Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 6. - ДУ ҚАҲРАМОН ДАР РӮ БА РӮИ МАРГ

    Инҷил ба Богемия ҳанӯз дар асри IX ворид гардида буд. Китоби Муқаддас тарҷума шуда буд ва ибодатҳои оммавй ба забони модарии халк гузаронида мешуданд. Вале ба андозаи устуворшавии ҳокимияти папа Каломи Худо ҳарчи бештар дур андохта мешуд, ва як чизи дуюминдараҷа мегардид. Григории VII, ки ба дӯши худ вазифаи “мутеъ гардондани ғурури шоҳонро» гирифта буд, на камтар аз гузаштагони худ дар асиргардонии халқ ҳавасманд буд ва бо ин мақсад, ярлиқеро нашр кард, ки гузаронидани ибодатҳоро ба забони чехӣ манъ мекард. Папа изҳор кард, ки «Худованд мехоҳад, ки ибодати Ӯ ба забони номаълум гузаронида шавад, вале аз сабаби риоя нагардидани ин амр гумроҳиҳои гуногун ва таълимотҳои бидъатона пайдо шуданд»19Уайлӣ , китоби 3, боби 1.. Инак, Рум қарор дод, ки нури Каломи Худоро хомӯш гардонад ва халқро дар зулмот бимонад. Вале Худованд барои нагохдории калисо роҳҳои дигарро пайдо кард. Бисёр валденсҳо ва албигойсҳо, ки дар Франсия ва Италия таъқиб карда мешуданд, ба Богемия муҳоҷират карданд. Гарчанде онҳо ҷуръати ошкоро мавъиза карданро намекарданд, ба ҳар ҳол пинҳонӣ ва бағоят боэҳтимом заҳмат мекашиданд. Ҳамин тавр аз садсола ба садсола таълимотҳои ҳақиқии динӣ дода ва нигоҳ дошта мешуданд.MБУБ 93.1

    Ҳанӯз пеш аз Гус дар Богемия одамоне буданд, ки расвоиҳои калисо ва фисқу фасоди халқро ба таври ошкоро сарзаниш мекарданд. Ақидаҳои онҳо шавқу завқи амиқтаринро ба миён меоварданд. Рӯҳониёни ба тарс омада ба муқобили пайравони Инҷил бархостанд, ва таъқиботҳо оғоз ёфтанд. Онҳо ки маҷбур буданд ибодатҳои худро дар ҷангалзорҳо ва кӯҳҳо гузаронанд, дар ин ҷо низ аз ҷониби сарбозон таъқиб мешуданд ва бисёре аз онҳо дар ин таъқиботҳо ҷони худро аз даст доданд. Баъдтар фармон дар бораи дар оташ сӯзондани ҳамаи нафароне бароварда шуд, ки ба ақидаҳои Калисои католикӣ пайравӣ намекарданд. Вале ҷони худро аз даст дода, масеҳиён ба тантанаи имони худ умед мебастанд. Яке аз озордидагон, ки чунин таълим медод, «ки наҷот танҳо ба имон ба Наҷотдиҳандаи дар салиб мехкӯбшуда ба даст оварда мешавад», пеш аз марги худ гуфта буд: «Акнун хашми душманон бар мо боло гирифт, лекин ҳамеша чунин нахоҳад буд: аз миёни халқи оддӣ шахсе бе шамшер ва қудрат пайдо мешавад — ва ба муқобили ӯ душманон нотавон мегарданд»20Ҳамон ҷо.. Замони корнамоиҳои Лютер ҳанӯз дур буд, лекин аллакай шахсе таваллуд ёфта буд, ки шаҳодаташ ба муқобили Рум бояд халқҳоро ба ларза меовард.MБУБ 93.2

    Ян Гус дар оилаи заҳматкаш таваллуд ёфта буд, ӯ баъди аз марги падар барвақт ятим монд. Модари парҳезгори ӯ, ки илмомӯзи ва «тарси Худованд»-ро пурқиматтарин ганҷ мешуморид, бо ҷидду ҷахди том кӯшиши пайдо намудани ин ганҷро мекард. Дар аввал Гус дар омӯзишгоҳи музофотӣ таълим мегирифт, ва баъд ба донишгоҳи Прага дохил шуд, ки ӯро ба он ҷо бепул қабул карданд. Гус ба Прага бо ҳамроҳии модараш сафар кард; бевазани камбагал ба писари худ ҳеҷ чиз дода наметавонист, лекин ба шаҳри бузург наздик шуда, ӯ дар паҳлӯи писари ятиммондаи худ ба зону зад ва аз Падари Осмони илтиҷо кард, ки баракатҳои Худро ба ӯ ато кунад. Аз эҳтимол дур буд, ки ба дуои худ чӣ гуна ҷавоби нек гирифтанро модар пешбинӣ кунад.MБУБ 94.1

    Гус дар донишгоҳ ба зудӣ бо ҷидцу ҷахди зиракона ва муваффақиятҳои барҷаста машҳур гардид, зиндагии_беайб ва рафтори нарму хуш ба ӯ эҳтироми умумро оварданд. У пайрави содиқи Калисои католикӣ буд, ва самимона кӯшиши ба даст овардани баракатҳои онро мекард. Баъзан чунин мешуд, ки ба муносибати ягон ид у барои омурзиш хостан ба калисо мерафт ва маблағҳои охирини худро месупурд ва ба маросим ҳамроҳ мешуд, то ки омурзиши ваъдашударо ба даст оварад. Баъди хатми донишгоҳ ӯ ба вазифаи рӯҳонй таъйин гардид ва ба зудй дар ин вазифа ба комёбӣ ноил гардида, ба даргоҳи император даъват карда шуд. У инчунин унвони профессориро соҳиб гашта, баъд ректори ҳамон донишгоҳе таъйин гардид, ки худ дар он таҳсили илм карда буд. Ба зудӣ дар зарфи якчанд сол шогирди хоксоре, ки барои таҳсил маблағ надошт, ифтихори ватан гардид, ва номи ӯ дар тамоми Европа машҳур гашт.MБУБ 94.2

    Вале Гус кори Ислоҳотро дар дигар ҷабҳа оғоз кард. Якчанд сол баъд аз қабул кардани вазифаи рӯҳонӣ ӯ хатиби ибодатхонаи Вифлеем таъин карда шуд. Асосгузори ибодатхона бораи ба забони чехӣ мавъиза кардан аҳамияти бениҳоят ҷиддӣ дода, барои иҷозат додан дархост менамуд. Ба муқобилияти Рум нигоҳ накарда, ба ҳар ҳол дар баъзе минтақаҳои Богемия ба забони модарии халқ мавъиза мекарданд. Вале куллан халқ Китоби Муқаддасро намедонистанд ва дар миёни тамоми табақаҳои ҷамъият фисқу фасоди қабеҳтарин паҳн мегардиданд. Гус ба Каломи Худо ишора намуда, бадиро бераҳмона мазаммат мекард ва дар ақли халқ фаҳмиши ҳақиқат ва покиро ҷой медод.MБУБ 95.1

    Яке аз сокинони Прага - бо номи Иероним, ки оқибат ҳамкори наздики Гус гардид, аз Англия баргашта, бо худ асарҳои Уиклифро овард. Маликаи Англия, ки таълимоти Уиклифро қабул карда буд, то ба шавҳар баромаданаш духтари шоҳи Богемия буд ва ба шарофати дасгирии ӯ асарҳои ислоҳотчӣ ба таври васеъ дар ватанаш паҳн мегардиданд. Гус ин асарҳоро бо саргармӣ мутолиа намуд, ӯ муаллифи онҳоро масеҳии ҳақиқй номид ва майл ба он дошт, ки ислоҳоти пешниҳоднамудаи ӯро қабул кунад. Гус ханӯз то ба охир инро дарк накарда, вориди роҳе гашт, ки бояд ӯро аз Калисои католикӣ хеле дур мебурд.MБУБ 95.2

    Дар он замон аз Англия ба Прага ду шахси бегона омаданд. Одамони бомаърифат, ки нури ҳақиқат дар қалбҳои онҳо ҷой гирифта буд, мехостанд ин нурро дар ин мамлакати дурдаст низ паҳн кунанд. Аз баромади ошкоро ба муқобили сарварони Калисои католикй оғоз намуда, онҳо ба зудӣ маҷбур шуданд, ки усулҳои мавъизакунии худро аз боиси таъқиботҳои ҳукуматдорон тагйир диҳанд. Онҳо, ки ҳам рассомон ва ҳам мавъизачиёни боистеъдод буданд, қарор доданд, ки аз ҳунари худ истифода баранд. Ва дере нагузашта ба шаҳрвандон ду ҳунари дасти онҳо пешниҳод гардид. Яке аз ин расмҳо ворид- шавии Масеҳро ба Ерусалим тасвир мекард, ки Ӯ дар он ҷо «бар харе савор... бо фурутани», дар либоси аз сафарҳои дуру дароз кӯҳнашуда ва пойлуч бо ҳамроҳии шогирдони Худ ба ин шаҳр дохил мешуд. Расми дигар маросими сафари папаро тасвир мекард: папа дар тан либосҳои бокарруфар, бо тоҷи сешоха дар cap бар аспи бошукӯҳ орододашуда савор мерафт, пешопеш навозандагон ва аз паси онҳо кардиналҳо ва прелатҳо бо либосҳои бокарруфар дар тан қадам мезаданд.MБУБ 95.3

    Ин мавъизае буд, ки таваҷҷӯҳи тамоми табақаҳои ҷамъиятро ба худ ҷалб кард. Издиҳомҳои бузурги халқ барои тамошои ин расмҳо ҷамъ меомаданд. Маънои ҳар ду расм қариб ба ҳама фаҳмо буд. Ихтилофот миёни фурӯтанӣ ва хоксории Масеҳ ва ғуруру ҳавобаландии папа, ки худро бандаи У мешуморид, бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Дар Прага эътирози калоне ба амал омаданд, ва ин ду шахси мусофир ғайб заданро беҳтар донистанд. Вале сабақи додаи онҳо, фаромуш нагашт. Ин расмҳо ба Гус таъсири сахт расонда, ӯро водор намуданд, ки Китоби Муқаддас ва асарҳои Уиклифро бо кӯшишу ғайрати боз ҳам қавитар биомӯзад. Гарчанде ки ӯ ҳанӯз барои пурра қабул кардани таълимоти Уиклиф тайёр набуд, лекин чеҳраи аслии ҳокимияти папаро равшантар дид ва боз бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар ҳавобаландӣ, худпарастӣ ва фосиқии рӯҳониёни Калисои католикиро мазаммат мекард.MБУБ 96.1

    Нури ҳақиқат аз Богемия ба Германия ворид гашт, зеро ки бетартибиҳои дар донишгоҳи Прага ба амал омада бисёр донишҷӯёни немисро барои ба хонаҳои худ баргаштан маҷбур намуданд. Баъзе аз онҳо аз Гус дониши аввалинро дар бораи Китоби Муқаддас гирифтанд ва акнун Инҷилро дар ватани худ мавъиза мекарданд.MБУБ 96.2

    Хабари ҳодисаҳои дар Прага ба амал омада ба Рум расиданд, ва дере нагузашта ба Гус фармони ба назди папа ҳозир шудан дода шуд. Ба ин фармон итоат кардан маънои маргро дошт. Шоҳ ва маликаи Богемия, донишгоҳ, аъёну ашроф ва кормандони давлатй ба папа бо хоҳиши иҷозати дар Пpaгa мондани Гус ва барои равшаниандозиҳои лозимӣ фиристодани намояндагонаш муроҷиат карданд. Ба ҷои қонеъ гардонидани ин хоҳиш, папа тафтишоти судиро оғоз намуда, Гусро маҳкум ва ҳамаи сокинони Прагаро аз калисо хориҷ кард.MБУБ 96.3

    Дар он замонҳо чунин ҳукм нооромии умумиро ба миён меовард. Ва амалҳое. ки ҳангоми иҷрои ин ҳукм ба ҷо оварда мешуданд, ба он равона шуда буданд, то мардумро ҳарчӣ сахттар тарсонанд, ки ба папа чун ба ноиби Худо нигоҳ мекард, ки дар даст калидҳои осмон ва дӯзахро дошту соҳиби қудрати амалӣ намудани ҳам судҳои шаҳрвандӣ ва ҳам динй буд. Одамон боварӣ доштанд, ки дарвозаҳои биҳишт барои нафароне баста шудаанд, ки аз калисо хориҷ карда шудаанд ва то замоне ки папа ин ҳукмро бекор накунад, мурдагон ба биҳишт роҳ ёфта наметавонанд. Чун нишони ин ҷазои даҳшатовар ҳамаи ибодатгузориҳо қатъ ва калисоҳо баста шуданд, ва маросимҳои тӯёна дар ҳавлиҳои калисоҳо гузаронида мешуданд. Ба хок супордани мурдагон дар заминҳои муқаддас гардонда шуда манъ карда шуд, ва мурдагонро бе ичрои ягон маросим дар ҳар ҷо ба хок месупориданд. Ана бо чунин усулҳое, ки ба тасаввуротҳои одамон таъсир мерасонд, Рум кӯшиши ба худ тобеъ гардонидани одамонро мекард.MБУБ 97.1

    Тамоми Прага ба изтироб омад. Бисёриҳо Гусро дар бадбахтии ба сарашон омада гунаҳгор мекарданд ва талаб доштанд, ки ӯро ба суди Рум супоранд. Барои хомӯш гаштани тӯфони бархоста, ислоҳотчй ба муддати муайяне ба зодгоҳи худ баргашт. Ба дӯстони дар Прага мондааш муроҷиат намуда, ӯ чунин навишта буд: «Агарчи ман шуморо тарк карда бошам ҳам, танҳо аз барои он ки ба монанди Исои Масеҳ рафтор мекунам: имконият додан лозим нест, то ки одамони бадхоҳ худро ба маҳкумияти абадй гирифтор кунанд, ба сари одамони парҳезгор таъқиботҳо ва нохушиҳоро овардан лозим нест. Ман боз аз барои он ба муддати муайяне дур шудам, ки эҳсос мекунам, ки рӯҳониёни худобехабар метавонанд муборизаи дуру дароз баранд ва мавъизаи Каломи Худоро манъ кунанд, лекин ман шуморо на аз барои он тарк кардам, ки шумо аз ҳақиқати Илохӣ даст кашед, ки ман аз барои он бо мадади Худо тайёрам ҷон су- порам»21Боннекозе, «Қосидони Ислоҳот», ҷилди 1, саҳ. 87.. Гус кори худро қатъ накард, балки ба деҳаҳои гирду атроф сафар намуда, дар ҳама ҷо ба одамони ташнаи ҳақиқат мавъиза мекард. Ҳамин тавр, чораҳое, ки папа барои пахшкунии мавъизаи Инчил амалӣ намуда буд, боиси боз ҳам бештар паҳн гаштани он гардиданд: «Зеро ки мо на бар зидди ростӣ, балки фақат барои рости қувват дорем» (2 Қӯринтиён 13:8).MБУБ 97.2

    Барои Гус рӯзҳои муборизаи пуразоб оғоз ёфтанд. Гарчанде калисо боварӣ дошт, ки ӯро бо зарбаҳои тундармонанди худ дилшикаста гардонад, ӯ ҳануз ҳам эҳтироми калисоро ба ҷо меовард. Калисои Рум мисли пеш барои ӯ арӯси Масех буд, na¬na бошад — намоянда ва ноиби Худовнд. Дар ҳақиқат Гус на ба муқобили ақидаҳо, балки ба муқобили чиноятҳое мубориза мебурд, ки ҳокимияти папа раво медонист. Миёни далелҳои ақл ва талаботҳои виҷдони ӯ муборизаи шадид мерафт. Агар ин ҳокимият адолатпарвар ва дурусткор бошад, чӣ тавре ки ӯ мешуморид, пас барои чӣ ӯ зарурияти ба он муқобилият нишон доданро эҳсос мекунад? Итоат кардан, чӣ тавре ки ӯ медид, маънои гуноҳ карданро дошт, пас барои чӣ итоат ба калисои ҳақиқӣ муқобилияти миёни вичдон ва аклро ба миён меорад? Ӯ наметавонист ин мушкилиро ҳал кунад, ягон лаҳзае шубҳаҳо ӯро озод намегузоштанд. Ва дар охир ӯ ба чунин хулоса омад: ҳодисаҳое такрор мешаванд, ки ҳангоми зиндагии Исои Масеҳ ба амал омада буданд, вақте ки рӯҳониёни гунаҳкор ҳокимияти қонунии худро барои амалхои ғайриқонунӣ истифода мебурданд. Гус инро чун асос қабул намуда ба дигарон низ таълим медод, ки вичдонро бояд ҳақиқатҳои бо ақл қабулшудаи Китоби Муқаддас идора кунанд, - бо ибораи дигар, ягона роҳи ҳақро ба сӯи ҳақиқат танҳо Худо нишон медиҳад, ки ба воситаи Китоби Муқаддас сухан мегӯяд, на калисо, ки ба воситаи пешвоёни дин сухан мегӯяд.MБУБ 98.1

    Баъд аз чанде, вақте ки нооромиҳо дар Прага хомӯш гаштанд, Гус ба ибодатхонаи Вифлеем баргашт, то ки бо ғайрату мардонагии бештар Каломи Худоро мавъиза кунад. Душманони ӯ боғайрат ва пуриқтидор буданд, вале малика ва қисми зиёди аҳли дарбор, инчунин қисми асосии халқ ислоҳот- чиро дастгирӣ мекарданд. Бисёриҳо ҳаёти парҳезгорона ва таълимоти поку олии ӯро бо таълимоти фосиқонаи Рум ва чашмгуруснагию бадахлоқии пешвоёни дин муқоиса намуда, дастгирӣ кардани Гусро барои худ шараф медонистанд.MБУБ 98.2

    To ин замон Гус мустақилона кор мекард, лекин акнун ба кори Ислоҳот Иероним ҳамроҳ шуд, ки ҳанӯз дар Англия таълимоти Уиклифро қабул карда буд. Ва шурӯъ аз ин лаҳза тақдири ин ду мард ончунон бо ҳамдигар зич печиданд, ки ҳатто дар лаҳзаи марг аз ҳам ҷудо нагаштанд. Иероним соҳиби истеъдодҳои барҷаста, суханвар ва донишманде буд, ки ӯро дар ҷамъият соҳибэҳтиром ва дӯстдор гардонда буданд, вале Гус марди бештар устуворақида ва матин буд. Дурандешии ботамкини Гус барои Иероними тундмиҷозу оташин, ки бо фурӯтании масеҳӣ бартарияти маънавии дӯсти худро эътироф мекарду ба маслиҳатҳояш гӯш медод гӯё ҷилав буд. Бо заҳматҳои якҷояи онҳо кори Ислоҳот суръат гирифт.MБУБ 99.1

    Худованд ақпу хиради ин ду мардро бо нури тобон мунаввар гардонда, ба онҳо бисёр гумроҳиҳои Румро ошкор кард, вале онҳо он пуррагии нурро, ки бояд ба ҷаҳон фурӯ мерехт, нагирифтанд. Бо ёрии ин ду мард Худо халқро аз зулмоти католисизм берун овард, лекин онҳоро монеъаҳои ҷқддии зиёде интизор буданд, ва Худо онҳоро қадам ба қадам ба пеш бурда, барояшон он микдор ҳақиқатҳоеро ошкор мекард, ки онҳо қудрати дарк карданашонро доштанд. Онҳо барои якбора қабул кардани тамоми нури ҳақиқат тайёр набуданд. Агар нури ҳақиқат бо тамоми пуррагияш ба онҳо ошкор мегашт, он гоҳ онҳо ба монанди одамони муддати дароз дар торикӣ қарор дошта, қуввати бардошт намудани тобиши офтоби нисфирузиро намекарданд. Бинобар ин Худованд нури ҳақиқати Худро ба ин мардҳо кам-кам - ба он андозае ки халқ барои қабул карданаш тайёр буд, ошкор месохт. Дар ҳар як садсола мардони содиқи наве пайдо мешуданд, ки халқро дар роҳи Ислоҳот боз ҳам пештар мебурданд.MБУБ 99.2

    Ҷудоӣ дар калисо давом мекард. Акнун се папа барои ба сари қудрат омадан талош мекарданд ва муборизаи миёни онҳо ҷаҳони масеҳиро пур аз ҷангу ҷанҷол ва ҷиноятҳо гардонд. Па- паҳо дигар ба лаънатхониҳо ба ҷониби якдигар қаноат накарда, ба даст яроқ гирифтанд. Ҳар яке аз онҳо кӯшиши ҷамъ овардани қӯшунҳои худ ва бо яроқ таъмин намудани онро мекард ва барои ба даст овардани маблағҳои зарурй, дар ҳама чо ҳадияҳо, мансабҳо ва баракатҳои калисо ба савдо гузошта мешуданд. Рӯҳониён ба пешвоёни олии худ пайравӣ намуда аз симония ва амалиётҳои ҳарбӣ истифода бурданд, то ки ҳокимияти худро устувор ва душманонро тоббъ гардонанд. Ян Гус бо ҷасорати на бо рӯз, балки бо гузашти ҳар як соат афзоишёбанда, рӯҳбаландона бар зидди палидиҳое, ки ба номи дин амалӣ мешуданд, баромад мекард ва халқ ба таври ошкоро руҳониёни католикро дар бадбахтиҳое, ки ҷаҳони масеҳиро ба доми худ кашида буданд, айбдор мекард.MБУБ 99.3

    Ва бори дигар ба назар чунин менамуд, ки шаҳри Прага дар арафаи задухӯрди хунин қарор дорад. Ба монанди замонҳои пеш, марди Худо дар он айбдор карда мешуд, ки «у Исроилро ба изтироб андохтааст» (ниг. 3 Подшоҳон 18:17)! Шаҳр аз нав ба лаънати папа гирифтор шуд ва Ян Гус маротибаи дуюм ба зодгоҳи худ баргашт. Садое ки бо чунин як садоқатмандию мардонагӣ аз минбари ибодатхонаи Вифлеем дар бораи ҳақиқат шаҳодат медод, хомӯш монд. Ба Ян Гус аз минбари боз ҳам баландтар ба тамоми чаҳони масеҳӣ муроҷиат намуда мавъиза кардан лозим буд, пеш аз он ки ӯ бояд ба ҳақиқат содиқ буданашро бо ҷони худ исбот мекард.MБУБ 100.1

    Барои муолиҷаи захмҳое, ки Европаро хароб карда буданд, дар Констанс анҷумани Умумиҷаҳонӣ ҷамъ омад. Ин анҷуман аз ҷониби яке аз он се папаҳои бо ҳам муқобилиятнишондиҳанда - Иоанни XXIII, бо таъкиду истодагарии император Сигизмунд барпо карда шуд. Папа Иоанн, ки рафторҳояш ҳатто аз ҷониби прелатҳои чун ҳамаи аҳли дини он замон фосиқ кирои танқид ҳам намешуд, умуман дар барпо намудани анҷуман ҳавасманд набуд. Лекин ӯ ҷуръати ба хоҳиши Сигизмунд эътироз карданро надошт.MБУБ 100.2

    Масъалаҳои асосие, ки бояд дар ин анҷуман ҳалли худро меёфтанд, инҳо буданд: хотима бахшидан ба ҷудоӣ ва мухоли- фат дар калисо ва решакан кардани бидъат. Дар якҷоягй бо ду зиддипапа Ян Гус низ чун мавъизакунандаи таълимоти нав даъват шуда буд. Папаҳои зикрёфта, аз такдири худ дар ҳарос афтода, худ ҳозир нашуда намояндагонашонро фиристоданд. Папа Иоаннро, ки худро чунин вонамуд мекард, ки гуё ин анчуман бо ташаббуси ӯ даъват шуда бошад, эҳсосотҳои бадтарин азоб медоданд, ӯ императорро дар мақсадҳои махфии аз тахт сарнагун намудани худ гумонбар мекард ва аз он метарсид, ки барои ҳамаи бадкирдориҳое, ки тахту тоҷро бадном кардаанд ва ҷиноятҳое, ки барои ҳимояи он иҷро шудаанд, ҷавоб додан лозим меояд. Лекин ба ҳеҷ чизе нигоҳ накарда ӯ бо карруфари зиёд, бо ҳамроҳии шахсиятҳои олимартаба ва аҳли дарбор ба Констанс ворид шуд. Ҳамаи ходимони дин ва ҳукматдорони шаҳрӣ бо ҷамъи зиёди мардум ба пешвози ӯ баромаданд. Дар болои сари ӯ шомиёнаи заррин паҳн шуда буд, ки онро чор судяи асосӣ бардошта мебурданд. Пешопеш намоиши ботантана ҳаракат мекард, либосҳои бошукӯҳи кардиналҳо ва аҳли дарбор таассуротҳои боз ҳам таъсирбахш мерасонданд.MБУБ 100.3

    Дар хамин вақт ба Констанс шахси дигар наздик мешуд. Ҳамаи хатарҳои ба Гус тахдидкунанда, барояш хуб маълум буданд. Ӯ дарк намуд, ки мумкин аст қурбони тӯхматҳои рӯҳониёни хунхор гардад, бинобар ин ба таври якумрӣ бо дӯстони худ хайрбод намуда, ба сафар баромад. Сарфи назар аз он, ки ӯ аз номи шоҳи Богемия ҳуҷҷати махсусеро гирифт, ки химояи ӯро кафолат медод ва дар роҳ ба ӯ боз чунин як ҳуҷҷати дигар аз номи император Сигизмунд супорида шуда буд, ба ҳар ҳол ӯ ба марг тайёрӣ медид.MБУБ 101.1

    Дар мактубе, ки ба дӯстони дар Прага мондааш навишта буд, ӯ чунин гуфта буд: «Бародарони ман... бо ҳуҷҷати махсус аз номи шоҳ ба сафар мебароям, то ки бо душманони хунхори худ рӯ ба рӯ шавам... лекин ман худро ба дасти Худои Қодир ва Наҷотдиҳандаи худ месупорам; ман боварӣ дорам, ки У дуоҳои оташини шуморо мешунавад ва хирад ва дониши Худро ба ман ато мекунад, то ки бо душманонам мубориза бурда тавонам; Ӯ ба ман Рӯҳи Муқаддасро ато мекунад, то ин ки ман дар ҳақикату ростӣ устувор гардам ва васвасаҳо, зиндон ва агар лозим шавад марги даҳшатнокро низ далерона пешвоз гирам. Исои Масеҳ барои азизони Худ азият кашида буд, ва тааҷҷубовар нест, ки Ӯ ба мо намунаи чӣ тавр бо пурсабрӣ аз cap гузаронидани ҳамаи азиятҳоро аз баҳри наҷотёбиямон боқй гузоштааст. Ӯ - Худои мост ва мо офаридаҳои Ӯ; Ӯ - Худованди мост ва мо бандагони Ӯ; Ӯ - Устоди ҷаҳон аст, мо бошем - махлукоти миранда ва ночиз ва сарфи назар аз ҳама чиз Ӯ азият кашид! Пас барои чӣ мо азият накашем, дар ҳоле ки азиятҳо моро пок мегардонанд? Бинобар ин, азизонам, агар марги ман ба ҷалолёбии номи Ӯ мусоидат кунад, пас дуо гӯед, то ки ин вақт зудтар фаро расад ва Ӯ ба ман барои мардонавор паси cap намудани хамаи он чизе ки маро интизор аст, ёрӣ расонад. Вале агар иродаи Худованд бошад, ки ман боз ба назди шумо баргардам, пас ба номи Ӯ дуо гӯед то ки ман бо виҷдони пок баргардам, яъне ман дар бораи ягон ҳарфи ҳақиқати Инҷил хомӯш намонам ва ҳамин тавр ба бародарони худ сабақи сазовори пайравиро бокӣ гузорам. Мо шояд дигар ҳеч гоҳ дар Прага бо ҳам вонахӯрем, лекин агар хости Худои Бузург бошад, ки ман ба назди шумо баргардам, он гоҳ мо якҷоя бо мардонагии боз ҳам бештар дар муҳаббат ва дарк намудани шариати Ӯ комил мегардем»22Ҳамон ҷо, саҳ.147,148..MБУБ 101.2

    Ян Гус дар мактуби дигари худ ба рӯҳоние, ки пайрави таълимоти Инҷил гашта буд, муроҷиат намуда, бо фурӯтании амик хатогиҳои гузаштаи худро баён карда, худро дар он гунаҳгор мешуморид, ки «бо хузуру ҳаловат либосҳои зебо ба тан мекард ва соатҳои зиёдеро дар дилхушиҳои сабукфикрона мегузаронд». Баъд ӯ пандҳои таъсирбахши зеринро илова мекунад: «Бигзор ҷалоли Худо ва наҷоти одамон ақли туро банд кунанд, на сарват ва даромадҳо. Аз он худдорӣ намо, ки хонаи ту бештар аз қалби ту зебу зинат дода шавад, ва бештар аз ҳама дар бораи камолоти рӯҳонии худ ғамхорӣ намо. Бо камбизоатон хайрхоҳ ва фурӯтан бош, ва пулҳои худро барои дилхушӣ сарф накун. Агар ту зиндагии худро дигар накунӣ ва аз хароҷотҳои беҳуда худдорӣ нанамоӣ, он гоҳ ман хавф дорам, ки ту ба монанди ман сахт азият мекашӣ... Ту бо таълимоти ман ошно ҳастӣ, чунки ханӯз аз овони хурдӣ аз ман панд гирифта буди, бинобар ин ман маротибаи дигар ба ту дар ин мавзӯъ навиштанро зиёдатӣ медонам. Ман туро аз номи Худованди меҳрубони мо илтиҷо мекунам - ягон хатогии маро, ки аз руи шӯҳратпарастӣ содир шудаанд, такрор накун». Дар лифофа навишта буд: «Дӯсти азизам, ман туро илтиҷо мекунам, то он замоне ки дар бораи марги ман маълумоти аниқ нагирй, лифофаро накушо»23Ҳамон ҷо.MБУБ 102.1

    Ҳангоми сафар Ян Гус далели паҳнгардии таълимоти худро дар ҳама ҷо вомехӯрд, бо чӣ гуна таваҷҷӯҳи зиёд ба ин кор муносибат кардани одамонро медид. Мардум дар издиҳомҳои зиёд ҷамъ меомаданд, то ки ӯро истиқбол гиранд, дар баъзе ҷойҳо ҳокимони шаҳр ӯро дар кӯчаҳо ҳамроҳӣ мекарданд.MБУБ 103.1

    Ба Ян Гус, ки ба шаҳри Констанс омада расид, озодии пурра дода шуд. Ба номаи махсуси шоҳ, ки ҳимояи ӯро кафолат медод, номаи шахсии папа, ки ҳимояи Гусро тасдиқ мекард, илова гардид. Вале бар хилофи ин боваркунониҳои ботантана ва чандинкарата, бо фармони папа ва кардиналҳо ислоҳотчй дастгир ва ба таҳхонаи ифлос партофта шуд. Баъдтар ӯро ба калъае оварданд, ки дар тарафи муқобили Рейн ҷойгир буд ва ӯ дар он ҷо чун бандӣ нигоҳ дошта мешуд. Лекин папа аз ин рафтори аҳдшиканонаи худ манфиати зиёде ба даст наовард, чунки ба зудӣ худи ӯ низ бандии ин маҳбас гардид24Ҳамон ҷо, саҳ. 247.. Ғайр аз зинокорӣ, қатл ва симония (фурӯши мансабу вазифаҳо ва ичрои як қатор хизматҳо дар калисо бар ивази пул), ӯ дар назди анҷумани рӯхониён дар қабеҳтарин ҷиноятҳо, - «дар гуноҳое, ки ба забон оварданашон шоиста нест» гунаҳгор карда шуд. Анҷумани рӯҳониён гуноҳи папа Иоаннро тасдиқ намуд ва дар охир ӯ аз точи худ маҳрум гардида, дар маҳбас зиндонй гашт. Ду папае низ, ки ба муқобили папа Иоанн баромад мекарданд сарнагун шуданд ва папаи нав интихоб карда шуд.MБУБ 103.2

    Гарчанде ки худи папа ҷиноятҳои хеле вазнинтаре содир мекард, назар ба он ҷиноятҳое, ки Ян Гус пешвоёни динро дар онҳо гунаҳгор мекарду зарурияти ислоҳотро дар ин ҷиноятҳо асосонок менамуд, бо вуҷуди ин худи ҳамон анҷумане, ки папа- ро сарнагун карда буд, дар маҳкумсозии ислоҳотчи истодагари мекард. Баҳабсгирии Гус хашму ғазаби зиёдеро дар Богемия ба миён овард. Ҳокимони пуркудрат эътирозҳои хашмгинонаро ба муқобили чунин таҷовузҳо ба анҷуман фиристоданд. Шоҳ низ, ки бо дили нохоҳам иҷозати ба номаи ҳимоявии худ беҳурматй карданро дода буд, Гусро ҳимоя мекард. Лекин душманони Гус бадқаҳр ва боҷуръат буданд. Онҳо аз хурофотпарастӣ ва таассуб ва инчунин аз садокатмандии император ба Калисо истифода бурданд. Далелхои муфассалро ба ӯ пешниҳод карданд, то исбот созанд, ки «шарт нест ки нисбат ба бидъаткорон ва шахсиятҳои дар бидъат гумонбаршуда садоқат нигоҳ дошта шавад, гарчанде ки онҳо бо номаҳои химоявии шахсиятҳои тоҷ бар cap таъмин шуда буданд»25Жак Ленфан, «Таърихи анҷумани Констанс», ҷилди 1, саҳ. 516.. Ва бо ҳамин роҳ голиб омаданд.MБУБ 103.3

    Гуси аз зиндонишавӣ ва беморӣ заифгардидаро (ҳавои рутубатдор ва бадбӯйи зиндон ӯро ба табларза гирифтор намуда, қариб ӯро ба марг расонда буд), ба анҷуман оварданд. Бо дасту пои занҷирбандшуда ӯ дар назди император меистод, ки ваъдаю шарафи ӯ барояш гарави бехатарӣ буданд. Дар давоми пурсиши дарозмуддат ӯ устуворона ҳақиқатро ҳимоя намуда, дар хузури амалдорони олимакоми динӣ ва давлатӣ мардонавор ва ботантана фисқу фасоди пешвоёни калисоро ошкор мекард. Вақте ки ба ӯ пешниход карда шуд, ки ё аз ақидаҳои худ даст кашад ё бимирад, ӯ марги пуразобро интихоб кард.MБУБ 104.1

    Файзи Худо ӯро дастгирй мекард. Дар давоми хамаи рӯзҳои азобу уқубатҳо, ки ӯ то ба баровардани хукми ҷазои охирин аз cap гузаронд, оромии осмонӣ калби ӯро саршор карда буд. «Ман ин мактубро, - навишта буд ба яке аз дӯстони худ, - дар зиндон бо дасти бо занҷир басташуда навишта, интизорам, ки фардо ҳукми қатл бароварда мешавад... Вақте ки ба шарофати Исои Масех мо аз нав дар масканҳои дилрабои ҷовидона бо хамдигар вомехӯрем, ту хоҳӣ донист. ки чӣ тавр Худованди меҳрубон ба ман кӯмак расонд, чӣ тавр У маро дар миёни васвасаҳо ва мурофиаҳои суди дастгирӣ карда буд»26 Боннекозе, ҷилди 2, саҳ. 67..MБУБ 104.2

    Ян Гус аз зиндони тираю торик ғалабаи имони ҳақиқиро медид. Хобе ки ӯ боре дида буд, сахт гамгинаш кард: дар хоб дида буд, ки дар Прага, ки ӯ Инҷилро дар он ҷо маъвиза мекард, папа ва дигар пешвоёни дин расмҳоеро, ки дар онҳо Масеҳ тасвир шуда буд ва амали дастони ӯ буданд, нест мекарданд. Лекин шаби баъдина ӯ хоби дигаре дид: рассомони зиёде бо рангҳои боз хам равшантар расмҳои несткардаро барқарор мекарданд. Ин рассомон корҳои худро ба анҷом расондаю ба издиҳоми зиёде муроҷиат намуда, бо овози баланд садо карданд: «Бигзор акнун папа бо усқуфони худ биёяд, ба онҳо дигар ҳеҷ гоҳ муяссар намешавад, ки ин расмҳоро нест кунанд!». Ин хобро нақл намуда, Гус илова намуд: «Ман боварӣ дорам, ки симои Масеҳ ҳеҷ гоҳ нест намешавад. Онҳо ният доранд Ӯро нест кунанд. вале Ӯ бо мавъизаи мавъизачиёни назар ба ман моҳиртар дар тамоми қалбҳо аз нав эҳё мешавад»27Д’Обинйе, китоби 1, боби 16..MБУБ 104.3

    Маротибаи охирин Гусро ба анҷуман оварданд. Ин ҷамъомади бошукӯҳ ва бузург буд: император, олимансабони давлатӣ, намояндагони шоҳ, кардиналҳо, усқуфхо, рӯҳониён ва издиҳоми бузурги тамошобинон. Дар ин ҷо аз тамоми кишварҳои масеҳӣ шохидони ин қурбонии бузург дар роҳи мубориза ба хотири ҳимояи озодии вичдон чамъ омада буданд.MБУБ 105.1

    Вақте ки ба Гус баёни сухани охиринро пешниҳод карданд, ӯ бори дигар аз ақидаҳои худ даст кашиданро рад намуда. нигоҳи нуктасанҷонаашро ҷониби император равона намуд, ки ваъдаи бо касам баёншудааш бо як тарзи шармандавор вайрон карда шуда буд, ва баъд чунин гуфт: «Ман бовариро оиди бехатарӣ аз императори дар ин ҷо ҳузур дошта ба даст оварда, ихтиёран ба ин анҷуман ҳозир шудам»28Боннекозе, ҷилди 2, саҳ. 84.. Чеҳраи император Сигизмундро сурхӣ фаро гирифт, вақте ки чашмони ҳамаи ҳозирин ҷониби ӯ равона шуданд.MБУБ 105.2

    Ҷазои хукми қатл бароварда шуд ва маросими маҳрумсозӣ аз унвонҳо фаро расид. Вақте ки ускуфон ба ӯ либосҳои барои ибодати рӯҳониён таъиншударо пӯшонданд, ӯ чунин гуфт: «Барои масхара кардан ба Исои Масех низ либоси сафед пӯшонданд, вақте ки Ҳиродус ба назди Пилотус бурдани Ӯро фармон дод»29Ҳамон ҷо, саҳ. 86.. Бори дигар ба Гус аз ақидаҳояш дасткаширо пешниҳод карданд ва ӯ ба мардум муроҷиат намуда, ҷавоб дод: «Он гоҳ ман бо кадом чашмон ба Осмон нигоҳ мекунам? Ба одамоне ки Инҷили ҳақиқиро барояшон мавъиза мекардам, чӣ мегӯям? He, ман наҷоти онҳоро назар ба ин ҷисми фонӣ, ки имрӯз ба марг маҳкум шудааст, афзалтар медонам». Баъд ба кашидани либосҳои ӯ шурӯъ намуданд. ва ҳар як усқуф ба ҳар як қисми либоси ӯ лаънат баён кард, вақте ки қисми ба худаш вобастабудаи маросимро ба ҷо меовард. Ва дар охир бар сари ӯ кулоҳи коғазии аҳромшаклро гузоштанд, ки дар он расмҳои даҳшатангези шайтон тасвир ёфта навиштаҷоте ба чашм бармехурд: «Бидъаткори ашаддӣ». «Бо хушнудии бузург, - гуфт Гус, - ман ин тоҷи шармандагиро аз барои Ту, Исои ман, бар cap мекунам, охир Ту аз барои ман точи аз хор тайёршударо бар cap гузоштӣ».MБУБ 105.3

    Баъд прелатҳо баён намуданд: «Акнун мо ҷони туро ба дасти шайтон медиҳем». «Ман бошам, — нигоҳашро сӯи осмон равон намуда, гуфт Гус - ҷони худро ба дасти Ту медиҳам, Худованд Исо, зеро ки Ту фидия дода ҷони маро харидаӣ»30Уайлӣ , китоби 3, боби 7..MБУБ 106.1

    Баъд амалдорони шаҳр ба кори худ шурӯъ карданд ва ӯро ба ҷои катл бурданд. Издиҳоми бешумор: садхо ҷанговарони силоҳбадаст, рӯҳониён ва ускуфҳо дар либосҳои бокарруфари худ ва сокинони Констанс аз паси ӯ мерафтанд. Вақте ки ӯро ба сутун бастанд ва фақат даргирондани оташ монда буд, ба ӯ бори дигар аз гумроҳиҳои худ даст кашидан ва наҷот додани худро пешниход карданд. «Аз кадом гумрохиҳо, - пурсид Гус, - ман бояд даст кашам? Ман худро гунаҳгор эҳсос намекунам. Ман Худовандро ба шоҳидӣ даъват мекунам, - ҳамаи он чизе ки ман навиштам ва чизе ки дар бораи он мавъиза кардаам, мақсади аз гуноҳ ва аз марги абадӣ наҷот додани одамонро дошт ва ҳақиқатеро, ки таълим медодам, бо хуни худ тасдик мекунам». Вақте ки оташ дар гирдаш аланга зад, ӯ ба сурудхонӣ шурӯъ кард: «Исо, Писари Довуд, маро бубахш» - ва то он замони ба таври абадӣ хомӯш мондани садояш суруд хонд.MБУБ 106.2

    Хатто душманони Гус аз рафтори каҳрамононаи ӯ дар ҳайрат монда буданд. Пайрави боэҳтимоми папа, марги пурмашаққати Гус ва Иеронимро, ки чанде баъд аз ӯ ба қатл ра- сонда шуд, тасвир намуда, гуфта буд: «Онҳо мардонавор соати охирини худро истиқбол гирифтанд ва худро ба гулхани оташ чун ба тантанаи туй омода карданд. Онҳо ягон фиғони дард набароварданд. Вақте ки алангаи оташ баланд шуд, ба сурудхонӣ шурӯъ карданд ва ҳатто гулхани алангазананда дарҳол ба ин сурудхони хотима бахшида натавонист»31Ҳамон ҷо..MБУБ 106.3

    Вақте ки оташ амали марговари худро бо ҷисми Гус анҷом дод, хокистари ӯ бо хок якҷоя ҷамъ карда шуда, ба дарёи Рейн партофта шуд ва оби дарё аз он онро ба уқёнус расонд. Душманони Гус беҳуда худро фирефтаи умед мекарданд, ки ба онҳо нест намудани ҳақиқатҳои мавъизакардаи ӯ муяссар гардидааст. Онҳо тасаввур карда наметавонистанд, ки хокистаре, ки онҳо дар он рӯз ба дарё партофтанд, ба монанди тухми дар тамоми гӯшаҳои олам паҳн гардида, дар мамлакатҳои дурдаст майсаҳои фаровон меорад - шумораи шохидони ҳақиқат меафзояд. Овозе, ки дар толори анҷумани Констанс аз Инҷил шаҳодат дода буд, ба монанди акси садо дар тӯли тамоми асрҳои оянда садо хоҳад дод. Гус аз миён рафт, лекин ҳақиқате, ки ӯ аз барояш ҷон дод, ҳеҷ гоҳ намемирад. Имон ва устувории Ӯ барои бисёр нафароне, ки ба тахдиди азобу машаққатҳо ва марг нигоҳ накарда ҳақиқатро ҳимоя мекарданд, намунаи ибрат буд. Маҳкумкунии ӯ дар назди тамоми оламиён ахдшикании бераҳмонаи Румро нишон дод. Ҳамин тавр душманони ҳақиқат, гарчанде ки худ инро дарк намекарданд, ба паҳнгардии ақидаҳое мусоидат намуданд, ки беҳуда мақсади нест карданашонро мекарданд.MБУБ 107.1

    Лекин дере нагузашта дар Констанс боз як сутуни азобу уқубатро рост карданд. Хуни боз як чеҳраи азиятдида бояд аз ҳақиқат шаходат медод. Иероним, бо Гус пеш аз сафар хайрбод гуфт ва ӯро аз зарурияти устувор ва мардонавор будан ёдрас намуда, ваъда дод, ки дар ҳолати ба миён омадани хатар ба кӯмаки ӯ ҳозир мешавад. Хабарро дар бораи зиндонишавии Гус шунида, пайрави содиқ ба таври фаврй барои иҷрои ваъдаи худ камар баст. Бе ягон номаи таъминкунандаи бехатарӣ, танҳо бо хамрохии дӯсти ягонаи худ, Иероним ба роҳ баромад. Ба макони ҳабси Гус расида, ӯ боварӣ ҳосил кард, ки барои озодкунии Гус ҳеч коре карда наметавонад, ғайр аз ин хатар ба у низ таҳдид кард. Ӯ кӯшиши аз шаҳр гурехтанро кард, лекин дастгир карда шуд. Ӯро бо дасту пои занҷирбандшуда дар зери ҳимояи дастаи сарбозон ба Констанс оварданд. Вакте кӯшиш намуд, ки ба гуноҳҳои ба муқобилаш баёншуда дар назди анҷуман ҷавоб гардонад, ҳозирбудагон фарёд заданд: «Ӯро ба оташ андозед, ба оташ!» 32Боннекозе, ҷилди 1, саҳ. 234.. Иеронимро ба зиндон андохтанд ва тавре завлона заданд, ки азобҳои тоқатфарсоро аз cap мегузаронд ва дар баробари ин ба ӯ танҳо обу нон медоданд. Бо гузашти якчанд моҳи даҳшатовари зиндон Иероним сахт бемор шуд ва душманонаш аз тарси он ки марг уро аз дасти онҳо рахо мекунад. муносибатро бо ӯ беҳтар карданд, гарчанде ки у қариб як солро бо дасту пои занҷирбандшуда гузаронд.MБУБ 107.2

    Марги Гус ба папистҳо натиҷаи дилхоҳ наовард. Эътироф накардани номаи химоявӣ норозигии мардумро ба миён овард, ва анҷуман қарор дод, ки беҳтар мешуд агар Иеронимро ба оташ наандозанд, балки бо истифодаи тамоми воситаҳо уро ба дасткашӣ аз ақидаҳояш маҷбур созанд,. Уро ба анҷуман оварданд ва ба ӯ пешниход карданд, ки ё аз ақидаҳояш даст кашад ё ин ки ӯро марг интизор аст. Дар ибтидои зиндонишави марг ба назари Иероним дар мукоиса бо он азобҳое, ки ӯ аз cap мегузаронд, меҳмони хости дилаш буд, вале акнун, ки ӯ аз бемори ва муносибати бераҳмона заиф гардида буду аз тарси азоб, шубҳаҳо, чудоӣ аз дӯстон ва аз марги Гус ба ҳарос омада буд, мардонагиро аз даст дода қарори ба анҷуман итоат карданро қабул кард. Ӯ қасам хӯрд, ки акидаҳои калисои католикиро пайравй мекунад ва ҷониби анҷуман аз маҳкумшавии таълимотҳои Уиклиф ва Гусро одилона номид, ғайр аз «ҳақикатҳои муқаддасе», ки онҳо таълим медоданд33Ҳамон ҷо, ҷилди 2, саҳ. 141..MБУБ 108.1

    Иероним ба ин найранг рӯ оварда, умед дошт, ки садои вичдонашро хомӯш мегардонад ва аз марг раҳо меёбад. Вале Дар танҳоӣ бо вичдони худ, ӯ рафтори худро ошкору равшан дарк намуд. Мардонагй ва садоқати Гусро ба хотир оварда, рафтори ӯро бо дасткашии худ аз ҳақиқат мукоиса кард. Дар бораи Исои Масеҳ андеша кард, ки ваъдаи ба Ӯ хизмат карданро дода буд, Масеҳе ки аз барои ӯ марги пуразобро аз cap гузаронда буд. To замони дасткашӣ аз ақидаҳои худ, ӯ дар ҳамаи азобу машаққатҳояш оромӣ ва дастгириро дар ваъдаҳои пурмеҳри Худованд пайдо мекард, лекин акнун азобҳои виҷдон ҷони ӯро азият медоданд. Иероним хуб медонист, ки пеш аз фаро расидани соати сулҳу оштӣ бо Рум, ба ӯ аз бисёр чизҳо даст кашидан лозим меояд. Роҳе ки ӯ ба он қадам ниҳод, метавонист ба пурра инкор кардани ҳақиқат оварда расонад. Ва ӯ қарори қатъӣ дод, ки аз барои халосӣ аз азобу машаққатҳои кӯтоҳмуддат аз Худованд рӯ нагардонад.MБУБ 108.2

    Дере нагузашта ӯро аз нав ба анҷуман оварданд. Итоаткории ӯ доваронро каноъатманд нагардонд. Онҳо аз марги Гус ба шавқ омада, ташнаи қурбониҳои нав буданд. Иероним танҳо дар сурати комилан даст кашидан аз ҳақиқат метавонист ҳаёти худро нигоҳ дорад. Лекин ӯ қарор дод, ки аз имони худ ошкоро шаҳодат диҳад ва аз паси бародари азиятдидаи худ ба гулхани оташ дарояд.MБУБ 109.1

    Ӯ дасткашии аввалини худро рад намуд ва чун марди ба марг махкумшуда иҷозати ҳимоя намудани худро ботантана талаб кард. Прелатҳо, ки аз таъсиру нуфузи суханҳои ӯ ҳарос доштанд, истодагарӣ мекарданд, ки ӯ танҳо одилона будани айбномаи ба муқобили ӯ пешниҳодшударо тасдиқ ё ин ки рад кунад. Иероним ба муқобили чунин бераҳмӣ ва беадолатӣ эътироз баён кард. «Дар давоми 340 рӯз шумо маро дар тахҳонаи даҳшатангез нигоҳ доштед, - гуфт ӯ, - ман аз ҳамаи чиз маҳрум будам ва дар миёни чирку фасод зиндагӣ мекардам; ва баъд шумо маро ба ин ҷо оварда ва хоҳишҳои душманони хунхорамро ба назар гирифта, суханони маро шунидан намехохед... Агар шумо дар ҳақиқат хирадманд бошед ва мехоҳед, ки барои ин ҷаҳон нур бошед, пас андеша кунед, то ки коре карда ба муқобили адолат рафтор накунед. Он чизе ки ба ман дахл дорад, пас ман - мирандаи оҷиз ҳастам, ҳаёти ман ноҷиз аст ва агар ман шуморо аз ҷазои ноодилона огоҳ мекунам, пас онро бештар аз барои шумо мекунам, на аз барои худ»34Ҳамон ҷо, саҳ. 146,147..MБУБ 109.2

    Дар охир хоҳиши ӯро ба ҷо оварданд. Иероним дар ҳузури доварон ба зону зада дуо гуфт, то ки Рӯҳи Муқаддас фикрҳо ва суханони ӯро идора кунад, то ки аз забони ӯ ягон ҳарфе садо надиҳад, ки бар хилофи ҳақиқат бошад ё лоики Устодаш набошад. Он рӯз дар ӯ ваъдаи ба масеҳиёни аввалин додаи Худованд иҷро шуд: «Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд... Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба шумо ато хохад шуд, ки чӣ бояд гуфт; зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст» (Матто 10:18-20).MБУБ 110.1

    Суханони Иероним ҳатто дар миёни душманонаш ҳайрат ва шавқу завқро ба миён оварданд. Дар давоми як соли пурра ӯ дар тахҳона маҳбус буд ва аз имконияти хондан ва ҳатто дидани рӯшноии Худо маҳрум гардида, азобҳои токатфарсои ҷисмонӣ ва изтиробҳои рӯҳиро аз cap гузаронд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ӯ ончунон далелҳои пуркувват ва равшану мураттабе меовард, ки гӯё тамоми ин муддатро дар омодагӣ ва илмомӯзй гузаронида бошад. У таваҷҷӯҳи шунавандагони худро ба шумораи зиёди мавъизачиёне ҷалб намуд, ки аз ҷониби доварони тамаъҷуй маҳкум шуда буданд. Қариб дар тамоми наслҳо шахсиятҳое буданд, ки кӯшиши рӯҳбаланд намудани ҳамзамонони худро мекарданд, лекин бо шармандагӣ аз ҷамъият ронда мешуданд, аммо бо гузашти муддати муайяни вақт соҳиби иззату эҳтиром мегардиданд. Ҳатто Худи Масеҳ низ аз ҷониби суди ноодилона чун ҷинояткор маҳкум шуда буд.MБУБ 110.2

    Ҳангоми инкор кардани ақидаҳои худ Иероним одилона будани ҷазои нисбати Ян Гус баровардашударо тасдиқ намуд, лекин акнун ба таври ошкоро аз ин амалӣ худ афсӯс хӯрда, бегуноҳӣ ва покии ин марди ҷафодидаро эътироф кард. «Ман ӯро аз айёми кӯдакияш мешинохтам, - гуфт ӯ. - Ӯ ба дараҷаи олӣ марди олиҳиммат, адолатпарвар ва поксиришт буд; сарфи назар аз бегуноҳияш, ӯ маҳкум карда шуд... ман бошам тайёрам ҷон супорам ва аз ақидаҳои худ дар назди азобҳое даст намекашам, ки шоҳидони дурӯғгӯй ва он душманонам тайёр кардаанд, ки рӯзе барои туҳматҳояшон дар назди Худованд, ки Ӯро хеҷ кас фиреб карда наметавонад, ҷавоб мегӯянд»35Ҳамон ҷо, саҳ. 151..MБУБ 110.3

    Иероним худро барои инкоркунии ҳақиқат сарзаниш намуда, давом дод: «Аз ҳамаи гуноҳҳое, ки ман аз айёми кӯдакиям содир кардаам, ҳеҷ кадомаш бо чунин бори вазнин вичдони маро азият намедиҳад ва ба ман чунин дарду алами зиёдро намерасонад, чун гуноҳе, ки ман онро дар ин макони касофатангез иҷро кардам, вақте ки ҷазои ноодилонро нисбати Уиклиф ва Ян Гуси поксиришт, дӯст ва устоди худ, ҷонибдорӣ кардам. Бале, бо тамоми ҳастиям ман аз ин гуноҳи худ тавба мекунам ва бо даҳшат иқрор мешавам... ки аз марг тарсидам ва таълимоти онҳоро маҳкум кардам. Ва ман аз Худои Қодир илтиҷо мекунам, ки гуноҳҳои маро авф кунад ва махсусан ин гуноҳи охиринро, ки аз ҳамаи дигар гуноҳҳоям бадтарин аст». Ӯ ба доварони худ муроҷиат намуда, бо иродаи қавй чунин гуфт: «Шумо Уиклиф ва Ян Гусро на аз барои он ба катл маҳкум кардед, ки онҳо таълимоти Калисоро таҳқир карданд, балки аз барои он ки онҳо амалҳои нопокӣ ходимони дин; чашмгуруснагӣ, кибру ғурур ва шумораи зиёди фисқу фасоди прелатҳо ва рӯҳониёнро ошкор мекарданд. Гуфтаҳои онҳоро инкор кардан номумкин аст ва ман низ ба ақидаҳои онҳо ҳамфикр ҳастам».MБУБ 111.1

    Суханронии ӯ бурида шуд. Прелатҳо аз ғазаб ба ларза омада, фарёд мезаданд: « Боз кадом далелҳо лозиманд? Дар назди мо бидъаткори ашаддӣ истодааст!»MБУБ 111.2

    Иероними орому осудахотир хитоб кард: «Шумо фикр мекунед, ки ман аз мурдан метарсам? Шумо муддати дароз маро дар таҳхонаи даҳшатангезтар аз марг нигоҳ доштед. Шумо бо ман ҳатто аз турк, яҳудӣ ва бутпарастон дида бадтар муносибат кардед; ҷисми ман айнан зинда дар устухонҳоям пӯсид, вале бо вуҷуди ин ман шикоят намекунам, зеро ки шикоятҳо инсонеро, ки қалб ва рӯҳ дорад паст мезананд; лекин ман ҳайрониамро ба чунин муносибати ваҳшиёна нисбати масеҳиён баён нокарда наметавонам»36Ҳамон ҷо, саҳ. 151-153..MБУБ 111.3

    Аз нав тӯфони хашму ғазаб cap зад ва Иеронимро фавран ба маҳбас бурданд. Лекин дар миёни ҳузурдоштагон одамоне ёфт шуданд, ки суханони Иероним ба онҳо таъсири раднопазир гузошт - онҳо мехостанд ӯро наҷот диҳанд. Иеронимро шахсиятҳои олимартабаи Калисо хабар мегирифтанд ва розӣ мекунонданд, ки ба Калисо тобеъ шавад. Ба ӯ ояндаи дурахшонро ваъда мекарданд, агар муқобилиятро ба Рум қатъ кунад. Лекин ба монанди Устоди худ, ки ба У низ тамоми ҷалолу шӯҳрати ин дунё пешниҳод гардида буд, Иероним дар ақидаҳои худ устувор монд.MБУБ 111.4

    «Аз рӯи Китоби Муқаддас исбот намоед, ки ман хато кардаам, — мегуфт ӯ, — ва он гоҳ ман аз ақидаҳоям даст мекашам».MБУБ 112.1

    «Китоби Муқаддас! - фарёд зад яке аз васвасакорон. - Хайр чӣ, магар он бояд меъёри ҳамаи чиз гардад? Вале ки онро бе шарҳу эзоҳи Калисо фаҳмида метавонад?»MБУБ 112.2

    «Магар урфу одати одамон назар ба Инҷили Наҷотдиҳандаи мо ба боварӣ арзандатаранд? — ҷавоо дод Иероним. — Павлус имондоронро ба итоати урфу одатҳои инсонй даъват намекард, балки ба онҳо чунин мегуфт: «Навиштаҳоро биомӯзед»».MБУБ 112.3

    «Бидъаткор! — фарёд зад намояндаи Kалисо. Ман оеҳуда ин қадар вақт туро розй кунондам. Ман мебинам, ки ту ҷинзадаӣ»37Уайлӣ , китоби 3, боби 10..MБУБ 112.4

    Дере нагузашта ҷазои ҳукми марг оароварда шуд ва Иеронимро ба ҳамон чое бурданд, ки дар он ҷо Гусро ба қатл расонда буданд. Ӯ ҳангоми роҳ рафтан суруд мехонд ва чеҳрааш аз хушҳолию оромӣ медурахшид. Нигоҳи ӯ ба Масеҳ нигаронида шуда буд ва марг барои ӯ ҳама гуна даҳшаташро гум карда буд. Вақте ки қотил хост оташро аз паси ӯ даргиронад, Иероним садо кард; «ҷасурона ба ин ҷо, ба пеш баро! Оташро дар назди чашмони ман даргирон. Агар ман метарсидам, он гоҳ дар ин ҷо намебудам».MБУБ 112.5

    Вақте ки оташ ӯро аз ҳар тараф фаро гирифт, охирин суханони ӯ дар дуо баён шуданд: «Худовандо, Падари Муктадир! Ба ман раҳм намо ва гуноҳҳои маро бубахш, зеро Ту медонӣ, ки ман ҳақиқати Туро ҳамеша дӯст медоштам»38Боннекозе, ҷилди 2, саҳ. 168.. Садои ӯ хомӯш гардид, лекин лабҳояш оромона дуо мегуфтанд. Вақте ки оташ амалӣ марговари худро ба анҷом расонд, хокистари Иероним якҷоя бо хок ҷамъ оварда шуда. ба монади хокистари Гус ба дарёи Рейн партофта шуд.MБУБ 112.6

    Мардони нуровару содиқи Худо ҳамин тавр ҷон доданд. Лекин нури ҳақиқатеро, ки онҳо мавъиза мекарданд, нури намунаи мардонагии онҳоро хомӯш кардан номумкин буд. Ба монади он ки ҳеҷ кас офтобро ба ақиб гардонда наметавонад, ҳамин тавр ҳеҷ кас ба паҳншавии шафақи субҳе, ки бар тамоми олам шӯълавар гардида буд, халал расонда наметавонист.MБУБ 113.1

    Қатли Ян Гус таркиши норизоиро дар Богемия ба миён овард. Тамоми мардум дарк карданд, ки ӯ қурбони қаҳру ғазаби рӯҳониён ва хиёнати император гардидааст. Дар хусуси ӯ чун дар бораи муаллими ба ҳақиқат содиқ сухан мегуфтанд ва он анҷумане, ки нисбати ӯ ҳукми маргро раво дида буд, дар қатл айбдор карда мешуд. Акнун таълимоти ӯ диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард. Асарҳои Уиклиф дар замони худ бо фармони папа дар оташ сӯзонида шуданд. Лекин, акнун асарҳои боқимондаи ӯ, ки пинҳон карда шуда буданд, берун оварда шуданд ва онҳоро дар баробари Китоби Муқаддас ё он қисмҳои он, ки имконияти харидорияшон мумкин буд, омӯхта мешуданд ва бо ҳамин роҳ бисёриҳо ақидаҳо ё имони ислоҳотчиёнро қабул мекарданд.MБУБ 113.2

    Қотилони Гус натавонистанд дар канор бимонанд ва оромона ба тантанаи кори қурбонии худ назорат кунанд. Папа ва император бо кӯшишҳои якҷоя қарор доданд, ки ин ҳаракатро пахш кунанд ва кӯшунҳои Сигизмунд ба Богемия ҳамла оварданд.MБУБ 113.3

    Лекин озодкунанда низ пайдо шуд. Жижка яке аз машҳуртаринн генералҳои замони худ, сарфармондеҳи қӯшунҳои Богемия гардид, ки баъди эълони ҷанг дарҳол пурра нобино гашт. Ба кӯмаки Худо такя карда ва ба адолатпарварии кори худ ихлос дошта, халқ қӯшунҳои пурқудрати Румро шикаст медод. Император такрор ба такрор қӯшунҳои нав мефиристод, лекин онҳо шармандавор аз Богемия бармегаштанд. Пайравони Гус аз марг наҳаросида бо мардонагии бемонанд меҷангиданд ва ҳеҷ чиз онҳоро рӯҳафтода карда натавонист. Бо гузашти якчанд сол аз оғози ҷанг Жижкаи далер ин оламро тарк кард ва чои уро Прокоп, генерали ҷасур ва боистеъдод гирифт, ки дар оаъзе муносибатҳо ҳатто роҳбари бомаҳораттар буд.MБУБ 113.4

    Душманони богемиҳо аз марги сарбози нобино хабар ёфта, қарор доданд, ки лаҳзаи мусоиди баргардонидани ҳукмронии аз даст рафта фаро расидааст. Папа ба муқобили пайравони Гус юриши салиби эълон намуд ва аз нав ба Богемия лашкари бузург раҳсипор гашт, лекин он низ ба мағлубияти вазнинтарин гирифтор шуд. Юриши дуюм эълон карда шуд. Дар ҳамаи он мамлакатҳои Европа, ки папаро ҷонибдорӣ мекарданд, сафарбарии мардон, ҷамъоварии маблағ ва яроқу аслиҳа ба роҳ монда шуда буд. Бисёриҳо дар зери парчами папа бо умеди ба зудй ба қатл расондани бидъаткорони богемиягӣ саф меоростанд. Аз боварӣ ба ғалаба рӯҳбаланд гардида, қӯшунҳои зиёд ба Богемия ҳамла оварданд. Ва халқ маротибаи дигар муттаҳид гардид, то ки душманро мардонавор пешвоз гирад. Қӯшунҳои ҳар ду ҷониб ба муқобили ҳамдигар босуръат ҳаракат мекарданд, то даме ки дар охир танҳо дарё онҳоро аз ҳам ҷудо кард. «Бартарияти ҳарбӣ ба ҷониби салибдорон буд, аммо ба ҷои он ки аз дарё гузаранду бо гуситҳо мубориза баранд, онҳо хомӯшона бозистоданд ва ба ҷанговарони дар рӯ ба рӯи онҳо қарор гирифта, нигоҳ мекарданд»39Уайлӣ , китоби 3, боби 17.. Ногаҳон тамоми қӯшунҳои папаро даҳшати асрорангезе фаро гирифт. Ва артиши пуриқтидор бе ҷанг, гӯё бо ишораи дасти ноаёне бошад, оенизому бетартиб гардида пароканда шуд. Гуситҳо ба душман зарбаи ҳалокатовар заданд: қӯшунҳои гурехтаистодаро таъқиб намуда, онҳо ганиматҳои зиёд ба даст оварданд, ҳамин тавр ҷанг ба ҷои қашшокй ба гуситҳо сарватмандӣ овард.MБУБ 114.1

    Баъди якчанд сол, дар замони папаи нав, юриши нави салибдорон эълон карда шуд. Ва аз нав дар ҳамаи он мамлакатҳои Европа, ки папаро ҷонибдорй мекарданд, сафарбарии тамоми қувваҳо ва воситаҳо оғоз ёфт. Ба иштирокчиёни ин юриш ҳама гуна афзалиятҳо, аз он ҷумла омурзиши пурраи қабеҳтарин ҷиноятҳоро ваъда мекарданд. Ба ҳамаи фавтидагони ин ҷанг ҳадияҳоро дар биҳишт, ва ба зиндамондагон бошад - иззату эҳтиром ва мукофотҳои олиҳимматонаро ваъда медоданд. Ва аз нав артиши бузурге ҷамъ омад, ки сарҳадро убур намуда ба Богемия ҳамла овард. Қӯшунҳои гуситҳо ақибнишинӣ намуда, диққати истилогаронро ба даруни мамлакат ҷалб ва онҳоро ба васвасаи ғалабаи наздикшаванда гирифтор намуд. Дар охир қӯшунҳои Прокоп бозистоданд ва барои задухӯрд бо душман тайёрӣ диданд. Ва танҳо акнун салибдорон хатогии худро дарк намуда ба мавқеъгирӣ шурӯъ карданд. Ҳанӯз пеш аз пайдо шудани гуситҳо дар майдони ҷанг, салибдоронро, ки садои наздикшавии онҳоро шуниданд, даҳшат фаро гирифт. Ҳам генералҳо ва ҳам аскарони қаторй яроқҳои худро партофта ба хар тараф гурехтанд. Намояндаи папа, ки ин қӯшунҳоро роҳбари мекард, беҳуда кӯшиши сарҷамъ овардани сарбозони ба ҳарос афтода ва парокандашударо менамуд. Аз кӯшишҳои бенатиҷаи худ бемадор гардида дар охир дар миёни издиҳоми гурехтаистода кашола карда бурда шуд. Салибдорон ба таври пурра шикаст хӯрданд ва гуситҳо аз нав ғанимати зиёд ба даст оварданд.MБУБ 114.2

    Ҳамин тавр, маротибаи дуюм лашкари бузург, ки аз ҷониби давлатҳои пуриқтидори Европа таъмин карда мешуду аз ҷанговарони далеру ҷасури барои ҷанг тайёршуда иборат буд, маҷбур шуд бе ягон задухӯрд бо ҳимоятгарони чунин як мамлакати хурд ва чашмнорас роҳи гурезро пеш гирад. Дар ҳамаи ин амал қудрати Илоҳй намоён буд. Истилогарон бо даҳшати ғайриоддӣ мағлуб карда шуданд. Он ки кӯшунҳои фиръавнро дар баҳри Қулзум маҳв кард ва лашкари мидёниёнро ба фирор намудан аз Ҷидъӯн ва сесад сарбози ӯ маҷбур намуд, Он ки дар як шаб ашшуриёни мағруруро пароканда кард, маротибаи дигар дасти Худро дароз кард, то ки истилогаронро ҷазо диҳад. «Он вақт сахт ҳаросон шуданд, дар сурате ки ҷои ҳарос набуд; зеро ки Худо устухонҳои муҳосиракунандаи туро парешон кард. Онҳоро хиҷил кардаӣ, чунки Худо онҳоро рад кард» (Забур 52: 6).MБУБ 115.1

    Он гоҳ пешвоёни калисои католикӣ, ки ҳама гуна умеди ғолиб омаданро аз даст дода буданд, ба найрангбозии зиракона гузаштанд. Созишномае баста шуд, ки озодии виҷдонро ба богемиягиҳо қонунан таъмин мекард, лекин дар хақиқат онҳоро ба дасти Рум месупорид. Богемиҳо аз ҷониби худ чор пешниҳодро чун шарти бастани сулх, бо Рум ба миён гузоштанд; озодона мавъиза кардани Китоби Муқаддас; ҳуқуқи ҳамаи Калисо ба иҷрои маросими хӯрдани нону нӯшидани шарбати ангур ва ҳуқуқи гузаронидаи ибодат ба забони модарӣ; ба ҳукумат ва идоракунии дилхоҳ муассисаҳои дунявӣ роҳ надодани намояндагони дин; ҳуқуқи ба судҳои шаҳрвандӣ додани рӯҳониёне, ки қонунро вайрон кардаанд. Ҳокимияти папа «оа чор шарти пешниҳоднамудаи гуситҳо розӣ шуд, лекин ҳуқуқи шарҳдиҳии онҳоро ба ихтиёри худ гузошт, яъне ҳуқуқи аз ҷониби анҷумани рӯҳониён ҳал намудани ҳамаи масъалаҳои муҳимро; кӯтоҳи raп, сухани охирин ба ихтиёри папа ва император гузошта шуд»40Ҳамон ҷо, боби 18. Бо ҳамин шартҳо сулх баста шуд ва Рум бо фиреб ва ахдшиканй ба он чизе комёб гардид, ки онро бо ҷанг ва муборизаи ошкоро ба даст оварда натавониста буд. Хуқуқи шарҳ додани шартҳои аз ҷониби гуситҳо пешниҳодшуда, инчунин ҳуқуқи тафсир намудани Китоби Муқаддасро ба худ дода, Рум имконияти мувофиқи мақсадҳои худ вайрон кардани маънии онҳоро пайдо кард.MБУБ 116.1

    Қисми зиёди богемиягиҳо дар ин созишнома тахдиди марговарро барои озодии худ медиданд ва бо чунин созишнома розӣ шуда наметавонистанд. Дар миёни гуситҳо ихтилофҳое пайдо шуданд, ки ба мубориза ва хунрезй оварда расонданд. Дар ин муборизаи байнихудй Прокопи олиҳиммат кушта шуд ва Богемия озодиро аз даст дод.MБУБ 116.2

    Сигизмунд, ки Гус ва Иеронимро ба қатл расонда буд, шоҳи Богемия таъйин гардид ва сарфи назар ба қавли худ оиди ҳимояи ҳуқуқҳои богемиягиҳо, ба устуворшавии ҳокимияти папа мусоидат мекард. Лекин ӯ бо лаганбардориҳои худ дар назди Рум ҳеҷ чиз ба даст оварда натавонист. Дар давоми бист сол ҳаёташ ҳамеша пур аз хатарҳо ва изтиробҳо буд. Ҷангҳои дарозмуддату бенатиҷа хазинаи ӯро холӣ ва қӯшунҳои бузургро ба нестӣ оварда расонданд, ва акнун, ӯ ҳамагӣ як сол подшоҳи намуда, мамалакатро дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гузошт ва бо шармандагӣ аз ин дунё даргузашт.MБУБ 116.3

    Ошӯбҳо, мубориза ва хунрезиҳо давом мекарданд. Ба Богемия аз нав қӯшунҳои бегона ҳамла оварданд ва ҷанги байнихудии дохилӣ миллатро хонавайрон мекард ва онҳоеро, ки ба Инҷил содиқ мемонданд таъқиботҳои даҳшатангез пайгирй мекарданд.MБУБ 117.1

    Вақте ки бародарони пешинаи онҳо бо Рум созиш намуда, гумроҳиҳои онро қабул карданд, пайравони имони аслӣ калисои алоҳидаро ташкил доданд, ки номи «бародарони муттаҳидшуда»-ро дошт. Ин қадам ба сари онҳо нафрати тамоми табақаҳои ҷамъиятро овард. Лекин садоқати онҳо устувор монд. Онҳо, ки маҷбур буданд паноҳгоҳро дар бешазорҳо ва ғорҳо чустуҷӯ намоянд, якҷоя ҷамъ меомаданд, то ки Каломи Худоро биомӯзанд ва ба Офаридгори худ сачда кунанд.MБУБ 117.2

    Ба воситаи қосидоне, ки ба таври махфй ба дигар мамлакатҳо фиристода мешуданд, онҳо хабар ёфтанд, ки «дар шахрҳои гуногун пайравони ҷудогонаи ҳақиқат ҳастанд, ки ба монанди онҳо таъқиботхоро аз cap мегузаронанд, ва дар кӯҳҳои Алп аллакай дер боз калисое паноҳгоҳи худро пайдо кардааст, ки дар принсипҳои Китоби Муқаддас асос ёфта, он низ ба мукобили урфу одатҳои бутпарастонаи Рум эътироз баён мекунад»41Ҳамон 40, боби 19.. Ин хабар бо хушнудии бузург қабул гардид ва бо валденсхо алоқаҳои зич ба роҳ монда шуданд.MБУБ 117.3

    Богемиягиҳои ба ҳақиқати Инҷил содиқ ҳатто дар мушкилтарин давраҳои таъқибот ба монанди одамоне, ки фарорасии субҳро интизорӣ мекашанд, нигоҳи худро ҷониби осмон равона мекарданд. «Бар дӯши онҳо зиндагии сангин омад, лекин... суханони дар аввал аз ҷониби Гус баёншуда ва баъд аз ҷониби Иероним такроршударо дар хотир нигоҳ медоштанд: бо гузашти садсола рӯз фаро мерасад. Ин суханон барои гуситҳо ба монанди суханони Юсуф барои қавми асиршудаи Исроил садо медоданд: «Ман мемирам; ва Худо шуморо ҳат- ман тафаққуд мекунад, ва шуморо... берун хоҳад овард»42Ҳамон ҷо. . «Дар охири асри XV шумораи калисоҳои «оародарони мугтахидгардида», хеле афзуд. Онҳо мисли пешина таъқиб карда мешуданд, лекин акнун бо даҳшати камтар. Дар оғози асри XVI дар Богемия ва Моравия қариб 200 калисо вуҷуд дошт»43Эзра Холл Ҷиллет, «Хдёт ва давраи Ян Гус», ҷилди 2, саҳ. 570.. «Ин боқимондаи сершумори содиқу аз қувваи марговари оташ ва шамшер зиндамонда субҳеро, ки онро Гус пешгӯӣ карда буд, истиқбол намуд»44Уайлӣ, китоби 3, боби 19..MБУБ 117.4

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents