Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 29. - БАРОИ ЧӢ БА ГУНОҲ ВА АЗОБ РОҲ ДОДА ШУД

    Пайдоиши гуноҳ ва сабабҳои мавҷудияти он барои бисёриҳо муаммои ҳалнашавандаанд. Одамон амалҳои харобиовари бадиро, ки ҳатман ғаму андӯҳ ва рӯҳафтодагӣ меоранд, дида, беихтиёр ба худ савол медиҳанд: чи тавр Он ки хирад, қудрат ва муҳаббаташ беинтиҳоянд, метавонад ба ин роҳ диҳад? Онҳо ба ин асрор сарфаҳм рафта наметавонанд. Одамон дар нофаҳмиҳо ва шубҳаҳои худ он ҳақиқатҳоеро намебинанд, ки дар Каломи Худо равшан баён шудаанд ва барои наҷоти мо таъйин гардидаанд. Нафароне низ хастанд, ки кӯшиши донистани сабаби мавҷудияти гуноҳро намуда, ҷидду ҷаҳд мекунанд ба он чтое сарфаҳм бираванд, ки Худованд ҳеҷ гоҳ накушодааст, ва албатта, ба саволҳои худ ҷавоб пайдо накарда ва асири рӯҳи танқиду шубҳа гардида, радкунии Китоби Муқаддасро бо имконнопазир будани ҳалли ин масъала сафед мекунад. Одамоне низ ҳастанд, ки шарҳи қаноатбахши мушкилии бузурги бадиро аз он сабаб пайдо карда наметавонанд, ки ривоят ва тафсирҳои гумроҳкунанда таълимоти Китоби Муқаддасро оиди асли Худованд, табиати хукмронии Ӯ ва муносибати Ӯ ба гуноҳ аз назари онҳо панаҳ мекунанд.MБУБ 521.1

    Мантиқан асоснок кардани пайдошавӣ ва мавҷудияти гуноҳ номумкин аст. Бо вуҷуди ин, пайдоиш ва комилан решакан намудани гунохро аз назар гузаронда, тамоми адолатпарварӣ ва мехрубониеро, ки Худо нисбати бадӣ нишон медиҳад, ба андозаи пурра дарк намудан мумкин аст. Китоби Муқаддас комилан равшан таълим медиҳад, ки Худо ба ҳеҷ вачҳ барои пайдошавии гуноҳ ҷавобгар нест. На худраъёна бартараф намудани файзи Худо буд, на айбе дар хукмронии Ӯ, ки метавонистанд дар осмон ба исён оварда расонанд. Гуноҳ меҳмони нохондаест, ки пайдошавии онро бо ҳеҷ чиз фаҳмондан мумкин нест. Ин сирри даркнашаванда аст; сафед кардани гуноҳ - маънои ҳимоя намудани онро дорад. Агар сабаби мавҷудияти гуноҳ маълум ё пайдошавии он сафед карда мешуд, он гоҳ он дигар гуноҳ намебуд. Ягона шарҳи имконпазири гуноҳ суханони Китоби Муқадцас мебошанд - «гуноҳ вайрон кардани шариат аст». Гуноҳ дар натиҷаи пайравӣ ба принсипе пайдо мешавад, ки ин принсип дар мухолифати оштинопазир бо шариати бузурги муҳаббат қарор дорад ва ҳукмронии Илоҳӣ дар ин шариат асос меёбад.MБУБ 521.2

    To пайдоиши бадӣ дар тамоми Коинот осоиштагӣ ва шодӣ ҳукмфармо буд. Ҳама чиз дар мувофиқати комил бо иродаи Офаридагор қарор дошт. Муҳаббат ба Худо аз ҳама чиз боло ва муҳаббат ба якдигар - беғаразона ва пок буд. Масеҳ - Калом, бо Худои Ҷовидон як буд. Табиат ва мақсадҳои Онҳо як буданд. Ягона Зоти дар тамоми Коинот аз ҳама мақсадҳои Худо огоҳ - Масеҳ буд. Падар ба воситаи Масеҳ тамоми мавҷудоти осмонро офарид. «Чунки ҳама чизро дар осмон ва бар замин, хар чизи намоён ва нонамоёнро... хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ хукуматдориҳоро Ӯ офарид» (Қӯлассиён 1:16).MБУБ 522.1

    Азбаски асоси ҳукмронии Худо Шариати муҳаббат буд, хушбахтии ҳамаи мавҷудоти офаридашуда аз он вобаста буд, ки то чӣ андоза пурра онҳо ба принсипҳои бузурги порсоии он мувофиқат мекунанд. Худо хоҳони он аст. ки мавҷудоти офридааш ба Ӯ аз рӯи муҳаббат хизмат кунанд ва ба Ӯ эҳтиромеро баён намоянд, ки аз дарки бошууронаи хислати Ӯ сарчашма мегирад. Ӯ аз хизмати маҷбурӣ ҳеҷ гуна ҳаловат намебарад, бинобар ин ба ҳама иродаи озод медиҳад, то ки одамон тавонанд ихтиёран ба Ӯ хизмат кунанд.MБУБ 522.2

    Лекин мавҷудоте ёфт шуд, ки аз ин озодӣ суиистифода кард. Гуноҳ аввалин маротиба дар вуҷуди оне тавлид ёфт, ки баъд аз Масеҳ дуюм буд, он ки аз ҷониби Худо иззату эҳтиром медид, он ки дар кудрат ва ҷалол аз дигар сокинони осмон болотар меистод. To гунаҳгоршавии худ Люсефер (“Ситораи субхдцам» - то гунаҳгоршавӣ ва аз осмон ронда шудан, шайтон чунин ном дошт) якумин каррубии сояафкан. мукаддас ва беайб буд. «Худованд Худо чунин мегӯяд: ту нигини мукаммал, пур- рагии хикмат ва камоли ҳусн ҳастӣ. Ту дар Адан, дар боғи Худо будӣ; либосҳои ту бо ҳар гуна санги гаронбаҳо... мурассаъ буд... Ту каррубии бузургҷуссае ҳастӣ, ки бо болҳоят соя афкандаӣ, ва Ман туро бар кӯҳи муқаддас ҷойгир кардам; андаруни сангҳои оташин роҳ мепаймудӣ. Ту аз рӯзи офариниши худ дар роҳҳоят комил будӣ, то вақте ки маъсияти ту ошкор гардид» (Ҳизқиёл 28:12-15).MБУБ 522.3

    Люсефер сифатҳои олиҳимматонаи хислати худро барои баракати дигарон ва ситоиши Офаридагор равона намуда, метавонист ҳамеша аз муҳаббат ва эҳтироми ахли осмон ва инчунин аз лутфу марҳамати Худо истифода барад. Лекин пайгамбар мегӯяд: «Дили ту аз зебоии ту мағрур шуд, ту ҳикмати худро аз боиси латофати худ нобуд кардӣ» (Ҳизқиёл 28:17). Люсефер оҳиста-оҳиста дар ниҳоди худ майл ба бартариятро мепарваридагӣ шуд. «Азбаски ту ақли худро дар баробари ақли Худо мегузорӣ» (ояти 6). «Ва ҳол он ки дар дили худ мегуфтӣ: «Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт, ва бар кӯҳи анҷумани худоён... хоҳам нишаст; Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд»» (Ишаъё 14:13,14). Ба ҷои он ки офаридаҳои Худоро ба бештар аз ҳама дӯст доштани Офаридагори худ ва ба Ӯ содиқ будан бовар кунонад, Люсефер кӯшиш намуд онҳоро барои ба худ хизмат ва сачда кардан маҷбур намояд. Аз иззату эҳтиромҳое ки Худо бо онҳо Масеҳро иҳота карда буд, хоҳиши истифода бурданро намуда, ин фармонфармои лашкари осмонӣ фикри ба даст овардани ҳокимиятеро кард, ки танҳо ба Масеҳ тааллуқ дорад.MБУБ 523.1

    Тамоми осмон хурсандии махсусро дар он пайдо мекард, ки ҷалоли Офаридагорро инъикос кунад ва Худоро ситоиш намояд. Ва то замоне ки Худо ин қадар кадр карда мешуд, ҳама дар оромӣ ва хушҳолӣ қарор доштанд. Лекин акнун ҳамоҳангии осмон вайрон карда шуд. Худболобардорӣ, хизмат ба худ ба мақсади Офаридагор сахт мухолифат намуда, дар шуури онҳое ки пеш барояшон ҷалоли Худо дар ҷои аввал меистод, гувоҳиҳои бади дилро тавлид мекард. Дар машваратҳои ос- монӣ аз Люсефер хоҳиш мекарданд, ки андеша намояд. Исои Масеҳ ӯро ба бузургӣ, меҳрубонӣ ва одилии Офаридагор, ба он ки Шариати Ӯ муқадцас ва устувор аст бовар мекунонд. Худи Худо низомро дар осмон барпо карда буд, ва нисбати он беэҳтиромӣ намуда Люсефер бо ин амал Офаридагори худро бадном месохт ва худро ба вартаи марг меандохт. Лекин ҳамаи огоҳсозиҳое ки аз муҳаббат ва меҳрубонии бепоён сарчашма мегирифтанд, дар ниҳоди ӯ рӯҳи муқобилиятро боз ҳам сахттар бармеангехтанд. Люсефер ба ҳисси ҳасад имкон дод то ӯро асир гардонад, ва амалҳои ӯ ҳарчи қатъитар мешуданд.MБУБ 523.2

    Аз бузургии худ мағрур гардида, ӯ ташнаи ҳокимияти олӣ буд. Люсефер ба таври лозимӣ ба қадри он иззату эҳтироме бузурге нарасид, ки Худованд ӯро иҳота карда буд ва ба Офаридагори худ барои ҳадияҳои Ӯ миннатдорӣ баён накард. Ӯ аз бартарияти худ бар ҳамаи мавҷудоти осмон мағрур гардида, орзуи бо Худо баробар шуданро дар қалб парварид. Лашкари осмонӣ ба ӯ бо муҳаббат ва эҳтиром муносибат мекард. Онхо бо хушнудӣ амрҳои ӯро иҷро мекардавд; зеро ки ӯ соҳиби ҳикмат ва ҷалоли олитарин гардонда шуда буд... Лекин ҳокими эътирофшудаи осмон Исои Масеҳ буд, ки дар баробари Падар соҳиби ҳокимият ва қудрат буд. Исои Масеҳ дар ҳамаи машваратҳои Худо иштирок мекард, дар ҳоле ки максадҳои Худо ба Люсефер ошкор набуданд. Барои чӣ хокимияти олӣ бояд ба Масеҳ тааллуқ дошта бошад, аз худ мепурсид ин фариштаи пуриқтидор. Барои чӣ Ӯ аз ман, аз Люсефер болост?MБУБ 524.1

    Люсефер ҷои худро дар назди Худо тарк карда, ба пахн намудани рӯҳи норизоӣ дар миёни фариштагон шурӯъ кард. Худро бо асрорангезии пӯшида иҳота кардаву мақсадҳои аслии худро дар зери ниқоби эҳтироми амиқ ба Худо пинҳон намуда ва ба таври равшан баён карда, ки қонунҳое ки мавҷудоти осмонӣ ба онҳо итоат мекунанд маҷмӯи маҳдудиятҳои комилан нолозиманд, кӯшиш мекард нисбати ин қонунҳо норизоиро ба миён биёрад. Азбаски фариштаҳо аз рӯи табиати худ муқаддасанд, таълим медод ӯ, пас, онҳо бояд ба майлу хоҳиши иродаи худ пайравӣ кунанд. Кӯшиш нисбати худ ба миён овардани дилсӯзиро намуда, чунин вонамуд мекард, ки гӯё Худо Исои Масеҳро ба иззату эҳтироми олитарин сарфароз гардонда, нисбат ба вай беадолатона рафтор намудааст. Вай исбот мекард, ки барои ба даст овардани ҳокимияти бештар ва мақоми баландтар на аз барои худболобардорӣ ҷаҳд мекунад, балки барои он ки ба ҳамаи аҳди осмон имконияти ба дараҷаи баландтар расиданро бидиҳад.MБУБ 524.2

    Худованд дар меҳрубонии бузурги Худ нисбати Люсефер пурсабрӣ нишон медод. Люсефер, ки рӯҳи норозигиро паҳн мекард, аз мақоми баланди худ дарҳол маҳрум карда нашуд ва ҳатто он замоне ҳам онро аз даст надод, ки талаботҳои ғайриқонунии худро дар назди фариштагони содиқ пешниҳод кардан гирифт. Ӯ муддати дароз дар осмон монд. Маротибаи зиёд омурзишро бо шарти тавба кардан ва фурӯтан шудан пешниҳод намуданд. Тамоми кӯшишҳои Муҳаббат ва Хиради Беинтиҳо ба он равона шуда буданд, то ки ба ӯ гумроҳиҳояшро ошкор созад. To он замон дар осмон рӯҳи низою ҷанҷол номаълум буд. Дар огоз худи Люсефер ҳам намефаҳмид, ки ӯ ба сӯи кадом варта қадам мезанад, табиати аслии ҳиссиётҳои худро дарк намекард. Лекин вақте ба ӯ нишон дода шуд, ки барои норизоӣ асос нест, Люсефер боварӣ ҳосил кард, ки ӯ ноҳақ асту талаботҳои Худо одилонаанд. Ӯ бояд дар назди тамоми осмон инро эътироф мекард, ва агар чунин рафтор менамуд, он гоҳ метавонист худ ва фариштагони зиёдро наҷот диҳад. Дар он замон ӯ ҳанӯз то як андозае ба Худо содиқ буд. Гарчанде ки ӯ аз мавқеи худ, каррубии сояафкан маҳрум мешуд, бо вуҷуди ин, агар ихтиёран ба назди Худо баргашта, хиради Офаридагорро эътироф мекард ва аз мақоме ки барои ӯ дар нақшаи бузурги Худо ҷудо шудааст, қаноат менамуд, он гоҳ дар ҳуқуқҳои пешинаи худ барқарор мегардид. Лекин худпарастӣ ба ӯ имконияти итоат карданро надод. Ӯ нуқтаи назар ва амалҳои худро собитқадамона ҳимоя карда ва дар ҳеҷ чиз гунаҳгор набудани худро исбот намуда, бебозгашт ба роҳи муборизаи бузург бо Офаридагори худ ворид шуд.MБУБ 525.1

    Ва тамоми ақли барҷастаи худро ба васвасаи фариштагоне равона намуд, ки дар зери роҳбарияш қарор доштан. Ҳатто огоҳсозиҳо ва маслиҳатҳои Масеҳ ба манфиати нақшаҳои хоинонаи ӯ нодуруст маънидод шуда буданд. Ба онҳое ки ӯро бағоят дӯст медоштанд, шайтон дар бораи беадолатии нисбати ӯ нишондодашуда, ба ҷой надоштани таваҷҷӯҳи лозимӣ, ба махдудкуниҳои ғайриқонунӣ ва дағалонаи озодии ӯ, шикоят мекард. Суханони Масеҳро нодуруст маънидод намуда ва ба найрангҳои гуногун ва тӯҳмати рӯйрост рӯ оварда, Исои Масеҳро дар мақсади дар назди аҳли осмон шарманда намудани худ айбдор мекард. Ӯ кӯшиш мекард мухолифатҳои худро бо фариштагони ба Худо содиқ бардурӯғ пешниҳод кунад. Ҳамаи он фариштагонеро, ки ба васваса андохтан ва ба ҷониби худ ҷалб намуданашон ба ӯ муяссар нагардид, шайтон дар бепарвоӣ нисбат ба манфиатҳои аҳли осмон гунаҳгор мекард. Он фариштагонеро, ки ба Худо содиқ монданд, дар он амалҳое гунаҳгор мекард, ки худ онҳоро содир менамуд. Ва барои он ки дигаронро бовар кунонад, ки Худо нисбат ба ӯ ноҳақ аст, шайтон ба нодуруст маънидод намудани суханон ва амалҳои Офаридагор шурӯъ кард. Сиёсати маккоронаи ӯ аз он иборат буд, то ки бо ёрии дасисаҳои гуногун дар миёни фариштагон тухми парешониро бикорад ва нисбати мақсадҳои Худо ҳайрониро ба миён биёрад. Ҳама чизи соддаро ӯ асроромез мекард ва амрҳои равшану возеҳи Воҷибулвуҷудро моҳирона нодуруст маънидод намуда, ба онҳо сояи шубҳа меафканд. Мақоми баланди ӯ, шарикдастии ӯ ба ҳукмронии Илоҳӣ ба ҳамаи фикрҳояш қувваи боз ҳам зиёдтар мебахшиданд, ва бисёриҳо фирефта гардида, ба исён ба муқобили ҳокимияти Осмонӣ ҳамроҳ шуданд.MБУБ 525.2

    Худо дар хирадмандии Худ ба шайтон имконияти давом додани фаъолияташро то замоне дод, ки рӯҳи норизоӣ ба исёни ошкоро табдил ёфт. Ин барои он зарур буд, то ки нақшаҳои ӯ пурра ошкор гарданд ва ҳама моҳияти аслӣ ва нодурустии онҳоро бубинанд. Люсефер, кн каррубии тадҳиншуда буду мақоми баландро ишғол мекард, дӯстдоштаи аҳли осмон буд ва ба онҳо таъсири сахт мерасонд. Худованд на танҳо аҳли осмон, балки ҳамаи сайёраҳои офаридаи Худро идора мекард, ва шайтон умед дошт, ки агар ба исёни худ ҷалб намудани фариш- тагони осмонӣ ба ӯ муяссар гардад, он гоҳ ӯ дигар сайёраҳоро низ ба васваса меандозад. Ба ҳилаю найранг рӯ оварда, далелҳои худро хеле чолокона ва моҳирона ба роҳ мемонд. Қувваи васвасааш хеле бузург буд, ва либоси дурӯғро ба бар карда, ба муваффақият ноил гашт. Ҳатто фариштагони содиқ ба таври пурра наметавонистанд хислати ӯро дарк кунанд ва бифаҳманд, ки амалҳои ӯ ба чӣ натиҷаҳо оварда мерасонанд.MБУБ 526.1

    Шайтон ончунон мақоми баландеро ишғол мекард, ва ҳамаи амалҳои ӯ бо чунин асрорангезии пӯшида фаро гирифта шуда буданд, ки барои фариштагон дарк намудани моҳияти аслии фаъолияти ӯ хеле мушкил буд. To замони пухта расидани гуноҳ, фаҳмидан мушкил буд, ки он ба кадом оқибатҳои марговар оварда мерасонад. To он замон ҳеҷ чизи ба ин монанде дар тамоми Коиноти Худо вуҷуд надошт, ва мавҷудоти муқаддас дар бораи табиат ва маккории гуноҳ ҳеҷ тасаввуроте надошханд. Онҳо оқибатҳои даҳшатовареро, ки аз вайронкунии шариати Илоҳӣ сарчашма мегиранд, тасаввур карда наметавонистанд. Шайтон дар ибтидо мақсадҳои худро дар зери пардаи садоқат ба Худо пинҳон мекард. Ӯ исбот мекард, ки кӯшиши устувор ва пурзӯр гардондани ҷалоли Худо, мустаҳкам намудани ҳукмронй ва эътибору нуфузи Ӯ ва ба хушбахтии аҳли осмон мусоидат намуданро мекунад. Заҳри норизоиро дар шуури фариштагони зердасти худ қатра-қатра ҷой карда, бо санъати бузургтарин худро чунин вонамуд мекард, ки гӯё бо тамоми қувва кӯшиши бартараф намудани ин норизоиро мекунад. Дар зарурати тағйир додани шартҳо ва қонунҳои хукмронии Худо истодагарӣ намуда, шайтон мефаҳмонд, ки танҳо бо ҳамин роҳ ризоиятро дар осмон нигоҳ доштан мумкин аст.MБУБ 527.1

    Худованд ба зидци гуноҳ танҳо бо порсоӣ ва ҳақиқат мубориза бурда метавонист. Шайтон бошад он чизеро истифода мебурд, ки Худо ба он рӯ оварда наметавонист, - хушомад ва дурӯғро. Бо тасдиқи он ки Худованд аҳли осмонро ба қонунҳо ва фароизҳои Худ тобеъ намуда ва тобеияту итоатро аз ҳама офаридаҳои Худ талаб карда, кӯшиши худситоишнамоиро мекард, шайтон мекӯшид Каломи Худоро нодуруст маънидод кунад ва нақшаи ҳукмронии Худоро ба фариштагон барғалат пешниҳод намояд. Бинобар ин ба ҳама ахди осмон ва инчунин ба сайёраҳои дигар низ нишон додани одилона будани ҳукмронии Худо ва комил будани Шариати Ӯ зурур буд. Шайтон худро чунин вонамуд мекард, ки ӯ гӯё барои манфиати Коинот ғамхорӣ мекунад. Бинобар ин ҳама бояд хислати аслӣ ва мақсадҳои асосии ин ғасбкунандаро мефаҳмиданд. Ва барои он ки ӯ худашро бо гуноҳҳояш фош кунад, вақти муайян лозим буд.MБУБ 527.2

    Дар чудоие ки шайтон дар осмон ба миён овард, ӯ шариат ва хукмронии Худоро айбдор мекард. Ӯ изҳор кард, ки ҳама чизи бад - натиҷаи роҳбарии Худо аст, ва мақсади ягонаи ӯ - мукаммал гардондани фароизҳои Худо мебошад. Бинобар ин зарур буд, то ки ӯ табиати даъвоҳои худро ошкор намояд ва тағйиротҳои пешниҳод намудаи худро оид ба шариати Худо дар амал нишон диҳад. Шайтонро бояд рафторҳои худаш маҳкум мекарданд. Ӯ аз ибтидо баён мекард, ки исёнгар нест. Дар назди тамоми Коинот ин фиребгарро фош намудан лозим буд.MБУБ 528.1

    Ҳатго дар он вақте ки қарор дода шуд, ки шайтон набояд дигар дар осмон бимонад, Хиради Беинтиҳо ӯро нест накард. Азбаски Худо танҳо хизмати дар муҳаббат асосёфтаро қабул мекунад, пас садоқати офаридаҳои Ӯ метавонист танҳо дар адолатпарварӣ ва некии Ӯ асос ёбад. Агар Худо шайтонро нест мекард, ахди осмон ва дигар сайёраҳо, ки қобилияти дарк намудани табиати гуноҳ ва оқибатҳои онро надоштанд, наметавонистанд Худоро адолатпарвар ва меҳрубон бишуморанд. Агар шайтонро дарҳол нест мекарданд, он гоҳ аҳди осмон ва дигар сайёраҳо ба Худованд на аз рӯи муҳаббат, балки аз тарс хизмат мекарданд. Ва исёнгар пурра мағлуб карда намешуд ва решакан кардани рӯҳи исён муяссар намегашт. Бадӣ бояд пухта мерасид. Барои манфиати тамоми Коинот ба шайтон имконият додан лозим буд, ки принсипҳояшро беиггар инкишоф диҳад, то ки айбдоркуниҳои ӯ ба муқобили ҳукмронии Худо дар назди мавҷудотҳои офаридашуда дар намуди аслияшон ошкор гарданд, он замон адолатпарварии Худованд, меҳрубонӣ ва устувории Шариати У, бе ягон шубҳа, ба таври ҷовидона пойдор мемонданд.MБУБ 528.2

    Дар тамоми асрҳои оянда исёни шайтон бояд барои Коинот сабақ, шаҳодати ҷовидона дар бораи табиати гуноҳ ва оқибатҳои даҳшатовари он бошад. Амалҳои шайтон ва таъсири ӯ ҳам ба фариштагон ва ҳам ба одамон бояд нишон медоданд, ки беэҳтиромӣ нисбати ҳокимияти Худо ба чӣ оварда мерасонад. Ҳамаи ин бояд аз он шаҳодат медод, ки некӯаҳволии ҳамаи мавҷудоти офаридаи Худованд ба риояи Шариати Худо, ба пайравӣ ба принсипҳои Илоҳӣ вобастагӣ дорад. Ҳамин тавр, ин исёни даҳшатовар чашмони мавҷудоти бохирадро ба табиати аслии гуноҳ кушода, бояд ба бехатарӣ мусоидат мекард ва барои тамоми мавҷудоти муқаддас огоҳии ҷовидона гардида, аз содиркунии гуноҳ ва азобу ҷазои ногузир нигоҳ медошт.MБУБ 529.1

    Фиребгари бузург то анҷом ёфтани мубориза дар осмон, сафед намудани худро давом медод. Вакте маълум шуд, ки шайтон бо фариштагон ба ӯ ҳамфикр аз масканҳои босаодат ронда мешаванд, он вақт пешвои исёнгарон нафрати худро ба Шариати Худо ошкоро баён намуд. Ӯ фикри худро такрор намуд, ки фариштаҳо ба ҳеҷ гуна назорат аз болои худ эҳтиёҷ надоранд, балки бояд аз рӯи иродаи худ амал кунад, ки ҳамеша онҳоро ба иҷрои амалҳои нек водор мекунад. У баён намуд, ки аҳкоми Худо озодии онҳоро махдуд мекунанд, ва нест намудани Шариат зарур аст, то ки лашкари осмонии аз занҷирҳои он озодгардида ба мавқеи боз ҳам баландтар ва пуршараф расида тавонад.MБУБ 529.2

    Шайтон ва ҷонибдорони ӯ бо як овоз ҳамаи айбро барои исёни худ ба гардани Масеҳ гузошта, баён намуданд, ки агар онҳоро сарзаниш намекарданд, онҳо ҳеҷ вақт исён намебардоштанд. Бо Худо ситезачӯӣ кардаю дар беитоатии худ истодагарӣ намуда, кӯшиши бенатиҷаи сарнагун намудани ҳокимияти Худоро амалӣ сохта, дар баробари ин худро қурбониҳои бегуноҳи ҳокимияти золимона тасвир карда, фиребгари бузург ва пайравони ӯ дар охир аз осмон ронда шуданд.MБУБ 529.3

    Худи ҳамон рӯҳе ки сабабгори исён дар осмон гардида буд, то имрӯз исёнгаронро дар рӯи замин илҳом мебахшад. Шайтон дар миёни одамон ҳамон сиёсатеро пеш мебарад, ки ҳангоми ба васваса андохтани фариштагон ба кор бурда буд. Рӯҳи ӯ имрӯз низ дар қалби одамони саркаш ҳукмрон аст. Онҳо ба монанди шайтон кӯшиши нест намудани маҳдудиятҳои Шариати Худоро мекунанд ва ба одамоне ки фароизҳои онро вайрон менамоянд, озодиро ваъда медиҳанд. Фошкунӣ дар гуноҳ ҳамон рӯҳи нафрат ва муқобилиятро ба миён меорад. Вақте ки муждаҳои фошкунанда аз ҷониби Худо вичдонро бедор мекунанд, шайтон одамонро водор мекунад, ки худро сафед кунанд ва ҳамдардӣ ва дастгириро аз атрофиён ҷӯё шаванд. Ба ҷои он ки одамон хатоҳои худро ислоҳ кунанд, онхо ба муқобили фошкунандаи худ баромад мекунанд, ки гӯё ӯ ягона сабаби нохушии ба миён омада мебошад. Аз замони Ҳобили порсо то замони мо чунин муносибат нисбати хамаи он нафароне нишон дода мешавад, ки ҷуръати маҳкум намудани гуноҳро мекунанд.MБУБ 529.4

    Чун дар осмон амал намудаю тасаввуроти бардурӯғро дар бораи Худованд чун золими бераҳм ва сангдил ба миён оварда, шайтон одамонро ба гуноҳ моил гардонд. Ва дар ин амали худ муваффақ гардида, эълон намуд, ки талаботҳои нодилонаи Худо инсонро ба гуноҳгорӣ оварданд, ба мисли он ки дар замони худ ин талаботҳо ӯро ба исён бардоштан водор намуданд.MБУБ 530.1

    Лекин Худо асли Худро ин тавр ошкор мекунад: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки марҳаматро барои ҳазор насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо мебахшад» (Хуруҷ 34:6,7).MБУБ 530.2

    Худо бо пеш намудани шайтон аз осмон адолатпарвар будани Худро тасдиқ намуд ва бо ин шарафи тахти Худро нигоҳ дошт. Лекин вақте ки одам ба васвасаи ин рӯҳи маслакфурӯш афтода гунох кард, Худо аз муҳаббати Худ бо он шаҳодат дод, ки Исои Масеҳро барои насли гунаҳгори инсоният ба марг дод. Худованд дар ин амал ҳамаи ҳастии Худро ошкор кард. Салиб - далели пурқуввати он аст ки роҳи гуноҳро интихоб намудани шайтон ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷаи айбу нуқсонҳо дар ҳукмронии Худо нест.MБУБ 530.3

    Дар муборизаи миёни Масеҳ ва шайтон, ки ҳангоми хизмати заминии Наҷотдиҳанда ба амал омада буд, фиребгари бу- зург ба таври пурра худро ошкор сохт. Ҳеҷ чиз наметавонист бо чунин таъсирбахшӣ фариштагони осмониро аз шайтон дур созад, тамоми Коиноти содиқмондаро ба рӯ гардондан аз ӯ маҷбур созад, чун ҳамлаҳои бераҳмонаи ӯ ба Фидиягузори ҷаҳон. Куфргӯии бешармонаи шайтон, ки аз Масеҳ сачда карданро талаб кард; лофзании худписандонаи ӯ, вақте ки Исои Масеҳро дар кунгураи маъбад ва қуллаи кӯҳ гузошт; мақсади бадхашмонаи ӯ, ки дар пешниҳоди аз баландии саргарангкунанда Худро ба поён андохтани Масеҳ ошкор шуд; ғазаби пурзӯр, ки Масеҳро бо он таъқиб намуда барои аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан маҷбур мекард; дар охир таъсири ӯ ба қалбҳои рӯҳониён ва халқ, ки дар натиҷаи он муҳаббати Ӯро рад карда девонавор фарёд мезаданд: «Ӯро маслуб кун, Маслуб кун!» - ҳамаи ин дар тамоми Коинот ҳайронӣ ва хашмро ба миён овард.MБУБ 530.4

    Маҳз шайтон ҷаҳонро ба рад намудани Масеҳ водор кард. Шайтон тамоми кувва ва маккории худро истифода бурд, то ки Исои Масеҳро нест кунад, зеро ӯ медид, ки марҳамату муҳаббати Наҷотдиҳанда, дилсӯзӣ ва лутфу марҳамати навозишкоронаи Ӯ ба ҷаҳон хислати Худовандро ошкор месозанд. Ба муқобили ҳар як сухани Исои Масеҳ мубориза мебурд ва одамонро чун аслиҳаи худ истифода мекард, то ки зиндагии Начотдиҳандаро пур аз азобу машақат ва ғаму андӯҳ гардонад. Суханони бардурӯғ ва маккории шайтон, ки бо ёрии онҳо кӯшиш мекард ба кори Масеҳ монеа гузорад; нафрат, ки ба воситаи одамони беитоат нишон дода мешуд, айбдоркуниҳои бераҳмона дар ҳаққи Он ки зиндагияш намунаи беназири некукорӣ ва парҳезгорӣ буд, - ҳамаи ин аз ташнагии қасоси чуқур решадавонда берун меомад. Тамоми осмон, ки бо изтироби хомӯшона фаро гирифта шуда буд, аз он назорат мекард, ки чӣ тавр дар Ҷолҷолто Исои Масеҳро оташи даҳшатангези муддати дароз нигохдошташудаи ҳасад, бадбинӣ, нафрат ва қасос сӯзонд.MБУБ 531.1

    Баъди он ки Қурбонии бузург оварда шуд, Исои Масеҳ ба осмон сууд карда, то замони ба Падар расондани хоҳиши Худ: «Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки Ман мебошам, бо Ман бошанд», аз фариштаҳо саҷдаро қабул кардан нахост (Юҳанно 17:24). Ва аз тахти Падар ҷавобе садо дод, ки саршор аз муҳаббат ва қувваи тасвирнопазир буд: «Ва бигзор ҳамаи Фариштагон Худо Ӯро парастиш кунанд» (Ибриён 1:6). Дар Исои Масеҳ ягон доғ набуд. Таҳқиршавии Ӯ анҷом ёфт. Қурбонии Ӯ қабул карда шуд, ва ба Ӯ номе дода шуд болотар аз ҳар ном. _MБУБ 531.2

    Акнун гуноҳи шайтонро сафед кардан мумкин набуд. Ӯ моҳияти аслии дурӯғгӯй ва қотил будани худро ошкор кард. Акнун равшан гашт, ки худи ҳамон рӯҳе ки шайтон ба воситаи он одамони дар зери дасти худ қарор доштаро роҳбарӣ мекард, дар миёни ахди осмон низ зоҳир шуда метавонист. Ӯ тасдиқ мекард, ки вайронкунии Шариати Худо ба аҳли Коинот озодӣ меоварад ва онҳоро боло мебардорад, лекин чӣ тавре ки акнун равшан гашт, ин амал онҳоро танҳо ба асирӣ ва пастфитратй оварда мерасонд.MБУБ 532.1

    Тӯҳмати шайтон нисбати хислат ва ҳукмронии Худо дар намуди аслӣ ошкор шуд. Шайтон Худоро дар он айбдор мекард, ки Ӯ аз офаридаҳои Худ тобеият ва итоаткориро талао намуда ба онҳо иродаи Худро зӯран бор менамуд ва сӯи худситоишсозӣ кӯшиш мекард, дигаронро ба дасткашӣ аз манфиатҳо даъват намуда, Худи Офаридагор ҳеҷ чизро қурбон намекард. Акнун бошад ҳама диданд, ки барои наҷоти насли гунаҳгор Ҳокими Коинот яке аз бузургтарин қурбониҳоро фидо кард, ки танҳо муҳаббат ба овардани он кобил аст; чунки «Худо дар Масеҳ ахли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод» (2 Қӯринтиён 5:19). Инчунин ҳама диданд, ки чӣ гуна Люсифер сӯи иззату эҳтиром ва ҳокимияти олӣ кӯшиш намуда, дарро барои гуноҳ кушод, Масеҳ бошад, барои нест кардани гунох Худро фурӯтан намуда то дами марг итоаткор гашт.MБУБ 532.2

    Худо нишон дод, ки Ӯ принсипҳои исёнро қабул намекунад. Тамоми ахди осмон адолатпарварии Уро дидан, ки ҳам дар маҳкумкунии шайтон ва ҳам дар фидиягузории ҷони инсон ошкор шуд. Люсефер баён кард, ки агар Шариати Худо тағйирнопазир бошад ва вайронкунандагони он омурзида намешаванд, он гоҳ ҳар як вайронкунандаи Шариат бояд ба та- ври ҳамеша аз марҳамати Офаридагор маҳрум карда шавад. Ӯ тасдик мекард, ки инсонияти гунаҳгор фидиягузорӣ шуда наметавонад, бинобар ин тӯъмаи қонунии ӯ мебошад. Вале марги Масеҳ ба манфиати инсон чунин далеле гардид, ки рад кардани он номумкин аст. Ҷазои аз рӯи Шариат муқарраршуда ба дӯши Зоте афтод, ки бо Худо баробар буд, ва акнун инсон метавонад поксириштии Масеҳро қабул кунаду бо зиндагии хоксорона ва парҳезгорона аз мубориза ғолиб барояд, чӣ тавре ки Исои Масеҳ бар қудрати шайтон тантана карда буд. Ҳамин тавр Худо поку ҳақ ва сафедкунандаи ҳамаи он нафароне аст, ки ба Исои Масеҳ имон доранд.MБУБ 532.3

    Лекин Масеҳ ба замин на танҳо барои он омада буд, ки ба бадали азобҳо ва марг инсонро фидягузорӣ кунад. Ӯро лозим буд, ки «шариатро бузург ва шӯҳратёр гардонад». Ва на танҳо барои он ки сокинони замин ба Ӯ бо иззату эҳтироми лозимӣ муносибат кунанд, балки ба ҳамаи сайёраҳои маскун дар Коинот исбот намояд, ки Шариат тағйирнопазир аст. Агар бекор намудани фароизҳои шариат мумкин мебуд, он гоҳ Исои Масеҳро ҳоҷат намебуд, ки ҷони Худро барои фидиягузории вайронкунандагони он курбон кунад. Марги Масеҳ тағйирнопазир будани Шариатро исбот мекунад. Ва ин курбоние ки Худо ва Исои Масеҳро муҳаббати беинтиҳо ба гунаҳгорон ба иҷрои он водор намуд, ба тамоми Коинот аз он шаҳодат медиҳад, ки адолат ва марҳамат - асоси Шариат ва ҳукмронии Худованд мебошанд. Танҳо ин нақшаи фидиягузорӣ, ва на чизи камтаре, тавонист ҳақиқатро дар бораи хислати Худо барқарор намояд.MБУБ 533.1

    Дар доварии охирин маълум карда мешавад, ки барои пайдоиши гуноҳ ҳеҷ сабабе нест. Вақте ки Довари тамоми замин аз шайтон ба ин савол: «Барои чӣ ту ба муқобили Ман бархостӣ ва бандагони Малакути Маро бурдӣ?», ҷавоб талаб мекунад, сабабгори гуноҳ барои сафедкунии худ чизе гуфта наметавонад. Ҳеҷ кас ҳарфе гуфта наметавонад, ва тамоми лашкари исёнгар аз сухан гуфтан бозмемонад.MБУБ 533.2

    Салиби Ҷолчолто устувории Шариатро тасдиқ мекунад ва ба тамоми Коинот нишон медиҳад, ки ҷазои гуноҳ - марг аст. Нидои пешазмаргии Наҷотдиҳанда: «Иҷро шуд!», барои шайтон чун ҳукми марг садо дод. Натиҷаи муборизаи бузург, ки ин қадар вақт давом кард, муайян шуд, ва решаканкунии пурраи бадӣ имконпазир гардид. Исои Масеҳ аз дари қабр гузашт, то ки «ба воситаи марг соҳиби қудрати маргро, яъне иблисро нобуд намояд» (Ибриён 2:14). Хоҳиши Люсефер, ки мехост аз ҳама болотар бошад, дар суханони зерин ифода ёфта буд: «Курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт... монанди Ҳакқи Таоло хоҳам шуд» (Ишаъё 14:13,14). Худованд мегӯяд: «Ман туро... бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид... ва то абад дигар нахоҳӣ буд» (Ҳизкиёл 28:18,19). Вақте «рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкархо, ба тавре ки барои онҳо решае ва шохае боқӣ нахоҳад гузошт» (Малокӣ 4:1).MБУБ 533.3

    Тамоми Коинот чӣ будани гуноҳ ва чигунагии оқибатҳои онро мебинад. Ба таври пурра нест намудани гуноҳ, ки агар он дар ибтидо ба ҷо оварда мешуд, фариштагонро ба тарс гирифтор мекарду ба Худованд бадномӣ меовард, акнун исботи муҳаббати Ӯ мегардад ва Ӯро дар назди аҳли Коинот, ки аз иҷрои иродаи Ӯ ҳаловати олитаринро мечашанд ва дар калбҳои онҳо Шариати Ӯ нақш бастааст, боло мебардорад. Бадӣ дигар ҳеҷ гоҳ пайдо намешавад. Каломи Худо мегӯяд: «Ва мусибат бори дигар ба миён нахоҳад омад» (Наҳум 1:9). Шариати Худо, ки шайтон онро чун тавқи ғуломй тасвир намуд, шариати озодӣ шумурда хоҳад шуд. Офаридаҳои санҷидашудаю ба санҷиш тоб оварда дигар ҳеҷ гоҳ дар садокати худ ба Зоте ки ӯ дар назди онҳо бо тамоми муҳаббати даркнашаванда ва хиради беинтиҳои Худ ба андозаи пурра ошкор шуд, заиф намегардад.MБУБ 534.1

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents