Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 38. - ОГОҲИИ ОХИРИНИ ХУДО

    «Баъд аз ин ман фариштаи дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекунад ва қудрати бузурге дорад; ва замин аз ҷалоли ӯ мунаввар шуд. Ва ӯ бо овози қавӣ нидо карда, гуфт: «Фурӯ ғалтид! фурӯ ғалтид Бобили бузург! Вай маскани девҳо ва паноҳгоҳи ҳар рӯҳи палид ва паноҳгоҳи ҳар мурғи палид ва кароҳатангез гардид». «Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед» (Ваҳй 18:1,2,4).MБУБ 646.1

    Ин матн ба вақге ишора мекунад, ки мужда дар хусуси ФУРӮ ғалтидани Бобил, ки онро фариштаи дуюм дар боби 14-умн Китоби Ваҳй эълон кард, бо зикри иловагии нуқсонҳое такрор меёбад, ки ба ташкилотҳои гуногуни калисоии ташкилдиҳандаи Бобил аз он замоне ворид шудаанд, ки ин мужда аввалин маротиба тобистони соли 1844 дода шуда буд. Ин ҷо ҳолати дахддатангези ҷаҳони динӣ тасвир ёфтааст. Ҳар як радкунии нави ҳақикат хирадро боз ҳам бештар тира мегардонад, қалбҳои онҳоро боз ҳам бештар бераҳмтар месозад, то даме ки онхо дар нобоварии густохонаи худ сангдил мешаванд. Бар хилофи огоҳиҳои Худо онҳо мисли пеш яке аз аҳкомҳоро то замоне поймол мекунанд, ки ниҳоят ба муқобили нафарони ин ахкомро муқадцасона қадркунанда таъқиботро оғоз менамоянд. Нисбати Каломи Худо ва қавми Ӯ нафрат дошта, онҳо Масеҳро низ ҳеҷ ба эътибор намегиранд. Вакте ки калисоҳо таълимоти спиритизмро қабул мекунанд, барои қалби ҷисмонӣ мавҷудияти ҳар гуна махдудиятҳо қатъ мегардад, ва парастиши зоҳирии дин пардае мегардад, ки фосиқиҳои пасттаринро пинҳон мекунад. Эътиқод ба зуҳуротҳои спиритӣ роҳро ба рӯҳҳои васвасаандоз ва «таълимотҳои иблисӣ» мекушояд, ва таъсири фариштагони бад дар калисоҳо эҳсосшаванда мегардад.MБУБ 646.2

    Дар хусуси Бобиле ки дар пешгӯиҳои пайғамбарона тасвир ёфтааст, чунин гуфта мешавад: «Гуноҳҳои вай то ба ос- мон расидаанд, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст» (Ваҳй 18: 5). Вай косаи бадкирдориҳои худро пур кард ва дар дами ҳалокат карор дорад. Вале одамони ба Худо содиқ ҳанӯз ҳам дар Бобил ҳастанд, ва пеш аз он ки довариҳои Ӯ ба амал оянд, онҳо бояд аз Бобил берун бароварда шаванд, то ки дар гуноҳҳои он шарик нашаванд «ва ба балоҳо гирифтор нагарданд». Бинобар ин бояд ҳаракате пайдо шавад, ки он ба таври рамзӣ чун фариштаи аз осмон нузулкунандае нишон дода шудааст, ки заминро бо ҷалоли худ мунаввар гардонд ва сахт нидо карда, бо овози баланд дар бораи гуноҳҳои Бобил сухан гуфт. Дар робита ба ин мужда даъвати зерин садо медиҳад: «Аз вай берун оед, қавми Ман». Ин даъват дар якҷоягӣ бо муждаи фариштаи сеюм охирин огоҳии ба сокинони замин равонашударо ташкил медиҳад.MБУБ 646.3

    Ҷаҳонро анҷоми даҳшатангез интизор аст! Кишварҳои рӯи замин дар мубориза ба муқобили аҳкомҳои Худо муттаҳид мешаванд ва бо ёрии қонунҳо «ҳама - хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва ғуломон»-ро (Ваҳй 13:16), - маҷбур мекунанд, то шанбеи бардурӯғро риоя намуда, урфу одатҳои калисоро ба ҷо оваранд. Онҳое ки аз итоат кардан cap мепечанд, аз ҷониби ҳокимиятҳои шаҳрвандӣ ба ҷазо гирифтор ва оқибат сазовори марг эълон карда мешаванд. Аз ҷониби ди~ гар, Шариати Худо, ки дар рӯзи шанбе ором гирифтанро амр медиҳад, итоаткориро талаб менамояд ва хамаи нафаронеро ки онро вайрон мекунанд, аз ғазаби Худо огоҳ мекунад.MБУБ 647.1

    Ҳама чиз комилан равшан аст: ҳар нафаре ки Шариати Худоро поймол ва ба фармонҳои инсонӣ итоат менамояд, тамғаи ҳайвони ваҳширо кабул мекунад; ӯ нишонаи садоқат ба он ҳокимиятеро мегирад, ки онро аз Худо афзалтар медонад. Огоҳии осмонӣ мегӯяд: «Х,ар кӣ ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонаи худ ё бар дасти худ тамға занад, вай аз шароби хашми Худо, аз шароби холисе, ки дар косаи ғазаби Худо муҳайё шудааст, хоҳад нӯшид» (Ваҳй 14: 9, 10).MБУБ 647.2

    Вале то замони ба шуур ва вичдони ҳар як нафар расонида шудани ҳақиқат ва рад гардидани он ҳеҷ кас ба ғазаби Худо гирифтор намешавад. Бисёриҳо ҳанӯз ҳакиқатҳои махсусро барои замони ҳозира нашунидаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ талаботҳои аҳкоми чорумро дуруст дарк накарда буданд. Худое, ки майлу хоҳиши ҳар як қалбро мехонад ва онҳоро озмоиш мекунад. роҳ намедиҳад, то ки ақаллан як нафари ташнаи дарки ҳақиқат фиреб дода шавад ва имконияти сарфаҳм рафтани ҳамаи печдарпечиҳои муборизаро дар атрофи ин масъала надошта бошад. Одамон ин фармонро кӯр-кӯрона қабул намекунанд. Ҳар як нафар ба қадри кофӣ бо нури ҳақиқат шиносоӣ пайдо мекунад, то ки интихоби бошуурона кунад.MБУБ 647.3

    Рӯзи шанбе санҷиши бузурги садоқат мегардад, зеро ки он масъалаи асосии ҳақиқатест, ки ба ҳамлаҳо дучор мешавад. Вақте ки соати ҳалкунанда фаро мерасад, он гоҳ миёни нафароне ки ба Худо хизмат мекунанд ва онҳое, ки ба Ӯ хизмат намекунанд, фарқи аниқ гузошта хоҳад шуд. Дар он вақте ки риояи шанбеи бардурӯғ мувофиқи қонуни давлатӣ ва бар хилофи аҳкоми чорум савганди ошкорои садоқат ба ҳокимияти бо Худо муборизабаранда мегардад, риояи шанбеи хакикӣ ҳамчун нишонаи итоат ба Шариати Худо аз садоқат ба Офаридгор шаҳодат хоҳад дод. Одамоне ки аломати итоатро ба ҳокимиятҳои заминӣ қабул кардаанд, тамғаи ҳйвони ваҳширо мегиранд, вале онҳое, ки аломати садоқат ба ҳокимияти Илоҳиро интихоб намудаанд, мӯхри Худоро мегиранд.MБУБ 648.1

    To ин замоы нафаронеро, ки ҳақиқатҳои дар муждаи се фаришта ҷойдоштаро мавъиза мекарданд, воҳимачиҳо мешумориданд. Огоҳиҳои онҳо дар хусуси он ки дар Иёлоти Муттаҳида тоқатнопазирии динӣ аз нав ҳукмрон мегардаду Калисо ва давлат дар таъқиби риоякунандагони аҳкомҳои Худо муттаҳид мешаванд, беасос ва сафсата номида шуда буданд. Худбоварона изҳор карда мешуд, ки ин мамлакат ҳомии озодии дин буд ва ҳамеша чунин мемонад. Вале ба андозаи он ки масъалаи ҷашнгирии ҳатмии рӯзи якшанбе ҳарчи васеътар муҳокима карда мешавад, ҳодисае, ки ба он шубҳа менамуданд ва бовар намекарданд, воқеӣ мегардад, ва муждаи фариштаи сеюм таъсире мерасонад, ки пеш дар бораи он орзу кардан ҳам мумкин набуд.MБУБ 648.2

    Худованд ба ҳар як насл бандагони Худро мефиристод то ҳам дар дунё ва ҳам дар Калисо гуноҳро фош кунанд. Лекин одамон шунидани чизҳои хушро дӯст медоранд, ҳақиқати поку беобуранг бошад қабул карда намешавад. Бисёр ислоҳотчиён ба кори худ шурӯъ намуда, гуноҳҳои Калисо ва халқро бо эҳтиёти зиёд фош мекарданд. Онҳо умед доштанд бо намунаи шахсии зиндагии поки масеҳиёна халқро ба таълимоти Катоби Муқаддас баргардонанд. Ба онҳо Рӯҳи Муқадцас нозил шуд, чунон ки дар замони пеш Ӯ ба Илёс нозил шуд ва ӯро барои маҳкум кардани гуноҳҳои шоҳи гунаҳкор ва қавми аздингашта водор карда буд. Ислоҳотчиён таълимоти равшани Китоби Мукдддасро мавъиза накарда наметавонистанд, гарчанде ин мардон онҳоро мавъиза кардан намехостанд. Онҳо барои боғайратона мавъиза кардани ҳақиқат ва дар бораи хатари ба одамон таҳдидкунанда ошкоро сухан гуфтан водор шуда буданд. Аз оқибатҳо наҳаросида, онҳо суханонеро баён мекарданд, ки Худованд ба забонашон гузошта буд, ва халқ ба шунидани огоҳии пешакӣ маҷбур буд.MБУБ 649.1

    Муждаи се фаришта низ ҳамин тавр мавъиза карда хоҳад шуд. Вақте ки замони пурзӯр мавъиза намудани он фаро мерасад, Худованд ба воситаи қалбҳои фурӯтан амал намуда, хиради нафаронеро идора менамояд, ки худро ба хизмати Ӯ бахшидаанд. Кормандон барои иҷрои ин кор асосан на ба воситаи гирифтани маълумоти махсус. балки бо тадҳдни Рӯҳи Худо омода карда хоҳанд шуд. Мардони боимон ва дуогӯй бо ғайрати муқадцас камари ҳиммат баста ба мавъиза намудани он чизе шурӯь мекунанд, ки Худованд ба забони онҳо гузоштааст. Гуноҳҳои Бобил фош карда хоҳанд шуд. Оқибатҳои даҳшатангези бо зӯри талкин намудани фармонҳои калисо бо кувваи ҳокимияти шаҳрвандӣ, ҳамлаи спиритизм, паҳншавии ноаён, вале босуръати ҳокимияти папа - ҳамаи ин ошкор карда мешавад. Ин огоҳиҳои пешакии ботантана хазорон ҳазор одамонеро, ки ҳеҷ гоҳ ҳанӯз чизе ба ин монандро нашунида буданд ба изтироб меоранд. Онҳо бо ҳайрат хоҳанд донист, ки Бобил - ин калисоест, ки дар натиҷаи гумроҳиҳо ва гуноҳҳои худ ва бо сабаби радкунии ҳақиқати аз ҷониби Осмон фи- рисгодашуда фурӯ ғалтидааст. Вақге ки одамон ба усгодони пешинаи худ бо саволи зерин муроҷиат мекунанд: «Оё ин ҳамин тавр аст?», он гоҳ рӯҳониён ба онҳо афсонаҳо нақд карда. осудахолиро пешгӯӣ мекунанд, то ки тарс ва виҷдони бедоршудаи онҳоро ором созанд. Вале бисёриҳо бо нуфузу эътибори инсонӣ қонеъ нагардида, далели равшани: «Худованд чунин мегӯяд»-ро талаб мекунанд. Ва он замон рӯҳониёни машҳур, ба мисли фарисиёни кадима, ба муқобили нафароне саршори ғазаб мешаванд, ки ба нуфузу эътиборашон шубҳа кардаанд, ва ин рӯҳониён муждаи фарииггаи сеюмро чун муждаи иблисӣ маҳкум мекунанд. Онҳо издиҳоми дӯстдорони гуноҳро ба иғво меандозанд, то муждарасонҳои Худоро бадгӯӣ ва таъқиб кунанд.MБУБ 649.2

    Бо андозаи он ки ин мубориза васеъ мегардад ва халқ ҳарчи бештар дар бораи Шариати лоймолгардидаи Худо андеша мекунад, шайтон ҳам вақтро беҳуда сарф намекунад. Қуввае, ки аз ин мужда бармеояд, душманонашро ба хашм меоварад. Рӯҳониён қариб кӯшишҳои тоқатшиканро амалӣ месозанд, то ки нурро аз қавми худ пинҳон кунанд. Бо тамоми воситаҳо кӯшиши рӯпӯш намудани ин масъалаҳои муҳимро мекунанд. Калисо барои кӯмак ба ҳокимияти давлатӣ муроҷиат мекунад, папистҳо ва протестантҳо дар мубориза ба мукобили ҳақиқат муттаҳид мешаванд. Вақте ки харакат барои ҷашнгирии ҳатмии рӯзи якшанбе устувор мегардад, он гоҳ ба муқобили риоякунандагони аҳкомҳо қувва ба кор бурда мешавад. Баъзеҳоро бо ҷаримаи пулӣ ва ҳабсшавӣ тахдид мекунанд, дигаронро бошад бо вазифаҳои баланд ва мукофотҳои гуногун ва афзалиятҳо бо ришва мехаранд, то ки ба дасткашӣ аз имони худ маҷбур созанд. Вале онҳо матин мемонанд. «Бо ёрии Каломи Худо гумроҳии моро исбот кунед». Ин суханонро Лютер дар вазъиятҳои ба ин монанд гуфта буд. Нафаронеро, ки ба суд медиҳанд, ба ҳимояи ҳақиқат он қадар боварибахшона баромад мекунанд, ки баъзе одамони суханони онҳоро шунида низ ба риоя намудани ҳамаи аҳкомҳои Худо ҷуръат мекунанд. Ба ҳамин тариқ нур барои ҳазорон нафароне медурахшад, ки дар дигар вазъиятҳо дар бораи ин ҳақиқатҳо ҳеҷ чиз намедонистанд.MБУБ 650.1

    Итоати бошуурона ба Каломи Худо чун исён баҳогузорӣ карда хоҳад шуд. Волидайне ки онҳоро шайтон гумроҳ гардондааст ба фарзандони имондори худ бераҳмона ва сангдилона муносибат мекунанд; хоҷаҳо - ба он хизматгорони худ, ки аҳкомҳоро риоя менамоянд, зулму ситам мекунанд. Хешу ақрабо ба якдигар бегона мегарданд, фарзандонро аз мерос ва хонаи волидайн маҳрум месозанд. Суханони ҳавворӣ Павлус: «Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:12), айнан иҷро мегарданд. Азбаски хомиёни ҳақиқат аз қадр кардани рӯзи якшанбе ба ҷои рӯзи шанбе cap мепечанд, баъзеи онҳо ба зиндонҳо андохта мешаванд, дигарон - ба бадарға маҳкум мегарданд; бо сеюминҳо чун бо ғуломон муносибат мекунанд. Дар замони мо ин номумкин менамояд, вале вақте ки қувваи нигоҳдорандаи Рӯҳи Худо одамонро тарк мекунад, ва онҳо ба ихтиёри шайтон меафтанд, ки ба фароизҳои Илоҳӣ, бисёр чизҳо тағйир меёбанд. Вақге ки дар қалби одам барои тарс аз Худо ва муҳаббат ба Худованд ҷой нест, он метавонад ниҳоят бераҳм гардад.MБУБ 651.1

    Ҳамин ки тӯфон наздик мешавад, бисёр нафароне ки ба муждаи се фаришта имон овардаанд, вале ба воситаи итоат ба ҳақиқат пок нагардидаанд, аз ақидаҳои худ даст мекашанд ва сафхои душманони онро пур мекунанд. Бо ҷаҳон пайваст шудаву рӯҳи онро пурра қабул намуда, онҳо ба ашёҳо қариб тарзе нигоҳ мекунанд. ки ҷаҳон нигоҳ мекунад, ва вақте ки санҷишҳо фаро мерасанд, онҳо барои интихоби роҳи сабук омода хоҳанд буд. Одамони боистеъдоду ситорагарме, ки замоне аз ҳақиқат шодӣ мекарданд, бо тамоми қувва кӯшиши фирефтани одамони дигар ва ба гумроҳӣ андохтани онҳоро мекунанд. Чунин одамон бадтарин душманони бародарони пешинаи худ мегарданд. Вақте ки риоякунандагони рӯзи шанбе барои имони худ ба суд дода мешаванд, ин маслакфурӯшон аслиҳаи таъсирбахштарини шайтон гардида, ба онҳо тӯҳмат мезананд ва онҳоро айбдор мекунанд. Бо хабарҳои пинҳонии бардурӯғ ва тахминҳои беасоси худ онҳо ҳукматдоронро ба муқобили бародарони пешинаи худ бармеангезонанд.MБУБ 651.2

    Дар замони таъқиботҳо имони бандагони Худованд санҷида хоҳад шуд. Онҳо фақат ба Худо назар андохта ва ба Каломи Ӯ бовар карда, муждаи огоҳиро содиқона мавъиза намуданд. Рӯҳи Муқаддас қалбҳои онҳоро роҳбарӣ намуда, ба сухан гуфтан водор мекард. Аз Худо илҳом гирифта, бо ғайрати муқадцас қарзи вазифаи худро иҷро менамуданд ва Каломеро, ки Худованд бовар карда буд ба халқ мавъиза намуда, дар бораи оқибатҳо андеша намекарданд. Дар хусуси манфиатҳои заминии худ ғамхорӣ намекарданд, ном ва ҳатто ҳаёти худро ҳифз наменамуданд. Ва вақте ки тӯфони муқобилат ва ҳақоратҳо ба сари онҳо фурӯ мерезад, баъзе нафарони ба даҳшат афтода, ба чунин нидо кардан омода мешаванд: «Оҳ, агар медонистем, ки сухангӯиҳои мо ба чӣ оварда мерасонанд, албатта, сухане ҳам намегуфтем». Анҷоми мушкилиҳо намоён нест. Шайтон онҳоро бо васвасаҳои гарон иҳота мекунад. Ба назар чунин мерасад, ки барои иҷрои коре ки ба он шурӯъ намудаанд. зӯрашон намерасад. Ба онҳо марг таҳдид мекунад. Ғайрати пешина хомӯш гашт, вале бо вуҷуди ин онҳо ба акиб баргашта наметавонанд. Он гоҳ, дар ҳоли комилан нотавонӣ, онҳо ба Худованди Қодир рӯ меоранд. Ба хотир меоранд, ки ҳамаи суханони баённамудаашон на ба онҳо, балки ба Оне тааллуқ доштанд, ки Ӯ мавъиза намудани ин огоҳиҳои пешакиро ба онҳо амр дода буд. Худованд ҳақиқатро дар қалбҳояшон ҷой кард, ва онҳо онро мавъиза накарда наметавонистанд.MБУБ 652.1

    Дар замонҳои пеш низ мардони Худо бояд аз чунин санҷишҳо мегузаштанд. Уиклиф, Гус, Лютер, Тиндал, Бакстер, Уэсли талаб мекарданд, ки ҳамаи таълимотҳо бо Китоби Муқддцас санҷида шаванд, ва изҳор менамуданд, ки ба дасткашӣ аз ҳамаи чизи ба Навиштаҷоти Муқаддас мухолифатдошта омодаанд. Ин мардонро бо бераҳмии сангдилона таъқиб менамуданд, вале бо вуҷуди ин онҳо мавъиза намудани ҳақиқатро қатъ намекарданд. Давраҳои гуногун дар таърихи Калисо бо мавъизаи ҳақиқати махсусе хотирмон шудаанд, ки ба эҳтиёҷоти қавми Худо маҳз дар ҳамон замон ҷавобгӯй буд. Ва ҳар як ҳақиқат аз миёни нафрат ва муқобилат барои худ роҳ мекушод, ва онҳое, ки нури онро паҳн менамуданд, ба санҷишҳо ва таъқиботҳо дучор мешуданд. Дар лаҳзаи ноумедии сахттарин Худованд ба қавми Худ ҳақиқати махсусро мефиристад. Кӣ ҷуръат менамояд онро мавъиза накунад? Ӯ ба бандагони Худ амр медиҳад то ба ҷаҳон охирин даъватномаи меҳрубононаро бидиҳанд. Ва онҳо хомӯш монда наметавонанд, магар фақат аз хавфи ба ҳалокат гирифтор кардани ҷони худ. Муждарасонҳои Масеҳ набояд аз оқибатҳо андеша кунанд. Онҳо бояд қарзи худро адо кунанд, оқибатро бошад ба дасти Худо супоранд.MБУБ 652.2

    Вақте ки муқобилат ба қуллаи олитарин мерасад, бандагони Худо аз фикри он ки онҳо сабабгори бӯҳрон шудаанд, боз дар ҳайрат мемонанд. Вале виҷдон ва Каломи Худо онҳоро 60вap мекунонанд, ки дуруст рафтор кардаанд, ва агарчи санҷишҳо қатъ намегарданд, метавонанд онҳоро паси cap намоянд. Мубориза ҳарчӣ шидцатноктар ва тундгар хоҳад гашт, вале дар вазъиятҳои хатарнок имон ва мардонагии онҳо афзун мегардад. Онҳо шаҳодат медиҳанд: «Мо ҳақ надорем Каломи Худоро нодуруст маънидод кунем ва Шариати муқадцаси Ӯро ҷудо намуда, як кисми онро муҳим, қисми дигарашро бошад - ғайриҳатмӣ шуморем, то ки ба ҷаҳон писанд оем. Худованде, ки мо ба Ӯ хизмат мекунем, қудрат дорад моро наҷот диҳад. Масеҳ қувваҳои заминиро мағлуб кард, магар мо аз ин ҷаҳони аллакай маглубшуда бояд битарсем?»MБУБ 653.1

    Новобаста ба он ки таъқиботҳо дар кадом шакл зоҳир мегарданд, онҳо инкишофи принсипе мебошанд, ки то замоне вуҷуд хоҳад дошт, ки шайтон вуҷуд дорад ва масеҳият соҳиби қувваи зинда аст. Ҳеҷ як одам наметавонад бе ба миён овардани муқобилати рӯҳҳои дӯзахӣ, ба Худо хизмат кунад. Фариштагони бад, ки аз он ба изтироб меоянд, ки аз онҳо тӯъмаро мерабоянд, чунин шахсро иҳота мекунанд. Одамони бад, ки намунаи чунин шахс онҳоро фош месозад, ба рӯҳҳои бад ҳамроҳ мегарданд ва бо васвасаҳои гуногун кӯшиши аз Худо ҷудо намудани ӯро мекунанд. Вақте ки ин муяссар намегардад, онҳо кӯшиши бо зӯри қувва фурӯ нишондани садои виҷдонро менамоянд.MБУБ 653.2

    То даме ки Исои Масеҳ дар қудсгоҳи осмонӣ Шафоатгари одам аст, ҳокимон ва халқ таъсири боздорандаи Рӯҳи Муқаддасро эҳсос хоҳанд кард. Он то андозае дар қонунҳои заминӣ низ зоҳир мегардад. Агар ин қонунҳо вуҷуд намедоштанд, он гоҳ ҳолати ҷаҳон назар ба ҳозира хеле ғамангезтар мебуд. Дар он вақте ки бисёре аз ҳокимон аслиҳаи дасти шайтонанд, дар миёни сарварони халқҳои гуногун хизматгорони Худо низ ҳастанд. Душман дастёрони худро барои ба ҳар тарз ба кори Худо монеъ шудан ба игво меандозад, вале ходимони давлатии Худовандро қадркунанда ва дар зери таъсири фариштагони муқаддас қарордошта ба муқобили лоиҳаҳои онҳо далелҳои раднашавандаро пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, ҳомиёни камшумори ҳақиқат селоби пурзӯри бадиро бозмедоранд. Муқобилати шарикони шайтон боздошта мешавад, то ки муждаи се фаришта кори худро ба ҷо оварда тавонад. Огохии оҳирин ба худ таваҷҷӯҳи он роҳбаронеро ҷалб менамояд. ки Худованд алҳол ба воситаи онҳо заҳмат мекашад, ва баъзе аз ин мардон онро қабул мекунанд ва дар замони ғаму андӯҳ ба тарафи қавми Худо мегузаранд.MБУБ 654.1

    Фариштае, ки ба мавъизаи муждаи фариштаи сеюм ҳамроҳ мегардад, бояд бо ҷалоли худ тамоми заминро мунаввар гардонад. Ин суханони пайғамбарона дар хусуси коре шаҳодат медиҳанд, ки вусъати умумиҷаҳонҳй мегирад ва бо қувваи ғайриоддй фарқ хоҳад кард. Х,аракати адвентистии солҳои 1840 - 1844 зоҳиршавии пуршарафи қувваи Худо буд; муждаи фариштаи якум аз ҷониби таблиғотчиён дар тамоми ҷаҳон мавъиза карда мешуд, ва дар баъзе кишварҳо нисбат ба дин шавқу ҳаваси бузургтарин, ки аз замони Ислоҳоти асри XVI дар ҳеҷ куҷо мушоҳида намешуд, ба миён омад; вале ҳаракати пурзӯре, ки охирин огоҳии фариштаи сеюм сабаби пайдоиши он мегардад, аз бисёр ҷиҳат аз Ислоҳот пеш мегузарад.MБУБ 654.2

    Ин кор ба мисли ҳамон коре мешавад, ки дар рӯзи Пантикост ба амал омад. Чӣ тавре ки «борони аввалин» ҳангоми фуруд омадани Рӯҳи Муқаддас дар оғози паҳншавии Инҷил барои он фиристода шуда буд, то ки тухмии гаронбаҳо неш занад, ҳамин тавр «борони охирин» низ дар охири замон барои пухта расидани ҳосил рехта хоҳад шуд. «Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад» (Ҳушаъ 6:3). «Ва шумо, эй писарони Сион, дар Худованд Худои худ хурсандӣ ва шодӣ кунед, зеро ки Ӯ борони аввалинро ба шумо ба қадри даркорӣ медиҳад, ва борони аввалин ва охиринро барои шумо мисли пештара меборонад». «Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт». «Ва чунин хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт» (Юил 2:23; Аъмол 2: 17, 21).MБУБ 654.3

    Ҳангоми анҷомёбии кори бузурги Инҷил қудрати Худо бояд чун дар оғози он зоҳир гардад. Он пешгӯиҳои пағамбаронае ки ҳангоми фурӯрезии борони аввалин дар ибтидои мавъиза иҷро гардиданд, аз нав бояд ҳангоми фурӯрезии борони охирин дар охири замон такрор ёбанд. Ин «айёми фароғат» аст, ки Петрус қаблан аз он лаззат бурда, гуфта буд: «Пас, тавба кунем ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад, ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро хоҳанд расид, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки аз аввал бароятон баргузида буд, бифиристад» (Аъмол 3: 19,20).MБУБ 655.1

    Бандагони Худо бо чеҳраҳои нуронӣ, ки дар онҳо мӯҳри худфидоии муқаддас нақш бастааст, барои ба тамоми гӯшаҳои замин оварда расонидани муждаи осмонӣ шитоб хоҳанд кард. Ҳазорон овозҳо дар ҳама ҷо ин огоҳии пешакиро эълон мекунанд. Мӯъҷизаҳои зиёд ба амал меоянд, беморон шифо меёбанд, аломатҳо ва ҳодисаҳои фавқуттабиӣ имондоронро ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Шайтон низ «аломатҳои бузург ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад» (Ваҳй 13:13). Маҳз он замон ба сокинон замин интихоби охирини худро ихтиёр кардан лозим меояд.MБУБ 655.2

    Ин мужда на бо хиради инсонӣ, балки бо боваркунонии амиқи Рӯҳи Худо паҳн карда мешавад. Далелҳо аллакай дода шуда буданд. Тухмӣ корида шуда буд, ва акнун он неш зада ме- барояд ва самар медиҳад. Китобҳои паҳннамудаи таблиғотчиён аллакай таъсири худро расонданд, вале ба бисёр одамоне, ки ҳақиқат ба онҳо таъсир бахшид, чӣ чизе барои то охир дарк намудан ва қабул кардани ҳақиқат халал расонд. Акнун бошад шуоъҳои нур дар ҳама ҷо паҳн мешаванд, ҳақиқат ба таври равшан ошкор аст, ва фарзандони самимии Худо завлонаҳоеро пора-пора мекунанд, ки онҳоро побанд кардаанд. Робитаҳои хешутаборӣ, ӯхдадориҳо дар назди Калисо барои боздоштани онҳо қудрат нахоҳанд дошт. Ҳақиқат аз ҳама чизи боқимонда пурқиматтар мегардад. Сарфи назар аз қувваҳои муттаҳиди душманон, шумораи зиёди имоновардагон ба ҷониби Худованд мегузарад.MБУБ 655.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents