Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 40. - ҲОСИЛШАВИИ УМЕД

    Вақте ки эҳтиромкунандагони аҳкомҳои Худо аз ҳама гуна ҳимояи қонунҳои шаҳрвандӣ маҳрум мегарданд, дар кишварҳои гуногун дар як вақт ҳаракатҳое оғоз меёбанд, ки барои несткунии онҳо равона гардидаанд. Ва вақте ки замони дар фармон таъйингардида наздик мешавад, одамон суиқаст ташкил мекунанд, то ки мазҳаби нафратангезро нест кунанд. Қарор қабул карда мешавад, ки боре шабона зарбаи қатъӣ зада шавад, ки садои фошкунанда ва эътирозкунандаро ба ҳамеша хомӯш мондан маҷбур созад.MБУБ 680.1

    Қавми Худо - нафаре дар ҳуҷраи ҳабсхона, нафаре дар паноҳгоҳҳои махфии бешазорҳо ва кӯҳҳо - ҳанӯз ҳам ҳимояи Илоҳиро илтиҷо мекунанд, издиҳомҳои мусаллаҳи аз ҷониби рӯҳҳои нопок игвоандохташуда бошанд дар ҳама ҷо ба куштори оммавӣ омодагӣ мебинанд. Ва дар ин соати хатари бузургтарин Худои Исроил дахолат мекунад, то ки баргузидагони Худро раҳо созад. Ӯ чунин мегӯяд: «Он гох шумо мисли шаби муқаддаси ид сурудгӯӣ хоҳед кард, ва дилшодии шумо мисли касоне хоҳад буд, ки... ба кӯҳи Худованд, назди сахраи Исроил биёянд. Ва Худованд кибриёи овози Худро хоҳад шунавонид ва тазйиқи бозуи Худро бо шиддати ғазаб ва алангаи оташи сӯзон, бо тундбод ва сел ва жолаи сангин зоҳир хоҳад намуд» (Ишаъё 30:29,30). Издиҳомҳои хашмгин бо фарёдҳои тантанакунанда, таҳқирҳо ва лаънатхониҳо омодаи ба сари тӯъмаи худ дарафтодан ҳастанд, вале инак зулмоти ғафси ториктар аз шаби ториктарин заминро фаро мегирад. Баъд дар осмон рангинкамони аз ҷалоли тахти Худо дурахшанда пайдо мешавад: ба назар чунин менамояд, ки он бо худ ҳар як гурӯҳи дуогӯяндаро фаро мегирад. Издиҳомҳои бераҳм аз даҳшат шах мешаванд. Нидоҳои масхаракунанда хомӯш мегарданд. Одамон дар хусуси он чи ки онҳоро ниҳоят хашмгин мекард, фаромӯш карданд. Онҳо бо ҳисси пешакии даҳшатангези хатари наздикшаванда ба аломати аҳди Худо назар меандозанд ва мехоҳанд аз ин дурахше ки аз ҳама чиз мегузарад, пинҳон шаванд.MБУБ 680.2

    Фарзандони Худо садои равшану форами «Бархезед»-ро мешунаванд. Ва чашмони худро боло бардошта, рангинкамони ваъдаро мебинанд. Абрҳои торику даҳшатбори осмонро фарогирифта пароканда мешаванд, ва онҳо ба мисли Истефанус ба осмон назар меандозанд ва ҷалоли Худованд ва Исои Масеҳро мебинанд, ки дар тахт нишастааст. Дар ҷисми Илоҳии Масеҳ онҳо асари таҳқиршавии Ӯро мебинанд ва мешунаванд, ки чӣ тавр Ӯ аз Падар ва фариштагони муқаддас хоҳиш мекунад: «Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ. дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд» (Юҳанно 17:24). Ва бори дигар садои форами зафармандона шунида мешавад: «Меоянд! Муқадцасон, бегуноҳон, доғдорнашудагон меоянд! Онҳо Каломи сабри Маро нигохдорӣ намуданд; онҳо дар миёни фариштагон хоҳанд гашт». Ва аз лабони рангпаридаву ларзони онҳое, ки дар имони худ матин буд, фарёди зафармандона садо медиҳад.MБУБ 681.1

    Худованд дар нимашаб қувваи Худро баҳри озодкунии қавми Хеш нишон медихад. Офтоб бо ҷилои чашмбар медурахшад. Мӯъҷизаву аломатҳо паси ҳам зуд ба амал меоянд. Худоношиносон ба ҳамаи ин бо даҳшату ҳайрат назар меандозанд, дар ҳоле ки порсоён ба аломатҳои раҳошавии худ бо шодии тантананок менигаранд. Ба назар чунин менамояд, ки ҳама чиз дар табиат чараёни муқаррарии худро дигар кардааст. Дарёҳо бозистоданд. Абрҳои торику вазнин ҳаракат намуда, бо ҳамдигар бармехӯранд. Дар миёни осмони ба ғазаб омада хати ҷалол ба чашм мерасад; аз он ҷо садои Худо ба мисли садои обҳои зиёд шунида мешавад, «ки мегуфт: Ба амал омад!» (Ваҳй 16:17).MБУБ 681.2

    Замину осмон аз ин садо ба ларза медароянд. Заминларзаи бузурге ба амал меояд, ки «аз он замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, — он кадар заминларзаи пурзӯр ва азим буд!» (Ваҳй 16:18). Ба назар чунин менамояд. ки осмон кушода ва пӯшида мешавад. Аз тахти Худо шӯълаҳои ҷалоли Ӯ ба чашм мерасанд. Кӯҳҳо чун найи аз шамол ларзон алвонҷ мехӯранд ва пораҳои харсангҳо ба ҳар тараф парешон мешаванд. Садое чун ғурриши тӯфони наздикшаванда ба гӯш мерасад. Баҳри пурҷӯшу хурӯш талотум мезанад. Ғурриши тундбоди даҳшатангез меафзояд, - он садои рӯҳҳои нопокеро, ки кори несткунандаи худро амалӣ мекунанд, ба хотир меоварад. Тамоми замин чун мавҷҳои баҳр пасту баланд мешавад. Қабати болоии он кафида, худи ҷаҳаннамро аён мекунад. Қаторкӯҳҳо фурӯ мераванд. Ҷазираҳои маскун нест мешаванд. Мавҷҳои лурталотум шаҳрҳои назди соҳилиро, ки чун Садум манбаи гунаҳкорӣ гардидаанд, фурӯ мебарад. Ва Бобили бузургро «дар пеши Худо зикр мекунанд, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худоро ба он диҳанд». Пораҳои калони санг, ҳар кадомаш «ба вазни як талант», амали несткунандаи худро ба ҷо меоваранд (ояти 19,21). Шаҳрҳои мағруртарини рӯи замин нест карда шуданд. Қасрҳои боҳашамате, ки барои бунёдашон бузургони ин ҷаҳон сарвати зиёд сарф карда буданд, то ки исми худро машҳур гардонанд, акнун дар пеши назари онҳо ба вайрона табдил меёбанд. Деворҳои ҳабсхонаҳо вайрон мешаванд ва қавми Худо, ки аз барои имон дар ҳабсхонаҳо зиндонӣ буд, озод мешавад.MБУБ 681.3

    Қабрҳо кушода мешаванд ва «бисёре аз онҳое ки дар хоки замин хобидаанд, бедор хоҳанд шуд; баъзеҳо барои ҳаёти ҷовидона ва баъзеҳо барои нанг ва хиҷолати ҷовидонӣ» (Дониёл 12:2). Ва ҳамаи нафарони бо имон ба муждаи фариштаи сеюм фавтида аз қабрҳо шарафманд берун мебароянд, то ки аҳди осоиштагии Худоро бо нафароне бишнаванд, ки Шариати Ӯро риоя карда буданд. «Ва онҳое низ, ки Ӯро найза заданд» (Ваҳй 1:7), онҳое, ки азобҳои пешазмаргии Масеҳро писханду тамасхур карданд, ва инчунин душманони ашаддии ҳақиқати Ӯ ва қавми Ӯ эҳё мешаванд, то ки ҷалоли Ӯ ва иззату икромеро, ки ҳамаи вафодорон ва итоаткорон сарфароз гардонида мешаванд, бубинанд.MБУБ 682.1

    Абрҳои ғафс ҳанӯз ҳам осмонро мепӯшонанд, вале гоҳгоҳ офтоб, ки ба чашми ҷазодиҳандаи Воҷибулвуҷуд монанд аст, пайдо мешавад. Барқҳои мудҳиши заминро ба мисли пар- даи оташин фарогирифта осмонро сӯрох мекунанд. Аз гулдуроси тундар баландтар садо дода, овозҳои асроромезу даҳшатангези аз қисмати бадкирдорон хабардиҳанда ба гӯш мерасанд. Маънии онхоро на ҳама сарфаҳм мераванд, вале устодони козиб равшан дарк мекунанд, ки ин чӣ маънӣ дорад. Онҳое ки ҳанӯз чанде пеш ин қадар бепарво, густох ва мағрур буданд, онҳое ки нисбат ба риоякунандагони аҳкоми Худо ин қадар бераҳмӣ нишон медоданд, акнун ба ҳарос афтодаанд ва аз даҳшат меларзанд. Нолаву фарёди онҳо шавшуви тӯфони талотумкунандаро пахш мекунад. Рӯҳҳои нопок Илоҳияти Исои Масеҳро эътироф мекунанд ва дар назди кудрати Ӯ ба ларза медароянд, ҳол он ки одамон марҳамат металабанд ва дар рӯи замин бо тарси бесабаб гавак мекашанд.MБУБ 682.2

    Пайғамбарони замони қадим дар рӯъёҳои мукадцас ба рӯзи Худованд назар андохта, гуфта буданд: «Вовайло кунед, зеро ки рӯзи Худованд наздик аст: мисли таҳлуқае аз ҷониби Қодир меояд» (Ишаъё 13:6). «Аз тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ ба кӯхпора дохил шав ва худро дар хок пинҳон кун. Чашмони ҳавобаланди инсон залил ва ғурури мардон паст хоҳад шуд. ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд. Зеро аз ҷониби Худованди Лашкарҳо рӯзе меояд, ки ба ҳар чизи ҳавобаланд ва магрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, - ва он паст хоҳад шуд» (Ишаъё 2:10-12). «Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутхои тиллои худро, ки барои парастиши худ сохтааст ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт, то ки мардум ба ғорҳои кӯҳпораҳо ва ба дутаҳиҳои байни сахраҳо дохил шаванд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад» (Ишаъё 2:20,21).MБУБ 683.1

    Аз ковокии миёни абрҳо ситорае медурахшад ва ҷилои он дар қиёси зулмот махсусан равшан менамояд. Он дар қалби фарзандони содиқи Худо умед ва шодиро ба вуҷуд меоварад, вайронкунандагони Шариати Худо бошанд дар он аломати пешакии ғазаби Худоро мебинанд. Онҳое ки ҳама чизро баҳри Масеҳ курбон карданд, акнун чун дар паноҳгоҳи махфии Худо дар бехатарӣ қарор доранд. Онҳо озмуда шуданд ва дар назди тамоми ҷаҳон ва дар назди нафарони ҳақиқатро рад намуда садоқати худро ба Он ки барои онҳо ҷон дод, шаҳодат доданд. Бо нафароне, ки ҳатто дар назди марг поквиҷдону боинсоф монданд, дигаргунии аҷиб ба амал меояд. Онҳо ногаҳон аз зулми тираву даҳшатангези одамони ба рӯҳҳои нопок табдилёфта озод мешаванд. Чеҳраҳои чанде пеш рангпарида, пуризтироб ва афсурдаи онҳо акнун аз шавқу шодӣ, имон ва муҳаббат медурахшанд. Овозҳои онҳо бо садоҳои суруди зафармандона ҷӯр мешаванд: «Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад; Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчи замин биларзад, кӯҳхо дар қаъри баҳр ба ҷунбиш оянд, обҳои он хурӯшида, туғён кунанд ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд» (Забур 45:2-4).MБУБ 683.2

    Дар он вақте ки ин дуоҳои умедвории муқаддас ба даргоҳи Худо фиристода мешаванд, абрҳо пароканда шуда осмони пурситораи дар муқоиса бо абрҳои тираи канори уфуқ бенихоят зеборо мекушоянд. Аз дарвозаҳои нимбоз ҷалоли шаҳри осмонй медурахшад. Баъд дар осмон дасте пайдо мешавад, ки ду лавҳаи сангини якҷоягузошташударо дошта меистад. Пайгамбар чунин мегӯяд: «Ва осмон ҳақиқати Худоро баён хоҳад кард, зеро ки Худо Довар аст» (Забур 49:6). Он Шариати муқаддас - покии Худо - ки дар миёни раъду оташ дар кӯҳи Сино чун қоидаи зиндагӣ эълон карда шуда буд, акнун дар пеши одамон чун меъёри доварӣ меистад. Он даст лавҳаҳои сангинро мекушояд ва ҳама Даҳ Аҳкомро, ки гӯё бо қалами оташин навишта шуда бошанд, мебинанд. Даҳ Аҳком он қадар фаҳмо ҳастанд, ки ҳap нафар онҳоро хонда метавонад. Хотира ҳассос мешавад, зулмоти хурофот ва гумроҳӣ дар ақли одамон пароканда мегардад ва даҳ аҳкоми мухтасар, фаҳмо ва тавонои Худо пеши назари ҳамаи сокинони замин ошкор мешаванд.MБУБ 684.1

    Даҳшат ва ноумедии нафаронеро, ки талаботҳои муқаддаси Худоро зери по карда буданд, тасвир намудан номумкин аст Хyдo Шариати Худро ба онҳо дода буд; онҳо метавонистанд хислати худро бо он муқоиса кунанд ва ҳамин тариқ нуқсонҳояшонро ошкор созанд, ҳанӯз ки имкони тавба кардан ва ислоҳ шудан буд, вале кӯшиши ба даст овардани ҳусни таваҷҷӯҳ ва таҳсини ин ҷаҳонро намуда, онҳо нисбати фароизҳои Илоҳӣ беэҳтиромӣ зоҳир намуданд ва ба дигарон гуноҳ карданро ёд доданд. Онҳо кӯшиш намуданд қавми Худро ба палид сохтани рӯзи шанбе маҷбур созанд. Акнун онҳоро худи ҳамон Шариате маҳкум мекунад, ки аз он нафрат доштанд. Бо возеҳияти даҳшатангез дарк мекунанд, ки узр надоранд. Онҳо худ интихоб карданд, ки ба кӣ хизмат ва сачда кардан мехоҳанд: «Ва шумо аз нав фарқи байни порсо ва шарирро, фарқи байни касеро, ки ба Худо хизмат мекунад ва касеро, ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид» (Малокй 3:18)MБУБ 684.2

    Душманони Шариати Худо - аз хизматгузорони калисо то аъзоёни оддии он - акнун дар бораи ҳақиқат ва вазифаҳои худ тасаввуроти комилан нав доранд. Онҳо ниҳоят дер дарк мекунанд, ки шанбеи ахкоми чорум мӯҳри Худои ҷовид аст. Ниҳоят дер онҳо моҳияти шанбеи бардурӯғ ва он таҳкурсии ноустувореро, ки вай дар он асос меёбад, диданд. Онҳо ошкор месозанд, ки ба муқобили Худо мубориза бурдаанд. Устодони дин бо бовар кунондан ба он ки одамонро ҷониби биҳишт ҳидоят мекунанд, онҳоро ҷониби марг роҳнамоӣ менамуданд. Танҳо дар рӯзи доварии охирин ошкор мегардад, ки чӣ қадар бузург аст масъулияти одамони хизмати рӯҳониро адокунанда ва чӣ қадар гарон аст оқибати бесадоқатии онҳо. Танҳо дар абадият мо арзиши аслии ҳар як қалби талафёфтаро хоҳем донист. Мудҳиш мешавад қисмати нафароне ки Худо ба онҳо чунин мегӯяд: «Дур шав аз Ман, ғуломи шарир!»MБУБ 685.1

    Аз осмон садои Худо ба гӯш мерасад, ки рӯз ва соати омадани Масеҳро эълон мекунад ва бо масеҳиёни содиқ ахди абадӣ мебандад. Ба мисли гулдурросҳои пурзӯри раъд, каломи Ӯ бар тамоми замин паҳн мешавад. Исроили Худо нигоҳи худро ҷониби осмон равона намуда, ба ҳар як сухан бо диққат гӯш медиҳад. Чеҳраҳои онҳо аз ҷалоли Ӯ мунаввар гардидаанд ва чун чеҳраи пайғамбар Мусо, вақте ки ӯ аз кӯҳи Сино поён омад, медурахшанд. Гунаҳкорон ба онҳо нигоҳ карда наметавонанд. Ва ҳангоме ки нафароне хушбахт эълон карда мешаванд, ки бо риоя намудани шанбеи муқаддаси Худо иззату эҳтироми Ӯро ба ҷо овардаанд, нидои баланди зафармандона садо медиҳад.MБУБ 685.2

    Ба зудӣ дар шарқ абри хурди сиёҳе, ки андозааш ба нисфи кафи дасти одам баробар аст, пайдо мешавад. Ин абре ки Исои Масеҳро иҳота намудааст, аз дур ба назар бо ғубор фарогирифташуда менамояд. Қавми Худо медонад, ки ин аломати Исои Масеҳ аст. Онҳо бо хомӯшии ботантана он чизро назорат мекунанд, ки чӣ гуна он абр ба замин наздик шуда, торафт равшантару зеботар мегардад, то даме ки ниҳоят ба абри калони сафеде табдил меёбад, ки дар қисми поёнии он - ҷалоле ҷойгир аст, мисли оташи ҳамаро фурӯбаранда ва дар болои абр - рангинкамони аҳд. Исои Масеҳ чун Ғолиби муқтадир поён меояд. Акнун Ӯ на «Марди ранҷурест», ки косаи талхи шармандагӣ ва андӯҳро менӯшад - балки Ғолиб аст дар замину осмон. Довари зиндагону мурдагон, «Амин ва Ҳақ..., ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва мечангад»; «ва лашкарҳои осмон...аз пайи Ӯ мерафтанд» (Ваҳй 19:11,14). Мачмӯи беҳисоби фариштагони муқаддас, ки сурудҳои зеботарини осмониро месароянд, Исои Масеҳро ҳамроҳй мекунанд. Ба назар чунин менамояд, ки тамоми осмон пур аз фариштагони дурахшанда аст: шумораи онҳо «беварҳо-бевар ва ҳазорҳо ҳазор» аст. Дасти инсонӣ қудрати тасвир намудани ин саҳнаро надорад; хиради миранда бузургӣ ва зебоии онро дарк карда наметавонад. «Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст. Ва дурахши Ӯ мисли нури офтоб аст» Ҳабаққуқ 3:3,4). Ҳангоме ки абри зинда боз ҳам поёнтар меояд, ҳама Мири ҳаётро мебинанд. Акнун пешонаи Ӯро тоҷ аз хор баднамо намекунад, дар пешонии Ӯ тоҷи ҷалол ҷой дорад. Чеҳраи Ӯ бо ҷилои чашмбари офтоби нисфирӯзӣ медурахшад. «Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди ҳукмронандагон» (Ваҳй 19:16).MБУБ 686.1

    Дар ҳузури Ӯ «чеҳраи ҳама рангпарида аст» ва даҳшати ноумедии абадӣ нафаронеро фаро мегирад, ки марҳамати Ӯро рад карда буданд. «Дилаш ҳаросон ва зонуҳояш ларзон шуда- аст ва ҳамаи камарҳоро ларза гирифтааст» (Наҳум 2:10). Порсоён бо ҳаяҷон нидо мекунанд: «Кӣ истодагарӣ карда метавонад?» Ҳангоми садо додани ин суханон фариштагон хомӯш мегарданд ва сукути даҳшатбор фаро мерасад. Баъд садои Исои Масеҳ ба гӯш мерасад: «Барои шумо файзи Ман басанда аст». Чеҳраҳои порсоён мунаввар мешаванд ва ҳар як қалбро шодӣ пур мекунад. Фариштагон як оқанг болотар мегиранд ва ба замин наздик шуда, боз ба сурудхонӣ медароянд.MБУБ 686.2

    Подшоҳи подшоҳон дар болои абри бо оташи алангазананда иҳоташуда поён меояд. Осмон чун лӯла мепечад; замин меларзад ва ҳар як кӯҳ ва ҳар як ҷазира аз ҷои худ меҷунбанд. «Худои мо меояд ва хомӯш нахоҳад буд: пеши Ӯ оташи сӯзон муҳайёст ва гирдогирди Ӯ тӯфони сахт. Аз боло осмон ва заминро мехонад, то ки қавми Худро доварӣ кунад» (Забур 49:3,4).MБУБ 687.1

    «Ва подшоҳони замин ва олиҷоҳон ва сарватдорон ва мириҳазорон ва зӯроварон ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегӯянд: «Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед; зеро ки рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст ва кист, ки битавонад истодагӣ намояд» (Ваҳй 6:15-17).MБУБ 687.2

    Таҳқиру масхараҳо хомӯш мегарданд. Дурӯғгӯён сокит мемонанд. Таҳдидҳои ҷанг, фарёдҳои ҷангҷӯёна ва мағали муҳориба хотима меёбанд... Фақат дуогӯиҳо, гиряву нола ва доду фарёдҳо ба гӯш мерасанд. Аз забонҳои як замон масхаракунанда фарёде ба гӯш мерасад: «Рӯзи бузурги ғазаб фаро расид ва кӣ истодагӣ карда метавонад?» Гунаҳкорон илтиҷо мекунанд, ки харсангҳо бар сари онҳо биафтанд, фақат чеҳраи Онеро, ки Ӯро бад диданд ва рад карданд, набинанд.MБУБ 687.3

    Ин садои мурдаҳоро эҳёкунанда ба онҳо ошност. Чанд маротиба ин садои саршори андӯҳу навозиш онҳоро ба тавба даъват карда буд. Чанд маротиба он бо оҳанги таъсирбахш ва илтиҷокунанда садо дода буд - садои Дӯст, Бародар ва Фидиягузор. Барои радкунандагони марҳамати Ӯ ҳеҷ як садои дигар ин қадар маҳкумкунанда, ин қадар айбдоркунанда садо намедиҳад, чун ин садо, ки ин қадар вақт ба онҳо муроҷиат мекард: «Аз роҳҳои бади худ тавба кунед, тавба кунед; чаро бимиред?» (Ҳизқиёл 33:11). Оҳ, кошки ин садо ба онҳо ноошно мебуд! Исои Масех мегӯяд: «Ман даъват намудам ва шумо эътино накардед, дастамро дароз кардам ва касе таваҷҷӯҳ накард. ...ҳамаи машваратҳои Маро рад кардед ва мазаммати Маро қабул накардед» (ниг. Масалҳо 1:24,25). Ин садо дар хотираи онҳо огоҳиҳои радшуда, даъватҳои шуниданошуда, афзалиятҳоеро, ки аз онҳо истифода набурданд, - хамаи он чизеро, ки бо хушнуди аз хотираи худ нест мекарданд, бедор месозад.MБУБ 687.4

    Он ҷо нафароне низ ҳозир мешаванд, ки ҳангоми азияткашии Масеҳ Ӯро масхара мекарданд. Онҳо суханони Ситамдидаро бо изтиробу тарс ба хотир меоранд, ҳангоме ки Масеҳ дар чавоби саркоҳин, ки Ӯро қасам медод, бо тантана чунин гуфт: «Пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд» (Матто 16:64). Акнун онҳо Ӯро бо ҷалол иҳоташуда ва дар ямини Қудрат нишаста мебинанд.MБУБ 688.1

    Он нафароне, ки ҳангоме ки Ӯ Худро Масеҳи Худо номид, Ӯро масхара мекарданд, акнун хомӯшанд. Ин ҷо Ҳиродуси мағрур низ ҳузур дорад, ки унвони шоҳонаи Ӯро мазоҳ мекард ва ба ҷанговарон амр дод, то барои масхарабози бо тоҷгузорӣ Ӯро шоҳ эълон кунанд. Ин ҷо он нафароне низ қарор доранд, ки дастони хунолудашон бар тани Ӯ ҷомаи арғувон пӯшониданд, бар пешонаи муқаддаси Ӯ тоҷи аз хор бофта гузоштанд ва ба дасти фармонбардори Ӯ шабеҳи чӯбдасти салтанатро монда бо ҳақорати куфрона ба Ӯ саҷда мекарданд. Одамоне, ки Мири ҳаётро мезаданду ба рӯяш туф мекарданд, акнун аз нигоҳи тези Ӯ пинҳон мешаванд ва ба гурехтан ба ҳама ҷо омодаанд, фақат аз ҷалоли ҳамарофурӯбарандаи Ӯ панаҳ шаванд. Нафарони ба дасту пои Ӯ мехкӯбида, сарбози бо найза паҳлӯи Ӯро сӯрох намуда, акнун бо даҳшат ва азобҳои виҷдон ба ин изҳо дар тани Ӯ нигоҳ мекунанд.MБУБ 688.2

    Коҳинон ва сарварон бо равшании мудҳиш ҳодисаҳои Ҷолҷолторо ба хотир меоранд. Аз тарс ларзида, онҳо ба хотир меоранд, ки чӣ гуна сарҳои худро ҷунбонда бо шодии иблисона чунин мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем; Ба Худо умед мебаст: бигзор акнун Ӯро раҳо кунад, агар дилхоҳаш бошад» (Матто 27:42,43).MБУБ 689.1

    Онҳо масали Масеҳро дар бораи токпарвароне, ки самари токзорро ба хочаи худ додан нахостанд, хизматгорони ӯро таҳқир кардан ва писарашро куштанд, равшану возеҳ ба хотир меоваранд. Инчунин онҳо онро ҳукмеро низ ба хотир меоваранд, ки худ бароварданд: соҳиби токзор «он бадкирдоронро бо марги шадид маҳкум мекунад». Коҳинон ва пирон дарк мекунанд, ки гуноҳи токпарварони бадкирдор - гуноҳи онҳост, ва онҳо нисбати худ ҳукми одилона бароварданд. Оҳу фиғони азоби сахти пур аз ноумедӣ ва даҳшат шунида мешавад: «Ӯ Писари Худо! Масеҳи ҳақиқист!» Ин оҳу фиғон аз фарёди як замон кӯчаҳои Ерусалимро ба ларза овардаи: «Ӯро маслуб кун! Ӯро маслуб кун!», баландтар буд. Онҳо мехоҳанд аз пеши назари Подшоҳи подшоҳон ба ғорҳои чуқури замин, ки дар зери фишори тӯфонҳои талотумкунанда пайдо шудаанд, фирор намоянд, вале ин ба онҳо муяссар намегардад.MБУБ 689.2

    Дар зиндагии нафароне, ки ҳақиқатро рад мекунанд, лаҳзаҳое ҳастанд, ки виҷдони онҳо бедор мешавад, лаҳзаҳое ки ёддоштҳои азиятовар дар бораи кирдорҳои риёкорона ба хотир меоянд ва қалбро ҳисси пешакии тира ба изтироб меоранд. Jleкин магар ин азсаргузарониҳоро бо он азобҳои виҷдон муқоиса кардан мумкин аст, вақте ки «тарсу бим... мисли тундбод, ва мусибат... мисли гирдбод» биёяд (Масалҳо 1:27). Нафароне, ки агар метавонистанд бе дудилагӣ Масеҳ ва қавми Ӯро нест мекарданд, акнун ҷалоли дар онҳо оромёфтаро мебинанд. Онҳо бо даҳшат нидоҳои шодиёнаи муқаддасонро мешунаванд: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед баста будем ва Ӯ моро наҷот дод» (Ишаъё 25:9).MБУБ 689.3

    Дар миёни замини ҷунбида истода ва дурахши барқу гулдурроси раъд садои Исои Масеҳ мукаддасони дар хок хобрафтаро даъват мекунад. Ӯ ба қабрҳои порсоён назар меафканад ва баъд дасташро боло бардошта, нидо мекунад: «Бедор шавед, бедор шавед, бедор шавед, дар хок хоб рафтагон, бархезед!» Ва дар тамоми гӯшаю канори рӯи замин мурдагон ин садоро мешунаванд ва шунида зинда мешаванд. Тамоми замин аз қадаммонии лашкари бузурги эҳёшудагон аз ҳар як халқият ва қавму қабила ба ларза медарояд. Онҳо аз асорати қабр бо ҷалоли абадӣ фарогирифташуда берун мешаванд ва нидо мекунанд: «Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дӯзах! Ғалабаи ту куҷост?» (1Қӯринтиён 15:55). Он гоҳ садоҳои порсоёни «маргро ночашида» ва муқаддасони эҳёшуда ба нидоҳои зафармандонаи дарозу шодиёна ҷӯр мешаванд. Намуди зоҳирии нафароне, ки аз қабр берун баромадаанд, ончунонест, ки пеш аз марг буд. Дар миёни эҳёшудагон Одам бо қомати баланд ва андоми боҳашамат фарқ карда, аз Исои Масеҳ фақат андак камӣ дорад. Ӯ аз одамони наслҳои баъдина сахт фарқ дорад, ҳатто аз ин як чиз маълум аст, ки инсоният чӣ қадар таназзул ёфтааст. Вале мӯҳри ҷавонӣ, тару тозагӣ ва зебоии абадӣ дар намуди зоҳирии ҳама эҳёшудагон дида мешавад. Дар ибтидо одам на фақат дар хислати худ, балки дар ҳама нишонаҳои зоҳирӣ низ ба шабоҳати Худо офарида шуда буд. Гуноҳ сурати Илоҳиро дар одам бадшакл ва қариб нест кард, вале Масеҳ ба замин омад, то ки чизи аз даст рафтаро барқдрор кунад. Ӯ ҷисмҳои гунаҳкорӣ моро ба шабеҳи ҷисми пуршарафи Худ дигаргун месозад. Ҷисми миранда, фонӣ ва аз зебоӣ маҳруму як замон бо гуноҳ палидгардидаи одам, ҷисми комил, зебо ва ҷовид мегардад. Ҳама нуқсонҳо ва ноқисиҳои ҷисмонӣ дар қабр мемонанд. Фидиягузоришудагон ҳуқуқро ба дарахти ҳаёт, ки дар боги Адани кайҳо аз даст дода буданд аз нав соҳиб гардида, то пурагии камолот ва ҷалол, ки инсон дар ибтидо дошт, нумӯ ва инкишоф меёбанд. Охирин нақшҳои боқимондаи лаънат ва гуноҳ нест карда мешаванд, ва нафарони ба Масеҳ содиқ боре «дар зебоии Худованди мо» ҳозир шуда бо хирад, қалб ва ҷисми худ симои комили Худованди худро инъикос мекунанд. Оҳ, фидиягузории аҷиб! Чи қадар зиёд дар хусуси он андеша меронданд, ин қадар муддати дароз ба он умед мебастанд; бо чунин умеди хушнудона интизорӣ мекашиданд, вале ҳамин тавр то ба охир дарк намекарданд.MБУБ 690.1

    Порсоёни зинда буда «баногоҳ, дар як мижа зада», тагйир меёбанд. Ҳангоми садо додани овози Худо онҳо шарафманд гардонида шуда буданд, акнун бошад ҳаёти ҷовидониро ба даст оварда, якҷоя бо муқаддасони эҳёшуда дар ҳаво ба истиқболи Худованд ба осмон боло мебароянд. Фариштагон «баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳанд овард». Фариштагони муқаддас тифлаконро дар рӯи дастони худ ба модарон медиҳанд. Дӯстоне, ки кайҳо марг онҳоро аз ҳам ҷудо карда буд, бо ҳам вомехӯранд, то ки дигар ҳеҷ гоҳ ҷудо нашаванд ва ҳама якҷоя бо шодии фараҳбахш ҷониби шаҳри Худо боло мебароянд.MБУБ 691.1

    Дар паҳлӯҳои аробаи абрӣ қанотҳо ҷойгиранд, дар зери он бошад чархҳои зинда, ва вақте ки ароба ба боло ҳаракат мекунад, чархҳо: «Муқаддас аст!» нидо мекунанд. Болҳо низ ҳангоми ҳаракат: «Муқаддас аст!», мегӯянд. Ва ҳама фариштагони сершумор: «Муқаддас аст! Муқаддас аст! Муқадцас аст Худованд Худои Қодири Мутлақ!» Вақте ки ароба ба Ерусалими Нав наздик мешавад. фидиягузоришудагон «Ҳалилуёҳ» нидо мекунанд.MБУБ 691.2

    Ҳангоми ба шаҳри Худо ворид шудан Исои Масеҳ ба пайравони Худ нишони ғалаба ва аломати ба насли Подшоҳӣ мансубият доштанро месупорад. Қаторҳои боҳашамат дар намуди чоркунҷаи дарунхолӣ дар атрофи Подшоҳи худ, ки азамати қоматаш аз муқаддасон ва фариштагон хеле афзалият дорад ва чеҳрааш бо гояти муҳаббат ва некӣ медурахшад, саф меороянд, Дар ин маҷмӯи беҳисоби фидиягузоришудагон нигоҳи ҳар нафар ҷониби Ӯ, ҷониби ҷалоли Он ки «намуди Ӯ аз ҳар шахс ва симои Ӯ аз банӣ-одам бештар маъюб шуда буд» нигаронида шудааст. Исои Масеҳ бо дасти рост бар сари ғолибон тоҷҳои ҷалолро мегузорад. Барои ҳар як нафари фидиягузоришуда тоҷ бо номи нав (ниг. Ваҳй 2:17) ва суханони: «Муқадцас аст барои Худованд!» омода шудааст. Инчунин ба ҳар як нафар шохаи нахл ва уди ҷилодиҳанда дода мешавад. Баъд, вақте ки фариштагони мусиқиро роҳбарикунанда намуна нишон медиҳанд, ҳар як нафар бо маҳорат ба торҳо даст мерасонад ва дар осмон мусиқии аҷиб садо медиҳад. Қалби ҳар як нафарро шавқи баённопазир пур мекунад ва ҳамаи овозҳо дар изҳори сипос ва ситоиши: «Ӯро, ки моро дӯст медорад ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин» (Ваҳй 1:5,6), ҳамроҳ мешаванд.MБУБ 691.3

    Дар назди фидиягузоришудагон шаҳри муқаддас меистад. Исои Масеҳ дарвозаи марворидро васеъ мекушояд ва нафарони ба ҳақиқат содиқ бо он ворид мешаванд. Онҳо он ҷо биҳишти Худо, ватани Одамро то гунаҳгоршавии ӯ мебинанд. Ва баъд садои аз ҳама гуна мусиқӣ ширинтарро мешунаванд, ки ҳеҷ гоҳ дар гӯши инсони миранда садо надода буд: «Муборизаи шумо анҷом ёфт». «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз иботидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред».MБУБ 692.1

    Акнун дуои Исои Масеҳ барои шогирдонаш мустаҷоб шуд: «Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки Ман бошам, бо Ман бошанд». «Дар ҳузури ҷалоли Худ дар шодӣ беайб» (Яҳудо 24). Исои Масеҳ нафарони бо Хуни Худ фидиягузоришударо ба Падари Худ пешниҳод намуда, мегӯяд: «Инак Ман ва фарзандони Ман, ки Ту ба Ман додӣ». «Онҳоеро ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам». Оҳ, мӯъҷизаи муҳаббати фидиягузоранда! Оҳ, чӣ гуна пуршавқу завқ мешавад он соате ки Падари беинтиҳо ба нафарони фидиягузоришуда назар андохта, дар вучуди онҳо симои Худро мебинад; лаънати гуноҳ ва номувофиқатие, ки гуноҳ ба миён оварда буд, нест шуданд, ва қалби инсон бо қалби Худо як мешавад.MБУБ 692.2

    Исои Масеҳ пайравони содиқи Худро бо муҳаббати баённопазир барои ба шодии Худованди худ шарик шудан даъват мекунад. Наҷотдиҳанда аз он шод аст, ки дар Малакути ҷалол он нафаронеро мебинад, ки ба қимати азобҳо ва марги Ӯ наҷот дода шуда буданд. Фидиягузоришудагон низ якҷоя бо Ӯ шодӣ мекунанд, зеро дар миёни наҷотёфтагон нафаронеро мебинанд, ки бо дуоҳо, заҳматҳо, муҳаббат ва худфидоии худ ба назди Масеҳ оварданд. Дар он вақте ки онҳо дар атрофи тахти бузургу сафед ҷамъ меоянд, қалбҳояшон аз дидори нафароне саршори шодӣ мегарданд, ки онҳо ин одамонро ба назди Масеҳ оварданд, ин нафарон дар навбати худ дигаронро ба назди Масеҳ оварданд, онҳо бошанд нафарони дигарро, ва ниҳоят ҳама ба бандари ором расиданд, то ки он ҷо тоҷҳои худро назди пойҳои Масеҳ гузоранд ва Ӯро тамоми абадияти беинтиҳо ситоиш намоянд.MБУБ 692.3

    Вакте ки фидиягузоришудагонро барои ба шахри Худо ворид шудан даъват мекунанд, ҳаворо нидоҳои завқу шодӣ пур мекунанд. Лаҳзаи вохӯрии ду Одам фаро расид. Исои Масеҳ омода аст бо оғӯши кушода сарнасли инсониятро, онеро ки Ӯ вайро офарид, онеро ки ба муқобили Офаридгори худ гуноҳ кард ва аз боиси гунохқои ӯ дар ҷисми Наҷотдиҳанда нишонаҳои мехкӯбшавӣ пайдо шуданд, ба оғӯш бигирад. Одам бо дидани захмҳои золимона худро ба оғӯши Худовандаш намепартояд, балки бо фурӯтанӣ ба назди пойҳои Ӯ меафтад ва нидо мекунад: «Сазовор аст, сазовор аст Баррае. ки забҳ шуда буд!» Наҷотдиҳанда бо навозиш ӯро мебардорад ва барои нигаристан ба боғи Адан - хонае, ки ӯ аз он ҷо ронда шуда буд, суботкорона даъват мекунад.MБУБ 693.1

    Баъди аз боғи Адан ронда шудан зиндагии Одам пур аз гаму андӯҳ буд. Ҳар як барги пажмурда шуда истода, ҳар як ҳайвони ба қурбонӣ овардашуда, ҳар як аломати таназзул дар симои зебои табиат, ҳар як доғ дар хислати як замон бенуқсонӣ одам - ҳамаи ин доимо ӯро аз гуноҳ ёдрас мекард. Чӣ гуна даҳшатовар буданд азобҳои вичдони Одам, вақте ки ӯ чӣ гуна зиёд шудани бадкирдориро медид ва вақте ки дар ҷавоб огоҳиҳо ӯро чун сабабгорӣ бадӣ таъна мезаданд. Ӯ ҷазоро барои бадкирдории содирнамудааш қариб муддати ҳазор сол таҳаммул мекард. Бо самимияти том аз гуноҳи худ тавба кард, ба хизматҳои Начотдиҳандаи ваъдашуда бовар кард ва бо умед ба эҳёшавӣ аз дунё даргузашт. Исои Масеҳ гуноҳ ва гунаҳгоршавии инсонро фидиягузорӣ намуд, акнун бошад ба воситаи хизмати мусолиҳа ба Одам салтанати ибтидоии ӯ аз нав баргардонда мешавад.MБУБ 693.2

    Одам бениҳоят шод буда, аз тамошои дарахтоне, ки як замон ба шавқаш меоварданд, баҳра мебарад, - худи ҳамон дарахтоне ки меваҳои онҳоро ҳанӯз замони хуши бегуноҳияш ҷамъ меовард. Ӯ ба навдаҳои ток назар меандозад, ки онҳоро як замон нигоҳубин мекард; ӯ ҳамон гулҳоеро мебинад, ки дар ҳаққашон бо шодӣ ғамхорӣ мекард. Ӯ ҳақиқӣ будани вокеъиятро дарк мекунад, ӯ мебинад, ки ин дар ҳақиқат Адани барқароршуда аст, ки аз он биҳиште ки ӯ аз он ронда шуда буд, хеле зеботар аст. Исои Масеҳ ӯро ба назди дарахти ҳаёт меорад, меваҳои пурарзишро меканад ва чашидани онҳоро ба ӯ пешниҳод мекунад. Одам ба атроф назар меандозад ва дар биҳишти Худо шумораи зиёди наслҳои фидиягузоришудаи худро мебинад. Он гоҳ ӯ тоҷи ҷилодиҳандаи худро ба назди пойҳои Исои Масеҳ мепартояд ва худро ба синаи Ӯ андохта Фидиягузорро ба оғӯш мегирад. Ӯ ба торҳои уди заррин ангушт мезанад ва гунбази фалакро суруди зафар фаро мегирад: «Сазовор аст, сазовор аст, сазовор аст Баррае, ки забҳ шуда буд ва боз зинда аст!» Тамоми оилаи Одам ба оҳанг ҷӯр мешавад ва тоҷҳои худро ба пеши пои Наҷотдиҳанда андохта бо эҳтиром дар назди Ӯ саҷда мекунад.MБУБ 694.1

    Ин вохӯриро фариштагоне низ назорат менамоянд, ки аз гунаҳгоршавии Одам гиря мекарданд ва он замоне шод буданд, ки Исои Масеҳ баъди эҳёи Худ ба осмон сууд намуда, ҳамаи нафарони ба номи Ӯ имон овардаро аз марг наҷот дод. Акнун онҳо наҷотёбии фидиягузоришудагонро анҷомёфта мебинанд ва садоҳои онҳо бо суруди ситоишӣ ҷӯр мешавад.MБУБ 694.2

    Дар рӯи баҳри булӯр дар назди тахт, баҳри шишагини бо оташ омехта, - ки он аз ҷалоли Худо чунин ҷило медиҳад. - «касони бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолибомада», (Ваҳй 15:2), ҷамъ омадаанд. Дар болои кӯҳи Сион ҳамроҳи Барра бо «барбатҳои Худо дар даст» як саду чилу чор ҳазор нафарони аз миёни одамон фидиягузоришуда меистанд ва садое мисли шувваси обҳои бисёр ва мисли садои раъди пурзӯр, «овозе мисли овози барбатнавозони барбатҳои худро навохта истода», ба гӯш мерасад. Онҳо дар назди тахт «суруди нав» мехонанд, ки сароидани онро ба ғайр аз як саду чилу чор ҳазор нафар ҳеҷ кас ёд гирифта натавонист. Ин суруди Мусо ва Барра аст - суруди раҳосозӣ. Ба ғайр аз як саду чилу чор ҳазор нафар, ҳеҷ кас ин сурудро хонда натавонист, зеро ин сурудест дар бораи азсаргузарониҳое, ки оа ғайр аз онҳо ҳеҷ кас аз cap нагузарондааст. Онҳо «ҳар куҷое ки Барра равад, аз ақибаш мераванд». Ин одамоне ки аз замин аз миёни зиндагон гирифта шудаанд «навбарони Худо ва Барра» ҳастанд (Ваҳй 15:2; 14:2-5). Онҳо «аз азоби азим омадаанд», онҳо чунон замони мушкилро аз cap гузарондаанд, ки мислаш аз замони пайдоиши одамон набуд; дар замони тангии Яъқуб ҳолати назъи шаби Яъқубро аз cap гузаронданд; дар замони фурӯ рехтани охирин довариҳои Худо онҳо бе Шафоатгар зиндагӣ карданд. Вале онҳо озод карда шуда буданд, зеро «либоси худро бо хуни Барра шуста сафед кардаанд» (Ваҳй 7:14). «Дар даҳонашон макре нест; беайбанд» (Ваҳй 14:5), дар назди Худо. «Барои ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар маъбади Ӯ ба Ӯ хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд». Онҳо заминро аз гуруснагӣ ва эпидемияхо ғоратшуда, офтобро сохдби қудрати одамонро бо гармои сахт сӯзонанда диданд, онҳо худ азобу машаққат, гуруснагӣ ва ташнагиро аз cap гузаронданд. Вале «онҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сӯзонд: зеро Баррае ки дар миёни тахт аст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард» (Ваҳй 7.15—17). Фарзандони интихобшудаи Худо дар ҳама асрҳо мактаби сахти санҷишҳоро мегузаштанд. Онҳо дар замин бо роҳи танг қадам мезаданд: дар кӯраи азобҳо пок мешуданд. Аз баҳри Исои Масеҳ хашмгинӣ, нафрат ва тӯҳматро паси cap мекарданд. Мубо- ризаи вазнинро таҳаммул намуда, Ӯро пайравӣ карданд; аз манфиатҳои худ дасткашӣ нишон дода ноумедии талхро аз cap гузаронданд. Дар таҷрибаи пуразияти шахсии худ гаронии салиб, қудрати он, ҳисси айбу мусибатро, ки натиҷаи гуноҳанд, дарк намуданд; онҳо ба гуноҳ бо нафрат нигоҳ мекарданд. Дарки қурбонии беандозае ки баҳри аз гуноҳ озод намудани онҳо оварда шуда буд, онҳоро фурӯтан месозад ва калбҳояшонро саршори сипосу ситоиш мегардонад, ки мавҷудоти гунаҳгорнашуда ин сипосу ситоишро ҳеҷ гох баҳогузорӣ карда наметавонанд. Азбаски шарикони азобҳои Масеҳ буданд, онҳо метавонанд шарики ҷалолаш низ гарданд.MБУБ 694.3

    Ворисони салтанати Худо аз зери болопӯши бомҳо фуромаданд, аз паноҳгоҳхо ва зиндонҳо берун баромаданд, аз пояи дорҳо ва кӯҳхо поён омаданд, аз биёбонҳо, таҳхонахо ва умки баҳрҳо ҳозир шуданд. Дар рӯи замин онҳо «камбудиҳо, ғаму андӯҳҳо ва хашмгиниро», тахаммул намуданд. Миллионҳо одамон бо бадномӣ ҷон доданд, зеро ба васвасаҳои шайтон итоат кардан нахостанд. Аз ҷониби судҳои инсонӣ онҳо ҷинояткорони ашадцӣ эътироф шудаанд. Вале акнун «Худо Довар аст» (Забур 49:6). Акнун қарорҳои дар замин қабулшуда аз наз дида баромада мешаванд. «Худованд Худо... нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин дур хоҳад сохт» (Ишаъё 25:8). «Ва онҳоро қавми муқадцас, растагорони Худованд хоҳанд номид». Ӯ қарор қабул кард, ки «ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар. ва равғани шодмонӣ - ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол - ба ҷои рӯҳи андӯҳгин дода мешавад» (Ишаъё 62:12; 61:3). Акнун онҳо одамони азияткашида, азобдида, пароканда ва таъқибшаванда нестанд. Акнун онҳо ҳамеша бо Худованд якҷоя хоҳанд буд. Онҳо дар назди тахт бо либосҳои боз ҳам бошукӯҳтаре дар тан меистанд, назар ба он ки бузургтарин ашхоси ин ҷаҳон мепӯшиданд. Онҳо бо чунон тоҷҳои аҷибе тоҷгузорӣ шудаанд, ки ҳеҷ гоҳ пешонаи подшоҳони заминро зеб надода буданд. Рӯзҳои гиряву нолиш ба таври ҳамеша гузаштанд. Подшоҳи ҷалол ашкро аз ҳама рухсораҳо пок кард ва барои гаму андӯҳ ҳеҷ гуна сабаб нест. Шохаҳои да- рахти нахлро афшонда истода, онхо суруди ситоишии пок, форам ва хушоҳангро месароянд; ҳамаи овозхо ҷӯр мешаванд ва суруди пуриқтидор гунбази осмонро ба ларза меорад: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!» Ва ҳама аҳли осмон якдилона ҷавоб медиханд: «Омин! Баракат ва ҷалол ва ҳикмат ва сипос ва шавкат ва қудрат ва қувват то абад аз они Худои мо бод!» (Ваҳй 7:10,12).MБУБ 696.1

    Дар ин хаёт мо нақшаи аҷиби фидиягузориро қисман дарк карда метавонем. Мо бо ақли маҳдуди худ метавонем кӯшиши дарк намудани шармсорӣ ва ҷалол, марг ва ҳаёт, адолат ва марҳаматро намоем, ки дар салиб бо ҳам вохӯрданд, бо вуҷуди ин ҳатто ҳангоми ниҳоят баланд будани шиддатнокии қобилиятхои ақлонӣ маънои пурраи он чизеро, ки дар Ҷолҷолто ба амал омад сарфаҳм рафта наметавонем. Дарозӣ ва фарохӣ, чуқурӣ ва баландии муҳаббати фидиягузорандаро хеле тира тасаввур мекунем. Накдпаи фидиягузорӣ аз ҷониби наҷотёфтагон ҳатто он замоне низ пурра дарк карда намешавад, ки наҷотёфтагон хоҳанд дид, ки чӣ гуна онҳо дида шудаанд ва хоханд донист, ки чӣ гуна дониста шудаанд, балки дар давоми тамоми абадият нигоҳи хайратзадаву башавқомадаи онҳоро пайваста ҳақиқатҳои навтару навтар ошкор хоҳанд шуд. Гарчанде мусибатҳо ва азобу васвасаҳо ба анҷом мерасанд, чунки сабаби онҳо нест карда мешавад, бо вуҷуди ин қавми Худо ҳамеша равшан дар хотир нигоҳ хоҳад дошт, ки қимати наҷотёбии онҳо чӣ гуна аст.MБУБ 697.1

    Салиби Масеҳ дар давоми тамоми абадият мояи омӯзиш ва ситоиши фидиягузоришудагон мегардад. Дар симои Масеҳи ҷалолёфта онҳо Масеҳи -маслубшударо хоҳанд дид. Он чиз ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, ки Он ки қудрати эҷодкораш дунёҳои бешуморро дар Коиноти беканор офарид ва ҳаёт мебахшад, - Азизи Худо, Ҷалоли Осмон, ки каррубиён ва сорофиён бо муҳаббат ба Ӯ сачда мекунанд, - чӣ гуна Худро фурӯтан сохт, то ки одами гунаҳгоршударо баланд бардорад; чӣ гуна Ӯ тамоми айб ва шарми гуноҳро ба дӯши Худ гирифт; ҷудоиро бо Падар таҳаммул намуд, вақте ки Падар рӯи Худро аз Ӯ панаҳ кард, то даме ки андӯҳи ҷаҳони ба ҳалокат расида қалби Ӯро ғамгин кард ва дар салиби Ҷолҷолто Ӯро аз ҳаёт маҳрум намуд. Он чиз ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд, ки чӣ гуна Офаранандаи тамоми сайёраҳо, Ҳалкунандаи ҳамаи такдирҳо ҷалоли Худро як сӯ гузошт ва Худро аз баҳри муҳаббат ба одам фурӯтан сохт, - ин амал ҳамеша ҳайрат ва шавқи тамоми Коинотро ба миён хоҳад овард. Ба Фидиягузор, ба ҷалоли ҷовидонаи Падар, ки дар чеҳраи Ӯ медурахшад, ба тахте ки ҷовидона боқӣ мемонад, назар андохта, ҳама қавмҳои фидиягузоришуда ҳиссиётҳои худро дар суруди пуршавку завқ баён мекунанд: «Сазовор аст, сазовор аст Баррае ки забҳ шуда буд ва моро барои Худо бо Хуни пурқимати Худ фидиягузорӣ кард!»MБУБ 697.2

    Асрори салиб дигар асрорҳоро низ шарҳ медиҳад. Сифатҳои Худованд, ки пеш моро ба тарс ва ларза меоварданд, дар нуре ки аз салиби Ҷолҷолто медурахшад, ба мо бо тамоми зебоӣ ва ҷозибияти худ ошкор мегарданд. Марҳамат, мехрубонӣ ва муҳаббати Падарона албатта бо покӣ, адл ва қудрат якҷоя мешаванд. Ба ҷалолати тахти Ӯ, ки баланд ва олӣ аст назар афканда, мо чӣ гуна меҳрубонона зоҳир гардидани аслу моҳияти Худовандро мебинем ва них,оят он замон маънои асосии муроҷиати: «ПАДАРИ МО» ба мо ошкор мегардад.MБУБ 698.1

    Ҳама мебинанд, ки Он ки дар хиради Худ беинтиҳост, моро ба тарзи дигар наҷот дода наметавонист чун бо курбон намудани Исои Масеҳ. Мукофоти ин курбонӣ шодӣ аз дидани замине мешавад, ки дар он мавҷудоти мукаддас хушбахту ҷовид маскунанд. Натиҷаи муборизаи Наҷотдиҳандаи мо бо қувваҳои зулмот шодие мегардад, ки ба фидиягузоришудагон барои шукргузории абадии Худо ҳадия шудааст. Қиммати ҳар як қалб ончунон бузург аст, ки фидияи барои он пардохт шуда ба назари Худо аз ҳад зиёд наменамояд ва Худи Масеҳ ба самари Қурбонии бузурги Худ «бо қаноатмандӣ» назар меандозанд.MБУБ 698.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents