Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 11. - ЭЪТИРОЗИ ҲОКИМОН

    Яке аз бузургтарин шаҳодатҳои ҳимояи Ислоҳот эътирози ҳокимони Германия дар сейми давлатӣ дар Шпейер дар соли 1529 гардид. Мардонагӣ, имон ва далерии ин мардони Худо озодии андеша ва вичдонро барои наслҳои оянда таъмин намуданд. Баъди ин эътироз Калисои ислоҳотгаро номи Калисои протестантиро гирифт. Принсипҳои он «моҳияти асосии эътирозгароиро»150Д’Обинйе, китоби 13, боби 6. ташкил медиҳанд.MБУБ 202.1

    Барои Ислоҳот рӯзҳои ғамангез ва даҳшатовар фаро расиданд. Сарфи назар аз қарори дар Вормс қабулшуда, ки Лютерро ғайриқонунӣ эълон мекарду таълимоти ӯро манъ намуда буд, дар мамлакат тоқатпазирии динӣ боз ҳам устувортар мегардид. Пешбинии Илоҳӣ қувваҳои бо ҳақиқат муборизабарандаро нигоҳ медошт. Карли V якчанд маротиба мақсади ба Ислоҳот зарбаи ҳалокатовар расонданро кард, вале ба даст кашидан аз ниятҳои худ маҷбур мешуд. Баъзан ба назар чунин менамуд, ки ҳамаи онҳоеро, ки ҷуръати ба Рум муқобилият нишон доданро мекунанд, марги ногузир интизор аст, вале дар лаҳзаи хатарнок дар сарҳади шаркӣ қушунҳои туркӣ ё шоҳи Франсия, ё худи папа, ки ба қудрати афзояндаи император бо ҳасрат нигоҳ мекард, пайдо мешуданд, ҳамин тавр ҷанг оғоз меёфт, ва дар миёни ошӯбу талотумҳо Ислоҳот пурқувваттар мегашт ва паҳн мешуд.MБУБ 202.2

    Оқибат подшоҳони чонибдори ҳокимияти папа зиддиятҳои байниҳамдигариро як тараф гузошта муттаҳид гардиданд, то ки якҷоя ба муқобили ислоҳотчиён мубориза баранд. Сейми давлатӣ, ки соли 1526 дар Шпейер баргузор гардида буд, ба ҳар як ҳокими Германия дар масъалаи дин озодиро то даъвати анҷумани Умумиҷаҳонӣ таъмин намуд, лекин ҳамин ки хатари императорро ба ин гузашткунӣ маҷбур намуда, гузашт, император соли 1529 сейми дуюмро барои шикаст додани ислоҳот даъват кард. Қарор дода шуд, ки ҳокимон кӯшиш мекунанд бо роҳи осоишта ба Ислоҳот муқобилат нишон диҳанд, лекин дар ҳолати нокомӣ Карл тайёр буд аз қувваи шамшер истифода барад.MБУБ 202.3

    Пайравони папа хурсандӣ мекарданд. Ба Шпейер шумораи зиёди намояндагонро фиристода, ҳатто кӯшиши пинҳон намудани муносибати душманонаи худро ба ислоҳотчиён ва ҳимоятгарони онҳо намекарданд. Меланхтон чунин навишта буд: «Мо қабохат ва партовҳои ин ҷаҳон гаштаем, лекин Масеҳ ба қавми оҷизи Худ раҳм мекунад ва онро наҷот медиҳад»151Ҳамон ҷо, боби 5.. Ба ҳокимони эътирозкунандае ки барои иштирок дар сейм омада буданд, хатто мавъиза намудани Инҷил дар хонаҳое, ки онҳо қарор гирифта буданд, манъ шуда буд. Лекин сокинони Шпейер ташнаи шунидани Каломи Худо буданд, ва сарфи назар аз манъкунӣ, ҳазорон одамон барои шунидани мавъиза, ки дар калисои хурди ҳокими Саксония мегузашт, ҷамъ меомаданд.MБУБ 203.1

    Ин бӯҳронро тезонд. Император озодии диндориро дар бетартибиҳои сершумор сабабгор шуморида, ба сейм мурочиат намуда талаб кард, ки фармонро дар бораи озодии диндорӣ бекор кунад. Ин худсари каҳру ғазаб ва изтироби ҳокимони эътирозкунандаро ба миён овард. Яке аз онҳо чунин гуфта буд: «Масеҳ боз ба дасти Қаёфо ва Пилотус афтод». Намояндагони аҳли дини Рум боз ҳам сахтар ба ғазаб меомаданд. Яке аз пайравони папа чунин гуфт: «Туркҳо аз пайравони Лютер беҳтаранд, зеро ки онҳо рӯза медоранд, лютеранҳо бошанд рӯза намедоранд. Агар интихобе миёни Каломи Худо ва гумроҳиҳои кӯҳнаи Калисо бошад, мо бояд Каломи Худоро рад кунем». Меланхтон чунин навишта буд: «Ҳар рӯз Фабер бар сари мо, мавъизакунандагони Инҷил, сангҳои нав мепартояд»152Д’Обинйе, китоби 13, боби 5..MБУБ 203.2

    Эътирофи ҳуқуқҳои озодии динй бо роҳи қонунй қабул шуда буд, ва ҳокимони эътирозкунанда қарор доданд, ки ба муқобили чунин вайроншавии ҳуқуқҳои худ мубориза баранд. Лютер, ки ҳанӯз ҳам мувофиқи қарори Вормс дар зери ғазаби давлат қарор дошт, ҳуқуқи дар Шпейер ҳузур доштанро надошт, лекин ба ҷои ӯ ҳамфикронаш ва ҳокимоне ки онҳоро Худованд ба ҳимояи кори Худ даъват карда буд, ба ин шаҳр омаданд. Фридрихи Саксонии олиҳиммат, ҳимоятгари пешинаи Лютер, аз дунё даргузашт, лекин бародараш герцог Иоганн, ки ба ҷои ӯ ба тахт нишаста буд, Ислоҳотро ҷонибдорӣ кард ва кӯшиши таъмин намудани сулҳу оромиро намуда, дар ҳифзи манфиатҳои имони ҳақиқӣ нерӯ ва мардонагии зиёд нишон дод.MБУБ 203.3

    Рӯҳониён талаб мекарданд, ки ҳокимони Ислоҳотро қабулкарда, бегуфтугӯ ба доираи ҳуқуқҳои Рим итоат кунанд. Ислоҳотчиён бошанд мехостанд озодии пеш эълоншударо ба даст биёранд. Онҳо бо он розӣ шуда наметавонистанд, ки шаҳру дехотҳои бо чунин рӯҳбаландӣ Ислоҳотро қабуд намуда, аз нав дар зери ҳукмронии Рум қарор бигиранд.MБУБ 204.1

    Оқибат ҳалли созишкоронаи ин масъала пешниҳод карда шуд: дар он ҷое ки ҳанӯз Ислоҳот устувор нагаштааст, карори Вормс қонунӣ ҳисобида мешуд, ва «дар он чое ки халқ ба он итоат намекард ва амалӣ намудани он хавфи исёнро ба миён меорад, ягон ислоҳот гузаронда нашавад ва дар мавъизаҳо масъалаҳои баҳсангезро баён накунанд; ба гузаронидани хизмати месса монеъ нашаванд, ва ба католикҳо қабул намудани ақидаҳои Лютер иҷозат дода нашавад»153Ҳамон ҷо.. Қабули ин пешниҳод аз ҷониби сейм ба рӯҳониён ва прелатҳои папа хурсандии зиёд овард.MБУБ 204.2

    Агар ин қарор дар амал ба ҷо оварда мешуд, «Ислохот наметавонист... дар минтақаҳои дигар паҳн ва дар он ҷое ки амалӣ гашта буд, устувор гардад»154Ҳамон ҷо.. Озодии сухан манъ карда мешуд, қабул намудани имони ҳақиқӣ номумкин мегардид. Аз пайравони Ислоҳот талаб намуданд, ки фавран ба ин маҳдудиятҳо ва манъкуниҳо итоат кунанд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё барои ин ҷаҳон умеди наҷот аз гумрохӣ қариб нобуд гаштааст. «Баркароршавии ҳокимияти Рум... ҳатман ба суиистифодаҳои пешина оварда мерасонад», ва дарҳол барои ба воситаи таассуб ва ҷанҷолҳо «пурра нест намудани Ислоҳот, ки аллакай заиф гардида буд», баҳонаи муносиб пайдо мешавад155Ҳамон ҷо..MБУБ 204.3

    Намояндагони ҳизби эътирозгаро барои машварат ҷамъ омада бо изтироб ва хиҷолат ба якдигар нигоҳ мекарданд. Дар забони ҳар яке аз онҳо як савол буд: «Чӣ бояд кард?». Ҷавоб ба ин савол барои тамоми ҷаҳон аҳамияти бузург дошт. Оё роҳбарони Ислоҳот ба қабул намудани фармони нав розӣ мешаванд? Ис- лоҳотчиён дар ин соати дар ҳақиқат ҳалкунанда чӣ тавр бо осонӣ метавонистанд худро ба ишғол намудани мавқеи нодурусг бовар кунонанд! Онҳо чӣ қадар баҳонаҳои хуб ва далелҳои одилона метавонистанд пайдо кунанд, то ки итоаткории худро ба сейм ҳақ шуморанд! Ба ҳокимони ҷонибдори Лютер озодии имон кафолат дода мешуд. Чунин имтиёз ба он нафароне низ дода мешуд, ки то кабули ин фармон аллакай ҷонибдори Ислоҳот буданд. Наход, ки ин ҳам барои онҳо кам бошад? Агар ба фармони нав итоат кунанд, аз чӣ қадар хатарҳо метавонанд раҳо ёбанд! Дар ҳолати итоат накардан онҳоро чӣ гуна тӯфонҳо ва офатҳои номаълум интазоранд! Шояд дар оянда имконияти хубтаре пайдо шавад? Биёед сулҳро интихоб кунем: шохаи зайтуни пешниҳод намудаи Румро қабул мекунем ва захмҳои Германияро шифо мебахшем. Ислоҳотчиён чунин мулоҳиза ронда, метавонистанд қарори созишкоронаи аз ҷониби сейм пешниҳодшударо қабул кунанд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ҳаракати онҳоро ба шикаст оварда мерасонд.MБУБ 204.4

    «Хушбахтона, ҳар як амали онҳоро имони комил роҳбарй мекард, ва онҳо ба принсипе ки асоси ин пешниҳодро ташкил медод, таваҷҷӯҳи ҷидцӣ доданд. Он аз чӣ иборат буд? Ин хуқуқи Рум буд оиди маҷбур намудани виҷдон ва манъ кардани озодии ақидаҳо. Вале магар шахсан ба онҳо ва ба зердастони онҳо - ислоҳотчиён озодии имон дода нашудааст? Бале, дода шудааст, чун лутфу марҳамате ки дар созишнома ба таври махсус пешакӣ маслиҳат шудааст, на чун ҳуқуқ. Он чизе ки ба ҳамаи хуқуқҳои аз доираи ин шартнома берун монда дахл дорад, дар ин ҷо мисли пешина ҳокимиятпарастӣ нигоҳ дошта шуда, вичдони одамон зери по карда мешуд, Рум бошад довари бехатое боқӣ мемонд, ки ба он итоат кардан лозим буд. Қабули созишномаи пешниҳодгардида маънои эътироф кардани онро дошт, ки озодии диндорй танҳо дар Саксонияи эътирозгаро иҷозат дода мешавад, ва боқӣ дар тамоми ҷаҳони масеҳӣ озодии фикр ва пайравӣ аз Ислоҳот ҷиноят буда ба маҳбас ва гулхани оташ мебаранд. Оё онҳо метавонистанд бо он розй шаванд, ки озодии динӣ дар ҳудуди муайяне махдуд шавад, ва бо ин бо он чиз розӣй шаванд, ки ҳеҷ кас дигар наметавонад имони навро қабул кунад? Оё онҳо иҷозат дода метавонистанд, то ки ба он ҷое ки ҳокимияти Рум паҳн мешуд, ҳукмронии он абадӣ гардонда шавад? Оё ислоҳотчиён метавонистанд худро дар хуни садҳо ва ҳазорон нафароне ки дар натиҷаи ин созиш дар мамлакатҳои зердасти ҳокимияти папа ҷон диҳанд, бегуноҳ шуморанд? Ин маънои дар лаҳзаҳои мушкил ба Инҷил ва мақсадҳои олии озодии масеҳӣ хиёнат карданро дошг»156Уайлӣ , китоби 9, боби 15.. He, беҳтараш онҳо «ҳама чизро қурбон мекунанд: ҳам мавқеъ, ҳам сарват ва ҳам ҳаёти худро»157Д’Обинйе, китоби 13, боби 5..MБУБ 205.1

    «Мо ин фармонро рад мекунем, - гуфтанд ҳокимон. - Дар масъалаҳои ба виҷдон дахл дошта, фикри аксарият эътибор надорад». Вакилон баён карданд: «Сулҳе ки империя аз он ҳаловат мебарад, - натиҷаи декрети соли 1526 аст. Бекорсозии ин қарор Германияро аз исёнхо ва чанҷолҳо пур мегардонад. Сейм ҳуқуқи ба таври дигар рафтор карданро надорад, ғайр аз дастгирй кардани озодии динй, то замони даъват шудани анҷумани навбатӣ»158Ҳамон ҷо.. Ҳимояи озодии вичдон — ин қарзи давлат аст, ҳадди ваколати он дар корҳои динй аз ҳамин чо мегузарад. Ҳар як ҳокимияте, ки кӯшиши ба тартиб даровардани ҳаёти диндорӣ ё бо ёрии қонунҳои гражданӣ ҷорӣ намудани динро мекунад, маҳз ҳамон принсипҳоеро курбон мекунад. ки аз барои он масеҳиён-протестантҳо, олиҳимматона мубориза бурда буданд.MБУБ 206.1

    Пайравони папа қарор доданд он чизеро, ки онҳо «якравии густохона» меномиданд, пахш кунанд. Онҳо кӯшиши дар миёни ҳимоятгарони Ислоҳот низоъ андохтан ва тарс додани нафаронеро ба роҳ монданд, ки ошкоро Ислоҳотро ҷонибдорӣ намекарданд. Оқибат сейм намояндагони шаҳрҳои озодро даъват намуда аз онҳо ҷавоби ошкороро ба саволи зерин талаб намуд: оё онҳо ба шартҳои пешниҳодшуда розиянд? Ислоҳотчиён барои ҷавоб ба савол мӯҳлат пурсиданд, вале беҳуда. Вақте ки аз онҳо ҷавобро пурсон шуданд, қариб нисфи намояндагони маҷлиси шаҳрӣ ба ислоҳотчиён ҳамроҳ гардиданд. Мардоне ки аз қурбон кардани озодии виҷдон ва ҳуқуқ ба ақидаҳои шахсии худ даст кашиданд, хуб медонистанд, ки онҳоро гунаҳгоркунӣ, маҳкумкунӣ ва таъқибот интизор аст. Яке аз намояндагон чунин гуфт: «Мо бояд ё аз Каломи Худо даст кашем, ё дар гулхани оташ бимирем»159Д’Обинйе, китоби 13, боби 5..MБУБ 206.2

    Намояндаи император дар сейм, шоҳ Фердинанд хуб мефаҳмид, ки ин фармон мухолифати ҷиддиро ба миён меорад, агар ҳокимонро ба қабул ва дастгирии он бовар накунонанд. Бинобар ин ӯ тамоми маҳорати худро истифода бурд, то ки онҳоро бовар кунонад, лекин худ медонист, ки маҷбурсозй ба онҳо танҳо ҷасорат мебахшад. Ӯ «аз ҳокимон қабул намудани ин фармонро илтиҷо намуда, онҳоро бовар мекунонд, ки ин императорро хеле хушҳол мегардонад». Вале ин мардони вафодор ба ҳокимияте итоат карданд, ки аз шоҳони ин замин болотар аст, ва онҳо оромона ҷавоб доданд: «Мо ба император дар ҳамаи он чизе ки ба пойдории оромӣ ва ситоиши Худованд мусоидат мекунанд, итоат мекунем»160Ҳамон чо..MБУБ 207.1

    Ниҳоят шоҳ дар назди сейм ба ҳокими Саксония ва ҷонибдорони ӯ эълон намуд, ки «ин қарор ба зудӣ дар намуди фармони император нашр мешавад, ва ба онҳо танҳо ба аксарият итоат кардан лозим меояд». Ин суханонро гуфта, ӯ ҷамъомадро тарк намуд ва ба ислоҳотчиён ягон имконияте барои фикр кардан ё ҷавоб додан надод. «Беҳуда онҳо ба назди шоҳ намоянда фиристода, баргаштани ӯро илтиҷо намуданд». Ба ҳама дархостҳои онҳо ӯ чунин ҷавоб медод: «Масъала ҳал шудааст, итоати шумо зарур аст»161Ҳамон чо..MБУБ 207.2

    Ҷонибдорони император шубҳа надоштанд, ки ҳокимони масеҳӣ мисли пешина Китоби Муқаддасро аз ҳамаи таълимотҳо ва талаботҳои инсонӣ беандоза боло мегузоранд. Онҳо хуб медонистанд, ки дар он ҷое ки ин принсипро пайравӣ мекунанд, ҳокимияти папа оқибат шикаст мехӯрад. Вале ба мисли ҳазорон ҳамзамонони худ, ки «танҳо ба чизҳои аён назар меандозанд», онҳо фирефтаи фикре буданд, ки пайравони император ва папа аз ислоҳотчиён пурқувваттаранд ва мавқеи онҳо мустаҳкамтар аст. Агар ислоҳотчиён танҳо ба ёрии одамон умед мебастанд, он гоҳ онҳо дар ҳақиқат ончунон заиф мешуданд, ки онҳоро душманонашон ончунон меҳисобиданд. Лекин онҳо сарфи назар аз камшумории худ ва номеҳрубонии Рум, пурқувват буданд. Онҳо «аз қарори сейм ба Каломи Худо ва аз император Карл - ба Исои Масеҳ, Шоҳи шоҳон ва Худованди ҳукмронандагон» рӯ оварданд162Ҳамон ҷо, китоби 13, боби 6..MБУБ 207.3

    Азбаски Фердинанд ақидаҳои динии онҳоро ба эътибор гирифтан нахост, ҳокимон қарор доданд, ки ба ҳозир набудани ӯ нигоҳ накарда, фавран эътирози худро ба муҳокимаи шӯрои давлатӣ пешниҳод намоянд. Онҳо баёноти ботантанае навишта онро ба сейм пешниҳод карданд:MБУБ 208.1

    «Мо дар назди Худованд, Офаридгори Ягона, Ҳомӣ, Фидиягузор ва Наҷотдиҳандаи худ, ки У дар рӯзи муайян моро доварӣ хоҳад кард, эътироз мекунем, ва инчунин дар назди ҳамаи одамон бо тантана баён мекунем, ки на мо, на халқи мо бо ҳеҷ як банди ин фармон, ки ба Худо ва Каломи Муқаддаси У, ба вичдони пок ва наҷоти ҷони мо мухолифат мекунад, розӣ нестем.MБУБ 208.2

    Чӣ тавр мо метавонем ин фармонро қабул кунем? Чӣ тавр бо он чиз розӣ шавем, ки вақте ки Худованди Қодир ҳар яки моро барои дарк намудани Худ даъват мекунад, инсон аз ҳуқуқи ба даст овардани дониш дар бораи Худованд маҳрум аст? Танҳо таълимоте ки бо Каломи Худо мувофикдт мекунад, метавонад таълимоти ҳақиқӣ ва дуруст эътироф карда шавад. Худованд таълим додани чизи дигареро манъ мекунад... Оятҳои нофаҳмои Каломи Худо, бояд бо оятҳои фаҳмотари он эзоҳ дода шаванд: ин Китоби муқаддаси барои масеҳиён зарур, барои фаҳмиш дастрас ва барои пароканда намудани ҷоҳилӣ даъват шудааст. Бо файзи Худо мо қарор медиҳем, ки танҳо Каломи пок ва зиённадидаи Ӯро. ки дар китобҳои Аҳди Қадим ва Ҷадид ҷойгир шудаанд, мавъиза намуда ба он ҳеҷ гуна фикрҳои инсониро зам накунем. Ин Калом — ҳақиқати ягона, қоидаи боэътимоди зиндагӣ ва асоси ҳама гуна таълимот аст, он ҳеҷ гоҳ ба мо хиёнат намекунад ва моро фиреб намедиҳад. Шахсе ки ба ин таҳкурсии боэътимод такя мекунад, маҷбур аст бо ҳамаи қувваҳои дӯзах муқобилият нишон диҳад, вале шӯҳратпарастии инсонӣ дар назди Худо шикаст мехӯрад.MБУБ 208.3

    Аз ин сабаб юғеро, ки бар гардани мо бор мекунанд, мо рад мекунем... Дар баробари ин мо умед дорем, ки ҷаноои импе- ратор ба мо тавре муносибат мекунад, ки масеҳии аз ҳама чизи дигар Худовандро бештар дӯст дошта, сазовори он аст; мо ба ӯ ва ба шумо ҷанобони меҳрубон муҳаббат ва итоаткории худро баён медорем, зеро ин қарзи бевосита ва қонунии мост»163Ҳамон ҷо.MБУБ 208.4

    Ин ба сейм таъсири амиқ расонд. Ҷасорати мардоне ки чунин эътироз баён намуданд, бисёриҳоро ба ҳайрат ва изтироб овард. Дар пеши назари онҳо манзараҳои даҳшатовар ва номаълуми оянда намоён мешуданд. Ҷанҷолҳо, зиддият ва хунрезиҳо ҳатмӣ менамуданд. Лекин ислоҳотчиён, ки ба одилона будани кори худ боварӣ доштанду ба дасти пурқудрати Худованд такя мекарданд «ҷасуру далер» буданд.MБУБ 209.1

    Принсипҳои дар ин эътирози машҳур баёншуда моҳияти аслии протестантизмро ташкил медиҳанд. Ин эътироз ба муқобили ду ҷиноят дар масъалаи имондорӣ равона карда шудааст: дахолати ҳокимияти ғайридинӣ ба ҳаёти маънавии инсон ва худсарии аҳли дин. Протестантизм, бартарияти вичдонро бар ҳокимияти ғайридинӣ ва бартарияти эътибори Каломи Худоро бар эътибори Калисо тасдиқ мекард. Эътирозчиён ҳокимияти ғайридиниро дар масъалаҳои диндорӣ эътироф накарда, дар якҷоягӣ бо ҳаввориён чунин мегӯянд: «Мо назар ба инсон бояд ба Худованд бештар итоат кунем». Эътирозчиён тоҷи хордори Исои Масеҳро аз тоҷи Карли V боло бардоигганд. Хдмаи таълимотҳои аз ҷониби инсон ба миён омада бояд ба хизмати ҳақиқати Худо тобеъ гардонда шаванд»164Ҳамон ҷо.. Эътирозчиён инчунин дар бораи ҳукуқи худ оиди ошкоро баён намудани ақидаҳои динӣ изҳор намуданд. Онҳо мехостанд ба ҳақиқатҳои Каломи Худованд на танҳо имон оваранд ва итоат кунанд, балки имконияти дахолати ахди дин ва ҳукуматдоронро инкор намуда, ин ҳақиқатҳоро мавъиза кунанд. Эътироз дар Шпейер, ки муроҷиатномаи ботантанае буд ба муқобили тоқатнопазирии динӣ, ҳуқуқи аз рӯи виҷцон ба Худованд хизмат карданро тасдиқ мекард.MБУБ 209.2

    Эътироз интишор карда шуд. Он дар хотираи ҳазорон одамон боқӣ монда дар китобҳои осмонӣ ҷой карда шуд, ки аз он ҷо ҳеҷ дасте онро нобуд карда наметавонад. Тамоми Германияи протестантӣ ин эътирозро чун баёни имони худ қабул кард. Дар ҳама ҷо одамон дар ин изҳорот оғози давраи нав ва дурахшонро медиданд. Яке аз ҳокимон ба эътирозчиёни Шпейер чунин гуфт: «Бигзор Худованди Қодир, ки шумо бо меҳрубонии У метавонед боғайратона, озодона ва ҷасурона аз имони худ шаҳодат диҳед, далерии масеҳонаи шуморо ҷовидона нигоҳ дорад»165Ҳамон ҷо..MБУБ 209.3

    Агар Ислоҳот ба муваффақиятҳои муайяне комёб гардида, ба замона ва вазъиятҳо мувофиқ шудан мегирифт, то ки бо ин роҳ ҳусни таваҷҷӯҳи ин ҷаҳонро ба даст биёрад, он гоҳ он ба Худо ва ба мақсадҳои олии худ хиёнат намуда, худро ба гирдоби марг тела медод. Таҷрибаи ин ислоҳотчиёни олиҳиммат дар худ барои ҳамаи наслҳои оянда сабақ дорад. Воситаҳое ки шайтон онҳоро дар мубориза ба муқобшти Худо ва Каломи Ӯ истифода мебарад, чун дар асри XVI тағйир наёфтаанд, ӯ ба мисли пешина ба муқобили он мубориза мебарад, то ки инсон дар зиндагии худ аз Китоби Муқадцас чун дастурамал истифода накунад. Дар замони мо дуршавии чашмрасе аз принсипҳо ва аҳкомҳои Китоби Муқаддас ба амал меояд ва зарурияти ҷиддии баргаштан ба принсипи бузурги протестантҳо - Китоби Муқаддас, ва танҳо Китоби Муқаддас меъёри имон ва қарз аст, эҳсос мешавад. Шайтон тамоми воситаҳоро истифода бурда, кори худро давом медиҳад, то ки озодии динро нобуд созад. Ҳркимияти зиддимасеҳияте, ки аз чониби протестантҳо дар Шпейер рад шуда буд, акнун бо тамоми қувва кӯшиши барқарор намудани хукмронии аз даст рафтаро мекунад. Ва барои протестантҳои замони мо ягона умед садоқатмандии устуворона ба Каломи Худот аст, садоқатмандие ки протестантҳо дар замони бӯҳрони асри XVI нишон дода буданд.MБУБ 210.1

    Вақте ки ба протестантҳо хатар таҳдид кард, Худованди Қодир дасти Худро дароз кард, то ки фарзандони содиқи Худро ҳимоя кунад. Ана яке аз чунин мисолҳои равшан. «Меланхтон бо дӯсти худ Симон Гренаус дар яке аз кӯчаҳои Шпейер бо шитоб роҳ мерафт. Ӯ дӯсти худро водор менамуд, то ки ҳарчи зудтар ба соҳили дигари Рейн гузарад.MБУБ 210.2

    Дӯсташ аз чунин рафтори ӯ ҳайрон шуд. «Ба ман марди солхӯрдаи ношиноси муйсараш сафед зоҳир шуда, - фаҳмонд Меланхтон, - хабар дод, ки баъди чанд мудцате Фердинанд фармони ба ҳабс гирифтани Гренаусро медиҳад».MБУБ 210.3

    Илоҳиётшиноси машҳури папа Фабер рӯзона бо мавъизаҳо баромад намуда ба Гренаус ҳамла мекард. Гренаус Фаберро дар он гунаҳгор мекард, ки ӯ «гумроҳиҳои нафратангезро» ҳимоя мекунад. Фабер қаҳру ғазаби худро пинҳон намуда, фавран ба назди Фердинанд раҳсипор гардида, розигии ӯро оиди ба ҳабс гирифтани профессори Гейделбергӣ ба даст овард.MБУБ 211.1

    Меланхтон дар соҳили Рейн шах шуда интизори он буд, ки кай дарё Гренаусро аз таъқибкунандагонаш наҷот медиҳад. «Хайрият, - осудаҳолона фарёд кард Меланхтон, вақте ки ӯро дар соҳили дигар дид. - Хайрият, ки ӯ аз чанголҳои оҳанини нафароне ки ташнаи хуни бегуноҳаш буданд, раҳо ёфт». Вақте ки Меланхтон ба хона баргашт, ба ӯ хабар доданд, ки афсарон дар ҷустуҷӯи Гренаус тамоми хонаро чаппагардон карданд»166ДОбинйе, китоби 13, боби 6..MБУБ 211.2

    Ислоҳотро дар назди бузургони ин ҷаҳон болобардор кардан лозим буд. Фердинанд сухани ҳокимони эътирозкунандаро шунидан нахост, лекин ба онҳо имконияти дар назди император ва аъёну ашрофи давлатию динӣ баён намудани ақидаҳои худ дода шуд. Карли V кӯшиши ба низоъҳои империяро харобкунанда хотима бахшиданро карда, бо гузашти як сол аз эътирози Шпейер ҷамъомадро дар Аугсбург даъват намуда, хоҳиши дар он роҳбарӣ карданро намуд. Ба он ҷо пешвоёни протестантизм даъват шуда буданд.MБУБ 211.3

    Ба Ислоҳот хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, лекин пайравони он ба мисли пешина ба Худо умед баста, ваъда доданд, ки ба Инҷил содиқ мемонанд. Наздикони ҳокими Саксония ӯро розӣ мекунонданд, ки ба ҷамъомад ҳозир нашавад. «Император, - мегуфтанд онҳо, - мехоҳад ҳокимонро фиреб дода, ба дом афтонад. Бо чунин душмани пурзӯр танҳо ба танҳо дар дохили деворҳои шаҳр мондан хеле хатарнок аст». Вале дигар мардони олиҳиммат баён намуданд: «Бигзор далерӣ ҳокимонро тарк накунад, ва кори Худованд наҷот дода хоҳад шуд». «Худо моро танҳо намегузорад», - мегуфт Лютер167Ҳамон ҷо, китоби 14, боби 2.. Ҳокими Саксония якҷоя бо надимони худ ба Аугсбург раҳсипор шуд. Хатарҳои ба ӯ тахдидкунанда ба ҳама хуб маълум буданд, ва бисёриҳо ӯро бо дили ғамгин гусел карданд. Лекин Лютер, ки ӯро то Кобург ҳамроҳӣ мекард, имони заифшавандаи онҳоро бо иҷрои суруди мадҳкунандае, ки онро ба муносибати ба сафар оаромадани онҳо навишта буд дастгирӣ мекард: «Худованд - сипари мост». Ва ин суруди илҳомбахш бори вазнини эҳсосотҳо ва хавфу тарсро сабук гардонд.MБУБ 211.4

    Ҳокимон, пайравони Ислоҳот қарор доданд, ки ақидаҳои худро ба тартиб дароранд, онҳоро ба таври хаттӣ баён ва бо далелҳо аз Китоби Муқаддас асоснок намуда, ин ҳуҷҷатро ба ҷамъомад пешниҳод кунанд. Тартиб додани ин ҳуҷҷат ба Лютер ва Меланхтон ва ёварони онҳо супорида шуда буд. Ин баёни эътиқод аз ҷониби протестантҳо чун рамзи имони онҳо қабул карда шуд ва онҳо сарҷамъ омаданд, то ки бо дастони худ дар ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузоранд. Чӣ гуна лаҳзаи ҷиддӣ ва масъулиятнок! Ислоҳотчиён кӯшиш мекарданд аз масъалаҳои сиёсӣ дурӣ ҷӯянд; онҳо хуб дарк мекарданд, ки мақсади асосии Ислоҳот - ба халқ мавъиза кардани Каломи Худо аст. Вақте ки ҳокимон-протестантҳо барои имзо гузоштан дар ин ҳуҷҷати ба тартибдаровардашуда тайёрӣ медиданд, Меланхтон кӯшиши огоҳ намудани онҳоро намуда. чунин гуфт: «Бигзор ин корро илоҳиётшиносон ва рӯҳониёни калисо кунанд, шахсиятҳои боэътиборро мо бояд барои иҷрои масъалаҳои дигар нигоҳ дорем». «Худованд туро нигоҳ дорад, то маро аз рӯйхат берун насозй! — нидо кард Иоганни Саксонӣ. — Ман ба иҷрои тамоми коре ки онро адолатпарварй талаб мекунад, тайёрам ва аз оқибатҳояш тамоман хавотир намекашам. Ман мехоҳам дар назди ҳама имони худро ба Худованд баён кунам. Барои ман салиби Исои Масеҳ аз ҳама гуна ваколатҳои доварӣ ва либоси ҳокимӣ қиматтар аст». Бо ин суханон ӯ имзои худро гузошт. Ҳокими дигаре қалам ба даст гирифта, чунин гуфт: «Агар инро номи неки Худованд Исои Масеҳ талаб кунад, ман тайёрам... сарват ва ҳаёти худро бидиҳам. Ман беҳтараш аз молу мулки худ даст мекашам ва бо як асо дар даст замини падарони худро тарк мекунам, - давом дод ӯ, - назар ба он ки бо қабули таълимоте розӣ шавам, ки ба ақидаҳои дар ин ҳуҷҷат баёнёфта ҷавобгӯ нестанд»168Ҳамон ҷо, боби 6.. Ана чӣ гуна буд имони ин мардони далери Худо.MБУБ 212.1

    Лаҳзаи ба назди император ҳозиршавй фаро расид. Карли V дар тахти бо ҳокимону мирон иҳоташуда нишаста, ислоҳотчиёни эътирозкунандаро ба ҳузур пазируфт. Бандҳои рамзи имону эътиқоди онҳо хонда шуданд. Дар ин ҷамъомади олимансабон ҳақиқатхои Инҷил ба таври кушоду равшан баён ёфтанд ва инчунин гумроҳиҳои ҳокимияти папа низ ошкор гардиданд. Ин рӯз беҳуда «яке аз бузургтарин рӯзҳои Ислоҳот ва беҳтарин рӯзҳо дар таърихи масеҳият ва инсоният» номида нашудааст169Ҳамон ҷо, китоби 14, боби 7..MБУБ 213.1

    Аз он замоне ки роҳиби виттенбергӣ яккаю танҳо дар назди шӯрои миллӣ дар Вормс меистод, ҳамагӣ якчанд сол гузашт. Акнун дар ҷои ӯ ҳокимони пуркудрат ва олиҳиммати империя қарор доштанд. Ба Лютер иҷозати ба Аугсбург омаданро надоданд, лекин ӯ дар он ҷо бо суханон ва дуоҳои худ ҳозир буд. «Ман бениҳоят шодам, - навишта буд ӯ, - ки то ба ин соат зинда мондам. вақте ки номи Масеҳ аз ҷониби чунин имондорони машҳур ба таври ошкоро дар назди чунин ҷамъомади бузург шаҳодат дода шуд»170Ҳамон ҷо.. Суханони Китоби Муқаддас ҳамин тавр иҷро шуданд: «Дар бораи шаҳодати Ту пеши подшоҳон сухан хоҳам ронд» (Забур 118:46).MБУБ 213.2

    Дар замони ҳавворӣ Павлус Инҷиле ки ӯ аз барои он дар маҳбас азият мекашид, дар назди подшоҳон ва олимансабони Рум мавъиза карда шуда буд. Таърих такрор ёфт: он чизеро ки император мавъизаашро аз минбар манъ карда буд, дар дарбор мавъиза карда шуд: он чизеро ки бисёриҳо ҳатто барои ғуломон ноарзанда ва номуносиб мешумориданд, ба сари ашрофзодагон ва олимансабони империя фурӯ рехт. Шахсиятҳои тоҷбарсар ва унвондор шунавандагон буданду ҳокимони пуркудрат мавъизакунандагон, мавзӯи мавъиза бошад - ҳақиқати шоҳонаи Худованд. «Аз замонҳои ҳаввориён, - мегӯяд нависанда, - чунин кори бузург иҷро ва чунин изҳори эътиқод баён нашуда буд»171Ҳамон ҷо..MБУБ 213.3

    «Ҳамаи гуфтаҳои лютеранҳо, ҳақиқат аст, мо наметавонем онро инкор кунем», - баён намуд усқуфи папа. «Оё шумо қобилияти бо далелҳои асоснок инкор намудани эътиқоди ҳокимонро доред?» - пурсид дигаре аз доктор Экк. «Аз рӯи Навиштаҳои ҳаввориён ва пайғамбарон - не - ҷавоб дод ӯ, - лекин бо навиштаҳои падарони Калисо ва қарорҳои калисои ҷомеъ, - метавонам!» «Фаҳмо, - гуфт шахсе, ки ин саволро дод. - Аз рӯи суханони шумо маълум мешавад, ки лютеранҳо эътиқоди худро дар асоси Навиштаҳои пайғамбарон асоснок мекунанд, мо бошем - не»172Ҳамон ҷо, китоби 14, боби 8..MБУБ 214.1

    Баъзе ҳокимони Германия ақидаҳо ва имони ислоҳотгароёнаро қабул карданд. Худи император эълон кард, ки эътиқоди эътирозчиён ҳақикати аслӣ аст. Ин рамзи имон, ки ба забонҳои зиёд тарҷума шуда буд, дар тамоми ҳудуди Европа паҳн гашт, ва миллионҳо одамони наслҳои оянда онро чун асоси дини худ қабул карданд.MБУБ 214.2

    Бандагони содиқи Худо дар танҳоӣ заҳмат намекашиданд. Дар он вакте ки «сарварон, ҳукуматдорон ва рӯҳи шарорат, ки дар афлок аст» барои муборизаи якҷоя бар зидди онҳо муттаҳид гардиданд. Худованд қавми Худро фаромӯш накард. Агар чашмони онҳо кушода мешуданд, онҳо ба мисли пайғамбарони қадима далелҳои дақиқи ҳузури Худовандро медиданд. Вақте ки хизматгори Элишоъ аз қӯшунҳои онҳоро иҳотакардаи душман тарсид, ва фикр кард, ки вазъияти беилоҷ аст, пайгамбар дуо кард: «Эй Худованд! Лутфан чашмони варо бикшо, то ки бубинад» (4 Подшоҳон 6: 17). Ва инак хизматгор шумораи зиёди аробаҳоро бо савораҳо ва кӯшуни осмониро, ки барои ҳимояи марди Худо фиристода шуда буданд, дид. Айнан ҳамин тавр фариштаҳо ислоҳотчиёнро ҳимоя мекарданд.MБУБ 214.3

    Яке аз принсипҳое ки онро Лютер ба таври ҷиддӣ ҷонибдорӣ мекард, ин истифода набурдани яроқ барои химояи Ислоҳот ва дасткашӣ аз ёрии ҳокимияти давлатӣ буд. Лютер аз он шод буд, ки ҳокимони немис ба Инҷил имон оварданд, лекин вақте ки онҳо ташкил намудани иттиҳоди мудофиявиро пешниҳод карданд, ӯ чунин гуфт: «... таълимоти Инҷилро танҳо Худованд бояд ҳимоя кунад... ҳар қадаре ки дар ин кор одамон камтар дахолат кунанд, ҳамон қадар дахолати Худованд аёнтар мегардад. Ҳамаи чораҳои сиёсии эҳтиёткории пешниҳодшударо, ба фикри ӯ, танҳо ба тарси шармовар ва беэътиқодии гуноҳолуд мансуб донистан лозим аст»173Ҳамон ҷо, китоби 10, боби 14..MБУБ 214.4

    Вақте ки душманони пуриқтидор муттаҳид гардиданд, то ки эътиқоди ислоҳотгароёнаро шикаст диҳанд, вақте ки ба назар чунин менамуд, ки ҳазорон шамшерҳо ба муқобили он равона шудаанд, Лютер навишта буд: «Шайтон ғазаби худро нишон медиҳад: рӯҳониёни худобехабар забон як намуда, ба мо бо ҷанг тахдид мекунанд. Мардумро панд диҳед, ки бо имон ва дуо дар назди тахти Худо мубориза баранд, то душманони мо, ки аз Рӯхл Худо мағлуб шудаанд, барои бо мо сулҳ бастан маҷбур шаванд. Эҳтиёҷоти асосии мо, заҳмати асосии мо - ин дуо гуфтан аст; бигзор одамон бидонанд, ки онҳо бо сабаби ғазаби шайтон дар дами шамшер роҳ мераванд, бигзор онҳо дуо гӯянд»174Ҳамон ҷо..MБУБ 215.1

    Баъд, Лютер пешниҳоди ҳокимони эътирозкунандаро оиди иттиходи мудофиявй ба хотир оварда, гуфта буд, ки дар ин ҷанг танҳо як яроқ - «шамшери Рӯҳ» - истифода шуда метавонад. Ӯ ба ҳокими Саксония чунин навишта буд: «Мо наметавонем ин иттиҳодро аз рӯи вичдон ҷонибдорӣ кунем. Мо тайёрем беҳтараш даҳ маротиба ҷон бидиҳем, назар ба он ки аз барои Инҷил рехта шудани як қатра хунро бубинем. Мо бояд ба мисли барраҳое бошем, ки ба қурбонӣ бурда мешаванд. Мо бояд салиби Масеҳро бардорем. Бигзор ҷаноби олиҳазрат хавотир нашаванд. Мо бо дуоҳои худ ба комёбии зиёдтаре ноил мегардем, назар ба лофзании ҳамаи душманонамон. Бигзор танҳо дастони Шумо олудаи хуни бародаронатон нашаванд. Агар император дар назди суд ҳозир шудани моро талаб кунад, мо тайёрем ҳозир шавем. Шумо наметавонед имони моро химоя кунед; ҳар як нафар бояд ҳаёти худро зери хавфу хатар гузошта, аз имони худ шаҳодат диҳад»175Д’Обинйе, китоби 14, боби 1..MБУБ 215.2

    Аз паноҳгохи махфие, ки ба даргоҳи Худо дуо гуфта мешуд, қуввае берун меомад, ки бо ҳаракати бузурги Ислоҳот- гароӣ тамоми ҷаҳонро такон дод. Бандагони Худо бо оромии муқадцасона ба кӯҳпораи ваъдаҳои У такя мекарданд. Дар Аугсбург дар замони ин муборизаҳо Лютер «ҳамарӯза се соат вақтро ба дуо мебахшид, илова бар ин, ин беҳтарин муддати вақте буд, ки ӯ барои фаъолият чудо мекард». Дар кунҷи ҳуҷраи худ, ӯ қалби хешро дар назди Худо бо суханони, «пур аз иззату эҳтиром, тарс ва умед мекушод. Ӯ ба Худо чун ба Дӯсти худ муроҷиат мекард». «Ман медонам, ки Ту — Падари мо ва Худои мо ҳастӣ, - дуо мегуфт ӯ, - Ту таъқибкунандагони фарзандони Худро пароканда месозӣ, зеро ки Ту Худ дар миёни хавфу хатар моро ҳамроҳи менамоӣ. Ин кори Туст, ва танҳо аз барои он ки ба он иродаи Ту буд, мо ба иҷрои он камар бастем. Моро ҳимоя намо, Падар»176Ҳамон ҷо, боби 6..MБУБ 215.3

    Ба Меланхтони аз бори вазнини изтиробу тарс ғамзада муроҷиат намуда, ӯ чунин навишта буд: «Баракат ва оромӣ дар Масеҳ аст. «Дар Масеҳ» - ман мегӯям, на дар ҷаҳон. Омин. Ба ман нооромии аз ҳад зиёди ту, ки туро ба доми марг тела медиҳад, ниҳоят нафратангез аст. Агар ин кори нохақ бошад, аз он даст бикашем, лекин агар он ҳақ бошад, пас барои чӣ мо бояд ваъдаҳои Худоро, ки ба мо амри бе тарс хоб рафтанро медиҳад, дурӯғ шуморем?... Масеҳ қудрат дорад кори одилона ва ҳақро анҷом диҳад. Ӯ зинда аст ва дар тахти Худ салтанат меронад, пас барои чӣ мо бояд битарсем?» 177Ҳамон ҷо..MБУБ 216.1

    Худо нолаву фарёди бандагони Худро шунид. У ба хокимон ва рӯҳониёне, ки ҳақиқатро ҳимоя мекарданд ба мукобили хокимони шарири ин ҷаҳон, баракат ва мардонагй ато кард. Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман дар Сион санги асосро мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд» (1 Петрус 2:6). Ислоҳотчиёни эътирозкунанда имони худро дар Масеҳ асосонок мекарданд ва дарвозаҳои дӯзах онҳоро шикаст дода натавонистанд.MБУБ 216.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents