Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 34. - ОЁ МУРДАГОН METАВОНАНД БО МО ҲАРФ ЗАНАНД?

    Хизматгузории фариштагони муқадцас, ки Китоби Муқаддас дар хусуси он сухан мегӯяд, барои ҳар як пайрави Масеҳ яке аз ҳақиқатҳои тасаллобахштарин ва пурарзиштарин мебошад. Вале он чиро ки Китоби Муқадцас таълим медиҳад, бо печдарпечиҳои илми машҳури илоҳиётшиносӣ нодуруст маънидод карда, тира гардонида шудааст. Тасаввурот дар бораи фанонопазирии табиии ҷон, ки аз фалсафаи бутпарастй гирифта ва дар замони тираи маслакфурӯшии бузург ба имони масеҳӣ ворид карда шудааст, ҷои хақиқати «мурдагон ҳеҷ чизро намедонанд»-ро ишгол намуд, ки дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас ин қадар аниқ ва фаҳмо баён ёфтааст. Ва бисёриҳо ба он чиз бовар карданд, ки «рӯҳҳои хизматгузор, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд», рӯҳҳои мурдагон мебошанд. Китоби Мукаддас дар бораи мавҷудияти фариштагони осмонӣ ва иштироки онҳо дар таърихи инсоният то вафоти инсони аввалин шаходати аниқ медиҳад, вале чунин эътиқоди бардурӯғ бар хилофи ин шаҳодат устувор гардид.MБУБ 587.1

    Таълимот дар бораи ҳолати бошууронаи одам баъди марг, махсусан имон ба он ки рӯҳҳои мурдагон бармегарданд, то ки ба зиндагон хизмат кунанд, барои спиритизми муосир роҳ омода кард. Агар мурдагон ба мулоқот бо Худованд ва фариштагони муқадцас роҳ дода шуда бошанд ва соҳиби донишҳое гардида бошанд, ки аз донишҳои пештараашон хеле зиёдтаранд, барои чӣ ба замин барнагарданд, то ки зиндамондагонро маърифатнок гардонанд ва панд диҳанд? Ва агар, чӣ тавре ки илоҳиётшиносони машҳур таълим медиҳанд, рӯҳҳои мурдагон дар болои сари дӯстонашон дар замин парида мегарданд, барои чӣ ба онҳо имконияти бо дӯстонашон сӯҳбат кардан, аз мусибат огоҳ кардани онҳо ва дар ғаму андӯҳ тасалло бахшидан дода нашавад? Чӣ тавр одамоне, ки ба ҳолати бошууронаи инсон баъди марг боварӣ доранд, метавонанд он чизеро рад кунанд, ки ба онҳо ба воситаи рӯҳҳои маъруф чун нури Илоҳӣ дода мешавад? Ва бо ин роҳ, ки ҳама онро муқадцас меҳисобанд, шайтон мақсадҳои худро амалӣ мегардонад. Фариштаҳои гунаҳгоршуда, ки амри шайтонро ичро мекунанд, ба одамон чун муждарасонҳо аз ҷаҳони рӯҳонӣ зоҳир мешаванд. Одамонро ба имконпазир будани алоқа бо мурдагон бовар кунонда, мири бадӣ ба хирад таъсири афсунгарона ва гипнозӣ мерасонад.MБУБ 587.2

    Фариштагони гунаҳгоршуда метавонанд афту андоми дӯстони фавтидаро бигиранд. Онҳо бо аниқии ҳайратангез на фақат симои зоҳирӣ, балки намуди чашм, овоз ва тарзи гуфторро айнан такрор мекунанд. Ва бисёриҳо аз он шод мешаванд, ки наздикони онҳо дар осмон хушбахтанд, ва аз хатар гумонбар нашуда, «ба рӯҳҳои фиребанда ва таълимоти шаётин» гӯш медиҳанд.MБУБ 588.1

    Вақте онҳо бовар мекунанд, ки гӯё мурдагон дар ҳакиқат бармегарданд, то ки бо онҳо мулоқот кунанд, шайтон тарзе мекунад, ки дар пеши назари одамон симоҳои нафароне пайдо мегардад, ки ба кабр тайёр нашуда рафтаанд. Ва ҳангоми пайдо гардидан, дар бораи ҳаёти хушбахтонаи худ дар осмон. дар бораи мақоми баланде, ки гӯё он ҷо ишгол менамоянд, ба сухан гуфтан шурӯъ мекунанд. Бо ҳамин роҳ дар ҳама ҷо гумрохие васеъ паҳн мегардад, ки баъди марг миёни порсо ва гунаҳкор ҳеҷ гуна фарқият вучуд надорад. Боздидкунандагони сохтакор аз дунёи рӯҳҳо баъзан дӯстони худро қаблан хабардор ва огоҳ мекунанд, ва баъд ин огоҳкуниҳо амалан собит мешаванд. Баъд бовариро ба даст оварда, бо зӯри ба талқин намудани фикрҳое шурӯъ мекунанд, ки имонро ба Китоби Муқаддас барбод медиҳанд. Оиди некӯаҳволии дӯстони худ дар замин ташвиши амиқро нишон дода, ин рӯҳҳо кӯшиш мекунанд ба онҳо гумроҳиҳои ба дараҷаи олӣ хатарнокро талқин намоянд. Он чӣ ки ин рӯҳҳо гоҳо ҳақикатро мегӯянд ва қобилияти баъзан пешгӯӣ кардани ояндаро доранд, ба фикрҳои онҳо саҳеҳӣ мебахшад ва таълимоти бардурӯг аз ҷониби бисёриҳо бо чунин омодагӣ ва бо он қадар имони бечуну чаро қабул карда мешавад, ки гӯё инҳо ҳақиқатҳои муқадцастарини Каломи Худо бошанд. Ва ана Шариати Худо фаромӯш шудааст, рӯҳи файз рад гардидааст ва хуни ахд дигар дар назари ин одамон чизи муқаддас шуморида намешавад. Спиритистҳо Илоҳияти Масеҳро рад мекунанд ва ҳатто Офаридагорро дар қатори худ мегузоранд. Ҳамин тавр, исёнгари бузург дар зери ниқоби нав пинҳон шуда, муборизаи худро ба муқобили Худо, ки дар осмон огоз намуда буду аллакай шаш ҳазор сол дар замин тӯл мекашад, давом медиҳад.MБУБ 588.2

    Бисёриҳо зуҳуротҳои гуногуни спиритиро фақат натиҷаи фиребгарӣ ва маҳорати дасти медиум маънидод мекунанд. Дар ҳақиқат, бисёр вақт натиҷаҳои найрангбозиҳо ба ҷои зуҳуротҳои воқеӣ вонамуд карда мешаванд, вале дахолати ошкорои қувваи фавқуттабиӣ низ мушоҳида мешавад. Тақ-тақҳои асроромез - спиритизми муосир маҳз ҳамин тавр аз мавҷудияти худ изҳор намуд - на найрангбозии моҳирона ё фиребгарӣ, балки натиҷаи дахолати рӯҳҳои нопок буданд, ки ҳамин тариқ ба яке аз гумроҳиҳое ибтидо гузоштанд, ки ҷонҳои одамонро бо муваффақияти бешгар ба ҳалокат мерасонанд. Дар ибтидо бисёриҳо ба спиритизм чун ба қаллобии оддӣ нигоҳ мекунанд, Ba¬ne бо чунин зуҳуротҳое, ки онҳоро ҳамчун зоҳиршавии қувваи фавқуттабиӣ ҳисобидан мумкин аст, рӯ ба рӯ гардида, ба фиреб дода мешаванд ва онҳоро ба ҷои қувваи бузурги Худо қабул мекунанд.MБУБ 589.1

    Чунин одамон огоҳиҳои Китоби Муқаддасро дар бораи мӯъҷизаҳое, ки шайтон ва шарикони ӯ ба ҷо меоваранд, фаромӯш мекунанд. Маҳз ба шарофати дахолати шайтон ҷодугарони фиръавн аъмоли Худоро тақлид карда тавонистанд. Х,авворӣ Павлус мегӯяд, ки пеш аз Дуюмбора омадани Масеҳ чунин зоҳиршавиҳои қудрати шайтон мушоҳида карда мешаванд. Қабл аз омадани Исои Масеҳ амалҳои шайтон «бо ҳар гуна қувват ва аломат ва мӯъҷизоти сохта... ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон» (2 Таслӯникиён 2: 9,10), рӯй хоҳанд дод. Ҳавворӣ Юҳанно кувваи мӯъҷизаофареро, ки дар замони охир зоҳир мегардад, тасвир намуда, мегӯяд: «Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад. Ва бо мӯъҷизоте, ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб медиҳад» (Ваҳй 13: 13,14). Ҳавворӣ ин зуҳуротҳоро фиреби оддӣ намешуморад. Рӯҳҳои нопок одамонро фақат бо сохтакориҳо не, балки бо мӯъҷизаҳои ҳақиқӣ ба васваса меандозанд.MБУБ 589.2

    Мири зулмот, ки қобилиятҳои худро дар кори фиреб додани инсоният ин қадар вақт инкишоф додааст, одамони тамоми табақаҳоро, новобаста ба мақоми ишғолкардаашон моҳирона ба васваса меандозад. Спиритизмро ба одамони босавод ва бомаданият дар чунин шакли нозук ва ақлонӣ пешниҳод мекунад, ки бисёриҳо ба домҳои гузошташуда меафтанд. Ҳавворӣ Яъқуб ҳикмати спиритизмро «заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ» меномад. Вале фиребгари бузург инро пинҳон мекунад, то ки бо беҳтарин роҳ нақшаҳои худро дар зери пардаи асрор амалӣ намояд. Он ки дар биёбони васваса ба назди Масеҳ чун малоики дурахшанда омад, ба одамон дар намуди боз ҳам дилчасптар - чун фариштаи нур зоҳир мешавад. Бо одам дар мавзӯъҳои баланд сӯҳбат намуда, шайтон хиради ӯро асир мегардонад; бо манзараҳои гуногуни мафтункунанда тасаввуроти ӯро бармеангезад ва бо тасвирҳои суханпардозонаи муҳаббат ва олиҳимматӣ ба ҳиссиёт таъсир мерасонад. Ӯ ба одамон ҳисси бузурги манманӣ, боварӣ ба ақли худро талқин намуда, хиради инсониро бо тимсолҳои боазамат рӯҳбаланд мекунад, то ки онҳо дар қалби худ Худои Азалиро рад кунанд. Душмани тавоное, ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳонро ба кӯҳи ба таври ғайриоддӣ баланд боло баровард ва аз он ҷо ба Ӯ тамоми салтанатҳои замин ва ҷалоли онҳоро нишон дод, роҳҳо ва воситаҳои лозимиро пайдо мекунад, то ки хиради ҳамаи нафаронеро тира гардонад, ки бо кувваи Илоҳӣ ҳимоя нашудаанд.MБУБ 590.1

    Дар замони мо низ шайтон бо истифодаи дурӯғ, бо барангехтани иштиёқ ба донишҳои манъшуда, бо ҳавасмандгардонии кӯшиши худболобардорӣ одамонро ҳамчунон ба васваса меандозад, ки дар замони худ Ҳавворо дар боғи Адан ба васваса андохта буд. Маҳз ҳамин шавқу рағбатҳо худи ӯро ба гунаҳгоршавӣ оварда расониданд, ва маҳз ба воситаи онҳо ӯ умеди ба ҳалокат гирифтор кардани инсониятро дорад. «Шумо монанди худоҳо, орифи неку бад хоҳед шуд», (Ҳастӣ 3:5), - гуфт ӯ. Спиритизм таълим медиҳад, ки «инсон аз рӯи табиати худ зоти эҷодкор аст, вазифаи ӯ аз он иборат аст, ки беист ҷониби худтакмилдиҳии абадӣ ҷидцу ҷахд кунад, то ки бо ин роҳ дар як сатҳ бо Худо буданро комёб шавад». Ва боз: «Ҳар як шахс бояд худашро доварӣ кунад, на дигареро». «Ин мулоҳиза одилона мешавад, зеро ин доварӣ бар худ аст». «Тахт андаруни мост». Вақте ки дар шуури яке аз арбобони барҷастаи спиритизм, «идроки рӯҳонӣ» бедор шуд, ӯ чунин гуфт: «Одамон-бародарони ман нимхудоёни гунаҳгорношуда буданд». Дигаре изҳор медорад: «Дилхоҳ мавҷудоти одил ва комил Масеҳ аст».MБУБ 590.2

    Ҳамин тавр, ба ҷои покӣ ва комилии Худои Беҳад, ки фақат Ӯ сазовори парастиш ва иззат аст, ба ҷои покии комили Шариати Ӯ, ки меъёри ҳақиқии мақсадҳои инсон аст, шайтон парастидани табиати гуноҳолуд ва фосиди одамро пешниҳод намуда, онро ягона қоидаи мулоҳизаронӣ ва меъёри хислат мешуморад. Ин дар ҳақиқат рушд аст, вале на ба боло, балки ба поён.MБУБ 591.1

    Қонуни асосии рушди зеҳнӣ ва рӯҳонӣ мегӯяд: инсон ба чизе ки назар меандозад, ба шабоҳати ҳамон чиз дигаргун мешавад. Инсон оҳиста-оҳиста ба он чизҳое мувофиқ мешавад, ки дар бораи онҳо андеша мекунад, ба он чизҳое монанд мешавад, ки дӯст медорад ва парастиш мекунад. Ва одам ҳеҷ гоҳ қудрат надорад аз намунаи покӣ, парҳезгорӣ ва ҳақиқати худ боло барояд. Агар идеали олӣ «ман»-и шахсӣ бошад, пас инсон ҳеҷ гоҳ аз заифиҳои худ боло намебарояд. Баръакс, оҳиста-оҳиста, вале аниқ ҳар чӣ поёнтару поёнтар меравад. Фақат файзи Худо қобил аст одамро боло бардорад. Агар ба ҳоли худ гузошта шавем, мо ҳатман рӯ ба таназзул меорем.MБУБ 591.2

    Спиритизм ба одамони ҳаловатҳои гуногунро дӯстдошта, ба шаҳватпарастон ва шахсони эҳсосоташон инкишофёфта, назар ба шахсоне ки зеҳни нафис доранд, дар намуди нафисияш камтар пешниҳод карда мешавад; ин одамон дар намудҳои дағалтари спиритизм он чиро пайдо мекунанд, ки ба маилу ҳавасҳои онҳо мувофиқат дорад. Шайтон ҳар як заифии табиати инсонро меомӯзад; ӯ гуноҳҳоеро қайд мекунад, ки ҳар як инсон ба онҳо майл дорад ва баъд тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона менамояд, то вазъиятҳое ки ба зоҳиршавии майлу ҳавасҳои бад мусоидат мекунанд, инсонро дуру дароз мунтазир накунанд. Вай талаботҳои табииро вайрон карда барои ба исрофкорӣ даст задан одамонро ба васваса меандозаду баъд барои бо бепарҳезӣ заиф гардонидани қувваҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ ва маънавӣ маҷбур месозад. Одамонро ба васвасаи ба шавқу рағбатҳо тағофул кардан ва худро то ба ҳолати ҳайвонӣ расондан гирифтор намуда, ҳазорон нафарро ба ҳалокат расонид ва ба ҳалокат расониданро давом медиҳад. Ва барои ба анҷом расонидани кори худ ба воситаи спиритистҳо изҳор медорад, ки «дониши аслӣ инсонро бар хама қонунҳо боло мебардорад», «ҳамаи он чизе ки рӯй медиҳад, некӯст», «Худо маҳкум намекунад», «ҳамаи гуноҳкунандагон айб надоранд». Одамон бовар мекунанд, ки хоҳишҳои онҳо олитарин қонунҳоянд, ва озодӣ - ҳуқуки иҷро намудани дилхоҳ хоҳиш аст ва инсон фақат дар назди худ ҷавобгар аст. Пас оё кирои ҳайрон шудан ҳаст, ки дар ҳама ҷо бадахлоқӣ ва фисқу фучур ҳукмрон аст? Бисёриҳо бо бузургтарин ҳаловат чунин таълимотҳоеро қабул мекунанд, ки ба онҳо озодии ба хоҳиши қалби ҷисмонии худ пайравӣ карданро пешниҳод менамоянд. Ҳамин тавр, парҳезгориро аз баҳри шаҳват қурбон мекунанд, қувваҳои акдонӣ ва рӯҳонии одам бошанд ба майлҳои пасти табиӣ мутеъ мегарданд, ва шайтони тантанакунанда ҳазорон курбониҳоро, ки худро пайравони Масеҳ мешуморанд, ба доми худ меафтонад.MБУБ 591.3

    Вале бо даъвоҳои қалбакии спиритизм фирефта гардидан лозим нест. Худо ба ҷаҳон нури кофӣ фиристод, то ки одамон қобилияти ошкор намудани домҳои шайтонро дошта бошанд. Чӣ тавре ки аллакай нишон дода шуда буд, таълимоти спиритизм дар асоси худ ба таълимоти аниқу равшани Китоби Муқаддас сахт мухолифат мекунад. Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки мурдагон ҳеҷ чизро намедонанд ва дар бораи ҳеҷ чиз фикр намекунанд; ва онҳо дигар дар он чи дар таҳти офтоб карда мешавад насибае надоранд, ва ба онҳо дар бораи шодиҳо ва ғаму андӯҳҳои нафароне, ки замоне дар рӯи замин барои онҳо азиз буданд, чизе маълум нест.MБУБ 592.1

    Ба замми ин, Худо ҳама гуна мулоқотро ба рӯҳҳои қалбакии мурдагон манъ кардааст. Дар миёни яҳудиён низ одамоне буданд, ки ба монанди спиритизми муосир, тасдиқ мекарданд, ки гӯё бо мурдагон алоқа доранд. Вале дар бораи чунин «рӯҳҳои дӯстон», чӣ тавре ки ин мусофирони аз ҷаҳони дигар омадаро ном мегирифтанд, Китоби Муқадцас чун дар бораи «рӯҳҳои шайтонӣ» (ниг. Ададҳо 25: 1-8; Забур 105; 28; 1 Қӯринтиён 10; 20; Ваҳй 16:14) сухан мегӯяд. Ҳама гуна мулоқот бо чунин рӯҳҳо дар назди Худо қабоҳат шуморида мешуд ва бо таҳдиди марг қатъиян манъ карда мешуд (ниг. Ибодат 19:31; 20:27). Дар замони мо худи калимаи «ҷодугарӣ» таассуроти нохушро ба вуҷуд меорад. Фикр дар бораи он ки одамон метавонанд бо рӯҳҳои бад алоқа дошта боанд, чун афсонаи асримиёнагӣ қабул карда мешавад. Вале спиритизм, ки ҳазорон ва ҳатто миллионҳо пайравон дорад, ба доираҳои илмӣ, ба калисо, ба органҳои қонунбарор ва ҳатто ба қасрҳои подшоҳӣ роҳ ёфтааст - ин дурӯғи азим чизи дигаре нест, ҷуз эҳёи ниқобпӯшшудаи ҷодугарӣ, ки ҳанӯз дар замони қадим маҳкум ва манъ шуда буд.MБУБ 593.1

    Ҳатто агар ҳеч далели дигари хислати аслии спиритизм вуҷуд намедошт, барои шахси масеҳӣ бояд кофӣ мебуд, ки спиритистҳо миёни порсоӣ ва гуноҳ, миёни олиҳимматтарин ва поктарин ҳаввориёни Масеҳ ва фосиқтарин бандагони шайтон ҳеч фарқият намегузоранд. Шайтон бо тасдиқ намудани он ки одамони фосиқтарин дар осмон қарор доранду он ҷо мақоми баландро ишғол менамоянд, ба ҷаҳон чунин мегӯяд: «Ҳеҷ аҳамият надорад, ки шумо то кадом андоза гунаҳгоред; шумо ба Худо ва ба Китоби Муқаддас бовар мекунед ё не. Чӣ тавре ки хоҳед зиндагӣ кунед, хонаи шумо - осмон аст». Мавъизачиё- ни спиритизм дар асл изҳор медоранд, ки: «ҳар бадкирдор дар назари Худованд хуб аст, ва Ӯ ба чунин касон таваҷҷӯҳ мекунад», ё «Худои адлу инсоф куҷост» (Малокӣ 2:17). Вале Каломи Худо мегӯяд: «Эй вой бар онҳое ки бадиро некӣ ва некиро бадӣ меноманд, торикиро рӯшноӣ ва рӯшноиро торикӣ медонанд» (Ишаъё 5:20).MБУБ 593.2

    Ин рӯҳҳои дурӯғ худро ҳавворӣ вонамуд карда, ба ҳамаи он чизе ки ҳаввориён дар зери таъсири Рӯҳи Муқаддас навишта буданд, мухолифат мекунанд. Онҳо пайдоиши Илоҳии Китоби Муқадцасро рад намуда, ҳамин тавр асоси умеди масеҳиро пурра вайрон месозанд ва нуреро, ки роҳро ҷониби Осмон мунаввар мегардонад, бартараф мекунанд. Шайтон одамонро маҷбур месозад бовар кунанд, ки Китоби Муқаддас - ин фақат гапи бофта ё агар ба некиаш гирем, китобест, ки ба давраи ибтидоии таърихи насли инсоният мувофиқат мекард, вале акнун ба он ҷиддӣ муносибат кардан лозим нест; шояд онро чун китоби кӯҳнашуда умуман фаромӯш кардан лозим аст. Ва ба ҷои Каломи Худо зуҳуротҳои гуногуни спиритиро пешниҳод мекунад. Ана роҳе ки пурра дар зери назорати ӯ қарор дорад; бо ёрии он метавонад ҷаҳонро барои ба дилхоҳ чиз бовар кардан маҷбур созад. Китоберо, ки бояд шайтон ва пайравони ӯро маҳкум кунад, ба гӯшаи фаромӯшӣ, маҳз ба ҷое мегузорад, ки онро дар он ҷо дидан мехоҳад. Наҷотдиҳандаи ҷаҳонро инсони оддӣ ва муқаррарӣ нишон медиҳад. Ва ба монанди он ки посбонони румии қабри Масеҳро посбоникунанда, дурӯғи аз ҷониби коҳинон ва пирон ба онҳо талқиншуда ва эҳёи Масеҳро радкунандаро паҳн намуданд, ҳамчунин нафароне ҳам, ки ба зуҳуротҳои спиритӣ бовар мекунанд, кӯшиш менамоянд исбот созанд, ки дар зиндагии Наҷотдиҳанда ҳеҷ чизи мӯъҷизаосо набуд. Ва ба ҳамин тариқ Исои Масеҳро дар мадди охир гузошта, онҳо таваҷчӯҳро ба мӯъҷизаҳои шахсӣ, ки аз рӯи суханони онҳо, аз аъмоли Масеҳ хеле бартарӣ доранд ҷалб менамоянд.MБУБ 594.1

    Рост аст, ки спиритизми муосир тағйир меёбад, ва он зуҳуротҳои худро, ки муқобилатҳои бештарро ба вуҷуд меоваранд, пинҳон намуда, либоси масеҳӣ ба бар мекунад. Вале принсипҳои таълимоти он аллакай дар давоми солҳои зиёд мавъиза ва тарғиб карда мешаванд, бинобар ин хислати ҳақиқии онро ҳеҷ чиз пинҳон карда наметавонад. Ин таълимотро пардапӯш ва инкор кардан номумкин аст.MБУБ 594.2

    Вале дар намуди ҳозираи худ он боз ҳам хавфноктар аст, зеро ки бо фиреби моҳиронатар ва маккоронатар фаро гирифта шудааст, ва ба ҳеҷ ваҷҳ сазовори муносибати саҳлангорона нест. Агар спиритизм дар гузашта Масеҳ ва Китоби Муқаддасро рад мекард, пас дар вақти ҳозира гӯё ки ҳам ин ва ҳам онро қабул мекунад. Вале Китоби Муқаддас гарзе тафсир карда мешавад, то ки ин ба қалби рӯҳҳан эҳёнашуда писанд ояд, дар ҳоле ки ҳақиқатҳои ботантана ва муҳим бе таваҷҷӯҳ гузошта мешаванд. Муҳаббат - яке аз сифатҳои асосии Худо - то дараҷаи раҳмдилии аз ҳад зиёд ширине, ки миёни нек ва бад қариб ҳеҷ тавофут намегузорад паст зада шудааст. Адолати Худованд, огоҳиҳо оиди гуноҳ, талаботҳои риоя намудани Шариати муқаддаси Ӯ - ҳамаи ин аз одамон пинҳон карда мешавад. Ба Даҳ Аҳком чун ба ҳарфи мурда муносибат карданро ба халқ таълим медиҳанд. Афсонаҳои хушу дилфиреб хирадро асир мегардонанд ва одамонро водор мекунанд Китоби Муқаддас чун асоси имони худ рад созанд. Масеҳ мисли пеш инкор карда мешавад, вале шайтон одамро чунон гумроҳ гардондааст, ки фиребро тамоман намебинад.MБУБ 595.1

    Фақат шумораи ками одамон дар бораи қувваи маккоронаи спиритизм ва хатарнокии таъсири он тасаввуроти дуруст доранд. Одатан ба ин таълимот тасодуфан, фақат аз рӯи кунҷковй ҳавас пайдо мекунанд. Одамон ба он имони ҳақиқӣ надоранд, ва фақат аз андешаи ба ихтиёри спиритҳо итоат кардан ба даҳшат меафтанд. Вале ҷуръати ба ҳудуди ҳалоккунандаи тавоно қадам гузоштанро намуда, онҳо ба ихтиёри шайтон меафтанд, ва вай онҳоро бидуни иродаашон барои ба ӯ хизмат кардан маҷбур месозад. Ақли худро боре ба ихтиёри ӯ супурда, онҳо ғуломони шайтон мегарданд ва аллакай бо қувваи худ аз сеҳру ҷодуи афсунгарона озод шуда наметавонанд. Ҳеҷ чиз, ҷуз қувваи Худо, ки дар ҷавоб ба дуои ҷиддитарини имони комил дода мешавад, ин қалбҳои фирефташударо озод намекунад.MБУБ 595.2

    Онҳое ки бо нишонаҳои гунаҳкоронаи хислат мубориза намебаранд ё ин ки гуноҳи дӯстдоштаашонро дар худ ихтиёран навозиш мекунанд, худро ба васвасаи шайтон гирифтор месозанд ва дарро ба ӯ мекушоянд. Онҳо худро аз Худо ҷудо мекунанд, худро аз ҳимояи фариштаҳои Ӯ маҳрум месозанд, ва вақте ки шайтон бо васвасаҳои худ ба онҳо наздик мешаванд, тӯъмаи осонакаки ӯ мегарданд. Онҳое ки худро ба ихтиёри шайтон месупоранд, ҳеҷ тасаввурот надоранд, ки ҳамаи ин бо чӣ анҷом меёбад. Шайтон чунин одамонро ба худ мутеъ намуда, онҳоро барои гумроҳкунии дигарон истифода мебарад.MБУБ 596.1

    Пайғамбар Ишаъё мегӯяд: «Ва чун ба шумо гӯянд: “аз даъваткунандагони мурдагон, ҷодугарон, афсунгарон, сеҳркунандагоне, ки лаб наҷунбонда ran мезананд, дархост намоед», - бигӯед: “Магар қавм бояд ба Худои худ муроҷиат накунад? Оё аз мурдагон дар бораи зиндагон пурсон мешаванд? » Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Агар онҳо чун ин калом сухан нагӯянд, пас дар онҳо нур нест» (Ишаъё 8: 19, 20). Агар одамон хоҳиш медоштанд, ки ҳақиқати дар саҳифаҳои Навиштаҷоти Муқаддас ин қадар равшан баёншударо оиди табиати одам ва ҳолати мурдагон қабул кунанд, он гоҳ онҳо медиданд, ки спиритизм бо тамоми даъвоҳои он - ин фитнаҳои шайтон аст, ки бо ҳар гуна қувва, донишҳо ва мӯьчизаҳои бардурӯғ амал мекунад. Вале ба ҷои дасткашӣ аз хислати ҳама чизро ба худ раво дидан, ки ба қалби инсонӣ ин қадар чизҳои хушро ҳадия мекунад ва тарк кардани гуноҳҳои дӯстдошта, бисёриҳо ба ҳеҷ гуна огоҳиҳо нигоҳ накарда аз нур рӯ мегардонанд ва ҳеҷ чизро ба эътибор нагирифта исроркорона амал кардан мегиранд, то замоне ба доми шайтон афтода тӯъмаи вай мегарданд. Азбаски «онҳо муҳаббати ҳақиқатро барои наҷоти худ қабул накарданд... ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, бинобар ин ба дурӯғ бовар хоҳанд кард» (2 Таслӯникиён 2:10,11).MБУБ 596.2

    Нафароне ки ба таълимоти спиритизм муқобилат нишон медиҳанд, на фақат бо одамон, балки бо шайтон ва фаришта- гони вай мубориза мебаранд. Онҳо бар зидци «сарварон, ҳукуматдорони ин олами зулмот ва рӯҳҳои бад, ки дар афлоканд», ба мубориза медароянд. Шайтон як ваҷаб заминро аз даст намедиҳад, агар фақат бо қувваи муждарасонҳои осмонӣ зада ақиб ронда нашавад. Қавми Худо бояд ӯро ба мисли Наҷотдиҳанда бо суханони «Чунин навишта шудааст», пешвоз бигирад. Шайтон имрӯз ҳам метавонад аз Китоби Муқаддас чун дар замони Масеҳ иқтибос оварад, ва ӯ таълимоти Китоби Муқаддасро нодуруст маънидод хоҳад кард, то ки фиреби худро дастгирӣ намояд. Онҳое, ки дар ин замони хатарнок истодагарӣ кардан мехоҳанд, бояд шаҳодатҳои Китоби Муқаддасро барои худ фаҳмида гиранд.MБУБ 596.3

    Рӯҳхои нопок ба назди бисёриҳо дар намуди хешовандон ё дӯстони фавтида ҳозир мешаванд ва ба онҳо гумроҳиҳои аз ҳама маккоронаро талқин хоҳанд кард. Онҳо ба ҳиссиётҳои нозуктарини мо таъсир хоҳанд расонид ва мӯъҷиза хоҳанд офарид, то ки даъвоҳои худро тасдиқ намоянд. Мо бояд омода бошем, то онҳоро бо ҳақиқати Китоби Муқаддас пешвоз гирем, ки тасдиқ мекунад, ки мурдагон ҳеҷ чизро намедонанду, мавҷудоти дар симои мурдагон зоҳиршуда, рӯҳҳои шайтониянд.MБУБ 597.1

    Моро «соати озмоиш..., ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад» (Ваҳй 3:10), интизор аст. Ҳамаи онҳое, ки имонашон дар таҳкурсии устувори Каломи Худо асоснок карда намешавад, ба васваса андохта ва мағлуб карда хоҳанд шуд. Шайтон «бо ҳар навъ васвасаи ноҳаққӣ» амал мекунад, то ки сокинони заминро ба худ мутеъ гардонад ва қувваи васвасаи вай беист инкишоф хоҳад ёфт. Вале вай фақат он замоне метавонад ба мақсади худ комёб шавад, ки одамон ихтиёран ба васвасаҳои ӯ дода мешаванд. Онҳое ки самимона кӯшиши дарк намудани ҳақиқат ва бо итоаткорӣ пок гардонидани қалби худро намуда, бо ин тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меоранд, то ки ба муборизаи дар пеш истода тайёр шаванд, дар Худо ва ҳақиқат такягоҳи боэътимодро пайдо мекунанд. «Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудӣ, Ман низ туро... нигохдорӣ хоҳам кард», - чунин аст ваъдаи Наҷотдиҳанда (Ваҳй 3:10). Худо аниқтараш тамоми фариштагони осмониро ба ҳимояи қавми Худ мефиристад, назар ба он ки ақаллан як қалби ба Худо боваркардаро дар ихтиёри шайтон гузорад.MБУБ 597.2

    Пайгамбар Ишаъё аз он сухан мегӯяд, ки чӣ гуна сахт фиреб мехӯранд гунаҳкорон, ки ба фикрашон, довариҳои Худо бар сари онҳо намеоянд. Онҳо мегӯянд: «Мо бо марг иттифоқ бастаем, ва бо дӯзах сулҳ кардаем, ва агар тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, ба мо нахоҳад расид, зеро ки кизбро паноҳгоҳи худ сохтаем ва бо фиреб худро пинҳон хоҳем кард» (Ишаъё 28:15). Ба одамони дар ин ҷо тасвиршуда нафароне ҳам тааллуқ доранд, ки дар гуноҳ истодагарӣ намуда, худро умедвор мекунанд, ки барои шахси гунаҳкор ҳеҷ гуна ҷазое нест; ҳамаи одамон, ҳар қадар фосидшуда бошанд хам, ба осмон гирифта ва ба фариштагони Худо монанд хоҳанд шуд. Вале бо қатъияти боз ҳам бештар нафароне бо марг иттифоқ ва бо дӯзах сулҳ мебанданд, ки ҳақиқатҳои аз ҷониби Осмон барои рӯзи андӯҳ ба ҳимояи шахси порсо пешниҳодшударо рад мекунанд, ва ба чои онҳо дурӯғи пешниҳодкардаи шайтонро: даъвоҳои фиребгаронаи спиритизмро қабул менамоянд.MБУБ 598.1

    Нобиноии ҳамзамонони мо дар ҳақиқат ҳайратангез аст. Ҳазорон одамон Каломи Худоро чун китобе ки сазовори боварй нест рад месозанд ва бо боварии кӯр-кӯрона фиребгариҳои шайтонро қабул мекунанд. Шаккокон ва масхаракунандагон «фанатизми кӯр-кӯрона»-и нафаронеро маҳкум менамоянд, ки барои имони пайғамбарон ва ҳаввориён мубориза мебаранд, гуфтаҳои ботантанаи Китоби Муқаддасро дар бораи Масеҳ, нақшаи наҷот ва ҷазодиҳии гунаҳкорон мазоҳ мекунанд. Онҳо аз нишон додани дилсӯзии худ нисбати нафароне, ки ба ақидаи онҳо, ин кадар кӯтоҳназар, хурофотпараст ва гарангақц, ки талаботҳои Худоро эътироф мекунанд ва фаризаҳои Шариати Ӯро ба ҷо меоваранд, хаста намешаванд. Онҳо бо чунин боварии қатъие амал мекунанд, ки гӯё дар ҳақиқат бо марг иттифоқ ва бо дӯзах сулҳ бастаанд, гӯё ки қалъаи дастнорасе бунёд намудаанд, ки онҳоро аз қасосгирии Худо ҳимоя меку- над. Ҳеҷ чиз қобилияти дар қалби онҳо ба вуҷуд овардани тарсро надорад. Онҳо бо чунин пуррагие худро ба васвасакор супурдаанд, ончунон бо ӯ як шудаанд ва ончунон саршори рӯҳи ӯ гардидаанд, ки на кувва ва на хоҳиши аз домхои ӯ озод шуданро надоранд.MБУБ 598.2

    Шайтон дер боз ба кӯшиши охирини ба васваса андохтани чаҳон омодагӣ мебинад. Ба кори ӯ дар боғи Адан ибтидо гузошта шуда буд, ки он ҷо Ҳавворо бовар мекунонд: «Не, нахоҳед мурд; балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо мисли худоҳо, орифи неку бад хоҳед шуд» (Ҳастӣ 3:4,5). Вай сӯи шоҳасари васваса - спиритизм оҳиста-оҳиста пеш ҳаракат мекард. Ҳанӯз ба андозаи пурра амалй намудани мақсадҳояш ба вай муяссар нагардидааст, вале ин ҳам дар вақти боқимонда ба даст оварда мешавад. Пайгамбар мегӯяд: «Ва дидам, ки аз дахони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рӯҳи палиде монанди қурбоққаҳо мебароянд: Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломат ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми чаҳон мебароянд, то ки онҳоро ба ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд» (Ваҳй 16: 13,14). Ба ғайр аз нафароне, ки онҳоро қувваи Худо ва имон ба Каломи Ӯ ҳимоя мекунад, тамоми ҷаҳон ба ин фиреб чалб карда мешавад. Одамоне ки ба дурӯгҳои шайтон бовар карда хотирҷамъ шудаанд, ба ҳисси фалокатовари бехатарй дода мешаванд, ва фақат фурӯрезии ғазаби Худо онҳоро бедор мекунад.MБУБ 599.1

    Худованд мегӯяд: «Ва Ман довариро меъёр мегардонам, ва ростиро тарозу; ва паноҳгоҳи дурӯғ бо жола нест карда хоҳад шуд, ва чои пинҳоншавиро об зер хоҳад кард. Ва иттифоқи шумо бо марг ботил хоҳад шуд, ва сулҳи шумо бо дӯзах поянда нахоҳад монд. Вақте ки тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, шумо ба зери вай поймол хоҳед шуд» (Ишаъё 28:17,18).MБУБ 599.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents