Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 12. МАЪРИФАТНОКШАВӢ ДАР ФРАНСИЯ

    Баъди эътироз дар Шпейер ва қабули баённомаи эътиқод дар Аугсбург, ки аз ғалабаи Ислоҳот дар Германия шаҳодат медоданд, солҳои таъқибот ва тираю тор ҳукмфаро гаштанд. Ислоҳот, ки аз низоъҳои байни ҳамдигарии пайравони худ заиф ва мубталои ҳамлаҳои мунтазам аз ҷониби душманони пуриқтидор гардида буд, гӯё лаҳзаҳои охиринро аз cap мегузаронд. Ҳазорон одамон садоқти худро ба ҳақиқат бо рехтани хун нишон доданд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт; ба ҳаракати протестантҳо яке аз сарварони он хиёнат кард; ҳокимони асилзодаи эътирозкунанда ба дасти император афтоданд, ва онхоро чун асир аз як шаҳр ба шаҳри дигар мефиристоданд. Лекин дар лаҳзаи ғалабаи зоҳирӣ император шикаст хӯрд. Ӯ дид, ки сайдро дар даст нигоҳ дошта наметавонад, ва окибат маҷбур шуд, ки тоқатпазирии худро нисбати таълимоте, ки нобудсозии он мақсади зиндагии ӯ гардида буд, эълон намояд. Ӯ бо ҷону дил империяи худро кашшоқ, хазинаро холӣ мекард ва ҳаёти худро барои нест кардани таълимоти нав зери хатар мемонд. Акнун ӯ дарёфт, ки қӯшунҳояш дар задухӯрдҳои шадид шикаст хӯрдаанд, маблағҳо сарф шудаанд, ба бисёр мулкҳои ӯ шӯришҳо тахдид мекунанд, дар он замоне ки ӯ бенатиҷа кӯшиши нест намудани имонеро мекард, ки ҳарчи бештар паҳн мегашт. Карли V бар зидди нерӯи муктадир мубориза мебурд. Худо чунин гуфта буд: «Бигзор рӯшноӣ шавад», - вале император намехост, ки торикӣ пароканда шавад. Нақшаҳои ӯ барбод рафтанд; пеш аз вақт пир шуда ва аз муборизаи дуру дароз сахт хаста гардида аз тахт даст кашид ва солҳои охири зиндагии худро дар дайр гузаронд.MБУБ 217.1

    Барои Ислоҳот дар Швейсария чун дар Германия рӯзҳои пурдаҳшат фаро расиданд. Дар вакте ки бисёре аз қисмҳои маъмурӣ имони ислоҳотгароёнаро қабул карданд, дигарон кӯркӯрона ба Рум эътиқод доштанд. Таъқиботи нафароне ки ме- хостанд ҳақиқатро ҳимоя кунанд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Цвинглӣ ва бисёре аз пайравони ӯ дар задухӯрди хунин дар Каппела кушта шуданд. Эколампадиус аз ин бадбахтиҳои даҳшатовар сахт ба изтироб омада дере нагузашта аз олам даргузашт. Рум тантана мекард ва ба назар чунин менамуд, ки дар бисёр вилоятҳо ҳукмронии аз даст рафтаро баркарор менамояд. Лекин Он ки нақшаҳояш ҷовидонаанд, кори Худ ва қавми Худро фаромӯш накарда буд. Дасти У озодиро омода мекард. Дар дигар мамлакатҳо Ӯ нафаронеро рӯҳбаланд мекард, ки метавонистанд кори Ислоҳотгароиро давом диҳанд.MБУБ 217.2

    Дар Франсия нури ҳакикат пеш аз ба ин ҷо расидани хабар дар бораи Лютер, шӯълаафшон гардида буд. Яке аз аввалин шахсиятҳое ки нури ҳақиқатро қабул кард. шахси дорои доираи васеътарини назар, профессори донишгохи Париж, аз рӯи ақидаҳои худ ҷонибдори самимии ҳокимияти папа, Лефеври солхӯрда буд. Ба омӯзиши адабиёти кддима машғул гардида, ӯ ба Китоби Мукаддас таваҷҷӯҳ карда онро чун фанни таълимӣ дар миёни донишҷӯён ҷорӣ намуд.MБУБ 218.1

    Лефевр эҳтиромкунандаи самимии шахсиятҳои мукаддас буд ва дар асоси ривоятҳои калисо хост таърихи мукаддасон ва азиятдидагонро бинависад. Ин асари бузург қариб ба анҷом расида буд, вакте ки ӯ дарёфт, ки Китоби Мукадцас метавонад дастёри калоне гардад, ва ба омӯзиши он пардохт. Ӯ дар ин Китоб дар ҳақиқат тарчумаи ҳоли муқаддасонро пайдо кард, лекин на муқаддасонеро, ки дар тақвими калисои католикӣ ҷой дода шуда буданд. Сели нури Худо ақли ӯро равшан гардонд. Сахт ба тааҷҷуб омадаву нисбат ба худ нафрат пайдо намуда, ӯ аз мақсади пешинаи худ даст кашид ва худро ба омӯзиши Каломи Худо бахшид. Дере нагузашта ӯ ба мавъизаи ҳақиқатҳои муҳиме оғоз намуд, ки ба ӯ ошкор гардида буданд.MБУБ 218.2

    Соли 1512, то оғози фаъолияти ислоҳотгароёнаи Лютер ва Свинглӣ, Лефевр чунин навишта буд: «Худо моро ба воситаи имон сафед мекунад; танҳо он парҳезгорие моро барои ҳаёти ҷовидона сафед мекунад, ки мо онро бо файзи Худо ба даст овардаем»178Уайлӣ , китоби 13, боби 1.. Дар бораи асрори фидиягузорӣ андеша ронда, ӯ чунин гуфта буд: «Оҳ, бузургии баённашавандаи ҳақиқат: Бегуноҳ маҳкум карда шуд, гунаҳкор бошад сафед; Муқаддас лаънат карда шуд, лаънаткардашуда - баракат дода шуд; Ҳаёт мемирад, мурда эҳё мешавад; Ҷалолро торикӣ ба коми худ кашид, шарманда бошад соҳиби ҷалол шуд»179Д’Обинйе, китоби 12, боби 2..MБУБ 218.3

    Гарчанде ӯ таълим медод, ки ҷалоли наҷотбахшӣ танҳо ба Худованд тааллук дорад, дар баробари ин ӯ изҳор мекунад, ки қарзи инсон - итоаткорӣ ба Офаридагор аст. «Агар ту узви Калисои Масеҳӣ - мегуфт ӯ, - он гоҳ ту як қисми бадани Ӯ ҳастӣ; агар ту як қисми бадани Ӯ ҳастӣ, он гоҳ ту дар худ мукаммалии табиати Худоро дорӣ... Оҳ, агар одамон танҳо ин афзалиятро дарк мекарданд! Чӣ қадар пок, боиффат ва олӣ мешуд зиндагии онҳо; бо кадом нафрат аз тамоми ҷалоли ин ҷахон, ки дар муқоиса бо ҷалоли ботинии ба чашм ноаён, ҳеҷ аст, рӯй мегардонданд»180Ҳамон ҷо..MБУБ 219.1

    Дар миёни донишҷӯёни Лефевр нафароне ёфт шуданд, ки бо шавку завқи зиёд суханони ӯро гӯш мекарданд, ва баъди он ки садои устод ба таври абадӣ хомӯш гашт, солҳои зиёд мавъизаи ҳақиқатро давом медоданд. Уилям Фарел ба гурӯҳи чунин мавъизакунандагон дохил мешуд. Ӯ, ки фарзанди волидайни парҳезгор буду тамоми таълимоти Калисоро кӯркӯрона қабул мекард, метавонист бо ҳамроҳии ҳаввории Павлус чунин бигӯяд: «...ман мувофики порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам» (Аъмол 26:5). Фарел, ки католики боҳиммат буд. хоҳиши сахти нест кардани он нафареро дошт, ки ҷуръати ба муқобили Калисо муқобилият нишон доданро мекард. «Ман чун гурги дарранда бо дандонҳоям ғиҷиррос мезадам, - ин давраи ҳаёти худро ба хотир оварда навишта буд ӯ, - вақте мешунидам, ки нафаре ба муқобили папа баромад мекунад»181Уайлӣ , китоби 13, боби 2.. Ӯ дар парастиши муқаддасон дар якҷоягӣ бо Лефевр монданашаванда буд ва аз зиёрати тамоми калисоҳои Париж хаста нашуда, дар меҳробҳо дуо мегуфт ва ба қабрҳои муқаддасон ҳадияҳо мегузошт. Лекин ҳамаи ин ба қалби ӯ оромӣ оварда натавонист. Дарки гунаҳгорӣ ҳатто баъди иҷрои маросимҳои сершумори покшавӣ аз гуноҳҳо боз ҳам шиддатноктар мегардид. Суханони ислоҳотчӣ ба монанди садои осмонӣ ба гӯши ӯ расиданд: «Наҷот бо файзи Илоҳӣ ба ҷо оварда мешавад. Бегуноҳ маҳкум карда шуд, ҷинояткор бошад сафед. Танҳо салиби Масеҳ дарвозаҳои осмонро мекушояд ва дарвозаҳои дӯзахро мебандад»182Ҳамон ҷо..MБУБ 219.2

    Фарел ҳақиқатро бо хушнудй қабул кард. Ӯ ба мисли Павлус имон оварда, бори вазнини расму оинҳоро як тараф гузошту озодии фарзандони Худоро ба даст овард. «Бар ивази қалби хунхори гурги даранда ба ӯ қалби нарми барраи фурӯтан дода шуд; ӯ пурра аз папа рӯ гардонда, тамоми ҳастии худро ба Исои Масеҳ бахшид»183Д’Обинйе, китоби 12, боби 3..MБУБ 220.1

    Дар он вақте ки Лефевр пахн намудани нури ҳақиқатро дар миёни донишчӯён давом медод, Фарел, ки ба хизмати Масеҳ бо он ҷидду ҷаҳде камари ҳиммат баста буд, ки пеш бо он ба папа хизмат мекард, мавъизаи ошкоро ҳақиқатро оғоз намуд. Дере нагузашта ба ӯ ускуфи шаҳри Мо, яке аз рӯҳониёни олимартабаи Калисои католикӣ ҳамроҳ шуд. Муаллимони дигаре низ пайдо шуданд, ки ба шарофати донишмандӣ ва боистеъдодияшон соҳиби эҳтироми зиёд буданд. Онҳо мунтазам Хабари хушро мавъиза мекарданд, ва дере нагузашта Инҷил дар қалбҳои одамони зиёде — аз ҳунармандон ва деҳқонон то шахсиятҳои олимартаба ҷой гирифт. Хоҳари шоҳ Франсиски 1 он замон ҳукмроникунанда имони ислоҳотгароёнро қабул кард. Худи шоҳ ва модараш малика як муддате ба ақидаҳои нав муносибати хайрхоҳона доштанд, ва ислоҳотчиён умед доштанд, ки тамоми Франсия ба зудӣ Инҷилро қабул мекунад.MБУБ 220.2

    Лекин ин орзуҳои онҳо чомаи амал напӯшиданд. Пайравони Масеҳро санҷишхо ва таъқиботхо интизор буданд. Вале бо меҳрубонии Масеҳ ин аз онҳо пинҳон карда шуда буд. Муддати вақти оромии барои онҳо ҷудо шуда буд, баҳри он зарур буд, то ки кувва ҷамъ намоянд ва васвасахою санҷишхои дар пеш истодаро мардонавор пешвоз гиранд. Ислоҳот бомуваффақият паҳн мещуд. Ускуфи шаҳри Мо дар вилояти тобеи худ ҳам шахсиятҳои рӯҳонӣ ва ҳам халқро бо нури ҳақикат таълим медод. Рӯҳониёни ҷоҳил ва беҳаёро аз вазифа озод мекарданд ва ба ҷои онҳо шахсиятҳои парҳезгорро таъйин менамуданд. Ин усқуф бисёр мехост, ки Кағюми Худо дастраси халқ гардад, ва дере нагузашта ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид. Лефевр ба тарҷумаи Инҷил шурӯъ кард, ва дар худи ҳамон вақте ки Китоби Муқадцаси аз ҷониби Лютер тарҷумашуда дар Виттенберг пайдо шуд, дар шаҳри Мо Инҷил ба забони франсузӣ аз нашр баромад. Усқуф заҳмату маблағро дареғ надошта, онро дар миёни шунавандагони худ паҳн мекард, ва дере нагузашта ҳамаи деҳқонони гирду атроф соҳиби Инҷил шуданд.MБУБ 220.3

    Ба монанди он ки роҳгузарони аз ташнагӣ мурдаистода сӯи чашмаи ҳаётбахши об мешитобанд, ин одамон низ ҳамин тавр хабари осмониро қдбул карданд. Одамони дар саҳро ё дар устохона кор карда истода аз ҳақиқатҳои беназири Китоби Муқаддас сӯҳбат мекарданд. Бисёриҳо аллакай бегоҳиҳо на ба майхона ва на ба фасодхона мерафтанд, балки дар хонаи нафаре ҷамъ меомаданд, то ки якҷоя Худовандро ситоиш намуда, Каломи Ӯро биомӯзанд. Дар ин ҷамоатҳо ба зудй тагийротҳои ҷиддӣ ба миён омаданд. Халқи заҳматкаши оддию бесавод аз табақаҳои пасттарин, ки ба меҳнати тоқатфарсо одат карда буданд, бо нерӯи файзи Илоҳӣ хушахлоқ ва рӯхбаланд мегардиданд. Онҳо шахсиятҳои фурӯтан, меҳрубон ва парҳезгор буда, намунаи зиндаи он амале буданд, ки Инҷил дар қалбҳои нафароне ба ҷо оварда метавонад, ки онро сидқан қабул мекунанд.MБУБ 221.1

    Нуре ки дар шаҳри Мо афрӯхта шуда буд, ба дигар шаҳрҳо низ паҳн мешуд. Шумораи имондорон ҳар рӯз меафзуд. Қаҳру газаби аҳли дин якчанд муддат аз ҷониби подшоҳ, ки ба маҳдудиятҳо ва таассуби роҳибон бо нафрат менигарист, нигоҳ дошта мешуд, лекин оқибат пайравони папа ғолиб омаданд. Гулханҳо оташ гирифтанд. Усқуфи шаҳри Мо, ки ба интихоб намудани гулхан ё дасткашӣ аз ақидаҳояш маҷбур шуда буд, дасткаширо беҳтар шуморид, лекин ба дасткашии рӯҳонии худ нигоҳ накарда, қавм устувор монд. Бисёриҳо дар оташи гулхан аз вафодории худ ба ҳақиқат шаҳодат доданд. Мардонагии ин масеҳиёни фурӯтан дар лаҳзаи қатл ва вафодории онҳо ба ҳақиқат мавъизаи таъсирбахш ва боварибахше буд, назар ба дилхоҳ сухани дар вазъияти сулҳу оромӣ баёншуда.MБУБ 221.2

    На танҳо халқи оддӣ ва камбизоат дар миёни азобу шиканҷаҳо аз Масеҳ шаҳодат медоданд. Дар қасрҳои пуршукӯҳ шахсиятҳои асилзодае ёфт шуданд, ки ҳақиқатро аз сарват, мавқеъ ва ҳатто ҳаёти худ боло медонистанд. Сару либоси шоҳона, назар ба либос ва кулоҳи усқуфй, рӯҳи олитар ва устувореро дар худ нигоҳ медоштанд. Луи де Беркен аз оилаи асилзодагон буд. Пахдавони далер ва боадаб, шахси аз илмҳои замонаи худ бохабар ва дорои рафтору кирдори олӣ буда бо ахлоқу одоби баланд фарқ мекард. «У, - мегӯяд як нависанда, - пайрави содиқи ҳокимияти папа буда, бо ҷидцу ҷахд дар ҳамаи мессаҳо иштирок ва мавъизаҳоро бо шавқу ҳаваси зиёд гӯш мекард, некӯкориҳои ӯ бо нафрати махсус нисбати тамоми таълимоти лютеранӣ анҷом меёфтанд». Лекин ба монанди бисёр дигар шахсиятҳое ки ба шарофати ғамхории махсуси пешбинии Худо бо Китоби Муқаддас шинос гардида буданд, ӯ бо ҳайронӣ, «дар он ҷо на доктринаҳои Рум, балки доктринаҳои Лютерро пайдо кард»184Уайлӣ , китоби 13, боби 9.. Аз он лаҳза оғоз намуда ӯ худро пурра ба кори Инҷил бахшид.MБУБ 222.1

    «Аз миёни асилзодагони Франсия, шахси аз ҳама донишманд», нотиқи барҷаста, Беркени далер, соҳиби эхтироми хоса дар дарбор, писандидаи шоҳ, аз ҷониби бисёриҳо шахсияте шуморида мешуд, ки бояд ислоҳотчии арзандаи ватани худ гардад. Беза дар бораи ӯ чунин гуфтааст: «Беркен, Лютери дуюм мешуд, агар дар симои Франсиски I, дуюм ҳокими Саксонияро чун ҳимоятгари худ пайдо мекард». «Ӯ аз Лютер ҳам бадтар аст», — фарёд мезаданд намояндагони папа185Ҳамон ҷо.. Пайравони папаи Рум, ки дар Франсия зиндагӣ мекарданд, аз ӯ аз ҳама бештар метарсиданд. Беркенро дар бидъаткорӣ гунаҳгор намуда ба маҳбас андохтанд, лекин шоҳ ӯро озод кард. Ин мубориза солҳои тӯлони давом кард. Франсиски 1, дар миёни Рум ва Ислохот дудила монда, гоҳе ба рашки пурғазаби роҳибон бепарвоӣ мекард, гоҳе пеши роҳи онро мегирифт. Се маротиба намояндагони ҳокимияти папа Беркенро ба зиндон андохтанд, лекин ҳар маротиба шоҳ ӯро озод мекард. Шоҳ мафтуни ақлу заковат ва олиҳимматии ӯ гардида, нахост ӯро қурбони рӯҳониёнӣ бадқаҳр гардонад.MБУБ 222.2

    Беркенро мунтазам аз хатарҳои ба ӯ дар Франсия таҳдидкунанда огоҳ намуда бо қатъият аз ӯ талаб мекарданд, ки ба монанди нафароне рафтор намояд, ки барои худ дар хориҷа паноҳгоҳ пайдо кардаанд. Эразми беҷуръат ва бо замон ва вазъиятҳо мутобиқшаванда, ки бо вуҷуди тамоми ҷилои донишмандияш, барояш бузургии маънавӣ намерасид, то ки ҳақиқатро бо қимати ҷон ва шарафи худ ҳимоя кунад, ба Беркен чунин навишта буд: «Дархост намо, то ки туро ба ягон мамалакати Европа чун сафир равон кунанд; ё барои тамошои Германия ба сафар баро. Ту Беза ва ба ӯ монандҳоро хуб медонӣ. Ин аждари ҳазорсараест, ки заҳр мепартояд. Номи душманони ту - легион аст. Ва агар кори ту аз кори Исои Масеҳ ҳам ҳақтар мебуд, пас он замон низ онҳо ором намегарданд, то даме ки туро нобуд накунанд. Ба ҳимоятгарии шоҳ бисёр бовар накун. Ба ҳар ҳол - обрӯи маро дар факултаи илоҳиётшиносӣ паст назан»186Ҳамон ҷо..MБУБ 223.1

    Хатар меафзуд, лекин ин танҳо далерӣ ва ҷидду ҷахди Беркенро қувват мебахшид. Ӯ, ки аз қабул намудани маслиҳати зиракона ва худпарастонаи Эразм дур буд, қарор дод, ки боз ҳам далеронатар амал намуда - на танҳо ҳақиқатро ҳимоя кунад, балки гумроҳиҳоро низ фош намояд. Гуноҳҳоеро ки намояндагони папа дар бидъаткорӣ ӯро айбдор мекарданд, ӯ ба муқобили худи онҳо равона кард. Душманони ашадцӣ ва оштинопазири ӯ олимон ва роҳибон аз шӯъбаи илоҳиётшиносии донишгоҳи машҳури Париж буданд, ки дар тамоми мамалакат дар масъалаҳои динӣ аз ҳама обрӯманд башумор мерафтанд. Беркен аз асарҳои ин илоҳиётшиносон 12 қоидаро гирифта онҳоро ба таври ошкоро «ба Китоби Муқаддас мухолифаткунанда ва бидъаткорона» эълон намуда, ба шоҳ муроҷиат карда аз ӯ дархост намуд, ки дар ин баҳс доварӣ кунад.MБУБ 223.2

    Подшоҳ хоҳиши муқоиса кардани қувва ва хиради ҷонибҳои бо ҳам муборизабарандаро намуда ва аз фурсати мағлуб сохтани роҳибони мағруру ҳавобаланд хушнуд гардида, талаб кард, ки католикҳо далелҳои худро дар асоси Китоби Муқаддас пешниҳод намоянд. Онҳо хуб мефаҳмиданд, ки ин аслиҳа ба онҳо мувафақият намеорад; бо чунин воситаҳо, чун маҳбас, азобу шиканҷа ва гулҳанҳо, онҳо беҳтар амал карда метавонистанд. Акнун нақшаҳои онҳо иваз шуданд, ва онҳо худро дар канори ҷарие диданд, ки мехостанд ба он ҷо Беркенро афкананд. Онҳо дар саросемагии пурра ба ҷустуҷӯи роҳи халосӣ аз вазъияти ба амал омада шурӯъ карданд.MБУБ 223.3

    «Маҳз дар ҳамон вақт ҳайкали Марями Бокира, ки дар кунҷи яке аз кӯчаҳои шаҳр ҷойгир буд, таҳқир карда шуд». Ин талотуми калонро дар миёни сокинони шаҳр ба миён овард. Ба ҷои воқеа издиҳомҳои одамони ранҷида ва ба ғазаб омада ҷамъ меомаданд. Барои душманони Беркен лаҳзаи мусоид фаро расид, ва аз ин фурсат истифода бурда, онҳо изҳор намуданд, ки: «Ана самари таълимоти Беркен. Ҳама чиз ба зудӣ аз ҷониби ин суиқасди лютеранӣ сарнагун хоҳад шуд: ҳам дин, ҳам қонунҳо ва ҳам тахт»187Ҳамон ҷо..MБУБ 224.1

    Ва Беркен бори дигар боз дошта шуд. Маҳз дар ҳамин вақт шоҳ дар Париж ҳузур надошт, ва роҳибон имконияти озодона амал карданро пайдо карданд. Ислоҳотчиро айбдор карда ба марг маҳкум намуданд, ва барои он ки ба Франсиски 1 имконияти наҷот додани ӯро надиҳанд, қарор доданд, ки ҳукмро фавран ба ҷо биёранд. Дар нимарӯз маҳкумшударо ба ҷои қатл оварданд. Издиҳоми калони одамон ҷамъ омаданд; бисёриҳо бо изтироб ва ҳайронӣ қайд мекарданд, ки яке аз беҳтарин ва олиҳимматтарин намояндаҳои хонаводаҳои Франсия тӯъмаи ҳокимияти папа гардид. Чеҳраҳои ҳузурдоштагонро ҳайронӣ, ғазаб, нафрат ва адовати талх тира мегардонд, ва танҳо як нафар ботамкин ва ором мемонд. Андешаҳои Беркен аз ин мағалҳо дур буданд; ӯ танҳо ҳузури Худовандро эҳсос мекард.MБУБ 224.2

    Беркен на ба ғиҷҷирроси оҷизонаи аробае диққат медод, ки ӯро дар он мебурданд, на ба чеҳраҳои бадкавоки ҷаллодон; ӯ дар бораи марги даҳшатоваре ки интизораш буд, фикр намекард. Он ки мурда буд, акнун то абад зинда аст; Он ки дар да- стони Худ калидҳои дӯзах ва маргро дорад, дар паҳлӯяш буд. Нур ва оромии осмонӣ дар чеҳраи Беркен инъикос меёфтанд. Муносиб ба аслу насаби худ, ӯ дар тан «ҷомаи бахмалин, камзӯли сурхи атласин ва шими тиллоранг» дошт188Д’Обинйе, «Таърихи Ислоҳот дар Аврупои давраи Калвин», китоби 2, боби 16.. Соате фаро расид, ки акнуи бояд аз имони худ дар назди Шоҳи шоҳон ва тамоми Коинот шаҳодат медод, ва ягон сояи ғам шодии ӯро тира нагардонд.MБУБ 224.3

    Маросим оҳиста-оҳиста дар кӯчаҳои серодам пеш мерафт, ва ҳама бо ҳайронӣ ба чеҳраи ором ва пур аз хушбахтии осмонии ӯ нигоҳ мекарданд. «Ӯ ба шахсе монанд аст, - мегуфтанд одамон дар издиҳом, - ки дар маъбад дар бораи чизҳои муқаддас андеша меронад»189Уайлӣ , китоби 13, боби 9..MБУБ 225.1

    Беркени ба сутун басташуда хост сухане чанд ба халқ бигӯяд, лекин роҳибон аз натиҷаи ин суханрони ба тарс омада, ғавғо бардоштанд, сарбозон бошанд бо яроқ ҷарангос заданд, ва овози ӯ дар ғавғо ғайб зад. «Суханони пешазмаргии ҷафодидаи мурдаистодаро пахш намуда, ҳокимияти олии динии Париже, ки чун шаҳри бомаданият машҳур буд, ҳанӯз соли 1529 ибрати зишти авоми франсузии соли 1793-ро нишон дода буд»190Ҳамон ҷо..MБУБ 225.2

    Беркенро буғӣ намуда, ҷисмашро ба оташ андохтанд. Хабари марги ӯ дар миёни хайрхоҳони Ислоҳот дар Франсия андӯҳи бузургро ба миён овард. Вале ӯ беҳуда ҷон надод. «Мо низ тайёрем, - мегуфтанд шоҳидони ҳақиқат, - то нигоҳи худро сӯи осмон равона намуда, маргро бо хушнудӣ пешвоз гирем»191Ҳамон ҷо..MБУБ 225.3

    Х,ангоми таъқиботҳо дар шаҳри Мо ба муаллимони ислоҳотгаро мавъиза кардан манъ шуда буд, ва онҳо ба дигар минтақаҳо сафар карданд. Бо гузашти чанд вақт Лефевр ба Германия рафт. Фарел ба зодгоҳи худ дар шарқи Франсия баргашт, то ки дар он ҷо нури ҳақиқатро паҳн кунад. Баъди чанде ба он ҷо овозаҳо дар бораи воқеаҳои шаҳри Мо расиданд, ва ҳақиқатҳое ки ӯ бо чунин далерӣ мавъиза мекард, пайравони худро пайдо намуданд. Лекин ҳукуматдорон ба зудӣ ӯро ба хомӯш мондан маҷбур намуда, баъди чанде аз шаҳр пеш карданд. Фаъолияти ошкоро номумкин гардид, ва он гоҳ ӯ ба мавъиза намудани деҳқонон шурӯъ намуда ба гӯшаҳои дурдаст сафар мекард, аз як хона ба хонаи дигар, аз як деҳа ба деҳаи дигар рафта, мунтазам дар ҷангалзорҳо ва ғорҳо, ки ӯ дар айёми хурдсолияш пинҳон мешуд, паноҳгоҳ меёфт. Худованд ӯро барои санҷишҳои бузург тайёр мекард. «Салиб, таъқибот ва найрангҳои шайтон, - мегуфт ӯ, - ки маро аз онҳо огоҳ карда буданд, маълум шуд, ки ниҳоят вазнин ва аз иқтидори ман берунанд, лекин Худованд — Падари ман аст, Ӯ ба ман қувва бахшид, ва ман боварӣ дорам, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ маро танҳо намегузорад»192Д’Обинйе, «Таърихи Ислоҳоти асри 16», китоби 12, боби 9..MБУБ 225.4

    Чун дар рӯзҳои ҳаввориён, таъқиботҳо «боиси пешрафти зиёдтари башорат гардиданд» (Филиппиён 1:12). Аз Парижу Мо ронда шуда, «пароканда шуда... ба ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медоданд» (Аъмол 8:4). Ва оо ҳамин роҳ нури ҳақиқат дар бисёр музофотҳои Франсия паҳн гардид.MБУБ 226.1

    Худованд ғамхориро давом медод, то ки одамони зиёд муждаи Хушро мавъиза кунанд. Дар яке аз донишгоҳҳои Париж ҷавони боандеша ва ботамкин таҳсил мекард. У на танҳо бо ақли расо ва ғайриоддҳӣ, балки оо покии ботинӣ ва ҷидду ҷахди диндории худ фарқ мекард. Қобилиятҳои барҷаста ва кӯшишу ғайрат ба зудӣ ӯро ифтихори коллеҷ гардонданд, ва ҳама боварӣ доштанд, ки Жан Калвин яке аз ҳимоятгарони боистеъдод ва соҳибэҳтироми Калисои католикӣ мегардад. Вале шӯълаи нури Илоҳӣ аз миёни девори схоластика ва хурофоте низ гузашт, ки Калвинро иҳота карда буданд. Таълимотҳои нав ӯро ба даҳшат меоварданд, ва ӯ каме ҳам шубҳа намекард, ки ин пайравони ақидаҳои нав пурра сазовори гулхани оташанд. Вале инак комилан ғайричашмдошт ӯ бо таълимоти нав рӯ ба рӯ омада ғайриихтиёр мачбур шуд қувваи илми илоҳиёти Калисои католикиро дар мубориза бо таълимоти протестантҳо оисанҷад.MБУБ 226.2

    Амакбачаи Калвин, пайрави Ислоҳот дар Париж зиндаги мекард. Бародарон мунтазам вохӯрда масъалаҳоеро муҳокима менамуданд, ки ҳамаи масеҳиёнро ба ташвиш меоварданд.«Дар дунё ду дин ҳаст, - мегуфт ислоҳотчӣ Оливетан, - як дин- ро одамон фикр карда баровардаанд; дар он инсон кӯшиш мекунад наҷотро ба воситаи расму оинҳо ва амалҳои нек ба даст биёрад; дини дигар - ин дини Китоби Мукаддас аст, ва он ба инсон таълим медиҳад, ки наҷотро танҳо ба воситаи ҳадияи озоди файзи Худо биҷӯяд».MБУБ 226.3

    «Ман бо таълимоти нави ту ҳеҷ чизи умумие доштан намехоҳам, - фарёд зад Калвин, - ё ту фикр мекунӣ, ки ман тамоми ҳаёт гумроҳ будам?» 193Уайлӣ , китоби 13, боби 7..MБУБ 227.1

    Оҳиста-оҳиста бар хилофи хоҳишҳо ва иродааш, Калвинро фикрҳои ногаҳонӣ ба хиҷолат меоварданд. Ҳангоми танҳо мондан дар бораи суханони амакбачаи худ андеша мекард. Дарки гуноҳгкор будан таркаш намекард; ӯ худро дар ҳузури Довари пок ва одил бе Шафоатгар танҳо медид. Ҳимоятгарии муқаддасон, корҳои нек, маросиму оинҳои калисо - ҳамааш барои омурзиши гуноҳҳо беқудрат буданд. Дар пеш ғайр аз даҳшати ноумедии абадӣ чизи дигаре набуд. Илоҳиётшиносон беҳуда кӯшиши ба ӯ ёрӣ расонданро мекарданд. На тавбакуниҳо, на маросимҳои омурзиши гуноҳҳо, ҳеҷ чиз ӯро бо Худо оштӣ дода натавонист.MБУБ 227.2

    Дар вазъияти чунин муборизаҳои ботинӣ Калвин боре ба майдоне афтода монд, ки шоҳиди дар оташ сӯзондани бидъаткоре гардид. Ӯ аз оромие ки дар чеҳраи шахси ба марг маҳкумшуда дида мешуд, сахт ба изтироб омада буд. Ин марди дар банди чунин марги даҳшатовар қарор дошта ва аз Калисо рондашуда (ин аз азобҳои ҷисмонӣ даҳшатовар буд), имон ва мардонагиро нигоҳ медошт, ки инро донишҷӯи ҷавон бо ноумедӣ ва беилоҷии худ муқоиса менамуд, гарчанде ки ӯ ба таври ҷиддӣ ба таълимоти Калисо итоат мекард. Ӯ медонист, ки ин бидъаткорон имони худро дар Китоби Муқадцас асосонок мекунанд, ва қарор дод, ки Китоби Муқаддасро биомӯзад, то ки асрори хушнудии онҳоро ошкор созад.MБУБ 227.3

    Ӯ дар Китоби Муқаддас Исои Масеҳро пайдо кард. «Оҳ, Падар,дуо мегуфт ӯ, - қурбонии Ӯ ғазаби Туро нарм гардонд; Хуни Ӯ нопокии маро шуст, дар салиб Ӯ лаънати маро ба дӯши Худ гирифт, марги Ӯ гуноҳҳои маро бахшид. Мо дар беақлии худ ғарқ мешавем, вале Ту ба ман Каломи Худро ҳамчун машъал ҳадия намудӣ ва ба қалби ман даст расондӣ, то ки ман ба ҳама чиз нафрат пайдо кунам, ба ҷуз аз хизматқои Масеҳ»194Мартин, ҷилди 3, боби 13..MБУБ 227.4

    Калвинро барои қабул намудани мансаби рӯҳонӣ тайёр мекарданд. Вақте ки 12 сола буд, ӯ дар калисои начандон калон капеллан таъйин гардид, ва усқуф аз рӯи қоидаи калисо сарашро тарошид. Ба ӯ дуо надода буданд ва ӯ ягон вазифаи коҳиниро иҷро намекард, вале клирик таъйин шуда, маоши муносиб мегирифт.MБУБ 228.1

    Акнун, вақте дарк мекард, ки ҳеҷ гоҳ нияти руҳони шуданро намекунад, ӯ ба омӯзиши ҳуқуқ оғоз намуд, вале ба зудӣ аз ин мақсад низ бо умеди ба мавъизаи Инҷил бахшидани хдёти худ, даст кашид. Аммо фаъолияти мавъизакунандаи Инҷил ӯро ба тарс меовард: ӯ табиатан шармгин буда масъулиятнокии ин корро хуб мефаҳмид; дар баробари ин ӯ мехост тадқиқотҳои илмиро давом диҳад. Оқибат ба таъкидҳои дӯстон гузашт намуда, розй шуд. «Тааҷҷубовар аст, - мегуфт ӯ, - ки шахсе бо чунин аслу насаби паст сазовори чунин эҳтиром гардидааст»195Уайлӣ , китоби 13, боби 9..MБУБ 228.2

    Калвин фавъолияти худро оромона оғоз намуд, ва суханони ӯ ба монанди шабнами тароватбахше буданд, ки ба замин меафтад. Ӯ Парижро тарк намуда дар шаҳрчаи начандон калони музофотӣ дар зери ҳимояи малика Маргарита, ки оа Инҷил содиқ буду шогирдони ӯро ҳимоя мекард, маскан гирифт. Калвин дар он замон ҷавоне буд дорои одатҳои нарм ва хоксорона. Дар ибтидо ӯ аз як хона ба хонаи дигар рафта, ҳақиқатро мавъиза мекард. Бо хонаводаи худ Китоби Муқаддасро мехонд ва ба одамон ҳақиқатро оиди наҷотёбй ошкор мекард. Нафароне, ки ин ҳақиқатҳоро мешунавиданд, онҳоро ба дигарон мерасонданд ва дере нагузашта ӯ деҳаҳои атрофи шаҳрро барои мавъизаи ҳақиқат зиёрат мекард. У ҳам ба қасрҳо ва ҳам ба кулбаҳои камбағалон роҳ меёфт ва барои калисоҳои оянда, ки бояд далерона ҳақиқатро мавъиза мекарданд, замина тайёр намуда, устуворона пеш мерафт.MБУБ 228.3

    Баъди чанд моҳ ӯ боз ба Париж баргашт. Дар миёни донишмандон изтироби ғайриоддие ҳукмфармо буд. Омӯзиши за- бонҳои кадима одамонро ғайриихтиёр ба Китоби Муқаддас овард, ва ҳатто онҳое ки ҳақиқатҳои ин китоб ба қалбҳояшон таъсире нарасонда буд, ин масъалаҳоро бо шавқи зиёд муҳокима намуда, баъзан бо папистҳо баҳс мекарданд. Гарчанде ки Калвин дар баҳсҳои илоҳиётшиносй дониши зиёд дошт. вале ӯро назар ба ин олимони сермагал, иҷрои вазифаи боз ҳам олитаре дар пеш буд. Аклҳои одамон бедор шуданд ва ин аз ҳама лахзаи мусоид буд барои бо ҳақиқат шинос намудани онҳо. Дар он замоне ки дар толорҳои донишгоҳҳо баҳсҳои сахти илоҳиётшиносӣ барпо мешуданд, Калвин аз як хона ба хонаи дигар рафта, Китоби Муқаддасро ба одамон меомӯзонд ва аз Масеҳи мехкӯбшуда ҳикоя мекард.MБУБ 228.4

    Хости Худо буд, то ки дар Париж бори дигар муждаи Хуш мавъиза карда шавад. Даъватҳои Лефевр ва Фарел рад карда шуда буданд, лекин ҳар як шаҳрванди ин шаҳри бузург бояд бори дигар муждаи Хушро мешунавид. Аз рӯи мақсадҳои сиёсӣ шоҳ дар мубориза ба муқобили Ислоҳот ҳанӯз Румро ҷонибдорй намекард. Малика Маргарита мисли пешина дар дил орзуи онро мепарварид, ки протестантизм дар Франсия тантана мекунад. Ва ӯ бо қатъият қарор дод, ки имони ислоҳотгароёна бояд дар Париж мавъиза карда шавад. Ҳангоми дар Париж ҳузур надоштани шоҳ ӯ ба рӯҳонии ислоҳотгаро фармон дод, ки дар калисоҳои шаҳр мавъиза кунад. Вақте ки мавъизаи Каломи Муқаддас дар калисоҳо аз ҷониби намояндагони папа манъ карда шуд, малика барои мавъизаи ҳақиқат қасри худро пешниҳод кард. Толорро дарҳол ба калисо табдил доданд ва эълон намуданд, ки ҳамарӯза дар вақти муайян дар ин ҷо ибодат гузаронда мешавад, ки ба он одамони ҳамаи табақаҳо даъват карда мешаванд.MБУБ 229.1

    Издиҳомҳои зиёди одамон ҳамарӯза ба ин толор меомаданд. Дар миёни онҳо кормандони давлатӣ, ҳуқуқшиносон, тоҷирон ва коргарон буданд. Ғайр аз дарбори ба калисо табдил додашуда онҳо хуҷраҳои дар атроф бударо низ пур мекарданд. Шоҳ ба ҷои он ки ин ҷамъомадҳоро манъ кунад, фармон дод, ки барои гузаронидани онҳо дар Париж боз ду калисо кушода шавад. Ҳеҷ гоҳ Каломи Худо ба қалбҳои одамон чунин таъсир нарасонда буд. Ба назар чунин менамуд, ки рӯҳи ҳаёти осмонӣ ба одамон аз нав ҷон мебахшад. Мастӣ, фисқу фасод, душманӣ ва коргурезй бо қувваи худцорӣ, покӣ, тартибот ва меҳнатдӯстӣ аз ҷамъият ронда шуданд.MБУБ 229.2

    Лекин аҳли дин хоб нарафта буд. Вакте ки шох аз манъ кардани мавъиза даст кашид, намояндагони папа ба табақаҳои пасти шаҳрӣ рӯ оварда аз ҳеҷ чиз даст намекашиданд, то ки тарсу ваҳм ва таассуби издиҳоми ҷоҳил ва хурофотпарастро ба миён биёранд. Париж ба ин пешвоёни ҷоҳил кӯркӯрона итоат намуда, ба монанди Ерусалим дар замони кадим. вақти зиёрати худ ва он чиро ки ба оромию манфиати он хизмат мекард, надонист. Дар мудцати ду сол Каломи Худо дар пойтахт мавъиза карда шуд ва гарчанде ки бисёриҳо Инҷилро кабул карданд, аксарият нури хакиқатро рад намуданд. Франсиски 1 эътироф намудани озодии ҳар кадом динро зоҳиран нишон медод, лекин инро бо мақсадҳои тамаъҷӯёна амалй мекард ва папистҳо тавонистанд ҳокимияти аз даст рафтаро барқарор созанд. Аз нав дарҳои калисоҳо баста ва қатлгоҳҳо барпо карда шуданд.MБУБ 230.1

    Калвин ҳанӯз ҳам дар Париж буд. Ба омӯзиш, андешаронӣ ва дуогӯӣ машғул гардида, ӯ ба хизмати дар пеш истода ва паҳн намудани нури ҳақиқат банд буд. Окибат ӯ низ гумонбар дониста шуд. Хукуматдорони шаҳр қарор доданд, ки ӯро ба коми оташ андозанд. Боре ба хилватгоҳи Калвин. ки аз хатар гумоне надошт, дӯстони ба изтироб афтодааш давида даромаданд ва хабар расонданд, ки ҳамин дам бояд ӯро ба ҳабс гиранд. Дар ҳамин лаҳза садои тақ-тақи дар шунида шуд. Ҳар лаҳза ғанимат буд. Чанд нафар аз дӯстон барои нигоҳ доштани афсарон рафтанд, дигарон ба Калвин барои аз тиреза поён фаромадан ёрӣ расонданд, ва ӯ ба зудӣ дар канори шахр пинҳон шуд. Дар хонаи як марди ҳунарманди ҷонибдори Ислохот паноҳгоҳ ёфта, ӯ либоси соҳибхонаро пӯшид ва каландро ба даст гирифта ба роҳ баромад.MБУБ 230.2

    Муддати дарози вақт ба ҷануб роҳ рафта, ӯ аз нав дар қаламрави малика Маргарита паноҳгоҳ пайдо кард196Ниг. Д’Обинйе, «Таърихи Ислоҳот дар Аврупои давраи Калвин», китоби 2, боби 30..MБУБ 230.3

    Дар ин ҷо ӯ якчанд моҳ дар зери химояи дустони пурзури худ зиндагӣ карда, чун ҳамеша ба омӯзиши Каломи Худо машғул шуд. Лекин ӯро фикр оиди паҳн намудани ҳақиқат дар Франсия тарк намекард, ва ӯ натавонист муддати дароз бефаъолият бимонад. Ҳамин ки тӯфон каме ором гирифт, ӯ барои худ дар Пуате, ки дар он ҷо донишгоҳ вуҷуд дошту таълимоти нав хайрхоҳона қабул карда шуда буд, майдони нави фаъолиятро пайдо кард. Одамони табакаҳои гуногун бо хушнудӣ ҳақиқати Инҷилро қабул мекарданд. Калвин дар он ҷо на ошкоро, балки дар хонаи судяи калон, ки он ҷо зиндагӣ мекард, мавъиза мегуфт ва баъзан дар боғи ҷамъиятӣ суханони ҳаёти абадиро ба нафароне мекушод, ки ташнаи шунидани онҳо буданд. Баъдтар, вақте ки шумораи шунавандагон афзуд, қарор доданд, ки барои бехатарӣ берун аз шаҳр ҷамъ шаванд. Барои ин гореро ҷустучӯ карданд, ки бо дарахтон ва харсангҳои бузург иҳота шуда бошад. Ба ин ҷо бо гурӯҳҳои начандон калон, аз шаҳр бо роҳҳои гуногун берун омада, кӯшиш мекарданд номаълум бимонанд. Ва дар ин хилватгоҳи берун аз шаҳрӣ одамон Китоби Муқаддасро хонда дониши заруриро аз худ мекарданд. Дар он чо протестантҳои Франсия маротибаи аввал дар Шоми Худованд иштирок карданд. Ва аз ин калисои хурд чанд нафар мавъизакунандагони содиқи Инҷил берун омаданд.MБУБ 231.1

    Калвин аз нав ба Париж баргашт. Уро умеди он ки тамоми Франсия ақидаҳои Ислоҳотро қабул мекунад, тарк намекард. Лекин дере нагузашта ӯ боварӣ ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ имконияти фаъолият кардан нест. Инҷилро мавъиза кардан маънои фавран ба қатлгоҳ афтоданро дошт, ва охиран ӯ қарор дод, ки ба Германия сафар кунад. Ҳамин ки ӯ Франсияро тарк кард, аз нав таъқиботи сахти эътирозчиён оғоз ёфт ва агар ӯ дар Франсия мемонд, тӯъмаи оташи таъқиботчиён мегардид.MБУБ 231.2

    Ислоҳотчиёни Франсия кӯшиши аз бародарони немис ва швейсарии худ ақиб намонданро карда, қарор доданд, ки ба хурофотпарастии Рум зарбаи далерона зада тамоми миллатро ба ҷунбиш биёранд. Дар як шаб дар тамоми Франсия варақаҳое овехта шуданд, ки мессаро сахт танқид мекарданд. Лекин ба ҷои муваффақияти дилхоҳ ин қадами далерона ва хуб андешиданашуда, на танҳо барои нафарони онро ба ҷо оварда, балки барои ҳамаи хайрхоҳони Ислоҳот дар Франсия марговар буд. Папистҳо он чиро ки дер боз интизораш буданд ба даст оварданд - баҳонаро, ки онро барои пурра нест кардани бидьаткорон чун ташвиқотчиёни хатарноки зидди тахт ва ваҳдати миллӣ истифода бурдан мумкин буд.MБУБ 231.3

    Дасти як нафаре, - шояд дӯсти бехиради Ислоҳот буд, шояд душмани ҳилагаре, - ин ҳамин тавр номаълум монд - як варақаро дар дари утоқи кории шоҳ часпонд. Шоҳ ба даҳшат омад: ин варақ ба хурофотҳое ки дар тӯли асрҳои зиёд ба онҳо бо чунин иззату эҳтиром муносибат мекарданд, зарбаи бераҳмона зад. Ҷасорати бемонанди нафароне ки ҷуръат намуданд чунин суханони дағал ва тундро ба ҷониби шоҳ фиристанд, шоҳро ба ғазаб оварданд. Ба муддати якчанд вақт ӯ аз ҳаяҷон ба ларза омада аз сухангӯӣ бозмонд, лекин баъд ғазаби ӯ дар суханони даҳшатовари зерин баён ёфтанд: «Бигзор ҳар нафареро, ки дар ҷонибдории ақидаҳсш лютеранӣ гумонбар дониста мешавад, новобаста аз мансабаш дастгир кунанд. Ман ҳамаи онҳоро нобуд мекунам»197Ҳамон ҷо, китоби 4, боби 10.. Қуръа партофта шуд. Шоҳ қарори пурра ва бебозгашт ҷонибдорӣ кардани Румро қабул кард.MБУБ 232.1

    Фавран ҳамаи чораҳо барои дастгир намудани лютеранхо дар Париж ба роҳ монда шуданд. Папистҳо хунарманди 6640pa, ҷонибдори имони ислоҳотгароёнаро, ки одатан имондоронро барои ҷамъомадҳои пинҳонӣ даъват мекард, дастгир намуданд ва бо таҳдиди марги ногузир мачбур намуданд, ки ба онҳо макони зисти ҳамаи протестантҳои ба ӯ маълумро ба эмиссари папа нишон диҳад. Дар аввал ин марди бадбахт бо даҳшат чунин пастиро рад кард, лекин дар охир тарси марги пурмашаққат ӯро маҷбур намуд, ки хоини бародарони худ гардад. Морин, гумоштаи шоҳ бо ҳамроҳии сарбозон, рӯҳониён, роҳибон ва ин марди бадбахти ба муқобили вичдони худ амал намуда, дар кӯчаҳои шаҳр оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ин маросим гӯё ба муносибати «фарзҳои муқаддас», чун фидия барои таҳқири расондаи эътирозчиён бар месса ба ҷо оварда мешуд. Лекин ҳамаи ин «сохтакорӣ» нақшаҳои разилонаро дар худ пинҳон мекард. Ба хонаи шахсони ҷонибдори ақидаҳои лютеранӣ наздик омада, хоин бо даст ишора мекард, маросим бозмеистод, афсарон ба хона даромад, ҳамаро пайи ҳам дастгир намуда, занҷирбанд мекарданд ва маросими даҳшатовар дар ҷустуҷӯи қурбониҳои нав ба пеш ҳаракат мекард. Онҳо «ҳар як хонаро аз назар мегузаронданд, ҳам ба кулбаҳои вайрона, ҳам ба бинои донишгоҳ медаромаданд... Тамоми шаҳр аз тарси Морин ба ларза омада буд... Дар ҳама ҷо тарс ва дахшат ҳукмфармо буд»198Ҳамонҷо..MБУБ 232.2

    Ҳабсшудагонро баъди азобу шиканҷаи сахт ба қатл мерасонданд. Бо фармони махсус гулханҳоро начандон калон дармегиронданд, то ки азобу шиканҷаи онҳоро дароз гардонанд. Лекин азиятдидагон чун ғолибон, бо далерии устувор ва оромии ҳаяҷоннопазир ҷон медоданд. Таъқибкунангон, ки дар шикаст додани мардонагии босуботи онҳо беқудрат буданд, худро мағлубшуда ҳис мекарданд. «Дар ҳамаи маҳалаҳои Париж майдонҳои қатл бунёд карда шуданд ва ҳар рӯз дар пеши назари мардум қурбониҳои навро дар оташ месӯзонданд, то ки дар дили одамон тарсро ҷо намуда, бо ин нишон диҳанд, ки бидъаткоронро чӣ гуна марг интизор аст. Лекин дар ин мубориза оқибат Инҷил ғолиб омад. Тамоми Париж боварӣ ҳосил кард, ки таълимоти нав чӣ гуна одамонро тарбия мекунад. Беҳтарин минбарҳо сутунҳое буданд, ки ба онҳо эътирозчиёнро мебастанд. Хурсандии ҳаяҷоннопазири чеҳраҳои мардони ба майдони қатл рафтаистодаро мунавваркунанда; каҳрамонии далеронае ки онҳоро дар оташи алангазананда тарк намекард, нармдилиҳои ҳамабахшандае ки на як маротиба ғазабро ба марҳамат, ва нафратро ба муҳаббат табдил додаанд; ҳамаи ин бо кувваи муқовиматнопазир равшану возеҳ ба ҷонибдории Инҷил шаҳодат медоданд»199Уайлӣ , китоби 13, боби 20..MБУБ 233.1

    Рӯҳониён кӯшиши паст нагардидани ғазаби халқро намуда, дар бораи эътирозчиён овозаҳои аз ақл берунро паҳн мекарданд. Онҳоро дар суиқасдҳои хунин бар зидди католикҳо, дар мақсади барҳам задани ҳукумат ва қатл намудани шоҳ айбдор мекарданд. Лекин дар баробари ин ягон далели исботи чунин айбномаҳоро намеоварданд. Ин пешгӯиҳои даҳшатовар ичро шуданд, лекин комилан дар вазияти дигар. Баъд аз якчанд садсола дар Франсия хӯфоне cap зад, ки онҳо пешгӯӣ карда буданд. Шоҳ, аҳли дарбор ва зердастони ӯ бадбахтии даҳшатоварро аз cap гузаронданд, вале аз дасти худобехабарон. На паҳншавии протестантизм, балки решаканкунии он ба он оварда расонд, ки бо гузашти се садсола Франсияро бадбахтиҳои даҳшатовари инқилоби зиддидинӣ фаро гирифт.MБУБ 233.2

    Тамоми табакаҳои ҷамъиятро шубха, нобоварӣ ва тарс фаро гирифт. Дар миёни изтироби умум ошкор гардид, ки дар ақлҳои одамоне, ки пояҳои маърифат ва маданият башумор мерафтанду бо олиҳимматии хислатҳои худ ба миллат таъсири хуб мерасонданд, таълимоти лютеранӣ чӣ қадар амиқ ҷой гирифтааст. Вазифаҳои муҳимтарину пурмасъулият ногаҳон ишғолнашуда монданд. Аз шаҳр ҳунармандон, нашркунандагон, олимон, профессорҳои донишгоҳҳо, нависандагон ва ҳатто аҳли дарбор ғайб заданд. Садхо одамон Парижро тарк карда, худро ихтиёран маҳкуми бадарға намуданд ва бо ин пайравии худро аз таълимоти ислоҳотгароёна нишон доданд. Папистҳо ҳодисаҳои ба амал омадаистодаро саргарангона назорат мекарданд - онҳо гумон надоштанд, ки дар гирду атроф чунин шумораи зиёди бидъаткорони пинхонӣ зиндагӣ мекунанд... Ва бо бадхашмии дучанд ба сари нафароне ҳамла оварданд, ки дар зери дасташон қарор доштанд. Маҳбасҳо пур шуданд, аз ҳаво бошад бӯйи дуди гулханҳои сӯхтаистодае меомад, ки дар онҳо шоҳидони Инчилро месӯзонданд.MБУБ 234.1

    Франсиски I мағрурона худро пешвои ҳаракати бузург баҳри таҷаддуди илм, ки ибтидои садсолаи XVI бо он шӯхрат ёфта буд, тасаввур месохт. Ӯ бо майли зиёд олимонро аз тамоми гӯшаҳои олам даъват мекард. Тоқатпазирии ӯ нисбати Ислоҳот қисман бо муҳаббаташ нисбати маърифатнокшавӣ ва нафрат ба ҷоҳилию хурофотпарастии роҳибон фаҳмонда мешуд. Лекин кӯшиши зиёди нест намудани бидъатро намуда, ин ҷонибдори маърифатнокшавй фармоне баровард дар бораи манъ намудани кори нашр дар Франсия! Таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки чӣ гуна маданияти ақлонӣ бо тоқатнопазирии динӣ пайваст шудааст, ва Франсиски 1 низ ба ҳамин рӯйхат дохил мешавад.MБУБ 234.2

    Франсия мақсади қатъии худро оиди нест кардани протестантизм бо ҷазодиҳии ошкоро тасдиқ намуд. Рӯҳониён талаб мекарданд, то таҳқири бо маҳкумкунии месса ба Осмон расонидашуда, бо хун ҷуброн карда шавад ва шоҳ аз номи халқ ба таври ошкоро розигии худро барои гузаронидани ин амалӣ даҳшатовар бидиҳад.MБУБ 235.1

    Маросими даҳшатангез 21 январи соли 1535 амалӣ гашт. To он замон тамоми чораҳо андешида шуданд, то ки бар зидди эътирозчиён тарси бардурӯғ ва нафрати кӯркуронаи тамоми миллатро барангезанд. Тамоми кӯчаҳои Париж бо издиҳоми одамон банд карда шуда буданд. Маросими калону мӯҳташам омода карда мешуд. «Дар хонаҳое ки маросим аз назди онҳо мегузашт, матоъҳои мотамӣ овезон, ва дар ҳама ҷо қурбонгоҳҳо барпо карда шуда буданд». Дар назди ҳар як дар ба муносибати «фарзҳои муқаддас», машъал афрӯхта шуда буд. Иштирокчиёни маросим дар назди қасри шоҳ пеш аз субҳидам ҷамъ омаданд. «Дар сафҳои пеш парчамҳо ва салибхои калисоҳои гуногунро мебурданд; баъд шаҳрвандон бо машъалҳои фурӯзон дар даст ҷуфт-ҷуфт қадам мезаданд». Аз паси онҳо рохибони чор иттиҳод бо либосҳои худ мерафтанд. Баъди онҳо мурдаҳои қоқшудаи муқаддасони машҳурро мебурданд ва маросимро кардиналхои мағрур бо либосҳои сурхи баланди бо ашёҳои гаронбаҳо орододашуда мепайвастанд.MБУБ 235.2

    «Маросимро усқуфи Париж роҳбарӣ мекард... чор ҳокими машҳур дар болои сари ӯ шомиёнаи бошукӯҳро мебардоштанд... Дар охири ин издиҳом шоҳ қадам мезад... он рӯз ӯ на тоҷ бар cap дошт на либоси муносиб дар тан. Бо сари лучу хамида ва бо шамъи фурӯзон дар даст шоҳи Франсия чун гунаҳгори тавбакунанда қадам мезад»200Ҳамон ҷо, боби 21.. Дар назди ҳар як қурбонгоҳ ӯ бо фурӯтанӣ ба зону зада бахшиш мепурсид - на ба- рои айбу гуноҳҳои қалбашро фасодгардонда, на барои ҷони бегуноҳон, ки дастони ӯро хунолуд карда буданд. - не, ӯ барои гуноҳи нафратангези зердастони худ, ки ҷуръати таҳқир намудани мессаро карда буданд, тавба мекард. Уро малика ва мансабдорони давлатӣ, ки дар даст машъалхои фурӯзон доштанду ҷуфт-ҷуфт мерафтанд, ҳамроҳӣ мекарданд.MБУБ 235.3

    Дар он рӯз дар толори калони касри усқуф шох бо сухан ба ашрофзодагони олимансаб муроҷиат кард. V ба назди онҳо бо чеҳраи ғамзада баромада бо фикрҳои таъсирбахш «аз ҷиноят, куфргӯӣ. шармандагӣ ва ғам», ки барои халки Франсия лаънат гардида буданд, сухан гуфта, афсӯс мехӯрд. Ва баъд ӯ ҳамаи зердастони содики худро барои нест кардани бидъати марговаре, ки ба Франсия бо марг таҳдид мекунанд, даъват намуд. «Ҷанобони олӣ, чӣ тавре ки шоҳ будани ман барои шумо ҳақ аст, - гуфт ӯ, - ончунон ҳақ аст он чиз ки агар ба даст ё пои ман ин марази палид мечаспид, ман ба шумо иҷозат медодам, то ки онро бурида партоед... Ғайр аз ин, агар ман мефаҳмидам, ки нафаре аз фарзандони ман бо ин таълимоти нафратангез бадном гардидааст, ман ба ӯ раҳм намекардам... Ман худам ӯро ба суди адолатпарвар месупоридам ва ба Худо курбон мекардам». Ашк гӯлугираш мекард ва ҳамаи ҷамъомадагон гиря карда, якҷоя нидо мекарданд: «Мо тайёрем барои мазҳаби католикй ҷон супорем!» 201Д’Обинйе, «Таърихи Ислоҳот дар Аврупои давраи Калвин», китоби 4, боби 12..MБУБ 236.1

    Халқеро, ки нури хақикатро рад кард, чй гуна торикии зулмот печонда буд! Барои Франсия «файзи наҷотбахш» зоҳир гашт; мамлакат қувва ва муқаддасии онро дид, дид, ки чӣ тавр ҳазорон одамон бо камолоти Илоҳии он ҷалб мегарданд, чӣ тавр шаҳру деҳот аз нури он мунаввар мегарданд; ҳақикатро дидаю дониста инкор намуда, ба ҷои нур торикиро интихоб намуд. Ҳадияи пешниходшудаи осмониро рад кард. Бадиро некй ва некиро - бадӣ номид, то даме ки оқибат қурбони худфиребӣ гардид. Шояд дар ҳақиқат боварӣ дошт, ки бо таъкиб намудани қавми Худо ба Ӯ хизмат мекунад, вале ин гуноҳро аз гарданаш озод намекард. Бо нафрат нуреро рад кард, ки метавонист аз гумроҳӣ наҷоташ диҳад ва аз хунрезӣ нигох дорад.MБУБ 236.2

    Қасами ботантанаи решакан кардани бидъат дар толори калони калисои ҷомеъе садо дод, ки дар ин ҷо бо гузашти 300 сол халқи Худоро тамоман фаромӯш намуда, «худои ақл»-ро тоҷгузорӣ карда буд. Баъд маросими даҳшатовар аз нав дар кӯчаҳои Париж ба ҳаракат даромад, ва одамоне ки бо худ Франсияро таҷассум мекарданд, ба амалӣ намудани корҳое даст заданд, ки барои иҷро намуданашон қасам ёд карда буданд. «Дар масофаи начандон аз якдигар дур саҳнаҳо барои зинда сӯзондани эътирозчиён тайёр карда шуда буданд. «Гулханҳои зинда», бояд бо наздикшавии шоҳ оташ мегирфтанд; иштирокчиён маросим бозмеистоданд, то ки азобу машаққати онҳоро бубинанд»202Уайлӣ , китоби 13, боби 21.. Бе даҳшат тасвир намудани азобу машакқати аз cap гузарондаи ин шоҳидони Масеҳ ғайри имкон аст, танҳо гуфтан мумкин аст, ки онҳо ҷони худро бе ягон шубҳа ва дудилагӣ нисор кардаанд. Вақте ки хостанд як эътирозчиро ба инкор намудани ақидаҳояш розӣ кунонанд, ӯ чунин ҷавоб дод: «Ман танҳо ба он чизе имон дорам, ки пайғамбарон ва шогирдони Масеҳ мавъиза кардаанд, ҳама муқаддасон низ ба ҳамин имон доштанд. Ман ба Худованде имон дорам, ки тамоми қувваҳои дӯзахро мағлуб мекунад»203Д’Обинйе, «Таърихи Ислоҳот дар Аврупои давраи Калвин», китоби 4, боби 12..MБУБ 237.1

    Маросим такрор ба такрор дар назди ин «гулханҳои зинда» бозмеистод. Дар охир халқ ба қасри шоҳ наздик омада пароканда шуд, шоҳ ва рӯҳониён бошанд аз ҳодисаҳои рӯз қонеъ гардида якдигарро бо оғози бомуввафақияти решаканкунии бидъат табрик гуфта, ба манзилҳои худ баргаштанд.MБУБ 237.2

    Инчили осоиштагӣ, ки аз ҷониби Франсия рад гардида буд, дере нагузашта решакан карда шуд; оқибатҳои ин амал даҳшатовар буданд. 21 январи соли 1793, бо гузашти 258 сол аз он рӯзе ки Франсия қасами решакан намудани ислоҳотчиёнро хӯрд, дар кӯчаҳои Париж маросими дигар, бо мақсадҳои комилан дигар ҳаракат мекард. «Чеҳраи асосии ин мароси боз шоҳ буд, ва боз ғавғоҳо баланд мешуданд, боз издиҳоми сермағал қурбонӣ талаб мекард, ва боз қатлгоҳҳо барпо карда шуданд, ва боз рӯз бо азобу шиканҷаҳои даҳшатангез анҷом ёфт. Людовики XVI-po, ки маъюсона ба қотилони худ муқобилият нишон медод, зӯран ба назди кундаи сарбурӣ оварданд ва ӯро дар он ҷо то он даме нигоҳ доштанд, ки ҷаллод сарашро аз тан ҷудо кард»204Уайлй , китоби 13, боби 21.. На танҳо шоҳ кушта шуд; дар он рӯзҳои хунини ҳукмронии террор дар паҳлӯи ӯ дар мошини сарбурӣ 2800 нафар кушта шуданд.MБУБ 237.3

    Ислоҳот ба ҷаҳон Китоби Муқадцасро пешниҳод мекард ва талаботҳои Шариати Худоро фаҳмонда, кӯшиши дар виҷдони ҳар як нафар ҷой намудани онро кард. Муҳаббати Беинтиҳо дар назди одамон фароизҳо ва принсипҳои Осмонро кушод. Худованд гуфтааст: «Пас, онҳоро риоя намуда, ба амал оваред, зеро ки ин ҳикмат ва хиради шумо пеши назари қавмҳост, ки онҳо тамоми ин фароизро шунида, хоҳанд гуфт: «Ба яқин, ин халқи бузург қавми хаким ва хирадманданд!» (Такрори Шариат4:6). Вақте ки Франсия ин ҳадияи Осмониро рад кард, вай тухми беҳокимиятӣ ва вайрониро кошт, ки ҳатман меваҳои инқилоб ва террорро оварданд.MБУБ 238.1

    Хеле пештар аз таъқиботҳое, ки бо сабаби пайдошавии варақаҳои маҳкумкунандаи месса ба миён омада буданд, Фарели далер ва серғайрат маҷбур шуд аз ватани худ фирор кунад. Ӯ ба Швейсария сафар кард ва дар он ҷо ба Цвинглӣ ёрӣ расонда, тавонист афкори умумро ба ҷониби Ислоҳот равона созад. Ӯ то охири ҳаёт дар Швейсария монд, лекин мунтазам расонидани таъсири ҷиддиро ба Ислоҳот дар Франсия давом медод. Дар солҳои аввали бадарға ӯ асосан оиди паҳншавии Инҷил дар ватани худ ғамхорӣ мекард. Ӯ дар миёни ҳамватанони худ, ки начандон дур аз сарҳад зиндагӣ мекарданд мавъиза мекард, ва бо таваҷҷӯҳи заифнашаванда ба рафти мубориза назорат намуда, бо суханони рӯҳбаландкунанда ва маслиҳатҳо ёрй мерасонд. Бо ёрии дигар шахсиятҳои бадарғашуда асарҳои ислоҳотчиёни немис ба забони франсузӣ тарҷума шуда буданд. Дар якҷоягй бо Китоби Муқаддас онҳо бо шумораи зиёд ба забони франсузй нашр шуданд. Ин китобҳо дар тамоми Франсия паҳн шуданд - онҳоро ба паҳнкунандагони китобҳо бо нархи арзон медоданд, маблағҳои ба даст омадаро бошад ба онҳо барои ҳавасмандкунӣ ҳадия мекарданд, то ки онҳо кори худро давом диҳанд.MБУБ 238.2

    Фарел дар Швейсария ба вазифаи муаллими оддии мактаб ба кор оғоз намуд. Дар калисои начандон калон барои худ хилватгоҳ пайдо карда, ӯ худро ба таълими кӯдакон бахшид. Ба ғайр аз фанҳои муқаррарии мактабӣ ӯ бо эҳтиёт кӯдаконро бо ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас шинос намуда, умед дошт, баъд волидайни онҳоро ҷалб намояд. Баъзе аз онҳо имон овардан, лекин рӯҳониён ба фаъолияти ӯ монеъ гардида, сокинони хурофотпарасти деҳотиро ба Фарел зид гардонданд. «Ин наметавонад Инҷили Масеҳ бошад, - бо қатъият такрор мекарданд онҳо, - зеро ки мавъизаи он на сулҳ, балки ҷанг меорад»205Уайлӣ , китоби 14, боби 3.. Ба монанди масеҳиёни аввалин рафтор камуда, ҳангоми таъқиб шудан, аз як шаҳр ба шаҳри дигар мерафт. Ӯ овора гардида, аз як деҳа ба деҳаи дигар ва аз як шаҳр ба шаҳри дигар рафта, гуруснагӣ, сардӣ, хастагӣ ва хатарҳои доимиро аз cap мегузаронд. Ӯ дар майдонҳои назди бозорҳо, дар калисоҳо ва дар баъзе мавридҳо дар калисои ҷомеъ мавъиза мекард. Гоҳо ӯ калисоро комилан холӣ меёфт, гоҳо мавъизаи ӯ бо мағал ва масхараҳо бурида мешуд, гоҳо ӯро аз минбар кашола карда мебароварданд. Чандин маротиба халқи авомро ба зидци ӯ иғво андохтанд, ки ӯро то дами марг латукӯб карда буданд. Лекин ӯ боз ҳам ба пеш ҳаракат мекард. Аксар вақт бмағлуб гардида, бо устувории заифнашаванда ҳамларо аз нав оғоз мекард, ва дере нагузашта деҳоте, ки пеш пуштибони ҳокимияти папа буданд, дарвозаҳои худро барои қабули Инҷил кушоданд. Он калисои начандон калоне, ки ӯ фаъолияташро бори аввал аз он оғоз намуда буд, дере нагузашта имони ислоҳотгароёнаро қабул кард. Чунин шаҳрҳо ба монанди Морат ва Нойхател низ аз маросимҳои католикӣ даст кашида, аз калисоҳои худ расмҳои бутҳоро берун партофтанд.MБУБ 239.1

    Фарел муддати дароз дар дили худ хоҳиши дар Женева баланд бардоштани байрақи протестантизмро мепарварид. Агар ин орзуи ӯ ҷомаи амал мепӯшид, ин шаҳр метавонист маркази Ислоҳот барои Франсия, Швейсария ва Италия гардад. Ӯ ин мақсадро дар назди худ гузошта бо ҷидду ҷаҳди зиёд заҳмат мекашид, то замоне ки шаҳрҳо ва деҳоти атрофи Женева таълимоти ислоҳотгароёнаро қабул карданд. Ва танҳо он замон ӯ бо ҳамроҳии дӯсти ягонааш ба Женева ворид шуд. Лекин дар он ҷо ӯ танҳо ду мавъиза гуфта тавонист. Рӯҳониёне, ки маҳкумкунии ӯро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ба даст оварда натавонистанд, Фарелро ба шӯрои калисо даъват намуда, худ бо яроқҳои дар зери либос пинҳон ҳозир гардида, қарори қатъии куштани ӯро доштанд. Бино бо издиҳоми ба ғазаб омада, ки дар даст шамшер ва калтак дошт, иҳота шуда буд, — агар ӯ аз бино ҷони худро раҳо карда берун мешуд, он гоҳ ба дасти издиҳоми хашмгин меафтод. Уро ҳузури намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва сарбозони мусаллаҳ наҷот доданд. Субҳи рӯзи дигар Фарел бо ҳамроҳии дӯстони худ ба он тарафи кӯл ба ҷои бехатар фиристода шуд. Кӯшиши аввалини ӯ оиди мавъиза кардани Инҷил дар Женева ҳамин тавр анҷом ёфт.MБУБ 239.2

    Барои кӯшиши навбатӣ аслиҳаи бисёр оддӣ - ҷавони қиёфааш ончунон назарногир интихоб гардид, ки ҳатто дӯстони Ислоҳот ӯро хунукназарона пешвоз гирифтанд. Чӣ коре карда метавонист ин ҷавон, дар он ҷое ки худи Фарел мағлуб гашт? Чӣ тавр ӯ, ҷавони беҷуръату камтаҷриба дар назди фишори тӯфоне, ки аз он чунин мардони далеру пурзӯр ба фирор намудан маҷбур шуданд, истодагарӣ мекунад? «...на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо» (Закарё 4:6). «Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст». «Лекин Худованд ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад» (1 Қӯринтиён 1:25, 27).MБУБ 240.1

    Фрамент кори худро чун муаллими мактаб оғоз кард. Ҳақиқатҳоеро, ки ӯ ба кӯдакон таълим медод, онҳо дар хона такрор мекарданд. Ва дере нагузашта волидайни онҳо барои шунидани тафсири Китоби Муқаддас омаданду оҳиста-оҳиста синфхона аз шунавандагони бодиққат пур шуд. Ба он нафароне, ки ҷуръати омадану шунидани таълимоти навро намекарданд, хондани Инҷил ва рисолаҳоро пешниҳод менамуданд; ин китобҳо барои ҳама дастрас буданд. Баъди чанде ин ҷавон низ ба фирор намудан маҷбур шуд, лекин ҳақиқатҳои мавъиза- кардаи ӯ аллакай дар мафкураи одамон ҷой гирифта буданд. Тухмҳои Ислоҳот кошта шуданд, ин ҷараён устувор ва паҳн мегашт. Муждарасонҳо баргаштанд, ва ба шарофати заҳматҳои онҳо ибодати протестантӣ оқибат дар Женева пойдор гардид.MБУБ 240.2

    Вақте ки баъди оворагардиҳои дуру дароз ва ноустувориҳо дар ин ҷо Калвин пайдо шуд, Женева аллакай Ислоҳотро ошкоро эътироф мекард. Калвин ба диёри худ ба Базел бармегашт, лекин маълум шуд, ки роҳ аз ҷониби қӯшунҳои Карли V баста шудааст ва ӯ маҷбур шуд роҳи давродаврро ба воситаи Женева интихоб кунад.MБУБ 241.1

    Дар омадани Калвин Фарел дасти Худовандро дид. Гарчанде ки Женева имони ислоҳотгароёнаро қабул карда буд, дар ин ҷо анҷом додани корҳои зиёд дар пеш буд. Тамоми аҳли калисо дар якҷоягӣ ба Худо имон намеоранд, балки ҳар як нафар дар алоҳидагӣ имон меорад; қалб ва виҷдон на бо фармонҳои калисои ҷомеъ, балки бо Рӯҳи Муқаддас тачдид мешаванд. Гарчанде ки сокинони Женева ҷабру зулми Румро рад карда буданд, онҳо ҳанӯз барои бартараф намудани фисқу фасоде, ки дар давраи ҳукмронии он ривоҷ ёфта буданд, омода набуданд. Маълум шуд, ки ба одамон талқин намудани зарурияти аз рӯи принсипҳои поки Инҷил зиндагӣ кардан, то ки онҳо сазовори мавқеи пешакӣ муайяннамудаи пешбинии Худованд бошанд, - вазифаи осон набудааст.MБУБ 241.2

    Фарел боварӣ дошт, ки Калвин маҳз ҳамин гуна шахсест, ки бо ӯ дар ин кор ҳамкорӣ кардан мумкин аст. Фарел ба номи Худованд мавъизачии ҷавонро барои дар ин ҷо хизмат кардан, зорию илтиҷо мекард. Ин пешниҳод Калвинро ба ҳарос овард. Ӯ ки шахси табиатан беҷуръат ва сулҳҷӯй буд аз сокинони ҷасур, соҳибихтиёр ва тундмиҷози Женева дурӣ меҷуст. Саломатии заиф ва майлу рағбат ба машгулиятҳои илмӣ ӯро ба ҷустуҷӯи хилватгоҳ водор менамуданд. Ӯ фикр мекард, ки асарҳояш ба Ислоҳот хизмати беҳтар мекунанд ва мехост хилватгоҳе пайдо кунад, то ки бо қалами худ калисоро дастгирӣ кунад ва панд диҳад. Лекин илтимоси таъсирбахши Фарел дар гӯши ӯ чун нидои Осмон садо дод, ва ӯ ҷуръати не гуфтанро накард. Ба назари ӯ чунин намуд, ки гӯё «Худо дасти Худро аз осмон дароз карда, онро ба сари ӯ монд, ва ба ҳеҷ гуна муқобилият нигоҳ накарда, ӯро ба ҷое гузошт, ки Калвин зудтар мехост онро тарк кунад»206Д’Обинйе, «Таьрихи Ислоҳот дар Аврупои давраи Калвин», китоби 9, боби 17..MБУБ 241.3

    Он замон ба протестантҳо хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Женева гирифтори лаънатҳои папа гардид ва давлатҳои пуриқтидор таҳдиди нест намудани онро мекарданд. Чӣ тавр ин шаҳри начандон калон тавонист ба ҳокимияти бонуфузе ки аксар вақт подшоҳон ва императорҳо ба он итоат мекарданд, муқобилият нишон диҳад? Чӣ тавр он тавонист дар назди қӯшунҳои истилогарони қудратманд истодагарӣ кунад?MБУБ 242.1

    Дар тамоми олами масеҳӣ ба протестантизм душманони даҳшатовар тахдид мекарданд. Давраи музаффариятҳои аввал барои Ислоҳот гузашт; Рум бо умеди нест кардани он қувваҳои нав ҷамъ кард. Дар ин давра иттиҳоди иезуитҳо - ҷонибдорони бераҳм, бепринсип ва пурқувваттарини ҳокимияти папа созмон дода шуд. Аз ҳама гуна шавқу ҳавас ва дилбастагиҳои заминӣ даст кашидаю дар худ ҳиссиётҳои табиӣ ва майлу рағбатро пахш ва садои вичдону хирадро хомӯш намуда, онҳо ҳеҷ гуна қоидаҳо. ҳеҷ гуна масъулияро, гайр аз хизмат ба иттиҳоди худ эътироф намекарданду паҳн намудани эътибору нуфузи ин иттиҳодро ягона қарзи худ мешумориданд. Инҷили Масеҳ пайравони худро соҳиби қобилияти сазовор пешвоз гирифтани дилхоҳ хатарҳо, аз cap гузарондани азобу машаққат, сарди, гурус нагӣ, маҳрумият, эҳтиёҷотҳо гардонда, ба онҳо дар баланд бардоштани парчами ҳақиқат дар рӯ ба рӯи азиятҳо, маҳбас ва гулханҳо ёрӣ мерасонд. Иезуитҳо ба ин қувва таассуберо муқобил гузоштанд, ки ба онҳо барои аз cap гузарондани мушкилиҳо ва хатарҳои ба ин монанд ва дар мубориза оар зидди ҳақиқат аз ҳама гуна воситаҳо истифода намудан, ёрӣ мерасонд. Чунин ҷинояте вуҷуд надошт, ки онҳо онро иҷро карда натавонанд; чунин фиребе вуҷуд надошт, ки онҳо онро ниҳоят разилона шуморанд; чунин ҳилаю найранге вуҷуд надошт, ки онҳо ба он даст назананд. Савганди итоаткори ва бенавоии абадиро хӯрда, онҳо дар назди худ мақсади сарватмандгардонӣ ва устуворсозии иттиҳоди худ, барҳамзании протестантизм ва барқарорсозии ҳокимияти папаро гузоштанд.MБУБ 242.2

    Аъзоёни иттиҳод дар зери ниқоби муқаддасӣ маҳбасҳо ва беморхонаҳоро зиёрат карда ва ба камбағалону беморон хизмат намуда, дунёбезории худро нишон медоданд ва аз он ёдрас мешуданд, ки сазовори номи муқадцаси Масеҳанд, ки ба ҳар куҷое ки мерафт, кори нек мекард. Лекин дар зери ин ниқоби шоиста аксар вақт бадтарин мақсадҳои ҷинояткорона ва даҳшатовар ниҳон буданд. Принсипи асосии иттиҳод чунин буд: мақсад воситаҳоро ҷуброн мекунад. Мувофиқи ин ақида, дурӯғ, ғоратгарӣ, аҳдшиканӣ, куштор на танҳо сафед карда мешуданд, балки дастгирӣ меёфтанд, агар ганҳо ба манфиати калисо ба ҷо оварда мешуданд. Иезуитҳо мақсадҳои аслии худро пинҳон намуда, ба мансабҳои баланди давлатӣ роҳ меёфтанд, унвони машвартчии шоҳро ба даст оварда, ба сиёсати бисёр давлатҳо таъсир мерасонданд. Онҳо хизматгор мешуданд, то ки аз паси хӯҷаинҳои худ ҷосусӣ кунанд. Барои писарони ҳокимон коллеҷҳо ва барои халқи камбағал мактабҳо кушода, кӯдаконро аз оилаҳои эътирозчиён ба иҷрои маросимҳои католикӣ ҷалб мекарданд. Тамоми карруфари рӯякӣ ва театрикунонидашудаи ибодатгузориҳои католикӣ барои он истифода бурда мешуд, то ки ақли инсонро барҳам зада ба тасаввуроти ӯ таъсир расонад. Дар натиҷа кӯдакон ба мақсадҳои олии озодӣ хиёнат менамуданд, ки падарони онҳо барои ин мақсадҳо мубориза бурда ҷони худро нисор мекарданд. Ин иттиҳод дар тамоми Европа босуръат паҳн гардида, дар ҳама ҷо ба баркароршавии ҳокимияти папа мусоидат мекард.MБУБ 243.1

    Барои дар зери ҳукмронии ин иттиҳод тобеъ кунондани ҳокимияти беиггар, бо фармони махсуси папа инквизисия аз нав барқарор карда шуд. Сарфи назар аз нафрати умум нисбати он, ин трибунали даҳшатангез ҳатто дар мамалакатҳои католикӣ аз нав барқарор карда шуд. Ваҳшигариҳои ниҳоят даҳшатоваре ки онро рӯшноии рӯз таҳаммул карда наметавонист, дар маҳбасҳои махфии он ба ҷо оварда мешуданд. Дар бисёр мамалакатҳо садҳо ҳазорон одамоне ки нури миллатро ташкил ме- доданд: шахсиятҳои поквичдон ва номдор; донишмандон ва соҳибистеъдодҳо; мавъизачиёни парҳезгору оа Худо содик., шаҳрвандони ватандӯст ва заҳматкаш; олимони машҳур; рассомони боистеъдод; ҳунармандони моҳир кушта ё бадарға карда шуданд.MБУБ 243.2

    Рум чунин воситаҳоро истифода мебурд, то ки нури Ислоҳотро хомӯш намуда, халқро аз Китоби Муқаддас маҳрум созад ва онро ба ҷаҳолат ва хурофоти торикии асримиёнагӣ баргардонад. Лекин бо хости Худованд бо заҳмати мардони олиҳиммате ки У ба ҷои Лютер даъват карда буд, протестантизм несту нобуд карда нашуд. Ин таълимот барои қувваи зиндадилони худ аз меҳрубонӣ ва аз аслиҳаи ҳокимон сипосгу зор набуд. Мамлакатҳои аз ҳама хурдтарин ва миллатҳои фурӯтану заиф такягоҳи протестантизм мегардиданд. Масалан, Женеваи хурди бо душманони қудратманд иҳота гардида, ки андешаи нест карданашро мекарданд; Голландия дар соҳилҳои регзори баҳри Шимол, ки бар зидди зулму истибдоди Испания, ки он замон яке аз давлатҳои бузург ва сарватманди дунё буд, далерона мубориза мебурд; Шведсияи сард бо заминҳои камҳосил, ки он чо Ислоҳот ғалаба кард.MБУБ 244.1

    Калвин дар Женева қариб сӣ сол заҳмат кашид - дар ибтидо барои бунёди Калисое, ки танҳо аз рӯи покии таълимоти маънавии Китоби Муқадцас амал кунад, ва баъд - барои паҳнкунии Ислоҳот дар тамоми Европа. Дар фаъолияти ҷамъиятии худ ӯ ба хатоҳо роҳ медод ва доктринаҳои у аз гумроҳиҳо озод набуданд. Лекин ӯ дар паҳншавии ҳақиқатҳои барои он замон махсусан муҳим нақши барҷаста бозид; дар ҳимояи протестантизм ба муқобили қудрати зуд барқароршавандаи ҳокимияти папа, ӯ ба калисоҳои ислоҳотгаро барои ба роҳи зиндагии оддию пок қадам ниҳодан ёрӣ расонда, ба он мағрурӣ ва расвоиеро муқобил мегузошт, ки ҳангоми ҳукмронии ҳоки-мияти папа инкишоф меёфтанд.MБУБ 244.2

    Женева барои паҳн намудани китобҳо ва таълимоти ислоҳотгароёна муаллимонро мефиристод. Таъқибшавандагони ҳамаи мамлакатҳо барои рӯҳбаландшавӣ ва пандгирӣ нигоҳи худро сӯи ин шаҳр равона мекарданд. Шаҳри Калвин барои ислоҳотчиёни таъқибшавандаи тамоми Европаи Ғарбӣ паноҳгоҳ гардид. Аз таъқиботҳои даҳшатоваре, ки садсолаҳои дароз давом мекарданд раҳо ёфта, нафарони рондашуда ба назди дарвозаҳои Женева меомаданд. Гуруснаю таҳқиршуда, аз ватану оилаҳо маҳрум гардида, онҳо дар ин ҷо истиқболи гарму гамхории таъсирбахшро пайдо мекарданд. Дар ин ҷо барои худ ватани дуюмро пайдо намуда ва барои шахри онҳоро қабул карда манбаи баракат гардида, ба он дониш, ҳунар ва пархезгории худро мебахшиданд. Бисёриҳо дар ин ҷо барои худ паноҳгоҳ пайдо карда, баъд ба ватани худ бармегаштанд, то ки дар он ҷо бар зиддӣ зулму истибдоди Рум мубориза баранд. Ҷон Нокс, ислоҳотчии далери шотландӣ; пуританҳо - ислоҳотчиёни англис; эътирозчиёнӣ голландӣ ва испанӣ; гугентҳо - эътирозчиёни франсавӣ - ҳамаи онҳо аз Женева машъали ҳақикатро барои пароканда намудани зулмоте берун мебурданд, ки кишварҳои онҳоро фаро гирифта буд.MБУБ 244.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents