Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 18. - ҚОСИДИ УМЕД

    Уилям Миллер фермери бовичдон ва хоксор буд; ба эътибори Илоҳӣ доштани Китоби Муқаддас шубҳа дошта, бо вуҷуди ин ӯ самимона кӯшиши донистани ҳақиқатро мекард. Маҳз ӯ ба таври махсус аз ҷониби Худованд барои мавъизаи Дуюмбора омадани Масеҳ интихоб шуда буд. Ба монанди бисёр дигар ислоҳотчиён Уилям Миллер дар овони ҷавонй бо камбизоатӣ мубориза мебурд ва ин мубориза барои ҳаёт ба ӯ чизҳои бузургро — маҳорати аз баҳри ҳама чиз гузаштан ва маҳорати сафарбар намудани қувваҳои худро омӯзонд. Оилае, ки ӯ дар он таваллуд ёфта буд бо кӯшишҳои соҳибихтиёрй, озодихоҳона, тобоварӣ ва муҳаббати самимона ба ватан - бо ибораи дигар, бо он хислатҳое, ки сифатҳои асосӣ ва феъли ӯ гардиданд, фарқ мекард. Падари ӯ капитани артиши инқилобй буд, ба оилаи онҳо лозим омад, ки дар он замони вазнини муборизаю машаққатҳо аз баҳри бисёр чизҳо гузаранд ва вазъиятҳои душвори зиндагии Миллер дар аёми ҷавонӣ бо ин фаҳмонда мешаванд.MБУБ 332.1

    Уилям Миллер бо қавичуссагии худ фарк мекард ва аз овони кӯдакӣ қобилиятҳои ғайриодии ақлонӣ нишон медод - ва ин ба андозаи ба воя расидани ӯ ҳарчи бештар намоён мегашт. Ӯ соҳиби ақли зинда ва инкишофёфта ва ташнагии сернашавандаи дониш буд. Гарчанде ки ба ӯ гирифтани маълумоти донишгоҳ муяссар нагардид, мухаббат ба дониш, одати дар бораи ҳодисаҳои гуногун ҳаматарафа ва танқидкорона андеша рондан ӯро дар қатори мардони ҳамаҷониба инкишофёфта ва соҳиби андешаи солимбуда гузоштанд. Ӯ шахси ахлоқан поку беайб, барои поквичдонӣ, сарфакорӣ ва хайрхоҳӣ соҳиби номи нек ва эҳтироми ҳама гардида буд. Ба шарофати кувва ва кӯшишу ғайрати худ ӯ хеле барвақт мустақилияти моддиро ба даст овард, вале донишомӯзиро ҳеҷ гоҳ тарк накард. Вазифаҳои гуногуни шаҳрвандӣ ва ҳарбиро ишғол намуда, ба муваффаки- ятҳои калон ноил гашт ва ба назар чунин менамуд, ки роҳ сӯи сарватмандӣ ва шӯҳрат барояш васеъ кушода аст.MБУБ 332.2

    Модари ӯ зани хеле парҳезгор буд ва кӯшиш мекард писари худро дар рӯҳияи динӣ тарбия кунад. Вале Миллер дар ҷавонӣ ба ҷамъияти деистҳо ҳамроҳ шуд, ки таъсирашон ба шарофати он меафзуд, ки аксарияти аъзоёни ин ҷамъият шаҳрвандони ибратбахш, одамдӯст ва меҳрубон буданд. Муҳити масеҳие ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд, ба симои ахлоқияшон таъсири мусбат мерасонд. Албатта, ба шарофати Китоби Муқаддас деистҳо соҳиби хислатҳои олй гардиданд, ки ба онҳо эҳтиром ва ҳусни таваҷҷӯҳи одамонро оварда буд, вале корҳои нек ончунон нодуруст маънидон шуда буданд, ки ин одамон ба атрофиён таъсири ба муқобили таълимоти Каломи Худованд равонашударо мерасонданд. Миллер бо онҳо суҳбат намуда, ғайри ихтиёр ақидаҳои онҳоро қабул мекард. Тафсирҳои он замон вуҷуддоштаи Китоби Муқадцас мушкилиҳои зиёдеро ба миён меоварданд, ки ба назари ӯ рафънопазир менамуданд; дар баробари ин имони нави ӯ, ки ҳеҷ умумияте бо Китоби Муқаддас надошт, дар иваз ҳеҷ чиз намедод ва ӯ қонеъношуда мемонд. Бо вуҷуди ин қариб дар мудцати дувоздаҳ сол ин ақидаҳоро пайравӣ кард. Миллер ба синни 34 расид, вақте ки дар зери таъсири Рӯҳи Муқаддас ӯ гунаҳгории худро сидқан эҳсос кард. Дини ӯ барояш зиндагонии хушбахтонаро баъди марг кафолат намедод. Оянда ба назари ӯ торик ва асроромез менамуд. Баъд ҳиссиётҳои худро ба хотир оварда, ӯ гуфта буд:MБУБ 333.1

    «Фикр дар бораи марг ҷисми маро бо ларзаи хунук ва нофорам сӯрох мекард; ба назари ман чунин менамуд, ки дар рӯзи доварии даҳшатовар ҳеҷ кас сафед карда намешавад ва ҳама мемиранд. Осмон барои ман мисли мис буд, ва замин дар зери поям, мисли оҳан. Абадият - чист он? Марг - барои чӣ лозим аст? Ҳар қадаре ки ман андеша мекардам, ҳамон қадар аз ҷавоби ин саволҳо дур мешудам. Ҳар қадаре ки андеша мекардам, хулосаҳои ман ҳамон қадар бетартиб мешуданд. Ман кӯшиш мекардам худро маҷбур намоям, ки дар ин хусус фикр карданро қатъ кунам вале ин аз қудрати ман берун буд. Ман дар ҳолати ҳузнангез қарор доштам, вале сабабҳои онро намефаҳмидам. Номаълум ба кӣ шикваю гила мекардам. Ман ҳис мекардам - ки чӣ чизе нодуруст аст, вале намедонистам, ки ҳақиқатро чӣ тавр ва аз куҷо пайдо кунам. Ман ғамгин будам ва умед надоштам».MБУБ 333.2

    Чунин ҳолат якчанд моҳ давом кард. «Ногаҳон, - ба хотир меорад ӯ, - ман дарк намудам, ки Наҷотдиҳанда дар ҳақиқат Чӣ гуна аст. Ба ман Касе Худро шинос кард - он қадар нек ва меҳрубон, ки Худро барои омурзиши гуноҳҳои мо қурбон намуд ва моро аз ҷазои марг наҷот дод. Ман дарҳол фаҳмидам, ки Ӯ бояд чӣ гуна диққатҷалбкунанда бошад ва фикр кардам, ки метавонам худро ба оғӯши Ӯ партоям ва ба меҳрубонии Ӯ бовар кунам. Лекин саволе пеш омад: чӣ тавр исбот намоям. ки чунин Зот дар ҳақиқат вуҷуд дорад? Ва ман фаҳмидам, ки дар ҳеҷ чо ғайр аз Китоби Муқаддас далелҳои вуҷуд доштани Наҷотдиҳанда ё фаҳмишҳоро дар бораи зиндагии оянда пайдо кардан мумкин нест.MБУБ 334.1

    Наҷотдиҳандаеро, ки ман ба Ӯ эҳтиёҷ доштам, ба ман Китоби Муқаддас ошкор кард ва ман аз он хиҷил шудам, ки китоби оддии инсонӣ дар худ қоидаҳоеро дорад, ки ба ин ҷаҳони гунаҳгор сахт лозиманд. Ва ман маҷбур шудам розӣ шавам, ки Китоби Муқаддас - Каломи Худо аст. Китоби Муқаддас барои ман манбаи фараҳу шодмонӣ гардид, дар Масеҳ бошад ман барои худ Дӯстро пайдо кардам. Наҷотдиҳанда барои ман «аз даҳҳо ҳазор дигарон беҳтар» гардид ва Навиштаҳо ки пеш бароям чунин нофаҳмо ва ихтилофнок менамуд, акнун «чароғе аст барои поям; ва нуре аст барои роҳам». Ҷони ман ором шуд ва осоиш ёфт. Акнун ман қаноатмандиро ҳис мекардам, зеро боварӣ ҳосил кардам, ки дар уқёнуси зиндагӣ Худованд - Кӯҳпора ва «такягоҳ» аст. Аз он замон Китоби Муқадцас ба мавзӯи асосии омӯзишҳои ман табдил ёфт ва бе фиребу найранг гуфта метавонам, ки омӯзиши он ба ман ҳаловатҳои беҳтаринро мерасонд. Инчунин ошкор намудам, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи нисфи он чизе ки дар ин китоб ҷойгир аст, нашунидаам. Аз он ҳайрон шудам, ки пеш зебоӣ ва ҷалоли онро намедидам ва умуман онро рад карда метавонистам. Ман дар он ҷо ба ҳамаи умеду орзуҳои қалби худ ҷавоб пайдо кардам; ман дар он доруро барои ҳар як дарди ҷони худ пайдо кардам. Шавқу ҳавасро ба дигар китобҳо гум кардам ва даст ба он задам, ки ба хиради Худо сарфаҳм биравам»284Блисс, «Ёддоштҳои Уилям Миллер», саҳ. 65-67..MБУБ 334.2

    Миллер пайравии худро аз дине ки пеш ба он нафрат дошт ошкоро баён намуд. Дӯстони беимонаш дарҳол ҳама он далелҳоеро пешниҳод карданд, ки ӯ худ аксар вақт баён намуда, Каломи Илоҳӣ будани Китоби Муқаддасро зери шубҳа мегузошт. Дар он замон ӯ ҳанӯз барои ба дӯстонаш ҷавоби муносиб додан тайёр набуд, ӯ чунин фикр мекард, ки агар Китоби Муқаддас Каломи Илоҳӣ бошад, он гоҳ он набояд бо худ мухолифат кунад; агар он барои панддиҳии инсон таъйин шуда бошад, он гоҳ бояд барои ӯ фаҳмо бошад. Ӯ қарор дод, ки мустақилона Китоби Муқаддасро биомӯзад ва маълум кунад, ки оё мухолифатҳои ба назар менамудагиро мутобиқ намудан мумкин нест.MБУБ 335.1

    Кӯшиши аз ақидаҳои нодуруст дурӣ ҷӯстанро намуда, ӯ ягон тафсирро истифода намебурд, балки ҳар як оятро бо ояти дигар муқоиса намуда, танҳо оятҳои бо ҳам монанди ишорашуда, эзоҳҳои поёни варақ ва симфонияро истифода мекард. Ӯ Китоби Муқаддасро мунтазам ва бо тартиб меомӯхт: аз китоби Ҳастӣ оғоз намуда, оят аз паси оят мехонд, ва агар ягон мушкилӣ ё печдарпечӣ пайдо мешуд, пеш намерафт. Бо ояти мураккабе рӯ ба рӯ шуда, одатан онро бо ҳамаи дигар оятҳои ба масъалаи омӯхташудаистода алоқаманд муқоиса мекард. Кӯшиши фаҳмидани маънои ояти омӯхташудаистодаро намуда, ӯ сари ҳар як калима хуб андеша мекард ва агар фаҳмишӣ ӯ бо оятҳои монанд мувофиқ меомад, масъала аз байн бардопгга мешуд. Оятҳои барои фаҳмиш мушкилро вохӯрда, ҳамеша шарҳи онҳоро дар дигар қисмҳои Китоби Муқаддас пайдо мекард. Миллер Китоби Муқадцасро бо ҷидду ҷаҳд меомӯхт ва дуо мегуфт, то ки Худованд ӯро маърифатнок гардонад ва дар пайдо намудани ҷавоби он чизе ки пеш барояш пӯшида буд, ёрӣ расонад. Дар таҷрибаи шахсии худ ҳақ будани суханони До- вудро дарк намуд: «Огози каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад» (Забур 118: 130).MБУБ 335.2

    У бо шавқу завқи махсус Китоби Дониёл ва Ваҳйро меомӯхт ва барои тафсири онҳо ҳамон қоидаҳоеро истифода мебурд, ки онҳоро барои дигар китобхои Каломи Худо истифода мекард ва ба хурсандии бузурги худ дарёфт, ки рамзҳои пешгӯиҳои пайғамбаронаро сарфаҳм рафтан мумкин аст. Ӯ ошкор сохт, ки пешгӯиҳои пайғамбарон айнан иҷро мешаванд ва тимеолҳо, маҷозҳо, масалҳо, муқоисаҳо ва ғайраҳо ё дар алоқамандӣ ва омӯзиши пурраи калима дар матн фаҳмонда мешаванд, ё ин ки маънии онҳо дар дигар қисмҳои Китоби Муқаддас, ки калиди ҳалли муаммояшон дар он ҷост, ошкор мегарданд. «Хдмин тавр ман ба хулосае омадам, - навишта буд Миллер, - ки Китоби Муқаддас - ин тартиби ҳақиқатҳои кушодаест, ки он қадар содда ва фаҳмо баён шудаанд, ки ҳатто одами дорои қобилиятҳои маҳдуди ақпонӣ гумроҳ намешавад»285Блисс, саҳ. 70.. Занҷири бузурги пешгӯиҳои пайғамбаронаро ӯ ҳалқа ба ҳалқа меомӯхт, ва кӯшишҳои ӯ ба мувафаккият ноил шуданд. Фариштаҳои осмонӣ фикрҳои ӯро роҳбарӣ мекарданд ва Каломи Худоро ба ӯ ошкор месохтанд.MБУБ 336.1

    Чӣ тавр дар гузашта иҷро шудани пешгӯиҳои пайғамбаронаро ба асос гирифта, Миллер ба хулосае омад, ки пешгӯиҳои пейғамбаронае, ки ба ҳодисаҳои оянда дахл доранд, ҳамон тавр иҷро мешаванд. Ин ӯро ба андешае овард, ки Китоби Муқадцас фаҳмиши ҳукмронгардидаро дар хусуси Подшоҳии рӯҳонии Масеҳ чун дар бораи ҳазорсолаи замини пеш аз анҷоми таърихи ҷаҳон тасдиқ намекунад. Мувофиқи ин нуқтаи назар дар бораи давраи ҳазорсолаи парҳезгорию осоиштагӣ пеш аз омадани Масеҳ, рӯзи ҷазои Худо ба замонҳои дур пас гузошта мешавад. Вале ин назария ҳар қадаре, ки тасаллобахш бошад ҳам, он бо таълимоти Масеҳ ва ҳаввориёни Ӯ пурра мухолифат мекунад, ки шаҳодат медоданд, ки гандум ва алафи бегона бояд то замони дарав якҷоя бирӯянд, яъне то охири ҷаҳон (ниг. Матто 13:30, 38-41); шаҳодат медоданд, ки «...одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд», ва «дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид» (2 Тимотиюс 3: 13, 1), ва салтанати зулмот то арафаи омадани Масеҳ пойдор мемонад ва он бо нафаси даҳони Ӯ кушта ва бо зухури омадани Ӯ несту нобуд карда мешавад (ниг. 2 Таслӯникиён 2:8).MБУБ 336.2

    Калисои ҳаввориён дар бораи имоноварии тамоми ҷаҳон ва дар хусуси ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ дар рӯи замин таълим намедод. Ин доктрина аз ҷониби масеҳиён то оғози асри XVIII эътибори зиёд пайдо накарда буд. Ба монанди ҳама гуна гумроҳиҳо оқибатҳои он марговар буданд. Ин доктринаро ба осос гирифта, одамон ба омадани Масеҳ чун ба ҳодисаи дар ояндаи дур иҷрошаванда нигоҳ мекарданд ва ба аломатҳои иҷрошудаи наздикшавии Ӯ ҳеҷ диққат намедоданд. Ин доктрина дар шуури одамон эҳсосоти боварӣ ва бехатарии беасосро тавлид месохт ва бисёриҳо ба тайёрибинӣ барои вохӯри бо Масеҳ муносибати хунукназарона мекарданд.MБУБ 337.1

    Миллер ошкор сохт, ки Китоби Муқаддас ба айнан ва шахсан омадани Худи Масеҳ равшан ишора мекунад. Павлус мегӯяд: «Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнайи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард» (1Таслӯникиён 4:16). Ва Наҷотдиҳанда чунин мегӯяд: «Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид... ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд». «Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад,_омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд» (Матто 24:30,27). У бо ҳамроҳии ҳамаи фариштагони осмонӣ меояд. «Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд». «Ва фариштагони Худро бо карнайи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузвдагониӮро ... фароҳам хоҳанд овард» (Матто 25:31; 24:31).MБУБ 337.2

    Ҳангоми омадани Ӯ порсоёни мурда зинда мешаванд, зиндаҳо бошанд - тағйир меёбанд. «...ҳамаи мо нахоҳем мурд, - мегӯяд ҳавворӣ Павлус, - балки ҳама тағйир хоҳем ёфт, баногоҳ дар як мижа задан баробари садои карнайи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳё хоҳанд шуд, ва мо тағйир хоҳем ёфт, зеро он чи фонист бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст, — либоси ҷовидӣ бипӯшад» (1 Қӯринтиён 15: 51, 53). Ва ӯ дар номаи худ ба Таслӯникиён ҳодисаҳоеро, ки баъди омадани Масеҳ рӯй медиҳанд, чунин тасвир мекунад: «...ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳё хоҳанд шуд; баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд» (Таслӯникиён 4: 16, 17).MБУБ 337.3

    Қавми Худо Подшоҳиро пеш аз шахсан омадани Масеҳ қабул намекунанд. Наҷотдиҳанда гуфтааст: «...вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо хамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо ҳоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо чудо мекунад; ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод. Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости У ҳастанд, хоҳад гуфт; «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред»» (Матто 25: 31—34). Мо аз оятҳои зерини Китоби Муқадцас мебинем, ки ҳангоми омадани Масеҳ мурдагон ба таври бефано эҳё мешаванд, зиндаҳо тағйир меёбанд. Ин дигаргуншавии бузурге ки дар онҳо ба амал меояд, онҳоро барои қабул намудани Малакут тайёр мекунад, зеро Павлус мегӯяд, ки «гӯшт ва хун наметавонанд вориси Подшоҳии Худо шаванд, ва фано вориси бефаноӣ намешавад» (1Қӯринтиён 15:50). Инсон дар ҳолати ҳозираи худ миранда аст; лекин Подшоҳии Худо ҷовидона мешавад, ки абадан боқӣ мемонад. Ана барои чӣ инсон дар ҳолати имрӯзаи худ наметавонад ба Подшоҳии Худо ворид шавад. Лекин вақте ки Исо меояд, Ӯ ба қавми Худ ҳаёти ҷовидонаро ҳадя мекунад ва баъд онҳоро барои қабул намудани Подшоҳие, ки аз ибтидои офариниши олам барои онҳо муҳайё шудааст, даъват мекунад.MБУБ 338.1

    Ҳам оятҳои баёншудаи Китоби Муқадцас ва ҳам оятҳои дигар барои Миллер исботи он гаштанд, ки ҳодисаҳое, ки ҳама пеш аз омадани Масеҳ интизор буданд - яъне некӯаҳволии умумиҷаҳонӣ ва барқароршавии Подшоҳии Худо - дар асл баъди Дуюмбора омадани Масеҳ ба амал меоянд. Зиёда аз ин, ҳамаи аломатҳои замон ва ҳолати ҷаҳон бо тасвири пешгӯиҳои пайгамбарона оиди замонҳои охир мувофиқат мекарданд. Ӯ танҳо Китоби Муқаддасро таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки вақти барои ҷаҳон дар ҳолати ҳозирааш ҷудошуда, ба анҷом расида истодааст.MБУБ 338.2

    «Ба ман инчунин солномаи Китоби Муқаддас таассуроти сахт расонд .. Ман ошкор сохтам, ки ҳодисаҳои пешгӯишудаи гузашта дар вақти нишондодашуда иҷро мешуданд. 120 сол пеш аз тӯфони Нӯх (ниг. Ҳастӣ 6:3); ҳафт рӯзи пеш аз оғози худи тӯфон, ва боз 40 рӯзи борон (ниг. Ҳастӣ 7:4); 400 соли оворагардии насли Иброҳим (ниг. Ҳастӣ 15:13); се рӯзи барои нонвой ва соқй муқарраршуда (ниг. Ҳастӣ 40: 12-20); ҳафт сол барои фиръавн (ниг. Ҳастӣ 41: 28-54); 40 сол дар биёбон (ниг Ададҳо 14:34); сеюним соли гуруснагӣ (ниг. 3 Подшоҳон 17:1); 70 соли асорат (ниг. Ирмиё 25:11); ҳафт замони бар Набукаднесар гузашта (ниг. Дониёл 4:13-16); ҳафт ҳафтсола, 62 ҳафтсола ва як ҳафтсола, ки дар якҷоягӣ 70 ҳафтсолаи барои яҳудиён ҷудошударо ташкил медиҳанд (ниг. Дониёл 9:24-27), - ҳамаи ин ҳодисаҳо ба таври пайғамбарона пешгӯӣ шуда буданд ва бо аниқии олӣ иҷро шуданд»286Блисс, саҳ. 74, 75..MБУБ 339.1

    Вақте ки баъд ҳангоми омӯзиши Китоби Муқадцас ӯ давраҳои гуногуни хронологиро пайдо мекард, ки ба ақидааш то замони Дуюмбора омадани Масеҳ тӯл мекашиданд, ӯ ба ин муддатҳои вақт чун ба «замонаҳои муайяншудае» нигоҳ мекард, ки Худо ба пайғамбарони Худ ошкор кардааст. «Чизҳои нихонӣ аз они Худованд Худои мост, ва чизҳои ошкор то абад аз они мо ва фарзандони мост» (Такрори Шариат 29: 29). Ва Худованд ба воситаи пайғамбар Омӯс мегӯяд, ки Ӯ «...коре намекунад, бе он ки сирри Худро ба бандагонаш анбиё ошкор созад» (Омӯс 3:7). Бинобар ин омӯзандагони Каломи Худо метавонанд дилпур бошанд, ки дар ин манбаи ҳақиқат онҳо маълумотҳои мукаммалро дар бораи муҳимтарин ҳодисаи таърихи инсоният пайдо мекунанд.MБУБ 339.2

    «Вақте ки ман пурра боварӣ ҳосил кардам, - мегӯяд Миллер, - ки тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист... ва фоиданок аст (ниг. 2 Тимотиюс 3:16), ки он на бо иродаи инсон офарида шудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро навиштаанд (ниг. 2 Петрус 1:21), ва он барои «омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Румиён 15:4), ман аллакай наметавонистам қисмҳои хронологии Китоби Муқаддасро қисмҳои комилҳуқуқи Каломи Худованд нашуморам, ки дар баробари дигар қисмҳои Китоби Муқаддас барои омӯзиши ҷидцӣ таъйин шудаанд. Бинобар ин ман дарк менамудам, ки барои фаҳмидани он чизе ки Худо бо хайрхоҳии Худ ошкор карданашро ба мо зарур шуморид, кӯшиш намуда, ман ҳақ надорам ба давраҳои лешгӯиҳои пайгамбарона диққат надиҳам»287Блисс, саҳ. 75..MБУБ 340.1

    Дар Китоби Дониёл (ниг. 8:14), он пешгӯии пайғамбаронае ҷойгир буд, ки чӣ тавре ба назари Миллер менамуд, бешубҳа ба вакти Дуюмбора омадани Масеҳ нишон медод: «То ду ҳазору сесад шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудсгоҳ барқарор хоҳад шуд». Аз рӯи қоидаи санҷидашуда, ки мувофиқи он Навиштаҷот худ худро маънидод мекунад, амал намуда Миллер ошкор сохт, ки як рӯз дар муддати пешгӯиҳои пайғамбаронаи Китоби Муқаддас як солро мефахмонад (ниг. Ададхо 14: 34; Ҳизқиёл 4:6). Ӯ дид, ки давраи 2300 рӯзи пешгӯии пайғамбарона, ё 2300 соли ҳақиқӣ, аз ҳудудҳои замони файз, ки барои яҳудиён ҷудо шудааст хеле дур паҳн мешавад ва ҳамин тавр ба кудсгоҳи Аҳди Қадим тааллуқ надорад. Миллер нуктаи назари аз ҷониби ҳама қабулгардидаеро пайравӣ мекард, ки мувофиқи он дар давраи масеҳият замин қудсгоҳ аст, бинобар ин ба хулосае омад, ки пешгӯӣ оиди барқароршавии адолат дар қудсгоҳ ё покшавии қудсгоҳ (ниг. Дониёл 8:14), тозашавии заминро бо воситаи оташ ҳангоми Дуюмбора омадани Масеҳ ифода мекунад. Агар, андеша мекард ӯ, нуқтаи аввалро барои ҳисоби 2300 рӯз маълум кунем, он гоҳ вақти Дуюмбора омадани Масеҳро низ муайян кардан мумкин аст. Ҳамин тавр вақти анҷоми бузург маълум мешуд, вақте ки тамоми ҷаҳони муосир бо ғурур, қудрат, шукӯҳ, бо «шуҳратпарасти, нопоки ва зулму ситами он ба анҷоми худ мерасад», вақте ки лаънат аз «замин нест ва марг нобуд карда мешавад, бандагони Худо, пайгамбарон ва муқадцасон, ва ҳамаи тарсгорони Ӯ мукофоти худро мегиранд, нобудкунандагони замин - нест карда мешаванд»288Блисс, саҳ. 76..MБУБ 340.2

    Миллер бо эҳтимом ва ҷиддияти боз ҳам зиёдтар омӯзиши пешгӯиҳои пайгамбаронаро давом дода, рӯзу шабро ба омӯзиши ин ҳақиқатҳое мебахшид, ки акнун ба назари ӯ ба таври ғайриоддӣ муҳим ва аҷоиб менамуданд. Дар боби 8-уми Китоби Дониёл ӯ нуқтаи аввали ҳисоби 2300 рӯзро пайдо карда натавонист; гарчанде ки ба фаришта Ҷабраил амр шуда буд, ки рӯъёро ба Дониёл бифаҳмонад, вале ӯ ин корро танҳо қисман иҷро кард. Вақте ки пайғамбар таъқиботҳои даҳшатовареро дид, ки Калисоро интизор буданд, бемадор шуд. Ин мушоҳида барои ӯ тоқатфарсо буд ва фаришта барои як муддат ӯро тарк кард. Дониёл «музтариб шуда, якчанд рӯз бемор хобид». «Ва аз рӯъё дар ҳайрат будам ва онро намефаҳмидам», - мегӯяд ӯ.MБУБ 341.1

    Вале Худо ба фариштаи Худ амр кард: «Ба вай ин рӯъёро бифаҳмон». Ин амр бояд ичро мешуд ва бо гузашти як муддат вақт фаришта ба назди Дониёл баргаигг: «Алҳол берун омадам, то туро фаҳмиш биомӯзам». «... пас, ба он калом диққат намо ва рӯъёро бифаҳм» (Дониёл 8:27, 16; 9:22, 23, 25-27). Дар рӯъёи дар боби 8-ум тасвирёфта, лаҳзаи муҳиме буд, ки фаҳмонда нашуд маҳз давраи вақти 2300 рӯз. Бинобар ин ҳангоми дуюмбора омадани худ фаришта диққати асосиро ба масъалаи вақт равона кард:MБУБ 341.2

    «Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шахри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст... Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт ва шасту ду ҳафтсола; ва қавм бармегардад ва кӯчаҳо ва ҳандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд. Ва баъд аз шасту ду хафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд, ва нахоҳад буд;... Ва аҳдро бо мардуми бисёр як хафтсола мустаҳкам хоҳад кард, ва қурбонию ҳадия дар нисфи ин ҳафтсола барҳам хоҳад хӯрд».MБУБ 341.3

    Фаришта ба назди Дониёл барои он фиристода шуда буд, то ки ба ӯ он чизеро бифаҳмонад, ки ӯ дар рӯъё (боби 8-ум) нафаҳмид, маҳз калимаҳоеро, ки давраҳои вактро ифода мекунанд: «То ду ҳазору сесад шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудсгоҳ барқарор хоҳад шуд». Фаришта ба Дониёл амр фармуд, ки «ба он калом диққат намо ва рӯъёро бифаҳм» ва дарҳол гуфт: «ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту мукаррар карда шудааст». Калимаи дар ин чо чун «муқарраршуда» тарҷумашуда айнан маънои «бурида шудаанд»-ро дорад. 70 ҳафтсола ё ин ки 490 сол мувофиқи суханони фарипгга, махсус барои яҳудиён бурида шудаанд. Аммо аз чӣ бурида шудаанд? Азбаски 2300 рӯз ягона давраи вақтест, ки дар боби 8 ёдрас мешавад, пас 70 хафта аз 2300 рӯз бурида шудаанд, ва ин ду муддати вакт бояд дар як замон оғоз меёфтанд. Мувофиқи шарҳи фаришта ин 70 ҳафта аз он замоне оғоз ёфтанд, ки фармон дар бораи баркароркунии Ерусалим баромад. Агар муайян намудани санаи ин фармон мумкин мебуд, он гоҳ аниқ намудани нуқтаи аввали давраи бузурги 2300 рӯз осон мешуд.MБУБ 342.1

    Дар боби 7-уми Китоби Эзро дар хусуси ин фармон сухан меравад (ниг. Эзро 7:12-16). Ин фармон дар шакли охирини худ аз ҷониби Артаҳшасто подшоҳи Форс соли 457 пеш аз Мавлуди Масеҳ бароварда шуд. Лекин дар Китоби Эзро (Эзро 6:14), гуфта мешавад, ки хонаи Худо «бар ҳасби ҳукми Худои Исроил ва аз рӯи фармони Куруш ва Дорёвеш ва Артаҳшасто, подшоҳони Форс» бино карда мешавад. Се подшоҳ ин фармонро тартиб доданд, аниқ намуданд ва пурра гардонданд, то замоне ки онро ба мукаммалияти дар пешгӯии пайғамбарона пешбинишуда расонданд, то ки оғози 2300 рӯзро ишора карда тавонад. Соли 457-уми пеш аз Мавлуди Масеҳро, ки ин фармон дар шакли охиринаш баромад, нуқтаи ҳисоб шуморида, мушоҳида кардан мушкил нест, ки чӣ тавр пешгӯии пайғамбарона дар бораи ҳафтод ҳафтсола бо тамоми муфассалияташ ичро шуд.MБУБ 342.2

    «...аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав баркарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола ва шасту ду ҳафтсола» - яъне 69 ҳафта, ё ин ки 483 сол. Фармо- ни Артахшасто тирамохи соли 457уми пеш аз Мавлуди Масеҳ ба ҳукми қонун даромад. Аз ин лаҳза 483 сол кам намуда, мо тирамоҳи соли 27-уми баъди Мавлуди Масеҳро ба даст меорем - он замон ин пешгӯи иҷро шуд. Ибораи «Масеҳ» маънои «Тадҳиншуда»-ро (бо равғани махсус бар пешони равған кашида шудааст ё ба маънои дигар барои иҷрои вазифаи махсус аз ҷониби Худо интихоб гардидааст) дорад. Тирамоҳи соли 27-ум Масеҳ аз ҷониби Яҳё таъмид дода шуд ва аз ҷониби Рӯҳулқудс тадҳин карда шуд. Ҳавворӣ Павлус шаҳодат медиҳад, ки: «Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард» (Аъмол 10 : 38). Ва Худи Наҷотдиҳанда чунин мегӯяд: «Рӯхи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам» (Луқо 4:18). Баъди таъмидгирии Худ Ӯ «ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард, ки вақт расидааст» (Марқӯс 1: 14,15).MБУБ 342.3

    «Ва аҳдро бо мардуми бисёр як ҳафтсола мустаҳкам хохад кард». Ҳафтсолаи дар ин ҷо ёдрасшуда аз ҳафтод ҳафтсола охирин аст; ин ҳафт соли охир махсус барои яҳудиён ҷудо шудаанд. Дар мудцати ин вақт - аз соли 27-ум то соли 34-ум - дар аввал Худи Исо ва баъд шогирдони Ӯ Инҷилро танҳо барои яҳудиён мавъиза мекарданд. Хдввориёнро барои мавъиза намудани Малакути Осмонӣ фиристода, Наҷотдиҳанда огоҳ карда буд: «Ба роҳи гайрияҳудиён наравед ва ба шахри сомариён надароед; балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед» (Матто 10:5,6).MБУБ 343.1

    «Ва қурбониву ҳадия дар нисфи ин ҳафтсола барҳам хоҳанд хӯрд». Соли 31-ум, бо гузашти сеюним сол баъд аз таъмиди Худ, Масеҳ дар салиб мехкӯб карда шуд. Бо рехтани хуни ин қурбонии бузург дар Ҷолҷолто тартиби қурбоникуниҳое, ки дар давоми чор ҳазор сол ба Барраи Худо ишора мекарданд, анҷом ёфт. Дар назди салиб тимсол ва Ҳақиқат бо ҳам вохӯрданд, ва дар ин ҷо бояд ҳамаи қурбониҳо ва маросимҳои овардани ҳадияҳо ҳастии худро анҷом медоданд.MБУБ 343.2

    Ҳафтод ҳафтсола ё ин ки 490 соле ки ба таври махсус барои яҳудиён ҷудо шуда буданд, чӣ тавре ки мо мебинем соли 34- уми Мавлуди Масеҳ тамом шуданд. Дар ин вақт бо қарори шӯрои яҳудиён халк рад намудани Инҷилро бо сангсор кардани Истефанус тасдиқ кард ва таъқиб кардани пайравони Масеҳро оғоз намуд. Баъди ин муждаи наҷот аз ҳудуди ҷамъияти яҳудиён берун баромад ва ба тамоми ҷаҳон мавъиза карда мешуд. Шогирдони таъқибгардида Ерусалимро тарк карданд ва дар ҳама ҷо паҳн гардида, «мерафтанд, аз калом башорат медоданд». «Чунончи, Филиппус ба як шаҳри Сомария омада ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард». Петрус, ки аз Худо ҳидоят ёфта буд муждаи наҷотро ба мирисад аз Қайсария, Корнилиюси худотарс мавъиза кард (Аъмол 8:4,5). Павлуси пурҳарорат ба Масеҳ имон оварда, супориши «ба ҷойҳои дур ба ғайрияхудиён» (Аъмол 22:21), мавъиза кардани муждаи Хушро гирифт.MБУБ 343.3

    Аён мешуд, ки ҳар як тафсилоти ин пешгӯии пайгамбаро на иҷро шудааст ва огози ҳафтод ҳафтсола, бе ягон шубҳа соли 457-уми пеш аз Мавлуди Масеҳ аст, охири ин давра бошад - соли 34-ум баъди Мавлуди Масеҳ. Ин далелҳоро дар даст дошта санаи анҷомёбии 2300 рӯзро муайян кардан мушкил нест. Ҳафтод ҳафтсола - 490 рӯз - аз 2300 рӯз бурида шудаанд; ҳамин тавр боз 1810 рӯз боқӣ мемонд, ки бояд баъди давраи 490 рӯз мегузаштанд. Ба соли 34-уми Мавлуди Масеҳ 1810 сол ҷамъ намуда, мо соли 1844 -ро ба даст меорем. Ҳамин тавр 2300 рӯзе ки дар Китоби Дониёл (8:14), дар хусусаш сухан меравад, соли 1844 анҷом меёбад. Баъди анҷом ёфтани ин давраи бузурги пешгӯиҳои пайгамбарона, мувофики шаҳодати фариштаи Худо, бояд «покшавии қудсгоҳ» ба амал меомад. Ҳамин тавр вақти покшавии қудсгоҳ аниқ муайян карда шуд, ки чӣ тавре ҳама фикр мекарданд, бояд ҳангоми Дуюмбора омадани Масеҳ ба вукӯъ пайвандад.MБУБ 344.1

    Дар аввал Миллер ва ҳамсафонаш чунин мешумориданд, ки 2300 рӯз баҳори соли 1844 анҷом меёбад, ҳол он ки пешгӯии пайғамбарона ба тирамоҳи ҳамон сол ишора мекард. Нодуруст фаҳмидани ин қисм нафаронеро ба ноумедӣ ва ошуфтагӣ гирифтор кард, ки фикр мекарданд, ки Масеҳ Дуюмбора дар баҳор меояд. Лекин ин ба ҳеҷ ваҷҳ он ҳақиқатеро, ки 2300 рӯз соли 1844 анҷом меёбанд ва он гоҳ бояд ҳодисаи бузурге, ки чун покшавии кудс нишон дода шудааст, ба амал биояд, паст намезад.MБУБ 344.2

    Омӯзиши Китоби Муқаддасро бо мақсади боварӣ ҳосил намудан ба он ки ин Калом ваҳйи Худост, шӯрӯъ намуда, Миллер ҳатто тасаввур карда ҳам наметавонист, ки ӯ ба кадом хулосаҳо меояд. Ӯ бо душворӣ ба натиҷаҳои омӯзиши худ бовар мекард, вале далелҳои Китоби Муқадцас он қадар равшану дақиқ буданд, ки ба онҳо муносибати хунукназарона кардан номумкин буд.MБУБ 345.1

    Миллер ду солро ба омӯзиши Китоби Муқаддас бахшид ва соли 1818 хулосаи ботантана баровард: баъди 25 сол Масеҳ меояд, то ки қавми Худро наҷот диҳад. «Зарурате нест барои баёни он шодие, ки қалби маро пур карда буд, вақте ман дар бораи ояндаи бошараф. дар бораи хоҳиши пурҳарорати қалби ман, ки дар хушнудии фидиягузоришудагон шарик шудан мехост, фикр мекардам. Акнун Китоби Муқаддас барои ман аз нав кушода шуд. Ин дар ҳақиқат тантанаи хирад буд: ҳамаи он чизе ки пеш ба назари ман торик, асроромез ва нофаҳмо менамуд, дар шуоҳои нуре пароканда шуд, ки аз саҳифаҳои Китоби Мукаддас медурахшид. Оҳ, чӣ гуна ҳақиқати зебо ва мунаввар ба ман ошкор шуд! Ҳамаи мухолифатҳо ва фарқияти нусхаҳо, ки пеш вуҷуд доштанд ғайб заданд ва гарчанде ки ҳанӯз ҷойҳои зиёде буданд, ки дарк намуданашон муяссар намешуд, он қадар нури фаровон аз саҳифаҳои ин Китоби Муқаддас бар ман фурӯ рехт ва ақли тираи маро мунаввар гардонд, ки ман хурсандӣ ва шавқу завқи баландеро эҳсос мекардам. ки пеш ҳатто онро орзу карда наметавонистам»289Блисс, саҳ. 76,77..MБУБ 345.2

    «Ман, ки боварии комил доштам, ки ҳодисаҳои муҳими дар Навиштахои Муқаддас пешгӯишуда ба зудӣ иҷро мешаванд, дар бораи қарзи худ дар назди ҷаҳониён ҷиддан фикр мекардам»290Блисс, саҳ. 81.. Миллер он чиро дарк накарда наметавонист, ки карзи ҳатмии ӯ - ба дигарон мавъиза кардани ҳақиқати ошкоргардида аст. Миллер медонист, ки ӯро муқобилияти беимонҳо интизор аст, вале боварӣ дошт, ки ҳамаи масеҳиён аз вохӯрӣ бо Наҷотдиҳандае, ки Ӯро дӯст медоранд, хурсанд мешаванд. Ягона чизе ки ӯ аз он хавотир мекашид - ин буд, ки бисёриҳо аз наздикшавии наҷоти мӯъҷизаосо хушнуд гардида, ин таълимотро қабул мекунанду ба таври лозимӣ ба Каломи Худо сарфаҳм намераванд, то ки ба ҳаққонӣ будани он боварӣ ҳосил кунанд. Ӯ ба худ боварии комил надошта, аз тарси он ки дигаронро ба гумроҳӣ меандозад, ҷуръат намекард аз кашфиёти худ ошкоро ҳарф занад. Миллер қарор дод, ки бори дигар рафти андешаҳои худро бисанҷад ва ба таври махсус ҷойҳои мушкилфаҳмро аз нав дида барояд. Ва ӯ дид, ки чӣ тавр ҳама эътирозҳо дар назди нури Каломи Худо нопадид гаштанд, ба монанди ғуборе ки аз шуоҳои офтоб пароканда мешавад. Аз миён панч сол гузашт, пеш аз он ки ӯ ба ҳак, будани хулосаҳои худ боварӣ ҳосил кард.MБУБ 345.3

    Ва он гоҳ ӯ бо нерӯи нав қарзи худро оиди ба дигарон ошкор намудани он чизе эҳсос кард, ки Каломи Худо бо чунин аниқӣ дар хусусаш шаҳодат медиҳад. «Вакте ки ман ба корҳои худ машғул будам, - мегуфт ӯ, - доимо дар гӯшам чунин суханон садо медоданд: «Бирав ва ба ҷаҳон хатари ба он таҳдидкунандаро бирасон». Суханони Китоби Муқаддас аз фикрам дур намешуданд: «Ҳангоме ки Ман ба шарире бигӯям: « Эй шарир албатта хохй мурд!» - вале ту сухане нагӯӣ барои он ки шарирро аз роҳи ӯ огоҳ намоӣ, он шарир дар гуноҳи худ хоҳад мурд, аммо хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард. Валекин агар ту шариреро аз роҳи ӯ огоҳ намоӣ, то ки аз он тавба кунад, ва ӯ аз роҳи худ тавба накунад, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ» (Ҳизқиёл 33: 8,9). Ман ҳис мекардам. ки агар гунаҳгорон огоҳ карда шаванд, он гоҳ бисёре аз онҳо тавба мекунанд, лекин агар онҳоро огоҳ накунам, он гоҳ хуни онҳо ба гардани ман аст»291Блисс, саҳ. 92..MБУБ 346.1

    Ва ҳамин ки имкон даст медод, ӯ фикрҳои худро баён мекарду дуо мегуфт, то ки нафаре аз рӯҳониён муҳим будани он чизеро, ки ба ӯ ошкор гардидааст дарк намояд ва ба огоҳ намудани одамон шурӯъ кунад. Вале Миллеро фикре ки ӯ бояд шахсан худаш одамонро огоҳ кунад, ором намегузошт. Дар гӯшаш доимо ин суханон садо медоданд: «Бирав ва ҷаҳонро огоҳ намо; вагарна Ман хуни онҳоро аз дастони ту талаб хоҳам кард». Миллер нӯх сол сабр кард, ва ин бор ҳарчи бештар ба ӯ фишор меовард, то замоне ки соли 1831 аввалин маротиба фикрҳои худро интишор кард.MБУБ 346.2

    Ба монанди он ки Элишоъ барои хизмати пайғамбарӣ аз киштзор, ки дар он захдоат мекашид, даъват карда шуд, Уилям Миллер низ бояд сипори худро пас мегузошт, то ки ба ҷаҳон асрорҳои Малакути Худоро ошкор созад. Ӯ бо ҳаяҷони бузург ба ин кор шурӯъ карда, саҳнаи давраҳои пешгӯиҳои пайғамбаронаро то арафаи Дуюмбора омадани Масеҳ дар назди шунавандагони худ оҳиста-оҳиста ошкор сохт. Далерӣ ва нерӯи ӯ ҳарчи бештар қувват мегирифт, вақте ӯ медид, ки одамон бо чӣ гуна шавқу завқи зиёд суханонашро истикбол мегиранд.MБУБ 347.1

    Танҳо бо хоҳиши исроркоронаи дӯстони ҳамимон, ки дар суханонашон даъвати Худовандро мешунид, Миллер қарор дод, ки дар назди мардум фикрҳои худро баён кунад. To ин замон ӯ кариб 50 сол дошт ва хеҷ гоҳ дар назди одамон баромад накарда буд ва ӯро андешаи ношоямии худ баҳри иҷрои ин кор азият медод. Бо вучуди ин заҳматҳои ӯ баҳри наҷоти одамон аз оғоз бо баракати махсус роҳнамоӣ шуданд. Нутқи аввалини ӯ бо чунин бедоршавии рӯҳоние муваффақ гардид, ки сездаҳ оила, ғайр аз ду нафар ба Худо имон оварданд. Ӯро барои дар ҷойҳои гуногун мавъиза кардан даъват менамуданд ва дар ҳама ҷо мавъизаи Каломи Худо ба муваффақиятҳои барҷаста сарфароз мешуд. Гунаҳгорон имон меоварданд, масеҳиён зарурати боз ҳам хубтар шинохтани Худоро дарк мекарданд, деистҳо ва беимонҳо бошанд ҳақиқӣ будани Китоби Муқаддас ва дини масехиро хуб дарк намуданд. Одамоне ки Миллер дар миёни онҳо заҳмат мекашид, чунин шаҳодат медоданд: «Ӯ ҳатто нафаронеро мафтун гардонд, ки ба онҳо ҳеҷ нафари дигар таъсир расонда наметавонист»292Блисс, саҳ. 138.. Мавъизаи ӯ ба он равона шуда буд, то ки дар ҷамъият майлу ҳавасро ба ҳакиқатхои динӣ пайдо созад ва мавҷи айшу ҳаловати дунявӣ ва эҳсосотиро, ки чаҳони он замонро фаро гирифта буданд, нигоҳ дорад. Қариб дар ҳамаи он шаҳрҳое, ки ӯ мавъиза мекард, даҳҳо ва ҳатто садҳо одамон имон меоварданд.MБУБ 347.2

    Дар бисёр ҷойҳо дар пеши у дарҳои калисоҳои протестантии ҳамаи мазҳабҳо кушода мешуданд ва ӯ одатан даъвати мавъиза карданро якбора аз якчанд ҷамъиятҳои динӣ мегирифт. Баромад намудан бо мавъиза дар он чое ки ӯ даъват шудааст, қоидаи тағйирнопазири ӯ буд, вале аз миён як мудцат вақт гузашт ва ӯ имкони ҳатто ба нисфи ин даъватномаҳо чавоб гардонданро надошт.MБУБ 348.1

    Бисёриҳо, агарчи ба ақидаҳои ӯ оиди вақти аниқи Дуюмбора омадани Масех розӣ набуданд, ба ҳар ҳол ба наздик будани он ва зарурати тайёршавӣ боварй доштанд. Дар баъзе шахрҳои калон фаъолияти ӯ ба ахолӣ таъсири бузург расонд. Шаробфурӯшон дӯконҳои худро маҳкам мекарданд ва онҳоро ба толорхои ибодатгузаронӣ табдил медоданд; қиморхонахо баста мешуданд; зиндагии деистҳо, универсалистҳо, худобехабарон ва ҳатто ҷинояткорони ашаддӣӣ тағйир меёфтанд, ҳол он ки баъзе онҳо солҳои дароз ба калисо намеомаданд. Ҷамъиятҳои гуногуни динӣ қариб ҳар соат дар ҳамаи маҳалаҳои шахр ибодатҳо мегузаронданд, одамони соҳибмансаб барои дуогӯӣ ва шукргӯӣ дар нимрӯзӣ чамъ меомаданд. Ҳеҷ гуна ҳаячонҳои таассубӣ ҷой надоштанд, балки дар хама ҷо ҷиддият ва тантана ҳукмфармо буд. Миллер, мисли ислоҳотчиёни пешина кӯшиш мекард ба ақл ва виҷдони одамон таъсир расонад, на авчи хиссиётҳоро ба миён биёрад.MБУБ 348.2

    Соли 1833 Миллер иҷозати расман мавъиза карданро аз номи Калисои баптистҳо, ки худ аъзои он буд, ба даст овард. Қисми зиёди хизматгузорони ин калисо фаъолияти ӯро чонибдорӣ мекарданд ва бо ҷонибдории расмии онҳо кори худро давом дод. Ӯ сайёҳи хастанашавада буд ва доимо дар минтақаҳои гуногун мавъиза мекард, гарчанде ки асосан дар Англияи Нав ва иёлотҳои Шимолӣ-Шарқӣ заҳмат мекашид. Дар давоми якчанд сол ӯ танҳо аз ҳисоби маблағҳои худ зиндагӣ мекард ва баъд низ ҳеч гоҳ маблағи лозимиро ҳатто барои пардохти роҳкироҳо намегирифт. Ҳамин тавр, заҳматҳо ба манфиати ҷамъият чун як бори вазнине бар дӯшаш афтоданд ва молу мулкаш ба нестӣ мерасид. Ӯ сардори оилаи калон буд ва танхо ба шарофати сарфакорӣ ва меҳнатдӯстии ҳамаи аъзоёни оила, ба даромадҳое ки ферма меовард, зиндагӣ кардан мумкин буд.MБУБ 348.3

    Соли 1833, бо гузашти ду сол аз он ки Миллер дар назди халқ ба исботи наздик будани омадани Масеҳ шурӯъ кард, яке аз охирин аломатҳои ваъдадодаи Наҷотдиҳанда иҷро шуд. Исои Масеҳ гуфта буд: «Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд» (Матто 24:29. Ва Юҳанно аломатҳоеро, ки аз наздикшавии рӯзи Худованд хабар медиҳанд, дида чунин мегӯяд: «Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда анҷирҳои хоми худро мепартояд» (Ваҳй 6:13). Ин пешгӯии пайғамбарона бо аниқии ҳайратангез ва таъсирбахш 13 ноябри соли 1833, вақте ки борони бузурги метеоритӣ борид, иҷро шуд. Ба гумон аст, ки инсон боре чунин саҳнаи бузург ва боҳашамати ситораҳои афтодаистодаро назорат намудааст. Дар давоми якчанд соат «тамоми осмони болои Иёлоти Мутаҳҳидаро фейерверки оташин равшан мегардонд! Ҳеҷ гоҳ дар ин мамлакат чунин зуҳуроти осмонӣ рӯй надода буд, он баъзеҳоро ба шавқу завқи тасвирнашаванда овард, дигаронро ба даҳшат ва изтироб андохт». «Бошукӯҳӣ ва азамати ин манзара ҳанӯз ҳам дар хотираи бисёриҳо тоза боқӣ мондааст... Борони аз ҳама сахттарин аз рӯи қувва ва шидцатнокӣ бо ин сели метиоритҳо, ки осмонро дар шарқ ва гарб, дар шимол ва ҷануб хат мекашиданд ва таассуроти ҳайратангез мегузоштанд, баробар шуда наметавонист. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё тамоми осмон ба ҳаракат даромадааст... Ин манзара, чӣ тавре ки дар маҷаллаи профессор Силлиман хабар дода мешуд, дар тамоми Америкаи Шимолӣ ба чашм мерасид... Дар осмони пурра софу беғубор аз соати дуи шаб то субҳидам дар тамоми гунбази фалак бозии бисти ҷирмҳои осмонии ҷилояшон чашмбар дида мешуд»293Девенс, «Ташаккули Америка ё Воқеаҳои бузурги садсолаи бузурггарин», боби 28, §1-5..MБУБ 349.1

    «Шукӯҳи ин манзараро ба ҳеҷ сухан тасвир кардан мумкин нест... касе ки шоҳиди он набуд, ҳатто азамати онро тасаввур карда наметавонад. Таассуроте ба миён меомад, ки гӯё тамоми осмони пурситора дар як нуқта, дар худи авҷ ҷамъ шудааст ва аз он чо тирҳои нурдор барқвор ба ҳар ҷониб паҳн мешуданд ва ба назар чунин менамуд, ки онҳоро анҷом нест: ҳазорҳо тирҳои нурдор якдигарро иваз мекарданд, ки гӯё барои ин махсус тайёр карда шуда бошанд»294Рид, «Маҷаллаи масеҳӣ», 13 декабри соли 1833.. «Муқоисаи муносибтаре пайдо кардан ба гумон аст, назар ба анҷире, ки ҳангоми тӯфони сахт анҷирҳои хоми худро ба ҳар тараф мепартояд»295«Ҳамшаҳрии кӯҳансол» дар «Рекламаи шом»-и Портленд, 26 ноябри соли 1833..MБУБ 349.2

    Дар маҷаллаи тиҷоратии Ню-Йорк аз 14 ноябри соли 1833 дар бораи ин зуҳуроти мӯъҷизаосо мақолаи калоне нашр шуда буд. Муаллифи он тасдиқ мекард: «ягон олим ё файласуф, ман фикр мекунам, дар хусуси чунин ҳодисае, ки дирӯз пагоҳӣ ба амал омада буд, чизе нанавиштааст. Дар замони ҳозира мо шояд дар додани таъиноти аниқ ба ин ҳодиса мушкилӣ кашем, Ba¬ne ҳаждаҳ садсола пеш пайғамбар афтидани ситораҳоро аниқ пешгӯӣ карда буд, ки ба маънии аслии ин калима иҷро шуд».MБУБ 350.1

    Ҳамин тавр, яке аз он аломатҳои охирини омадани Ӯ иҷро шуд, ки нисбати он Исои Масеҳ шогирдони Худро панд дода буд: «Ҳамчунин шумо, чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст» (Матто 24:33). Баъди ин аломатҳо Юҳанно дид, ки осмон чун номае печид, заминҷунбии азиме ба вуқӯъ омад, кӯҳҳо ва ҷазираҳо аз ҷои худ ҷунбиданд ва худобехабарон дар даҳшат кӯшиш намуданд аз ҳузури Нишинандаи тахт пинҳон шаванд» (ниг. Вахй 6:12-17).MБУБ 350.2

    Бисёр шоҳидони афтидани ситораҳо ба ин ҳодиса чун ба аломати пешакии доварии наздикшаванда, чун ба « рамзи таҳдидомез, огоҳии қатъии пешакӣ, аломати меҳрубононаи рӯзи бузургу даҳшатовар» нигоҳ мекарданд296Ҳамон ҷо.. Ҳамин тавр, диққати одамон ба иҷрошавии ин пешгӯи ҷалб карда шуд ва бисёриҳо ба огоҳкуниҳо оиди Дуюмбора омадани Масеҳ гӯш меандохтанд.MБУБ 350.3

    Соли 1840 ба таври аҷоиб пешгӯии дигари пайғамбарӣ иҷро шуда, шавку ҳаваси зиёдро ба миён овард. Ду сол пеш аз ин ҳодиса Иосия Литч, яке аз хизматгузорони машҳур, ки наздик будани Дуюмбора омадани Масеҳро мавъиза мекард, тафсири боби 9-уми Китоби Ваҳйро нашр намуда, сарнагуншавии империяи Усмониёнро пешгӯӣ кард. Мувофиқи ҳисоботҳои ӯ, ин ҳодиса бояд моҳи августи соли 1840 ба амал меомад ва якчанд рӯз пеш аз иҷрошавии ин пешгӯй ӯ чунин навишта буд: «Агар ба назар гирем, ки охири давраи аввали 150 сол аниқ бо ба тахт нишастани Константин Драгош бо иҷозати туркҳо рост меояд ва 391 сол ва 15 рӯз дар охири давраи аввал оғоз меёбанд, он гоҳ онҳо бояд 11 августи соли 1840 тамом шаванд, вақте ки сарнагуншавии ҳукмронии Усмониёнро дар Константинопол интизор шудан мумкин аст. Ман боварӣ дорам, ки чунин мешавад»297Иосия Литч - аз маҷаллаи «Нишонаҳои замон ва тафсири пешгӯиҳои пайғамбарона», 1 августи соли 1844..MБУБ 350.4

    Дар вақти нишондодашуда Туркия ба воситаи сафирони худ ҳимояи иттиҳоди давлатҳои Европаро қабул кард ва ба вобастагӣ ва назорати халқҳои масеҳӣ афтод. Ҳамааш аниқ дар вақти пешгӯишуда ба амал омад. Вақте ки ин маълум шуд, бисёриҳо ба ҳақиқӣ будани қоидаҳои тафсири пешгӯиҳои Миллер ва ҳамфикрони ӯ бовар карданд, ки ба ҳаракати адвентистҳо майлу шавқи нав бахшид. Донишмандон ва шахсиятҳои мӯътабар бо Миллер дар мавъиза намудани Калом ва фаъолияти нашрӣ ҳамроҳ шуданд, ва дар давраи аз соли 1840 то 1844-ум сол кори онҳо вусъати зиёд пайдо кард.MБУБ 351.1

    Уилям Миллер ба шарофати машғулиятҳо ва андешарониҳои серғайратона дорои ақли фарох ва инкишофёфта буд ва бо Манбаи Хирад пайваст гардида, ӯ хиради осмониро низ ба даст овард. Ӯ шахси поквиҷдону беайб, олиҳиммату хушахлоқ ва комилан сазовори ҳурмату эҳтиром буд. Некии ҳақиқии қалб дар ӯ бо фурӯтанӣ ва худдории масеҳй пайваст шуда буд, бо ҳама бодиққат ва хушмуомила буда, ҳамеша тайёр буд фикрҳои дигаронро бишнавад ва далелҳои онҳоро бисанҷад. Аз ҳама гуна тундмиҷозй ва ғалатфаҳмӣ дур буда ҳамаи назарияҳо ва таълимотҳоро бо Каломи Худованд месанҷид, ва солимфикрӣ ва доннши асосноки Навиштаҳо ба ӯ имконият медоданд ҳама гуна гумроҳиҳо ва дурӯғро рад кунад.MБУБ 351.2

    Бо вуҷуди ин ба ӯ лозим меомад муқобилиятҳои сахтро бартараф кунад. Чӣ тавре ки дар гузашта бо ислоҳотчиён рӯй медод, илоҳиётшиносони машҳур ба таълимоти ӯ хайрхоҳ набуданд. Онҳо, ки қобилияти дар Каломи Муқаддас асоснок кардани фикрҳои худро надоштанд, маҷбур мешуданд ба пандҳо ва хаёлотҳои инсонӣ, ба ривояту афсонаҳои Калисо рӯ биёранд. Вале мавъизачиёни ҳақиқати адвентисти танҳо ба шаҳодатҳои Каломи Худо такя мекарданд. «Китоби Муқадцас ва танҳо Китоби Муқаддас!» — ин суханон шиори онҳо буданд. Душманони ҳақиқат норасоии далелҳои Китоби Муқаддасро бо масхара ва ҳақорат подош медоданд. Вақт. маблағҳо ва истеъдодҳо — ҳама чиз истифода мешуд, то ки одамонеро тӯҳмат зананд, ки ягона ҷинояташон аз он иборат буд, ки бозгашти Масеҳи худро бо хушнудӣ интизор буданд ва кӯшиш мекарданд зиндагии беайб дошта бошанду дигаронро огоҳ менамуданд то барои вохӯрӣ бо Ӯ омода шаванд.MБУБ 351.3

    Тамоми чораҳо андешида мешуданд, то ки таваччӯҳи халқро аз Дуюмбора омадани Масеҳ дур созанд. Кӯшиш менамуданд ба одамон таассуротҳоеро дар бораи он зӯран талқин намоянд, ки омӯзиши пешгӯиҳои пайгамбарона дар бораи омадани Масеҳ ва охири ҷаҳон гунаҳгорона ва ҳатто шармовар аст. Хизматгузорони калисохои расмӣ ба ҳамин тариқ имонро ба Каломи Худо бар бод медоданд . Таълимоти онҳо одамонро ба худобехабарон табдил медоданд ва бисёриҳо аз паси фиску фуҷур гумроҳ шуданд. Ва баъд муаллимони бадӣ гуноҳро барои ҳамаи ин фисқу фуҷур ба гардани адвентистҳо гузоштанд.MБУБ 352.1

    Дар он вақте ки дар хонаҳои пуршуда одамон ҷамъ меомаданд, то ки мавъизаи Миллерро бишнаванд, номи ӯ дар матбуоти динӣ хеле ёдрас мешуд, магар фақат барои масхара дар оҳанги нешдор. Одамони сабукфикр ва худобехабари аз ҷониби пешвоёни дин ба иғвоандохташуда ба истифодаи ҳама гуна лақабҳои таҳқиромез. шӯхиҳои куфргӯёна ва латифагӯиҳо рӯ меоварданд, то ки бо ҳар роҳе ки бошад Миллер ва кори ӯро шарманда созанд. Марди мӯи сараш сафедшуда, ки хонаи боҳаловатро гузоштаю дар шаҳру деҳаҳо оворагардй мекард ва бо пурсабрӣ ҷаҳонро аз доварии наздикшаванда огоҳ менамуд, бо таҳқиркунии пасттарин дар миёни ҳама чун таассубкор, дурӯғгӯй ва маккор нишон дода мешуд.MБУБ 352.2

    Масхарабозиҳо, дурӯғ ва бадзабоние, ки ба муқобили ӯ равона шуда буданд, ҳатто аз ҷониби нашриёти дунявӣ эътирози оташинро ба миён оварданд. «Нишон додани чунин са- букфикрӣ ва беэҳтиромӣ ба масъалаи ин қадар муҳим ва бо чунин оқибатҳои ҷиддӣ, — навишта буданд одамони ғайридин, — ин на танҳо таҳқиркунии ҳиссиётҳои одамон, балки масхарабозии рӯзи доварии Худо, таҳқиркунии Худи Худо ва беэҳтиромй нисбати адолатпарварии Ӯст»298Блисс, саҳ. 183..MБУБ 352.3

    Ташаббускори ҳама гуна бадӣ на танҳо кӯшиши заиф гардондани нуфузи муждаи адвентистиро, балки кӯшиши нест намудани худи муждарасонро мекард. Миллер дар мавъизаҳои худ нишон медод, ки ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас бо зиндагии шунавандагони ӯ чӣ гуна мувофиқат доранд, гуноҳҳо ва худбоварии онҳоро ошкор мекард, ва суханони рӯйросту таъсирбахшаш нафрати одамонро ба миён меоварданд. Боре аъзоёни Калисо, ки ба ӯ муносибати душманона доштанд, авомро розӣ кунонданд, то ки ӯро дар роҳ аз ҷамъомад ба хона бикушанд. Ba¬ne дар миёни он издиҳом фариштагони муқаддас ҳузур доштанд, ва яке аз онҳо дар симои одам дасти марди Худоро гирифта. ӯро ба ҷои бехавф, аз одамони ба газабомада дуртар бурд. Кори ӯ ҳанӯз анҷом наёфта буд ва қасди шайтону ҳамдастонаш барбод рафт.MБУБ 353.1

    Сарфи назар аз муқобилиятҳо шавку ҳавас ба ҳаракати адвентистӣ меафзуд. Агар пеш ба ибодатхо даҳҳо ва садҳо одамон меомаданд, акнун ҳисоб ба ҳазорҳо мерасид. Дар ҷамъомадҳои гуногун афзоишёбии сершумори одамоне мушоҳида мешуд, ки нав имон оварда буданд, лекин дере нагузашта ин низ норозигии мухолифинро ба миён овард ва калисоҳо ба муқобили нафароне чораҳои интизомй қабул мекарданд, ки бо фикрҳои Миллер розй мешуданд. Ин Миллерро мачбур намуд, ки дар муроҷиатномаи махсуси хаттӣ аз ҳамаи мазҳабҳои динӣ талаб кунад, то нафароне, ки таълимоти ӯро дӯрӯғ мешуморанд, инро дар асоси Китоби Муқаддас исбот намоянд.MБУБ 353.2

    «Магар он чизе ки мо ба он имон дорем, - мегуфт ӯ, - дар Китоби Муқадцас, ки шумо худ онро дастурамал ва илова бар ин ягона дастурамали имон ва рафтори мо мешуморед, асос намеёбад? Барои кадом амалҳо мо сазовори чунин сели айбдорикуниҳо аз минбар ва аз саҳифаҳои маҷаллаҳо мегардем? Чй ба шумо ҳуқуқ медиҳад моро (адвентистҳоро) аз калисоҳо ва ҷамъият хориҷ кунед? Агар мо ҳақ набошем, хоҳиш мекунам - гумроҳиҳоямонро ба мо нишон диҳед. Дар асоси Каломи Худо хатогиҳои моро нишон диҳед. Мо аллакай бисёр масхара шудаем, лекин ин ҳеҷ гоҳ моро ба он бовар кунонда наметавонад, ки мо ноҳақем. Танҳо Каломи Худованд кудрат дорад ақидаҳои моро дигар кунад. Мо бо андеша ва бо дуоҳо ва бо андозаи гирифтани нур аз Китоби Муқаддас ба ин хулосаҳо омадаем»299Блисс, саҳ. 250, 252..MБУБ 353.3

    Дар тӯли тамоми асрҳо огоҳномаҳое ки Худо ба ҷаҳон ба воситаи бандагони Худ мефиристод, ҳамеша бо чунин шубҳаю нобоварӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Вақте ки фисқу фасоди дунёи қадим Худовандро маҷбур намуд, ки одамонро бо тӯфон ҷазо диҳад, Ӯ ин мақсадро аз онҳо пинҳон накард, то ки ба онҳо имконияти ислоҳ шуданро диҳад. Дар давоми 120 сол овозе садо медод, ки одамонро ба тавба даъват мекард ва огоҳ менамуд, ки дар сурати тавба накардан нест мешаванд. Вале ин хабар ба назари онҳо дурӯги бофта менамуд ва онҳо ба он бовар накарданд. Аз фисқу фасоди худ сармаст гардида, онҳо косиди Худоро масхара мекарданд, ба зорию илтиҷои ӯ писханд мезаданд ва ҳатто ӯро дар худписандӣ гунаҳгор намуда, мегуфтанд - ки чӣ тавр як нафар ба бузургони ин ҷаҳон эътироз мекунад? Агар муждае ки онро Нӯҳ мавъиза мекунад, ҳақиқат бошад, пас барои чӣ онро тамоми ҷаҳон эътироф намесозад ва ба он бовар намекунад? Чӣ аҳамият доранд суханони як нафар дар муқобили хиради ҳазорҳо? He, онҳо ба ин бовар карда наметавонанд ва дар киштӣ паноҳгоҳ нахоҳанд ҷуст!MБУБ 354.1

    Худобехабарон ба зуҳуротҳои табиат: ба такроршавии фаслҳои сол, ки паи ҳам меоянд; ба осмони кабуд, ки аз он ҷо ҳанӯз як қатра борон наафтида буд; ба майдони сабзшавандаи аз шабнами шаб тароватгиранда ишора мекарданд, - ва хитоб менамуданд: «Оё ӯ ба мо афсона намегӯяд?» Мавъизачии ҳақиқатро чун таассубкори девона бо нафрат рад карданд ва бо бадхашмии боз ҳам зиёдгар ба айшу ишрат ва фиску фасод даст заданд. Вале беимонии онҳо ба ҳодисаи пешакӣ муқарраршуда халал расонда натавонист. Худо муддати дароз фисқу фасоди онҳоро таҳаммул намуда, ба онҳо имконияти тавба карданро дод, лекин дар вақти муайяншудаи Худо довариҳои Ӯ ба сари ода моне фурӯ рехтанд, ки меҳрубонии Ӯро рад карданд.MБУБ 354.2

    Исои Масеҳ мегӯяд, ки ба Дуюмбора омадани Ӯ низ одамон бо нобоварӣ чунин муносибат мекунанд. «Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд». «Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард» (Матто 24:37,39). Вақте одамоне ки худро қавми Худо мешуморанд, бо ҷаҳон якҷоя мешаванду бо тарзи ҳаёти он зиндагй намуда, дар айшу ишратҳои манъшуда иштирок мекунанд; вақте ки шукӯҳи дунявӣ ба Калисо роҳ меёбад ва садои зангӯлаҳои тӯёна баланд мешаванд, ва ҳамаи одамон ба оянда нигоҳ намуда лаззати некӯаҳволӣ ва саодатмандии дуру дарози заминиро қаблан мечашанд, он замон ногаҳон, ба монанди дурахши барқ, анҷоми орзуҳои олӣ ва умедҳои фиребандаи онҳо фаро мерасад.MБУБ 355.1

    Як замоне Худо пайғамбари Худро фиристод то ҷаҳонро аз тӯфон огоҳ кунад: айнан ҳамон тавр Ӯ қосидонро фиристод, то ба ҷаҳон наздик будани доварии охиринро хабар диҳанд. Ва ончунон ки ҳамзамонони Нӯҳ огоҳкуниҳои ин мавъизачии ҳақиқатро масхара мекарданд, ҳамин тавр дар замони Миллер низ бисёриҳо, ҳатто аз миёни қавми Худо ба огохиҳои ӯ механдиданд.MБУБ 355.2

    Барои чӣ таълимот ва мавъизаи Дуюмбора омадани Масеҳ аз чониби калисоҳо бо чунин номеҳрубонӣ истиқбол шуда буданд? Дар он вақте ки омадани Масеҳ ба худобехабарон андӯҳ ва маргро хабар медиҳад, он ба шахси порсо шодӣ ва умедро ваъда мекунад. Дар ҳамаи асрҳо ин ҳақикати бузург барои фарзандони содиқи Худо умеди калон буд, пас барои чй он, чун Масеҳ барои қавми У «санги пешпо ва сахраи монеа», гардидааст? Худи Наҷотдиҳанда ба шогирдонаш чунин ваъда дода буд: «Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам» (Юҳанно 14:3). Наҷотдиҳандаи дилсӯз ғаму андӯҳ ва танҳоии пайравони Худро мефаҳмид, бинобар ин ба фариштаҳо амр фармуд, ки ба замин фурӯд оянд ва онҳоро бо суханони умедворӣ ба бозгашти Ӯ тасалло бахшанд. Вақте ки шогирдон кӯшиши аз назар гум накардани Устоди маҳбуби ба осмон суудкунандаро менамуданд, диққати онҳоро суханони зерин ҷалб намуд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт» (Аъмол 1:11). Суханони фариштаҳо боз дар қалби онҳо умедро ҷой карданд. Шогирдон «бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд, ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд» (Луқо 24: 52,53). Шогирдон на аз он шодӣ мекарданд, ки Исои Масеҳ бо онҳо нест ва онҳо бо мушкилиҳо ва васвасаҳои ин ҷаҳон худ бояд мубориза баранд, балки аз боваркунонии фаришта, ки Худованд боз меояд, шод буданд.MБУБ 355.3

    Ва имрӯз низ муждаи омадани Масеҳ бояд дар қалби мо шодиро барангезад, чун дар замонҳои пеш, вақте ки фариштаҳо онро ба чӯпонҳои Байт-Лаҳм расонданд. Одамоне, ки Наҷотдиҳандаро аз таҳти дил дӯст медоранд аз шунидани муждаи дар Китоби Муқаддас асосёфта, метавонанд танҳо шодиро эҳсос кунанд, ки Он ки ҳамаи умеду орзуҳояшон ба ҳаёти ҷовидона ба Ӯ нигаронида шудаанд, боз на аз барои он меояд, ки рад, таҳқир ва ҳақорат карда шавад, балки Ӯ бо қувва ва ҷалол баҳри наҷот додани қавми Худ меояд. Танҳо одамоне, ки Наҷотдиҳандаро дӯст намедоранд, омадани Ӯро хоҳон нестанд; ва аз ҳама далели эътимодбахши ҷудошавии калисоҳо аз Худои ҳақ хашмгин ва нафрате гардиданд, ки одамон бо онҳо муждаи аз Осмон фиристодашударо истиқбол гирифтанд.MБУБ 356.1

    Одамоне, ки таълимоти адвентистиро қабул намуданд зарурати тавба кардан ва дар назди Худо фурӯтан шуданро пурра дарк карданд. Бисёрихо миёни Худо ва чаҳон дудила мешуданд, вале акнун ҳис мекарданд, ки замони интихоби ҳалкунанда фаро расидааст. «Абадият дар назари онҳо воқеъияти ғайриоддиро гирифт. Осмон ба онҳо наздик шуд, ва онҳо худро дар назди Худо гунаҳгор эҳсос карданд»300Блисс, саҳ. 146.. Имондорон барои зиндагии нави рӯҳонӣ бедор шуданд. Онҳо дарк мекарданд, ки мӯҳлатҳо наздик мешаванд, ва масъулиятро барои наҷотёбии наздикони худ эҳсос намуданд. Ҳама чизи заминӣ мавкеи дуюмдараҷаро гирифт: ба назар чунин менамуд, ки дар пеши онҳо абадият дарҳои худро кушодааст, ва онҳо бояд миёни хушбахтии ҷовидона ва лаънати ҷовидона интихоб мекарданд. Рӯҳи Худо дар қалби онҳо ҷой гирифт ва ба онҳо кувваи бо баённомаи самимӣ ҳам ба бародарони худ ва ҳам гунаҳгорон муроҷиат намуданро дод, то ки ҳама ба рӯзи Худо тайёр шаванд. Шаҳодати хомӯшонаи зиндагии ҳамарӯзаи онхо сарзаниши доимие буд ба расмиятпарастии аъзоёни Калисо. Ин аъзоёни Калисо намехостанд, ки нафаре ба вақтхушии онҳо халал расонад, шавқу рағбати онҳоро ба фоидаи бедарди миён ва ташнагии худларастонро ба иззату икроми ҷаҳонӣ махдуд кунад. Ва дар натиҷа ба муқобили имони адвентистӣ ва косидони он мавҷи норозигиҳо ва душманӣ ошкоро авҷ гирифт.MБУБ 356.2

    Азбаски далелхои дар давраҳои пешгӯиҳои пайгамбарона асосёфта раднопазир буданд, он гоҳ душманони ҳақикат бо тамоми қувва кӯшиш мекарданд одамони ба худи онҳо итминондоштаро бовар кунонанд, ки ин пешгӯиҳо мӯҳр зада шудаанду онҳоро ҳеҷ кас фаҳмида наметавонад. Дар ин ҳолат протестантҳо ба католикҳо пайравӣ карданд. Агар калисои католикӣ Китоби Муқадцасро аз халқ пинҳон карда бошад, он гоҳ калисоҳои протестантӣ бо исрор баён менамуданд, ки муҳимтарин қисми Каломи Муқаддас - махсусан он кисме ки ҳақикатро барои замони мо дар бар мегирад, - барои фаҳмиш дастнорас аст.MБУБ 357.1

    Рӯҳониён ва халқ исбот мекарданд, ки пешгӯиҳои пайғамбаронаи Дониёл ва Китоби Ваҳй сирхои даркнашавандаанд. Вале Масеҳ дикқати шогирдони Худро ба суханони пайгамбар Дониёл оиди ҳодисаҳое ки бояд дар замони онҳо ба амал меомаданд, равона намуда, гуфт: «... ҳар ки хонад, дарк кунад» (Матто 24:15). Фикр оиди он ки ваҳйҳо - сирҳои даркнашавадаанд, ба номи ин китоб мухолифат мекунад: «Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибӣ чихо бояд ба вуқӯъ ояд... хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувва- тро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст» (Ваҳй 1:1,3).MБУБ 357.2

    Пайғамбар мегӯяд: «Хушо касе ки мехонад» - яъне нафароне ёфт мешаванд, ки намехонанд ва ин баракат барои онҳо нест. «Ва касоне ки мешунаванд» - яъне нафароне ёфт мешаванд, ки пешгӯиҳои пайғамбаронаро (нубувватҳоро) гӯш кардан намехоҳанд, ва баракат барои ин одамон нест. «Ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд» - бисёриҳо аз қабул намудани огоҳсозиҳо ва пандҳое ки дар Китоби Ваҳй ҷойгиранд, даст мекашанд, ва албаттаро ҳеҷ касе аз онҳо наметавонад даъвои баракатҳои ваъдашударо кунад. Ҳамаи онҳое ки пещгӯиҳои пайғамбарона ва рамзҳои дар Китоби Ваҳй бо чунин тантана зикршударо, таҳқир мекунанд, касоне ки тарзи зиндагии худро тағйир додан ва ба омадани Масеҳ тайёрӣ дидан намехоҳанд, бебаракат мемонанд.MБУБ 358.1

    Ба шаҳодати пурилҳом сохиб буда, одамон чй тавр чуръат мекунад тасдиқ намоянд, ки Китоби Ваҳй - сири даркнашаванда аст? Ин сири ҷавобёфта ва китоби кушода аст. Омӯзиши Китоби Ваҳй ақли инсонро ба сӯи пешгӯихои Дониёл мебарад, ва ҳар дуи ин китобҳо пандхои муҳимро дар худ доранд - Худованд ба одамон ҳодисаҳоеро хабар дод, ки бояд дар анҷоми таърихи замин ба амал оянд.MБУБ 358.2

    Ба Юҳанно ҳодисаҳое ошкор карда шуданд, ки барои Калисо манфиатҳои амиқ ва ҳаячоновар доранд. Ӯ вазъият, хатарҳо, мубориза ва озодшавии охирини қавми Худовандро медид. Ӯ дид, ки баъди мавъизашавии мужда дар рӯи замин дарав оғоз меёбад - ҷамъоварии бандҳои гандум барои анборҳои осмонӣ, ҷамъоварии коҳ барои оташ. Ба ӯ ҳақиқатҳои бузург ошкор карда шуда буданд, махсусан хақиқатҳои ба Калисои охирин дахлдошта, то касоне, ки ба ҳақиқат рӯ овардаанд дар бораи мубориза ва хатарҳое, ки онҳоро интизоранд маълумот пайдо кунанд. Ҳеҷ кас набояд оиди ҳодисаҳои наздикшаванда дар зулмоти бехабарӣ бимонад.MБУБ 358.3

    Беэҳтиромии умумиро нисбати ин қисми муҳимтарини Каломи Худо бо чӣ фаҳмондан мумкин аст? Барои чй оиди дарк намудани шаҳодатҳои Каломи Худо чунин бемайлӣ хукмрон аст? Ин натиҷаи кӯшишҳои мақсадноки ҳокими зулмот - шайтон аст, ки мехоҳад ҳамаи он чизеро аз одамон пинҳон созад, ки фиребҳои ӯро ошкор месозанд. Аз ин сабаб Масеҳ - Муаллифи Китоби Ваҳй ҳамаи он муборизаеро, ки ба муқобили омӯзиши ин китоб бурда мешавад, пешбинӣ намуда, нафаронеро баракат дод, ки суханони пешгӯиҳои пайғамбаронаро мехонанд, мешунаванд ва ичро мекунанд.MБУБ 358.4

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents