Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 10. - МУВАФФАҚИЯТИ ИСЛОҲОТ

    Ғайбзании пурасрори Лютер тамоми Германияро ба изтироб овард. Дар ҳама ҷо дар бораи ӯ мепурсиданд. Овозаҳои гуногун паҳн мешуданд ва бисёриҳо боварӣ доштанд, ки ӯ кушта шудааст. На танҳо дӯстони ӯ, балки ҳазорон нафарони дигаре, ки ҳанӯз ҷуръати ошкоро ҷонибдорӣ намудани Ислоҳотро намекарданд, аз ин ҳодиса ғамгин буданд. Бисёриҳо сидқан қасам мехӯрданд, ки барои марги ӯ қасос мегиранд.MБУБ 189.1

    Шахсиятҳои олимансаби ҳокимияти папа бо даҳшат дарк карданд, ки халқ аз онҳо нафрат дорад. Гарчанде ки дар ибтидо онҳо аз марги Лютер андеша карда хурсанд мешуданд, лекин дере нагузашта, онҳо танҳо як хоҳиш доштанд - аз ғазаби халқ пинҳон шудан. Душманони Лютер назар ба рафторҳои далерона ва қатъии ӯ, ки дар озодӣ иҷро мекард, бештар аз амалҳои махфии ӯ хавф доштанд. Нафароне, ки дар ғазаби худ марги ин ислоҳотчии ҷасурро меҷустанд, акнун аз ӯ, аз асири нотавон ба ҳарос меомаданд. «Ягона воситаи наҷот ёфтан, - гуфта буд нафаре аз онҳо, - бо оташ дар даст Лютерро дар тамоми ҷаҳон ҷустуҷӯ намуда ба халқ баргардондан аст»133Д’Обинйе, китоби 9, боби 1.. Фармони император ҳеҷ эътибор надошт. Вақте намояндагони папа диданд, ки такдири Лютер назар ба ин амр халқро бештар ба ташвиш меорад, сахт ба ғазаб омаданд.MБУБ 189.2

    Хабарҳои хуш дар бораи он ки ӯ дар қалъаи дастнорасе дар бехатарӣ қарор дораду зинда аст, на танҳо халқро ором гардонд, балки ҳусни таваҷҷӯҳи зиёдеро нисбати ӯ ба миён овард. Акнун асарҳои ӯро назар ба пеш бо ҷидду ҷахди зиёдтар мехонданд. Оҳиста-оҳиста шумораи одамони ҷонибдори ин марди қаҳрамоне, ки бо чунин далери Каломи Худоро ҳимоя мекард, зиёд мешуд. Ислоҳот ҳарчи бештар вусъати зиёд пайдо мекард. Ҳозир набудани ӯ ба амалӣ намудани корҳое имкон дод, ки ҳангоми ҳузур доштанаш иҷроишашон номумкин буд. Вақте ки пешвои барҷаста ғайб зад, одамони дигар масъули- ятро дарк карданд. Бо имони тоза ва фидокории пурра онҳо ба пеш баромада тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меоварданд, то ки оғози пуршараф минбаъд низ бемамониат вусъат ёбад.MБУБ 189.3

    Аммо шайтон низ бекор намеистод. Акнун вай кӯшиш амалӣ намудани он чиро мекард, ки ҳамеша ҳангоми дилхоҳ бедоршавиҳои маънавй ё ҳаракатҳои ислоҳотгароӣ иҷро мекард, яъне ҳақиқатро ба дурӯғ иваз намуда, одамонро фиреб медод ва ба ҳалокат мерасонд. Ба монанди он ки дар садсолаи якум дар Калисои масеҳӣ масеҳони дурӯғӯӣ пайдо шуда буданд, акнун дар асри XVI низ чунин пайғамбартарошон пайдо шуданд.MБУБ 190.1

    Якчанд нафар аз рӯҳбаландии динӣ дар дунёи масеҳӣ дилгарм гардида, хаёл карданд, ки ба онҳо вахйҳои махсуси Осмонӣ дода шудаанд, ва эълон намуданд, ки Худованд ба онҳо анҷом додани кори Ислоҳотро, ки Лютер оғоз карда буд, амр кардааст. Дар асл онҳо ҳамаи корҳои огознамудаи Лютерро несту нобуд мекарданд. Онҳо яке аз принсипҳои асосии Ислоҳотро, ки Каломи Худоро ягона меъёри имон ва зиндагӣ мешуморид, рад карданд. Ба ҷои ин роҳбалади бехато онҳо ба меъёри тағйирёбандаю беэътимод — ба эҳсосотҳо ва таассуротҳои худ рӯ оварданд. Меъёри бузурги имон ва гумроҳиро як тараф гузошта, онҳо ба шайтон имкони идораи равиши фикрҳои худро доданд.MБУБ 190.2

    Яке аз ин пайғамбарон бо исрор баён мекард, ки ӯро фариигга Ҷабраил роҳбарӣ мекунад. Ба ӯ донишҷӯе ҳамроҳ шуд, ки аз донишомӯзӣ даст кашида изҳор менамуд, ки Худованд ба ӯ хиради заруриро барои тафсири Каломи Худ ато кардааст. Ба онҳо дар навбати худ одамони дигаре ҳамроҳ шуданд, ки ба таассуб майли таббиӣ доштанд. Фаъолияти ин одамони ғайратманд ғавғои зиёдеро ба миён овард. Мавъизаҳои Лютер ба одамон дар дарк намудани зарурияти ислоҳот ёрӣ расонданд, акнун бошад баъзе аз ин одамони самимӣ аз ҷониби ин пайғамбартарошон ба гумроҳӣ андохта шуданд.MБУБ 190.3

    Роҳбарони ҳаракати нав ба Виттенберг ба назди Меланхтон ва ҳамкорони ӯ сафар намуда, ҳуқуқҳои худро баён карданд. Онҳо чунин мегуфтанд: «Мо аз ҷониби Худованд барои панд додани мардум фиристода шудаем. Мо бо У муносибати наздиктарин дорем. Оянда ба мо маълум аст, кӯтоҳи гan ҳамин, ки мо пайғамбарон ва ҳаввориёне ҳастем, ки ба доктор Лютер муроҷиат дорем»134Ҳамон ҷо, боби 7..MБУБ 190.4

    Ҳамаи ин ислоҳотчиёнро ба изтироб ва ҳайронӣ овард. To кунун онҳо ҳанӯз бо чизе ба ин монанд вонахӯрда буданд ва чӣ кор карданро намедонистанд. Меланхтон гуфт: «Ин одамон дар ҳақиқат дар зери кудрати рӯҳҳои ғайриоддӣ қарор доранд, лекин инҳо чӣ гуна рӯҳанд?.. Аз як тараф, эҳтиёт бояд кард, то ки Рӯҳи Худовандро дур насозем, аз ҷониби дигар - ҳушёр будан лозим аст, то ки рӯҳи шайтон моро фиреб надиҳад»135Ҳамон ҷо..MБУБ 191.1

    Дере нагузашта меваҳои ин таълимот пухта расиданд. Одамон ба Китоби Муқаддас беҳурматй нишон доданд ва дере нагузашта онро пурра аз худ дур карданд. Дар муассисаҳои таълимӣ бетартибиҳо оғоз ёфтанд. Донишҷӯён аз худ ҳамаи маҳдудиятҳоро дур намуда аз донишомӯзи даст кашиданду донишгоҳҳоро тарк карданд. Одамоне ки худро барои кори Ислоҳот масъул мешумориданд, қариб буд, ки онро ба шикасти пурра оварда расонанд. Ҷонибдорони Рум бо тантана нидо мекарданд: «Боз як кӯшиши охирин - ва ҳамааш аз нав ба дасти мо бармегардад»136Ҳамон ҷо..MБУБ 191.2

    Вақте ки овозаҳо дар ин хусус ба Вартбург расиданд, Лютер бо андӯҳи зиёд чунин гуфт: «Ман ҳамеша интизор будам, ки шайтон ба мо чунин бадбахтй мефиристад»137Ҳамон ҷо.. Ӯ моҳияти аслии ин пайғамбартарошон ва он хатареро, ки ба кори ҳақиқат таҳдид мекард, равшан медид. Ҳамлаҳои папа ва император ӯро ба чунин изтироб ва ноумедӣ гирифтор намекарданд, чун ин бадбахтӣ. Дӯстони қалбакии Ислоҳот ба душманони ашаддии он табдил ёфтанд. Худи ҳамон ҳақиқатҳое ки ба қалби азиятдидаи ӯ хурсанди ва оромии зиёд оварда буданд, акнун сабаби ҷанҷолҳо ва бетартибиҳо дар Калисо гаштанд.MБУБ 191.3

    Дар амалисозии ислоҳотҳо Лютерро Рӯҳи Худо роҳбарӣ мекард ва дар зери роҳбарии Он, ӯ назар ба он ки инсон умуман иҷро карда метавонист, кори бештареро ба ҷо овард. Ӯ мақсади бо чунин қатъият, чуноне ки дар ҳақиқат рӯй дод, амал карданро надошт; ба ҷо овардани чунин тағйиротҳои қатъӣ оа мақсадҳои ӯ рост намеомад. Ӯ танҳо аслиҳае буд дар дасти Қудрати Беинтиҳо. Аз натичаҳои кори худ андеша карда, ӯ ба ларза меомад ва боре қайд карда буд: «Ман аниқтараш ба даҳ маротиба мурдан рози мешудам, назар ба он ки хабар мегирифтам, ки таълимоти ман ба як нафаре ҳам, бигзор ҳатто ба оддитарин ва бесаводтарин шахс зарар расонда бошад. Лекин, албаттаро ин номумкин аст, зеро ки таълимоти ман аслу моҳияти худи Инҷил аст»138Ҳамон ҷо..MБУБ 191.4

    Виттенберг, маркази Ислоҳот, яке аз аввалин шаҳрҳое буд, ки ба доми таассуб ва бадкирдориҳо афтод. Дар ин ваъзияти ғамангез таълимоти Лютер ҳеч гуноҳ надошт, лекин душманони он дар тамоми Германия маҳз ҳаминро тасдиқ мекарданд. Бо андӯҳи қалб ӯ гоҳо аз худ суол мекард: «Наход, ки кори Ислоҳот бо чунин бадномӣ анҷом меёбад?» 139Ҳамон ҷо.. Ва аз нав баъди дуогӯиҳо бо Худо қалбаш ором мегирифт. «Ин кори ман не, балки кори Туст, Худовандо - дуо мегуфт ӯ, - Ту намегузорӣ, то ки онро бидъат ва таассуб бадном кунанд». Лекин у дар ин вазъияти хатарнок аз майдони мубориза дур монда наметавонист ва ба таври қатъӣ қарор дод, ки ба Виттенберг баргардад.MБУБ 192.1

    Лютер зуд ба ин сафари хатарнок раҳсипор гашт. Дар ҳудуди империя ҳузур доштани у ғайриқонунӣ дониста мешуд. Душманонаш мисли пешина ҳуқуқи куштани ӯро доштанд; ба дӯстонаш расондани ёрӣ ва ҳатто меҳмондории ӯ манъ шуда буд. Хркимияти император ба муқобили пайравони ӯ чораҳои қатъӣ андешида буд. Вале ӯ медид, ки ба кори Инҷил хатар таҳдид мекунад ва ба номи Худованд ҷасурона ба пеш қадам ниҳод, то ки барои ҳақиқат мубориза барад.MБУБ 192.2

    Дар мактуби худ ба ҳоким сабабҳоеро, ки ӯро ба тарк намудани Вартбург водор карда буданд, баён намуда, Лютер навишта буд: «Ба Шумо ҷаноби ҳоким маълум бод, ки ман ба Виттенберг бармегардам: ман ба он ҷо дар зери ҳимояи дилпуртаре назар ба ҳимояи Шумо меравам. Ман дар бораи он ан- деша намекунам, ки аз шумо, ҷаноби олӣ пуштибонӣ ва ҳимояро талаб кунам, лекин фикр мекунам, ки ман метавонистам Шуморо хубтар ҳимоя кунам, назар ба он ки Шумо маро ҳимоя карда метавонед. Бешубҳа, агар ман медонистам, ки Шумо, ҷаноби олӣ мақсади ҳимоя кардани маро доред, он гоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ба Виттенберг намерафтам. Ин корро набояд бо шамшер пеш бурд; Худо бояд ҳамаро бе ёрӣ ва розигии одамон амалӣ созад. Бинобар ин шахсе ки аз ҳама бештар бовар мекунад, ӯ аз ҳама хубтар ҳимоя карда мешавад»140Д’Обинйе, китоби 9, боби 8...MБУБ 192.3

    Дар мактуби дуюми дар роҳ ба Виттенберг навишта шуда, Лютер илова намуд: «Ман тайёрам ба норизогии Шумо ҷаноби олӣ ва ғазаби тамоми ҷаҳон гирифтор шавам. Магар сокинони Виттенберг қавми ман нестанд? Магар Худованд онҳоро ба ман бовар накардааст? Ва магар ман вазифадор нестам, ки агар зарур бошад, аз барои онҳо ҷон супорам? Ғайр аз ин, ман аз он сахт тарс дорам, ки дар Германия норизоши умумихалқӣ ба миён наояд, ки бо ин талотумҳо Худованд метавонад халқи моро ҷазо диҳад»141Ҳамон ҷо, боби 7..MБУБ 193.1

    Лютер бо эҳтиёткорӣ ва хоксории бузург ва дар баробари ин далерона ва ҷиддӣ ба кори худ шурӯъ намуд. «Бо сухан, - гуфт ӯ, - мо бояд ҳамаи он чиро, ки бо ҷабру зулм ҷорӣ карда шудааст, вайрон ва несту нобуд созем. Ман мақсад надорам, ки бидъат ва беэътиқодиро бо зӯри қувва нест кунам... Ҳеҷ касро маҷбур кардан лозим нест. Озодй - ин моҳияту асли имон аст»142Ҳамон ҷо, боби 8..MБУБ 193.2

    Ба зудӣ овоза дар бораи ба Виттенберг омадани Лютер ва дар бораи мавъиза намудани ӯ паҳн гадид. Халқ аз тамоми канорқои шаҳр ҷамъ меомад ва дере нагузашта калисо аз шунавандагон пур шуд. Лютер ба минбар баромада бо хирадмандии ғайриоддӣ ва хоксорӣ таълиму панд медод ва хатоҳоро ошкор мекард. Онҳоеро, ки кӯшиши бо зӯри қувва манъ намудани мессаро мекарданд, ном гирифта, ӯ чунин гуфт: «Mecca - маросими нолозиме аст, ки бар мухолифи хости Худованд ба ҷо оварда мешавад ва бояд манъ карда шавад. Ман мехостам, ки дар тамоми ҷаҳон ба ҷои он Шоми Худованд, ки онро Инҷил муқаррар намудааст, ба ҷо оварда шавад. Вале мо набояд нафареро ба иҷрои он маҷбур созем. Ҳама чиз дар дасти Худованд аст ва бояд Каломи Ӯ амал кунад, на мо. Барои чӣ? — мепурсед шумо. Барои он ки ман дар дастҳои худ қалбҳои одамонро нигоҳ намедорам, чӣ тавре ки кулолгар гилро нигоҳ медорад. Мо ҳаққи сухан гуфтан дорем, лекин ҳуқуқи амал кардан надорем. Мо бояд мавъиза кунем ва ҳамаашро ба дасти Худованд супорем. Агар ман қувваро истифода барам, ин ба чӣ оварда мерасонад? Танҳо ба сохтакорӣ, тақлидкорӣ, зоҳирпарастӣ, дурӯягӣ ва пайдошавии фармонҳои гуногун... Лекин дар ҳамаи ин самимияти қалбӣ, имон ва муҳаобат нахоҳад буд. Дар он ҷое ки ин се некукорӣ вуҷуд надоранд, дар он ҷо ҳеҷ чиз нест ва ман барои чунин натиҷаи кор як пули сиёҳ ҳам намедодам... Худованд бо Каломи Худ назар ба шумо ва ман ва тамоми аҳли ҷаҳон кори бештареро иҷро мекунад. Худо қалбҳоро ба даст меорад, ва вақте ки қалб ба даст омад, он замон ҳама чиз ба даст омадааст...»MБУБ 193.3

    «Ман мавъиза ва мунозира мекунам, менависам, лекин ҳеҷ касро маҷбур намекунам. зеро ки имон метавонад танҳо ихтиёрӣ бошад. Аз рафторҳои ман андеша кунед. Ман ба муқобили папа, индулгенсия (хати кафортаи гуноҳ, ки папа барои хизматҳои калон дар роҳд калисо ё худ бештар ба бадали пул медиҳад), ва пайравони папа баромад карда будам, лекин ҳеҷ гоҳ ба зӯроварӣ даъват накардаам ва халқро ба игво наандохтаам. Ман танҳо Каломи Худоро мавъиза кардаам; мавъиза мекардам ва менавиштам — тамом. Ва ҳатто вақте ки ман хоб будам... мавъизаи ман истеҳкоми ҳокимияти папаро вайрон мекард, ки ҳеҷ император ва ҳокиме ин қудратро надошт. Лекин ба ҳар ҳол ман ҳеҷ коре накардаам. Ҳама кор бо Калом иҷро карда шудааст. Агар ман ба зӯровари ру меовардам, он гоҳ тамоми Германия ғарқи хун мешуд. Ин ба чӣ оварда мерасонд? Ба марги ҷисму ҷон. Бинобар ин ман оромиро нигоҳ медорам, бигзор танҳо Калом дунёро ба даст биёрад»143Д’Обинйе, китоби 9, боби 8..MБУБ 194.1

    Дар давоми як ҳафта Лютер ҳама рӯза ба издиҳоми ташнаи ҳақикдт мавъиза гуфт. Ва Каломи Худованд сеҳру афсуни таассубро шикаст. Қувваи Инҷил гумроҳшудагонро ба роҳи ҳақ баргардонд.MБУБ 194.2

    Лютер ҳеҷ хоҳиши бо мутаассибон вохӯрданро надошт, ки бо амалҳои худ ба кори Ислоҳот чунин зарар расонда буданд. Ӯ хуб медонист, ки ин одамони худсар бо ақлҳои носолим, ки даъвои ваҳйҳои махсуси Осмонро мекарданд, тоқати шунидани эътирози хурдтарин, ва ҳатто фошсозӣ ва маслиҳатҳои хоксоронаро надоранд. Онҳо даъвои ҳокимияти олиро намуда, аз ҳар як нафар эътирофи бечуну чарои ҳуқуқҳои худро талаб мекарданд. Лекин вақте ки онҳо вохӯриро бо Лютер сахт талабгор шуданд, ӯ розӣ шуд ва бо чунин муваффақияте онҳоро фош кард, ки ин номдуздон дар ҳол Виттенбергро тарк карданд.MБУБ 195.1

    To як мудцате ин ҳаракат хомӯш гашт, лекин бо гузашти якчанд сол таассуб бо ҷабру зулми бештар аз нав пайдо шуд ва оқибатҳои боз ҳам даҳшатоварро ба миён овард. Дар бораи роҳбарони ин ҳаракат Лютер чунин навишта буд: «Барои онҳо Китоби Муқаддас - танҳо ҳарфи мурдааст, бинобар ин онҳо: «Рӯҳ! Рӯҳ!», фарёд мезананд. Ман ният надорам ба он ҷое биравам, ки ин рӯҳ онҳоро ба он ҷо равон мекунад. Бигзор Худованди меҳрубон маро аз рафтан ба он калисое ки дар он ҳама муқаддасанд, нигоҳ дорад. Ман мехоҳам бо ҳамаи заифон, беморон ва мискинон бимонам - бо онҳое ки гуноҳҳои худро дарк мекунанд: касоне ки доимо аз таҳти дил ба Худованд муроҷиат намуда, аз Ӯ оромӣ ва мадад мепурсанд»144Ҳамон ҷо, китоби 10, боби 10..MБУБ 195.2

    Яке аз ҷонибдорони фаъоли таассуб Томас Мюнсер, шахси боистеъдоде буд, ки дар сурати бо роҳи рост рафтан, метавонист манфиати зиёде биёрад, вале ӯ принсипҳои асосии дини ҳақро қабул накард. «Ӯ гирифтори рағбати зиёди дигаргунсозии ҷаҳон буд, лекин чй тавре ки ин дар бисёр мавридҳо бо одамони серғайрат рӯй медиҳад, ӯ фаромӯш кард, ки пеш аз ҳама дигаргунсозӣ бояд аз худи ӯ оғоз ёбад»145Ҳамон ҷо, китоби 9, боби 8.. Ӯ кӯшиши дар ҷамъият ишғол намудани мавқеи намоёнро мекард, то ба ҳамзамонони худ таъсир расонад, ва ҳатто хоҳиши баъд аз Лютер дуюмин буданро надошт. Ӯ баён кард, ки ислоҳотчиёни ба эътибору нуфузи Китоби Муқаддас такякунанда бо ин амали худ боз як намуди дигари ҳокимияти папаро ташкил кардан мехоҳанд. Аз рӯи суханонаш Худованд маҳз оа у амалӣ намудани ислоҳоти ҳақиқиро супориш додааст. «Он нафаре ки ин рӯҳро дорост, - мегуфт Мюнцер, — соҳиби имони ҳақиқи аст, ҳатто агар ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти худ Каломи Худовандро надида бошад ҳам»146Ҳамон ҷо, китоби 10, боби 10..MБУБ 195.3

    Ин муаллимон-мутаассибон пурра дар зери ҳукмронии эҳсосотҳо қарор доштанд ва дилхоҳ фикр ва амали қалби худро чун садои Худованд қабул мекарданд, ки ин ба ифротҳои ғайриоддӣ оварда мерасонд. Ҳатто баъзе аз онҳо Китоби Муқаддаси худро сӯзонида, чунин мегуфтанд: « Ҳарф мекушад, Рӯҳ ҷон мебахшад». Таълимоти Мюнцер одамонро барои ҷониби ягон чизи ғайриоддӣ ҷахд кардан водор намуда, мағрурии онҳоро дастгирӣ мекард, — охир ақидахо ва фикрҳои инсонии онҳо аз Каломи Худованд боло меистоданд. Ҳазорҳо одамон таълимоти ӯро пайравӣ карданд. Дере нагузашта ӯ ҳама гуна тартиботҳоро ҳангоми ибодатҳои оммавӣ маҳкум намуда, баён кард, ки ба ҳокимон итоат кардан - маънои кӯшиши ҳам ба Худованд ва ҳам ба шайтон хизмат карданро дорад.MБУБ 196.1

    Одамон, ки акнун аз зери зулми ҳокимияти папа озод мешуданд, бо зулму ситами ҳокимияти давлатӣ ризо шудан намехостанд. Таълимоти инқилобии Мюнцер, ки гӯё аз ҷониби Худованд меомад, ба пайравони ӯ ичозат медод, то худро аз ҳама гуна ҳокимият озод шуморанд ва ба хурофотҳо ва майлу рағбатҳо ихтиёр медод. Ва дере нагузашта меваҳои ин таълимот пухта расиданд: задухӯрдҳо ва исёнҳо оғоз ёфтанд, ва Германия ғарқи хун гашт.MБУБ 196.2

    Лютер натиҷаҳои таассубро, ки ба Ислоҳот нисбат дода мешуданд, дида, бори дигар он азобҳои даҳшатовари руҳиеро аз cap гузаронд, ки замоне дар Эрфурт чашида буд. Намояндагони папа баён мекарданд, ки исён - натиҷаи муқаррарии таълимоти Лютер аст ва бисёриҳо ин фикрро ҷонибдорӣ мекарданд. Гарчанде ки барои ин айбдоркунӣ ягон асосе надоштанд, он ислоҳотчиро ба ноумедӣ гирифтор кард. Лютер қув- вати дидани онро надошт, ки чй тавр ҳақиқатро ба таассуби ғайриҷиддӣ баробар намуда бо ин амал онро бадном мекунанд. Аз ҷониби дигар ташаббускорони исён Лютерро аз он сабаб бад медиданд, ки ӯ на танҳо ошкоро ба муқобили ақидаҳои онҳо мубориза мебурд ва илҳоми илоҳии бардурӯғи онҳоро рад мекард, балки онҳоро исёнгарони зиддидавлатй эълон карда буд. Дар ҷавоб онҳо ӯро дурӯяи беномус номиданд. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ ба сари худ ғазаби ҳокимон ва халқро овардааст.MБУБ 196.3

    Папистҳои шодикунанда интизор буданд, ки Ислоҳот ба зудӣ шикаст мехӯрад. Онҳо Лютерро ҳатто барои он хатогиҳояш сарзаниш мекарданд, ки ӯ самимона кӯшиши ислоҳ намуданашонро мекард. Пайравони ислоҳоти бардурӯғ бо ҳар гуна найрангҳои сохта исбот мекарданд, ки нисбати онҳо хеле беадолатона рафтор карданд, ва - чӣ тавре ки ин дар бисёр мавридҳо бо сохтакорон муяссар мегардад, - ба он муваффак шуданд, ки бисёриҳо ба онхо чун ба азиятдидагон нигоҳ мекарданд. Бо ин роҳ онҳоеро, ки бо тамоми қувва ба муқобили Ислоҳот мубориза мебурданд, қурбониҳои бераҳмиҳо ва азиятҳо шуморида нисбати онҳо ҳамдардӣ ва эҳтиром баён менамуданд. Ин кори шайтон буд, ки ӯро ҳамон рӯҳи хашму газабе роҳбарӣ менамуд, ки бо он дар осмон ба мукобили Худо исён бардошта буд.MБУБ 197.1

    Шайтон доимо ба он машгул аст, то ки одамонро фиреб дода онҳоро мачбур намояд, ки гуноҳро порсой ва порсоиро - гуноҳ номанд. Ба чӣ гуна муваффақияти барҷаста комёб гашт! Бандагони вафодори Худо ба кадом сарзанишҳо ва айбдоркуниҳои сершумор гирифтор мешаванд, танҳо аз барои он ки ҳақиқатро далерона ҳимоя мекунанд. Одамоне ки шарикони шайтонанд, соҳибэҳтироманд: онҳоро таърифу тавсиф мекунанд, хушомад мегӯянд ва ҳатто ба онҳо чун ба азиятдидагон нигоҳ мекунанд, дар ҳоле ки нафарони арзандаеро, ки дар ҳақиқат бояд барои садоқаташон ба Худованд эҳтиром ва дастгирӣ ёбанд, ҳама тарк кардаанд, онҳоро бад мебинанд ва дар ниятҳои пасттарин гумонбар мекунанд.MБУБ 197.2

    Покии бардурӯг, муқадцасии қалбакй ҳанӯз ҳам одамонро ба гумроҳй меандозанд. Ҳама гуна шаклҳоро қабул намуда, онҳо чун дар замонҳои Лютер амал мекунанд ва одамонро аз Китоби Муқадцас дур намуда, маҷбур месозад, ки назар ба итоат ба Шариати Худо, бештар ба ҳиссиётҳои худ гӯш андозанд. Шайтон кӯшиши шарманда намудани покӣ ва ҳақиқатро карда, ҳамеша ҳамин тавр амал мекунад - ва ба муваффакият ноил мегардад.MБУБ 198.1

    Лютер далерона Инҷилро аз ҳамлаҳо аз ҳар ҷониб ҳимоя мекард. Каломи Худованд дар ин ҷо низ худро аслиҳаи пуркудрати зафаровар нишон дод. Лютер бо Калом ба ҳокимияти ғосибонаи папа ва бо фалсафаи расионалистии олимон мубориза мебурд: дар баробари ин ба монанди кӯҳпора устуворона ҳамлаҳои таассубро, ки кӯшиши ба Ислоҳот ҳамроҳ шуданро мекарданд, зада бармегардонд.MБУБ 198.2

    Ҳар яке аз ин қувваҳои муборизабаранда Китоби Муқаддасро ба таври худ рад намуда, хиради инсониро сарчашмаи маънавиёт мешуморид. Расионализм дар назди ақл сачда намуда, онро меъёри ҳақиқат мешуморад. Калисои Рум. ки даъвои илҳоми илоҳӣ доштани папаро мекунаду аз замони ҳаввориён ибтидо мегирад ва дар тӯли асрҳо бетағйир мемонад, имкони дар зери либоси муқаддаси хизматгузории ҳавворй пинҳон намудани дилхоҳ фосиқӣ ва виҷдонфурӯширо медиҳад. Даъвоҳои Мюнцер ва ҷонибдорони ӯ оиди илҳоми илохй доштанашон фақат маҳсули хаёлоте буданд, ки ҳам ба ҳокимияти давлатӣ ва ҳам ба калисо таъсири якзайли марговар расонданд. Масеҳияти ҳақиқӣ Каломи Худоро чун ганҷи бузургтарини ҳақиқати Илоҳӣ ва чун меъёри дилхоҳ ақида қабул мекунад.MБУБ 198.3

    Баъди бозгашт ба Виттенберг Лютер тарчумаи Аҳди Навро ба анҷом расонд ва дере нагузашта халқи Германия имконияти бо забони модарии худ хондани Инҷилро пайдо кард. Ҳамаи нафарони ҳақиқатро дӯст дошта ин тарҷумаи Инҷилро бо шоддии бузург қабул карданд, вале онҳое ки урфу одатҳо ва қонунҳои инсониро риоя мекарданд, бо нафрат онро рад намуданд.MБУБ 198.4

    Рӯҳониён аз он ба изтироб омада буданд. ки халқи оддӣ имкони баробари онҳо дар бораи Каломи Худо андеша ронданро пайдо кард ва акнун ҷоҳилии онҳо ошкор мегардад. Хиради заминии онҳо дар муқобили шамшери Рӯҳ нотавон буд. Рум тамоми қудрати худро ҷамъ оварда, кӯшиш мекард ба паҳншавии Навиштаҷот монеъ шавад, вале ҳамаи фармонҳо, лаънатхониҳо ва азобҳо бефоида буданд. Ҳар қадаре ки Рум Китоби Муқаддасро маҳкум ва манъ мекард, хоҳиши мардум оиди донистани ҳақиқати аслӣ, ҳамон қадар сахттар буд. Ҳамаи одамони босавод кӯшиши бо Каломи Худованд шинос шуданро мекарданд. Инҷилро ба даст гирифта, гаштаю баргашта мехонданд, то вақте ки қисмҳои калони онро аз ёд мекарданд. Бо шавқу завқи зиёд истиқбол намудани Инҷилро дида, Лютер дарҳол ба тарҷумаи Аҳди Қадим шурӯъ кард ва онро бо андозаи иҷроиши кори худ қисм-қисм чоп кардан гирифт.MБУБ 199.1

    Асарҳои Лютер бо шавқу завқи якхела ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот истиқбол гирифта мешуданд. «Он чизе ки Лютер ва дӯстони ӯ менавиштанд, аз ҷониби дигарон паҳн карда мешуданд. Роҳибоне, ки бемаънй будани аҳди роҳибонаи худро фаҳмида баъди зиндагии бефаъолиятона хоҳиши ба кор машғул шуданро пайдо карда буданду аммо барои мавъизаи Каломи Худованд маълумоте надоштанд, китобҳои Лютер ва дӯстони ӯро дар шаҳру деҳаҳо паҳн мекарданд. Дере нагузашта ин китобфурӯшони ҷасур дар тамоми Германия ба паҳн намудани ин асарҳо шурӯъ намуданд»147Ҳамон ҷо, китоби 9, боби 11..MБУБ 199.2

    Ин асарҳо шавқу завқи ҷиддиро дар миёни сарватмандон ва мискинон, донишмандон ва бесаводон ба миён оварданд. Муаллимони мактабҳои деҳотӣ ин асарҳоро барои гурӯҳои начандон зиёди шунавандагони дар гирди оташдон чамъомада бо садои баланд мехонданд. Ҳар дафъа якчанд нафар ба ҳақиқат имон оварда дар навбати худ Хабари Хушро ба дигарон мерасонданд.MБУБ 199.3

    Суханони Китоби Муқаддас иҷро шуданд: «Дарки каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад» (Забур 118: 130). Омӯзиши Китоби Муқаддас дар қалбхо ва ақлҳои одамоне, ки то ин замон дар занҷири асорати ҳокимияти папа банд буданд, дигаргунии ҷиддиро ба миён овард. Имондорон ҳамаи урфу одатҳоро бо тарси хурофӣ дақиқона иҷро мекарданд, вале ақлҳо ва қалбҳои онҳо бе самар мемонданд. Ҳақиқатхои равшани Каломи Худо, ки Лютер дар мавъизаҳои худ дар оораи онҳо сухан мегуфт ва баъд худи Калом, ки ба дасти халқи оддӣ расида буд, нерӯҳои хобрафтаро бедор намуда, табиати маънавии инсонро на танҳо пок ва хушахлоқ мегардонданд, балки ба инкишофи акдонӣ низ мусоидат менамуданд.MБУБ 199.4

    Дар ҳама ҷо одамони табақаҳои гуногунро вохӯрдан мумкин буд, ки бо Китоби Мукаддас дар даст таълимоти Ислоҳотро ҳимоя мекарданд. Пайравони папа, ки дар замони худ омӯзиши Навиштаҷоти Муқадцасро кори рӯҳониён ва роҳибон мешумориданд, акнун бо қатъият онҳоро барои бо радсозии таълимоти нав баромад намудан, даъват мекарданд. Вале рӯҳониёне, ки барояшон Навиштаҷоти Муқаддас ва қувваи Худо комилан номаълум буданд, аз чониби нафароне, ки онҳоро нодонҳо ва бидъаткорон мешумориданд, шикасти ҳалокатовар хӯрданд. «Афсӯс, ки - навишта буд як католик, - Лютер ба пайравони худ, ғайр аз Китоби Муқаддас ба ҳеҷ чизи дигар бовар накарданро талқин кардааст»148Ҳамон ҷо.. Издиҳомхои халк ҷамъ меомаданд, то бишнаванд, ки чӣ тавр одамони каммаълумот дар мунозираҳо бо донишмандон ва илоҳиётшиносони суханпардоз ҳакиқатро ҳимоя мекунанд. Ҷоҳилии шармовари ин одамони бонуфуз махсусан он вақг ошкор мегардид, ки далелҳои онҳо бо ҳақиқатҳои оддии Каломи Худо рӯ ба рӯ мешуданд. Косибон, сарбозон, занон ва ҳатго кӯдакон назар ба рӯҳониён ва олимони илоҳиётшинос ба таълимоти Китоби Муқаддас бештар шинос буданд.MБУБ 200.1

    Фарқ миёни пайравони Инҷил ва пайравони хурофотҳои папа дар миёни олимон на камтар аз миёни халқи оддӣ намоён буд. «Ба ҳимоятгарони солхӯрдаи ҳокимияти папа, ки забонҳо ва адабиётро намедонистанд... чавонони олиҳиммати эътирозкунандае муқобилият нишон медоданд, ки саргарми омӯзиши Китоби Муқадцас гардида, бо шоҳасарҳои қадима шинос мешуданд. Соҳиби ақли зинда, рӯҳи олӣ ва қалби ҷасур буда, ин ҷавонон ба зуди чунин донишҳое пайдо карданд, ки муддати дароз ҳеҷ кас қобилияти бо онҳо мунозира карданро надошт... Вақте ки ҳимоятгарони ҷавони Ислоҳот бо илоҳиётшиносони католик вомехӯрданд, бо чунин сабукӣ ва боварие далелҳои онҳоро рад мекарданд, ки ин ҷоҳилон ноилоҷ монда, худро гум мекарданд ва сазовори нафрати халқ мегаштанд»149Д’Обинйе, китоби 9, боби 11..MБУБ 200.2

    Вақте рӯҳониёни католик диданд, ки калисоҳои онҳо холӣ мешаванд, аз ҳокимияти давлатӣ ёрӣ талаб намуданд ва бо истифода аз тамоми воситаҳои дастрас кӯшиши баргардондани «қавми аз даст рафтаро», карданд. Вале халқ дар таълимоти нав он чизеро пайдо кард, ки талаботҳои маънавии онро қонеъ мегардонд ва аз нафароне рӯй гардонд, ки муддати дароз онҳоро аз пӯчоқҳои бе ғизои урфу одатҳои хурофӣ ва анъанаҳои инсонӣ хӯрок медод.MБУБ 201.1

    Вақте ки таъқиботҳои бадхашмонаи муаллимони ҳақиқат оғоз ёфтанд, онҳо суханони Масехро ба хотир оварданд: «Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед» (Матто 10:23). Нури ҳақиқат дар ҳама ҷо паҳн мешуд. Фирориёни таъқибшаванда, дар он ҷое ки паноҳгоҳи меҳмоннавоз пайдо менамуданд, он ҷо аз Масеҳ мавъиза мекарданд, гоҳо ин дар калисо ба амал меомад, лекин вақте ки чунин имконият набуд, онҳо дар хонаҳо, даштҳо ё дар бешазорҳо мавъиза мекарданд. Дилхоҳ маконе, ки дар он ҷо ақаллан як шунаванда пайдо мешуд, ба маъбади муқаддас табдил меёфт. Ва ҳақиқате, ки бо чунин нерӯ ва қатъият мавъиза карда мешуд, ҳарчи бештар қалбҳоро ба даст медаровард.MБУБ 201.2

    Ҳамаи кӯшишҳои ҳокимияти динию ғайридинӣ оиди нобуд кардани таълимоти нав беҳуда буданд. Беҳуда онҳо ба ёрии маҳбас, ҷазо, гулханҳо ва шамшер мешитофтанд. Ҳазорон фарзандони вафодори Худо аз имони худ бо хун нақш гузошта дар бораи ҳақиқате шаҳодат доданд, ки устуворона паҳн мегашт. Таъқиботхо ба ин танҳо мусоидат мекарданд, кӯшишҳои шайтон оиди ҳақиқатро бо таассуб якҷоя намудан ба он оварда расонданд, ки фарқият миёни кори шайтон ва кори Худо боз ҳам аёнтар гардид.MБУБ 201.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents