Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 19. - НУР ДАР ЗУЛМОТ

    Ҳамаи ҳаракатҳои динӣ ё ислоҳотгароёнае ки Худованд дар рӯи замин амалӣ мекунад, дар ҳамаи асрҳо ба таври ҳайратангез бо ҳам монанданд. Қоидаҳои муносибати Худо бо одамон ҳамеша яканд. Хдракатҳои муҳимтарини замони ҳозира бо таҷрибаи гузашта мустаҳкам гардонда мешаванд, ва он чиро, ки Калисо дар асрҳои гузашта аз cap гузаронд, барои рӯзгори мо сабақҳои пурарзиш доранд.MБУБ 360.1

    Китоби Муқаддас бо таври кушоду равшан дар бораи он сухан мегӯяд, ки чӣ тавр Худо бо воситаи Рӯҳи Мукаддас хизматгузорони Худро дар рӯи замин дар кори бузурги наҷоти одамон роҳбарӣ мекунад. Худованд одамонро чун аслиҳа барои амалисозии мақсадҳои нек ва меҳрубононаи Худ истифода мебарад. Ҳар як шахс қисми кори худро ичро мекунад; ба ҳар як нафар микдори муайяни нур дода шудааст, ки ба эҳтиёҷотҳои замони ӯ мувофиқат мекунанд ва барои амалисозии масъулиятҳои аз ҷониби Худованд ба дӯши ӯ гузошташуда кифоя аст. Вале хеҷ инсон, ҳар қадаре. ки Худо ӯро қадр накунад, ҳанӯз ба пурра дарк намудани нақшаи бузурги фидиягузорӣ ё ба мукаммал дарк намудани нақшаҳои Илоҳӣ, ки дар замони ӯ амалӣ мешаванд, нарасидааст. Одамон ба таври пурра дарк карда наметавонанд, ки Худо ба онҳо ин ё он корро бовар намуда, кадом мақсадҳоро дар назар дорад; онҳо қобилияти аз ҳар ҷиҳат дарк намудани он муждаеро, ки онро ба номи Худо мавъиза мекунанд, надоранд.MБУБ 360.2

    «Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарёбй? Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?». «Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, мегӯяд Худованд. Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст. ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо, ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст». «Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва амсоли Ман нест. Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз кадим баён менамоям» (Айюб 11:7; Ишаъё 55:8,9; 46:9,10).MБУБ 360.3

    Ҳатто пайғамбароне, ки онҳоро Руҳулқудс бо таври махсус маърифат бахшид, ба таври пурра аҳамияти ваҳйҳои ба онҳо додашударо дарк карда наметавонистанд, ки маънии онҳо бояд аз садсола ба садсола ба қавми Худо мувофиқ ба талабот ба маслиҳату пандҳое, ки дар ин ваҳйҳо ҷойгиранд, ошкор шаванд.MБУБ 361.1

    Петрус дар бораи наҷоте, ки нури Инҷил ато мекунад, сухан ронда. навишта буд: «Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллук дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд. Онҳо тадқиқ намуданд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳ ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, вақте ки Он аз уқубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид. пешакӣ хабар медод. Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст...» (1 Петрус 1:10-12).MБУБ 361.2

    Гарчанде ки пайғамбарон ба таври пурра чизҳои ба онҳо ошкоршударо намефаҳмиданд, онҳо аз таҳти дил кӯшиш мекарданд, то ҳамаи нуреро қабул кунанд, ки Худо ба онҳо мефиристод. Онхо «тафтиш ва тадқиқ» мекарданд «ки кадом вакт ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онхо буд, нишон додааст». Барои қавми Худо, ки дар давраи масеҳият зиндагӣ мекунад ва ин пешгӯиҳои пайғамбарона барои манфиаташ дода шуда буданд, чӣ гуна сабақ аст ин. «Ба онхо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст». Дар бораи ин мардони поки Худо андеша кунед, ки ваҳйҳои барои наслҳои оянда ба онҳо додашударо «тафтиш ва таҳқиқ» кардаанд. Саъю кӯшиши муқаддаси онҳоро бо муносибати фориғболонаю бепарвоёнаи масеҳиёни асрҳои баъдина ба ин ҳадияҳои осмонӣ муқоиса кунед. Чӣ гуна сабақ ба одамони коҳилу саргарми айшу ишрати дунявӣ, ки баён медоранд, ки пешгӯиҳои пайғамбаронаро фаҳмидан номумкин аст ва бо ин қаноатманд мешаванд!MБУБ 361.3

    Гарчанде ки ақли маҳдуди инсоният қудрати ба машварати Худои Беинтиҳо ворид шудан ва то ба охир дарк намудани нақшаҳои Ӯро надорад, ба ҳар ҳол сабаби бо чунин норавшанӣ дарк намудани муждаҳои осмонӣ бисёр вақт дар гумроҳиҳо ва бепарвоии шахсӣ ҷойгир аст. Бисёр вакт ақпи одамон ва ҳатто хизматгузорони Худо бо андешарониҳо, накду ривоятҳо ва таълимотҳои бардурӯғ гумроҳ мешавад, ва онҳо қобилияти фақат қисман дарк намудани ҳақиқатҳои дар Каломи Худо ошкоршударо доранд. Бо шогирдони Масеҳ низ чунин рӯй дод, вақте ки Наҷотдиҳанда ҳамрохи онҳо буд. Ақли онҳо аз тасаввуроти умумӣ дар бораи Масеҳ чун Шоҳи заминие, ки кавми Исроил бо кӯмаки Ӯ ҳукмронии умумичаҳониро ба даст меорад, гумроҳ шуда буд ва онҳо қобилияти дарк намудани суханони Масеҳро надоштанд, ки Ӯ дар онҳо азобу уқубат ва марги Худро пешгӯӣ карда буд.MБУБ 361.4

    Худи Масеҳ шогирдонашро бо ин мужда фиристода буд: «Вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред»» (Маркус 1:15). Ин мужда дар пешгӯии пайғамбаронаи Дониёл (боби 9), асос ёфта буд. Шасту ду ҳафтсолае ки фаришта дар бораи он сухан мегуфт то «Масеҳи Раис» тӯл мекашиданд, ва шогирдон бо орзуҳо ва умедвориҳои нек интизор буданд, ки Масеҳ дар Ерусалим Подшоҳии Худро барқарор менамояд, то ки тамоми ҷаҳонро идора кунад.MБУБ 362.1

    Шогирдон муждаеро мавъиза мекарданд. ки Масеҳ ба онҳо супориш дода буд, гарчанде худ онро нодуруст мефаҳмиданд. Мавъизаи худро дар асоси боби 9-уми Китоби Дониёл (ояти 25), баён намуда, ба он диққат намедоданд, ки ояти ояндаи худи ҳамин боб дар бораи марги ногузири Масеҳ шаҳодат медиҳад. Онҳо аз айёми кӯдаки лаззати салтанати заминиро мечашиданд. ва ин ба онҳо имконияти дарк намудани хусусиятҳои ин пешгӯии пайғамбарона ва суханони Масеҳро надод.MБУБ 362.2

    Шогирдони Масеҳ қарзи худро иҷро намуда, яҳудиёнро аз файзи ба онҳо пешниҳодгардида хабар карданд ва дар худи ҳамон вақте ки интизорӣ ба тахти Довуд нишастани Масеҳ буданд, шоҳиди он гардиданд, ки чӣ тавр Ӯро ба монанди фиребгар дастгир, масхара ва маҳкум намуда, баъд... дар Ҷолҷолто мехкӯб карданд. Чӣ гуна ноумедӣ ва ғаму андӯҳро дар он рӯзҳо шогирдон аз cap гузаронданд, вакте ки Масеҳи онҳо дар қабр ором гирифт!MБУБ 362.3

    Исои Масеҳ маҳз дар ҳамон вақт ва маҳз он тавре ба замин омад, ки дар пешгӯии пайғамбарона нишон дода шуда буд. Шаҳодати Каломи Муқаддас дар ҳар як ҷузъи хизмати Ӯ иҷро шуд. Ӯ муждаи наҷотро мавъиза мекард ва «Каломи Ӯ бо қудрат буд». Аз рӯи эътирофи шунавандагони Ӯ, ин мужда аз Осмон фиристода шуда буд. Калом ва Рӯҳи Худо аз ҷониби Худо будани хизмати Исои Масеҳро тасдик кардаанд.MБУБ 363.1

    Шогирдон мисли пешина ба Устоди дӯстдоштаи худ содик буданд, вале бо вуҷуди ин онҳоро тааҷчубу шубҳа азоб медод. Асири ғаму андӯҳ гардида, суханони Масеҳро, ки ба онҳо дар бораи азобҳо ва марги Худ гуфта буд, фаромӯш карданд. Агар Исои Ҷалилӣ дар ҳакиқат Масеҳ бошад, магар онҳо метавонистанд ин қадар азоб кашанд ва ноумед гарданд? Ана чӣ чиз қалби онҳоро азият медод, вақте ки Наҷотдиҳанда дар он шанбеи нохуш, дар рӯзи пеш аз эҳёи Худ, дар қабр хоб буд.MБУБ 363.2

    Гарчанде ки шаби ғам шогирдони Масехро бо торикӣ фаро гирифта буд, онҳо танҳо гузошта нашуда буданд. Пайғамбар чунин мегӯяд: «... агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман... маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард, ва ман адолати Ӯро хоҳам дид». «Аммо торикӣ низ аз Ту пинҳон нахоҳад кард ва шаб мисли рӯз равшан хохад шуд: хоҳ торикӣ бошад, хоҳ рӯшноӣ». «Дар торикӣ барои росткорон нур тулӯъ мекунад». «Ва кӯронро ба роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд; онҳоро бо тариқҳое ки номаълуманд, ҳидоят хоҳам намуд; торикро пеши онҳо ба рӯшноӣ, ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост табдил хоҳам дод. Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард, ва онҳоро тарк находам кард» (Мико 7:8,9; Забур 138:12; 111:4; Ишаъё 42:16).MБУБ 363.3

    Муждае ки онро шогирдон бо номи Худованд мавъиза мекарданд, дар ҳар як муфассалияш дуруст буд, ва айнан дар ҳамон лаҳза ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвастанд, ки ин мужда ба онҳо ишора мекард. «Вақт расидааст, ва Малакути Худо наздик аст», - мавъиза мекарданд онҳо. Бо анҷомёбии «вақти» - шасту ду ҳафтсола, ки дар боби 9-уми Китоби Дониёл ёдрас мешаванд ва то Масеҳи, «Тадҳиншуда» тӯл мекашид - Исо баъди он ки дар Урдун аз Юҳанно таъмид гирифт, аз ҷониби Рӯҳ тадҳин карда шуд. Ва «Малакути Худо». ки онҳо дар бораи фаро расиданаш мавъиза мекарданд, бо марги Масеҳ барқарор карда шуд. Ин подшоҳии заминие набуд, ки ба онҳо аз айёми кӯдакӣ таълим медоданд. Ин инчунин на он Подшоҳии ҷовидонаи ояндае буд, ки вақте барқарор мешавад, ки «малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд»; балки он Подшоҳии ҷовидонае буд, ки дар он «ҳамаи салтанатхо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард» (Дониёл 7:27). Дар забони Китоби Муқаддас ифодаи «Малакути Худо» ҳам маънои Подшоҳии файз ва ҳам Подшоҳии ҷалолро дорад. Ҳавворӣ Павлус дар Нома ба Ибриён дар бораи Подшоҳии файз сухан мегӯяд. Ба Исои Масеҳ чун ба Шафоатгари мехрубоне, ки «дар зафъҳои мо метавонад ба мо дилсӯзӣ кунад», ишора карда, ӯ чунин менависад: «Бинобар ин бо чуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем» (Ибриён 4:15,16). Тахти файз Подшохии файзро ифода мекунад, зеро ки худи вуҷуд доштани тахт вуҷуд доштани подшоҳиро дар назар дорад. Масеҳ дар бисёр масалҳои Худ ифодаи «Малакути Осмонӣ»-ро истифода мебарад, то ки бо ин таваҷҷӯҳро ба таъсири файзи Илоҳӣ дар қалбҳои одамон равона созад.MБУБ 363.4

    Айнан ҳамин тавр тахти ҷалол Подшохии ҷалолро таҷассум мекунад ва дар суханони Масех мо ишораро ба ин Подшоҳӣ пайдо месозем: «Лекин вақте ки Писари Одам дар чалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гох бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, ва ҳамаи халққо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд» (Матто 25: 31,32). Аммо ин Подшохди оянда аст. Он то Дуюмбора омадани Масеҳ барқарор карда нахоҳад шуд.MБУБ 364.1

    Подшоҳии файз дарҳол баъди гунаҳгоршавии одам барпо карда шуда буд, вақте ки накшаи фидиягузории инсонияти гунаҳгор андешида шуд. Он мувофиқи нақшаи фидиягузорӣ ва аз рӯи ваъдаи Худованд вуҷуд дошт, ва одамон ба воситаи имон метавонистанд шаҳрвандони ин Подшоҳӣ гарданд. Аммо он бо тамоми пуррагияш танҳо баъди марги Масеҳ барқарор шуда буд. Ҳатто хизмати заминии Худро оғоз намуда, Масеҳ, ки аз якравию ношукрии одамон азият дида ғамзада буд, метавонист аз қурбонии Ҷолҷолто даст кашад. Дар боғи Ҷатсамонӣ косаи азобу машаққатҳо дар дастони Ӯ меларзид. Ҳатто дар он лаҳза Ӯ метавонист қатраҳои хунинро аз пешонаи Худ пок кунад ва инсонияти гунаҳгорро барои мурдан дар гуноҳҳояш танҳо гузорад. Ва агар Ӯ чунин рафтор мекард, он гоҳ инсони гунаҳгор аз имконияти наҷотёбӣ маҳрум мешуд. Лекин вақте ки Наҷотдиҳанда ҷони Худро қурбон кард ва дар нафаси охирин дар салиб суханони «Иҷро шуд!»-ро баён намуд, он гоҳ иҷрошавии нақшаи наҷот кафолат дода шуд. Ваъдаи наҷот, ки дар боғи Адан ба ҷуфти гунаҳгоршуда дода шуда буд, иҷро гардид. Подшоҳии файз, ки то кунун танҳо дар ваъдаҳои Худо нигоҳ дошта мешуд, акнун ба таври абадӣ барпо карда шуд.MБУБ 364.2

    Ҳамин тавр, марги Масеҳ, ки онро шогирдони сахт ноумедгардида чун барбодравии бебозгашти умеду орзуҳои худ қабул карда буданд, дар асл умеду орзуҳои онҳоро устувор гардонд ва далели пурқуввати дурустии имони онҳо гардид. Ҳодисае ки онҳоро гирифтори чунин азобу ноумедӣ гардонд, дари умеду орзуро барои ҳар як писар ва духтари Одам кушод, ин ҳодиса маркази ҳаёти оянда ва саодатмандии ҷовидонаи фарзандони содиқи Худо дар ҳамаи асрҳост.MБУБ 365.1

    Сарфи назар аз ноумедии шогирдон, марҳамати беканори Худо зоҳир карда мешуд. Гарчанде ки қалби онҳоро файзи Илоҳӣ ва қувваи таълимоти Оне мутеъ карда буд, ки дар хусусаш чунин мегуфтанд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст», бо вуҷуди ин ба тиллои холиси муҳаббати онҳо ба Масеҳ эҳсосотҳои пасти ғурур ва шӯҳратпарастии дунявӣ омехта мешуданд. Ҳатто дар арафаи иди Фисҳ дар болохона дар он соати пуртантана, вақте ки ба сари Устоди онҳо сояи Ҷолҷолто афтод, онҳо баҳс мекарданд, «ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад» (Луко 22:24). Дар он замоне ки соати шармандагӣ, азоби ҷонкоҳ дар боғ, қамчинкорӣ дар судхонаи Пилотус ва азобҳои Ҷолҷолто наздик буданд, онҳо орзуи тахту тоҷ ва шӯҳратро мекарданд. Ғурур ва ҳавасуи орзу шӯҳрати дунявӣ онҳоро водор намуданд, ки ба таълимоти бехирадонаи замони худ сахт дил банданд ва ба суханони Наҷотдиҳанда, ки ба асли табиати Подшоҳии Ӯ, ба азобҳо ва марги Ӯ нишон медоданд, бепарвой намоянд; ин гумроҳиҳо аз паси худ озмоишҳои пуразоб, лекин дар баробари ин барои ислоҳшавии онҳо зарурро ба миён оварданд. Гарчанде шогирдон маънии он муждаеро, ки мавъизааш мекарданд сарфаҳм намерафтанд ва худро бо интизориҳои бардурӯғ ором мегардонданд, бо вучуди ин огоҳиҳои аз ҷониби Худованд ба онҳо додашударо мавъиза менамуданд ва Худо имон ва итоаткории онҳоро подош дод. Онҳо бояд ба тамоми қавмҳо муждаи Хушро дар бораи Масеҳи эҳёшуда хабар медоданд. Маҳз барои ба ин кор омода шудани шогирдон, Худо ба онҳо чунин ғаму андӯҳи сахтро фиристод.MБУБ 365.2

    Баъди эҳёи Худ Масеҳ дар роҳ ба Аммоус ба шогирдон зоҳир гашт «Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё cap карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод» (Луқо 24:27). Қалбҳои шогирдон ба ларза афтоданд. Имони онҳо бедор шуд. Пеш аз он ки Масеҳ Худро ба шогирдон нишон дод, онҳо аллакай «барои умеди зинда», рӯҳи тоза гирифта буданд. Масеҳ мехост бо «каломи нубувват» акди онҳоро мунаввар ва имони онҳоро устувор гардонад. Ӯ мехост, то ки ҳақиқат дар қалбҳои онҳо чуқур реша давонад, аммо на аз барои он ки Ӯ Худ онро шаҳодат додааст, балки барои он ки дар рамзҳо ва сояҳои шариати тимсолй ва инчунин дар пешгӯиҳои пайғамбаронаи Аҳди Қадим далелҳои раднопазир ҷойгиранд. Пайравони Масеҳ на танҳо бояд худ имони дар ақл асосёфта медоштанд, балки ба ҷаҳониён донишро дар бораи Масеҳ мавъиза мекарданд. Ва ҳам чун қадами аввалин дар роҳи ба даст овардани ин дониш Исои Масеҳ таваҷҷӯхи шогирдони Худро ба «Мусо ва пайғамбарон » равона кард. Ҳамин тавр Наҷотдиҳандаи эҳёгардида муҳим ва пурарзиш будани Навиштаҳои Ахди Қадимро нишон дод.MБУБ 366.1

    Вақте ки шогирдон бори дигар ба чеҳраи неки Устоди худ нигоҳ карданд, чӣ гуна дигаргуние дар қалби онҳо ба амал омад! (ниг. Луқо 24:32). Акнун онҳо бо маънии пурра ва комилаш «Он касеро пайдо карданд, ки дар шариати Мусо ва пешгӯиҳои пайгамбарон дар бораи Ӯ навишта буданд». Шубҳа, азобҳо ва ноумедиҳо ҷои худро ба боварии устувор ва имони беғубор супориданд. Тааҷҷубовар нест, ки баъди ба осмон боло рафтани Масеҳ, онҳо ҳамеша дар «маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд». Одамоне ки танҳо дар бораи марги шармандавори Наҷотдиҳанда чизе медонистанд, фикр мекарданд, ки дар чеҳраҳои онҳо гаму андӯҳ ва хиҷолатро мебинанд, вале бо ҳайронӣ, шодии ғалабаро диданд. Барои иҷрои кори дар пеш истода, шогирдон чӣ гуна омодагии аҷиб гирифтанд! Онҳо аз озмоишҳои вазнин гузаштанд, лекин дар он вақте ки ба назар чунин менамуд, ки ҳама чиз аз даст рафтааст, Каломи Худо ба таври ғалабаовар иҷро шуд. Магар акнун чизе метавонист имони онҳоро тира гардонад ва оташи муҳаббати онҳоро хомӯш созад? Дар соати дарди аз ҳама вазнин онҳо «тасаллои пурзӯр», ва умеде доштанд, ки «барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст» (Ибриён 6:18,19). Онҳо шоҳиди хирад ва қувваи Худо буданд ва боварӣ доштанд, ки «на марг, на ҳаёт, на Фариштагон, на Ибтидо, на Қувва, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар», наметавонад онҳоро «аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо кунад». «Ҳдмаи инро, - мегуфтанд онҳо, - бо воситаи Дӯстдорамон бартараф мекунем». «Каломи Худованд то абад боқист». « Кӣ маҳкум мекунад? Масеҳ мурдааст, вале боз эҳё шудааст: Ӯ ба ямини Худо нишастааст, Ӯ дар ҳаққи мо шафоат мекунад» (Румиён 8:38,39,37; 1 Петрус 1:25; Румиён 8:34).MБУБ 367.1

    Худованд чунин мегӯяд: «...ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд» (Юил 2:26). «... бегоҳӣ гиря маскан мегирад, валекин пагоҳӣ шодмонӣ» (Забур 29:6). Вақте ки дар рӯзи эҳёшавии Ӯ, шогирдон Наҷотдиҳандаро вохӯрданд, ва қалбҳои онҳо аз суханони Ӯ месӯхтанд; вақте ки онҳо ба қабурға, дастон ва пойҳои Ӯ, ки аз барои онҳо сӯрох шуда буданд, нигоҳ карданд; вақте ки Исои Масеҳ пеш аз ба осмон боло рафтани Худ онҳоро ба Вефӯрӯн бурд ва дастонро дар дуо боло бардошта, ба онҳо амр кард: «Ба тамоми ҷаҳон биравед ва Инҷилро мавъиза кунед» ва илова намуд: «инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам», ва вақте ки дар рӯзи Панҷоҳум (Пантикост), бар сари онҳо Тасаллодиҳандаи ваъдашуда ва қувваи осмонӣ фурӯ омад, ва ҳамаи имондорон аз эҳсоси он ки дар миёни онҳо Масеҳи ба осмон суудкарда ҳузур дорад, ба ларза омаданд, он гоҳ сарфи назар аз он ки онҳоро низ чун Масеҳ роҳи қурбониҳо ва азобҳо интизор буд, магар метавонистанд хизмати Инҷили файз ва «тоҷи парҳезгориро», ки ҳангоми омадани Ӯ ба даст меоранд, ба шӯҳрати тахти заминӣ, ки дар ибтидои пайравӣ ба Масеҳ умеди онҳо буд, иваз кунанд? Он ки «қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад», ба онҳо дар баробари иштирок дар азобу машаққатҳои Худ имконияи ба шодии Ӯ ҳамроҳ шуданро дод - шодие, ки «фарзандони бисёрро ба ҷалол меорад», шодии баённашавандаи «ҷалоли абадиро ... ба андозаи бениҳоят бузург», ки чӣ тавре ки Павлус мегӯяд, «азобу уқубати мо, ки кӯтоҳмуддат аст», дар муқоиса бо он ҳеҷ арзише надорад.MБУБ 367.2

    Азобу машаққатхо ва таҷрибаи шогирдоне, ки «Инҷи;1и Малакутро» дар замони маротибаи Якум омадани Масеҳ мавъиза мекарданд, инъикоси худро дар азобу машаққатҳо ва таҷрибаҳои онҳое меёбанд, ки муждаи Дуюмбора омадани Масеҳро мавъиза мекунанд. Ба монанди он ки шогирдон ба миёни халқ баромаданд ва мавъиза намуданд, ки «вақт расидааст ва Малакути Худо наздик шудааст», Миллер низ бо ҳаммаслакони худ дар бораи он мавъиза мекард, ки давраи дарозу охирини пешгӯии пайғамбаронаи дар Китоби Муқаддас ишорашуда ба наздикӣ анҷом меёбаду соати доварӣ наздик аст ва Малакути ҷовидона ба зудӣ фаро мерасад. Мавъизаи шогирдон дар бораи вақт дар нишондод оиди ҳафтод ҳафтсолае асос меёфт, ки дар боби 9-уми Китоби Дониёл ёдрас шудааст. Муждае ки онро Миллер ва ҳамфикронаш мавъиза мекарданд дар бораи анҷомёбии 2300 рӯз сухан мегуфту (ниг. Дониёл 8:14), ҳафтод хафтсола як қисми онро ташкил медод. Ҳам шогирдон ва ҳам ислоҳотчиён мавъизаи худро дар асоси иҷрошавии қисмҳои гуногуни як давраи бузурги пешгӯии пайғамбарона баён мекарданд.MБУБ 368.1

    Уилям Миллер ва ҳамфикронаш ба монанди шогирдони аввалин маънии муждаеро, ки мавъиза менамуданд, ба таври пурра дарк намекарданд. Гумроҳиҳое ки дар Калисо ҳукмрон буданд ба онҳо дар дуруст дарк намудани лаҳзаи муҳими пешгӯии пайгамбарона халал мерасонданд. Бинобар ин, сарфи назар аз он ки онҳо муждаи аз ҷониби Худо амршударо мавъиза мекарданд, бо вуҷуди ин дар натиҷаи фаҳмиши нодуруст, ноумедии сахтро аз cap гузаронданд.MБУБ 369.1

    Миллер ҳангоми фаҳмондани суханони «То ду ҳазору сесад шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудсгоҳ барқарор хоҳад шуд» (Дониёл 8:14), чӣ тавре ки аллакай гуфта шуда буд, нуқтаи назари аз ҷониби ҳама қабулгаштаро, ки мувофиқи он замин қудсгоҳ шуморида мешуд, чун асос қабул намуда, боварӣ дошт, ки тозашавии қудсгоҳ, тозашавии заминро ба воситаи оташ дар назар дорад ва ин ҳодиса ҳангоми Дуюмбора омадани Масеҳ ба амал меояд. Бинобар ин, вақте ӯ ошкор намуд, ки санаи анҷомёбии 2300 рӯзро муайян кардан мумкин аст, ба хулосае омад, ки ин вақт замони Дуюмбора омадани Масеҳ асг. Хатоии ӯ натиҷаи қабул намудани таълимоти дар он замон машҳур буд, ки мувофиқи он қудсгоҳ - замини мост.MБУБ 369.2

    Дар системаи тимсолии ибодатгузорӣ, ки сояи қурбонй ва коҳинии Масеҳ буданд, тозашавии қудсгоҳ амали охирине буд, ки аз ҷониби саркоҳин дар анҷоми силсилаи хизматгузории солона иҷро карда мешуд. Ин лаҳзаи анҷомбахшандаи фидиягузорй - поксозии қавми Исроил аз гуноҳ буд. Он рамзи давраи охирини хизмати Саркоҳини Осмонии мо буд, вақте ки Ӯ гуноҳҳои қавми Худро, ки дар китобҳои осмонӣ навишта шудаанд, мебахшад. Ин хизматгузорӣ ҳам тафтишот ва ҳам довариро дар бар мегирад, ки дарҳол баъди онҳо Масеҳ бар абрҳои осмонӣ бо қувва ва ҷалоли бузург бармегардад, зеро то омадани Ӯ қисмати ҳар як нафар ҳалли худро меёбад. Исои Масеҳ чунин мегӯяд: «...мукофоти Ман бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофиқи аъмолаш сазо диҳам» (Ваҳй 22: 12). Дар муждаи фариштаи якум маҳз дар хусуси ҳамин доварие сухан меравад, ки аз Дуюмбора омадани Масеҳ пешакӣ хабар медиҳад: « Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст» (Ваҳй 14:7).MБУБ 369.3

    Мавъизакунандагони ин огоҳӣ ба одамон муждаи муҳимро барои замони худ мерасонданд. Лекин ба монанди он ки шогирдони аввалин дар асоси пешгӯии пайгамбаронаи боби 9уми Китоби Дониёл мавъиза мекарданд, ки «вақт расидааст ва Малакути Худо наздик шуд», ва намефаҳмиданд, ки дар худи ҳамин боб марги Масеҳ пешгӯӣ шудааст, Миллер ҳам бо ҳамфикрони худ муждаи дар Китоби Дониёл 8:14 ва Ваҳй 14:7, асосёфтаро мавъиза намуда, намефаҳмид, ки дар боби 14-уми Китоби Ваҳй муждаҳои дигаре низ ҷой доранд, ки онҳоро пеш аз омадани Масеҳ мавъиза намудан лозим буд. Чӣ тавре ки шогирдон хато карда нафаҳмиданд, ки дар охири ҳафтод ҳафтсола кадом Подшоҳӣ барқарор мешавад, адвентистҳо низ ҳамин тавр нисбати ҳодисаҳое хато карданд, ки бояд дар охири 2300 рӯз ба амал меомаданд. Дар ҳар ду маврид хатоҳо барои он рӯй доданд, ки онҳо гумроҳиҳои умумиеро, ки ақлҳои онҳоро тира гардонда буд, қабул карда буданд. Ҳам шогирдон ва ҳам Миллер иродаи Худоро иҷро намуда, муждаеро мавъиза мекарданд, ки Худо мехост онро ба одамон бирасонад; ҳамаи онҳо дар натиҷаи нодуруст фаҳмидани ин мужда ноумедиро аз cap гузаронданд.MБУБ 370.1

    Бо вуҷуди ин Худо ба мақсади неки Худ расид, вақте иҷозат дод, ки муждаи огоҳсозй дар бораи доварй бо ҳамин роҳ мавъиза карда шавад. Наздик буд он рӯзи бузург ва Худо дар пешбинии Худ санҷиши халқро ба воситаи мавъиза дар бораи давраи муайяншуда раво донист, то ки ба онҳо он чиро ошкор созад, ки дар қалбашон ҷойгир буд. Муждаи Миллер барои санҷиш ва тозашавии Калисо таъйин шуда буд. Одамон бояд худ боварӣ ҳосил мекарданд, ки қалбҳои онҳо ба чӣ банд буданд - ба дунё ё ба Масеҳ ва Осмон. Онҳо изҳор менамуданд, ки Наҷотдиҳандаро дӯст медоранд, акнун бояд муҳаббати худро исбот мекарданд. Оё онҳо барои даст кашидан аз умеду нақшаҳои заминӣ ва хушнудона истиқбол намудани Масеҳ тайёр буданд? Ин мужда бояд ба онҳо дар дарк намудани ҳолати рӯҳонияшон кӯмак мерасонд; он ҷониби Худои меҳрубон фиристода шуда буд, то ки онҳоро барои бо тавбаю фурӯтанӣ ҷӯстани Худованд водор созад.MБУБ 370.2

    Гарчанде ки ноумедии аз cap гузарондаи онҳо натиҷаи фаҳмиши нодурусти муждаи ба онҳо додашуда буд, он боад ба манфиати онҳо анҷом меёфт. Ин мужда қалбҳои нафаронеро санҷиш кард, ки худро аз шумораи қабулкардагони он медонистанд. Оё онҳо дар замони ноумедии талх истодагарӣ карда метавонанд? Оё аз боварӣ ба Каломи Худо даст мекашанд? Ё ин ки дар дуо ва фурӯтанӣ кӯшиши фаҳмидани онро мекунанд, ки дар куҷо хатоҳое кардаанд, ки онҳоро ба нодуруст фаҳмидани ин пешгӯӣ оварда расонд? Кӣ муждаро аз эҳсоси тарс, дар зери таъсири хурӯши яклаҳзаина қабул кард? Киро шубҳаю нобоварӣ безобита гардондааст? Бисёриҳо дар бораи муҳаббати худ ба Худованд ва дар бораи он ки омадани Ӯро интизоранд, сухан мегуфтанд. Вақте ки масхараю сарзанишҳои ин ҷаҳон бар сари онҳо фурӯ мерезанд ва онҳо барои интизориҳои иҷронашуда, барои таъхир кардани Домод (Масеҳ) бо ноумедӣ санҷида мешаванд, оё он гоҳ аз имони худ даст намекашанд? Мақсадҳои Худоро нисбати худ мувақкатан дарк накарда, оё аз ин ҳақиқатҳое ки аз ҷониби Каломи Худо тасдиқ шудаанд, рӯ намегардонанд?MБУБ 371.1

    Ин санҷиш бояд мустаҳкамии умедвории нафаронеро ошкор мекард, ки таълимоти Калом ва Рӯҳи Худоро бо имони ҳақиқӣ қабул карда буданд. Ин санҷиш беш аз ҳама дигар санҷишҳо бояд ба онҳо таълим медод, ки қабул кардани назарияҳо ва тафсирҳои инсонӣ ба ҷои ба Китоби Муқаддас имконияти худфаҳмондадаҳиро додан, чӣ гуна хатарнок аст. Парешонӣ ва ғаму андӯҳ, ки натиҷаи хатоҳои худи онҳо буданд, бояд ба онҳо чизҳои зиёдро меомӯзонданд. Ин бояд онҳоро ба омӯзиши боз ҳам амиқи каломи пайғамбарӣ водор менамуд ва ба таҳқиқи бодиққатонаи асосҳои имони худ ва рад намудани ҳамаи он чизе равона мекард, ки агарчи дар ҷаҳони масеҳӣ васеъ қабул шудааст, вале дар Каломи ҳақиқат асос намеёбад.MБУБ 371.2

    Ба ин масеҳиён, чун ба шогирдони аввалин, он чизе ки онро дар замони санҷиш фаҳмида натавонистанд, фақат дар оянда фаҳмо мешавад. Онҳо он чизеро аз cap гузарониданд, ки шогирдони аввалин онро аз cap гузаронида буданд. Вақте онҳо диданд, ки «ҳамааш анҷом ёфтааст», ноумед нашуданд. Сарфи назар аз санҷишҳои аз cap гузаронида, ки натиҷаи хатоиҳои худи онҳо буданд, ин масеҳиён дарк намуданд, ки муҳаббати Худованд нисбати онҳо заиф нагаштааст. Дар таҷрибаи бобаракати худ боварӣ ҳосил карданд, ки Ӯ «Худои бахшанда ва раҳмон аст» ва ҳамаи роҳҳои Ӯ - «марҳамат ва ростист, барои онҳое ки ахди Ӯ ва шаҳодати Ӯро риоя мекунанд».MБУБ 372.1

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents