Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 1. - МУҲАББАТ ВА ПУРСАБРИИ МАСЕҲ

    «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебаранд! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту пинҳон аст; зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард, ва туро. ва фарзандонатро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақтеро, ки Худованд ба наздат омада буд, надонистй» (Луқо 19: 42-44).MБУБ 7.1

    Дар баландии кӯҳи Зайтун истода Масеҳ ба Ерусалим нигоҳ мекард. Пеши назари Ӯ манзараи зебо ва ором қарор дошт. Иди Фисҳ наздик мешуду фарзандони Яъқуб аз тамоми сарзаминҳо ба ин иди бузурги миллй ҷамъ меомаданд. Дар миёни боғҳо ва токзорҳо, доманаҳои сарсабз, ки бо хаймаҳои зиёраткунандагон фаро гирифта шуда буданд, теппаҳои зинамонанд, қасрҳои бошукӯҳ ва деворҳои пурқуввати пойтахти Исроил комат афрохта буданд. Ба назар чунин менамуд, ки духтари Сион бо такаббур баён мекунад: «Чун малика мешинам... ва гаму андӯҳро намебинам». Вай аз худ ҳамон гуна ба ваҷд меомад ва ба меҳрубонии Осмон боварй дошт, чун он замоне ки чандин солҳо пеш Довуд хитоб карда буд: «Теппаи бисёр зебо, шодии тамоми замин аст кӯҳи Сион... шаҳри Подшоҳи муаззам» (Забур. 47: 3). Аз баландии кӯҳ ба иморатҳои бузурги маъбад намуди дилрабо кушода мешуд! Шӯоъҳои офтоби ғурубкунанда сафедии барфмонанди деворҳои мармарини онро равшан мекарданд ва дар дарвоза, бурҷ ва қанотҳо инъикос меёфтанд. Ин «зебоии комил» фахри яҳудиён буд. Кӣ аз фарзандони Исроил метавонист бе эҳсосоти шодй ва шавқу завқ ба ин манзара нигоҳ кунад?! Аммо Масеҳро тамоман дигар фикрҳо ба изтироб меоварданд. «Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирён шуд» (Луко 19: 41). Дар миёни шодии умумии ҳазорҳо одамоне ки Ӯро бо шохаҳои нахл дар даст пешвоз мегирифтанд ва Ӯро ҳамчун Подшоҳ табрик мекарданд, дар он лаҳзаҳое ки садоҳои ботантанаи «алҳамдудилиллоҳ» дар қӯҳҳо акси садо медоданд, Наҷотдиҳандаи ҷаҳонро ғами ногаҳонӣ ва асрорангезе фаро гирифта буд. У, Масеҳи ваъдашуда, Он ки қудраташ маргро мағлуб ва асиронро аз қабр озод карда буд, гиря мекард; ва ин ашкҳо ашкҳои ғамҳои муқаррарӣ не, балки ашкҳои азоби азиятовару баённашаванда буданд.MБУБ 7.2

    Масеҳ на аз барои Худ гиря мекард, гарчанде нагз медонист, ки Ӯро дар ин ҷо чӣ интизор аст. Дар пеш Ӯро Ҷатсамон интизор буд - дар он ҷо Ӯ бояд азобу шиканҷаи баённашавандаи рӯҳиро аз cap мегузаронд. Ӯ Дарвозаи Гӯсфандро медид, ки дар тӯли садсолаҳои дароз аз он ҳайвонҳои барои қурбонӣ таъйиншударо мегузарониданд ва Ӯ низ бояд ҳамчун Барраи ба қурбонӣ бурда мешудагй аз он мегузашт (ниг. Ишаъё. 53: 7). Начандон дуртар Ҷолҷолто — ҷои мехкӯбшавӣ низ қомат афрохта буд. Ба наздикӣ Масеҳ бояд бо ин роҳе қадам мезад, ки бо торикии даҳшатангез фаро гирифта мешавад, вақте ки ҷони У барои гуноҳ курбон мегардад. Лекин на ин саҳнаҳои вазнин дар қалби У ин қадар дардро пайдо карда буданд. На эҳсосотҳои талхи машаққатҳои ғайриинсонӣ оромии дили поку беғарази Ӯро вайрон карда буданд. Ӯ барои сокинони маҳкумшудаи Ерусалим гиря мекард; барои қалбҳои нобиною бетавбаи онхое ки Ӯ барои наҷот ва баракат доданашон омада буд.MБУБ 8.1

    Аз пеши назари Исо таърихи яҳудиёне гузашт, ки бештар аз ҳазор сол аз афзалиятҳо ва баракатҳои қавми Худо истифода бурданд. Ана кӯҳи Мӯриё, ки писари ваъдашуда, курбонии итоаткор он ҷо хамчун тимсоли қурбонии Масеҳ бо дасту пои баста дар қурбонгоҳ дароз кашида буд. Дар он ҷо ахди марҳамат бо падари ҳамаи имондорон тасдиқ гардид ва ба ӯ ваъдаи пуршараф дар бораи Масеҳ дода шуда буд (ниг. Ҳастй 22 : 9,16-18). Он ҷо алангаи аз курбонгоҳ ба осмон болораванда дар хирмангохи Орнон шамшери фариштаи ҳалоккунандаро боздошт (ниг. 1 Вақоеънома 21), ки бо худ рамзи қурбонии Наҷотдиҳанда ва шафоати Ӯро барои инсонияти гунаҳгор баён мекард. Ерусалим назар ба ҳамаи дигар шаҳрҳои рӯи замин аз ҷониби Худованд болобардор шуда буд. «Худованд Сионро интихоб кард». Ӯ «онро барои нишемангоҳи Худ хостааст» (Забур 131:13). Дар ин ҷо дар муддати чандин садсолаҳо пайғамбарон муждаи огоҳиро ба мардум мерасонданд. Дар ин ҷо қоҳин аз бухур оташ мемонд ва дар якҷоягӣ бо дуди бухур дуо низ ба даргоҳи Худованд боло мерафт. Дар ин ҷо ҳамарӯза хуни хайвонҳои қурбонишударо мерехтанд, ки ба Барраи Худованд ишора мекарданд. Дар ин ҷо Воҷибулвуҷуд дар абри ҷалол дар болои сандуқи ахд зоҳир мешуд. Дар ин ҷо таҳкурсии зинапояи пурасрор, ки заминро бо осмон мепайваст ором гирифта буд (ниг. Ҳастӣ 28:12; Юҳанно 1:51) - зинапояе ки бо он фариштагони Худованд боло мебароянду поён меоянд ва ба ҷаҳон роҳро ҷониби Қудси кудсҳо мекушоянд. Агар кавми Исроил ба Худованд содиқ мемонд, Ерусалим то абад шаҳри интихобшудаи Худованд боқӣ мемонд (ниг. Имриё 17: 21-25). Аммо таърихи ин қавми як замон интихобшуда фақат ҳикояти ғамангезе дар бораи маслакфурӯшй ва исён боқӣ монд. Исроилиён бо файзҳои Осмон муқобилият нишон медоданд, аз афзалиятҳои додашуда суиистифода мекарданд ва ба имкониятҳои худ беэҳтиромй зоҳир менамуданд.MБУБ 8.2

    Гарчанде «онҳо расулони Худоро тамасхур карданд, ва аз суханони У нафрат доштанд, ва пайғамбарони Ӯро хорй доданд» (2 Вақоеънома 36:16), Худованд мисли пеш барои онҳо «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» буд (Хуруч 34:6); ба сангдилии онҳо нигоҳ накарда, марҳамати Ӯ мисли пеш ба онҳо муроҷиат мекард. Бо муҳаббати аз муҳаббати падарона бештар «Худованд Худои падаронашон расулони Худро ҳар субҳидам гаштаю баргашта равон мекард, зеро ки бар қавми Худ ва бар маскани Худ шафқат намуд» (2 Вақоеънома 36: 15). Ва, баъди он ки огоҳиҳо, хоҳишҳо ва насиҳатҳо бенатиҷа монданд, Ӯ ба онҳо пурарзиштарин ҳадияи осмонро фиристод; зиёда аз ин - Ӯ тамоми баракатҳои осмонро дар ин Ҳадия ба онҳо ато кард.MБУБ 9.1

    Барои зорию таваллои шаҳри тавбанакарда Худи Худованд ба замин омад. Маҳз Масеҳ Исроилро ҳамчун навдаи неки ангур аз Миср кучонида буд (Забур 79:9). Дастони У аз пеши назари онҳо бутпарастонро дур ронда буданд. Ва У токзорӣ Худро дар «баландии кӯҳи пурқувват» шинонд, гирдашро бо меҳр девор гирифт. У пайғамбарони Худро барои парваридани он мефиристод. «Чй кореро барои токзори Ман кардан лозим аст, - хитоб мекунад У, - чӣ кореро Ман барои ӯ накардаам?» Гарчанде Худованд «умед дошт, ки ангури хуб меоварад, валекии ангури бад овард» (Ишаъё 5:14), бо вуҷуди ин, аз ҷамъоварии меваи нек ноумед нагашта. Ӯ Худ ба токзор омад, то ки ба қадри имкон онро аз марги абадӣ наҷот диҳад. У гирдашро шудгор мекард, мебурид ва парвариш менамуд. У дар кӯшишҳои Худ баҳри наҷот додани ниҳолзори дӯстдоштааш пурсабр буд.MБУБ 9.2

    Худованди ҷалол ва нур дар муддати се сол дар миёни қавми Худ буд. Ӯ «ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид», ба дилшикастагон шифо мебахшид, покшавиро мавъиза карда ба лангон ва карон ҳаракат ва шунавоиро баргардонид, мурдагонро зинда мекард ва Инҷилро ба камбағалон мавъиза менамуд (ниг. Аъмол 10: 38; Луқо 4:18; Матто 11:5). Садои меҳрубононаи Ӯ ба ҳамаи табақаҳои ҷамъият равон шуда буд: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Матто 11: 28).MБУБ 10.1

    Сарфи назар аз он ки бар ивази некй ба У бо бадӣ ва бар ивази муҳаббат бо нафрат ҷавоб дода буданд (ниг. Забур 108: 5), Ӯ аъмоли шафкат ва омурзишро давом медод. Нафаронеро, ки ба файзи Ӯ мӯҳтоҷ буданд рад намекард. Оворагарди бехонае, ки ягона қисмати ҳамарӯзааш танҳо таҳқир ва мушкилй буд, зиндагӣ мекард, то ки ба мӯҳтоҷон кӯмак расонад, қисмати ҷафокашидагонро сабук гардонад ва онҳоро ба қабул намудани ҳадияи ҳаёт бовар кунонад. Мавҷҳои меҳр, ки ба дилхои сангини одамон бар мехӯрданд, боз ба наздк онҳо бо селоби пурқудрати муҳаббати дилсӯзона ва баённашаванда бармегаштанд. Лекин Исроил Дӯсти беҳтарин ва Мададгори ягонаи худро рад кард. Даъватҳо ва маслиҳатҳои пурмеҳри У бо нафрат рад ва огоҳиҳои Ӯ масхара карда шуданд.MБУБ 10.2

    Вале давраи умеду авф зуд мегузашт; косаи ғазаби Худо, ки муддати дуру дуроз нигоҳ медошт қариб лабрез гашта буд. Абрҳои бадқаҳри мусибат ва ғаму кулфат, ки дар тӯли садсолаҳои маслакфурӯшӣ ва исён ҷамъ шуда буданд, акнун тайёр буданд чун раъду барқ ва лаънатҳо бар сари халқи гунаҳкор фурӯ бирезанд, ва Ӯ, ягона Зоте ки метавонист онҳоро аз ин бадбахтии наздикшаванда наҷот диҳад, инкор ва масхара шуда буд, ва салиби шармовар интизораш буд. Бо мехкӯбшавии Масеҳ дар Ҷолҷолто давраи файзу марҳамат барои қавми Исроил ҳамчун қавми интихобшуда ба охир мерасид. Агар марги танҳо як ҷони зинда - талафоти беинтиҳо, зиёдтар аз ҳама ганҷҳо ва сарватҳои дунё бошад, пас дар ин ҷо пеши назари Исои Масеҳ тамоми Ерусалим паҳн гардида буд, ва Ӯ қисмати ғамангезеро ки ин шаҳр ва ҳамаи ин миллатеро, ки У як замон онро ҳамчун як сарвати бебаҳои Худ интихоб карда буд, медид.MБУБ 11.1

    Пайғамбарон маслакфурӯшӣ ва он бадбахтиҳои даҳшатангезеро, ки гуноҳҳои Исроил ба сараш оварда буданд, гиря мекарданд. Ирмиё мехост, ки чашмони ӯ ба чашмаи ашк табдил ёбанд, то ки ӯ тавонад шабу рӯз барои қавми Худованд ва қатли духтарони халқи худ, ки ба асирӣ бурда шудаанд, гиря кунад (ниг. Имриё 9:1; 13:17). Он ки нигоҳи пешбинонааш на солҳо, балки садсолаҳои пурраро дарбар мегирифт, аз барои чӣ ғам мехӯрд? Ӯ фариштаи ҳалоккунандаро бо шамшер дар болои шаҳре медид, ки то ин муддат маскани Воҷибулвуҷуд буд. Аз нишебии кӯҳи Зайтун, ки баъд аз ҷониби Тит ва лашкари ӯ забт шуда буд, Масеҳ ба он тарафи водӣ ба ҳавлиҳои муқаддас ва пештоқҳои ибодатхона нигоҳ мекард, бо чашмони аз ашк ғуборолудгашта деворҳои шаҳри бо қӯшунҳои душман иҳоташуда ва ҳамаи оқибатҳои ғамангези ин забткориро медид. Ӯ қадамзании ҳарбии қӯшунҳоеро мешунид, ки ба задухӯрд омодагй медиданд. Ба алангаи оташ гирифтор шудани маъбади бузурги муқаддас, касрҳо ва манораҳои ба харобазори дудкунанда табдилёфтаи Ерусалимро медид.MБУБ 11.2

    Ба қаъри асрҳо боз ҳам дуртар ворид гардида, Масеҳ қавми аҳдро медид, ки дар тамоми замин «ба монанди шика- стапораҳои киштии шикасташуда дар соҳили бекаси баҳр» пароканда гардида буд. Ва дар ин қасоси нопурра, ки бояд бар сари фарзандони Исроил биёяд, У танҳо қатраҳои аввалинеро медид, ки аз косаи ғазаб фурӯ мерезанду яҳудиёнро лозим меояд дар рӯзи доварии охирин онро то таги коса бинӯшанд. Дилсӯзии Илоҳиёнаи Ӯ, муҳаббати азияткашида дар суханони ғамангез баён шудаанд: «Эй Ерусалим, Ерусалим, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!» (Матто 23:37). Оҳ, агар ту, қавме ки Ман интихоб кардаам ва аз хамаи дигар халқҳо боло бардоштаам, вақти зиёрат ва он чизе ки барои оромии ту манфиатовар буд медонистй! Ман ҳоло ҳам дасти фариштаи адлро бозмедорам. Ман туро ба тавба кардан даъват мекунам... аммо, афсӯс...беҳуда. Ту на танхо хизматгорон, муждарасонҳо ва пайғамбаронро инкор кардӣ, балки Қудуси Исроилро, Наҷотдиҳандаи худро инкор ва масхара намудӣ. Ва дар маргат худи ту гунаҳкорӣ. «Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед» (Юханно 5:40).MБУБ 11.3

    Масех дар Ерусалим тимсоли ҷаҳонеро медид, ки дар беимонӣ ва нафрати худ сангдил гашта буд ва ба истиқболи доварии ҷазодиҳандаи Худованд зуд шитоб дошт. У бо тамоми вучуди Худ машаққатҳои одами гунахкорро эҳсос мекард. ва аз забони Ӯ фарёди талх баромад. Ӯ оқибатҳои гуноҳ: бадбахтии инсон, ашкҳо ва хунро медид. Қалби У нисбати ҳамаи андӯҳгинон ва бадбахтони рӯи замин саршор аз ғамхорй буд: Ӯ ба ҳамаи онҳо сабукӣ овардан мехост. Лекин ҳатто дасти Ӯ натавонист сели ғамҳои инсониро боз дорад ва ба ақиб баргардонад, зеро ки танҳо шумораи каме ба ягона Сарчашмаи мадад муроҷиат менамуданд. У ҷони Худро барои наҷоти онҳо курбон кард, лекин танҳо шумораи каме ба назди Ӯ омаданд, то ки ҳаёти ҷовидона дошта бошанд.MБУБ 12.1

    Ҷалоли Осмон ашк мерехт!!! Исои Масеҳи дар зери бори азиятовари андӯҳ қоматхамида ва рӯҳаш ба изтироб омада! Ин саҳна тамоми осмонро ба ҳайрат овард. Он ба мо ниҳоят палид будани гуноҳро ошкор месозад ва нишон медиҳад, ки ҳатто барои Қудрати Беинтиҳо аз оқибатҳои вайронкунии Шариати Худо наҷот додани гунаҳкорон то кадом андоза мушкил буд. Бо пешбинии пайғамбарона ба насли охирин назар андохта, Исои Масеҳ ҷаҳонро дар ҳамон ҳолати фирефтае медид, ки дар замони худ сабаби марги Ерусалим гардида буд. Бузургтарин гуноҳи яҳудиён - инкор кардани Масеҳ буд; ва бузургтарин гуноҳи ҳама ҷаҳони масеҳй инкор кардани Шариати Худо чун асоси ҳукмронии Ӯ дар осмон ва дар замин аст. Ба қонунҳои Воҷибулвуҷуд бо нафрат муносибат мекунанд ва онҳо инкор карда мешаванд. Миллионҳо одамони бо занҷирҳои гуноҳ басташуда, асирони шайтон, одамони ба марги дуюм маҳкумшуда, аз қабул кардани ҳақиқат дар рӯзи «тафаққуд» (аёдат) даст мекашанд. Чӣ гуна гумроҳии даҳшатовар! Чӣ гуна нобиноии тааҷҷубовар!MБУБ 12.2

    Ду рӯз пеш аз иди Фисҳ Масеҳ маротибаи охирин маъбадро зиёрат намуд ва дар он ҷо дурӯягии пешвоёни яҳудиро ошкор сохт. Аз маъбад берун баромада бо ҳамроҳии шогирдони Худ ба кӯҳи Зайтун рафт ва дар нишебии сабзапӯш нишаста шаҳрро бо диққат аз назар мегузаронд. Ӯ боз ба деворҳо, бурҷҳо ва қасрҳои он нигоҳ карда, дуюмбора маъбадро дар бошукӯҳии чашмхиракунандааш дид, ки кӯҳи муқаддасро чун тоҷи заррин ороиш медод.MБУБ 13.1

    Ҳазор сол пеш Довуд Худоро барои он ситоиш карда буд, ки Ӯ ин маъбадро маскани Худ интихоб намуда буд. «Ва дар Салим хаймаи Ӯст ва дар Сион маскани Ӯ». Ӯ «қабилаи Яҳудоро интихоб намуд, яъне кӯҳи Сионро, ки дӯст медошт. Ва қудсгоҳи Худро мисли афрозҳо бино кард» (Забур 75:3; 77:68,69). Маъбади якум дар давраи равнақи давлати Исроил бино шуда буд. Бо ин мақсад шоҳ Довуд сарвати зиёде ҷамъ овард ва дар зери роҳбарии Рӯҳи Худованд ҳама чизро барои бино кардани он омода сохт (ниг. 1 Вақоеънома 28: 12,19). Сулаймон, хирадмандтарин шоҳи Исроил ин корро анҷом дод. Ин маъбад яке аз бошукӯҳтарин иморатҳои рӯи замин буд. Аммо Худованд ба воситаи пайғамбар Ҳаҷҷай нисбати маъбади дуюм гуфта буд: «Шӯҳрати ин маъбади охирин назар ба аввалинаш бузургтар хоҳад буд». «Ва ҳамаи халқҳоро оа ларза хоҳам овард, ва Матлуби хамаи ҳалқҳо хоҳад омад, ва Ман ин хонаро аз ҷалол пур хоҳам кард, мегӯяд Худованди лашкарҳо» (Ҳаҷҷай 2: 9,7).MБУБ 13.2

    Баъди аз тарафи шоҳ Набукаднесар вайрон шудани ин маъбад, он маротибаи дуюм 500 сол пеш аз таваллуди Масеҳ аз ҷониби қавме бино шуд, ки баъди асирии ҳафтодсола ба сарзамини тамоман харобазору валангори худ баргашт. Дар он ҷо пирамардони солхӯрдае буданд, ки ҷалоли маъбади Сулаймонро дида буданд ва ҳангоми гузоштани хишти аввалини бинои нав гиряи талх мекарданд, зеро ин бино аз бинои пешина камии зиёд дошт. Пайғамбар бо як равшании махсусе ҳолати рӯҳии онҳоро тасвир мекунад: «Кист, ки дар миёни шумо ооқй мондааст, ва ин хонаро дар ҷалоли аввалаи он дидааст? Ва он алҳол дар назари шумо чи гуна аст? Оё он дар назари шумо ночиз нест?» (Ҳаҷҷай 2:3; инчунин ниг. Эзро 3:12). Ваъдаи он ки ҷалоли ин маъбад бар ҷалоли маъбади пешина бартарй пайдо мекунад, ҳамон вақт садо дода буд.MБУБ 14.1

    Аммо маъбади дуюм дар шукӯҳ наметавонист бо маъбади якум баробар шавад ва бо он нишонаҳои чашмраси ҳузури Худованд, ки маъбади якум бо онҳо фарк мекард, сазовор нагашта буд. Муқаддасгардонии маъбади дуюм бо зоҳиршавии қувваи фавқуттабиае ки дар маъбади якум рӯй дода буд, ба қайд гирифта нашуд. Абри ҷалол поён наомад, то ки қудсгоҳи навро пур кунад. Ва оташ аз осмон қурбониро дар қурбонгоҳ насӯзонд. Дигар абри ҷалоли Худованд (шехина) дар миёни каррубиён дар Қудси қудсҳо ором намегирифт: дар он ҷо на сандуқ, на тахти файз, на лавҳаҳои ахд набуданд. Дигар аз осмон ба дуоҳои коҳин, ки иродаи Воҷибулвуҷудро мепурсид.ҷавобе дода намешуд.MБУБ 14.2

    Дар тӯли асрхо яҳудиён кӯшиш мекарданд исбот намоянд, ки ваъдаи ба пайғамбар Хдҷҷай додаи Худованд иҷро шудааст, лекин ҳамааш беҳуда буд: такаббур ва беимонӣ ақлҳои онҳоро тира гардонида буданд ва маънии аслии суханони пайғамбарона барои онҳо муаммо монданд. Маъбади дуюм на бо абри ҷалоли Воҷибулвуҷуд муқаддас гардонида шуда буд, балки бо иштироки бевоситаи Он ки тамоми камолоти Илоҳият дар Ӯ сокин буд, Он ки Худованд дар ҷисм буд. «Матлуби ҳамаи халкҳо» дар ҳақиқат ба маъбади Худ омад ва чун Мард аз Носира дар ҳавлиҳои он сабақ медод ва шифо мебахшид. Ба шарофати ҳузури бевоситаи Масеҳ, ва танҳо бо ин, маъбади дуюм бо ҷалоли худ аз маъбади якум бартарӣ пайдо кард. Аммо Исроил ҳадияи пешниҳод намудаи Осмонро рад кард. Он рӯз якҷоя бо Устоди хоксор, ки аз дарвозаҳои тиллогини маъбад берун баромад, ҷалоли Ӯ низ онро ба таври абадй тарк кард. Дар ин ҳол суханони Наҷотдиҳанда иҷро шуданд: «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад» (Матто 23:38).MБУБ 14.3

    Вақте ки шогирдон пешгӯиҳои Масеҳро дар бораи вайроншавии маъбад шуниданд, онҳоро ҳайрат ва ларзаи муқаддас фаро гирифт. Онҳо мехостанд ба маънии суханони Ӯ амиқтар сарфаҳм раванд. Сарват, заҳмат ва санъати меъморон дар муддати зиёда аз 40 сол ин маъбадро беш аз пеш бошукӯҳтар мегардонданд. Ҳдpодуси Бузург бо дастони олиҳимматона барои маъбад аз хазинаи Рум ва Яҳудия маблағ ҷудо менамуд ва ҳатто императори Рум бо ҳадияҳои худ онро бой мегардонд. Аз Рум барои маъбад тахтасангҳои бузурги мармари сафед оварда шуданд, ки чанде аз онҳо дар ҳаҷм бениҳоят калон буданд ва шогирдон диққати Наҷотдиҳандаро ба онҳо равона намуда, чунин гуфтанд: «Эй Устод! Бингар, чӣ навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!» (Марқӯс 13:1).MБУБ 15.1

    Исои Масеҳ ба ин суханон ҷавоби таъсирбахше дод, ки ҳамаро ба изтироб овард: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд» (Матто 24: 2).MБУБ 15.2

    Шогирдон дар оянда омадани Масеҳро бо вайроншавии Ерусалим алоқаманд мекарданд, ки аз рӯи тасаввуроташон бояд Ӯ дар тахти империяи умумиҷаҳонӣ менишасту яҳудиёни тавбанакардаро ҷазо медод ва халқро аз зери зулми румиҳо озод мекард. Масеҳ онҳоро ҳануз барвақттар огоҳ карда буд, ки Ӯ маротибаи дуюм ба замин меояд. Бинобар ин ҳангоми зикри довариҳо бар Ерусалим, онҳо пеш аз ҳама дар бораи омадани Ӯ фикр карданд ва дар кӯҳи Зайтун дар гирди У нишаста савол карданд: «Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Матто 24:3).MБУБ 15.3

    Дасти пурмеҳри Худованд ояндаро аз онҳо панаҳ кард. Шогирдон ба даҳшат меафтоданд, агар он замон ин ҳодисаҳои изтиробовар — азоб ва марги Фидиягузор. вайроншавии шаҳр ва маъбадро пурра дарк мекарданд. Масеҳ ба онҳо як қатор аломатҳоеро нишон дод, ки дар замони охир ба амал меоянд. Он замон суханони У ба таври пурра фаҳмо набуданд; маънии онҳо бояд ба қавми Ӯ, ки ба ин насиҳатҳо эҳтиёҷ дошт, оҳистаоҳиста ошкор мешуданд. Пешгӯии Масеҳ дар худ ду маънӣ дошт: ба вайроншавии Ерусалим нишон дода, он дар айни замон даҳшатҳои рӯзи охирину бузургро пешгӯи мекард.MБУБ 16.1

    Исо ба шогирдон дар бораи ҷазоҳое сухан гуфт, ки бояд ба сари Исроили муртад биёянд, ва диққати онҳоро махсусан ба он қасосе равона сохт, ки аз яҳудиён барои рад ва маслуб кардани Масеҳ ситонда мешавад. Аломатҳои баҳснопазир бояд пешопеши ин анҷоми даҳшатовар меомаданд. Соати даҳшатангез бояд зуд ва бехабар фаро мерасид. Ва Наҷотдиҳанда пайравонро огоҳ карда буд: «Пас, чун қабеҳии харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед, - ҳар ки хонад, дарк кунад, - он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд» (Матто 24: 15,16; ниг Луқо 21:20,21). Вақте ки байрақҳои бутпарастони Рум дар замини мукддцас, ки дар масофаи садҳо метр дар паси деворҳои шаҳр доман паҳн кардааст, баланд мешаванд, пайравони Масеҳ бояд бо гурехтан наҷот ёбанд. Бо пайдошавии аломатҳои огоҳкунанда наҷотёбии худро мавқуф гузоштан лозим нест. Ба ин аломат бояд ҳама сокинони Яҳудо ва худи Ерусалим низ итоат кунанд. Нафаре шояд дар ин маврид дар болои бом бошад, ва у набояд барои гирифтани ашёҳои қиматбаҳо ба хона дарояд. Онҳое ки дар сахро ё дар токзор кор мекунанд, набояд барои гирифтани либоси болоии худ, ки ҳангоми дар зери офтоби сӯзон кор кардан аз худ кашида буданд, бираванд. Агар онҳо хоҳанд, ки аз ин қисмати умумй раҳо ёбанд, набояд ягон лаҳзаро аз даст диҳанд.MБУБ 16.2

    Дар замони подшоҳии Ҳиродус Ерусалим на танҳо бо зебоии худ, балки бо пурқувватии бурҷҳо, деворҳо ва қасрҳо, ки бо шарофати онҳо умуман дастнорас буд, шӯҳрат дошт. Ва ҳар касе ки дар он замон ҷуръати пешгӯи кардани вайроншавии онро мекард, чун Нӯҳ воҳимачии беақл шуморида мешуд. Вале Масеҳ гуфта буд: «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест» (Матто 24: 35). Ерусалим бояд косаи ғазаби Худовандро барои гуноҳҳои худ менӯшид; беимонии исроркоронаи сокинони ин шаҳр қисмати онро қаблан муайян кард.MБУБ 17.1

    Худованд ба воситаи пайғамбар Мико гуфта буд: «Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб ва эй доварони хонадони Исроил, ки аз инсоф нафрат доред ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед, Сионро бо хун ва Ерусалимро бо ноинсофӣ бино мекунед! Сарваронаш ба ивази ришва доварӣ менамоянд, ва қоҳинонаш ба ивази музд таълим медиҳанд, ва пайғамбаронаш ба ивази нукра фол мебинанд, ва ба Худованд таваккал намуда, мегӯянд: «Худованд, охир, дар миёни мост, - мусибате бар мо нахоҳад омад!» (Мико 3:9-11).MБУБ 17.2

    Ин суханон ба таври одилона фосиқӣ ва порсоии зоҳирии сокинони Ерусалимро нишон медиҳанд. Дар бораи риояи ҷиддии Шариати Худованд худситоёна ҳарф зада, дар баробари ин ҳамаи принсипҳои онро вайрон мекарданд. Масеҳро барои он бад медиданд, ки покӣ ва муқаддасии У гунаҳкорияшонро ошкор месохт ва Уро гунаҳгори ҳамаи он бадбахтиҳое меҳисобиданд, ки барои гуноҳояшон ба онҳо гирифтор тттудя буданд. Хуб медонистанд, ки Ӯ ягон кори номуносибе накардааст, бо вуҷуди ин бо исрор баён мекарданд, ки марги У барои таъмини бехатарии миллӣ зарур аст. «Агар Ӯро чунин вогузорем, — мегуфтанд сарварони яҳудӣ, - ҳама ба Ӯ имон хоҳанд овард ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт» (Юҳанно 11: 48). Агар Масеҳ кушта шавад, он гоҳ яҳудиён метавонанд аз нав кавми пурқувват ва муттаҳид гарданд. Чунин андеша ронда ба фикри саркоҳин якдилона розй шуданд, ки беҳтар аст то як нафар бимирад, назар ба он ки тамоми миллат ба марг дода шавад.MБУБ 17.3

    Ба ҳамин тариқ, сарварони қавми Яҳуд «Сионро бо хун ва Ерусалимро бо ноинсофӣ» бино карданд. Худфиребии онҳо ончунон бузург буд, ки ҳатто Наҷотдиҳандаи худро барои ошкор кардани гуноҳҳояшон ба марг дода, худро қавми баргузидаи Худованд мешумориданд ва умед доштанд, ки Худованд онҳоро аз душманон раҳо месозад. «Бинобар ин, - давом медиҳад пайғамбар, - аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд ва Ерусалим ба харобазор ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид» (Мико 3.12).MБУБ 18.1

    Аз он замоне ки Масеҳ қисмати Ерусалимро пешгӯи карда буд, тахминан чил сол гузашт, вале Худованд ба ҷо овардани ҷазоҳои Худро нисбати ин шаҳр ва ин қавм ба таъхир мегузошт. Чӣ гуна таъсирбахш буд пурсабрии Худованд нисбати нафароне ки Инҷили Ӯро рад карданд ва Исои Масеҳро ба қатл расонданд. Масал дар бораи анҷири бесамар рамзи муносибати Худованд ва қавми яҳудист. Фармон дода шуда буд: «Онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд мекунад?» (Луқо 13: 7), лекин Худованд бо марҳамати Худ боз муддате ба шаҳр раҳp кард. Боз бисёр яхудиёне боқӣ монда буданд, ки дар бораи Масеҳ ва вазифаи Ӯ чизе намедонистанд. Ҳоло ба кӯдакони бавоярасидаистода нуре ки онро волидайнашон рад карданд, нозил нашуда буд. Худованд мехост нури Худро ба ин кӯдакон ба воситаи шогирдони Худ ва пайравони онҳо бирасонад, то ки ин кӯдакон иҷрои пешгӯиҳои пайғамбаронаро на танҳо дар таваллуд ва зиндагии Масеҳ, балки дар марг ва эҳёшавии У низ оубинанд. Кӯдакон барои гуноҳи волидайн ҷазо дода нашуданд, вале нисбати нуре, ки волидайни онҳо ва ба худи онҳо дода шуда буд, беэҳтиромӣ намуда, онҳо шарикони ҷиноятҳои волидайни худ гаштанд ва косаи гуноҳҳои худро лабрез карданд.MБУБ 18.2

    Пурсабрии Худованд нисбати қавми Исроил яҳудиёнро дар муқобилияти гарданшахонаашон бар зидди муждаи тавба ва омурзиши гуноҳҳо боз ҳам устувортар гардонд. Бо муносибати душманона ва бераҳмона нисбати шогирдони Исои Масеҳ, онҳо охирин даъвати файзро рад карданд. Он гоҳ Худованд онҳоро аз ҳимояи Худ маҳрум сохт; Ӯ нигоҳ доштани шайтон ва фариштагонашро бас кард ва тамоми миллат дар зери ҳукумронии он пешвое монданд. ки барои худ интихоб карданд. Фарзандони Ерусалим файзи Масеҳро, ки қобилият дорад хислатҳо ва хоҳишҳои бадро итоаткор созад, рад карданд ва акнун бадӣ пурра бар онҳо ҳукмфармо буд. Шайтон дар дили одам даҳшатноктарин ва пасттарин майлу рағбатро бармеангехт. Одамон дигар аз рӯи акди солим амал намекарданд - онҳоро ҷӯшу хурӯши оташинӣ ва бадхашмии бе мулоҳиза идора мекарданд. Онҳо дар бераҳмии худ ба шайтон монанд шуданд. Дар оила ва дар ҷамъият, дар миёни донишмандон ва одамони оддӣ, гумонбарй, нафрат, бадбинӣ ва ғазаб ҳукмфармо буданд, кушторҳо содир мешуданд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё дар ҳеҷ ҷо худро дар бехатарӣ ҳис кардан мумкин нест. Дӯстон ва хешовандон ба якдигар хиёнат мекарданд. Волидайн фарзандонро мекуштанду фарзандон волидайнро. Пешвоёни халқ аз мансаб суиистифода мекарданд. Майлу рағбатҳои худсарона онҳоро ба золимон табдил дода буданд. Яҳудиён дар гузашта шаҳодати дурӯғро қабул намуданд ва Масеҳро ба марг маҳкум карданд. Акнун айбдоркуниҳои бардурӯғ худи онҳоро аз осоиш маҳрум сохтанд. Бо аъмоли худ онҳо дер боз танҳо як чизро такрор мекарданд: «Қуддуси Исроилро аз пеши мо дур кунед!» (Ишаъё 30: 11). Акнун хоҳиши онҳо иҷро шуда буд. Тарси Худованд дигар онҳоро ба изтироб намеовард. Тамоми халқ ба шайтон итоат кард; ҳокимияти сиёсӣ ва динй дар зери назорати ӯ қарор дошт.MБУБ 18.3

    Ҳар сари чанд вақт пешвоёни ҳизбҳои бо ҳам зид барои ғорат кардан ва азоб додани қурбониҳои бадбахти худ муттаҳид мешуданд ва баъд боз задухӯрдҳои байнихудии хунрезонаро давом медоданд. Хатто муқадцасии маъбад низ бераҳмии сангдилонаи онҳоро боз дошта наметавонист. Дуогӯяндагонро дар назди қурбонгоҳ ба қатл мерасонданд ва қудсгоҳ аз ҷасади мурдагон палид мегашт. Бо вуҷуди ин ташаббускорони ин бадкирдориҳои иблисона дар нобиноӣ ва худнамоиҳои куфрона ошкоро изҳор медоштанд, ки аз ҳеҷ вайроншавии Ерусалим наметарсанд. зеро ки ин шаҳр ба Худо тааллуқ дорад. Ва барои тасдиқи суханони худ пайғамбарони калбакиро даъват мекарданд, ки ҳатто дар лаҳзаи аз тарафи румиҳо муҳосира шудани маъбад ба одамон умеди наҷотро аз Худованд талқин мекарданд. To лаҳзаи охирин бисёриҳо бовар доштанд, ки Худованд ба ҳифзи шаҳри Худ бармехезад ва қушунҳои душманро шикаст медиҳад. Вале Исроил пуштибонии Илоҳиро рад кард ва бе ҳимоя монд. Оҳ, Ерусалими бадбахти аз ҷангҳои дохилӣ порашаванда! Фарзандонат хуни якдигарро дар кӯчаҳои ту мерезанд, кушунҳои бегона касрҳои туро вайрон мекунанд ва ҷангиёни туро ба қатл мерасонанд!MБУБ 19.1

    Ҳамаи пешгӯиҳои Масеҳ нисбати вайроншавии Ерусалим айнан иҷро шуданд. Яҳудиён дар тачрибаи талхи худ ҳақиқати суханони огоҳкунандаи Уро дарк карданд. «Ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд» (Матто 7:2).MБУБ 20.1

    Мӯъҷиза ва аломатҳое ба амал меомаданд, ки аз бадоахтӣ ва марг хабар медоданд. Шабонгоҳ дар болои маъбад ва қурбонгоҳ нури фавқулттабиае медурахшид. Ҳангоми ғуруби офтоб дар болои абрҳо аробаҳои ҳарбӣ ва аскарони силоҳбадасти омодаи ҷанг намоён буданд. Рӯҳониёнеро, ки иоодати шабонаро дар маъбад ба ҷо меоварданд, садоҳои асрорангез метарсонданд; замин меҷунбид, ва бисёр садоҳои гирякунанда фарёд мезаданд: «Аз ин ҷо меравем, меравем...» Дарвозаҳои бузурги шарқӣ, ки ончунон вазнин буданд, ки онҳоро бист нафар бо мушкилӣ мекушоданду фардарихои оҳанинаш дар чукуриҳои девори сангин маҳкам мешуданд, дар нимашаб худ аз худ кушода мешуд1Милмэн, Таърихи яҳудиён, китоби 13-ум..MБУБ 20.2

    Дар давоми ҳафт сол як марди пешбин дар тамоми кӯчаҳои Ерусалим қадам зада бо овози баланд дар бораи бадбахтиҳое хабар медод, ки ин шаҳрро интизор буданд. Рузу шаб ӯ такрори суханони ғамангезро қатъ намекард: «Садо аз ҷониби Шарқ! Садо аз ҷониби Ғарб! Садо аз чор шамол! Садо ба муқобили Ерусалим ва маъбад! Садо ба муқобили арӯс ва домод! Садо ба муқобили тамоми халқ!» 2Ҳамон ҷо.. Ин марди мусофирро дар зиндон маҳкам карданд ва сахт шиканҷа доданд, вале аз забони ӯ ягон ҳарфи шикоят садо надод. Ба ҳама таҳқирҳо ва масхараҳо ӯ танҳо бо суханони: «Вой, вой бар Ерусалим! Вой, вой бар ҳоли сокинони он!» ҷавоб медод. Ва садои огоҳкунанда танҳо он вақте хомӯш гашт, ки ин марди пешбинро бераҳмона ба қатл расонданд.MБУБ 20.3

    Ҳангоми вайроншавии Ерусалим ягон масеҳӣ ба ҳалокат нарасид. Масеҳ шогирдони Худро огоҳ карда буд ва хамаи нафароне ки ба суханони У бовар карданд пайдо шудани аломати ваъдашударо назорат менамуданд. «Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, - гуфт Масеҳ, - бидонед, ки харобии он наздик шудааст; Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯхистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд» (Луқо 21:20,21). Вақте ки румиҳо дар зери фармондиҳии Сестий шаҳрро иҳота карданд, сарфи назар аз он ки ҳама чиз аз ҳуҷуми фаврӣ шаҳодат медод, ногаҳон аз муҳосира даст кашида шуд. Сокинони шаҳри иҳоташуда, ки ҳамаи бовариро барои наҷот ёфтан аз даст дода буданд, аллакай тайёр буданд таслим шаванд, лекин фармондеҳи румӣ бе ягон сабаби аён ба қӯшунҳо фармони аз пойтахти яҳудиён дур шуданро дод. Пешбинии пурмеҳри Худованд ҳамаи ҳодисаҳоро ба манфиати қавми Худ идора мекард. Ба масеҳиён аломати ваъдашуда дода шуда буд ва акнун ҳар нафари ба суханони Масеҳ итоаткор, имконияти наҷот ёфтанро дошт. Ҳодисаҳо чунин сурат гирифтанд, ки на яҳудиён ва на румиҳо ба гурехтани масеҳиён монеъ нашуданд. Дар он вақте ки яҳудиёни дар шаҳр монда қӯшунҳои акибнишиникунандаи Сестийро таъқиб мекарданд ва харду қӯшунҳо машғули задухӯрд буданд, масехиён имконияти аз шаҳр берун баромаданро пайдо карданд. Ҳангоми муҳосира яҳудиён дар Ерусалим дар иди хаймаҳо ҷамъ омада буданд, бинобар ин дар тамоми мамлакат касе набуд, ки ба гурехтани масеҳиён монеъ шавад. Ягон лаҳзаро аз даст надода, онҳо ба ҷои бехатар - ба шаҳри Пелла фирор карданд, ки дар Перея дар он соҳили Ӯрдун ҷойгир буд.MБУБ 21.1

    Қӯшунхои яҳудӣ лашкари Сестийро таъкиб намуда, ба ақибгоҳи душман бо чунин ғазабе зарба заданд, ки ба румиҳо торуморшавии пурра тахдид мекард. Ба онҳо бо мушкилихои зиёд аз нав ҷамъ овардани кӯшунҳо муяссар гардид. Қариб бе ягон талафоти чашмрас бо тантана, бо ғаниматҳои зиёд яхудиён ба Ерусалим баргаштанд. Аммо ин ғалабаи зоҳирӣ бо онҳо шухии баде кард. Ин ғалаба дар қалби онҳо рӯҳи муқобилияти якравонаро бар зидди румихо боз ҳам бештар устувор гардонд ва ин дар ояндаи наздик ба шаҳри муҳосирашуда мусибату фалокати ақлнорасро овард.MБУБ 22.1

    Вақте ки Тит пойтахтро аз нав мухосира кард, чи гуна бадбахтиҳои дахшатоваре бо Ерусалим рӯй доданд! Вақти иди Фисҳ буд ва дар Ерусалим зиёда аз як миллион яхудиён ҷамъ омада буданд. Захираҳои хӯроквории дар шаҳр буда, дар мавриди оқилона таксим шудан ба муддати дуру дароз мерасиданд, лекин ин захираҳо бо сабаби бадгумонӣ нисбати якдигар ва қасосгирии ҳизбҳои зиддиятдошта несту нобуд карда шуданд, ва акнун гуруснагии харобиоваре ба миён омад. Як чен гандум бо як талант савдо мешуд. Азобҳои гуруснагӣ чунон дахшатангез буданд, ки одамон тасмаҳо, пойафзол ва дигар ашёҳои чарминро мехоиданд. Дар торикии шаб оаъзеҳо аз дарвозахои шахр барои ҷамъоварии ягон намуд растанихои худрӯй берун мебаромаданд ва бисёре аз онхо дастгир шуда ба таври ваҳшиёна кушта мешуданд ва онҳое ки бомуваффақият бармегаштанд ба ҳамлаи хамватанони худ дучор мешуданд, ки он чизеро ки онхо бо хатари зиёде ба ҷони худ ба даст оварда буданд, кашида мегирифтанд. Ҳукуматдорон ба таври ғайриинсонй рафтор намуда аз гуруснагон охирин пораҳои нонро кашида мегирифтанд. Ва аксар вақт ин бераҳмиҳо на аз ҷониби нафароне содир мешуданд, ки хӯрок надошт, балки аз ҷониби онҳое ки захираҳои хӯроквории худро зиёд кардан мехостанд.MБУБ 22.2

    Ҳазорхо одамон аз гуруснагй ва беморӣ вафот карданд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё ҳиссиёти табиии дилбастагй ва муҳаббат низ мурдааст. Шавҳарон аз занҳои худ медуздиданду занҳо - аз шавҳарони худ. Фарзандон гизоро аз даҳони волидайни солхӯрдаи худ кашида мегирифтанд. Саволи пайғамбар: «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд?» (ниг. Ишаъё 49:15) ҷавобашро дар паси деворҳои шаҳри муҳосирашуда пайдо кард: «Дастҳои занони раҳмдил бачаҳои худро пухтаанд, то ки дар вақти шикасти духтари қавми ман барояшон хӯрок шавад» (Навҳаҳои Ирмиё 4:10). Пешгӯии огоҳкунандаи пайгамбарона, ки чордаҳ садсола пеш дода шуда буд, бори дигар иҷро шуд: «Зани нозпарваре ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, ва бо сабаби айшу ишрат ва нозпарвардагӣ ҷуръат надошт кафи пояшро ба замин монад, чашмаш бо шавҳари ҳамоғӯшаш ва писараш ва духтараш бад хоҳад шуд...ва ба писароне ки мезояд; зеро ки вай онҳоро, ба сабаби камии ҳар чиз, дар муҳосира ва тангие ки душманат дар шаҳрҳои ту бар ту овард, ба таври пинҳонӣ хоҳад хӯрд» (Такрори Шариат 28: 56,57).MБУБ 22.3

    Сарварони румӣ кӯшиш мекарданд яҳудиёнро тарсонанд ва бо ҳамин роҳ онҳоро ба таслим шудан маҷбур созанд. Асиронеро, ки ҳангоми дасггир кардан муқобилият нишон мекарданд, азоб медоданд, қамчинкорӣ менамуданд ва баъд дар назди девори шаҳр мехкӯб мекарданд. Ҳар рӯз садҳо одамон бо ин роҳ кушта мешуданд ва ин кори даҳшатовар то замоне давом кард, ки водии Еҳӯшофот ва Ҷолҷолто бо чунин шумораи зиёди салибҳое пӯшонида шуд, ки аз миёни онҳо гузаштан номумкин буд. Бо чунин даҳшат лаънати даҳшатоваре иҷро шуд, ки яҳудиён дар назди маҳкамаи Пилотус ба сари худ оварда буданд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад» (Матто 27: 25).MБУБ 23.1

    Тит тайёр буд ба ин хунрезии даҳшатангез хотима бахшад ва ба вайроншавии пурраи Ерусалим роҳ надиҳад. Вақте ки ӯ шумораи зиёди мурдаҳоро дар даштҳо ва тепаҳо дид, ба даҳшат омад. Ӯ аз болои кӯҳи Зайтун чун мафтуншуда ба маъбади зебо нигоҳ мекард ва фармон дод, ки ба ягон санги он даст нарасонанд. Пеш аз ҳуҷуми ҳалкунанда ӯ бо хитоби самимона ба сарварони яҳудӣ муроҷиат намуд, ки ӯро ба палидсозии маъбад бо хуни мурдагон маҷбур насозанд. У ба онхо таклифи аз шаҳр берун баромадан ва дар дигар ҷой задӯхурд барпо карданро пешниҳод намуда, ваъда дод, ки ягон ҷанговарӣ румӣ муқаддасии маъбадро вайрон намекунад.MБУБ 23.2

    Иосиф Флавий бо суханони таъсирбахш аз онҳо хохиш кард, ки таслим шаванд, то ки ҳаёти худ, шаҳри худ ва макони ибодати худро наҷот диҳанд. Вале дар ҷавоби даъватҳои ӯ лаънатҳои талх баланд садо доданд. Тирҳо мисли жола ба сари ҳимоятгари охирини онҳо фурӯ рехтанд. Яҳудиён пештар ҳама илтиҷоҳои Масеҳро рад карданд ва акнун ҳар як насиҳат ва дархост ҷасорати то охир муқобилият намуданро дар вуҷуди онҳо боз ҳам устувортар мегардонд. Ҳама кӯшишҳои Тит бахри наҷот додани маъбад беҳуда буданд. Он ки аз сарлашкари румӣ бузургтар буд, гуфта буд, ки он ҷо санге бар санге намемонад.MБУБ 24.1

    Гарданшахии кӯр-кӯронаи пешвоёни яҳудӣ ва ҷиноятҳои нафратангезе, ки дар паси деворҳои шахри мухосирашуда иҷро мешуданд, даҳшату ғазаби румиҳоро меоварданд, ва дар охир Тит қарор дод, ки маъбадро бо ҳуҷум ба даст оварад ва албатта ҳама кори имконпазирро иҷро намояд, то ки онро аз вайроншави наҷот диҳад. Вале ба фармонҳои ӯ хеҷ кас диққат намедод. Шабонгоҳ, вақте ки ӯ ба хаймаи худ баргашт. яхудиён аз маъбад берун баромада ба ҷанговарони румӣ ҳамла оварданд. Дар ҷанги тан ба тан яке аз ҷанговарон чӯбдасти сӯхтаистодаро ба воситаи тирезаи пештоқ ба дохили маъоад партофт, ва дар як мижа задан хучраҳои бо тахтаи ҷалғӯза рӯйпӯшшуда, ки дар гирдогирди макони муқадцас чойгир буданд, оташ гирифтанд. Тит бо ҳамроҳии лашкаркашон ва легионерҳои худ ба ин ҷо омад ва ба ҷанговарон фармон дод, ки оташро хомӯш кунанд. Лекин ҳеҷ кас ба суханони ӯ диққат намедод. Ҷанговарон бо бадхашмӣ чӯбдастҳои оташгирифтаро ба ҳуҷраҳои бо маъбад пайваст буда мепартофтанд ва баъд онҳоеро ки дар паси деворҳои маъбад пинҳон шуда буданд, ба қатл мерасонданд. Хун, чун об ба зинапояҳои маъбад ҷорӣ шуд. Ҳазорҳо яҳудиён кушта шуданд. Аз ғавгои баланди задухӯрд, фарёду фиғони: «Ихобӯд» - «Шараф Исроилро тарк кард» шунида намешуд.MБУБ 24.2

    «Тит қудрати нигоҳ доштани хашми ҷанговарони худро надошт. Бо фармондеҳони худ барои тамошои кисми дарунии макони муқаддас ба маъбад ворид гардида, ӯ аз зебоии он дар ҳайрат монд, ва чун ҳанӯз оташ ин қисмро фаро нагирифта буд, ӯ ба берун баромада ҷахд намуд ҷанговаронро ба хомӯш кардани оташ водор созад. Сардори сентурия Либералий кӯшиш намуд бо ёрии чӯбдасти сарварии худ итоати ҷанговаронро ба даст оварад, вале ҳатто эҳтиром ба император ҷои худро ба ғазаби оташини зидди яҳудиён, авҷгирии бадхашмонаи задухӯрд ва ташнагии ноороми сарватмандшавӣ иваз карда буд. Ҷанговарон диданд, ки дар атроф ҳама чиз аз тилло медурахшад, ки ҷилояш дар алангаи ақлнораси оташ боз ҳам дурахшонтар мегардад. Онҳо фикр мекарданд, ки дар қудсгоҳ сарвати бешумор нигоҳ дошта мешавад. Ногаҳон яке аз ҷанговарон ба дари нимкушода чӯбдасти оташгирифтаро партофт, ва дар ҳамон лаҳза биноро оташ фаро гирифт. Дуди тезу тунд ва оташ фармондеҳонро ба ақибнишинй маҷбур намуданд ва бинои бошукӯҳ ба нобудшавӣ маҳкум шуд.MБУБ 25.1

    Агар румиҳоро ин саҳна ба тарс оварда бошад, пас яҳудиён чи ҳиссиётеро аз cap мегузаронданд? Тамоми баландии теппае, ки дар маркази шахр чойгир буд ба монанди вулқон оташ мегирифт. Биноҳо бо қарсу-қурси даҳшатовар дар вартаи оташ нобуд мешуданд. Болопӯшҳои ҷалгузагӣ ба монанди матои оташгирифта месӯхтанд; нӯкҳои тиллопӯшшуда мисли машъали сурх медурахшиданд; аз бурҷи дарвоза фаввораи оташ ва дуд боло мебаромад. Дар теппаҳои наздики аз партави оташ равшаншуда сояҳои торики одамоне ба чашм мерасиданд, ки бо даҳшат ва изтироб ба оташи биноҳоро нобудкунанда нигоҳ мекарданд; деворҳо ва манораҳои қисми болоии шахр низ аз одамон пур буданд - баъзеҳо бо чехраҳои аз ноумедй ва азоб рангпарида, дигарон бо ғазаби бетаъсир ҳодисаҳои авҷгирифтаро назорат менамуданд. Фарёди ҷанговарони ба ҳар тараф даву тозкунандаи румӣ ва фиғони исёнгарони дар оташ ҳалокшаванда бо ғурроси тӯфони оташ ва гулдурроси каркунандаи сутунҳои афтида истода омехта мешуданд. Фарёди гӯшхароши одамон дар кӯҳҳо акси садо медод. Дар кад-қади девор танҳо оҳу фиғон ба гӯш мерасид; одамони аз гуруснагӣ бемадоргашта, дар лаҳзаи ҷон додан, боқимонда қувваи худро чамъ менамуданд, то ки дар фарёди пеш аз марг тамоми маъюсӣ ва ғами худро баён кунанд.MБУБ 25.2

    Дар дохили деворҳои шаҳр назар ба берун куштори боз ҳам даҳшатоваре рӯй медод. Мардону занон, мӯйсафедону ҷавонон ва исёнгарону рӯҳониёни муборизабарандаву раҳму тараҳҳумро илтиҷокунанда дар куштори хунини бетартибона ҷон доданд. Шумораи кушташудагон аз шумораи қатлкунандагон зиёд буд. Ҷанговарон ба болои ҷасади мурдагон мебаромаданд, то ки кори хунини худро давом диханд».MБУБ 26.1

    Ба зудӣ баъди вайроншавии маъбад тамоми шаҳр дар зери дасти румиён қарор гирифт. Сарварони яхудӣ манораҳои дастнораси худро тарк карданд ва Тит онҳоро холӣ дарёфт. Бо хайрат онҳоро аз назар гузаронида, ӯ шаҳодат дод, ки танҳо Худованд ҳамаи инро ба дасти ӯ дод, зеро ҳеҷ гуна мошинҳои деворшикан ин деворҳои бузурги дандонадорро вайрон карда наметавонистанд. Ҳам шахр ва ҳам маъбад то пойдевор вайрон шуда буданд ва макони муқаддасе ки яҳудиён ибодат мекарданд, «мисли саҳро шудгор шуда буд» (ниг. Ирмиё 26:18). Хангоми муҳосираи шаҳр ва куштори баъд ба амал омада зиёда аз як миллион одамон қурбон шуданд; зиндамондагон ба асирӣ бурда шуданд, чун ғулом фурӯхта шуданд; ба Рум барои дилхушии ғолибон фиристода шуданд; ба амфитеатрҳо барои аз тарафи ҳайвонҳои ваҳшӣ пора-пора гардидан, партофта шуданд, дигарон. чун оворагардони бе хона, ба тамоми чаҳон парешон гардиданд.MБУБ 26.2

    Яҳудиён худ барои худ завлона тайёр карданд, худашон косаи ғазабро лабрез карданд. Фалокати ба сари ин қавм омада, ва бадбахтие ки яҳудиёни дар тамоми замин паҳнгашта аз cap мегузаронданд, - танҳо меваҳое ҳастанд, ки онҳо бо дасти худ парваридаанд. Пайгамбар мегӯяд: «Худро ба ҳалокат расондаӣ, эй Исроил!», «Ба сабаби гуноҳи худ пешпо хурдаӣ» (Ҳушаъ 13: 9; 14:12). Машаққатҳои аз cap гузаронидаи онхо дар бисёр мавридҳо чун ҷазои рост аз ҷониби Худованд омада шарҳ дода мешаванд. Шайтон бо ҳамин роҳ кӯшиш менамояд кори шахсии худро ниқобпӯш намояд. Яҳудиён ба муҳаббат ва файзи Илоҳӣ сахт муқобилият нишон дода, худро аз ҳимояти Худованд маҳрум сохтанд ва шайтон имкон пайдо кард онҳоро бо хохиши худ роҳнамоӣ кунад. Ваҳшигарии сахттарине ки ҳангоми вайроншавии Ерусалим зохир гардид, интиқомҷӯйии шайтонро нисбат ба нафароне нишон медиҳад, ки дар зери ҳукмронии ӯ қарор доранд.MБУБ 26.3

    Мо қудрати надорем дарк созем, ки барои сулҳу осоиши ба мо атошуда то кадом андоза бояд ба Масеҳ сипосгузор бошем. Танхо қудрати Худованд шайтонро нигоҳ медорад ва инсониятро аз ҳукумронии мутлақи вай ҳимоя мекунад. Одамони ношукру беитоат сабабҳои зиёде доранд то аз Худованд барои меҳрубонӣ ва пурсабрии Ӯ, ки дар пешгирӣ кардани қувваи даҳшатовар ва бади шайтон зоҳир мегардад, миннатдор бошанд. Аммо вақте ки одамон аз ҳади пурсабрии Худо берун мешаванд, Ӯ онҳоро аз химояи Худ маҳрум месозад. Умуман Худованд - ҷаллоде нест ки ҳукми нисбати шахси гунаҳкор муайяншударо иҷро мекунад. Ӯ онҳоеро, ки марҳаматашро рад мекунанд, ба ихтиёри худашон мегузорад, яъне ба одамон имконият медиҳад, ки он чизеро ҷамъоварӣ намоянд, ки коридаанд. Ҳар як шуоъи радшудаи нур, ҳар як огоҳии қабул ношуда, ҳар як вайронкунии Шариати Худо, ҳар як майли нохубе ки навозиш ёфтааст - тухмии коридашудаест, ки албатта меваи худро медиҳад.MБУБ 27.1

    Рӯҳи Худованд, ки бо қатъият рад карда мешавад, дар охир аз шахси гунаҳкор дур мегардад ва он гоҳ дигар қуввае намемонад, ки ҳавасҳои гуноҳкоронаро нигоҳ дорад ва ҷони инсон аз ҳама гуна ҳимоя аз бадӣ ва нафрати шайтон маҳрум мегардад. Вайроншавии Ерусалим - огохии пурдаҳшат ва таъсирбахшест барои ҳамаи нафароне ки ба марҳамати Илоҳй беэҳтиромй мекунанд ва аз файзи Илоҳй рӯй мегардонанд. Ин яке аз бузургтарин шаҳодатҳои нафрати Худо нисбати гуноҳ ва ногузирии ҷазост, ки ба сари шахси гунаҳкор меояд.MБУБ 27.2

    Пешгуиҳои Наҷотдиҳанда оиди ҷазоҳое ки ба сари Ерусалим омада буданд, бояд бори дигар иҷро шаванд. Хоку туробшавии даҳшатовари пойтахти яҳудиён фақат сояи заифи он ҳодисаҳоест, ки ба миён меоянд. Дар қисмате ки оар сари шаҳри интихобшуда омад мо тақдири ҷаҳонеро дида метавонем, ки файзи Худоро рад ва Шариати Уро зери по кардааст. Дар тӯли садсолаҳои дуру дароз ҷиноятҳо содир мешаванд, замин шоҳиди саҳнаҳои беҳисобу ғамангези азобу машаққатҳои инсоният аст. Вакте ки дар бораи ҳамаи ин бадбахтиҳо фикр мекунй, дил бо дард фишурда мешаваду ақл тира мегардад! Чи гуна даҳшатовар буданд окибатҳои рад кардани ҳокимияти Осмонӣ! Вале дар вахйҳо дар бораи ходисаҳои оянда саҳнаҳои боз ҳам ториктар тасвир мешаванд. Таърихи гузашта — ин силсилаи дарози исёнҳо, муборизаҳо ва ғазабҳост, «вақти мубориза ва либоси оғуштаи хун» (Ишаъё 9:5), аст; аммо ин хама ҳеҷ аст дар муқоиса бо даҳшатҳои он рӯзе ки Рӯхи Худованд гунаҳкоронро нигоҳ намедорад, вақге ки У дигар авҷгирии рағбатҳо ва қахру ғазаби шайтониро пешгирй намекунад! Он гоҳ ҷаҳон оқибатҳои ҳукумронии шайтонро бештар мебинад.MБУБ 28.1

    Лекин дар он рӯз, чун дар замони вайроншавии Ерусалим қавми Худо озод карда мешавад, «ҳар кй дар китоби ҳаёт номнавис шудааст», наҷот меёбад. Масеҳ ваъда додааст, ки маротибаи дуюм меояд, то ки бандагони содиқашро бо Худ бигирад. «Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид: ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд; ва Фариштагони Худро бо карнайи баландовоз хоҳад фиристод, ва интихобшудагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард» (Матто 24:30.31). Он гоҳ нафароне ки ба Инҷил итоат намекунанд бо нафаси даҳони Ӯ кушта ва бо зуҳури омадани У несту нобуд карда мешаванд (ниг. 2 нома ба Таслӯникиён 2:8). Гунаҳкорон ба мисли Исроили қадима худро нобуд мекунанд: онҳо бо сабаби гуноҳҳои худ ба ҳалокат мерасанд. Зиндагии гунаҳкорона онҳоро ончунон аз Худованд дур кард ва табиати онҳо ончунон аз гуноҳ вайрон шуд, ки зуҳури ҷалоли Ӯ барои онҳо оташи ҳама чизро несткунанда мегардад.MБУБ 28.2

    Бинобар ин одамон бояд ба пандҳои Масеҳ, ки дар суханони Ӯ ҷойгиранд бодиққат бошанд. Ба монанди он ки У шогирдони Худро аз вайроншавии Ерусалим огоҳ карда буд ва нишонаҳои наздикшавии ҳалокати онро ба онҳо нишон дода буд, то ки онҳо тавонанд аз марги умуми наҷот ёбанд, ончунон Ӯ ҷаҳонро аз рӯзи ҳалокати пурраи он огоҳ кардааст ва ба одамон нишонаҳои наздикшавии онро додааст, то ки ҳар ки хоҳиш дорад тавонад аз ғазаби оянда наҷот ёбад. Масеҳ мегӯяд: «Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо пайдо мешаванд, ва бар замин халқҳо ба ноумедй афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд» (Луқо 21: 25; инчунин ниг. Матто 24:29; Марқус 13: 24-26; Ваҳй 6: 12-17). Ва ҳамаи онҳое ки пайдошавии ин аломатҳои пешакиро мебинанд, бояд донанд, ки «наздик аст, назди дар аст» (Матто 24:33). «Пас, бедор бошед» (ниг. Марқӯс 13:35) - насиҳат мекунад Ӯ моро. Нафаре ки ба ин огоҳиҳои пешакӣ самимона муносибат мекунад, дар зулмот намемонад, ва он рӯз ӯро дар ғафлат намеёбад. Аммо барои онҳое ки ҳушёрй намекунанд «рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон, ки дузд дар шаб...» (1 Таслӯникиён 5: 2-5).MБУБ 29.1

    Ҷаҳони муосир ба муждаи охирини огоҳии пешакӣ на бештар аз он бовар дорад, ки яҳудиён дар замони худ ба огоҳиҳои пешакии Наҷотдиҳанда нисбати Ерусалим бовар доштанд. Ва вақте ки рӯзи Худованд фаро мерасад, гунаҳкорон ба ин ҳодисаи бузург нотайёр мемонанд. Ҳаёт ба таври муқаррарии худ мегузарад, одамон саргарми корҳои худ, савдо, даромад, вақтхушиҳои рангоранг мешаванд, пешвоёни дин некӯаҳволии умумӣ ва тамадцунро ситоиш намуда, мардумро бо эҳсосоти бехатарии бардурӯғ алла мегӯянд, - ана ҳамон вақт ба монанди дузде ки дар нимашаб ба хонаи бад муҳофизатшаванда пинҳонӣ дохил мешавад, ба сари ҳамаи гунаҳкорон ва бепарвоён марги ногаҳонӣ меояд, ва онҳо «халос нахоҳанд шуд» (ниг.1 Таслӯникиён 5: 2-5).MБУБ 29.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents