Навро бошад Худо барпо кардааст, на одамизод. Дар он қудсгоҳ хизматро коҳинони заминӣ ба ҷо меоварданд, дар ин ҷо хизмати муқаддасро Масеҳ, Саркоҳини бузурги мо ба ҷо меорад, ки дар ямини Худованд нишастааст. Як қудсгоҳ дар замин буд, дигаре - дар осмон.MБУБ 436.3

    Баъд. Хаймаи аз ҷониби пайғамбар Мусо сохташуда, ки бо намунаи пешниҳоднамудаи Худованд барпо карда шуда буд. Худованд амр кард: «Мувофиқи он чи Ман ба ту нишон медиҳам,ҳам тарҳи маскан ва ҳам тарҳи тамоми колои онро, - ончунон бисозед». Ин амр бори дигар такрор карда шуд: «.. .эҳтиёт намо, ки онҳоро мувофиқи намунае ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозӣ» (Хуруҷ 25:9,25,40). Ва ҳавворй Павлус низ мегӯяд, ки хаймаи якум «... тимсоли замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳо такдим карда мешаванд»; ки қисмҳои он « тимсоли чизҳои осмонӣ» буданд; ва қоҳиноне ки ҳадияҳоро мувофиқи шариат меоварданд «ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ» хизмат мекарданд, ва «Масеҳ на ба кудсгоҳи бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудсгоҳи ҳақиқисг, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад» (Ибриён 9:9,23; 8:5; 9:24).MБУБ 436.4

    Қудсгоҳи осмонӣ, ки Масеҳ дар он хизмати Худро барои мо ба ҷо меорад, нусхаи аслии бузург мебошад, ки пайғамбар Мусо аз рӯи он хаймаи заминиро нусхабардорӣ кард. Сохтмончиёни қудсгоҳи заминиро Худи Худованд илҳом бахшид. Сатҳи баланди санъаткорие ки бо он ин кор анҷом дода шуда буд, аз зоҳиршавии хиради Худовандӣ шаҳодат медиҳад. Таассуроте пайдо мешуд, ки деворҳои қудсгоҳ аз тиллои рехташуда сохта шудаанд, зеро ки онҳо ҷилои ҳафт чароғи чароғдони тиллогинро инъикос мекарданд. Миз бо нони тақдим ва қурбонгоҳи сӯхтанӣ чун тиллои пардозшуда медурахшиданд; чодари зебо бо расмҳои бофташудаи фариштаҳои осмонранг, сурхи баланд ва арғувонӣ, ки гунбази болоиро ташкил медод, зебоии қудсгоҳро мукаммал мегардонд. Дар паси чодари дуюм шекина, зоҳиршавии аёни ҷалоли Худованд, ҷойгир буд; ҳеҷ кас наметавонист ба ин ҳуҷра ворид шуда, зинда монад, ғайр аз саркоҳин.MБУБ 437.1

    Ҷилои бемисл ва ҳашамати қудсгоҳи заминӣ ба чашми инсон ҷалоли маъбади осмониро мекушоданд, ки дар он ҷо Масех чун Миёнарав хизматро аз барои мо дар назди тахти Худованд ба ҷо меорад. Маскани Шоҳи шоҳон, ки дар он ҷо ҳазорон-ҳазор ба Ӯ хизмат мекунанд ва беварҳо-бевар ба ҳузури Ӯ меистанд (Дониёл 7:10), маъбади аз ҷалоли тахти абадӣ пуршуда, маконе ки фариштаҳо, посбонони ҷилодиҳандаи Ӯ бо иззату эҳтиром чеҳраҳои худро мепӯшонанд - ҳамаи ин дар маъбади Ерусалим - иншооти бошукӯҳтарине, ки дасти одами ҳеҷ гоҳ наофаридааст, танҳо тасвири заифи худро пайдо карданд. Бо вуҷуди ин қудсгоҳи заминӣ ва ҳамаи ибодатҳои дар он иҷрошаванда, ба мо ҳақиқатҳои муҳимро оиди кудси осмонӣ ва он кори бузурге ки баҳри фидиягузории инсоният амалӣ карда мешавад, хабар медиҳад.MБУБ 437.2

    Қисмҳои қудсгоҳи осмонӣ дар ду қисми қудсгоҳи заминӣ нишон дода шудаанд. Вақте ки ба ҳавворӣ Юҳанно дар рӯъё маъбади Худованд дар осмон нишон дода шуд, ӯ дар он ҷо дид. ки чй гуна «ҳафт чароғдони оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд» (Ваҳй 4:5). Ӯ инчунин фариштаеро дид, ки дар «назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисёре дода шудааст, то ки онро бо дуои ҳамаи муқадцасон бар қурбонгоҳи тиллоии пеши тахт такдим кунад» (Ваҳй 8:3). Ба пайғамбар иҷозат дода шуда буд, ки қисми якуми қудсгоҳи осмониро бубинад, ва ӯ дар он чо «ҳафт ҷароғдони оташин» ва «қурбонгоҳи тиллоӣ»-ро дид, ки дар қудсгоҳи заминӣ чун чарогдони тиллоӣ ва қурбонгоҳи бухур ифода ёфтаанд. Бори дигар «маъбади Худованд кушода шуд» (Ваҳй 11:19), ва ӯ тавонист ба паси пардаи дуюм, «ба Қудси қудсҳо» назар андозад. Ӯ дар он ҷо «сандуқи аҳд»-ро дид, ки аз рӯи намунаи он пайғамбар Мусо дар кудсгоҳи заминӣ сандуқеро сохт, ки дар он лавҳаҳои сангин бо аҳкомҳои Шариати Худованд нигоҳ дошта мешуданд.MБУБ 437.3

    Ҳамин тавр, ҳангоми бодиққатона омӯхтани ин масъала далелҳои раднашавандаи вуҷуд доштани кудсгоҳи осмонӣ пайдо карда шуданд. Пайғамбар Мусо қудсгоҳи заминиро аз рӯи намунае бунёд кард, ки ба ӯ нишон дода шуда буд. Ҳавворӣ Павлус низ дар Номаи худ ба Ибриён тасдиқ мекунад, ки қудсгоҳи заминӣ нусхаи қудсгоҳи осмонист, Юҳанно низ шаҳодат медиҳад, ки ӯ онро дар осмон дидааст.MБУБ 438.1

    Дар маъбади осмонӣ, макони зисти Худо, тахти Ӯ дар порсоӣ ва доварӣ асос меёбад. Дар Қудси қудсҳо Шариати Ӯ - бузургтарин меъёри ҳақиқат ҷойгир аст, ки тамоми инсоният бо он санҷида мешавад. Дар болои сандуқи аҳд, ки дар дохили худ Шариати Худовавдро нигоҳ медорад, сарпӯш - тахти файз ҷой дорад, ки Масеҳ дар назди он ба хотири Хуни Худ барои гунаҳгорон шафоат металабад. Дар нақшаи фидиягузории инсон иттиҳоди адл ва марҳамат ҳамин тавр тасвир ёфтааст. Танҳо Хиради Беинтиҳо метавонист чунин иттиҳодро пешниҳод кунад, ва онро танҳо Қувваи Беинтиҳо метавонист амалӣ намояд - ин иттиҳод тамоми Осмонро водор менамояд, то аз ҳайронӣ ва ситоиш саршор шавад. Фариштаҳо дар қудсгохд заминӣ, ки ни- гоҳи онҳо бо чунин иззату эҳтиром ҷониби тахти файз равона шудааст, он шавқу ҳавасеро тасвир мекунанд, ки бо он тамоми лашкари осмонӣ наҷоти инсониятро назорат мекунанд. Ин асрори муҳрубонист. ки фариштаҳо мехоҳанд ба он сарфаҳм бираванд, - Худо чӣ тавр метавонад адолатпарвар бошад, дар сурате ки Ӯ гунахгори тавбакардаро сафед мекунад ва муоширатро бо инсонияти бадкирдор барқарор месозад; чӣ тавр Масеҳ метавонад одамонро аз вартаи марговар раҳо намояд ва ба онҳо либоси бедоғи покии Худро пӯшонад, онҳоро бо фариштагоне ки гунаҳкориро намедонанд, мутаҳҳдц созад, то ки тавонанд ба таври абадӣ дар ҳузури Худованд бимонанд.MБУБ 438.2

    Масеҳро мо чун Шафоаттари одам дар пешгӯии пайғамбаронаи аҷоиби пайғамбар Закарё дар бораи Марде мебинем, ки номаш Навда аст. Пайғамбар чунин мегӯяд: «Ӯ маъбади Худовандро бино хоҳад кард, ва соҳиби шавкат хоҳад шуд, ва бар тахти Худ нишаста, салтанат хоҳад ронд; ва коҳин бар тахти Худ хоҳад буд, ва машварати сулҳу осоиштагӣ дар миёни ҳар дуи онҳо хоҳад буд» (Закарё 6:13).MБУБ 439.1

    «Ӯ маъбади Худовандро бино хоҳад кард». Ба шарофати қурбонӣ ва хизмати шафоатгаронаи Худ Масеҳ дар як вақт ҳам асос ва ҳам созандаи Калисои Худованд аст. Хдвворӣ Павлус ба Ӯ чун ба санги асосие ишора мекунад, ки «бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади мукадцасе дар Худованд табдил меёбад, ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед» (Эфсӯсиён 2:20-22).MБУБ 439.2

    Ӯ «соҳиби шавкат хоҳад шуд». Шавкати фидиягузории насли гунаҳкоршудаи инсоният ба Масеҳ тааллук дорад. Дар абадият суруди фидиягузоришудагон чунин садо хоҳад дод «Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод... то абад ҷалол ва салтанат бод!» (Ваҳй 1:5,6).MБУБ 439.3

    Ӯ «бар тахти Худ нишаста, салтанат хоҳад ронд; ва коҳин бар тахти Худ хоҳад буд». Ҳоло ҳозир Ӯ «ба тахти ҷалоли Худ» намешинад, зеро ки Салтанати ҷалол ҳанӯз дар рӯи замин барқарор нашудааст. Танҳо баъди анҷомёбии хизмати шафоатгаронаи Ӯ Худо «тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод», ва инчунин Салтанатеро, ки «интиҳо нахоҳад дошт» (Луқо 1:32,33). Масеҳ чун коҳин ҳозир бо Худо бар тахти Ӯ менишинад (ниг. Ваҳй 3:21). Ҳамроҳи Худои Абадзинда дар тахт Оне менишинад, ки «бемориҳои моро ба cap мебурд», Он ки «монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гунох накард». «Ва агар Ra¬ce гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем» (Ишаъё 53:14; Ибриён 4:15; 2:18; 1Юҳанно 2:1). Ӯ ҷисми маҷрӯху сӯрохшуда ва ҳаёти бегуноҳи Худро ҳамчун хизмати мо ҳисоб мекунад. Дастону пойҳои мехкӯбшуда, қабурғаи сӯрох - ҳамаи ин аз авфи инсонияти гунаҳгор, ки бо чунин нархи баланду пурқимат харида шудааст, шаҳодат медиҳад.MБУБ 439.4

    «Ва машварати сулҳу осоиштагӣ дар миёни ҳар дуи онҳо хоҳад буд». Муҳаббати Худо на камтар аз муҳаббати Масеҳ барои инсонияти гумроҳшуда манбаи наҷот аст. Исои Масеҳ пеш аз ба осмон рафтани Худ чунин гуфта буд: «... ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Падар барои шумо илтимос хоҳам кард: зеро ки Худи Падар шуморо дӯст медорад» (Юҳанно 16:26,27). «Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод» (2 Қӯринтиён 5:19). Ва дар хизматгузории қудсгоҳи осмонӣ «машварати сулҳу осоиштагӣ дар миёни ҳар дуи онҳо хоҳад буд». «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, Писари Ягонаи Худро дод, то ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳанно 3:16).MБУБ 440.1

    Ба саволи: қудсгох чист? - Китоби Муқаддас чавоби бағоят аниқ ва равшан медиҳад. Ифодаи «қудсгоҳ», чӣ тавре ки он дар Китоби Муқадцас истифода мешавад. аввалан, ба хаймае ки пайғамбар Мусо аз рӯи намунаи осмонӣ барпо карда буд, дахл дорад, баъдан ба хаймаи ҳақиқии дар осмон ҷойдошта, ки қудсгоҳи заминӣ ба он ишора мекард. Бо марги Масеҳ хизмати тимсолӣ низ хотима ёфт. «Хаймаи ҳақиқӣ» дар осмон қудсгоҳи Аҳди Нав аст. Ва аз сабаби он ки пешгӯии пайғамбаронаи Дониёл (8:14) аллакай дар замони Аҳди Нав пурра иҷро шуд, он гоҳ кудсгоҳе, ки дар ин пешгӯии пайғамбарона сухан дар бораи он меравад, бояд қудсгоҳи Аҳди Нав бошад. Бо анҷомёбии 2300 рӯз дар соли 1844 дар замин аллакай дер боз қудсгоҳ набуд. Ҳамин тавр пешгуии пайгамбаронаи: «То 2300 шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудсгоҳ барқарор мешавад», бешубҳа ба қудсгоҳи осмонӣ ишора мекунад.MБУБ 440.2

    Акнун ба саволи аз ҳама муҳим: поксозии қудсгоҳ чист? — ҷавоб додан монда буд. Дар Аҳди Қадим дар бораи хизматгузории пок намудани қудсгоҳи заминӣ сухан меравад, лекин оё дар осмон ягон чиз ба покшави эҳтиёҷ дорад? Дар боби 9-уми Нома ба Ибриён равшану возеҳ дар бораи покшавии ҳам қудси заминӣ ва ҳам қудси осмонӣ чунин гуфта мешавад: «Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун пок карда мешавад, ва бе рехтани хун омурзиш нест. Пас. тимсоли чизҳои осмонӣ мебоист бо ин воситаҳо пок мешуд, аммо худи чизҳои осмонӣ - бо қурбониҳои хубтар аз инҳо» (Ибриён 9:22,23), маҳз бо Хуни пурбаҳои Масеҳ.MБУБ 441.1

    Покшавӣ, ҳам дар хизмати гимсолӣ, ва ҳам дар хизмати ҳакикӣ бояд бо хун ба ҷо оварда мешуд; дар хизмати якум - бо хуни ҳайвонҳо, дар дуюм бошад, бо Хуни Масеҳ. Дар Нома ба Ибриён ҳавворӣ Павлус нишон медиҳад, ки покшавӣ бояд ба василаи хун ба ҷо оварда шавад, зеро ки бе рехгани хун, омурзиш нест. Гуноҳ бояд омурзида, авф ё нест карда шавад. Лекин гуноҳ ба қудсгоҳ, хам дар осмон ҳам дар замин, чӣ муносибате дорад? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан, ба хизмати тимсолӣ рӯ овардан лозим аст, зеро ки коҳинон, ибодати заминиро иҷро намуда истода, ба «сурат ва сояи чизҳои осмонӣ» хизмат мекарданд (Ибриён 8:5).MБУБ 441.2

    Хизматгузорӣ дар қудсгоҳи заминӣ аз ду қисм иборат буд: қоҳинон дар Қудс хар рӯз хизматро ба ҷо меоварданд, ва дар як сол як маротиба саркоҳин маросими махсуси оштисозиро дар Кудси қудсҳо барои поксозии қудсгоҳ ба ҷо меовард. Ҳар рӯз гунаҳгори тавбакунанда курбонии худро ба назди дари хайма меовард, ва дасти худро бар сари ҳайвон гузошта гуноҳҳояшро эътироф мекард ва ба таври тимсолӣ онҳоро ба қурбонии бегуноҳ мегузаронд. Баъди ин ҳайвонро курбон мекарданд. «Бе рехтани хун, — мегӯяд ҳавворӣ, — омурзиш нест». «Ҷони чисм дар хун аст» (Ибодат 17:11). Вайронкунии Шариати Худо ҳаёти ҷинояткорро талаб мекард. Хун рамзи ҳаёти шахси гунаҳгоре буд, ки гуноҳи ӯ ба ҳайвони барои курбонӣ шудан таъйингардида гузаронида мешуд. Коҳин хунро ба Қудс медаровард ва ба пардае мепошид, ки дар паси он сандуқи аҳд қарор дошт. Дар дохили ин сандуқ Шариати аз ҷониби шахси гунаҳгор вайроншуда ҷойгир буд. Ба воситаи ин маросим гуноҳ ба таври рамзи бо хун ба қудсгоҳ ворид карда мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо хун ба Қудс ворид карда намешуд, дар ин ҳол коҳинон бояд гӯштро мехӯрданд, чи тавре ки пайғамбар Мусо ба фарзандони Ҳорун амр карда буд: «онро (қурбониро) Ӯ ба шумо додааст, то ки гуноҳи ҷамоатро бардошта, барои онҳо ба ҳузури Худованд кафорат намоед» (Ибодат 10:17). Ҳар ду маросим ба андозаи баробар рамзи аз гунаҳгори тавбакунанда ба қудсгоҳ гузаронидани гуноҳ буданд.MБУБ 441.3

    Ин хизматгузорӣ давоми як соли дароз ҳар рӯз ба ҷо оварда мешуд. Ҳамин тавр гуноҳҳои кавми Исроил ба қудсгоҳ гузаронида мешуданд, ва барои нест кардани онҳо маросими махсус талаб карда мешуд. Худо амр карда буд, то ки барои ҳар як қисмҳои қудсгоҳ хизмати махсуси поксозӣ ба ҷо оварда шавад: «Ва қудсгоҳро аз нолокиҳои банӣ-Исроил ва аз ҷиноятҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳост, пок менамояд; ва ба хаймаи ҷомеъ низ, ки бо онҳо дар миёни нопокиҳои онҳо сокин аст, чунин амал мекунад». Қурбонгохро низ пок кардан лозим буд: «... ва онро аз нопокиҳои банӣ-Исроил лок мегардонад ва муқадцас менамояд» (Ибодат 16: 16,19).MБУБ 442.1

    Дар як сол як маротиба, дар Рӯзи бузурги фидиягузорӣ саркоҳин ба Қудси қудсҳо медаромад, то ки қудсгоҳро пок намояд, — силсилаи хизматҳои солона ҳамин тавр анҷом меёфт. Дар Рӯзи бузурги фидиягузорӣ ду нарбузро ба назди дари хайма меоварданд ва бар онҳо куръа мепартофтанд: «як қуръа барои Худованд, ва як қуръа барои Азозил» (Ибодат 16:8). Нарбузеро, ки қуръа барои Худованд бар он меафтод, чун қурбони барои гуноҳ забҳ мекарданд. Саркоҳин хуни онро ба паси парда медаровард ва онро ба болои сарпӯши сандук ва дар пеши он мепошид. Ба қурбонгоҳи бухур низ, ки дар пеши парда меистод, хун пошида мешуд.MБУБ 442.2

    «Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он хамаи хатоҳои банӣ-Исроил ва ҳамаи ҷиноятхои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро ба сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад. Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор мебарад; ва он шахс нарбузро дар биёбон cap медиҳад» (Ибодат 16:21.22). Нарбузи сардодашуда дигар ба бошишгоҳӣ исроилиён барнамегашт, ва шахсе ки нарбузро бурда буд, бояд бо об либосҳо ва бадани худро мешуст ва танҳо баъди ин ба бошишгоҳ бармегашт.MБУБ 443.1

    Ҳамаи ин маросим барои он ба ҷо оварда мешуд, то ки ба исроилиён ҳақиқатро оиди муқаддасии Худованд талқин намояд, оиди нафрати Ӯ аз гуноҳ хотиррасок намояд. Онҳо бояд дарк мекарданд, ки ҳама гуна дастрасониҳо ба гуноҳ одамро нопок мегардонад. Дар он вақте ки хизматгузории поксозӣ ба ҷо оварда мешуд, ҳар як нафар бояд дили худро фурӯтан мегардонд. Ҳама гуна машғулиятҳои ҳаррӯза пас гузошта мешуданд, ва хамаи исроилиён ин рӯзро дар фурӯтании ботантана дар назди Худованд, дар дуо, рӯза ва худтафтишкунӣ мегузаронданд.MБУБ 443.2

    Хизматгузории тимсолии оштисозӣ ҳақиқатҳои муҳимро дар бар мегирад. Ба ҷои шахси гунаҳгор ҳайвон қурбон карда мешуд, аммо хуни қурбонӣ гуноҳро намешуст. Бинобар ин хун ба кудсгоҳ дароварда мешуд. Бо рехтани хун, шахси гунаҳгор эътибори Шариатро эътироф мекард, аз гуноҳи вайронкунии Шариат тавба мекард ва кӯшиши худро барои ба даст овардани омурзиш бо воситаи имон ба Наҷотдиҳандаи оянда баён менамуд; лекин бо вуҷуди ин ӯ ба таври пурра аз маҳкумкунии Шариат озод намешуд. Дар Рӯзи фидиягузорӣ саркоҳин қурбониро аз ҷамоат қабул намуда бо хун ба Қудси қудсҳо медаровард ва хунро ба сарпӯши сандук рост дар болои лавҳаҳо мепошид, то ки бо ин роҳ талаботҳои Шариатро қонеъ гардонад. Баъд ӯ ки миёнарав буд гуноҳҳоро ба худ мегирифт ва аз қудсгоҳ берун мебаровард. Дастҳояшро ба сари нарбузи барои cap додан таъйингардида монда, ҳамаи ин гуноҳҳоро бар сари он эътироф мекард ва бо ин роҳ ба та- ври рамзи онҳоро аз худ ба нарбуз мегузаронд. Нарбуз гуноҳҳоро ба биёбон мебурд, ва чунин шуморида мешуд, ки онҳо абадан аз қавм гирифта шудаанд.MБУБ 443.3

    Ин хизматгузорӣ «сурат ва сояи чизҳои осмонй» буд. Он чизе ки ба таври рамзӣ дар қудсгоҳи заминӣ ба ҷо оварда мешуд, дар асл дар қудсгоҳи осмонӣ ба амал меояд. Баъди ба осмон рафтан Наҷотдиҳанда хизмати саркоҳинии Худро оғоз намуд. Ҳавворӣ Павлус мегӯяд: «Зеро Масеҳ на ба кудсгоҳи ба дасти одам сохташуда, ки ба тимсоли қудсгоҳи ҳақиқӣ бунёд ёфтааст, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо ҳозир шавад» (Ибриён 9:24).MБУБ 444.1

    Хизмати коҳин дар давоми тамоми сол дар қисми якуми қудсгоҳ, «дар паси парда», ки макони Муқаддасро аз хавлии беруна ба монанди дар ҷудо мекард, он хизматеро таҷассум мекунад, ки Масеҳ баъди ба осмон рафтани Худ ба иҷрои он шурӯъ кард. Вазифаи коҳин дар хизматгузории ҳаррӯза аз он иборат буд, то ки хуни қурбониро барои гуноҳ ба назди Худованд биёрад ва инчунин бухурро бисӯзонад, ки дар якҷоягӣ бо дуоҳои банӣ Исроил бо осмон боло мерафт. Масеҳ низ, ки Хуни Худро барои гунаҳгорон ба назди Падар овард, чунин рафтор мекунад ва дар якҷоягӣ бо покии хушбӯю пуркимати Худ дуоҳои имондорони тавбакунандаро ба Падар пешниход менамояд. Ӯ ин хизматро дар қисми якуми қудсгоҳи осмонӣ ба ҷо меовард.MБУБ 444.2

    Вақте ки Масеҳ аз шогирдон ҷудо шуда ба осмон сууд кард, нигоҳи онҳо бо имон ба қудсгоҳи осмонӣ равона карда шуд. Ҳдма умеди онҳо ба қудсгоҳи осмонӣ ҷалб шуда буд, ки тавре дар хусуси ин умед Павлус мегӯяд: «барои ҷисм лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад, ки ба он ҷо пешгузаштаи наҷоти мо - Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид... Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба қудсгоҳ дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард» (Ибриён 6:19,20; 9:12).MБУБ 444.3

    Хизмати коҳинӣ дар тӯли ҳаждаҳ садсола дар қисми якуми қудсгоҳ давом кард. Хуни Масеҳ барои гунахгори тавбаку- нанда шафоат талабида, ӯро бо Худованд оштӣ медод, вале ин гуноҳҳо мисли пешина дар китобҳои осмонӣ навишта мемонданд. Ба монанди он ки дар хизмати тимсолӣ дар охири сол қудсгоҳи заминӣ пок карда мешуд, ҳамин тавр пеш аз анҷомёбии хизмати Масеҳ баҳри фидиягузории инсоният бояд ҳамаи гуноҳҳо аз қудсгоҳи осмонӣ нест ва он аз гуноҳ пок карда мешуд. Ин ҳамон хизмате аст, ки бо анҷомёбии 2300 рӯзи пайғамбарона оғоз ёфтааст. Дар ин вақт, мувофиқи пешгӯии пайғамбаронаи Дониёл, Саркоҳини мо ба Қудси қудсҳо даромад, то ки қисми охирини хизмати ботантанаи Худро ба ҷо оварад - қудсгоҳро пок созад.MБУБ 444.4

    Чӣ тавре ки дар замонҳои қадим гуноҳи халқ ба қурбонии гуноҳ гузошта шуда ба воситаи хуни қурбонӣ ба таври рамзи ба кудсгоҳи заминӣ гузаронида мешуд, ҳамин тавр дар Аҳди Нав гуноҳҳои мо бо имон ба Масеҳ гузошта шуда амалан ба қудсгоҳи осмонӣ гузаронида мешаванд. Ва чуноне ки поксозии тимсолии қудсгоҳи заминӣ бо роҳи аз он нест намудани гуноҳҳо ба ҷо оварда мешуд, ҳамин тавр поксозии ҳақиқии қудсгоҳи осмонӣ ба воситаи нест намудани гуноҳҳои ба он ҷо воридкардашуда ба ҷо оварда мешавад. Лекин барои муайян намудани он ки ба воситаи тавба ва имон ба Масеҳ, кӣ ҳуқуқи наҷот ёфтанро ба даст оварда метавонад, китобҳои осмониро омӯхтан лозим аст. Бинобар ин поксозии қудсгоҳи осмонӣ тафтиши аъмоли зиндагон ва мурдагон - доварии тафтишотиро дар бар мегирад. Он бояд то замоне анҷом ёбад, ки Масеҳ барои фидиягузории қавми Худ меояд, зеро вақте ки Ӯ меояд «ҳар касро мувофиқи аъмолаш» сазо медиҳад (Ваҳй 22:12).MБУБ 445.1

    Хдмин тавр нафароне, ки ба нури суханони пешгӯиҳои пайғамбарона пайравӣ карда буданд, ошкор намуданд, ки Масеҳ ба ҷои он ки дар охири 2300 рӯз - соли 1844 ба замин биёяд, он замон Ӯ ба Қудси қудсҳои қудсгоҳи осмонӣ даромад, то ки кори фидиягузориро анҷом диҳад ва ҳама чизи заруриро барои омадани Худ омода созад.MБУБ 445.2

    Аён гашт, ки агар нарбузи забҳшуда ба Масеҳ чун ба қурбонӣ нишон медоду саркоҳин Масеҳро чун миёнарав таҷассум мекард, пас нарбузе, ки cap дода мешуд рамзи шайтон буд, ки гуноҳро ба вучуд овард, ва дар охир гуноҳҳои ҳамаи одамони сидқан тавбакарда бар сари ӯ гузошта мешаванд. Вақте ки саркоҳин бо хуни ҳайвони барои гуноҳ қурбоншуда гуноҳоро аз қудсгоҳ нест мекард, ӯ онҳоро бар сари нарбузе мегузошт, ки он cap дода мешуд. Вақте ки Масеҳ бо Хуни Худ гуноҳҳои қавми Худро аз қудсгохи осмонӣ нест мекунад, Ӯ онҳоро ба гардани шайтон мегузорад, ки бо ҳукми доварии осмонӣ бояд ҷазои охиринро бубинад. Нарбузи барои cap додан таъйиншударо ба биёбони беодам мебурданд, то ки он ҳеҷ гоҳ дигар ба бошишгоҳи фарзандони Исроил барнагардад. Ҳамин тавр шайтон низ абадан аз назди Худо ва қавми У ронда мешавад ва баъди нест намудани гуноҳ ва гуноқгорон мавҷудияти худро қатъ мекунад.MБУБ 445.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents