Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 36. - НИЗОЪИ НОГУЗИР

    Мақсади шайтон аз худи ибтидои муборизаи бузург дар осмон сарнагун кардани Шариати Худо буд. Маҳз бо ҳамин мақсад вай ба муқобили Офаридагор бархост, ва аз осмон ронда шуда, ҳамон муборизаро дар замин давом медиҳад. Ба васваса андохтани одамон ва ба вайрон кардани Шариати Худо маҷбур намудани онҳо — ин аст мақсаде, ки вай собитқадамона пайгирӣ мекунад. Ин мақсад бо поймол намудани тамоми Шариат ба даст меояд ё ин ки бо рад намудани яке аз аҳкомҳо, оқибат натиҷа як аст. Шахсе ки дар «як чиз» гуноҳ мекунад, нисбати тамоми Шариат беэҳтиромӣ нишон медиҳад; бо таъсир ва намунаи худ бадкирдориро дастгирӣ мекунад «ва дар ҳама чиз айбдор мешавад» (Яъқуб 2:10).MБУБ 622.1

    Шайтон кӯшиши бар фароизҳои Илоҳӣ афкандани сояи нафратро намуда, таълимоти Китоби Муқадцасро нодуруст маънидод кардааст, ва дар натиҷа ҳазорон одамоне ки ба Каломи Муқаддас имон доранд, дар гумроҳӣ мондаанд. Охирин задухӯрди бузург миёни ҳақиқат ва гумроҳӣ - ин давраи хотимавии муборизаи абадӣ, мубориза миёни қонунҳои инсонӣ ва фароизҳои Воҷибулвуҷуд, миёни дини Китоби Муқаддас ва дини қиссаҳову ривоятҳост.MБУБ 622.2

    Қувваҳое, ки дар ин мубориза ба муқобили ҳақиқат ва порсоӣ муттаҳид мешаванд, аллакай фаъолона амал мекунанд. Каломи муқаддаси Худо. ки сӯи мо бо чунин арзиши баланд - бо арзиши азобҳо ва хуни рехта барои худ роҳ кушод, чӣ қадар кам қадр карда мешавад! Китоби Муқадцас ба ҳама дастрас гардид, вале фақат баъзеҳо ба таври ҳақиқӣ онро дар ҳаёт чун роҳнамо қабул кардаанд. Беимонӣ то андозаҳои пуризтироб на фақат дар ҷаҳон, балки дар Калисо низ паҳн гардидааст. Бисёриҳо то он ҷо расидаанд, ки таълимотҳоеро, ки поя ва асоси имони масеҳӣ мебошанд, инкор мекунанд. Солномаи бузурги офариниши олам, ки бо қалами илҳомбахшидашуда баён ёфтааст, гунаҳгоршавии одам; мусолиҳа; тағйирнопазирии Шариати Худо - ҳамаи ин амалан аз ҷониби аксарияти масеҳиён, агар пурра набошад, пас қисман рад карда мешавад. Ҳазорон одамони аз хирадмандӣ ва соҳибихтиёрии худ ифтихорманд боварии томро ба Китоби Муқаддас таҳқиромез мешуморанд. Танқиди Китоби Муқаддас ва тафсири маҷозии муҳимтарин ҳақиқатҳои он аз ҷониби онҳо чун далели истеъдод ва донишмандӣ ҳисобида мешавад. Бисёр рӯҳониён, олимон ва устодон ба халқ талқин мекунанд, ки Шариати Худо нолозим шудааст, ва онҳое ки бо вуҷуди ин ба пойдории фароизҳои он бовар карданро давом медиҳанд, фақат лоиқи таассуф ва тамасхуранд.MБУБ 622.3

    Бо рад намудани ҳақиқат, одамон Манбаи онро рад мекунанд. Шариати Худоро зери по намуда, онҳо нуфузу эътибори Қонунбарорро низ инкор мекунанд. Аз таълимотҳо ва назарияҳои дурӯғ сохтани бут ончунон осон аст, чун аз дарахт ва санг сохтани он. Хислати Худовандро бардурӯғ нишон дода, шайтон ба одамон фаҳмишҳои нодурустро дар бораи Ӯ талқин менамояд. Бисёриҳо Воҷибулвуҷудро сарнагун карда, фалсафаро бути худ кардаанд, ва фақат баъзеҳо ба Худои зинда, ончунон ки Ӯ дар Каломи Худ, дар Масеҳ ва дар аъмоли офариниш ошкор шуд, бовар мекунанд. Х,азорон одамон табиатро худо мепиндоранд ва дар баробари ин Офаридагори табиатро инкор мекунанд. Агарчӣ дар шаклҳои гуногун бошад ҳам, вале бутпарастӣ дар ҷаҳони муосири масеҳй низ ончунон васеъ арзи ҳастӣ дорад, ки дар Исроили қадима дар замони Илёс паҳн гардида буд. Худои бисёр хирадмандони худбовар, файласуфон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, худое, ки аз ҷониби доираҳои баргузидаи ҷамъиятӣ, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва ҳатто аз ҷониби баъзе аз муассисаҳои илоҳиётшиносӣ эътироф карда мешавад, фақат каме аз Баал, офтоб-худои финиқӣ, беҳтар аст.MБУБ 623.1

    Ҳеҷ яке аз гумроҳиҳои аз ҷониби ҷаҳонй масеҳй қабулгардида ин қадар густохона ба муқобили нуфузи Осмон равона нашудааст, ин қадар ошкоро ба далелҳои хирад мухолифат намекунад ва аз паси худ чунин оқибатҳои марговарро намеоварад, чун таълимоти нав ва босуръат нерӯгиранда дар бораи он ки Шариати Худо дигар барои одам воҷиб нест. Дилхоҳ мамлакат қонунҳои худро дорад, ки ҳар як шаҳрвандро ба эҳтиром ва риоя намудани онҳо водор месозад; ягон давлат бе қонун вуҷуд дошта наметавонад, ва оё тасаввур кардан мумкин аст, ки Офаридагори осмону замин қонун надорад, то ки бо ёрии он махлуқоти офаридаи Худро идора кунад? Фарз мекунем, ки нафаре аз рӯҳониёни машҳур ба изҳор намудани он шурӯъ мекунад, ки қонунҳои дар мамлакат амалкунанда ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони онро ҳимоякунанда ҳатмӣ нестанд, онҳо фақат озодии халқро махдуд мекунанд, бинобар ин онҳоро риоя намудан лозим нест, - шумо чӣ фикр мекунед, чунин шахс дар сари минбар муддати дароз мемонд? Вале магар беэҳтиромӣ нисбати қонунҳои давлатӣ назар ба поймолкунии он фароизҳои Илоҳӣ, ки асоси ҳама гуна ҳукмронӣ мебошанд, амалӣ гунаҳкоронатар аст?MБУБ 623.2

    Он чиз эҳтимолияти бештар медошт, ки давлатҳо қонунҳоро бекор мекунанд ва ба шаҳрвандон ичозати бо фаҳмиши худ амал карданро медиҳанд, назар ба тахмин кардани он ки Хркими Коинот Шариати Худро бекор мекунад ва ҷаҳонро бе меъёре мегузорад, ки гунаҳкорон аз рӯи он маҳкум ва итоаткорон сафед карда мешаванд. Оё шумо медонед, ки беэҳтиромӣ нисбати Шариати Худо ба чӣ оварда мерасонад? Чунин таҷриба аллакай ҳаст. Чӣ гуна лаҳзаҳои даҳшатангезро Франсия аз cap гузаронд, вақте ки он ҷо бединӣ ҳукмрон гашт! Он замон ба тамоми ҷаҳон ошкор шуд, ки мо аз ҳукми Худованд озод гардида, ба асорати зулми бераҳмонатарин меафтем. Вақте ки меъёри порсоӣ дур афканда мешавад, он гоҳ ба мири зулмот барои барқарорсозии ҳукмронии вай дар замин роҳ кушода мешавад.MБУБ 624.1

    Дар он ҷое ки фароизи Илоҳӣ рад карда мешаванд, гуноҳ ба назар номумкин наменамояд ва порсоӣ чолиб буданро бас мекунад. Касоне ки аз итоат ба Худованд cap мепечанд, қобилияти идора кардани худро комилан аз даст медиҳанд. Таълимотҳои марговари онҳо рӯҳи беитоатиро дар қалби ҷавонон, ки аз рӯи табиати худ озодидӯст мебошанд, ҷой мекунанд, ва дар натиҷа бадкирдорӣ ва бадахлоқӣ дар ҷамъият равнақ меёбанд. Дар он вақте ки соддадилӣ ва зудбоварии нафароне масхара карда мешаванд, ки ба талаботҳои Худо итоат мекунанд, бисёриҳо ба васвасаҳои шайтон бо омодагӣ дода мешаванд. Онҳо ба роҳи фисқу фучур ва гуноҳҳое қадам мегузоранд, ки довариҳои Худоро бар сари бутпарастон оварда буданд.MБУБ 624.2

    Нафароне, ки ба халқ муносибати сабукандешонаро нисбати аҳкомҳои Худо таълим медиҳанд, тухми исён мекоранд, ва дер ё зуд бар сари онҳо бо шиддат тӯфон cap мезанад. Махдудиятҳои Шариати Худоро дур кунед, ва шумо мебинед, ки риояшавии қонунҳои инсонӣ низ ба зудӣ қатъ мегарданд. Азбаски Худованд кирдорҳои бадахлоқона, дурӯғ ва ҳасадро маҳкум мекунад, пас одамон тайёранд амрҳои Ӯро, ки ба некӯаҳволии заминии онҳо халал мерасонанд, поймол кунанд, вале оқибатҳои бартарафсозии ин фароизҳо барои онҳо воқеаи ғайричашмдошт мегарданд. Агар шариат воҷиб набошад, магар аз вайрон кардани он тарсидан лозим аст? Он гоҳ моликияти шахсӣ дар зери хатар мемонад. Одамон моликияти ҳамсоягони худро тасарруф хоҳанд кард, ва нафари аз ҳама пурқувват сарватмандтарин шахс мегардад. Эҳтиром нисбати худи ҳаёт гум мешавад. Савганди заношӯӣ дигар маънои садоқат дар никоҳро намедошт. Шахси пурқувват агар майл медошт метавонист завҷаи шахси наздики худро кашида гирад. Аҳкоми панҷум якҷоя бо аҳкоми чорум бартараф карда мешуд. Фарзандон ҳатто аз қатли волидайни худ даст намекашиданд, агар бо ҳамин роҳ хоҳишҳои фосиқ ва такаббури худро қонеъ мегардонданд. Ҷаҳони мутамаддин ба дастаи роҳзанон ва қотилони аҳдшикан табдил меёфт; оромию осоиштагӣ ва хушбахтӣ аз рӯи замин нобуд мешуданд.MБУБ 625.1

    Таълимот дар бораи он ки одамон аз риояи аҳкомҳои Худо озоданд, аллакай қарзи маънавиро заиф гардондааст ва роҳи фисқу фуҷурро кушодааст. Бадкирдорӣ, ифроткорӣ ва расвоӣ чун селоб бар сари мо фурӯ мерезанд. Шайтон худро дар бисёр оилахо дилпур ҳис мекунад. Парчами вай ҳатто дар болои хонаҳои шахсони бо ном масеҳӣ, ки он ҷо ҳасад, гумонбарӣ, дурӯягӣ, бегонагӣ, рақобат, адоват, хиёнат, чашмпӯшй аз шаҳвати бад ҳукмрон гардидааст, ҳилпирос мезанад. Тамоми системаи принсипҳо ва таълимотҳои динӣ, ки бояд таҳкурсӣ ва асоси ҳаёти ҷамъиятӣ бошад, тӯдаи ноустуворе мебошад, ки дар ҳар лаҳза метавонад пароканда шавад. Ҷинояткорони ашаддитарин, партовҳои ҷамъият, барои ҷиноятҳои худ ба маҳбас афтода, аксар вақт аз таваҷҷӯҳи нохақ истифода мебаранд - ба онҳо тӯҳфаҳо ҳадия мекунанд, гӯё ягон амали қаҳрамононаеро ба ҷо оварда бошанд. Ба ҳаёт ва бадкирдориҳои онҳо таваҷҷӯҳӣ зиёд дода мешавад. Дар нашриёт тафсилоти нафратангези гуноҳ пайдо мешаванд — ба ҳамин тариқ дигарон низ ба фиребгарӣ ва таҷовуз ҳамроҳ мегарданд, шайтон бошад аз муваффақияти нақшаҳои бади худ шод мешавад. Разолати бадахлоқӣ, кушторҳои бесабабу бемаънӣ, бепарҳезӣ ва бадкирдорӣ дар ҳар шакл ва дараҷа бояд ҳамаи нафаронеро, ки дар қалби онҳо тарси Худо ҷой дорад, барои сари масъалаи зерин андеша кардан водор созанд: ин селоби бадиро чӣ тавр бояд боздошт?MБУБ 625.2

    Доварон вичдонфурӯшанд. Майли зиёд ба пули бе дарди миён ва муҳаббат ба ҳузуру ҳаловатҳои паст одамони соҳибқудратро роҳнамоӣ мекунанд. Бепарҳезӣ хиради бисёриҳоро тира гардондааст, бинобар ин шайтон аз болои онҳо қариб ихтиёри пурра ба даст овардааст. Ҳомиёни адолат ба ришвахӯрон, ба одамони ахлоқашон паст табдил ёфтаанд. Мастӣ, айшу нӯш, ҳасад. разолат - ҳамаи ин дар миёни нафароне зинда аст, ки барои «ҳомиёни қонунхо» будан таъйин гардидаанд. «Ва ростӣ дар дур истодааст, зеро ки ҳақиқат дар майдон пешпо хӯрдааст, ва дурусткорӣ наметавонад ворид шавад» (Ишаъё 59:14).MБУБ 626.1

    Маъсият ва ҷаҳолати рӯҳӣ, ки дар замони ҳукмронии ҳокимияти папа равнақ ёфта буданд, натиҷаи ногузири фурӯнишонии Навиштаҷоти Муқаддас буданд, вале сабаби худоношиносй, радкунии Шариати Худоро бо тамоми оқибатҳои марговари он, ки васеъ паҳн гардидааст, дар замони мо - замони нури пурраи Инҷил ва озодии дин дар куҷо ҷустуҷӯ кардан мумкин аст? Акнун. вақте ки шайтон қудрат надорад ҷаҳонро аз Навиштаҷоти Муқаддас маҳрум созад, вай барои расидан ба ҳамон мақсад дигар воситаҳоро ба кор мебарад. Барбод додани имон ба Китоби Муқаддас айнан чун несткунии Китоби Муқаддас ба манфиати вай хизмат мекунад. Бо паҳн ва ҷорӣ намудани ақидае, ки Шариати Худо воҷиб нест, шайтон одамонро он қадар бомуваффақият ба гуноҳ гирифтор мекунад, ки гӯё онҳо дар бораи фароизҳои он нашунида бошанд. Ва акнун, чун дар замонҳои пеш, ба воситаи Калисо амал намуда, вай дар ҳаёт татбиқ намудани мақсадҳои худро давом медиҳад. Ташкилотҳои муосири масеҳӣ ҳакиқатҳои номаъруфи дар Навиштаҷоти Муқаддас ин қадар равшан баёншударо гӯш кардан намехоҳанд, ва дар мубориза ба муқобили ин ҳақиқатҳо тафсирҳои гуногунро бофта мебароранд, дар натиҷа тухми шаккокия ва беимонӣ мекоранд. Таълимоти бардурӯги папаро дархусуси фанонопазирии табиии ҷон ва ҳолати бошууронаи одам баъди марг қабул намуда, бо ин худро аз ягона ҳимоя ба муқобили васвасаҳои спиритизм маҳрум намудаанд. Таълимот дар бораи азобҳои ҷовидона ба он оварда расонд, ки бисёриҳо ба Китоби Муқаддас бовар карданро бас карданд. Азбаски Навиштаҷот ба одамон талаботҳои аҳкоми чорумро ошкор месозад ва онҳо ба дарк намудани зарурияти риоя кардани он шурӯъ мекунанд, пас барои он ки онҳоро аз ин аҳкоми барояшон нофорам озод созанд, устодони машҳур изҳор медоранд, ки Шариати Худо умуман лозим нест. Бо ҳамин роҳ онҳо дар як вақт ҳам Шариат ва ҳам рӯзи шанберо рад мекунанд. Ба андозаи васеыпавии ҳаракат барои тағйир додани рӯзи шанбе, радсозии Шариат бо мақсади роҳ надодан ба иҷрои аҳкоми чорум амалан умумӣ мешавад. Пандҳои устодони дин роҳи худоношиносӣ, спиритизм ва муносибати нафратомезро ба Шариати муқаддаси Худо кушоданд, ва масъулияти мудҳиш барои он бадкирдорие, ки дар чаҳони масеҳӣ вучуд дорад, бар дӯши ин одамон аст.MБУБ 626.2

    Вале хусусан ҳамин одамон тасдиқ мекунанд, ки сабаби ин қадар босуръат паҳншавии расвоӣ маҳз аз он иборат аст, ки шанбеи бо ном масеҳӣ палид гардонда шудааст ва риояи ҳатмии рӯзи якшанбе метавонист аз бисёр ҷиҳат муҳити ахлоқиро дар ҷамъият беҳтар созад. Ин талабот бо суботкории махсус дар Америка шунида мешавад, ки он ҷо дар бораи рӯзи шанбе назар ба дигар мамлакатҳо бештар мавъиза гуфта шуда буд. Дар Америка даъват ба парҳезкорӣ — яке аз муҳимтарин нишондодҳои дигаргуншавии маънавӣ — зуд-зуд бо ҳаракат барои риоякунии рӯзи якшанбе, ки ҳомиёни он худро муборизони манфиати олии ҷамъият мепиндоранд, печ дар печ мешавад; ҳамаи нафаронеро, ки бо онҳо ҳамроҳ шудан намехоҳанд, душманони парҳезгорӣ ва ислоҳот меноманд. Вале худи он далел, ки ҳаракатҳои ба устуворгардонии гумроҳӣ равонашуда бо амали моҳиятан судманд даст мезананд, ҳанӯз далеле ба манфиати гумроҳӣ нест. Заҳрро ба ғизо омехта карда, мо метавонем онро нонамоён гардонем, вале ин амал хусусиятҳои марговари онро нест намекунад. Баръакс, вай боз ҳам хавфноктар мегардад, зеро ки ғизои дар намуд хушсифат ҳеҷ гуна гумонро ба миён намеорад. Яке аз найрангҳои маккоронаи шайтон аз он иборат аст, ки дурӯғро оо ҳақиқат маҳз дар чунин таносубе омехта намояд, ки онро ба ҳақиқат монанд кунад. Ҷонибдорони риоя намудани рӯзи якшанбе метавонанд ба ҳимояи принсипҳои ба Китоби Муқаддас комилан мувофиқ ва ислоҳотҳое, ки халқ ба онҳо эҳтиёҷ дорад, баромад кунанд, вале азбаски дар баробари ин талаботҳои ба Шариати Худо мухолифатдошта пешниҳод карда мешаванд, бандагони Худо бо онҳо муттаҳид шуда наметавонанд. Нафаронеро, ки аҳкомҳои Худоро бо фароизҳои инсонӣ иваз мекунанд, ҳеҷ чиз сафед карда наметавонад.MБУБ 627.1

    Ду гумроҳии бузург - фанонопазирии ҷон ва муқаддасии рӯзи якшанбе — одамонро ба ихтиёри шайтон медиҳанд. Дар он вақте ки якумин барои спиритизм таҳкурсӣ мегузорад, дуюмин протестантҳоро бо Рум наздик мекунад. Протестантҳои Иёлоти Муттаҳида аввалин шуда аз болои партгоҳ ба спиритизм даст дароз мекунанд; баъд онҳо аз болои варта қадам мегузоранд, то ки дасти ҳокимияти Румро фишуранд; ва дар зери таъсири ин иттиҳоди сегона кишвари мо дар поймолсозии озодии виҷдон бо роҳи Рум меравад.MБУБ 628.1

    Азбаски спиритизми муосир ба масеҳияти зоҳирӣ зиёдтару амиқтар тақлид карданро омӯхтааст, ин ба васвасаҳои вай кувваи боз ҳам бештар мебахшад. Худи шайтон ба тартибҳо ва урфу одатҳои муосир мувофиқ мешавад: вай намуди фариштаи нурро мегирад. Ба воситаи спиритизм мӯъҷизаҳо, шифоёбии беморон ба ҷо оварда мешаванд, инчунин бисёр ҳодисаҳои дигари баҳснопазири фавқуттабиӣ ба амал меоянд. Ва азбаски рӯҳҳо дар бораи имони худ ба Китоби Муқадцас изҳор мекунанд ва дар бораи эҳтироми худ нисбати донишгоҳҳои калисо таъкид месозанд, аъмоли онҳо чун зоҳиршавии қудрати Илоҳӣ қабул карда хоҳад шуд.MБУБ 629.1

    Ҳаде, ки нафарони бо ном масеҳӣ ва худоношиносонро ҷудо мекунад, бо душворӣ ба назар мерасад. Аъзоёни Калисо чизеро дӯст медоранд, ки ҷахон онро дӯст медорад, ва барои бо он ҳамроҳ шудан ҳамеша омодаанд, ва шайтон қарор медиҳад онҳоро бо ҳам якҷоя кунад, то ки бо ин роҳ кори худро устувор гардонад ва ҳамаро ба спиритизм ҷалб намояд. Католикҳое, ки ба мӯъҷизаҳо чун ба нишонаҳои Калисои ҳақиқӣ такя мекунанд, аз ҷониби ин қувваи мӯъҷизаофар ба гумроҳӣ андохта мешаванд; протестантхо низ, сипари ҳақиқатро дур андохта, фиреб карда хоҳанд шуд. Католикҳо, протестантҳо, одамони бедин - хама намуди парҳезгориро қабул мекунанд ва аз қудрати он даст мекашанд, ва дар баробари ин ба ин иттиҳод чун ба ҳаракати бузурге нигох мекунанд, ки барои имоноварии тамоми ҷаҳон бояд хизмат кунад ва ҷаҳонро ба подшоҳии ҳазорсолае, ки дер боз мунтазираш ҳастанд, ворид созад.MБУБ 629.2

    Шайтон ба воситаи спиритизм худро хайрхоҳи насли башарият нишон дода, бемориҳоро шифо мебахшад ва гӯё ба ҷаҳон системаи наву олитари имонро пешниҳод мекунад, вале дар баробари ин чун харобкор амал мекунад. Васвасаҳои вай ҳазорон одамонро ба марг оварда мерасонанд. Бепарҳезӣ одамонро аз ақли солим маҳрум месозад, ки боиси бадкорӣ, хунрезӣ ва дигар даҳшатҳо мегардад. Шайтон ҳаловати махсусро дар ҷанг пайдо мекунад, зеро ки ҷанг дар қалби инсон шавқу рағбатҳои пасттаринро бармеангезад, ва баъд қурбониҳои бо фисқу фучур палидгардида ва бо хун доғдоршудаи худро ба абадият мебарад. Мақсади вай аз он иборат аст, ки халқҳоро ба муқобили ҳамдигар ҷанг андозад, зеро ки бо ин роҳ вай метавонад шуури одамонро аз омодагӣ ба бозгашти Масеҳ ба дигар чиз ҷалб намояд.MБУБ 629.3

    Барои он ки ҳосили ҷонҳои ҳалокшавандаро ҷамъ оварад, шайтон ба воситаи ҳодисаҳои табиат амал мекунад. Вай асрори табиатро омӯхтааст ва тамоми нерӯро ба кор мебарад, то ки ҳодисаҳои онро, ба он андозае, ки Худованд ба ин роҳ медиҳад, аз худ кунад. Вақте ки ба вай иҷозати азоб додани Айюб дода шуда буд, бо кадом зудии ғайриодцӣ рамаҳо, хонаҳо, хизматгорон ва фарзандон нест шуданд - як мусибат аз паси дигараш меомад! Фақат Худо офаридаҳои Худро нигоҳдорӣ мекунад ва аз ҳалоккунанда ҳифз менамояд. Вале ҷаҳони масеҳӣ Шариати Воҷибулвуҷудро бо нафрат рад кард, ва Худованд он чи зеро ба амал хоҳад овард, ки оиди он қаблан огоҳ карда буд: Ӯ заминро аз баракати Худ маҳрум месозад ва ҳимоя намудани нафаронеро, ки ба муқобили Шариат ва таълимоти Ӯ бархостаанд ва дигаронро ба ин амал тела медиҳанд, бас мекунад. Ҳамаи нафароне ки Худо онҳоро ба таври махсус ҳимоя намекунад, дар ихтиёри шайтон қарор доранд. Шайтон ба баъзеҳо беҳбудӣ дода ба пешрафти онҳо ба манфиати худ мусоидат мекунад, ба дигарон бошад мусибат ва ғаму андӯҳи зиёд расонда, талқин менамояд, ки сабабгори ҳамаи азобҳои онҳо Худованд аст.MБУБ 630.1

    Худро ба одамон чун табиби бузург, ки мехоҳад ва метавонад ҳамаи бемориҳои онҳоро шифо бахшад, нишон дода, вай беморӣ ва мусибат меорад, ва шахрҳои серодам ба харобаҳои холӣ табдил меёбанд. Вай алҳол низ ба ин кор машғул аст. Фалокатҳо, мусибатҳо дар об ва хушкӣ, сӯхторҳои мудҳиши харобиовар, тӯфонҳои сахт, бӯронҳои даҳшатовар бо жола ва шамоли тезу тунд, обхезиҳо, тундбодҳо, заминларза ва мавҷҳои бузурги «сунами» - дар ҷойҳо ва намудҳои гуногун шайтон қувваи худро нишон медиҳад. Вай ҳосилро нест мекунад, аз паси он гуруснагӣ ва мусибатҳо меоянд. Вай ҳаворо бо маразҳои марговар заҳролуд мекунад, ва ҳазорон одамон аз эпидемия ба ҳалокат мерасанд. Чунин мусибатҳои ҳалокатовар торафт бештар такрорёбанда ва харобиовартар мегарданд. Марг ҳам ҳайвонот ва ҳам одамонро ба доми худ мекашад. «Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дунё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд. Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун бармадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд» (Ишаъё 24: 4, 5).MБУБ 630.2

    Баъд фиребгари бузург кӯшиш мекунад одамонро бовар кунонад, ки маҳз нафароне, ки ба Худо хизмат мекунанд, сабабгори ин мусибатҳо гардидаанд. Гунаҳкороне ки Худовандро ба ғазаб овардаанд, дар ҳамаи бадбахтиҳои худ онҳоеро айбдор мекунанд, ки бо муносибати содиқонаи худ ба аҳкомхои Худо барои вайронкунандагони ин аҳкомҳо ҳамеша сарзаниш буданд. Эълон карда мешавад, ки одамони нисбати рӯзи якшанбе беэҳтиромӣ зоҳиркунанда Худоро таҳқир мекунанд; ки ин гуноҳ боиси мусибатҳое гардидааст, ки то замоне, ки ҷашнгирии рӯзи якшанберо дар ҳама ҷо ҷорӣ накунанд, катъ намегарданд; ва риоякунандагони аҳкоми чорум бо ин амал дар вуҷуди одамон муносибати боэҳтиромонаро нисбати рӯзи якшанбе нест намуда ва халқро ба шӯр оварда онро аз баракатҳои Худо маҳрум месозанд. Ҳамин тавр айбдоркуние такрор меёбад, ки дар замони худ ба муқобили бандаи Худо пешниҳод гардида буд: «Ҳангоме ки Аҳъоб Илёсро дид, Аҳъоб ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳастӣ, ки Исроилро ба изтироб андохатӣ?» Ва Илёс гуфт: “Исроилро ман ба изтироб наандохтаам, балки ту ва хонадони падарат, чунки шумо аҳкоми Худовандро тарк кардед, ва ту Баалҳоро пайравӣ намудӣ»» (3 Подшохон 18: 17,18). Ва вакте ки ғазаби халки бо ин айбномаҳои бардурӯг ба шӯр омада ба ҳадди худ мерасад, он гоҳ ин халқ бо фиристодагони Худо чунон рафтор мекунад, ки Исроили маслакфурӯш бо Илёс муносибат кард.MБУБ 631.1

    Қувваи мӯъҷизаофари ба воситаи спиритизм зоҳиргардида ба муқобили нафароне равона карда мешавад, ки аз инсон дида бештар ба Худо итоат карданро қарор додаанд. Рӯҳҳои бад тасдиқ хоҳанд кард, ки онҳо аз ҷониби Худо фиристода шудаанд, то ки радкунандагони рӯзи якшанберо ба гумрохиашон, ва ба он ки ба қонунҳои мамлакат чун ба Шариати Худо итоат кардан лозим аст, бовар кунонанд. Онҳо аз гунаҳкории дунё андӯҳгин мешаванд ва дар баробари ин устодони динро, ки вайронкунии рӯзи якшанберо сабабгори чунин таназзули ахлоқ мешуморанд, дастгирӣ мекунанд. Чӣ гуна бузург хоҳад буд хашму ғазаб ба мукобили нафароне, ки аз қабул кардани чунин шаҳодатҳо даст мекашанд.MБУБ 631.2

    Шайтон дар ин мубориза ба муқобили кавми Худо чун дар ибтидои исён дар осмон баромад хоҳад кард. Дар аввал вай изҳор намуда буд, ки фақат кӯшиши устувор намудани ҳукмронии Илоҳиро мекунад, дар зимни он пинҳонӣ тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меовард, то ки онро сарнагун созад. Дар баробари ин вай фариштагони содиқро дар он чизе айбдор мекард, ки худ сӯи он ҷидду чахд мекард. Чунин ҳилаву найрангҳо ба таърихи Калисои румӣ низ хос мебошанд. Ин Калисо худро ноиби Осмон эълон кард ва дар баробари ин кӯшиши аз Худо боло баромадан ва тағйир додани Шариати Ӯро мекард. Дар замони ҳукмронии Рум нафароне ки барои садокат ба Инчил бо марги пуразоб ҷон супурдаанд, бидъаткорон ва ҷинояткорон эълон шуда буданд; онҳоро дар алоқа доштан бо шайтон гунаҳкор мекарданд; воситаҳои гуногун ба кор бурда шуда буданд, то ки онҳоро доғи нанг зананд ва дар назди мардум ва ҳатто дар назди худи онҳо бадкирдорони ашаддитарин нишон диҳанд. Дар замони мо низ ҳамчунин хоҳад буд. Шайтон кӯшиши нест намудани эҳтиромкунандагони Шариати Худоро карда, пинҳонӣ тарзе ҳилаву найранг мекунад, ки ин одамонро чун вайронкунандагони қонун. чун одамони Худоро бадномкунанда ва ҷаҳонро ба довариҳо гирифторкунанда маҳкум созанд.MБУБ 632.1

    Худо ҳеҷ гоҳ ирода ва виҷдони инсонро маҷбур намесозад; шайтон бошад, баръакс, мунтазам зӯроварӣ ва бераҳмиро ба кор мебарад, то нафаронеро дар ихтиёри худ мутеъ созад, ки онҳоро бо дигар роҳ ба васваса андохта наметавонад. Tape ва қувваро истифода бурда, вай кӯшиши мутеъ гардондани виҷдо- ни одам ва бо ин роҳ ба даст овардани эҳтиром ва саҷдаро мекунад. Барои ин вай ба воситаи ҳокимиятҳои динӣ ва давлатӣ амал намуда, онҳоро ба баровардани қонунҳои ба Шариати Худо мухолифатдошта водор месозад.MБУБ 632.2

    Риоякунандагони шанбеи Китоби Муқаддас душманони қонун ва тартибот, вайронкунандагони ахлоқи ҷамъиятӣ, пахнкунандагони беҳокимиятӣ ва таназзул эълон карда мешаванд. Ба онҳо чун ба сабаби асосии довариҳои Худо дар замин нигоҳ мекунанд. Поквичдонӣ ва садоқати онҳо саркашӣ ва беитоатӣ ба ҳокимиятҳо номида хоҳанд шуд. Онхоро дар норозигӣ аз ҳукумат айбдор мекунанд. Рӯхониёни калисо, ки воҷибияти иҷрои шариати Илоҳиро инкор мекунанд, аз минбар дар бораи қарзи итоаткории ҳар як инсон ба ҳокимиятҳои шаҳрвандӣ чун ба қонуни Илоҳӣ сухан мегӯянд. Дар маҷлисҳои қонунбарор ва судҳо риоякунандагони аҳкомҳо гирифтори тӯҳмат гардида, маҳкум карда мешаванд. Суханони онхоро таҳриф мекунанд, тамоми майлу ниятҳо ва кирдорхояшонро ба таври бадтарин шарҳ медиханд.MБУБ 633.1

    Азбаски калисоҳои протестантӣ далелҳои равшани Китоби Мукаддасро, ки ба манфиати Шариати Худо шаҳодат медиҳанд, инкор мекунанд, пас онҳо кӯшиш мекунанд нафаронеро ба хомӯш мондан маҷбур созанд, ки имонашонро бо Каломи Муқаддас рад карда натавонистанд. Гарчанде онҳо инро эътироф кардан намехоҳанд, бо вуҷуди ин ба таъқиботи нафароне шурӯъ мекунанд, ки бо амри виҷдон намехоҳанд аз паси ҷахони боқимондаи масеҳӣ муқаддасии шанбеи папаро эътироф кунанд.MБУБ 633.2

    Роҳбарони Калисо ва давлат муттаҳид мешаванд, то ки бо ришва додан, боваркунониҳо ва кувва тамоми табақаҳоро ба қадр намудани рӯзи якшанбе маҷбур созанд. Норасоии нуфузи Илоҳӣ бо чорахои зӯроварӣ пур карда мешавад. Виҷдонфурӯшии сиёсатмадорон мухаббат ба адолат ва эхтиром ба ҳақиқатро барбод медиҳад; ва ҳатто дар Америкаи озод ҳукуматдорон ва қонунбаророн. барои ба даст овардани хусни таваҷҷӯҳи ҷамъият, ба халқ гузашт мекунанд ва риояи ҳатмии рӯзи якшанберо ҷорӣ менамоянд. Озодии вичдон, ки бо хуни ин қадар одамон ба даст омадааст, поймол карда мешавад. Дар ин муборизаи наздикшаванда мо иҷрои суханони пайғамбарро хоҳем дид: «Ва аждаҳо ба зан дарғазаб шуда, рафт, то бо бокии насли вай, ки ахкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд, ҷанг кунад» (Ваҳй 12:17).MБУБ 633.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents