Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 4. - ҲИМОЯИ ИМОН ДАР КӮҲҲО

    Дар он зулмоте, ки дар давраи хукмронии дуру дарози ҳокимияти папа заминро фаро гирифта буд, нури ҳақиқат ба ҳар ҳол пурра хомӯш нагардида буд. Дар ҳама садсолаҳо шахсони ба Худованд содик, зиндагӣ мекарданд - одамоне, ки ба Масеҳ чун ба ягона Миёнарави миёни Худованд ва одам бовар мекарданд, одамоне, ки Китоби Мукаддасро чун ягона меъёри зиндагӣ қабул мекарданд ва шанбеи ҳақиқиро риоя менамуданд. Ҳеҷ гох инсоният ба таври ҳақиқӣ фаҳмида наметавонад, ки ҷаҳон то ба кадом андоза зиёд бояд ба ин одамон сипосгузор бошад. Онҳоро чун бидъаткорон доги лаънат мезаданд, мақсадҳои неки онҳоро зери шубҳа мегузоштанд, онҳоро тӯхмат мекарданд, асарҳои навиштаи онҳоро пинҳон ва маънии аслии онҳоро дигар мекарданд. Аммо ба ҳамаи ин нигох накарда онҳо дар ақидахои худ устувор мемонданд ва имони худро аз насл ба насл бо тамоми покияш чун мероси муқаддас ба наслҳои оянда боқӣ мегузоштанд.MБУБ 54.1

    Таърихи қавми Худованд дар садсолаҳои торики ҳукмронии папаи Рум дар китобқои осмонӣ навишта меигуд, вале дар дастхатҳои заминӣ ба таври хеле нокифоя тасвир ёфтааст. Мо дар бораи фарзандони содиқи Худованд метавонем фақат дар номаҳои айбдоркунандаи таъқибкунандагони онҳо чизеро бихонем! Сиёсати Рум аз нест намудани ҳама гуна мулоҳизаҳои ба доктринаҳои расмӣ мухолифаткунанда иборат буд. Калисои католикӣ кӯшиш мекард ҳама чизеро, ки ба таълимоташ муқобилият нишон медиҳад, хоҳ одамон бошанд, хох асарҳои онҳо нобуд кунанд. Кифоя буд баён намудани шубҳае нисбати эътибору нуфузи аҳкомҳои динии калисои католикӣ, ва ин сабаби марги ҳам сарватманд ва ҳам камбағал, ҳам шахси обрӯманд ва ҳам шахси оддӣ шуда метавонист. Рум кӯшиш мекард ҳама гуна нишонаҳои рафторхои даҳшатовари худро бо ҷудоихоҳон нобуд созад. Маҷлисҳои калисои католикӣ карор қабул карданд, ки ҳамаи китобҳо ва хуҷҷатҳоеро. ки дар бораи таъқиботҳо қайдҳо доранд, нест кунанд. Дар он замон дастгоҳҳои китобчопкунй вуҷуд надоштанд ва китобҳо хело кам, ҳаҷман бузург ва барои нигохдорӣ нобоб буданду бо осонй аз тарафи роҳбарони калисои католикӣ сӯзонда нест карда мешуданд.MБУБ 54.2

    Ягон калисои дар доираи ҳуқуқии Рум ҷойдошта наметавонист аз озодии виҷдон дуру дароз истифода барад. Ҳамин ки ҳокимияти папа қудрат пайдо кард, дасти худро ба сари ҳама онҳое пахш кард, ки ба вай мукобилият нишон медоданд ва оҳиста-оҳиста ҳамаи калисоҳо паи ҳам ба ҳокимияти Рум тобеъ гардонида шуданд.MБУБ 55.1

    Масеҳияти ибтидоӣ ба Британияи Кабир хеле барвақт ворид гардида буд. Маслакфурӯшии Рум ба британиягихое ки Инҷилро ҳанӯз дар садсолаҳои аввалин қабул карда буданд ҳеҷ таъсир расонида наметавонист. Таъқиботҳо аз ҷониби императорҳои бутпараст, ки ҳатто ба ин соҳилхои дурдаст низ расида буданд, ягона ҳадияе буданд, ки калисоҳои аввалини Британия аз Рим гирифтанд. Бисёр аз масеҳиёни таъқибшуда аз Англия фирор намуда дар Шотландия паноҳгоҳ ёфтанд; аз ин ҷо ҳақиқат ба Ирландия ворид гашт ва дар ҳама гӯшаю канори ин сарзамин онро бо дилу ҷон пешвоз мегирифтанд.MБУБ 55.2

    Баъди аз ҷониби саксонҳо забт шудани Британия, бутпарастй дар ин мамлакат ба сари қудрат омад ва эътибору нуфуз пайдо кард. Ғолибомадагон барои худ омӯхтани чизеро аз ғуломон таҳқиромез мешумориданд ва масеҳиён маҷбур буданд, ки ба кӯҳҳо ва ботлоқзорҳои касногузар фирор кунанд. Аммо нури ҳаётбахши муваққатан панаҳ кардашуда, нурафшонй мекард. Баъди як садсола вай дар Шотландия ончунон равшан дурахшид, ки шуоъҳои он то ба мамлакатҳои дурдаст рафта расиданд. Аз Ирландия Колумби парҳезгор бо ҳамфикрони худ берун омаданд, ки аз тамоми мамлакат фарзандони парешонгаштаи Худовандро дар ҷазираи Иона сарчамъ оварданд, ва ин ҷазираро ба маркази таргиби Инҷил табдил доданд. Дар миёни ин мавъизачиёни Инҷил шахсе буд, ки шанбеи мукаддасро риоя мекард ва ба воситаи ӯ ин ҳақиҳат моликияти халқ гардид. Дар ҷазираи Иона мактаби мавъизачиёни Инчил ташкил карда шуд, ки мавъизачиёнро на танҳо ба Шотландия ва Англия, инчунин ба Германия, Швейсария ва ҳатто ба Италия низ мефиристод.MБУБ 55.3

    Лекин баъди чанде Рум диккати худро ба Британия равона намуда, қарор дод, ки онро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар садсолаи VI мавъизачиёни католик бахри имон овардани саксонҳои бутпараст ба кор шурӯъ карданд. Онҳо бо меҳрубонии зиёде аз тарафи ин ҷоҳилони мағрур пешвоз гирифта шуданд, ва дар натиҷа ҳазорҳо саксонҳо имони католикиро қабул карданд. Ба андозаи паҳншавии фаъолияти худ, фиристодагони папа ва саксонҳои имоноварда бо масехиёне рӯ ба рӯ мешуданд, ки масехияти асрхои аввалро пайравӣ мекарданд. Фарқияти миёни онҳо чашмрас буд! Охиринҳо хоксору фурӯтан буданд; нури Китоби Мукаддас дар таълимот, хислат ва рафтору кирдори онхо инъикос меёфт, дар ҳоле ки душманони онҳо хурофотпараст, ҳавобаланд ва мағрур буданд. Намояндаи сиёсию дипломатии Рум талаб намуд, ки ин калисоҳо хокимияти олии папаро эътироф кунанд. Британиҳо бо фурӯтанӣ ҷавоб доданд, ки мехоҳанд ҳамаи одамонро дӯст доранд ва дар сулҳу осоиш бо ҳама зиндагӣ кунанд, вале папа ваколат надорад, ки худро пешвои калисо эълон кунад, бинобар ин онҳо ӯро ба он андозае эхтиром мекунанд, ки ҳар як пайрави Масеҳро эхтиром мекунанд. Кӯшишҳои чандинкаратаи ба тарафи Рум ҷалб намудани онҳо ба ҷо оварда шуда буданд, аммо ин масехиёни фурӯтани аз ҳавобаландии фиристодагони Рум ба ҳайрат омада, дар ақидаҳои худ мардонавор истодагарӣ намуда изҳор менамуданд, ки хоҷаи дигареро, чуз Масеҳ намедонанд. Он гоҳ рӯҳи ҳақиқии ҳокимияти папа ошкор шуд. Намояндаи Рум изҳор намуд: «Агар шумо хоҳиши қабул намудани бародаронеро, ки ба шумо сулҳ овардаанд надошта бошед, он гоҳ шумо душманонеро қабул мекунед, ки ба шумо ҷанг меоранд. Агар шумо бо мо барои ба саксонҳо нишон додани роҳи ҳаёт ҳамроҳ нагардед, он гоҳ шумо аз онҳо зарбаи марговар хоҳед хӯрд»5Д’Обинйе, «Таърихи Ислоҳоти асри 16», китоби 17, боби 2.. Ин ҳама тахдидҳои хушку холй набуданд. Ба муқобили шоҳидони имони Инчил зӯроварӣ, хунрезй, сӯиқасд ва дурӯғ ба кор андохта шуданд, то замоне ки калисоҳои Британия нобуд карда шуданд ё маҷбур гаштанд ба ҳокимияти папа тобеъ гарданд.MБУБ 56.1

    Дар мамлакатҳои аз империяи Рум вобастагӣ надошта дар давоми чандин садсолаҳо масеҳиёне зиндагй мекарданд, ки сиёсати хокимияти папа ба онҳо тамоман таъсир намерасонд. Онҳо дар иҳотаи бутпарастон зиндагӣ карда, бо гузашти вакт ба таъсири сахти гумроҳӣ ва иштибоҳҳои бутпарастон афтода буданд, лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Китоби Муқаддасро ягона меъёри имондорӣ эътироф мекарданд ва ба ҳақикатҳои зиёди он пайравӣ менамуданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Шариати Худо тагйирнопазир аст, ва рӯзи шанберо аз рӯи аҳкоми чорум риоя мекарданд. Чунин Калисоҳо дар Африкои Марказй ва дар маҳалаҳои арманнишини Осиё вуҷуд доштанд.MБУБ 57.1

    Аммо дар миёни онҳое ки ба ҳокимияти папа муқобилияти сахт нишон медоданд, валденсҳо ҷои аввалинро ишғол мекунанд. Маҳз дар ҳамон мамлакате ки папа тахти худро барқарор намуда буд, вай ба муқобилияти аз ҳама сахттарин дучор гашт. Дар муддати чандин садсолаҳо калисоҳо дар Пемонте истиқлолияти худро нигоҳ дошта ба дурӯгҳо ва галат маънидод кардани имони ҳақиқӣ муқобилият нишон медоданд, то замоне ки Рум онҳоро ба худ мутеъ сохт. Баъди муборизаи бенатиҷа бо ҳукмфармоии Рум, ки ба назар чунин мерасид, ки гӯё тамоми дунёро ба худ тобеъ гардондааст, роҳбарони ин калисоҳо маҷбуран ҳокимияти олии папаро эътироф карданд. Аммо чунин имондороне низ буданд, ки аз тобеият ба папа ва саррӯҳониён даст кашиданд. Онҳо қарор доданд, ки ба Худованд содик монанд ва покӣ ва оддигии имони худро нигоҳ доранд. Ҷудоӣ ба миён омад.Пайравони имони ҳақиқй парешон шуданд: якеҳо, водиҳои Алпро гузошта, байрақи ҳақиқатро дар дигар мамлакатҳо баланд бардоштанд; дигарон, ба водихои дурдаст ва дараҳои кӯҳҳо рафта дар он ҷо аз рӯи амри вичдони худ ба Худованд ибодат мекарданд.MБУБ 57.2

    Таълимоти диние ки дар мудцати садсолаҳои зиёд аз тарафи валденсҳои масеҳӣ нигоҳ дошта ва паҳн гардонда мешуд, ба таври кулӣ аз доктринаҳои дурӯғи Рум фарқ мекард. Дини онҳо дар Китоби Муқаддас, таҳкурсии ҳақиқии масеҳият, асос ёфта буд. Ин деҳконони хоксор, ки дар манзилҳои тираю тори худ аз ҷамъият дур зиндагӣ мекарданду ғизои ҳамарӯзаи худро бо машаққати зиёд, бо парвариши гӯсфандон ва коркарди токзорҳо пайдо менамуданд, ҳақиқатеро, ки ба таври куллӣ аз бидъатҳо ва аҳкомҳои калисои гумроҳзада фарқ мекард, худ нанавишта буданд. Онҳо имони навро бофта набароварда буданд, имони онҳо мероси падарон буд. Онҳо «баҳри имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд», баҳри имони Калисои хаввориён ҷадал менамуданд (Яҳудо 3). Калисои ҳақиқии Масеҳ ва нигохдорандаи ганҷҳои ҳақиқате, ки Худованд ба қавми Худ бовар карда буд, то ки он дар навбати худ ин ҳақикатҳоро ба ҷаҳон бирасонад. «Калисои биёбон» буд, на иерархияи пурғуруре, ки тахти худро дар пойтахти ҷаҳон барқарор намуда буд.MБУБ 57.3

    Яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии Калисои ҳакиқй аз Рум дар он буд, ки калисои Рум аз шанбеи Худованд нафрат дошт. Чй тавре ки дар пешгӯиҳои пайғамбарона омада буд, ҳокимияти папа ин ҳақиқатро зери по кард.MБУБ 58.1

    Шариати Худованд зери по шуда буд, дар сурате ки расму оин ва урфу одатқои инсонӣ болобардор шуда буданд. Ҳамаи калисоҳои тобеи ҳокимияти папа, аз ибтидо маҷбур карда мешуданд, ки рӯзи якшанберо муқаддас шуморанд. Бисёр одамон, ҳатто аз шумораи қавми ҳакиқии Худованд, ончунон аз гумроҳихо ва хурофотқои дар ҷамъият ҳукмрон аз рох зада шуда буданд, ки рӯзи шанберо риоя намуда, рӯзи якшанбе низ кор намекарданд. Лекин ҳамаи ин ҳокимияти папаро қанеъ нагардонд. Калисои католикй на танҳо аз одамон риояи рӯзи якшанберо талаб мекард, балки одамонро маҷбур месохт, ки дар рӯзи шанбе кор кунанд ва ҳамаи онҳоеро, ки ин рӯзро муқадцас мешумориданд бо қатъияти том махкум мекард. Ва танҳо дар бадарға, дар дурй аз ҳокимияти Рум, фарзандони содиқи Худованд метавонистанд Шариати Худовандро орому осуда риоя намоянд.MБУБ 58.2

    Валденсҳо аввалин шуда дар Европа тарчумаи Китоби Муқаддасро амалӣ намуданд. Сад сол пеш аз оғози Ислоҳот онҳо аллакай Китоби Муқаддасро дар дастнависҳо бо забони модарии худ мехонданд. Онҳо ҳақиқатро дар намуди аслияш дар даст доштанд ва аз ин сабаб калисои католикӣ онҳоро зери таъқибот ва бадбинии махсус қарор дода буд. Онҳо калисои каголикиро Бобили маслакфурӯши дар Китоби Ваҳй тасвирёфта эълон намуда, ва бо хатар барои ҳаёти худ ба таъсири марговари он мардонавор муқобилият нишон медоданд. Таъқиботҳои дуру дароз баъзеҳоро маҷбур намуданд, ки оҳиста-оҳиста аз ақидаҳои асосии ҳақиқат даст кашида, гузашт кунанд, лекин дигарон онро мардонавор ҳимоя мекарданд. Дар тӯли тамоми асрҳои торики маслакфурӯшӣ валденсҳо ягона қамве буданд, ки хокимияти олии Румро инкор ва ибодати ҳар гуна расмҳоро чун бутпарастӣ рад намуда, риоя намудани шанбеи ҳақиқиро давом медоданд. Дар миёни ҳама гуна тӯфонҳои сахти таъқибот онҳо имони худро нигоҳ медоштанд. Бо найзаҳои савоӣ захмин гардида ва дар гулханҳои инкивизасия сӯзонда шуда, онхо баҳри покии Каломи Худованд ва шарафи Худованд мардонавор истодагарӣ мекарданд.MБУБ 58.3

    Дар паси қуллаҳои дастнораси кӯҳҳо, ки дар ҳамаи асрҳо барои таъқибшавандагон ва азиятдидагон чун паноҳгоҳ хизмат мекарданд, валденсҳо низ барои худ сарпаноҳ пайдо карданд. Ва дар он ҷо, дар торикии асримиёнагӣ, нури хақиқат равшан дурахшид. Дар он ҷо дар давоми ҳазорсолаи пурра ин шоҳидони ҳақиқат имони қадимаро нигоҳ медоштанд.MБУБ 59.1

    Худованд барои қавми Худ ибодатгоҳи бузургеро, ки ба ҳақиқатҳои пуртантанаи ба ин қавм боваркардашуда мувофиқат мекарданд, тайёр намуда буд. Кӯҳҳо барои ин бадаргашудагони ба Худованд содиқ рамзи порсоии тағйирнопазири Воҷибупвучуд буданд. Онҳо баландиҳои худро бар сари фарзандони Худованд ботантана боло бардошта, ба онҳо бузургии Онро. ки дар У тағйирот ва сояи дигаргунӣ ҷой надоранд ва Каломи Ӯ ба монанди ин кӯҳҳои қадима устувор аст, ошкор месохтанд. Худованд кӯҳҳоро офарида, онҳоро устувор гардондааст ва хеҷ чиз, ҷуз ин Қувваи бузург наметавонад онҳоро аз ҷой ҷунбонад. Ба ҳамин монанд Худованд Шариати Худро низ таъсис додааст, ки ҳам дар осмон ва ҳам дар замин асоси ҳукмронии Ӯст. Инсон метавонад бо дасти худ дӯсти наздикашро аз ҳаёт маҳрум созад, лекин ба монанди оне ки ӯ наметавонад кӯҳҳоро аз ҷой ҷунбонад ва ба баҳр андозад, ӯ қобилияти тағйир додани ягон аҳкоми Худованд ё нест кардани яке аз ваъдаҳои Уро, ки ба нафароне дода шудаанд, ки кӯшиши риоя намудани иродаи Ӯро доранд, надорад. Дар садоқати устувори худ ба Шариати Ӯ бандагони Худо бояд чун ин кӯҳҳои абадӣ ва беҳаракат, қавӣ бошанд.MБУБ 59.2

    Кӯҳҳо ва водиҳои онҳоро ихотанамуда ҳамеша ба ин мусофирон қувваи эҷодкори Худовандро хотиррасон мекарданд ва ба ғамхорию ҳимояи Ӯ бовар мекунонданд. Онҳо ба қадри ин рамзҳои хомӯши ҳузури Худованд расиданро омӯхтанд. Аз қисмати худ гила намекарданд ва хеч гоҳ худро дар оғӯши оромии кӯхҳо танҳо ҳис наменамуданд; аз Худованд барои ин хилватгоҳ, ки дар ин ҷо аз қаҳру ғазаби одамӣ осоишу ҳимоя ёфта буданд, сипосгузор буданд. Аз он шод буданд, ки метавонанд озодона ба Худованд ибодат кунанд. Аксар вақт ба таъқиботҳои душман гирифтор шуда, онҳо дар паси ин кӯҳҳои бузург паноҳгоҳ меёфтанд. Аз баландиҳои кӯҳпораҳои бузург садои сурудҳои ситоишкоронаи онҳо ба Худованд дар гирду атроф паҳн мегардиданд, ва сарбозони румӣ қудрати хомӯш гардондани ин сурудхониҳои силосгузоронаро надоштанд.MБУБ 60.1

    Чй гуна пок, бефитна ва оташин буд, парҳезгории ин пайравони Масеҳ! Онҳо принсипхои ҳақикатҳро аз хонаҳо, заминҳо, дӯстон, наздикон ва ҳатто аз ҷони худ ҳам боло медонистанд. Онҳо аз таҳти дил кӯшиш мекарданд, то ки ин ҳақиқатҳоро дар қалбу рӯхи ҷавонон ҷой кунанд. Аз овони хурдй ба кӯдакон ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро меомӯзонданд ва муносибати боэҳтиромонаро нисбати Шариати Худованд ба онҳо дарс медоданд. Дастнависхои Китоби Муқаддас начандон зиёд буданд, бинобар ин суханони пуркиммати онҳоро дар хотир нигоҳ медоштанд, ҳатто баъзеҳо бобҳои пурраро аз Ахди Қадим ва аз Ахди Ҷадид аз ёд медонистанд. Андешаҳо дар бораи Худованд бо тасвирхои зебои табиат ва ба- ракатҳои хоксоронаи ҳамарӯза мустаҳкам мегардиданд. Тифлакони хурд ба Худованд чун ба Такдимкунандаи ҳама неъматҳо ва чизҳои зарурӣ бо сипосгузорӣ муносибат карданро меомӯхтанд.MБУБ 60.2

    Волидайни гамхору меҳрубон фарзандони худро бо муҳаббати оқилона дӯст медоштанд, бинобар ин ба онҳо дасткаширо аз манфиатҳои шахсӣ меомӯзонданд. Ин тифлаконро дар пеш санҷишҳо, маҳрумиятҳо, ва шояд марги азиятовар интизор буд. Онҳо аз овони хурдй аз cap гузаронидани мушкилиҳо, ба насиҳатҳо гӯш додан ва мустақилона андеша ва амал карданро меомӯхтанд. Аз овони хурдй чӣ будани масъулиятро медонистанд, дар сӯҳбат боэҳтиёт будан ва маҳорати дарки оқилона будани сукутварзиро меомӯхтанд. Як сухани беэҳтиёт баёншуда ва ба гӯши душман расида, метавонист на танҳо шахси баёнкунандаро, балки садҳо бародарони ӯро низ аз ҳаёт маҳрум созад; зеро ки душманони ҳақиқат ба монанди гургони тӯъмаи худро пайгирикунанда, нафаронеро таъқиб мекарданд, ки чуръати ҳимоя намудани озодии динро мекарданд.MБУБ 61.1

    Баҳри ҳимояи ҳақиқат валденсҳо аз зиндагии осудаҳолона даст кашиданд; ба онҳо барои ба даст овардани як луқма нони ҳалол заҳмати тоқатфарсо кашидан лозим меомад. Онҳо бо ғамхории зиёд ҳар як ваҷаб қитъаи замини шудгоршавандаро дар кӯҳҳо коркард мекарданд, ва дар охир ин водиҳои беҳосил ва хамгаштҳои кӯҳҳо интизориҳои онҳоро қаноатманд гардонданд. Сарфакорӣ ва дасткашиҳои сахт аз манфиатҳои шахсӣ як қисми он тарбияеро ташкил медоданд, ки фарзандони онҳо чун мероси ягона ба даст меоварданд. Ба онҳо таълим медоданд, ки Худованд онҳоро тарбияёфта ва оқил дидан мехоҳад; ва онҳо метавонанд талаботҳои худро танҳо бо заҳмати пурмашаққат, бо дурандешӣ, ғайрат ва имон қонеъ гардонанд. Ин мушкил ва хастакунанда буд, лекин манфиатовар ва фоидабахш ва маҳз ҳамон мактабе буд, ки инсон дар ҳолати гуноҳолудагии худ бо он эҳтиёҷ дошт, мактабе ки Худованд барои тарбия ва инкишофи фарзандони Худ муқаррар карда буд. Ба ҷавонон на танҳо ба меҳнати пурмашаққат ва маҳрумиятҳо одат карданро ёд медоданд, балки ба инкишофи акдонии онҳо низ диққати махсус медоданд: ба онҳо талқин мекарданд, ки ҳамаи қобилиятҳои одам ба Худо тааллуқ доранд ва онҳо вазифадоранд ҳамаи истеъдодҳои худро баҳри хизмат ба Худо инкишоф диҳанд ва мукаммал гардонанд.MБУБ 61.2

    Калисоҳои валденсҳо аз рӯи покӣ ва оддигии худ калисоҳои замони ҳаввориёнро ба хотир меоварданд. Эътибору нуфузи папа ва прелатҳоро рад намуда, онҳо Китоби Муқаддасро чун ягона Сарчашмаи пок ба сифати дустур қабул мекарданд. Рӯҳониёни онҳо бар хилофи рӯҳониёни пурғурури Рум аз Муаллими худ пайравӣ мекарданд, ки «на аз барои он омад, ки ба У хизмат кунанд, балки барои ба дигарон хизмат кардан». Онҳо кавми Худовандро нигоҳубин мекарданд, онро ҷониби чарогоҳҳои сералаф ва чашмасорҳои ҳаёти Каломи муқаддаси Ӯ раҳнамоӣ менамуданд. Дар дурӣ аз ҳамаи он чизе ки дар худ васвасаи такаббуру ғурури ин ҷаҳонро дорад, ин қавм на дар калисоҳои пурҳашамат ва бузург, балки дар сояи кӯҳҳо, дар водиҳои Алп ё ин ки ҳангоми ба миён омадани хатарҳо, дар дараҳои касногузари кӯҳхо ҷамъ меомаданд, то ки дар он ҷо суханони пур аз ҳақиқатро аз забони пайравони Масеҳ бишнаванд. Рӯҳониёни онҳо на танҳо Инҷилро маъвиза мекарданд, балки ба зиёрати беморон мерафтанд, кӯдаконро таълим медоданд, ба гумроҳзадагон ёрӣ мерасонданд, ҳар гуна ҷанҷолҳои ба миён омадаро хирадмандона ором мегардонданд ва аз барои он заҳмат мекашиданд, ки дар миёни ҳамаи қавм дӯстии бародарона ва ягонагӣ ҳукмрон бошад. Дар замони сулҳу осоиш онҳо бо дастгириҳо ва хайру закотҳои бародарони ҳамдини худ зиндагй мекарданд, лекин ба монанди Павлус, устои хаймасоз, ҳар яке аз онҳо ягон ҳунареро аз худ намуда, тайёр буд ҳар лаҳза, дар ҳолати ба миён омадани зарурият мустақилона барои рӯзгузаронии худ маблағ ба даст биёрад.MБУБ 62.1

    Ҷавонон аз рӯҳониён панд мегирифтанд. Гарчанде ба донишҳои умумӣ низ диққат дода мешуд, бо вуҷуди ин фанни асосии омӯзиш Китоби Муқаддас ба шумор мерафт. Инҷили Матто ва Юҳанно ва инчунин бисёр номаҳо аз ёд дар хотир нигоҳ дошта мешуданд. Дар баъзе дастнависҳо Китоби Муқаддас дар шакли пурра навишта шуда буд, дигар дастнависҳо - танҳо порчаҳои кӯтоҳеро дар бар мегирифтанд, ки ба онҳо тафсирҳои оддию барои ҳар як нафар фаҳмои матнҳоеро илова мекарданд, ки аз ҷониби одамони қобилияти фаҳмондани Китоби Муқаддасро дошта ба ҷо оварда мешуданд. Ана бо кадом роҳ ганҷҳои ҳақиқат дар ҷаҳон паҳн гардиданд, ки муддати ин қадар вақт аз ҷониби нафароне пинҳон карда мешуданд, ки худро аз Худо боло бардоштаанд.MБУБ 62.2

    Китоби Муқаддас босаброна, собитқадамона, баъзан дар ғорҳои чуқур дар рӯшноии чароғи милт-милткунанда оят аз паси оят, боб аз паси боб дастнавис мешуд. Ва бо андозаи пешравии ин кор иродаи Худованд, ки ба монанди тиллои холис медурахшид, маълум шуд. Ва дар партави санҷишҳои аз барои он аз cap гузаронида барои нафароне ки дар ин кор иштирок доштанд, он боз ҳам равшантар ва намоёнтар медурахшид. Ин заҳматкашони содиқро фариштагони осмонӣ иҳота мекарданд.MБУБ 63.1

    Гарчанде шайтон тамоми қувваи худро ба он равона мекард, то ки бо ёрии прелатҳои папа Каломи Худоро бо гумроҳиҳо, бидъатҳо ва хурофотҳо пинҳон кунад, он ба таври мӯъҷизаосо дар тӯли тамоми садсолаҳои торики асримиёнагӣ бетаҳриф боқй монд. Ин аз он сабаб ба амал омад, ки Китоби Муқаддас дар худ на мӯҳри одамй, балки мӯҳри Худовандро дорад. Одамон гарданшахона кӯшиш мекарданд маънии оддию фаҳмои Китоби Муқаддасро пардапӯш ва ғалат маънидод кунанд, вале Каломи Худо ба монанди киштии дар баҳри беканор шинокунанда ба ҳамлаи тӯфонҳое истодагарӣ мекунад, ки таҳдиди нест намуданашро мекунанд. Ба монанди он ки рагаи маъдани тилло дар зери замин пинҳон аст ва танҳо аз ҷониби онҳое пайдо карда мешавад, ки собитқадамона ганҷ меҷӯянд, Навиштаҷоти Муқаддас низ ганҷҳои ҳақиқатро дар худ дорад, ки танҳо ба одамони ростқавлу самимӣ ва хоксор, ки онҳоро дар дуо ҷӯё мешаванд, ошкор мегарданд. Худованд Каломи Муқаддасро барои ҳамаи сину сол китоби дарсӣ гардонд, то ки ҳам кӯдакон, ҳам ҷавонон ва ҳам одамони калонсол ҳамеша онро таҳқиқ кунанд. Китоби Худро У ба одамон чун шаҳодате аз Худ додааст. Х,ар як ҳақиқати аз ҷониби мо даркшуда ва азхудшуда хислати Муаллифи Коинотро боз ҳам амиқтар ошкор месозад. Таҳқиқи Навиштаҷот воситаи Илоҳӣ аст ки одамонро ба муносибатҳои боз ҳам наздиктар бо Офаридагор оварда мерасонад ва ба донистани иродаи Ӯ мусоидат мекунад. Китоби Муқаддас воситаи алоқаи миёни Худо ва инсон аст.MБУБ 63.2

    Гарчанде ки валденсҳо тарси Худовандро ибтидои хирад мешумориданд, онҳо муҳим будани муносибат бо ҷаҳон, шиносоӣ бо одамон ва зиндагии фаъолро хуб дарк мекарданд ва медонистанд, ки ин ба инкишофи ҷаҳонбинӣ кӯмак мерасонад ва идрокро тез мегардонад. Як қатор ҷавонон мактабро дар зодгоҳи худ дар миёни кӯҳҳои Алп тамом карда ба донишгоҳҳои Франсия ва Италия фиристода мешуданд, ки пеши назари онҳо назар ба зодгоҳашон имкониятҳои боз ҳам васеътар барои андешаронӣ ва таҳқиқ кушода мешуданд. Онҳо аз наздик бо фисқу фучур рӯ ба рӯ гардида, ба васвасаҳо гирифтор мешуданд, бо ҷосусони маккорӣ шайтон вомехӯрданд, ки кӯшиш мекарданд ба онҳо дурӯғҳои рӯйпӯшшуда ва гумроҳихои хатарнокро талқин намоянд. Лекин тарбияи дар овони кӯдакӣ аз худ шуда онҳоро ба ҳамаи ин мушкилиҳо омода сохта буд.MБУБ 64.1

    Онҳо бояд дар донишгоҳҳо сири дили худро ба ҳеҷ нафаре ошкор намекарданд. Дар чину қатҳои либосҳои худ дастнависҳои Китоби Муқаддасро - бузургтарин ганҷи худро пинҳон мекарданд. Ин меваҳои заҳмати фидокоронаро ҳамеша бо худ гирифта, ҳангоми пайдо шудани лаҳзаи мувофиқ, оҳиста дастнависҳои алоҳидаро ба дасти нафаре ки хоҳиши қабул намудани ҳақиқатро дошт, медоданд, то ки шубҳаеро ба миён наоранд. Аз айёми кӯдакӣ ин ҷавонон дар чунин рӯҳия тарбия меёфтанд, онҳо қарзи худро хуб дарк мекарданд ва онро садоқатмандона иҷро менамуданд. Бо ҳамин тариқ дар ин донишгоҳҳо одамони зиёде ҳақиқатро қабул мекарданд ва дар бисёр мавридҳо чунин рӯй медод, ки принсипҳои ҳақиқат дар тамоми донишгоҳ паҳн мегардиданд ва ба ҳамаи ҳушёриҳо нигоҳ накарда роҳбарони калисои католикӣ наметавонистанд ба сар- чашмаи ибтидоии ин «таълимоти бидъатона », чй тавре ки онҳо ин таълимотро ном гузошта буданд, дастрасй ёбанд.MБУБ 64.2

    Рӯҳи Масеҳ - рӯҳи таблиғотгарй аст. Хоҳиши аввалини дили таҷдвдёфта ба назди Наҷотдиҳанда овардани дигарон аст. Валденсҳо-масеҳиён низ чунин рӯҳия доштанд. Онҳо хуб дарк мекарданд, ки Худованд аз онҳо чизи зиёдтареро интизор аст, назар ба нигоҳ доштани ҳақиқат дар покй, - ба дӯши онҳо масъулияти пуршарафи ба ҷаҳониёни дар горики зиндагӣ дошта ошкор намудани ин нури ҳақиқат гузошта шуда буд. Бо қувваи бузурги Каломи Худованд онҳо кӯшиш мекарданд одамонро аз асорати калисои румӣ озод кунанд. Рӯҳониёни валденсҳо чун таблиғотгарон тарбия меёфтанд ва аз ҳамаи онҳое ки хоҳиши дар роҳи Худованд хизмат карданро доштанд, пеш аз ҳама ба даст овардани таҷрибаи таблиғотчӣ талаб карда мешуд. Пеш аз ба ӯхда гирифтани роҳбарии калисо дар ватани худ, ҳар як нафар бояд на камтар аз се сол дар ин ё он ҷабҳаи таблиғотгарй кор мекард. Чунин усул, ки аз ибтидо фидокорй ва ҷоннисорриро талаб мекунад, инсонро ҳарчи хубтар барои хизмати рӯҳонӣ, ки дар он замон бо хатарҳои зиёде алоқаманд буд, тайёр мекард. Ҷавонмардоне ки барои иҷрои хизмати муқаддас дуо мегирифтанд дар пеши худ на некӯаҳволии заминӣ ва иззату эҳтиром, балки зиндагии пур аз хатар ва маҳрумиятҳо ва шояд марги пурмашақатро медиданд. Ин таблиғотчиён ба монанди оне ки Исо шогирдони Худро барои мавъизаи ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас фиристода буд, ду нафар якҷоя шуда ба сафар мебаромаданд. Ҳар як ҷавонро таблиғотчии соҳибтаҷриба ҳамроҳӣ мекард, ки ҷавон бояд ба ӯ чун ба роҳбари худ итоат ва амрҳои ӯро иҷро мекард ва дар баробари ин таблиғотчии соҳибтаҷриба оиди донишомӯзии ҷавон ғамхорӣ мекард. Ин ҳамкорон на ҳама вақт ҳамроҳ буданд, лекин зуд-зуд барои дуогӯӣ ва машварат бо ҳам вомехӯрданд ва бо ҳамин тариқ имони якдигарро устувор мегардонданд.MБУБ 65.1

    Агар ин муждарасонҳои Худованд мақсадҳои худро ошкоро баён мекарданд, албаттаро онҳоро шикаст интизор буд, бинобар ин онҳо мақсадҳои аслии худро бо диққат пинҳон мекар- данд. Ҳар як таблиғотчӣ ягон ҳунареро меомухт ва хизмати худро дар роҳи Худованд бо иҷрои ин ҳунар пардапӯш мекард. Одатан онҳо ба савдои чарчинвориҳо ва газворҳо машғул мешуданд. «Онҳо ба савдои маҳсулотҳои абрешимй ва тиллогин машгул мешуданд, ки дар он замонҳо ин маҳсулотҳоро танҳо дар бозорҳои калон дастрас намудан мумкин буд ва ба шарофати ин амал онҳо метавонистанд ба он шаҳру деҳотҳое роҳ ёбанд, ки аз он ҷо онҳоро чун таблиғотчиён пеш мекарданд»6Уайлй , китоби 1, боби 7.. Онҳо дар дили худ ба Худованд дуо мегуфтанд, то ки У ба онҳо барои ба одамон пешниҳод намудани ҷавоҳиротҳои назар ба тилло ва алмос боз ҳам пурқиматтар хирад ато кунад. Онҳо дастнависҳои Китоби Муқаддасро қисман ё ба таври пурра пинҳонӣ бо худ мегирифтанд ва ҳамин ки имконият даст мeдод, диқкати харидо ронро ба оятҳои Китоби Муқаддас ҷалб мекарданд. Баъзан бедор сохтани шавқу ҳаваси одамон ба Каломи Худованд муяссар мегардид ва он гоҳ ин таблиғотчиён бо шодӣ қисмҳои алоҳидаи Навиштаҷоти Муқаддасро ба онҳо ҳадия мекарданд.MБУБ 65.2

    Хизмати ин таблиготчиён дар водиҳо дар доманаи куҳҳои зодгоҳи онҳо оғоз ёфта, баъд ба шаҳру деҳаҳои дурдаст рафта мерасид. Пойлучу бо либосҳои кӯҳна ва аз чанги роҳ тирагардида, ончунон ки Устоди онҳо либос мепӯшид, аз шаҳрҳои калон гузашта ба заминҳои дурдаст рафта мерасиданд. Ва дар ҳама ҷо онҳо тухмии пурбаҳо мекоштанд. Ҷамъиятҳои нави имондорон таъсис меёфтанд ва ҳақиқати Худо бо хуни ин таблиғотчиён шаҳодат дода мешуд. Рӯзи дар пеш истодаи Худованд ҳосили фаровони қалбҳои наҷотёфтаро, ки оо заҳмати ин мардони содиқ ба даст омада буд, нишон медиҳад. Каломи Худованд номаълум ва хомӯшона дар ҷаҳони масеҳӣ ба худ роҳ кушода, дар ҳама ҷо дар хонаҳо ва дар қалбҳои одамон хуш истиқбол меёфт.MБУБ 66.1

    Китоби Муқаддас ба валденсҳо на танҳо дар бораи муносибатҳои Худованд ба одамон дар гузашта ва ба масъулият ва қарзи онҳо дар замони ҳозира сухан мегуфт, балки онҳо хатарҳо ва ҷалоли ояндаро ошкор мекард. Онҳо ба анҷомёбии наздики ҳама чиз бовар мекарданд ва Китоби Муқаддасро бо дуо ва ашк омӯхта истода таълимотҳои пурқимати онро пурра мефаҳмиданд ва қарзи худро оиди ба дигарон низ расондани ҳақиқатҳои наҷотбахши он дарк менамуданд. Нақшаи наҷот, ки дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас дарҷ ёфтааст ба онҳо ба таври пурра фаҳмо буд ва ба Исои Масеҳ имон оварда онҳо оромӣ, осоиштагӣ ва умедро ба даст меоварданд. Вақте ки хиради онҳоро нур мунаввар мегардонд ва қалб аз шодй лабрез мегашт, онҳо иштиёқманди ба дигарон низ, ба онҳое ки дар зулмоти гумроҳии ҳокимияти папа қарор доштанд, раcондани шуоъҳои ин нур мегаштанд.MБУБ 66.2

    Онҳо медиданд, ки бисёриҳо дар зери ҳукмронии папа ва рӯҳониён қарор дошта, бо азият додани ҷисми худ беҳуда кӯшиши ба даст овардани омурзиши гуноҳоро мекарданд. Одамон, ки одат карда буданд бовар намоянд, ки наҷотро ба василаи амалҳо, бо кувваи худ ба даст овардан мумкин аст, ҳамеша ба худ нигоҳ мекарданд. Дар хусуси гуноҳҳои худ андеша намуда ва аз ғазаби Худо ба ҳарос афтода, онҳо ҷону ҷисми худро азият медоданд, вале осоиш намеёфтанд. Ана ҳамин тавр одамони покдил бо доктринаҳои Рум фиреб дода шуда буданд. Ҳазорон одамон дӯстону наздикони худро тарк намуда ба чордевориҳои дайр мерафтанд. Онҳо ба воситаи рӯзадориҳои пайдарпай, худазобдиҳиҳои сахт, шабзиндадориҳо, шабҳои бехобии дуру дароз дар рӯи фарши тар, бо зиёратҳои дуру дарози ҷойҳои муқаддас, епитемяҳои таҳқиромез ва азиятҳои ихтиёрии даҳшатангезтарин кӯшиши беҳудаи ором гардондани вичдони худро мекарданд. Бисёриҳо аз дарки гунаҳгории худ азият кашидаю аз тарси ҷазои Худо безобита гардида, худро ончунон бемадор мекарданд, ки оқибат ҷисми азобдида мекоҳид ва онҳо бе ягон шуоъй нур ва умед ҷон медоданд.MБУБ 67.1

    Валденсҳо бо шавқу завқи баланд мехостанд ба ин ҷонҳои бемадоргашта Нони Хдётро диҳанд, ба онҳо он муждаи сулҳро, ки дар ваъдаҳои Худованд ниҳон аст, ошкор созанд ва ба Масеҳ - ягона роҳи наҷот ишора кунанд. Таълимотро дар бораи он ки корҳои нек метавонанд шахси гунаҳгорро, ки Шариати Худоро вайрон намудааст, фидиягузорӣ кунанд, гумроҳӣ меномиданд. Боварй ба хизматҳои инсонӣ муҳаббати бепоёни Масеҳро аз назари одамон пинҳон мекунад. Худро баҳри инсоният курбон намуда, Исои Масеҳ ҷон дод, зеро ки инсонияти гунаҳгор бо ҳеҷ чиз наметавонист дар назди Худованд худситоӣ кунад. Хизматҳои Наҷотдиҳандаи мехкӯбшуда ва эҳёгардида таҳкурсии имони масеҳӣ ба шумор мераванд. Вобастагии ҳар як ҷон аз Масеҳ ва алоқаи он бо У бояд ончунон зич ва ҳаётй бошанд, чун алоқаи ягон узв бо тамоми бадан ё шохаҳои ангур бо тани он.MБУБ 67.2

    Рӯҳониёни папа мардумро то дараҷае расонда буданд, ки одамон хислати Худованд ва ҳатто Масеҳро ба худ сангдилон, пурдаҳшат ва нафратовар тасаввур мекарданд. Наҷотдиҳанда нисбат ба гунаҳкор ончунон оиггинопазир тасвир карда мешуд, ки зарурияти миёнаравии рӯҳониён ва муқаддасон пеш меомад. Ва он одамоне ки хирадашон бо Каломи Худованд бомаърифат гардида буд, аз сидқи дил мехостанд ба гумроҳзадагон фаҳмонанд, ки Исои Масеҳ - Наҷотдиҳандаи меҳрубон ва дӯстдоре аст, ки дастони Худро сӯи онҳо дароз мекунад ва ҳамаро даъват мекунад, ки бо ҳамаи бори вазнини гуноҳҳо, мусиоатҳо ва ғаму ташвишҳои худ ба назди У биоянд. Онҳо кӯшиш мекарданд монеаҳоеро бартараф созанд, ки шайтон гузошта буду мехост пеши роҳи одамонро банд кунад, то ки онҳо ваъдаҳои Худовандро набинанд ва бевосита ба У барои тавбакунй аз гуноҳҳо ва ба даст овардани омурзиш ва осоиш муроҷиат накунад.MБУБ 68.1

    Валденси таблиғотгар бо кадом шавқу ҳаваси зиёд ҳақиқатҳои пурқимати Инҷилро ба дигарон мавъиза мекард. Бо кадом эҳтиёткорӣ шунавандагонро бо бобҳои бодиққатона рӯнависшудаи Китобҳои Муқаддас ошно мекард. Ба ҷони тавбакунанда ва аз гуноҳ захмбардошта, ки то ин замон дар Худованд танҳо довари қасосгирро медид - умед бахшидан, барои ӯ хурсандии бузург буд. Бо лабҳои ларзон, бо чашмони ашколуд, бисёр вақт ба зону зада у ба бародарони худ ваъдаҳои пурқиматеро ошкор менамуд, ки умеди ягонаи шахси гунаҳгор буданд. Ва нури ҳақиқат ба бисёр қалбҳои ғамзада ворид гар- дида абрҳои тираро пароканда менамуд ва Офтоби Порсой бо шуоъҳои шифобахши худ дилҳоро мунаввар мегардонд. Аксар вақт, бо хоҳиши шунавандагон баъзе қисмҳои Китоби Муқаддас якчанд маротиба такроран хонда мешуданд, то даме ки ниҳоят одамон боварӣ ҳосил мекарданд, ки онҳо дуруст шунидаанд. Махсусан ибораҳои зерин такроран хонда мешуданд: «Хуни Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд». «Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (1 Юҳанно 1:7; Юханно 3: 14,15).MБУБ 68.2

    Бо ҳамин тариқ одамон аз фиребҳои Рум озод мешуданд. Бисёриҳо боварй ҳосил мекарданд, ки чӣ гуна бемаънист миёнаравии одамон ё фариштагон барои шахси гунаҳгор. Вақте ки нури ҳақиқй чеҳраҳои онҳоро мунаввар мегардонд, онҳо бо хушнудй хитоб мекарданд: «Масеҳ - Коҳини ман аст; Хуни Ӯ - қурбонии ман аст; меҳроби Ӯ - тавбахонаи ман аст». Онҳо ба хизматҳои Масеҳ комилан умед баста, суханони зеринро такрор мекарданд: «Бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест». «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбанд» (Ибриён 1:7; Аъмол 4:12).MБУБ 69.1

    Барои баъзе одамони бадбахт ва дудила муҳаббати Масеҳ ниҳоят беканор намуд, то ки онро дарҳол дарк намудан мумкин бошад. Ин ҳақиқат ба одамон чунон сабукии бузург овард, он қадар нури маърифатро ошкор сохт, ки ба назари онҳо чунин менамуд. ки гӯё ба осмон бардошта шудаанд. Онҳо дилпурона дастони худро ба дастони Масеҳ гузоштанд, ва пойҳои онҳо дар Сахраи Қарнҳо устувор гардиданд. Акнун онҳо аз партофтан ба маҳбасҳо ё ҳатто аз сӯхтан дар гулханҳо наметарсиданд, агар танҳо ин метавонист номи Фидиягузори онҳоро ҷалол диҳад.MБУБ 69.2

    Каломи Худо дар ҷойҳои пинҳонӣ, дар баъзе мавридҳо барои як нафар, ва дар мавриди дигар ба гурӯҳи начандон калони одамоне ки ҷониби нур ва ҳақиқат ҷадал мекарданд, хонда ва мавъиза карда мешуд. Аксар вақт шаб бо хондани Каломи Худо мегузашт. Гоҳо ҳаяҷон ва шавку завқи шунавандагон ончунон бузург буд, ки қосиди файз хонишро манъ намуда ба ҳузурдоштагон имконият медод, то ки ба пуррагӣ муждаи наҷот дарк кунанд. Зуд-зуд чунин саволҳоро шунидан мумкин буд: «Наход, ки Худованд дар ҳақиқат курбонии маро қабул мекунад? Оё У ба ман раҳм мекунад? Оё Ӯ маро мебахшад?». Ва дар ҷавоб суханони зерин садо медоданд: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Матто 11:28).MБУБ 69.3

    Бо имон онҳо ба ваъдаҳо рӯ меоварданд ва бо шодӣ нидо мекарданд: «Дигар ба назди қабрҳои муқадцасон рафтан ва худро бо зиёраткуниҳои дуру дароз бемадор кардан лозим нест. Ман метавонам ба назди Масеҳ ончуноне ки гунаҳгор ва бадахлоқ ҳастам, биоям, ва Ӯ дуои гунахгори тавбакунандаро рад намекунад: «Гуноҳҳои ту бахшида мешаванд». Гунохҳои ман, ҳатто гуноҳҳои ман бахшида мешаванд!».MБУБ 70.1

    Селоби шодии пок қалбҳои ин одамонро пур мекард ва онҳо номи Исоро мадҳу ситоиш мекарданд. Ин одамони хушбахт ба хонаҳои худ бармегаштанд, то ки шодии худро бо дигарон баён кунанд, ва чӣ тавре ки метавонистанд дар бораи он чизе ки худ аз cap гузаронданд, ва дар бораи он ки чӣ гуна онҳо Роҳи ҳақ ва зиндаро пайдо карданд, ҳикоят мекарданд. Дар суханони Китоби Муқаддас кувваи аҷибу пуртантанае ҷойгир буд, ки ба қалбҳои ташнаи ҳақиқат, бевосита таъсир мерасонд. Ин садои Худованд буд, ки шунавандагонро бовар мекунонд.MБУБ 70.2

    Муждарасони ҳақиқат роҳи худро давом медод, киёфаи ҳалимона, ҷиддият ва саъю кӯшиши ӯ муддати дароз аз ҷониби боқимондагон муҳокима карда мешуданд. Дар аксар мавридҳо шунавандагони ӯ аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтани ӯро пурсон намешуданд. Дар оғози сӯҳбат ончунон ба хаяҷон меомаданд, ва дар анҷоми он ончунон саршор аз хурсандӣ ва миннатдорӣ буданд, ки чизеро аз ӯ намепурсиданд. Вақте ки аз ӯ боисрор хоҳиш мекарданд, ки дар ягон хона меҳмон шавад, ӯ чавоб медод, ки бояд ба ҷониби дигар одамони гумроҳзада шитоб кунад. «Шояд ин фариштаи осмонӣ бошад?» - бо тааҷчуб аз якдигар пурсон мешуданд одамон.MБУБ 70.3

    Ва дар аксар мавридҳо онҳо ҳеҷ гоҳ дигар бо нафаре ки дар калбҳои онҳо тухми ҳақиқатро кошт, вонамехӯрданд. Ӯ ба шаҳрҳои дигар мерафт, ё дар паси деворҳои маҳбас ҷон медод, ё ӯро дар он ҷое ба қатл мерасонданд, ки ӯ аз ҳақиқат шаҳодат медод. Лекин Каломе, ки онҳо боқӣ гузоштанд, нест намешуд. Он кори худро дар қалбҳои одамон ба ҷо меовард ва танҳо рӯзи қиёмат натиҷаҳои ин корҳоро ошкор месозад.MБУБ 71.1

    Валденсҳои таблиғгар ба салтанати шайтон ҳамла меоварданд, бинобар ин қувваҳои шайтонӣ эҳтиёткор буданд. Ҳокими зулмот ба ҳар як пешравии ҳақиқат назорат мекард ва дар қалбхои зердастони худ эҳсоси тарсро бармеангехт. Роҳбарони калисои католикӣ медиданд, ки заҳматҳои ин муждарасонҳои фурӯтани мусофир ба сари онҳо мусибат меоранд. Агар ба нури ҳақиқат иҷозати мунаввар гардондани замин дода шавад, он гоҳ абрҳои вазнини гумроҳӣ,ки халқро печонда буданд, пароканда карда мешаванд ва фикрҳои одамон танҳо ҷониби Худо равона мегарданд, ки ин амал оқибат таҳдиди ба ларза даровардани эътибору нуфузи Румро дошт.MБУБ 71.2

    Худи мавҷудияти ин қавм, ки имони Калисои қадимаро нигоҳ медошт, огоҳии доимие буд аз маслакфурӯшии Рум ва ин сабаби нафрат ва таъқиботи бераҳмонатарин буд. Дасткашии онҳо аз рад намудани Китоби Муқаддас низ чун таҳқире баҳо дода мешуд, ки Рум ба он дигар таҳаммул карда наметавонист. Ва Рум қарор дод, ки валденсҳоро аз рӯи замин нест кунад. Ба мукобили фарзандони Худо, ки дар сарзамини кӯҳсори худ аз ороми маҳрум гардиданд, юришҳои даҳшатноктарини салибӣ оғоз ёфтанд. Онҳоро дар ҳама ҷо инкивизиторҳо таъқиб мекарданд ва фалокати қадимаи қатли Ҳобил бо дасти ҷинояткоронаи Қобил чандинбора такрор меёфт.MБУБ 71.3

    Киштзорҳои серҳосили онҳо доимо ба харобазор табдил меёфтанд; кулбаҳо ва калисоҳои хурди онҳоро аз рӯи замин нест мекарданд ва он маконе ки як замон майдонҳои киштзор ва манзилгоҳи қавми сулхдарвару заҳматкаш буд, акнун ба саҳрои бекас табдил ёфт. Ба монанди он ки ҳайвони даррандае хунро чашида, боз ҳам бераҳмтар мегардад, хашми пайравони папа низ бо дидани азияткашии қурбониҳои онҳо аланга мегирифт. Бисёр аз он шоҳидоне ки покии имонро ҳимоя мекарданд, дар кӯҳсорҳо таъқиб карда мешуданд; онҳоро дар водихо, дар ҷангалҳои анбӯх ва дар дарахои харсангдор шикор мекарданд.MБУБ 71.4

    Ахлоқи қавми хурде, ки аз ҷониби ҳама таҳқир карда мешуд, бенуқсон буд. Ҳатто душманони валденсҳо изҳор медоштанд, ки онҳо одамони сулҳпарвар, ором ва парҳезгоранд. Ҷинояти бузурги онҳо аз он иборат буд, ки ба Худованд ончуноне ки папа талаб мекард, хизмат кардан намехостанд. Ва аз боиси ин чиноят онҳо ба хар гуна хориҳо, таҳқирҳо ва азобҳое гирифтор мешуданд, ки аз ҷониби шайтон ва одамони дар зери таъсири ӯ қарордошта кашф шудаанд.MБУБ 72.1

    Дар охир Рум қарор дод, ки ин мазҳаби нафратангезро нест кунад ва аз ҷониби папа ярлиқе интишор шуд, ки валденсҳоро чун бидъаткорони сазовори марг, махкум мекард. Ба гардани онҳо бекорӣ ё фиребгарӣ ва беахлокӣ чун гуноҳ бор карда намешуданд; эълон карда шуд, ки онҳо «намуди парҳезгорй ва муқаддасиро доранд» ва гӯсфандони «рамаи хақиқиро» ба васваса меандозанд. Папа фармон дод, ки дар мавриди итоат накардан ин «мазхаби нафратангезу манфури ҷинояткорон», пахш карда шавад «чунон ки морхои заҳрдорро пахш мекунанд»7Уайлӣ , китоби 16, боби 1.. Оё ин ҳокими мағрур дар бораи он андеша мекард, ки ин суханони ӯ дар китобҳои осмонӣ навишта шудаанд, то ки дар рӯзи қиёмат ба муқобили худи ӯ шаҳодат диҳанд? «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед» (Матто 25:40).MБУБ 72.2

    Ин ярлиқ ҳамаи аъзоёни калисоро ба ҳамроҳшави ба юришҳои салибй ба муқобили бидъаткорон даъват мекард. Барои он ки шумораи зиёди одамонро ба ин амали даҳшатовар ҷалб кунад, папа ҳамаи онҳоеро, ки ба чунин юришҳо ҳамроҳ мегардиданд аз «ҳама гуна ҷазоҳои умумӣ ва шахсӣ, ки аз ҷониби калисо муайян шуда буданд, озод мекард; ярлиқ иштирокчиёни юришҳоро аз қасамҳо озод месохт; он ҳуқуқи онхоро ба ҳама гуна моликият, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шуда буд, қонунӣ мегардонд, ва омурзиши ҳамаи гуноҳҳои нафареро. ки ақаллан як бидъаткорро ба қатл мерасонд, ваъда медод. Ярлик ҳамаи созишномаҳои бо валденсҳо басташударо бекор кард; ба аҳли хонаводаи валденсҳо танҳо гузоштани онҳоро фармон медод; ҳеҷ кас ҳуқуқ надошт ба онҳо ягон намуд кӯмак расонад ва ҳар як нафари хоҳишманд ҳуқуқ дошт молу мулки онҳоро сохиб шавад»8Ҳамон ҷо.. Дар ин ҳуҷҷат рӯҳе равшан ошкор мегардад, ки ҳокимияти папа мувофиқи он амал мекард. Дар он на садои Масеҳ, балки ғурриши аждаҳо шунида мешавад.MБУБ 72.3

    Роҳбарони Калисои католикӣ на бо меъёри бузург - Шариати Худо мувофик, мешуданд, балки меъёри худро ташкил намуда қарор доданд ҳамаро барои ба он мутеъ намудан маҷбур созанд. Иродаи Рум чунин буд. Мусибатҳои даҳшатовар авҷ мегирифтанд. Рӯҳониён ва прелатҳои фосиқу куфргӯй кори шайтонро ба ҷо меоварданд. Қалбҳои онҳо меҳру шафқатро намедонистанд. Ҳамон рӯҳе ки Масеҳро мехкӯб кард ва ҳаввориёнро ба қатл расонд, ҳамон рӯҳе ки дар замони худ Нерони хунхорро ба муқобили масеҳиён равона карда буд, алҳол низ амал мекард, то азизони Худоро несту нобуд кунад.MБУБ 73.1

    Дар тӯли асрҳои зиёд ин қавми худотарс, ки Фидиягузорро содиқона ва бо пурсабрй ситоиш мекард, таъқиботҳои даҳшатоварро аз cap гузаронд. Ба юришҳои салибй ва хунрезиҳои бераҳмона муқобилият нишон надода, ин қавм бо ёрии муждарасонҳои худ паҳн намудани ҳақиқатҳои пурқиматро давом медод. Фарзандони Худоро заҳр медоданд ва ба қатл мерасонданд, лекин хуни онҳо тухмиҳои коштаро ғизо медод ва он тухмиҳо самари худро ба бор меоварданд. Ҳамин тавр садсолаҳо пеш аз таваллуди Лютер валденсҳо аз Худованд шаҳодат медоданд. Дар мамлакатҳои зиёд пароканда гардида, онҳо тухмиҳои Ислоҳотро мекоштанд, ки дар замони Уиклиф майса зада ва дар замони Лютер нумӯ ёфтанд. Он то охири замон аз ҷониби нафароне ҳифз карда мешавад, ки розианд ҳама чизро «...аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ» (Ваҳй 1: 9), аз cap гузаронад.MБУБ 73.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents