Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 41. - ЗАМИНИ ВАЛАНГОР

    «Зеро гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст... дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучандон тайёр кунед. Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегӯяд: «Малика шуда нишастааст ва бева нестам ва бадбахт нахоҳам буд». Бинобар ин дар як рӯз балоҳо, мамот ва мотам ва қаҳтӣ ба сари вай хоҳад омад. Вай дар оташ хоҳад сӯхт, зеро пурқувват аст Худованд Худо, ки вайро доварӣ мекунад. Ва подшоҳони замин, ки бо вай зино ва айшу нӯш мекарданд, дар ҳаққи вай гиря ва навҳа хоҳанд кард... ва хоҳанд гуфт: «Вой, вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузург Бобил, эй шаҳри мустаҳкам! Зеро ки дар як соат казои ту омадааст»» (Ваҳй 18:5-10).MБУБ 699.1

    «Ва тоҷирони замин», ки «аз айшу нӯши бузурги вай сарватдор шуданд», «аз тарси азоби вай дуртар истода, гиря ва навҳа хоҳанд кард ва хоҳанд гуфт: «Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва ҷавоҳирот зинат ёфта буд! Зеро ки дар як соат чунин сарват нобуд шуд» (Ваҳй 18:11,3,15-17).MБУБ 699.2

    Ана чунин довариҳо дар рӯзи ғазаби Худо бо Бобил рӯй хоҳанд дод. Ин фохиша косаи бадкирдориро лабрез кард, соати вай фаро расид, вай барои несткунӣ пухта расид.MБУБ 699.3

    Вақте ки садои Худо қавмашро аз асорат бармегардонад, бедоршавии даҳшатангези нафароне ба амал меояд, ки дар муборизаи бузурги зиндагӣ ҳама чизро аз даст додаанд. Онҳо ки ҳангоми озмоишҳо бо афсункориҳои иблисона фиреб дода шуда буданд, тарзи ҳаёти гунаҳдоронаи худро сафед мекарданд. Сарватмандон аз бартарии худ бар нафарони аз чунин афзалиятҳо маҳрум фахр мекарданд, вале онҳо ба ивази вайронкунии Шариати Худо сарватманд шуда буданд. Онҳо нисбати қарзи шахсии худ оиди ба гуруснагон ғизо додан, ба бараҳнагон либос пӯшонидан, одилона амал кардан ва дӯст доштани аъмоли лутфу марҳамат бепарвоӣ нишон доданд. Онҳо кӯшиши боло бардоштани худ ва ба даст овардани эҳтиромро аз одамоне мекарданд, ки мисли худи онҳо миранда буданд. Акнун ҳама чизеро ки онҳоро бузург мегардонд аз даст доданд ва бенавою беҳимоя монданд. Ба несткунии бутҳое, ки аз Офаридгори худ беҳтар мешумориданд, бо даҳшат назар меандозанд. Қалбҳои худро ба ивази сарватҳои заминӣ ва айшу ишрат фурӯхта, кӯшиши дар Худо сарватманд шуданро накарданд ва дар натиҷа ба шикасти пурра дучор гардиданд. Ҷои қаноатмандии ботинии онҳоро дарду алам гирифт. Тамоми ганҷи онҳо ба хок мубаддал гашт. Moли тамоми умр ҷамъшуда дар як лаҳза нест карда шуд. Сарватмандон барои вайронаҳои қасрҳои боҳашамати худ, барои тиллову нуқраи бо шамол парокандашуда фигон мебардоранд. Аз дарки он ки худи онҳо низ бояд якҷоя бо бутҳояшон ба ҳалокат бирасанд, ногаҳон аз фиғон бардоштан бозмемонанд.MБУБ 699.4

    Бадкирдорон на аз он афсӯс мехӯранд, ки нисбати Худо ва наздикон бепарвоии гунаҳкорона нишон доданд, балки аз он афсӯс мехӯранд, ки Худо ғолиб омад. Онҳо барои оқибатҳои гуноҳҳои худ фиғон мебардоранд, вале аз бадкирдории худ тавба намекунанд. Агар имкон даст медод, тамоми воситаҳоро истифода мебурданд, то ки ғалаба ба даст биёранд.MБУБ 700.1

    Акнун ҷаҳон мебинад, ки нафароне ки онхо таҳқиру тамасхурашон мекарданд ва ҳатто кӯшиши аз рӯи замин нест намуданашонро менамуданд, баъди балоҳо, тӯфонҳо ва заминҷунбиҳо сиҳату саломат монданд. Зоте ки барои вайронкунандагони Шариати Худ оташи несткунанда аст, барои қавми Худ паногоҳҳи бехавф мебошад.MБУБ 700.2

    Акнун ба рӯҳоние, ки ҳақиқатро аз барои хайрхоҳии инсонӣ қурбон карда буд, моҳияти таълимоташ ошкор мегардад. Чашми ҳамабин аз ӯ назорат менамуд, вақте ки ӯ дар минбар меистод, дар кӯча қадам мезад ва бо одамон сӯҳбат мекард. Акнун ҳамаи ин ошкор мегардад. Х,ар як ҳиссиёти ӯ, ҳар як сатри навишта, ҳар як сухани баёншуда, ҳар як рафтори одамо- нро ба васваса андохта, тухмиҳои кошташуда буданд, ва акнун дар одамони ҳақир ва мурдаистодае ки ӯро иҳота намудаанд, ӯ ҳосили пухта расидаро мебинад.MБУБ 700.3

    Худованд мегӯяд: «Ва ҷароҳати духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода, «Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!» мегӯянд, вале осоиштагӣ нест». «Шумо дили марди порсоро ба воситаи дурӯғи худ ғамгин мекунед, ва ҳол он ки Ман намехостам ғамгин намоям, ва дастҳои марди шарирро тақвият медиҳед, то ки вай аз рафтори бади худ тавба накунад ва зинда намонад» (Ирмиё 8:11; Ҳизқиёл 13:22).MБУБ 701.1

    «Вой бар чӯпононе ки гӯсфандони рамаи Маро гумроҳ ва пароканда мекунанд!... Инак, Ман шуморо барои корҳои бадатон ҷазо хоҳам дод»... «Фиғон кашида, бар хокистар ғел занед, эй пешвоёни рама; зеро ки айёми қатли щумо расидааст ва Ман шуморо шикаста пора-пора хоҳам кард... Ва паноҳгоҳ барои чӯпонон ва наҷоте барои пешвоёни рама нахоҳад буд» (Ирмиё 23:1,2; 25:34,35).MБУБ 701.2

    Рӯҳониён ва халқ дарк мекунанд, ки бо Худо муносибатҳои дуруст надоштанд. Онҳо мебинанд, ки ба Муаллифи ҳама қонунҳои одилона ва парҳезгорона муқобил баромаданд. Дур кардани фароизҳои Илоҳӣ роҳи ҳар гуна бадӣ, низоъ, нафрат ва бадкирдориро кушод, то даме ки замин ба майдони бузурги адоват ва вартаи фисқу фасод табдил ёфт. Ва ҳама нафароне ки ҳақиқатро рад карда роҳи дурӯғро интихоб намудаанд инро мебинанд. Забон ба тасвир намудани ғуссае қодир нест, ки ҳамаи бадкирдорон ва бевафоён аз андешаи он ки ҳаёти ҷовидонаро ба таври ҳамеша аз даст додаанд, эҳсос мекунанд. Одамоне, ки дар назди қобилиятҳо ва суханпардозияшон тамоми ҷаҳон сари таъзим фурӯд меовард, акнун ҳама чизро дар намуди аслияш мебинанд. Аз боиси ҷиноятҳои худ аз чӣ маҳрум гардиданашонро дарк мекунанд. Дар назди пойҳои нафароне меафтанд, ки пеш садоқатмандияшонро тамасхуру масхара мекарданд, ва эътироф месозанд, ки Худо онҳоро дӯст доштааст.MБУБ 701.3

    Одамон дарк мекунанд, ки онҳоро фиреб додаанд. Онҳо якдигарро дар марги худ айбдор мекунанд, вале айбдориҳои аз ҳама шумтарин ба дӯши рӯҳониён меафтад. Ин рӯҳониёни бевафо фақат чизҳои хушро пешгӯӣ намуда, ба шунавандагонашон беэътибор шуморидани Шариати Худоро таълим медоданд ва ба нафароне, ки онро аз таҳти дил қадр мекарданд ситам менамуданд. Акнун ин устодон дар назди ҳама бо маъюсӣ иқрор мешаванд, ки одамонро фиреб медоданд. Издиҳоми одамонро ғазаб фаро мегирад. «Мо мемирем, - фарёд мезананд онҳо, - сабаби марги мо шумоед», ва ба рӯҳониёни дуруғгӯй дармеафтанд. Худи ҳамон одамоне, ки аз ҳама бештар аз рӯҳониёни худ ба шавқ меомаданд, бо лаънатҳои мудҳиштарин онҳоро лаънатборон мекунанд. Худи ҳамон дастоне, ки бар сари онҳо тоҷи ифтихор мегузопгганд, акнун бардопгга мешаванд, то ки онҳоро ба марг диҳанд. Ва шамшерҳое, ки барои нест кардани қавми Худо омода шуда буданд, акнун ба муқобили душманон баргардонида мешаванд. Дар ҳама ҷо мубориза ва хунрезӣ ба амал меояд.MБУБ 701.4

    «Ғулғулаи он то ақсои замин мерасад, зеро ки Худованд бо халқҳо даъво дорад: Ӯ ба ҳар башар доварӣ менамояд, шариронро ба дами шамшер месупорад» (Ирмиё 25:31). Муборизаи бузург шаш ҳазор сол давом кард. Исои Масеҳ ва фиристодагони осмон, муқобилати шайтонро шикаст дода, одамонро пешакӣ огоҳ мекарданду маърифатнок мегардонданд ва наҷот медоданд. Акнун ҳар як нафар чизеро барои худ интихоб кард: гунаҳкорон ба таври қатъӣ бо шайтон дар муборизаи ӯ ба муқобили Худо ҳамроҳ шуданд. Замони барқарор намудани нуфузу эътибори поймолгардидаи Шариати Худо фаро расид. Акнун Худо на фақат бо шайтон, балки бо одамон низ ба мубориза медарояд. «Худованд бо халқҳо даъво дорад»; «шариронро ба дами шамшер месупорад».MБУБ 702.1

    «Бар пешонии одамоне ки дар бораи ҳамаи корҳои зиште ки андаруни он карда мешаванд, оҳу фигон мекунанд», аломати ноаёни раҳосозӣ гузошта мешавад. Баъд фариштаи марг берун меояд, ки дар рӯъё ба пайғамбар Ҳизқиёл чун одамони аслиҳаҳои марговар дар даст дошта нишон дода шудаанду ба онҳо амр шудааст: «Пирон, ҷавонон ва духтарон ва кӯдакон ва занонро кушта нобуд кунед, валекин ба ҳар касе ки бар худ аломат дорад наздик нашавед ва аз хонаи муқаддаси Ман оғоз намоед» (Ҳизқиёл 9:4-6). Пеш аз ҳама нафароне нобуд карда мешаванд, ки худро устодони рӯҳонии халқ мешумориданд. Аввалин шуда посбонони бевафо нобуд карда мешаванд, тараҳҳум карда намешавад. Мардон, занон, духтарон ва кӯдакони хурд ҳама якҷоя ба ҳалокат мерасанд.MБУБ 702.2

    «Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад; ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард ва кушташудагони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт» (Ишаъё 26:21). «Ва чунин аст шикасте ки Худованд ба ҳамаи қавмҳое ки ба муқобили Ерусалим ҷангида буданд, мерасонад: гӯшти бадани ҳар яке, дар ҳолате ки вай ҳанӯз ба пойҳои худ истода бошад, хоҳад тосид, ва чашмонаш дар косахонаи он хоҳад пӯсид ва забонаш дар даҳонаш хушк мешавад. Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки даҳшати азиме аз ҷониби Худованд дар миёни онҳо ба вуҷуд хоҳад омад ва дасти якдигарр хоҳанд дошт ва дасти яке бар зидди дигаре дигаре бардошта хоҳад шуд» (Закарё 14:12,13). Сокинони гунаҳкори замин - рӯҳониён, сарварон, сарватмандон, фақирон, бузургон ва хурдҳо, - аз даҳшати аз ҳад зиёди дар вуҷудашон талотумкунанда ва аз фурӯрезии мудҳиши ғазаби Худо, ки бо марҳамат омехта нест, ба ҳалокат мерасанд. «Ва дар он рӯз мақтулони Худованд аз як канори замин то канори дигари замин хоҳанд буд; барои онҳо мотам нахоҳанд кард ва онҳоро ҷамъ нахоҳанд кард ва дафн нахоҳанд намуд» (Ирмиё 25:33).MБУБ 703.1

    Ҳангоми Дуюмбора омадани Исои Масеҳ гунаҳкорон аз рӯи замин нобуд карда мешаванд, бо нафаси даҳони Ӯ кушта ва бо дурахши ҷалоли Ӯ нест карда мешаванд. Исои Масеҳ қавми Худро бо Худ ба шаҳри Худо мегирад ва замин беодам мемонад. «Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад ва сатҳи онро дигаргун месозад ва сокинони онро пароканда менамояд». «Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст». «Зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, ахди ҷовидониро шикастаанд». «Бинобар ин лаънат заминро мехӯрад ва сокинони он ба ҷазо дучор мешаванд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд» (Ишаъё 24:1,3,5,6).MБУБ 703.2

    Тамоми замин мисли биёбони бенигоҳубинмонда менамояд. Дар ҳама ҷо харобаҳои шаҳрҳо ва деҳоти аз заминҷунбӣ вайронгардида; дарахтҳои аз реша кандашуда; сангпораҳое, ки баҳр берун партофтааст ё аз шухҳо кандашуда ба чашм мерасанд, ва дар он ҷойҳое ки кӯҳҳо то таҳкурсӣ дунима шуда буданд, чуқуриҳо ва ғорҳои калон даҳон мекушоянд.MБУБ 704.1

    Ҳодисаҳое ба вукӯъ мепайванданд, ки хизматгузории охирину ботантанаи рӯзи доварӣ ба таври тимсоли ба он ишора мекунад. Баъди он ки хизматгузорӣ дар Қудси қудсҳо ба анҷом мерасид ва гуноҳҳои қавми Исроил бо хуни курбонӣ барои гуноҳ аз қудсгоҳ пок карда мешуданд, он гоҳ ба назди Худованд нарбузи барои азозил ҷудошударо меоварданд ва саркоҳин дар ҳузури тамоми ҷамъомад ба сари он «ҳамаи хатоҳои банӣ-Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро» эътироф мекард «ва онҳоро бар сари нарбуз мегузошт» (ниг. Ибодат 16:21). Ба ҳамин монанд, вақте ки хизмати фидиягузорӣ дар қудсгоҳи осмонӣ ба анҷом мерасад, он гоҳ дар ҳузури Худованд, фариштагони осмонӣ ва анбӯҳи фидиягузоришудагон гунохҳои қавми Худо бар сари иблис гузошта мешаванд; ӯро гунахдорӣ тамоми бадие эълон мекунанд, ки фарзандони Худро барои иҷрои онҳо бармеангехт. Чуноне ки нарбузи барои азозил ҷудошуда ба биёбони бекас фиристода мешуд, шайтон низ ҳамчунин ба замини холӣ. ба биёбони номаскуну тира ронда мешавад.MБУБ 704.2

    Муаллифи Китоби Ваҳй рондашавии шайтон ва ҳолати бесарусомонию харобиеро, ки замин дар он қарор мегирад пешгӯӣ намуда, хабар медиҳад, ки чунин ҳолат ҳазор сол давом мекунад. Баъд аз тасвири Дуюмбораи омадани Исои Масеҳ ва нобудсозии гунаҳкорон дар пешгӯии пайғамбарона чунин гуфта шудааст: «Ва Фариштаи дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд. Ва Ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон аст, дастгир карда ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд, ва онро дар варта андохт ва онро бандубаст кард ва бар он мӯҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки қазор сол анҷом ёбад; баъд аз ин ва бояд ба муддати каме озод шавад» (Вахй 20:1-3).MБУБ 704.3

    Аз дигар ҷойҳои Навиштаҷот ошкор мегардад, ки ифодаи «варта» маънои замини ба зулмот ва бесарусомонӣ фарогирифташударо дорад. Дар бораи ҳолати замин «дар ибтидо» Китоби Муқадцас мегӯяд, ки он «холӣ ва бешакл буд ва торикӣ бар рӯи варта» (Ҳастӣ 1:2). Дар пешгӯии пайғамбарона гуфта шудааст, ки дар ҳар ҳол замин қисман ба ин ҳолат бармегардад. Ба рӯзи бузурги Худо назар андохта, пайғамбар Ирмиё мегӯяд: «Ба замин нигоҳ кардам ва инак, ҳама ҷо вайронй буд, ва сӯи осмон нигаристам ва ҳеҷ нур надошт. Ба кӯҳҳо нигоҳ кардам ва инак, онҳо меларзанд ва ҳамаи теппаҳо ба ҷунбиш омадаанд. Нигоҳ кардам ва инак, кас нест ва ҳамаи мурғони осмон парида рафтаанд. Нигоҳ кардам ва инак, Кармил ба биёбон мубаддал шудааст ва ҳамаи шаҳрҳои он аз ҳузури Худованд, аз оташи ғазаби Ӯ хароб шудааст» (Ирмиё 4:23-26).MБУБ 705.1

    Дар ин ҷо дар мудцати ҳазор сол шайтон ва рӯҳҳои нопок зиндагӣ мекунанд. Ба замин занҷирбанд шуда, ба дигар сайёраҳо ворид шуда наметавонад, то ки сокинони бегуноҳи онҳоро ба васваса андозад ва ба танг оварад. Шайтон ба ин маънӣ занҷирбандшуда мемонад, зеро ҳеҷ касе намемонад, ки вай тавонад бар ӯ қувваи худро нишон диҳад. Вай аз имконияти фиреб додан ва ба ҳалокат расондани одамон, ки дар давоми садсолаҳои дароз ягона шодияш буд, комилан маҳрум мегардад.MБУБ 705.2

    Пайғамбар Ишаъё ба сарнагуншавии шайтон назар андохта, нидо карда буд: «Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна бар замин бархӯрдаӣ! Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ: «Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд». Аммо ту ба дӯзах, ба ақсои асфалусофилин сарнагун хоҳӣ шуд. Онҳое ки туро мебинанд, ба ту назар дӯхта ва дар ҳаққи ту фикру хаёл карда, хоҳанд гуфт: «Ин ҳамон кас аст, ки заминро ба ҷунбиш меовард, мамлакатҳоро ба ларза меандохт, дунёро мисли биёбон гардонид ва шаҳрҳои онро хароб мекард ва асирони худро ба хонаҳошон ҷавоб намедод?»» (Ишаъё 14:12-17).MБУБ 705.3

    Дар давоми шаш ҳазор соли исён шайтон «заминро ба ҷунбиш меовард». Вай «дунёро мисли биёбон гардонид ва шаҳрҳои онро хароб мекард». Ва «асирони худро озод намекард». Дар давоми шаш ҳазор сол фарзандони Худоро дар зиндони худ қабул мекард, ва онҳо ба таври ҳамеша асирони вай мемонданд, вале Масеҳ ин завлонаҳоро шикаст ва ба асирон озодӣ овард.MБУБ 706.1

    Шайтон ҳатто аз болои гунаҳкорон қудрат нахоҳад дошт; вай бо рӯҳҳои нопок танҳо мемонад, то ки оқибатҳои лаънатеро, ки гуноҳ расондааст дар худ эҳсос намояд. «Ҳамаи подшоҳони халқҳо саросар, ҳар яке дар оромгоҳи худ бо ҷалол хобидаанд, валекин ту берун аз қабри худ мисли шохаи зиште партофта шудаӣ... ту бо онҳо дар қабр нахоҳӣ пайваст; зеро ки ту замини худро хароб кардаӣ, қавми худро куштаӣ» (Ишаъё 14:18-20).MБУБ 706.2

    Шайтон дар давоми ҳазор сол дар замини валангоргардида гаштугузор намуда, самари исёни худро ба муқобили Шариати Худо мушоҳдда мекунад. Вай дар ин ҳангом сахт азият мекашад. Аз лаҳзаи гунаҳгоршавӣ вақти аз аъмоли худ андеша кардан надошт, вале акнун ки аз қудрати худ маҳрум аст, вай имкон пайдо мекунад дар хусуси он чизе фикр кунад, ки аз рӯзе ки аввалин маротиба ба муқобили ҳукмронии осмон бархост чӣ амалеро ба ҷо овард ва ояндаи даҳшатангезро бо ларза ва даҳшат мунтазир мешавад, вақте ки барои ҳамаи бадии расондааш бояд азоб кашад ва барои ҳамаи гуноҳҳое ки одамонро ба онҳо тела дода буд, ҷазо бинад.MБУБ 706.3

    Ба асорат афтодани шайтон қавми Худоро сахт хушҳол мегардонад. Пайғамбар мегӯяд: «Ва дар он рӯзе ки Худованд Ty¬po аз андӯҳат ва аз изтиробат ва аз меҳнати сахте ки маҷбуран ба ҷо меовардӣ, бираҳонад, чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ту ин масалро ба подшоҳи Бобил», ки ин ҷо шайтонро тасвир мекунад, «зада бигӯй: чӣ гуна он ситамгар маҳв шуд... Худованд асои шариронро ва чӯбдасти ҳокимонро шикаст, ки бо он ғазаб қавмонро зарбаҳои паёпай мезад ва бар халқҳо бо хашм, бо таъқиботи муттасил ҳукмронӣ мекард» (Ишаъё 14:3-6).MБУБ 706.4

    Дар давоми ҳазор сол, миёни зҳёи якум ва дуюм гунаҳкорон доварӣ карда мешаванд. Ҳавворӣ Павлус ишора мекунад, ки ин доварӣ баъди Дуюмбора омадани Исои Масеҳ оғоз меёбад: «Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард» (1 Қӯринтиён 4:5). Пайғамбар Дониёл мегӯяд, ки вақте ки Атиқулайём омад «доварӣ ба муқадцасони Ҳаққи Таоло супурда шуд» (Дониёл 7:22). Дар ин ҳангом порсоён подшоҳон ва коҳинони Худо мешаванд. Юҳанно дар китоби Ваҳй чунин мегӯяд: «Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд». «Онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд» (Ваҳй 20:4,6). Ва ин он замоне мешавад, ки ҳавворӣ Павлус пешгӯӣ карда буд: «Муқаддасон ҷаҳонро доварӣ хоҳанд кард» (1 Қӯринтиён 6:2). Якҷоя бо Масеҳ онҳо гунаҳкоронро доварӣ намудаву рафторашонро бо Китоби Шариат, Китоби Муқадцас муқоиса карда, кори ҳар як нафарро мутобиқи он чизе ки ҳангоми зинда будан ба ҷо оварда буд, ҳал мекунанд360Мошейм, китоби 33, асри 11, қисми 2, боби 2, фасли 9, шарҳи 17-ум.. Ва ҳукми баровардашударо дар муқобили исми ҳар нафар дар китоби марг менависанд.MБУБ 706.5

    Масеҳ ва қавми Ӯ шайтону фариштагони бадро доварӣ мекунанд. Хдвворӣ Павлус чунин мегӯяд: «Магар намедонед, ки мо фариштагонро доварӣ хоҳем кард?» (ояти 3). Ҳавворй Яҳудо баён медорад: «Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ медорад» (Яҳудо 6).MБУБ 707.1

    Баъди ба охир расидани ҳазор сол эҳёи дуюм рӯй медиҳад. Он замон гунаҳкорон бармехезанд, аз марг эҳё мешаванд ва дар назди Худо ҳозир мегарданд, то ки ҳукми худро бишнаванд. Муаллифи китоби Ваҳй, Юҳанно эҳёи порсоёнро тасвир намуда, мегӯяд: «Ва боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад». Ва пайгамбар Ишаъё дар бораи гунаҳкорон мегӯяд: «Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе ҷамъ оварда хоҳанд шуд ва баъд аз рӯзҳои бисёр ҷазо дода хоҳанд шуд» (Ваҳй 20:5; Ишаъё 24:22).MБУБ 707.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents