Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 8. - ҲОМИИ ҲАҚИҚАТ

    Ба тахти Германия император Карли V нишаст ва намояндагони Рум бо шитоб ба табрикаш омада, уро ба решкан намудани Ислоҳот бовар мекунонданд. Лекин ҳокими Саксония, ки Карли V ба шарофати дасттирии ӯ ба бисёр чизҳо комёб гашта буд, аз ӯ дархост намуд, ки нисбати Лютер ягон чора наандешад, пеш аз он ки сухани ӯ шунида шавад. Ин императорро дар вазъияти ногувор монд. Танҳо ҳукми қатл нисбати ислоҳотчӣ намояндагони папаро қаноъатманд мегардонд. Вале ҳокими Саксония на як маротиба бо қатъият даъват карда оуд, то ки «доктор Лютер пешакй бо номаи ҳимоявӣ таъмин гардида, дар назди доварони парҳезгор ва беғараз баромад намояд, зеро ки на ҷаноби император ва ҳеч каси дигаре навиштаҳои Лютерро рад накардаанд»78ДОбинйе, китоби 6, боби 11..MБУБ 146.1

    Акнун таваҷҷӯҳи ҳама ба сейми дар пешистодаи ҳокимони Германия дар Вормс ҷалб шуда буд, ки дере нагузашта баъди ба тахт нишастани Карли V даъват шуда буд. Ин ҷамъомади умумидавлатӣ бояд муҳимтарин масъалаҳои сиёсиро ҳал мекард, дар он ҷо ҳокимони Германияро вохӯрии аввалин бо шоҳи ҷавон интизор буд. Ба ин ҷамъомади давлатӣ аз тамоми гӯшаю канори империя амалдорони давлатӣ ва динӣ ҷамъ омаданд. Дар Вормс ашрофзодагони бо имтиёзҳои меросӣ ва мавқеи баланди худ ифтихоркунанда; намояндагони дин, ки бо мавқеъ ва қудрати доштаи худ ҳавобаланӣ мекарданд; сипоҳиёни дарборӣ бо ҳамроҳии яроқбардорони худ, сафирони мамлакатҳои дурдаст ҷамъ омаданд. Ба гуногунии масъалаҳои дар назди сейм истода нигоҳ накарда, шавқу завқи беҳади ин ҷамъомади бузургро ислоҳотчии саксониягӣ ба худ ҷалб мекард.MБУБ 146.2

    Чанде пеш аз оғози маҷлиси умуми Карли V ба ҳокими Саксония ба сейм овардани Лютерро фармон дода, ба ислоҳотчӣ пуштибониро ваъда ва имконияти муҳокимаҳои ошко- рои ҳамаи масъалаҳои баҳсталабро бо шахсиятҳои салоҳиятдор кафолат дод. Лютер бо бесабрӣ он рӯзеро интизор буд, ки дар назди император ҳозир мешавад. Он замон саломатиаш заиф гардида буд, вале ӯ ба ҳокими Саксония чунин навишт: «Агар ман ба он ҷо солим ҳозир шуда натавонам, он гоҳ хоҳиш мекунам маро бемор ба он ҷо бирасонед. Зеро ки агар император маро даъват кунад, он гоҳ ман ҳеҷ шубӣҳае надорам, ки ин хости Худованд аст. Агар онҳо зӯриро истифода баранд - (инро бошад, интизор шудан мумкин аст, зеро ки маро ба он ҷо на аз барои он даъват мекунанд, то ки пандҳои маро қабул кунанд), - ман ҳамаашро ба дасти Худо месупорам. Худованде, ки се ҷавонро аз алангаи оташ нигоҳ дошт, ҳанӯз ҳам дар тахти Худ ҳукмрон аст. Агар Ӯ маро наҷот надиҳад, пас маълум мешавад, ки зиндагии ман маъно надорад. Танҳо дар хусуси он ғамхорӣ мекунем, ки Инҷил ба масхараи гунаҳгорон дода нашавад ва барои ҳимояи он ба рехтани хуни худ тайёр мешавем. Магар ман ҳукм бароварда метавонам, ки чӣ чиз барои наҷоти одамон судманд аст - ҳаёти ман ё марги ман?.. Шумо метавонед аз ман ҳама чизро интизор бошед... лекин танҳо на гурехтан ва аз ақидаҳои худ дасткашиданро. Гурехта наметавонам, - хусусан аз ақидаҳои худ даст намекашам»79Ҳамон ҷо, китоби 7, боби 1..MБУБ 146.3

    Хабари ба сейм омадани Лютер талотуми зиёдро ба миён овард. Алеандр, намояндаи папа, ки ин кор ба ӯҳдаи ӯ супорида шуда буд, ба изтироб ва ғазаб омада буд. Ӯ хуб мефаҳмид, ки натиҷаҳо барои папа фалокатовар мегарданд. Аз нав дида баромадани коре ки папа аллакай нисбати он ҳукми ҷазоро бароварда буд, маънои зери шубҳа мондани ҳокимияти саррӯҳонии пурқудратро дошт. Ғайр аз ин, Алеандр аз он тарс дошт, ки далелҳои равшану раднопазири Лютер метавонанд бисёр ҳокимонро ба рӯйгардонй аз ҳокимияти папа маҷбур намоянд. Бинобар ин ӯ ба Карли V эътирози худро ба муқобили ба сейм дар Вормс ҳозир шудани Лютер ба таври қатъӣ баён кард. Дар ҳамин вақт ярлиқ дар бораи аз Калисо хориҷ кардани Лютер интишор карда шуд ва император дар зери фишори фармони папа ва эътирози намояндаи ӯ розӣ шуд. У ба ҳокими Саксония нома навишта гуфт, ки агар Лютер аз акидаҳои худ даст накашад, пас бигзор ӯ дар Виттенберг бимонад.MБУБ 147.1

    Алеандр аз ин ғалабаи худ қаноъатманд нагардида тамоми маккорӣ ва ҳуқуқҳои худро истифода бурд, то ки маҳкумкунии Лютерро ба даст биёрад. Бо суботкории ғайриоддие, ки арзандаи истифодаи беҳтаре буд, ӯ ин масъаларо ба ҳокимон, прелатҳо ва дигар аъзоёни сейм пешниҳод намуда, ислоҳотчиро «дар иғвоандозӣ ба исён, беэҳтиромӣ, қонунвайронкунӣ ва куфргӯй» гунаҳгор мекард. Лекин ғаразнокй ва тундмиҷозии прелат аз он шаҳодат медод, ки ӯ бо кадом мақсадҳо амал мекунад. «Уро аниқтараш ҳисси нафрат ва қасосгирй ба ин амалҳо водор мекарданд, на ҳисси диндорӣ» — чунин буд хулосаи аҳли ҷамъомад80Ҳамон ҷо.. Қисми зиёди одамони дар сейм ҳузурдошта майли ба Лютер муносибати хайрхоҳонаи бемисл карданро доштанд.MБУБ 148.1

    Алеандр бо нерӯи дучанд дар он истодагарӣ мекард, то ки император фармони папаро ба ҷо биёрад. Лекин аз рӯи қонунҳои Германия бе ризогии ҳокимон ин амалро иҷро кардан мумкин набуд, ва дар охир. Карли V бо намояндаи хираи папа розй шуда, ба ӯ фармони ба сейм пешниҳод кардани ин масъаларо дод. «Барои намояндаи папа ин рӯз рӯзи тантана буд. Шахсиятҳои бағоят мӯътабар ҷамъ омада буданд, вале масъалаи ба муҳокимаи онҳо пешниҳодгардида, боз ҳам муҳимтар буд. Алеандр бояд қудрат ва эътибору нуфузи Рум... модар ва маликаи ҳамаи калисоҳоро ҳимоя мекард». У бояд исбот мекард, ки папа ин ҳуқуқҳоро дар назди_олитарин шахсиятҳои ҷаҳони масеҳй аз Петрус гирифтааст. «У соҳиби истеъдоди суханпардозӣ буда аз худ таассуроти хуб гузошт. Пешбинии Худо раво донист, то ки дар хузури доварони олидараҷа яке аз нотиқони барҷастаи Рум барои ҳимояи Калисо баромад кунад»81Уайлӣ , китоби 6, боби 4.. Нафароне, ки нисбати ислоҳотчӣ нигоҳи хайрхоҳона доштанд, суханони Алеандрро бо андак ҳазар гӯш мекарданд. Ҳокими Саксония дар сейм ҳузур надошта, ба мушовирони худ фармон дода буд, ки барои ӯ нутқи намояндаи папаро бинависанд.MБУБ 148.2

    Алеандр кӯшиши ба ҳақиқат зарба заданро намуда, тамоми акл ва суханпардозии худро ба ёрӣ даъват кард. Ӯ ба сари Лютер гуноҳоро паси ҳам фурӯ рехта, ӯро душмани Калисо ва давлат, зиндаҳо ва мурдаҳо, аҳли дин ва халоиқ, ҳамаи имондорон якҷоя ва ҳар як масеҳӣ дар алоҳидагӣ тасвир намуд. «Гумроҳии Лютер кифоя аст, - баён кард ӯ, - то ки садҳо ҳазор бидъаткорон дар оташ сӯзонда шаванд».MБУБ 149.1

    Дар анҷом ӯ кӯшиши бадном намудани пайравони ақидаҳои ислоҳотчиёнро кард: «Кистанд, ҳамаи ин пайравони Лютер? Издиҳоми муаллимони дагалу ҷоҳил, рӯҳониёни маслакфурӯш, рохибони гумроҳ, ҳуқукшиносони бемаълумот, ашрофзодагони бадахлок ва тӯдаи халқи оддӣ, ки онҳо фиреб намуда гумрох карданд. Магар онҳоро бо католикҳое, ки ин қадар сершумор, соҳибистеъдод ва пурзӯранд, мукоиса кардан мумкин аст? Бигзор қарори якдилонаи ин суди олии бошукӯҳ барои бехирадон чун огоҳнома хизмат кунад, соддадилонро бомаърифат, заифонро устувор ва ба шубҳа афтодагонро боэътимод гардонад»82ДОбинйе, китоби 7, боби 3..MБУБ 149.2

    Дар ҳамаи асрҳо чунин аслиҳа ба муқобили ҳомиёни ҳақиқат истифода бурда мешуд. Худи ҳамон далелҳо то ба имрӯз ба муқобили нафароне равона карда мешаванд, ки бар хилофи гумроҳии умумӣ, барои мавъиза намудани ҳақиқатҳои равшани Каломи Худованд ҷуръат мекунанд. «Кистанд мавъизакунандагони таълимотҳои нав? - нидо мекунанд тарафдорони динҳои расмигардида. - Онҳо халқи оддӣ, бемаърифат ва камшуморанд. Чӣ тавр ҷуръат мекунанд даъвои соҳиби ҳақиқат будан, даъвои ҳуқуқи кавми интихобшудаи Худо буданро кунанд! Онхо ҷоҳиланд ва худро фиреб медиҳанд. Ба Калисои мо, ки - сершумор ва бонуфуз, аст нигоҳ кунед. Дар миёни мо одамони машҳур ва донишманд чӣ қадар зиёданд! Мо аз онҳо пурзӯртарем!» Ва албатта ин далелҳо ба чаҳон таъсир мерасонанд, вале онҳо имрӯз ҳам ба мисли замони Лютер боварибахш нестанд.MБУБ 149.3

    Ислоҳот бо марги Лютер анҷом наёфтааст, чи тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд. Он бояд то ба анҷом ёфтани таърихи ҷаҳон давом кунад. Лютер нури аз ҷониби Худо ба ӯ додашударо пахн намуда, кори бузургеро амалӣ намуд, лекин ин ҳамаи он нуре набуд, ки чаҳон ба он эҳтиёҷ дошт. Аз он замон то ба рӯзҳои мо аз саҳифаҳои Китоби Мукаддас нуре мунтазам берун меояд, ки дар ошкор намудани ҳақиқат кӯмак мерасонад.MБУБ 149.4

    Нутқи намояндаи папа ба иштироккунандагони сейм таъсири сахт расонд. Дар он чо Лютер, ки метавонист бо хакикатҳои равшану боварибахши Каломи Худо ба ҳимоятгари ҳокимияти папа зарба занад, хузур надошт. Ҳатто ҳеҷ кас кӯшиши аз ҳамлаҳо ҳимоя намудани ислоҳотчиро накард. Ба назар чунин менамуд, ки ҳама на танҳо барои махкум намудани таълимоти ӯ, балки барои онро ба таври пурра чун бидъат решакан кардан омодаанд. Рум имконияти мусоидро барои ҳимояи худ истифода бурд. Ҳамаи он чизеро, ки барои ҳимояи он гуфтан мумкин буд, баён карда шуд. Лекин ин ғолибиятй зоҳирӣ аломати шикаст буд. Ду кувваи бузург бояд бо ҳам дар муборизаи ошкорое вомехӯраданд, ки дар он фарқияти равшани миёни ҳақиқат ва гумроҳӣ бояд аён мегашт. Баъди ин задухӯрди ошкоро Рум дигар ҳеҷ гоҳ худро дар чунин бехатарӣ чун дар замонҳои пеш, ҳис накард.MБУБ 150.1

    Гарчанде ки аксарияти аъзоёни сейм барои ба ҷазои Рум супоридани Лютер тайёр буданд, бисёриҳо вайроншавии маънавиёти Калисоро дида ва сарзаниш намуда, ба ҳамаи ҷиноятҳои рӯҳониёни фосику чашмгурусна, ки аз дасти онхо халқи Германия азоб мекашид. анҷом бахшидан мехостанд. Алеандр ҳокимияти папаро ба диққатҷалбкунандатарин ва хубтарин рангҳо тасвир намуд. Он гох Худованд яке аз аъзоёни сеймро водор намуд, то ки ба натичаҳои бедодгарии ҳокимияти папа баҳои одилона диҳад. Аз миёни ҷамъомади ҳокимон герцог Георги Саксонӣ бархост ва бо мардонагии наҷибона, бо аникии ҳайратангез ба дурӯғгӯӣ ва палидии ҳокимияти папа, ба ҳамаи оқибатҳои даҳшатовари ҳукмронии ӯ дар Германия ишора кард. Дар анҷом ӯ чунин гуфт:MБУБ 150.2

    «Ин танҳо як қисми он ҷиноятҳое ҳастанд, ки ба муқобили Рум садо баланд мекунанд. Рӯҳониён хама гуна шармро фа- ромуш кардаанд, мақсади ягонаи онҳо... пул, пул ва пул аст... онҳое ки бояд халқро ҷониби ҳақиқат ҳидоят кунанд, ба вай дурӯғро таълим медиҳанд ва онҳоро на танҳо ҷазо намедиҳанд, балки барои ин амал мукофот медиҳанд, зеро ки ҳарчи бештар дурӯғ гӯянд, ҳамон қадар зиёдтар пул ба даст меоранд. Маҳз аз ҳамин сарчашмаи нафратангез оби заҳролудгашта ҷорӣ мешавад. Фисқу фасод ва чашмгуруснагиӣ бо ҳам ҳамсафаранд. Афсӯс! Ин рафтори шармсоронаи ахли дин бисёр ҷонҳои бадбахтро ба марги абадӣ маҳкум мекунад. Ислоҳоти умумӣ зарур аст»83Ҳамон ҷо, боби 4..MБУБ 150.3

    Шояд худи Лютер ҷиноятхои папаро боистеъдодона ва мукаммалтар тасвир карда наметавонист ва он далеле, ки герцог душмани ислоҳотчӣ буд, ба суханони ӯ эътимоднокии боз ҳам бештар бахшид.MБУБ 151.1

    Агар чашмони ҷамъомадагон кушода мешуданд, он гоҳ онҳо дар гирди худ фариштаҳои Худовандро медиданд, ки торикии гумроҳиро парешон намуда, ақлҳо ва қалбҳоро барои қабул намудани ҳақиқат мекушоданд. Худованди ҳақ ва хирадманд ҳатто ба душманони Ислоҳот таъсир расонда, хамин тавр роҳро барои анҷом додани кори бузург тайёр намуд. Мартин Лютер дар ин ҷамъомад ҳузур надошт, лекин дар он чо овози Зоте садо дод, ки аз Лютер бузург буд.MБУБ 151.2

    Ва сейм дарҳол шӯрое таъсис дода онро вазифадор намуд, ки фактҳои суиистифодаи ҳокимияти папаро, ки чун бори вазнине бар дӯши халқи Германия гузошта шуда буданд, пешниҳод намояд. Ин рӯйхат, ки аз 101 банди айбномаҳои гуногун иборат буд, бо дархости андешидани чораҳои фаврӣ оиди ислоҳсозии вазъияти баамаломада ба император пешниҳод карда шуд. «Чй гуна талафоти бузурги ҷонҳои масеҳӣ, - навишта буданд пешниҳодкунандагони ин дархост, - чӣ гуна ғоратгарӣ ва чӣ гуна тамаъҷӯӣ аз ҷониби наздикони пешвои масеҳиён! Вазифаи мо, - пешгирй намудани хонавайронкунй ва бадномсозии халк аст. Аз ин сабаб, мо бо итоаткорӣ ва қатъият аз Шумо илтичо мекунем. ки ислоҳоти умумиро тасдик ва ба амалй намудани он шурӯъ кунед»84Ҳамон ҷо..MБУБ 151.3

    Акнун сейм ҳузури ислоҳотчиро талаб мекард. Ба дархостҳо ва тахдидҳои Алеандр нигоҳ накарда, император дар охир розӣ шуд ва Лютер ба сейм даъват карда шуд. Бо ҳамроҳии даъватнома ба ӯ номаи химояро низ равон карданд, ки кафолати бозгашти бомуваффақият буд. Ҳамаи инро ба Виттенберг қосиде расонд, ки ба ӯ фармони Лютерро то Вормс ҳамроҳй намудан дода шуда буд.MБУБ 152.1

    Дӯстони Лютер ба тарс омада буданд. Аз муносибати душманона ва бадгумонона нисбати ислоҳотчй огох буда, онҳо аз он тарс доштанд, ки ҳатто номаи ҳимоя низ ӯро муҳофизат карда наметавонад ва аз Лютер илтиҷо мекарданд, ки чони худро зери хатар нагузорад. Ӯ ба ин чунин чавоб дод: «Пайравони папа намехоҳанд, ки ман ба Вормс ҳозир шавам, онҳо танҳо таптнаи маҳкумкунӣ ва марги ман ҳастанд. Ҳамаи ин аҳамият надорад. Барои ман не, барои Каломи Худо дуо гӯед... Масеҳ маро бо Рӯҳи Худ устувор мегардонад, то ки бар ин хизматгузорони дурӯғ ғолиб бароям. To он замоне, ки ман зиндаам, нисбати онҳо нафрат дорам ва бо марги худ бар онҳо тантана мекунам. Онҳо дар Вормс дар тараддуди он хоханд буд, ки чӣ тавр маро ба дасткашй ақидахоям маҷбур созанд ва ин аст дасткашии ман: пеш ман гуфта будам, ки папа ноиби Масеҳ аст, акнун баён мекунам, ки ӯ - душмани Худованди мо ва пайрави шайтон аст»85Д’Обинйе, китоби 7, боби 6..MБУБ 152.2

    Лютер ба ин сафари пурхатар танҳо ба роҳ набаромад. Ғайр аз қосиди император, се дӯсти содиқаш тайёр буданд ӯро ҳамроҳӣ кунанд. Меланхтон низ хохиши зиёди бо онҳо сафар карданро дошт. Ӯ ончунон ба Лютер меҳр баста буд, ки барои аз паси ӯ ҳам ба зиндон ва ҳам ба марг рафтан тайёр буд. Вале ҳама зорию илтичои ӯ беҳуда буданд: Меланхтонро дар Виттенберг монданд. Дар мавриди марги Лютер ӯ бояд кори Ислоҳотро давом медод. Бо Меланхтон хайрбод намуда, ислоҳотчй ба ӯ чунин гуфт: «Агар ман барнагардам. агар душманон маро ба қатл расонанд, мавъиза кардани ҳақиқатро қатъ накун, далер бош. Ба ҷои ман заҳмат бикаш... Агар ту зинда бимонй, марги ман аҳамияти калон надорад»86Ҳамон ҷо.. Донишҷӯён ва сокинони шаҳр, ки барои гусел кардани Лютер омада буданд, дар изтироби сахт қарор доштанд. Қисми зиёди нафароне, ки ҳақиқат дар қалбҳои онҳо ҷой гирифта буд, бо ӯ хайру хуш намуда зор-зор мегиристанд. Ҳамин тавр ислоҳотчӣ бо дӯстони худ Виттенбергро тарк кард.MБУБ 152.3

    Онҳо ҳангоми сафар дар роҳ диданд, ки одамонро ҳиссиётҳои тира азият медиҳанд. Дар баъзе шаҳрҳо ба онҳо таваҷҷӯҳи даркориро нишон надоданд. Рӯҳоние, ки онҳо барои гузарондани шаб дар хонааш карор гирифтанд, андешаҳои худро бо дилсӯзӣ ба Лютер баён намуда, ба ӯ сурати як ислоҳотчии италиявиро, ки бо марги пурмашакат кушта шуда буд, нишон дод. Рӯзи дигар ба онҳо маълум шуд, ки асарҳои Лютер дар Вормс маҳкум карда шуданд. Қосидони император ин фармонро дар тамоми ҷойҳо паҳн мекарданд ва аз халқ даъват менамуданд, ки ҳамаи асарҳои ислоҳотчиро ба хукуматҳои маҳалй супоранд. Қосиде, ки Лютерро ҳамроҳӣ мекард аз бехатарии ӯ дар сейм хавотир кашида, гумон намуд, ки шояд ӯ дигар хоҳиши рафтан надошта бошад, ва аз ӯ пурсид, ки оё ӯ сафарро давом додан мехоҳад. Лютер ҷавоб дод: «Бигзор дар ҳар як шаҳр дар бораи аз Калисо хориҷ кардани ман эълон кунанд, ман барои давом додани сафар тайёрам»87Ҳамон ҷо, боби 7..MБУБ 153.1

    Дар Эрфурт Лютерро бо эҳтироми зиёд пешвоз гирифтанд. Ӯ дар иҳотаи издиҳоми ба шавқ омада дар кӯчаҳои шаҳре, ки як замон дар онҳо бо халтаи гадоёна мегашт, оҳистаоҳиста қадам мезад. Ӯ ба ҳуҷраи роҳибии худ даромад, ба хотираш ҳамаи азобҳо, ҳамаи муборизахои ботиние омаданд, ки ӯ аз cap гузаронда буд, пеш аз он ки чонашро нуре мунаввар гардонд, ки акнун дар тамоми Германия паҳн мегардад. Дар ин ҷо аз ӯ мавъиза гуфтанро боисрор талаб намуданд. Ӯ ҳуқуқи мавъиза карданро надошт, вале қосиди шоҳ иҷозат дод ва роҳибе, ки як замон дар дайр ифлостарин корро ба ҷо меовард, ба минбар баромад.MБУБ 153.2

    Ӯ ба ҳамаи ҷамъомадагон бо суханони Масеҳ муроҷиат кард: «Салом бар шумо!». «Файласуфон, илоҳиётшиносон ва нависандагон, - гуфт ӯ, - бе натиҷа ба одамон чӣ тавр ба даст овардани ҳаёти ҷовидонаро таълим медиҳанд. Ман ба шумо чунин мегӯям: Худо як Мардро аз миёни мурдаҳо, Худованди мо Исои Масеҳро эҳё кард, то ки Ӯ маргро нест, гуноҳро нобуд ва дарвозаҳои дӯзахро маҳкам кунад. Ин кори наҷотдиҳӣ аст... Масеҳ ғолиб омад! Шунидани ин хабар хуш аст! Ва мо бо хизматҳои Ӯ наҷот ёфтаем, на бо амалҳои худ... Худованди мо Исои Масеҳ гуфтааст: «Салом бар шумо! Ба дастони Ман нигаред... » Бо ибораи дигар: «Эй инсон, бинигар! Ин Ман, танхо Ман гуноҳи туро бахшидам ва туро фидиягузорӣ намудам ва акнун ту метавонӣ осоиштагиро ба даст биёрӣ. мегӯяд Худованд»».MБУБ 153.3

    Дар давоми мавъизаи худ ӯ аз он сухан гуфт, ки имони ҳақиқӣ бояд дар зиндагии порсоёона намоён гардад. «Азбаски Худованд моро наҷот додааст, пас мо бояд чидду ҷахд кунем. то ки амалҳои мо ба иродаи У мувофик, бошанд. Ту сарватмандӣ? Пас бигзор сарвати ту ба эхтиёҷмандон кӯмак расонад. Ту камбағалӣ? Пас бигзор хизматҳои ту ба сарватмандон хуш оянд. Агар ту танҳо барои худ заҳмат мекашӣ, он гоҳ хизмати ту, ки худат онро мақбули Худованд мешумори, - хеҷ чизи дигаре, ҷуз дурӯг нест»88Ҳамон ҷо..MБУБ 154.1

    Халқ ба суханони Лютер чун мафтуншудагон гуш мекард: ин ҷонҳои гуруснамонда Нони Хдётро ба даст оварданд. Масех дар чашми онҳо шӯҳрат ёфт, Ӯ аз папа, легатхо, императорхо ва подшоҳон боло бардошта шуд. Лютер дар бораи вазъияти вазнини худ чизе нагуфт. У мақсади худро мояи раҳму шафқат гардонданро надошт. Ба Масеҳ назар афканда, худро фаромуш кард. Ӯ дар сояи Марди Азиятдида қарор гирифта хоҳиш дошт, ки одамон танҳо Исоро чун Фидиягузори гунаҳкорон бубинанд.MБУБ 154.2

    Сафари онҳо давом мекард ва ислоҳотчиро дар ҳама ҷо бо шавқу завқи зиёд пешвоз мегирифтанд. Издиҳоми одамони кунҷков дар назди у ҷамъ меомаданд ва садоҳои хайрхоҳ уро аз мақсадҳои ҷонибдорони Рум огоҳ мекарданд. « Онҳо шуморо дар оташ месӯзонанд, — мегуфтанд баъзеҳо, — ва хокистари шуморо пароканда мекунанд: ба хотир биёред, ки бо Ян Гус чй тавр рафтор карданд». Лютер чунин ҷавоб дод: «Хатто агар онҳо оташе даргиронанд, ки алангаи он дар тамоми роҳ аз Виттенберг то ба Вормс ба осмон бирасад, он вақт ҳам ман бо номи Худованд аз миёни он мегузаштам; ман бояд ба назди душман ҳозир шавам, ман ба назди ин девсират расида, дандонашро мешиканам ва аз Исои Масеҳ шаҳодат медиҳам»89Ҳамон ҷо..MБУБ 154.3

    Хабари ба Вормс наздик омадани Лютер талотуми зиёдеро ба миён овард: дӯстонаш хавотир мекашиданд, душманонаш аз хуб анҷом ёфтани ин кор ба манфиати ӯ метарсиданд. Ӯро бо чидцу чаҳди зиёд бовар мекунонданд, ки ба шаҳр ворид нашавад. Зархаридони папа ӯро розӣ мекунонданд, ки дар қалъаи сипоҳии нисбати ӯ хайрхоҳ пинҳон шавад, он гоҳ ҳамаи мушкилиҳо дӯстона бартараф карда мешаванд. Дӯстонаш хатарҳои ба ӯ тахдидкунандаро рангоранг тасвир намуда, кӯшиши тарсондани ислоҳотчиро карданд. Лекин ҳам дӯстон ва ҳам душманонаш кӯшишҳои бенатиҷа мекарданд: Лютер ба мисли пешина устувор монда, чунин баён намуд: «Ҳатто агар дар Вормс девҳо ба монанди сафолҳои бомпӯши зиёд бошанд, он вақт ҳам ман ба он ворид мешавам».MБУБ 155.1

    Ҳангоми ба Вормс расидан Лютерро издиҳоми бузурги халқ пешвоз гирифт, ки дар назди дарвозаи шаҳр ҷамъ омада буд. Чунин микдори зиёди одамон ҳатто барои вохӯрӣ бо император чамъ наомада буд. Талотум ғайриодд буд. Ногаҳон аз миёни халқ садои гӯшхароши нафаре суруди маросими дафнро сароида, Лютерро аз кисмате, ки ӯро интизор буд, огоҳ кард. «Худованд маро ҳимоя мекунад», - гуфт ӯ ҳангоми аз фойтун баромадан.MБУБ 155.2

    Пайравони папа боварӣ надоштанд, ки Лютер дар ҳақиқат ҷуръати дар Вормс пайдо шуданро мекунад ва ҳозиршавии ӯ онҳоро ба даҳшати карахткунанда гирифтор кард. Император фавран мушовирони худро даъват кард, то ки нақшаҳои амалиёти минъбадаро тартиб диҳад. Яке аз усқуфҳо, пайрави собитқадами папа чунин изхор кард: «Мо ин масъаларо хеле зиёд муҳокима мекунем, вале охир ҷаноби император метавонанд бо як ишораи даст аз ин шахс халос шаванд. Магар Сигизмунд Ян Гусро ба сузондан надода буд? Мо вазифадор нестем, ки номаи ҳимоявии ба ин бидъаткор додашударо эҳтиром кунем». «Не, - гуфт император, - мо бояд ваъдаи додаи худро нигоҳ дорем»90Ҳамон ҷо, боби 8.. Ва қарори шунидани сухани ислоҳотчӣ қабул шуд.MБУБ 155.3

    Тамоми шаҳр кӯшиши дидани ин шахси наҷибро мекард ва ба зудӣ мардуми сершумор хонаеро, ки ӯ дар он ҷо ҷой гирифта буд, пур карданд. Лютер чанде пеш аз ин бемории вазнинеро аз cap гузаронда буд, илова бар ин ӯ аз сафари дуҳафтаина сахт хаста шуда буд; ӯ бояд барои вохӯрӣ бо аъзоёни сейм тайёрӣ медид ва бешубҳа ба оромӣ ва истироҳат эҳтиёҷ дошт. Лекин одамон ончунон хохиши зиёди диданашро доштанд, ки у ҳамагӣ танҳо якчанд соат истироҳат кард ва акнун ӯро ашрофзодагон, сипоҳиён, рӯҳониён ва дигар табакаҳои ба вачд ва ҳаячон омада иҳота карданд. Дар миёни онҳо ашрофзодагоне буданд, ки ҷиноятҳои калисоро дида, аз император ислоҳоти фавриро далерона талаб мекарданд ва ба гуфтаи Лютер, «бо Инҷили ӯ озод шуда буданд»91Мартин, саҳ. 393.. Ҳамроҳи дӯстон душманонаш низ ба дидори роҳиби ҷасур меомаданд, вале ӯ онхоро бо оромии халалнопазир қабул мекард ва ба пурсучӯйҳои онҳо боэътиборона ва хирадмандона ҷавоб медод. Рафтори ӯ устувор ва мардона буд; чеҳраи рангпарида ва хароби ӯ бо нақши беморӣ ва хастагии оа наздики аз саргузарондааш, некӣ ва ҳатто хурсандиро ифода мекард. Тантананокӣ ва самимияти ҳақиқии суханонаш ба ӯ нерӯе мебахшиданд, ки ҳатто душманонаш ба он муқобилият нишон дода наметавонистанд. Ҳама аз дидори ӯ дар ҳайрат мемонданд. Баъзеҳо боварӣ доштанд, ки ӯ кувваи Илоҳиро дорост, дигарон ба монанди фарисиёне, ки Масеҳро гунаҳгор мекарданд, баён медоштанд, ки: «Вай ҷин дорад».MБУБ 156.1

    Рӯзи дигар Лютерро ба сейм даъват карданд. Амалдори давлатй ӯро ба толори қабулгоҳи расми роҳбаладӣ мекард, вале ӯ бо мушкилии зиёд танҳо ба назди бино расида тавонист. Тамоми кӯчаҳо бо издиҳоми одамоне банд буданд, ки кӯшиши дидори роҳиберо мекарданд, ки ҷуръат намуд ба муқобили худи папа баромад кунад.MБУБ 156.2

    Пеш аз он ки ӯ бояд дар назди доварони худ ҳозир мешуд, генерали солхӯрда, каҳрамони задухӯрдҳои зиёд ба ӯ дӯстона чунин сухан гуфт: «Бечора роҳиб, бечора роҳиб! Ман дар бисёр задухӯрдҳо иштирок кардаам, ва медонам, ки ту барои зада гардондани яке аз ҳамлаҳои шадидтарин меравӣ. Лекин агар ҳақиқат ба ҷониби ту бошад, ва ту ба ин боварӣ дошта бошӣ, ба номи Худованд ба пеш қадам гузор ва аз ҳеҷ чиз натарс. Худованд туро танҳо намегузорад»92Д’Обинйе, китоби 7, боби 8..MБУБ 157.1

    Ниҳоят Лютер дар назди сейм қарор гирифт. Император ба тахт нишаст, ӯро шахсиятҳои олимартабаи империя иҳота карда буданд. Ҳеҷ гоҳ одами оддӣ дар чунин ҷамъомади бонуфузе ҳозир нашуда буд, ки Лютер бояд дар назди он имони худро ҳимоя мекард. «Ҳузури ӯ аллакай маънои ғалабаи барҷастаро бар ҳокимияти папа дошт. Папа ин шахсро гунаҳгор эълон карда буд, вале ӯ акнун дар назди суд қарор дошт, ки аллакай бо ин амал худро аз папа болотар гузошта буд. lia¬na Лютерро аз Калисо хориҷ ва ӯро аз ҷамъият пеш кард, вале бо вуҷуди ин ӯ бо эҳтироми махсус ба яке аз бонуфузтарин ҷамъомадҳо даъват карда шуд. Папа ӯро ба хомушии абадӣ маҳдум кард, лекин ба ӯ имконият доданд, ки дар назди ҳазорон шунавандагони бодиққат, ки ба ин ҷо аз дурдасттарин гӯшаҳои ҷаҳони масеҳӣ ҷамъ омада буданд, баромад кунад. Лютер ба инқилоби бузург ибтидо гузошт. Қудрати Рум такон хӯрд ва эътирози роҳиби хоксор тахти онро ба ларза даровард»93Ҳамон ҷо..MБУБ 157.2

    Дар миёни чунин ҷамъомади бонуфузу боэътибор қарор гирифта, Лютер, ки аз табақаи паст буд, худро чун карахтшуда ҳис кард. Баъзе ҳокимон ҳолати ӯро фаҳмида, Лютерро рӯҳбаланд мекарданд ва яке аз онҳо дар гӯшаш оҳистаякак чунин гуфт: «...аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед». Дигаре ба ӯ гуфт: «Вақте ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон мебаранд... Рӯҳи Падари шумо дар шумо сухан хохад гуфт» (Матто 10:28, 18-20). Ҳамин тавр дар лаҳзаи санҷищ ба бандаи Худо суханони Масеҳро хотиррасон намуда, имони ӯро устувор гардонданд.MБУБ 157.3

    Ба Лютер дар рӯ ба рӯи тахти император истоданро пешниҳод карданд. Дар толори пур аз одам сукути пурра ҳукмфармо гашт. Амалдори император аз ҷой бархост ва ба асарҳои Лютер нишон дода, талаб намуд, ки ислоҳотчӣ ба ду савол ҷавоб диҳад: оё ӯ ин асарҳоро аз они худ мешуморад ва оё ӯ ният дорад, ки аз ақидаҳои дар онҳо баёнёфта даст кашад. Баъди он ки номгӯи китобҳоро бо садои баланд хонданд, Лютер ҷавоб дод, ки ӯ муаллифи ин китобҳост . «Он чизе ки ба саволи дуюм дахл дорад, - давом дод ислиҳотчӣ, - он ба имон ва наҷотёби тааллуқ дошта ба Каломи Худованд — яке аз ганҷҳои бузургтарин ва қиматбаҳо ҳам дар осмон ва ҳам дар замин дахл дорад, ва аз ҷониби ман бехирадӣ мешуд, агар пешакӣ андеша накарда ҷавоб медодам. Дар акси ҳол ман наметавонам ҳамаи он чизеро, ки ҳақиқат талаб мекунад баён кунам ва он гоҳ суханони як замон гуфтаи Масеҳ: « Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард» (Матто 10:33), пурра ба ман дахл хоҳанд дошт. Бинобар ин аз Шумо, ҷаноби оли, оҷизона хоҳиш мекунам. ки ба ман барои андешаронӣ вақт диҳед, то ки ман ҷавобе бидиҳам, ки ба Каломи Худо мухолифат накунад»94Ҳамон ҷо..MБУБ 158.1

    Лютер бо чунин дархост ба император муроҷиат намуда, хирадмандона рафтор кард. Рафтори ӯ ҳамаи ҷамъомадагонро бовар кунонд, ки дар амалҳои ӯ ба шитобкорӣ ва беандешаги ҷой нест. Оромӣ ва худдорие, ки ҳеҷ кас дар ин шахси далер ва гузаштнакунанда интизории дидорашонро надошт, ба суханони ӯ боварӣ зам намуданд, ва дар навбати дигар ӯ бо чунин некандешй, далерй, хирадмандӣ ва эътибори баланд ҷавоб дод, ки душманонашро ҳайрон ва ноумед гардонда, мағрурй ва худписандии онҳоро захмдор кард.MБУБ 158.2

    Рӯзи дигар ӯ бояд ҷавоби охирини худро медод. Лютер аз дарки он ки кадом қувваҳо ба муқобили ҳақиқат муттаҳид гардидаанд, тарси кӯтоҳмуддат, лекин сахтро аз cap гузаронд. Имони ӯ такон хӯрд, рӯҳашро даҳшат фаро гирифт. У ҳамаи хатарҳои афзоишёбандаро равшан дид, ба назар чунин менамуд, ки душманон тайёранд ғалабаро тантана кунанд ва қув- ваҳои бад ғолиб омаданд. Абрҳои ғафсу торик зичтар ӯро печонда, гуё ки ӯро аз Худо ҷудо мекарда бошанд. Лютер ташнаи ба даст овардани боварие буд, ки Худованди лашкарҳо ӯро тарк намекунад. Бо дарди ҷонкоҳ ӯ рӯ ба замин афтод ва аз қалби азиятдидаи ӯ фарёдҳои дилхарош берун омаданд, ки танҳо ба Худованди меҳрубон ва ҳамабин аёнанд.MБУБ 158.3

    « Оҳ, Худованди Қодир ва Ҷовид, - дуо мекард ӯ, - чй гуна даҳшатовар аст ин чаҳон! Он даҳони худро кушодааст, то ки маро фурӯ барад, ман бошам ба Ту ин қадар кам умед мебандам... Агар ба ман танҳо ба қудрати ин ҷаҳон умед бастан монда бошад, пас ҳамааш барбод рафт... Он гоҳ соати охирини ман фаро расид ва ҳукми ҷазо бароварда шуд... Худоё! Ба ман кӯмак намо, то ки ба ҳамаи хиради ин ҷаҳон муқобилият кунам... Инро иҷро намо... Ту ягонаи... зеро ки ин на кори ман, балки кори Туст. Ман ба муқобили онҳо, ба муқобили бузургони ин ҷаҳон, зиддият надорам... Лекин ин кори Туст, ва ин кори одилона ва ҷовидона аст. О, Худовандо, ба ман кӯмак намо! Худованди содиқ ва тағйирнопазир, ман ба ягон одам умед баста наметавонам... Ҳама чизи инсонӣ ноустувор ва нопойдор аст... Ту маро барои ин кор интихоб кардай... Ба исми Исои Масеҳ, ки ҳимоятгар, сипар ва қуввати ман аст, бо ман бимон».MБУБ 159.1

    Рӯҳи хирадманду пешбини Худо раво донист, то ки Лютер хатари ба ӯ таҳдидкунандаро дарк кунад ва ба қувваи худ умед набандад ва ба сари худ бадбахтиҳоро наёрад. Лекин даҳшате, ки ногаҳон ӯро ноумед гардонд, на аз тарс дар назди азобҳо ва марг, ки дар он лаҳза хеле наздик буданд, ба миён омад. He. Дар зиндагии ӯ лаҳзаи ҳалкунанда фаро расид ва ӯ худро комилан нотавон эҳсос кард. Лютер аз он тарс дошт, ки аз заифии ӯ кори ҳақиқат шикаст мехӯрад. Лютер бо Худо на аз барои бехатарии шахсии худ, балки аз барои тантанаи Инҷил «мубориза» мебурд. Дар қалби азиятдидаи ӯ муборизае мегузашт, ба монанди он муборизае, ки Исроил дар соҳили дарёи Яббук аз cap гузаронда буд. Ва ӯ ба монанди Исроил голиб омад. Бо оҷизии пурра ӯ бо имон ба Исои Масеҳ, Наҷотдиҳандаи тавоно муроҷиат кард. Ва дар қалбаш боварие пайдо шуд, ки ӯ дар сейм танҳо нахоҳад монд. Дар қалби ӯ оромй ҳукмфармо гашт, ва ӯ аз он шодӣ мекард, ки ба ӯ иҷозат дода шудааст, то ки дар назди шахсиятҳои унвондор Каломи Худоро боло бардорад.MБУБ 159.2

    Лютер бо қатъият ба Худо умед баста, ба муборизаи дар пеш истода тайёрй медид. Ӯ нутқи худро пурра фикр кард, аз асарҳои худ иктибосҳоро қайд ва далелҳои лозимиро аз Китоби Муқаддас барои исботи суханони худ интихоб намуд. Баъд дасти чапи худро ба Китоби Муқаддаси дар назди у кушода гузошт ва дасти рости худро боло бардошта савганд хӯрд, ки «ба Инҷил содиқ мемонад ва имони худро ошкоро эътироф мекунад, ҳатто агар ба ӯ лозим ояд, ки шаҳодати худро нақш оандонад»95Ҳамон ҷо..MБУБ 160.1

    Вақте ки ӯ маротибаи дигар ба сейм ҳозир шуд, дар чеҳраи ӯ асари тарс ё изтироб чой надошт. У оромона ва сулҳҷӯёна, бо мардонаги ва олиҳимматии далерона дар он ҷо меистод — шоҳиди Худо дар назди бузургони ин ҷаҳон. Амалдори олимақоми император аз ӯ ҷавоби қатъиро талаб намуд, ки оё ӯ мақсади аз таълимоти худ даст кашиданро дорад. Лютер бо фурӯтанй ва хоксорӣ ҷавоб дод, дар садои ӯ ишорае ба ҳаяҷон ё тундмиҷозӣ набуд. У боэҳтиромона ва ҳатто бо шармгинй меистод, лекин дар баробари ин дилпурӣ ва қиёфаи шодии ӯ тамоми ҷамъомадагонро ба ҳайрат меоварданд.MБУБ 160.2

    «Императори олимақом, ҳокимони олимансаб ва ҷанобони олӣ, - ба сухан огоз намуд ӯ, - Ман имрӯз дар назди шумо мувофиқи фармони дирӯза истодаам ва бо лутфу марҳамати Худо аз Шумо аълоҳазрат ва ҷанобони олӣ илтиҷо мекунам моҳияти кореро, ки ман боварӣ дорам, одилона ва ҳақ аст, бо меҳрубонй бишнавед. Агар ман дар ягон амалам одоби муошират ва расму одати дарборро вайрон кунам, аз Шумо узр мепурсам, зеро ки ман на дар қасри шоҳ, балки дар хилваткадаи дайр тарбия ёфтаам»96Ҳамон ҷо..MБУБ 160.3

    Баъд ӯ кайд кард, ки ҳамаи асархои нашршудаи ӯ аз руи хусусиятҳояшон фарқ мекунанд. Дар баъзе аз онҳо, ки ҳатто аз ҷониби душманонаш на танҳо чун асарҳои безарар, балки ман- фиатовар эътироф шудаанд, ӯ дар бораи имон ва некӯкорй навиштааст. Аз онҳо даст кашидан маънои мазаммат кардани ҳақиқати аз ҷониби ҳама эътирофшударо дорад. Дар дигар китобҳо фисқу фасод ва суиистифодаҳои ҳокимияти папа ошкор карда шудаанд. Ин асарҳоро ношоям эътироф намудан - маънои дастгирӣ кардани зулму истибдоди Рум ва васеъ кушодани дари ҷиноятҳои сершумори даҳшатнокро дорад. Ва ниҳоят, як қисми ин китобҳоро ӯ ба танқиди шахсиятҳои алоҳида бахшидааст, ки фисқу фасоди дар ҷамъият ҳукмронбударо ҳимоя мекарданд. Нисбати ин китобҳои охирин ӯ ошкоро иқрор шуд, ки дар бисёр мавридҳо бо дагалӣ сухан гуфтааст ва худро аз саҳву хатоҳо озод намешуморад, лекин ба ҳар ҳол қайд кард, ки ҳатто аз ин китобҳо низ даст кашида наметавонад, зеро ки ин ба душманони ҳақиқат қувваи нав мебахшад ва онҳо аз ин истифода мебаранд, то ки қавми Худоро боз ҳам сахттар азият диҳанд.MБУБ 160.4

    «Ман фақат инсони хокиям, на Худо, - давом дод ӯ. Бинобар ин худро ончуноне ҳимоя мекунам, ки Масеҳ Худро ҳимоя карда буд: «Агар Ман бад гуфта бошам, бадро нишон деҳ»... Бо лутфу марҳамати Худо ман аз Шумо ҷаноби олӣ император, ҳокимони олимақом ва аз ҳамаи шахсиятҳои мансабдор илтиҷо мекунам, ки дар асоси Китоби Муқаддас хатоҳои маро нишон диҳед. Ва ҳамин ки ман ба ин боварӣ ҳосил кардам, гумроҳиҳои худро эътироф намуда, аввалин шуда китобҳоямро ба оташ меандозам».MБУБ 161.1

    «Суханони ман равшан нишон медиҳанд, ки ман ҳамаро хуб фикр карда баромадаам, ва ба ман ҳамаи он хатарҳое, ки ман худро ба онҳо гирифтор мекунам, хуб аёнанд. Лекин дар қалби ман тарс ҷой надорад, баръакс, ман аз он шодам, ки Инҷил дар рӯзҳои мо, чун замонҳои пешина зудухӯрди ақидаҳоро ба миён меорад ва мавзӯи мубориза мегардад. Зеро ки Каломи Худо ҳеҷ касро бепарво намегузорад. «Гумон накунед, ки омадаам, то ки осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагй биёрам, балки шамшер», - гуфта буд Исои Масеҳ. Худованд ҳам дар огоҳкуниҳои Худ, ва ҳам дар дова- риҳои Худ боҳашамат ва сахтгир аст - паст боэҳтиёт бошед, то ки кӯшиши ба мухолифатҳо хотима доданро намуда, шумо таъқибкунандагони Каломи Муқаддаси Худованд нагардед, ва бо ин бар сари худ сели марговари бахбахтиҳо ва харобиҳои рафънопазиру марги абадиро наёред... Ман метавонам аз Каломи Худованд мисолҳои зиёд биёрам. Ман метавонам дар бораи фиръавн. подшоҳони бобилӣ ва исроилӣ ҳикоят кунам, ки худ марги худро тезонданд, вақте ки кӯшиши мустаҳкам намудани давлатҳои худро намуда, маслиҳатҳоеро иҷро мекарданд, ки комилан хирадмандона ва оқилона менамуданд. «Худованд кӯҳҳоро мекӯчонад, ва онҳо дар ин хусус намедонанд»»97Ҳамон ҷо..MБУБ 161.2

    Лютер ба забони немисӣ сухан гуфт, баъд аз ӯ хохиш карданд, ки нутқи худро ба забони лотинӣ такрор кунад. Ӯ, ки хеле хаста шуда буд, ба ҳар ҳол розӣ шуд ва бори дигар нутқи худро бо равшанӣ ва қувваи пешина такрор кард. Ба ҳамаи он чизе ки дар ин толор мегузашт, бешубҳа Рӯҳи пешбинандаи Худо роҳбарӣ мекард. Бисёр ҳокимон бо ақидаҳои бардурӯғи худ ончунон гумроҳ гардида буданд, ки ҳангоми нутқи якуми Лютер, мантиқи далелҳои ӯро нафаҳмиданд ва он барояшон фақат он замоне пурра ошкор шуд, ки ӯ нутқи худро такрор кард.MБУБ 162.1

    Онҳое, ки бо қатъият аз рушноӣ дур мешуданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқатро қабул кардан намехостанд аз боэътимодии суханони Лютер сахт ба ғазаб омада буданд. Вақте ки ӯ нутқи худро тамом кард, раиси сейм бо алам ба ӯ чунин гуфт: «Ту ба саволи додашуда ҷавоб надодӣ... Ту бояд ҷавоби аниқ ва руйрост бидиҳӣ... Ту даст мекашӣ ё не?».MБУБ 162.2

    Ислоҳотчӣ ҷавоб дод: «Аз сабаби он ки Шумо, ҷаноби олӣ, император ва шумо ҳокимони воломақом аз ман ҷавоби аниқ, оддӣ ва рӯйростро талаб мекунед, ман ин ҷавобро медиҳам. Агар ман дар асоси шаҳодатҳои Китоби Муқадцас ва далелҳои равшани хирад боварӣ ҳосил накунам - даст намекашам, - зеро ки ман наметавонам ба папа ё калисои ҷомеъ бовар кунам, чунки аён аст, ки бисёр вақт онҳо хато кардаанд ва ба худ мухолифат намудаанд, зеро ки барои масеҳӣ ба муқобили виҷдони худ рафтор кардан хатарнок аст. Дар ҳамин истодаам ва ба таври дигар наметавонам. Бигзор Худо ба ман кӯмак кунад! Омин».MБУБ 162.3

    Ин марди парҳезгор ба таҳкурсии устувори Каломи Худо такя намуда, ҳамин тавр мубориза бурд. Нури осмонӣ чеҳраи ӯро мунаввар карда буд. Вақте ки ӯ гумроҳиҳоро фош кард ва аз афзалияти имони ҷаҳонро мағлубкунанда шаҳодат дод, покӣ ва ҳимматбаландй, оромии хурсандонаӣ ӯ ба ҳама аён буданд.MБУБ 163.1

    Ҷамъомадагон як мудцат аз ҳайронӣ карахт шуданд. Дар ибтидо Лютер ончунон паст ва боэҳтиромона сухан гуфт, ки ин чун итоаткорӣ баҳо дода шуд. Намояндагони папа фикр карданд, ки ҷасурии ӯ такон хӯрд. Дархости Лютер оиди ҷудо намудани вақт барои андеша аз ҷониби онҳо чун нишонаи дасткашӣ аз ақидаҳо шарҳ дода шуд. Худи Карл қиёфаи лоғар, либоси оддй ва нутқи бепардози ӯро бо нафрат қайд намуда, чунин гуфт: «Ин роҳиб ҳеҷ гоҳ маро бидъаткор намекунад». Лекин баъд ҷасурии Лютер, рафтори далеронаи ӯ, кувва ва равшании далелҳои ӯ ҳамаро ба тааҷчуб оварданд. Император ба шавқ омада чунин нидо кард: «Чӣ тавр ин роҳиб бо далерӣ ва бо мардонагии қавӣ сухан мегӯяд!». Бисёр ҳокимони Германия ба ҳамватани худ бо ифтихор менигаристанд ва аз муваффақияти ӯ шод буданд.MБУБ 163.2

    Пайравони Рум маглуб шуданд: амалҳои онҳо дар намуди начандон хуб ошкор гардиданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки кудрати худро на бо иқтибосҳо аз Каломи Худо, балки бо таҳдидҳо - бо ин далелҳои тағйирнопазири Рум, нигоҳ доранд. Раиси сейм ба Лютер муроҷиат намуда, гуфт: « Агар ту аз ақидаҳои худ даст накашӣ, он гоҳ император ва мансабдорони давлатӣ машварат мекунанд, то ки ба муқобили ту барин бидъаткори ислоҳнашаванда чӣ гуна ҷазо бароранд».MБУБ 163.3

    Дӯстони Лютер, ки нутқи олиҳиматонаи ӯро бо рӯҳбаландй гӯш карда буданд, ҳангоми шунидани ин суханон ба ларза даромаданд, вале ислоҳотчӣ оромона ҷавоб дод: «Аз ақидаҳоям даст кашида наметавонам, бигзор ба ман Худо кӯмак кунад!» 98Ҳамон ҷо.. .MБУБ 163.4

    Вақте ки ҳокимон миёни худ ба машаварат гузаштанд, ба Лютер амри тарк намудани сейм дода шуд. Эҳсос карда мешуд, ки лаҳзаи ҳалкунанда фаро расидааст. Ба калисои ҷомеъ итоат намуданро қатъиян рад кардани Лютер метавонист ба таърихи ояндаи Калисо таъсири бузург расонад. Бинобар ин ҳама зарур шумориданд, ки ба ӯ барои даст кашидан аз ақидаҳояш боз як имконияти дигар диҳанд. Маротибаи охирин ӯро ба сейм оварданд. Бори дигар саволе, ки оё ӯ аз таълимоти худ даст мекашад, садо дод? «Ман аллакай ба шумо ҷавоб додам, - нидо кард ӯ, - ҳеҷ чизи дигарро шумо аз ман намешунавед». Аён буд, ки на ваъдаҳо ва на тахдидҳо ӯро барои ба талаботҳои Рум гузашт намудан маҷбур карда наметавонанд.MБУБ 163.5

    Намояндагони ҳокимияти папа аз он сахт ранҷида буданд, ки ба қудрати онҳо, ки дар наздаш подшоҳон ва аъёну ашрофзодагон ба ларза меоянд, роҳиби оддӣ бо нафрат муносибат кард. Ғазаберо, ки дар вуҷуди онҳо ҷӯш мезад танҳо марги пуразияти ӯ қонеъ гардонда метавонист. Вале Лютер хатари ба ӯ таҳдидкунандаро пурра дарк намуда, бо шаъну эътибор ва оромии ҳақиқии масеҳӣ истодагарӣ мекард. Уро на дар ҳавобаландӣ, на дар тундмиҷозӣ ва на дар қасдан нодуруст маънидод кардани ҳақиқатҳо гунаҳгор кардан номумкин буд. Ӯ аз худ ва аз ашрофзодагони ӯро иҳотакарда комилан фаромӯш кард ва танҳо ҳузури Зотеро ҳис мекард, ки аз папаҳо, прелатҳо, подшоҳон ва императорҳо беандоза баланд буд. Худи Масеҳ бо забони Лютер сухан мегуфт ва бо чунин қувва ва бузургие сухан мегуфт, ки ҳам дӯстонаш ва ҳам душманони Ислоҳот саршор аз эҳтиром ва тааҷҷуб шуданд. Рӯҳи Худо, ки ноаён дар миёни ҷамъомадагон ҳузур дошт, ба қалбҳои шахсиятҳои олимақоми империя таъсир расонд. Баъзе аз ҳокимон ҳақ будани фикрҳои Лютерро далерона эътироф карданд. Бисёриҳо ба ҳақиқат 60Bap карданд, дигарон, ки дар ибтидо мароқ пайдо карда буданд, ба зудй ба ақидаҳои пешинаи худ баргаштанд. Одамоне низ буданд, ки он замон ҳанӯз ақидаҳои комил надоштанд, лекин баъд онҳо Китоби Муқаддасро омӯхта, пайравони далери Ислоҳот гардиданд.MБУБ 164.1

    Курфюрст (ҳоким) Фридрих, ки ҳозиршавии Лютерро дар сейм бо изтироби зиёд интизор буд, нутқи ӯро бо ҳаяҷони бу- зург гӯш кард. Ӯ бо хушнудӣ ва ифтихор далерй, матонат ва худдории зердасти худро қайд кард ва дар ҷасорати ҳимоякунии Лютер устувор гардид. Ҷонибҳои муборизабарандаро муқоиса намуда. курфюрст дид, ки хиради папаҳо, прелатҳо ва подшоҳон дар назди кудрати ҳақиқат ба хокистар табдил меёбад. Ҳокимияти папа шикаст хӯрд, ки акси садои он дар тӯли асрҳои оянда дар миёни халқҳо садо медод.MБУБ 164.2

    Вақте намояндаи папа дид, ки баромади Лютер чӣ гуна таассуроте гузошт, ӯ аввалин маротиба аз устувории ҳокимияти папа тарсида, қарор дод, ки бо ҳар роҳе ки бошад мағлубияти ислохотчиро ба даст биёрад. Тамоми маҳорати суханпардозй ва зиракии худро. ки бо он шӯҳрат ёфта буд ба кор бурда, намояндаи папа ба императори ҷавон хатарҳои зиёдеро тасвир намуд, ки тахдиди аз даст додани дӯстӣ ва ҳимоятгарии тахти пурқудрати Румро аз барои кадом як рохиби ҳақир ба миён меоварданд.MБУБ 165.1

    Суханони ӯ бе таъсир намонданд. Дар рӯзи дигар баъди баромади Лютер Карл қарорро оиди дар оянда низ давом додани сиёсати гузаштагони худ, ҳимоя ва дастгирии динӣ католикӣ баён намуд. Ва аз сабаби он ки Лютер аз гумроҳихои худ даст накашидааст, пас ба муқобили ӯ ва пайравонаш тамоми чорахои катъӣ амалӣ карда мешаванд. «Роҳиби яккаю танҳо, аз беақлии худ гаранг гардида, ҷуръати ба муқобили тамоми олами масеҳӣ муқобил баромаданро намуд. Ман мулк ва хазинаи худ, дӯстон ва худамро, тамоми хаётамро қурбон мекунам, лекин ба ин бадбахтӣ хотима мебахшам. Бигзор ин роҳиби августинӣ ба хона баргардад ва ҷуръати ба шӯр овардани мардумро накунад. Ва ман ба мукобили ӯ ва пайравони матинаш муборизаи қатъиро огоз мекунам. Онҳоро аз Калисо пеш мекунам, аз ҷамъият меронам, бо тамоми воситаҳо бо онҳо мубориза мебарам, то замоне ки онҳоро нест кунам. Ман аз намояндагони тамоми мулкҳо хоҳиш мекунам, ки худро чун масеҳиёни содиқ ва ҳақиқй нишон диҳанд»99Ҳамон ҷо, боби 9.. Бо вуҷуди ин император қайд кард, ки номаи ҳимоявии ба Лютер додашуда дахлнопазир аст ва пеш аз он ки дилхоҳ чораҳо ба муқобили ӯ амалӣ карда шаванд, ӯ бояд дар бехатарии пурра ба хона баргардад.MБУБ 165.2

    Акнун сейм ба ду гӯруҳи бо ҳам муқобил ҷудо шуд. Намояндагони папа талаб мекарданд, ки Лютер аз номаи ҳимоявӣ маҳрум карда шавад. «Рейн, - мегуфтанд онҳо, — бояд хокистари ӯро низ кабул кунад, чӣ тавре ки хокистари Ян Гусро сад сол пеш қабул карда буд»100Ҳамон ҷо.. Вале хокимони Германия, ки худ пайравони папа ва душманони ошкорои Лютер буданд, ба муқобили чунин ваъдахилофие, ки шарафу номуси халкро таҳқир мекард, эътироз карданд. Ба бадбахтиҳои баъди марги Гус рӯйдода ишора карда, баён намуданд, ки маротибаи дигар бар Германия ва бар сари императори чавони онҳо овардани чунин даҳшатхоро роҳ намедиҳанд.MБУБ 166.1

    Худи Карл ин пешниҳоди разилонаро рад кард: «Агар номусу имон аз тамоми ин ҷаҳон ронда шаванд, пас бояд паноҳгоҳро дар қалбҳои хокимон пайдо кунанд»101Ҳамон ҷо.. Душманони ашаддии Лютер императорро розӣ мекунондаид, ки бо ислоҳотчӣ тавре рафтор кунад, ки Сигизмунд бо Гус рафтор карда буд, яъне ӯро ба лутфу марҳамати Калисо супорад: вале Карли V, суханони Гусро дар ҷамъомади кушода, ки дастҳои занҷирбандшудаи худро ба император нишон дода, қавли додаашро ёдрас шуд, ба хотир овард ва чунин гуфт: «Ман ба мисли Сигизмунд сурх шудан намехохам»102Ленфан, ҷилди 1, саҳ. 422..MБУБ 166.2

    Ва бо вуҷуди ин Карл ҳақиқатҳоеро, ки Лютер онхоро мавъиза мекард комилан баркасд инкор менамуд. «Ман нияти қатъӣ дорам, ки аз гузаштагони худ пайрави кунам», - навишта буд ӯ103Д’Обинйе, китоби 7, боби 9.. Карл қарор дод, ки ҳатто аз барои ҳақиқат ва адолат аз урфу одатҳои кӯҳна даст намекашад. Модоме, ки падарони ӯ чунин амал кардаанд, пас ӯ низ барои дастгирии ҳокимияти пa¬пa бо тамоми золимӣ ва айбу гуноҳҳои он омода буд. Ҳамин тавр, ӯ қарор дод ба мисли падарони худ кӯркӯрона рафтор намояд ва нахост нури навро қабул кунад ё ӯхдадориҳоеро иҷро намояд, ки гузаштагонаш дидаю дониста ё аз рӯи ҷохилӣ қадр накарда буданд.MБУБ 166.3

    Дар рӯзҳои мо низ одамони зиёде ҳастанд, ки ба урфу одатҳои падарони худ бо қатъият пайравӣ мекунанд. Вақте ки Худованд нури навро мефиристад, онро танҳо аз барои он қабул намекунанд, ки падаронашон аз рӯи ҷоҳилии худ ин нурро кабул накарда буданд. Лекин мо назар ба падарони худ дар вазъияти дигар қарор дорем, бинобар ин ӯҳдадорӣ ва вазифаи мо комилан дигар аст. Худованд моро мақбули Худ намедонад, агар ба чои мустақилона дарк намудани Каломи ҳақиқат ва ба воситаи он муайян кардани вазифа ва масъулиятамон, мо ба падарони худ нигоҳ мекунем. Назар ба гузаштагонамон бар дӯши мо масъулияти бештаре гузошта шудааст: охир қалбҳои моро ҳам нури аз падарон гирифта мунаввар мегардонад ва ҳам нури наве, ки моро аз саҳифаҳои Каломи Худо мунаввар мегардонад.MБУБ 166.4

    Масеҳ дар бораи яҳудиёни беимон чунин гуфта буд: «Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд» (Юҳанно 15:22). Худи ҳамон кувваи Илоҳӣ бо забони Лютер ба сейми Германия сухан гуфта буд. Ва вақте ки нури хақиқати Каломи Худо қалбҳои ҷамъомадагонро мунаввар гардонд, Рӯҳи Худо маротибаи охирин бисёре аз онҳоро барои имон овардан илтиҷо намуд. Карли V низ нури ҳақиқатро аз баҳри иззату икроми заминӣ рад намуда, ба монанди Пилотусе, ки якчанд асрҳо пеш иҷозат дод, то ғурур ва хоҳиши шӯҳратмандшавӣ дари қалби ӯро дар назди Фидиягузорӣ ҷаҳон банд кунанд, ба монанди Феликси ба ҳарос афтода, ки қосиди ҳақиқатро бо суханони: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ ки фурсат ёбам, боз туро даъват мекунам», пешвоз гирифта буд, ба монанди Ағрипоси худписанд, ки эътироф кард, ки: «Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, то масеҳӣ шавам» (Аъмол 24:25; 26:28) вале бо вуҷуди ин нури аз Осмон ба ӯ фиристодашударо қабул накард, рафтор намуд.MБУБ 167.1

    Овозаҳо дар бораи хатарҳои ба Лютер тахдидкунанда дар шахр талотуми умумиро ба миён оварданд. Ислоҳотчй дӯстони зиёде дошт. ки аз ваъдахилофӣ ва золимии Рум нисбати ҳамаи он нафароне. ки чуръати фош намудани фисқу фасодашро мекунанд, огоҳ буда, карор доданд ӯро наҷот диханд. Садҳо мардони ашрофзода ҳимояи худро ба Лютер пешниҳод мекарданд. Бисёриҳо ошкоро қарори императорро хушомадгӯӣ дар назди Рум номиданд. Дар дари хонаҳо, дар иморатҳои ҷамъиятӣ навиштаҳо пайдо шуданд: якеҳо Лютерро дастгирӣ мекарданд, дигарон маҳкум. Дар баъзе ҷойҳо суханони оддӣ, аммо пурмаънои Сулаймони хирадмандро хондан мумкин буд: «Вой бар ҳоли ту, эй замин, вақте ки подшоҳи ту ҷавон аст...» (Воиз 10:16). Ғулғулаи умумии ҳамдардӣ нисбати Лютер, ки тамоми Германияро фаро гирифта буд, ҳам император, ва хам сеймро ба он бовар кунонд, ки камтарин беадолатӣ нисбати ислоҳотчӣ на танҳо оромии империяро, балки мустаҳкамии тахтро низ зери хатар мегузорад.MБУБ 167.2

    Фридрихи Саксонӣ бениҳоят боэҳтиёт амал намуда, муносибатҳои ҳақиқии худро нисбат ба ислоҳотчӣ пинҳон мекард ва дар баробари ин ӯро бо ҳушёрии зиракона химоя намуда, ҷойивазкунии ӯ ва рафторҳои душманонашро назорат мекард. Вале одамони зиёде ёфт шуданд, ки ҳусни таваҷҷӯҳи худро нисбати Лютер пинҳон намекарданд. Ҳокимон, графҳо, баронҳо, мансабдорони давлатӣ ва динӣ ба дидорбинии ӯ меомаданд. «Хуҷраи начандон калони доктор, - навишта буд Спалатин, - ҳамаи одамони ба дидорбинии ӯ омадаро ғунҷонида наметавонист»104Мартин, ҷилди 1, саҳ. 404.. Халк ба ӯ чун ба одами гайриоддӣ нигох мекард. Ҳатто онҳое. ки ҷонибдори акидаҳои ӯ набуданд, аз пархезгорӣ ва олиҳимматиаш, ки аз рафтор ба муқобили виҷдони худ дида, аниқтараш ба қабули марг водораш мекарданд, ба шавқ меомаданд.MБУБ 168.1

    Душманони Лютер бо қатъият кӯшиш мекарданд, то ӯро барои бо Рум созиш намудан маҷбур созанд. Ашрофзодагон ӯро сарзаниш мекарданд, ки ба муқобили Калисо ва сейм баромад намуда, ӯ танҳо аз мамлакат ронда шуданро ба даст меорад ва бе ҳимоя мемонад. Лютер ба ин чунин чавоб дод: «Инҷили Масеҳ ҳамеша нафареро нороҳат месозад ва муқобилиятро ба миён меорад... Барои чй тарсу хавф бояд маро аз Худованд ва Каломи Илоҳии Ӯ, ки фақат ҳақиқат аст, ҷудо созанд? He, ман беҳтараш ҷонамро курбон мекунам!» 105Д’Обинйе, китоби 7, боби 10..MБУБ 168.2

    Ва бори дигар кӯшиш намуданд ӯро розй кунонданд, ки ба император итоат кунад ва боварӣ дошта бошад, ки ба ӯ чизе таҳдид намекунад. «Ман бо тамоми дил розиям, - ҷавоб дод Лютер, - то ки ҳар як нафар - аз император то оддитарин масеҳӣ - асарҳои маро бихонад ва танқид кунад, лекин танҳо бо як шарт: ин амалро дар асоси Каломи Худо ба ҷо биёранд. Ба одамон чизи дигаре намемонад, ҷуз итоаткорӣ ба Китоби Муқаддас. Ман комилан ба он содиқам ва виҷдони маро маҷбур намудан бехуда аст»106Ҳамон ҷо..MБУБ 168.3

    Каме баъдтар ҳангоми сӯҳбати ба ин монанд ӯ чунин гуфт: «Ман розиям аз номаи ҳимоявӣ даст кашам ва хаёти худро ба дасти император супорам, лекин аз Каломи Худо даст намекашам!» 107Ҳамон ҷо.. Лютер тайёриро ба итоат намудан ба қарори сейм баён кард, лекин бо шарте ки он ба Китоби Муқаддас мувофиқат кунад. «Он чи ба Каломи Худо ва имон дахл дорад, - гуфт ӯ, - пас ҳар як масеҳҷӣ метавонад дар бораи ин чизҳо дар баробари папа ва ҷамъомадҳои бешумори ӯ андеша ронад»108Мартин, ҷилди 1, саҳ.410.. Ва ба зудӣ ҳама - ҳам дӯстон ва ҳам душманонаш ба хулосае омаданд, ки кӯшишҳои навбатии оштисозии Лютер бо Рум беҳудаанд.MБУБ 169.1

    Агар Лютер ҳатто дар як банд ҳам аз фикри худ даст мекашид, он гоҳ шайтан бо ҳамаи лашкараш ғалабаро тантана мекарданд. Вале мардонагии қавии ӯ кафолати озодшавии Калисо гардид ва ба оғози давраи наву беҳтар ибтидо гузошт. Таъсири ин як нафаре ки ҷуръати дар чунин як соҳа, чун дин мустақилона андеша ва амал намуданро кард, наметавонист ба Калисо ва ҷаҳон таъсир нарасонад, илова бар ин, ин таъсирот бо замони ӯ маҳдуд нашудааст, балки ба ҳамаи наслҳои оянда паҳн гардидааст. To охири ҷаҳон мардонагӣ ва садоқати Лютер хамаи нафаронеро дастгирӣ хоҳанд кард, ки дар чунин вазъият меафтанд. Қувва ва бузургии Худо аз қонунҳое, ки одамон қабул мекунанд ва аз қудрати шайтон болотаранд.MБУБ 169.2

    Дере нагузашта бо фармони император ба Лютер амри ба хона баргаштанро доданд, ва ӯ медонист, ки аз паси ин ӯро маҳкумшавӣ интизор аст. Абрҳои сиёҳ бар сараш паҳн гардиданд, лекин ӯ Вормсро бо дили шод хайрбод гуфт. «Худи шайтон, - гуфта буд ӯ, - қасри папаро ҳимоя мекард, вале Ма- сеҳ деворро рахна кард ва шайтон маҷбур буд иқрор шавад, ки Худованд аз вай пуркуваттар аст»109Д Обинйе, китоби 7, боби 11..MБУБ 169.3

    Лютер, ки намехост устувории ӯ нодуруст маънидод карда шавад, баъди рафтани худ ба император мактуб навишт: «Бигзор Худованде, ки қалби ҳама одамонро мебинад, Шоҳиди ман бошад ва тасдиқ намояд, ки ман тайёрам бо фармонбардории пурра, дар шарафу номус ва бадномӣ, дар хаёт ва марг ба Шумо Ҷаноби олӣ итоат кунам, вале ба ҳеҷ ваҷх ба муқобили Каломи Худо, ки инсон бо он зиндааст, муқобил баромада наметавонам. Дар ҳамаи он чизе ки ба зиндагии дунявӣ алоқамандӣ дорад, садоқати ман ба Шумо тағйирнопазир мемонад, зеро ки наҷотёбӣ аз он вобаста нест, ки ман ба чизе дар ин дунё комёб мешавам ё чизеро аз даст медиҳам. Аммо вақте ки сухан дар бораи ҳаёти ҷовидона меравад, Худо намехоҳад, ки як шахс ба шахси дигаре итоат кунад. Зеро чунин итоат дар масъалахои диндорӣ сачдаи ҳақиқӣ башумор меравад, ҳол он ки мо бояд танҳо Офаридгорро сачда кунем»110Ҳамон ҷо..MБУБ 170.1

    Ҳангоми бозгашт аз Вормс Лютерро бо меҳрубонӣ ва самимияти боз ҳам зиёдтар пешвоз гирифтанд. Мансабдорони воломақоми дин роҳиби аз Калисо рондашударо хайра мақдам мегуфтанд, ва ҳокимияти шаҳрдорӣ шахси аз ҷониби император махкумшударо бо ифтихор пешвоз мегирифтанд. Аз ӯ мавъиза карданро хоҳиш карданд ва ӯ манъкунии императорро қатъи назар намуда, ба минбар баромад. «Ман ҳеҷ гоҳ занҷирбарнд намудани Каломи Худоро ваъда надодаам, - гуфт ӯ, - ва ин корро намекунам»111Мартин, ҷилди 1, саҳ. 420..MБУБ 170.2

    Ҳамин ки Лютер Вормсро тарк кард, намояндагони папа императорро барои ба мукобили ӯ фармон баровардан маҷбур карданд. Дар ин қарор Лютерро «шайтон дар симои инсоне, ки либоси роҳибӣ дар тан дорад»112ДОбинйе, китоби 7, боби 11., ном гузоштанд. Фармон дода мешуд, ки баъди тамом шудани мӯҳлати номаи ҳимоявӣ, барои хотима бахшидан ба фаъолияти ӯ чораҳои қатъӣ андешида шаванд. Ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки ӯро меҳмондорӣ кунад, ба ӯ хӯрок ё об диҳад; ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки ба ӯ ҳамдардии худро бо сухан ва бо амал баён кунад. Дар ҳар ҷое ки қарор мегирифт, ӯро бояд дастгир мекарданд ва ба дасти ҳукуматдорон месупориданд. Пайравони ӯ низ ба ҳабсшавӣ маҳкум шуда буданд, молу мулкашон - ба мусодира. Асарҳои ӯ ба несткунӣ маҳкум карда шуданд, ва ҳар нафаре ки ҷуръати вайрон намудани ин фармонро мекард, чунин ҷазоҳо ба ӯ таҳдид мекарданд. Ҳокими Саксония ва дигар ҳокимон аз Вормс рафтанд ва сейм ҳамон соат фармони императорро тасдиқ кард. Пайравони Рум тантана мекарданд. Акнун, чӣ тавре ки онҳо фикр мекарданд, Ислоҳот ба шикаст маҳкум шуда буд.MБУБ 170.3

    Лекин Худованд аз хатар раҳосозии бандаи Худро пешбинӣ карда буд. Чашми парастор ҳар як ҳаракати Лютерро назорат мекард ва дар қалби олиҳиммате ҷасорати наҷот додани ӯ пухта мерасид. Аён мегардид, ки Рум танҳо бо марги ислоҳотчӣ қаноатманд мегардад, ва аз марг танҳо бо паноҳшавӣ дар паноҳгоҳи махфӣ наҷот ёфтан мумкин буд. Худованд ба Фридрихи Саксонӣ хирад ато намуд ва ӯ нақшаи наҷоти Лютерро фикр кард. Бо кӯмаки одамони содиқу вафодор нияти Фридрих амалӣ карда шуд ва ислоҳотчиро ҳам аз дӯстон ва ҳам аз душманонаш инҳон карданд. Лютери ба хона баргаштаистодаро ногаҳон дастгир намуда аз ҳамсафараш ҷудо карданд ва бо шитобкорӣ бо роҳи миёни ҷангал ба қасри Вартбург - касри дастнораси кӯҳҳи бурданд. Дуздидани Люхер чунон сири пӯшидае буд, ки ҳатто худи Фридрих низ муддати дароз дар бораи макони ҷойгиршавии ӯ чизе намедонист. Муфассалияти ҳодисаро дидаю дониста ба ӯ хабар намедоданд: нафаре ки чизеро намедонад, сирро хуб нигоҳ медорад. Фридрих аз хабар дар бораи он ки ислоҳотчӣ дар бехатарӣ қарор дорад, қаноатманд буд.MБУБ 171.1

    Баҳор, тобистон, тирамоҳ гузаштанд ва замистон фаро расид, вале Лютер ба мисли пешина асир буд. Алеандр ва пайравони ӯ аз андешаи он ки нури Инҷил ба зудӣ хомӯш мегардад, шодй мекарданд. Вале бар хилофи интизориҳои онҳо, ислоҳотчӣ чароғи худро аз ганҷи ҳақиқат пур мекард ва нури ӯ бояд боз ҳам равшантар медурахшид.MБУБ 171.2

    Лютер дар муҳити дӯстонаи Вартбург баъди изтиробҳо ва муборизаи шадид як мудцат истироҳат кард. Вале ӯ муддати дароз аз оромию хомуши ҳаловат бурда натавонист. Ӯ, ки ба зиндагии фаъол ва муборизаи сахт одат карда буд, бефаъолиятии маҷбуриро бо мушкилӣ аз cap мегузаронд. Дар танҳоӣ қарор гирифта, дар бораи вазъияти Калисо пайваста фикр мекард ва аз ноумеди нидо мебаровард: «Оҳ, дар ин рӯзҳои охирини ғазаби Ӯ, як одаме нест, ки чун девор дар назди Худованд биистад, то ки Исроилро наҷот диҳад!» 113Ҳамон ҷо, китоби 9, боби 2.. Баъзан ба назари Лютер чунин меыамуд. ки ӯро, ки майдони ҳарбро тарк кардааст, метавонанд дар тарсончакӣ гумонбар кунанд. Худро дар беамалӣ ва хотирҷамъӣ сарзаниш намуда, дар баробари ин ҳамарӯза кори зиёдеро ба ҷо меовард, ки инсон умуман қобилияти иҷро намуданашро соҳиб аст. Қалами ӯ ҳеҷ гоҳ бекор намонда буд. Душманони Лютер, ки умедвор буданд, ки ӯро ба хомӯш мондан маҷбур намуданд, ба зудӣ аз далелҳои равшани фаъолияти давомкунандаи ӯ ба изтироб омаданд ва дар тааҷчуби нохуш монданд. Шумораи зиёди рисолаҳо, ки аз зери дасти ӯ баромада буданд, дар тамоми Германия паҳн гардиданд. Хизмати Лютер дар назди хамватанонаш бебаҳост - маҳз ӯ Инҷилро ба забони немисӣ тарҷума кард. Аз Патмӯси серхарсанги худ дар давоми як соли пурра мавъизаи Инҷилро давом дода, гуноҳҳо ва гумроҳиҳои ҳамзамононашро фош мекард.MБУБ 171.3

    Худо бандаи Худро аз саҳнаи ҳаёти ҷамъияти на танҳо аз барои он дур кард, то ки ҳаёти ӯро наҷот диҳад ва ба ӯ имконияти ба дигар корҳои муҳим машғул шуданро диҳад. He. Худованд мақсадҳои хеле олӣ ва пешбинона дошт. Дар танҳоӣ ва оромии паноҳгоҳи кӯҳҳии худ, Лютер аз сипосгузорӣ ва хушомадгӯии одамон маҳрум буд. Ӯ аз худписандӣ ва худбоварӣ. ки комёбӣ дар бисёр мавридҳо ба онҳо оварда мерасонад, раҳо карда шуд. Азобу кулфатҳо ва фурӯтанӣ бори дигар ӯро ба сафар ба он баландиҳои саргарангкунандае омода карданд, ки ӯ ба он ҷо ин қадар якбора бардошта шуда буд.MБУБ 172.1

    Вақте одамон аз озодие шодӣ мекунанд, ки онро ҳақиқат ато мекунад, онҳо ба машҳур гардондани нафароне моил мегарданд, ки Худованд бо дастони онҳо завлонаҳои гумроҳӣ ва xурофотро шикастааст. Шайтон кӯшиш мекунад фикрҳо ва ҳиссиётҳои одамонро аз Худо дур намояд ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба аслиҳаҳои одамон ва миёнаравҳо равона созад. Шайтон одамонро водор месозад, то танҳо аслиҳаро ситоиш кунанду Дастеро, ки ҳамаи ҳодисаҳоро идора мекунад беҳурматӣ намоянд. Дар бисёр мавридҳо пешвоёни дин аз мадҳу ситоиш ва парастиш аз ҷониби одамон дилгир гардида, аз Худо вобаста будани худро фаромӯш мекунанд ва худбовар мегарданд. Ва он гоҳ кӯшиш мекунанд одамонро маҷбур созанд, ки на ба Каломи Худо, балки ба онҳо бештар эътимод кунанд. Ислоҳот дар Калисо аксар вақт боз дошта мешуд, зеро ки пайравони он дар қалби худ рӯҳи дар назди одам саҷда карданро мепарвариданд. Худованд кори Ислоҳотро аз чунин хатар нигоҳ доштан мехост. Ӯ мехост, ки ин кор на бо мӯҳри одамӣ, балки бо мӯҳри Илоҳӣ тасдиқ карда шавад. Одамон дар Лютер тафсиркунандаи ҳақиқатро медиданд, ва он гоҳ ӯ аз саҳна дур карда шуд, то ки нигоҳи ҳама ҷониби Муаллифи абадзиндаи ҳақиқат равон карда шавад.MБУБ 172.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents