Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 16. - ҶУСТУҶӮИ ОЗОДӣ ДАР ОЛАМИ НАВ

    Гарчанде ки ислоҳотгарони англис аз таълимоти динии католикӣ рӯ гардонда бошанд ҳам, дар баробари ин бисёр шаклҳои онро нигоҳ медоштанд. Гарчанде онҳо эътибору нуфуз ва рамзҳои имондории ҳокимияти папаро асосан рад карда буданд, лекин расму оин ва маросимҳои зиёди он ба ибодатгузориҳои калисои англиканӣ ворид шуданд. Гуфта мешуд, ки ин анъанаҳо ба масъалаи вичдон дахл надоранду гарчанде дар Китоби Муқаддас зикр намешаванд, ва ҳамин тавр, хурду ночизанд, дар баробари ин онҳо манъ нашудаанд ва аз рӯи моҳият фосикона нестанд. Риоя намудани онҳо метавонист фарқияти махсуси миёни калисоҳои ислоҳшуда ва калисои католикиро бартараф намуда, ба қабул шудани имони протестантӣ аз ҷониби католикҳо мусоидат кунад.MБУБ 302.1

    Барои консерваторҳо ва онҳое ки ба созишкорӣ майл доранд, ин далелҳо комилан мантиқӣ менамуданд. Лекин нафарони дигаре низ буданд, ки андешаи дигар доштанд. Он ҳақиқат, ки ин анъанаҳо «миёни Рум ва Ислоҳот кӯпрук бунёд кардаанд», ба ақидаи ин одамон, далели боэътимодтаринест барои риоя накардани онҳо247Мартин, ҷилди 5, саҳ. 22.. Ин одамон дар ин анъанаҳо рамзи он ғуломиеро медиданд, ки аз он озод шуда буданд ва тавқеро медиданд, ки дигар хоҳиши ба гардан гирифтанашро надоштанд. Онҳо ишора мекарданд, ки принсипҳои ҳақиқии ибодатгузориро Худованд дар Каломи Худ муқаррар кардааст, ва одамон ҳуқуқи ба онҳо чизеро илова ё аз онҳо чизеро кам карданро надоранд. Маслакфурӯшии бузург аз он ибтидо ёфт, ки эътибору нуфузи Худованд бо эътибору нуфузи Калисо илова карда шуд. Дар ибтидо Рум расму оинҳоеро ворид намуд, ки Худо манъ накарда буд, вале дар охир он чизеро манъ кард, ки Худованд муқаррар намуда буд.MБУБ 302.2

    Бисёриҳо аз самими қалб ба покӣ ва одцигии масеҳиятӣ ибтидоӣ баргаштан мехостанд. Аксари урфу одатҳои Калисои англиканӣ ба онҳо ёдгориҳои бутпарастиро ёдрас менамуданд ва вичдонашон онҳоро ором намегузошт, ки дар чунин ибодатҳо иштирок кунанд. Лекин калисо аз дастгирии ҳокимияти давлатӣ истифода бурда, дар шаклҳои ҷоригардидаи ибодатгузорӣ ҳеҷ гуна тағйиротро иҷозат намедод. Қонун ҳамаро барои ба ибодатгузории Калисои расмӣ рафтан вазифадор мекард, ҳама гуна дигар ҷамъамадҳои динӣ бо тахдиди ҳабс, бадарға ва марг манъ шуда буданд.MБУБ 302.3

    Дар ибтидои асри XVII подшоҳи ба тахти Аглия нишаста мақсади қатъии худро баён намуд: «ё ҳамаи пуританҳоро ба эътироф намудани эътибору нуфузи калисои англиканӣ маҷбур месозанд, ё ин ки ... онҳо мамлакатро тарк мекунанд, агар ба қисмати бадтаре гирифтор шудан нахоҳанд»248Ҷорҷ Банкрофт, «Таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Америка», қисми 1, боби 12, §6.. Онҳо, ки ба таъқибот гирифтор гардида, зиндонӣ мешуданд, ҳеҷ гуна умедро ба беҳтаршавии вазъияти худ дар оянда намедиданд, ва бисёриҳо боварӣ ҳосил карданд, ки барои ҳамаи онҳое ки мехоҳанд ба Худованд аз рӯи амри вичдони худ хизмат кунанд, «Англия дигар макони лоиқи зист нест»249Полфрӣ «Таърихи Англияи Нав», боби 3, §43.. Баъзеҳо дар охир, қарор доданд, ки дар Голландия паноҳгоҳ биҷӯянд, лекин бо мушкилиҳо ва маҳрумиятҳо рӯ ба рӯ шуданд; ба онҳо ба маҳбас афтодан таҳдид мекард. Нақшаҳои онҳо амалй намешуданд, хоинон онҳоро ба дасти душманон медоданд, лекин устувории муқовиматнопазир ғолиб омад, ва онҳо дар соҳилҳои меҳмоннавози Голландия паноҳгоҳ ёфтанд.MБУБ 303.1

    Онҳо бо гурехтан ҷон ба саломат бурда, хонаҳо молу мулк ва воситаҳои зиндагии худро партофта мерафтанд. Дар ғарибӣ, дар миёни одамони забон ва расму оини бегона дошта, маҷбур буданд касбҳои навро аз худ кунанд, то ки барои зиндагӣ пораи ноне пайдо намоянд. Одамони солхӯрда, ки тамоми ҳаёт дар замин кор мекарданд, акнун касбҳои гуногуни техникиро аз худ менамуданд. Вале мардонавор ҳамаи он чизеро, ки бар дӯшашон меафтод қабул мекарданд ва вақтро дар беамалӣ ва шикоятҳо аз даст намедоданд. На як маротиба эҳтиёҷоти вазнинро аз cap гузаронда, онҳо Худоро барои баракатҳое ки аз Ӯ мегирифтанд, аз ҷумла - барои хурсандии оли- тарин дар сӯҳбати озодона ва бемонеаи рӯҳонӣ, — шукрона мегуфтанд. «Онҳо ба худ чун ба мусофирон нигоҳ мекарданду ба дунёи гузаро диққат намедоданд, балки нигоҳи худро ба Осмон, ба ватани азизи худ равон мекарданд, ва ҳамин тавр қалби худро ором мегардонданд»250Банкрофт, қисми 1, боби 12, §15..MБУБ 303.2

    Бадарға ва маҳрумиятҳо имон ва муҳаббати онҳоро устувор гардонданд. Онҳо ба ваъдаҳои Худованд умед мебастанд, ва Ӯ онҳоро дар мӯҳтоҷӣ намонд. Фариштагони Худо ҳамеша дар паҳлӯи ин мусофирон буданд, онҳоро рӯҳбаланд мегардонданд ва дастгирӣ мекарданд. Ва вақте ки дасти Худованд онҳоро дар убур намудани уқёнус - ба он замине ки метавонистанд давлати худро бунёд кунанд ва ба наслҳои худ мероси пурқимати озодии динро боқӣ бигзоранд, роҳнамоӣ кард, онҳо бе дудилагӣ, ба пеш бо роҳи пешниҳодкардаи Ӯ равон шуданд.MБУБ 304.1

    Худованд санҷишро барои қавми Худ раво дид, то ки онро барои қабул намудани меҳрубонии Худ омода созад. Калисо барои он таҳқир карда шуд, то ки муаззам гардонда шавад. Худо аллакай тайёр буд онро ҳимоя кунад, то ки ба ҷаҳон нишон диҳад: ки Худо онҳоеро, ки ба Ӯ умед мебанданд, фаромӯш намекунад. Ӯ ҳамаи ҳодисаҳоро тавре роҳнамоӣ кард, то ки ғазаби шайтон ва суиқасди бадкорон ба шӯҳратёбии исми Ӯ ва бехатарии қавмаш мусоидат кунанд. Таъқиботҳо ва бадарғаҳо роҳро ба сӯи озодӣ кушоданд.MБУБ 304.2

    Пуританҳо, ки ба ҷудошавӣ аз Калисои англиканӣ маҷбур шуданд, муттаҳид гардида бо тантана ваъда доданд, ки чун қавми озодӣ Худо «бо ҳамаи роҳҳои ба онҳо аллакай маълум ё ҳанӯз номаълуми Ӯ, ки дар оянда ошкор мегарданд, қадам хоҳанд монд»251Браун, «Падарон-мусофирон», саҳ. 74.. Маҳз дар ҳамин рӯҳи ҳақиқии ислоҳот, принсипи ҳаётан муҳими протестантизм, ифода меёфт; бо ин мақсад мусофирон Голландияро тарк карданд, то ки дар Олами Нав, барои худ ватан пайдо кунанд. Ҷон Робинсон, рӯҳонии онҳо, ки бо хости Худо ҳамроҳи онҳо нарафт, бо онҳо хайрбод намуда, чунин гуфт:MБУБ 304.3

    «Бародарон! Мо ба зудӣ аз шумо ҷудо мешавем ва танҳо Худованд медонад, ки ман бори дигар чеҳраҳои шуморо меби- нам ё не. Аммо Худованд имкон медиҳад, то ки мо якдигарро бинем ё не, ман шуморо дар назди Худо ва фариштагони муқаддаси Ӯ илтиҷо мекунам: ба ман на бештар аз он пайравӣ кунед, ки ман ба Масеҳ кардаам. Агар Худо ба шумо ба воситаи ягон нафари дигар ҳақиқати навро ошкор созад, барои қабул карданаш тайёр бошед, чӣ тавре ки шумо аз ман ҳақиқатҳои гуногунро қабул кардаед; зеро ки ман боварии комил дорам, ки Худованд боз нур ва ҳақиқатҳои зиёде дорад, ки аз саҳифаҳои Китоби Муқаддаси Ӯ хоҳанд дурахшид»252Мартин, ҷилди 5, саҳ. 70..MБУБ 304.4

    «Агар ran дар бораи ман равад, он гоҳ ашки чашми ман камӣ мекунад, то ки ба ҳолати имрӯзаи калисоҳои ислоҳгардида гиря кунам, ки дар инкишофи динӣ ба давраи муайяне расидаанду намехоҳанд дар ягон чизе аз асосгузорони Ислоҳот пеш раванд... Лютеранҳо намехоҳанд аз Лютер пештар раванд... калвинистҳо, чӣ тавре ки шумо мебинед, устуворона он чизеро пайравӣ мекунанд, ки ин марди Худо ба онҳо таълим медод, лекин ӯ ҳақиқатро бо тамоми мукаммалияш намедонист. Чӣ тавр ғамангез аст, ки калисоҳо дар чунин вазъияти андӯҳовар қарор доранд. Асосгузорони онҳо дар замони худ нури ҳақиқатро дар ҷаҳон паҳн мекарданд, вале бо вуҷуди ин онҳо пандҳои Худовандро ба таври пурра аз худ карда натавонистанд, - ва агар онҳо имрӯз зинда мебуданд, он гоҳ метавонистанд ҳақиқати навро қабул кунанд, чунон ки замоне нурҳои аввалини онро қабул карда буданд»253Нил, «Таърихи пуританҳо», ҷилди 1, саҳ. 269..MБУБ 305.1

    «Ваъдаеро, ки шумо дар калисо дода будед, - яъне аз рӯи ҳақиқатҳои Худованд, ки ба шумо аллакай маълуманд ва дар оянда ошкор мегарданд, зиндагӣ карданро, фаромӯш накунед. Ваьда ва ақди ба Худованд ва ба якдигар додаи худро оиди қабул намудани ҳама гуна нур ва ҳақиқате ки ба шумо ба воситаи Каломи дар қоғаз сабтшудаи Ӯ ошкор мегардад, фаромӯш накунед. Аз шумо илтиҷо мекунам, боэҳтиёт бошед, ҳамаи он чи зеро, ки чун ҳақиқат қабул мекунед, бо диққат бисанҷед; ҳақиқати навро бо дигар ҳақиқатҳои Китоби Муқадцас муқоиса кунед, дуруст бисанҷед, зеро номумкин аст, ки чаҳони масеҳӣ, ки чанде пеш аз торикии зулмоти зиддимасеҳият берун омадааст, тавонад дарҳол дониши мукаммали рӯҳониро қабул кунад»254Мартин, ҷилди 5, саҳ. 70,71..MБУБ 305.2

    Кӯшиши ба даст овардани озодии виҷдон, ин мусофиронро рӯҳбаланд мекард, то тамоми мусибатҳои сафари дуру дарозро ҳангоми гузаштани уқёнус, ҳамаи мушкилиҳо ва хатарҳоро дар ин кишвари нообод аз cap гузаронанд ва бо баракати Худованд дар соҳилҳои Америка ба миллати пуриқтидор асос гузоранд. Вале ба поквичдонӣ ва худотарсии худ нигоҳ накарда, ин мусофирон ба ҳар ҳол маънои принсипии бузурги озодии динро ба таври пурра дарк намекарданд. Барои ба дигарон расондани озодие, ки бар ивази чунин қурбониҳо ба даст оварда буданд, тайёр набуданд. «Ҳатто дар миёни мутафаккирон ва насиҳатгарони машҳури асри XVII шумораи камашон дар 60pan бузургтарин принсипи Инҷил, ки Худоро ягона Довари имони инсон мешуморад, тасаввуроти дуруст доштанд»255Ҳамон ҷо, саҳ. 297.. Таълимот дар бораи он ки Худо ба Калисо ҳукуқӣ бар вичдони инсон ҳукмронӣ кардан, ошкор намудан ва ҷазо додани бидъатро додааст, - яке аз гумроҳиҳои ҳокимияти папа аст, ки хело чуқур реша давондааст. Ислоҳотчиён аз таълимоти калисои католикӣ рӯ гардонда, дар баробари ин аз рӯҳи бадбинии динҳои дигар, ки ин калисо дорад. пурра озод набуданд. Он торикии ғафси маънавие, ки дар давоми асрҳои зиёд ҳокимияти папа бар тамоми масеҳият паҳн карда буд, дар асри XVII ҳанӯз пурра пароканда нашуда буд. Яке аз мавъизачиёни машҳур дар колонияи муҳоҷирони штати Массачусетс чунин гуфта буд: «Эътирофи ҳуқуқи озодона вуҷуд доштани ҳар кадом дин ҷаҳонро зиддимасеҳӣ гардонд; ва бадбахтие дар он нест, ки Калисо бидъатпарастонро ҷазо медиҳад»256Ҳамон ҷо, саҳ. 335.. Муҳоҷирон қароре қабул намуданд, ки мувофиқи он танҳо аъзоёни Калисо дар идораҳои давлатӣ ҳуқуқи овозро соҳиб буданд. Калисои давлатие ташкил карда шуд, ки ҳамаи одамон вазифадор буданд аҳли динро ба таври моддӣ таъмин кунанд, ҳокимияти шаҳри бошад ваколатдор шуд, пеши роҳи ҳама гуна бидъатро бигирад. Ҳамин тавр ҳокимияти дунявӣ ба дасти Калисо афтод. Чунин чораҳо ба зудӣ ба оқибатҳои ногузир - таъқиботҳо оварда расонданд. Бо гузашти ёздаҳ сол баъди бунёди аввалин колонияи муҳоҷирон ба Америка Роҷер Уилямс омад. Ба монанди аввалин муҳоҷирон ӯ кӯшиши ба ин ҷо расиданро мекард, то ки озодӣ ба даст биёрад, лекин дар фарқият аз онҳо, хуб дарк мекард, ки озодӣ - ҳуқуқи дахлнопазири ҳамаи одамон аст, новобаста аз он ки ба кадом дин тааллуқ доранд. Ӯ ҷӯяндаи босадоқати ҳақиқат буда, дар ақида оиди он ки нури Каломи Худо бо тамоми мукаммалияш аз ҷониби ин дунё ҳанӯз қабул нагаштааст, бо Робинсон ҳамфикр буд. Уилямс «дар масеҳияти муосир аввалин шахсе буд, ки дар таҳкурсии идораи шаҳрвандӣ принсипи озодии виҷдон ва баробарии ҳамаи ақидаҳоро дар назди қонун ҳамчун асос қабул кард»257Банкрофт, қисми 1, боби 15, §2.. Ӯ нишон дод, ки ҳукумат вазифадор аст пеши роҳи ҷинояткориро бигирад, лекин дар ҳеҷ сурат ба озодии вичдон дастдарозӣ накунад. «Ҷамъият ё ин ки намояндагони ҳукумат, - гуфт ӯ, - метавонанд масъалаи бо якдигар чӣ гуна муносибат кардани одамонро ҳал кунанд, лекин вақте ки онҳо кӯшиши муқаррар намудани он чиро мекунанд, ки одам чӣ гуна бояд бо Худо муносибат кунад, он гоҳ онҳо аз доираи ваколатҳои худ берун мебароянд ва собиқаи хатарнокеро ба миён меоранд, зеро худ аз худ маълум аст, ки агар нафаре соҳиби ҳокимият бошад, он гоҳ имрӯз ӯ метавонад як таълимоти диниро зӯран талқин кунад, рӯзи дигар - тамоман дигарро. Дар Англия бисёр подшоҳон ва маликаҳо чунин рафтор карданд, чунин қарорҳо аз ҷониби папаҳо ва Калисоҳои ҷомеъи католикӣ қабул шуда буданд. Дар натиҷа дар масъалаи имондорӣ бесарусомониҳои зиёд ба миён омаданд»258Мартин, ҷилди 5, саҳ. 340..MБУБ 306.1

    Ба ибодати Калисои расмӣ рафтан бо тахдиди ҷарима ё ба маҳбас афтодан лозим меомад. Уилямс ин қонунро маҳкум кард; яке аз бадтарин бандҳои маҷмӯи қонунҳои англисӣ талаботи ҳатмии ба ҷо овардани ибодат дар калисои маҳалӣ буд. Маҷбурсозии одамонро барои ҳамроҳшавӣ бо нафарони дини дигар дошта, ӯ чун вайрокунии ошкоро ва рӯйрости ҳуқуқҳои қонунии онҳо медонист; одамони беимон ва аз дин бехабарро барои ба ибодат рафтан маҷбур намудан, маънои ҳавасмандгардонии дурӯягиро дорад. «Ҳеҷ касро, - мегуфт ӯ, - барои ба ибодат рафтан ё ба калисо ёрии моддй расондан маҷбур намудан лозим нест». «Чӣ хел? - ҳайрон мешуданд рақибонаш, - магар меҳнаткаш сазовори хӯроки худ нест?» » Сазовор аст, - ҷавоб дод ӯ, - лекин бояд аз ҷониби нафароне маблағ ҷудо шавад, ки рӯҳониро ба ин хизмат даъват намудаанд»259Банкрофт, қисми 1, боби 15, §16..MБУБ 307.1

    Роҷер Уилямсро чун хизматгузори содиқ, чун инсони дорои истеъдодҳои нодир, поквиҷдон ва дилкушод, эҳтиром мекарданд ва дӯст медоштанд, лекин аз ҷониби ӯ бо қатъият радшавии ҳуқуқи ҳокимияти дунявӣ оиди идора кардани Калисо ва талаб намудани озодии диндорӣ қонунгузоронро ба даҳшат меовард. Ҳукуматдорон аз тарси он ки амалӣ намудани ақидаҳои ӯ «пояҳои давлатдориро вайрон ва ҳокимиятро сарнагун месозанд»260Ҳамон ҷо, §10., қарори аз колония бадарға кардани Уилямсро қабул карданд. Барои аз ҳабс рахо ёфтан, ӯ маҷбур шуд дар хунукии қаҳратун дар бешазори касногузар пинҳон шавад.MБУБ 308.1

    «Дар давоми чордаҳ ҳафта, - баъд ба хотир оварда буд ӯ, - ман дар ин фасли сармои сол, бе сарпаноҳ ва бе пораи нон овора шуда мегаштам. Лекин зоғон дар биёбон ба ман хӯрок медоданд, ва дарахтони дарунковок на як маротиба барои ман чун паноҳгоҳ хизмат кардаанд»261Мартин, ҷилди 5, саҳ. 349, 350.. Ӯ роҳи пурмашаққати худро аз миёни бешазори барфпӯши касногузар давом дод, то вақте ки дар яке аз қабилаҳои ҳиндуҳои Америка паноҳгоҳ пайдо кард, ва ба зудӣ эҳтиром ва мухаббати онҳоро ба даст оварда ба онҳо ҳақиқатҳои Инҷилро мавъиза кард.MБУБ 308.2

    Баъди моҳҳои зиёди оворагардӣ ӯ ба соҳили халиҷи Нарагенсет расид, ки дар он ҷо ба бунёди аввалин иёлот асос гузошт, ки ба маънои пурраи ин ибора, хуқуқ ба озодии диндорӣ эътироф карда мешуд. Принсипи асосии колонияи Роҷер Уилямс чунин буд: «Ҳар як инсон озодии ба Худованд бо амри вичдон хизмат карданро дорад»262Ҳамон ҷо, ҷилди 5, саҳ. 354.. Иёлоти начандон калони ӯ Род-Айленд барои ҳамаи таъқибшавандагон ба паноҳгоҳ табдил ёфт; он меафзуд ва тараққӣ мекард, то замоне ки принсипи асосии он - озодии шаҳрвандӣ ва динӣ - санги асосии таҳкурсии республикаи Америка гардиданд.MБУБ 308.3

    Дар муҳимтарин хуҷҷате, ки гузаштагони мо чун лоиҳаи қонун дар бораи хукуқҳо пешниҳод карданд, - дар Эъломияи истиқлолият - онҳо баён намудаанд: «Мо ҳақиқатҳои зеринро равшану аниқ мешуморем: ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд, Офаридагор ба ҳама ҳукукҳои муайяни дахлнопазир ато намудааст, ки ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ ва хушбахтӣ ба шумораи онҳо дохил мешаванд». Сарқонун дар ифодаҳои возеҳтарин дахлнопазирии виҷдонро кафолат медиҳад: «Ақидаҳои динӣ барои ишғол намудани мансаби масъулиятноки давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳида асос ё монеа буда наметавонанд». «Конгресс набояд ба воситаи қонун эътиқод оварданро ба ягон дин фармон диҳад ё озодона ба он эътиқод оварданро манъ кунад».MБУБ 309.1

    «Муаллифони Сарқонун устувории принсиперо, ки мувофиқи он муносибати инсон бо Худо тобеи қонунҳои инсонӣ буда наметавонанд, ва дахлнопазирии ҳуқуқ ба озодии вичдонро эътироф карданд. Ин хақиқат ба далелҳо эҳтиёҷ надорад - он дар қалби мо ҷой гирифтааст. Маҳз он, бар хилофи ҳамаи қонунҳои инсонй, ба бисёр азиятдидагон барои аз cap гузарондани машаққатҳо ва оташи гулханҳо ёрӣ расонд. Онхо хуб мефаҳмиданд, ки инсон бар виҷдони онҳо хукмрон нест. Ин принсипи дар хун ҷойдоштаро нест кардан номумкин аст»263«Ҳуҷҷатҳои Конгресси Амрико», рақами сериявии 200, ҳуҷҷати № 271..MБУБ 309.2

    Вакте ки дар мамлакатҳои Европа овозаҳо дар бораи вуҷуд доштани давлате паҳн шуданд, ки ҳар як инсон метавонад аз меваҳои заҳмати худ ҳаловат барад ва ба садои вичдони худ гӯш диҳад, ҳазорон одамон ҷониби соҳилҳои Олами Нав равон шуданд. Колонияҳо зуд меафзуданд. «Иёлоти Массачусетс бо қонуни махсус ба масеҳиёни тамоми миллатҳо, ки уқёнусро шино карда, «аз ҷанг, гуруснагӣ ва таъқибот ҷон ба саломат мебурданд», паноҳгоҳ ва ёрии ройгонро пешниҳод мекард. Ҳамин тавр фирориён ва одамони таъқибшаванда қонунан меҳмонони республика мешуданд»264Мартин, ҷилди 5, саҳ. 417.. Ва бо гузашти бист сол баъди он ки аввалин киштӣ лангари худро дар Плимут партофт, ҳазорон муҳоҷирон дар Англияи Нав (Америка) сокин шуданд.MБУБ 309.3

    Аз баҳри озодии дилхоҳ «онҳо розӣ буданд, ки тарзи ҳаёти беҳад хоксорона ва худфидоёнаро аз cap гузаронанд. Онҳо умед доштанд аз замин танҳо барои захмати худ инъом ба даст биёранд. Ҳеҷ гуна манзараҳои ҷолиби сарватмандшавӣ онҳоро ба васваса намеандохтанд... Аз мукаммалшавии сустҳаракат, вале боэътимоди сохтори давлатӣ шод гардида, бо ашкҳо ва арақи ҷабини худ дарахти озодиро об медоданд, то замоне ки он ба каъри замин реша давонд».MБУБ 310.1

    Китоби Муқаддас барои онҳо асоси имон, манбаи хирадмандӣ ва низомномаи озодӣ буд. Принсипхои он дар хона, мактаб ва калисо бо ҷидду ҷаҳд омӯхта мешуданд. ва меваҳои ин сарфакорӣ, ақли солим, покдоманӣ ва худдорӣ гардиданд. Дар колонияҳои пуританҳо солхои дароз зиндагӣ карда «вохӯрдани ягон нафари маст, шунидани ягон ҳақорат ва дидани ягон гаДо»265Бонкрофт, қисми 1, боби 19, §25. номумкин буд. Ин шаҳодати зинда аз он буд, ки принсипҳои Китоби Муқаддас - кафолати боэътимоди бузургии миллатанд. Деҳаҳои мустакили заиф ба конфедератсияҳои иёлотҳои пуриқтидор табдил меёфтанд, ва ҷаҳон бо ҳайронӣ қайд мекард, ки равнақ ва оромии «калисо бе папа ва давлат бе шоҳ» имконпазир аст.MБУБ 310.2

    Лекин ба соҳилҳои Америка мунтазам одамоне меомаданд, ки мақсадҳои онҳо бо майлу хоҳишҳои мухоҷирони аввалин ҳеҷ умумияте надоштанд. Гарчанде ки имони ибтидоӣ ва покӣ таъсири бузурги дигаргунсозандаро мерасонданд, ин имон бо андозаи афзоишёбии шумораи нафароне, ки дар ин чо танҳо манфиатҳои моддиро ҷустуҷӯ мекарданд, ба таври чашмрас заиф мегардид.MБУБ 310.3

    Аз ҷониби муҳоҷирони аввалин қабул шудани қарор дар бораи он ки танҳо аъзоёни Калисо ҳуқуқи овоз додан, ва инчунин хуқуқи ишғол намудани мансабҳои масъулиятнокро дар органҳои ҳокимияти шаҳрвандӣ соҳибанд, ба оқибатҳои ҳалокатовар оварда расонданд. Ин чораҳо барои нигоҳ доштани давлат қабул шуда буданд, вале ба вайроншавии маънавии Калисо оварда расонданд. Азбаски диндорӣ шарти иштирок дар интихобот ва фаъолияти ҷамъиятӣ буд, бисёриҳо ба Калисо аз рӯи мақсадҳои манфиатҷӯёна, аз барои мансаб ҳамроҳ мешуданду дар баробари ин шахсиятҳои рӯҳан тагйирнаёфта мемонданд. Ҳамин тавр аъзоёни калисоҳо асосан одамони худобехабар буданд; ҳатто дар миёни рӯҳониён нафароне буданд, ки на танхо акидаҳои дурӯғро мавъиза мекарданд, балки дар бораи қувваи тачдидсозандаи Рӯҳи Муқаддас чизе намедонистанд. Оқибатҳои ин марговар буданд, чӣ тавре ки аз замони император Константин то ба замони мо дар таърихи Калисо на як маротиба кӯшиши бо ёрии давлат барпо намудани Калисоро карданд, вақте ки ба ҳукумати дунявӣ барои дастгирии Инҷили Масеҳ муроҷиат карданд, ки чунин гуфта буд: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18: 36). Муттаҳидшавии Калисо бо давлат барои ҷахонро ба Калисо наздик кардан, дар асл Калисоро ба ҷаҳон наздик мекунад.MБУБ 310.4

    Ҳақикат мунтазам ошкор мегардад, ҳамаи масехиён бояд барои қабул намудани нуре омода бошанд, ки метавонад аз саҳифахои муқаддаси Каломи Худо дурахшад, - ин принсипи бузургро. ки онро Робинсон ва Рочер Уилямс ин қадар олиҳимматона ҳимоя мекарданд, наслҳои онҳо аз даст доданд. Калисоҳои протестантии Америка ва Европа баракатҳои бузурги Ислоҳотро ба даст оварда, дар роҳи ислоҳот пеш нарафтанд. Гарчанде ки ҳар сари чанд вақт мардони содиқе пайдо мешуданд, ки ҳақиқати нав ошкоргардидаро мавъиза мекарданду гумроҳиҳои муддати дароз ҳукмронбударо фош менамуданд, аксарияти мардум чун яхудиён дар замони Масеҳ ё пайравони папа дар замони Лютер, бо имон ва тарзи ҳаёти падарони худ каноатманд мешуданд. Бинобар ин дин ба расмиятларастӣ, гумроҳиҳо ва хурофотҳои пешинае баргашт, ки агар Калисо «дар нури» Каломи Худо роҳ рафтанро давом медод, онҳо аз миён бардошта мешуданд. Рӯхи Ислоҳот оҳиста-оҳиста хомӯш гашт, то замоне ки дар калисоҳои протестантӣ нисбати ислоҳот чунин талаботи бузурге ногузир шуд, ки дар Калисои католикӣ дар замони Лютер вучуд дошт. Дар он ҷо ҳамон дунёпарастӣ ва карахтии маънавӣ, иззату эҳтироми ақидаҳои инсонй ва ивази таълимоти Каломи Худо ба назарияҳои инсонӣ ҳукмрон буд.MБУБ 311.1

    Паҳншавии саросарии Китоби Муқадцас дар нимаи аввали асри XIX ва нури бузурге, ки бар ҷаҳон дурахшид, ба муваффақияти муносиби дарки ҳақиқат ва ба андӯхтани таҷрибаи маънавӣ оварда натавонистанд. Шайтон аллакай чун замонҳои пеш Каломи Худоро аз халқ пинхон карда натавонист, зеро ки он барои ҳама дастрас буд, вале барои ба мақсадҳои худ расидан вай ба одамон муносибати сабукфикронаро ба Китоби Муқаддас дарс медод. Ба имконияти омӯзиши Каломи Худованд хунукназарӣ намуда, одамон мисли пешина тафсирҳои дурӯғро қабул мекарданд ва таълимотҳоеро пайравӣ мепамуданд. ки дар Китоби Муқаддас ҳеҷ асос надоштанд.MБУБ 312.1

    Бенатича будани кӯшишҳои худро дар роҳи нест намудани ҳақиқат бо ёрии таъқиботҳо дида, шайтон боз ба принсипи созишкорӣ баргашт, ки дар замони худ ба маслакфурушии бузург ва ташкилёбии Калисои католикӣ оварда буд. Акнун шайтон масеҳиёнро ба васваса меандохт, то ки на бо бутпарастон, балки бо он нафароне ҳамроҳ шаванд, ки аз боиси дилбастагии худ ба неъматҳои заминӣ ба он бутпарастоне монанд шуданд, ки ба ҳайкалҳо ва тасвирҳо сачда мекарданд. Окибатҳои ин иттифок на камтар аз замонҳои пешина марговар буданд: дар зери ниқоби дин ғурур ва шукӯҳу ҳашамат тарбия меёфтанд ва маънавиёти калисоҳо вайрон мешуд. Шайтон нодуруст маънидон намудани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро давом медод: нақлу ривоятҳои калисо, ки миллионҳо одамонро ба доми марг гирифтор карда буданд, решаи чуқур давонданд. Ба ҷои он ки Калисо барои «имони боре ба муқаддасон додашуда», мубориза барад, ин урфу одатҳоро қабул намуда, онҳоро ҳимоя мекард. Он принсипҳое, ки ислохотчиён барои онҳо мубориза бурданду азият мекашиданд ҳамин тавр нест карда шуданд.MБУБ 312.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents