Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents
МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First

    Боби 14. - ПАҲНШАВИИ МУЖДА ДАР ҶАЗИРАҲОИ БРИТАНИЯ

    Дар он замоне ки Лютер ба халқи Германия Китоби Муқаддаси барояш қаблан дастнорасро ҳадия кард, Тиндали аз Рӯҳи Муқадцас илҳомгирифта, худи ҳамин корро дар Англия анҷом дод. Китоби Муқадцасро, ки Уиклиф тарҷума карда буд, аз матни лотинӣ тарҷума шуда буд ва хатогиҳои зиёде дошт. Он ҳеҷ гоҳ нашр нагардида буд, ва нархи китоби дастнависшуда ончунон баланд буд, ки танҳо одамони сарватманд ва дарбориҳо онро харидорӣ карда метавонистанд. Дар баробари ин хондани Китоби Муқаддас аз ҷониби Калисо манъ гардида он хеле кам паҳн шуда буд. Соли 1516, як сол пеш аз пайдо шудани тезисҳои Лютер, Эразм аввалин шуда Инҷилро ба забони юнонӣ нашр кард, ва дере нагузашта тарҷумаи лотинии он низ пайдо шуд. Акнун Каломи Худо бори аввал дар забони асл аз нашр баромад. Дар ин нашр хатоҳои бисёр тарҷумаҳои пешина ислоҳ ва маънӣ аниқтар баён шуда буд. Ин ба бисёр одамони соҳибмаълумот дар беҳтар дарк намудани ҳақиқат ёрӣ расонд, ва албаттаро ба кори Ислоҳот таконе бахшид. Бо вуҷуди ин Каломи Худо мисли пеш ба андозаи зиёд барои халқи оддӣ дастнорас буд. Тиндал бояд кори оғознамудаи Уиклифро ба анҷом расонда, Китоби Муқадцасро ба ҳамватанонаш ҳадия мекард.MБУБ 255.1

    Ӯ, тадқиқотчии боғайрат ва ҷӯяндаи ҷиддии ҳақиқат, Инҷили аз ҷониби Эразм бо забони юнонӣ нашргардидаро хонда, онро қабул кард. Ӯ ақидаҳои худро далерона мавъиза намуда, таъкид мекард, ки дилхоҳ таълимот бояд дар асоси Навиштаҳои Муқаддас санҷида шавад. Ба баёноти ҳокимияти папа, ки Китоби Муқаддасро Калисо додааст, ва танҳо Калисо метавонад онро маънидод ё тафсир кунад, Тиндал чунин ҷавоб медод: «Шумо медонед, ки ба уқобон барои худ тӯъма пайдо карданро кӣ омӯхтааст? Худи Х,амон Худо ба фарзандони пуршавқи Худ, дар Каломи ҳақиқат ҷустуҷӯ кардани Падарро меомӯзад. Навиштаҷоти Муқаддасро ба мо шумо надодаед; баръакс, шумо онро аз мо пинҳон карда будед; шумо онҳоеро, ки Китоби Муқаддасро мавъиза мекарданд, дар оташ месӯзондед; ва агар шумо метавонистед, Китоби Мукадцасро низ месӯзондед»214Д’Обинйе, «Таърихи Ислохоти асри 16», китоби 18, боби 4..MБУБ 255.2

    Мавъизаҳои Тиндал шавқу ҳаваси зиёдро ба миён оварданд, ва бисёриҳо ҳақиқатро қабул карданд. Лекин рӯҳониён низ амал мекарданд, ӯ ҳанӯз майдони фаъолияти худро тарк накарда буд, ки онҳо бо тахдиду дурӯғҳо кӯшиши нобуд кардани он чизеро мекарданд, ки ӯ бунёд мекард. Ва дар бисёр мавридҳо ин ба онҳо муяссар мегашт. «Чӣ чора андешидан мумкин аст? — мепурсид Тиндал. — Дар он вақте ки ман дар як киштзор тухм мекорам, душман меояду киштзори киштшудаеро, ки ман аз он ҷо рафтаам, ба харобазор табдил медиҳад. Ман наметавонам дар ҳама ҷо ҳузур дошта бошам. Оҳ, агар имондорон Китоби Муқадцасро ба забони модарии худ дар даст медоштанд, он гоҳ онҳо метавонистанд бар зиддӣ ин донишҳои бардурӯғ мубориза баранд. Бе Китоби Муқаддас имони одамонро ба ҳақиқат устувор гардондан номумкин аст»215Ҳамон ҷо..MБУБ 256.1

    Ин фикр Тиндалро ором намегузошт. «Қавми Исроил, - андеша мекард ӯ, - бо забони модарии худ дар хонаи Худо сурудҳои ситоиши мехонд, ва наход, ки Инҷил дар миёни мо бо забони англисӣ садо надиҳад?... Магар Калисо дар нимарӯз назар ба субҳидам бояд нури камтаре дошта бошад?... Масеҳиён бояд Инҷилро ба забони модарии худ бихонанд». Илоҳиётшиносон ва муаллимони Калисо ба ҳамдигар мухолифат мекарданд. Одамон танҳо бо ёрии Китоби Муқаддас метавонистанд ҳақиқатро пайдо созанд. «Баъзеҳо ин муаллимро гӯш мекунанд, дигарон - дигареро... Ва ҳар яке аз олимон дар таълимотҳои худ ба якдигар зиддият доранд. Чӣ тавр мо метавонем ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунем?... Чӣ тавр?... Танҳо бо ёрии Каломи Худо»216Ҳамон ҷо..MБУБ 256.2

    Баъд аз чанде бо Тиндал як илоҳиётшиноси католик баҳс кард. ки бо ғазаб фарёд зад: «Беҳтараш мо бе шариати Худо мемонем, назар ба он ки бе қонунҳои папа бимонем!» Тиндал ба ин чунин ҷавоб дод: «Ман ба папа ва ба қонунҳои ӯ кор надорам. Агар Худо ҳаёти маро дароз кунад, он гоҳ баъди якчанд сол ман ба он муваффақ мешавам, ки писараки бо сипор сарукордошта, Китоби Муқаддасро аз шумо беҳтар хоҳад донист»217Андерсен, «Солномаи Библияи англисӣ», саҳ. 19..MБУБ 256.3

    Акнун Тиндал дар мақсади худ - Инҷилро ба халқ бо забони модариаш додан - ки дер боз ин орзуро дар дил мепарварид, устувор гашта фавран ба тарҷумааш шурӯъ кард. У, ки аз хонаи худ ронда шуда буд ба Лондон сафар кард, ва дар он ҷо тавонист як муддат бемамоният фаъолият кунад. Вале ғазаби пайравони папа аз нав ӯро ба гурехтан маҷбур карданд. Ба назар чунин менамуд, ки дар тамоми Англия барои ӯ маконе ёфт намешавад, ва ӯ қарор дод, ки дар Германия паноҳгоҳ пайдо кунад. Дар он ҷо ӯ ба нашри Инҷил бо забони англисӣ шурӯъ кард. Ду маротиба кори ӯ қатъ гардонда шуд, лекин вақте ки дар як шаҳр ба ӯ нашр карданро манъ мекарданд, ӯ ба шаҳри дигар мерафт. Ниҳоят ӯ ба Вормс рафт, ки дар ин шаҳр якчанд сол пеш Лютер Инҷилро дар назд сейм ҳимоя карда буд. Дар ин шаҳри қадима дӯстони зиёди Ислоҳот зиндагӣ мекарданд ва Тиндал бе монеа кори худро давом дод. Дере нагузашта се ҳазор нусхаи Инҷил нашр карда шуд ва худи ҳамон сол боз ба як нашри дигар зарурат пайдо шуд.MБУБ 257.1

    Ӯ фаъолияти худро бо ҷиддияти баланд ва бо қатъият давом медод. Сарфи назар аз ҳушёрии ҳукуматдорони Англис, ки бандарҳоро бо ҷиддият назорат мекарданд, Каломи Худо бо рохҳои махфӣ ба Лондон расонда мешуд ва аз он ҷо ба тамоми мамлакат паҳн мегашт. Намояндагони папа тамоми кӯшишҳоро барои буғӣ кардани ҳақиқат ба роҳ мемонданд, лекин ҳамааш бенатиҷа анҷом меёфт. Усқуфи шаҳри Дархэм боре аз китобфурӯше, ки дӯсти Тиндал буд, ҳамаи Китобҳои Муқаддаси ӯро харид ва мақсади нест намудани онҳоро карда, гумон дошт, ки бо ин амали худ ба фаъолияти ислоҳотчӣ зарари калон мерасонад. Лекин ҳамааш баръакс анҷом ёфт: бо маблағҳои ба даст омада барои нашри нав ва боз ҳам босифаттар, ки дар акси ҳол чоп карда намешуд, маводҳои лозимӣ харидорӣ карда шуданд. Вақте ки баъдтар Тиндал ба маҳбас афтод, ба ӯ ваъдаи озод карданро бо шарти ба онҳо гуфтани номҳои одамоне пешниҳод карданд, ки дар нашр намудани Китоби Муқаддас ба ӯ ёрии моддӣ расонда буданд. Тиндал ҷавоб дод, ки ускуфи Дархэм дар ин кор назар ба дигарон ёрии бештар расонд, зеро ки маблағи зиёдеро барои харидории Китоби Муқаддас пардохт намуда, бо ин амалаш ба пешрафти бомуваффақияти кори ӯ мусоидат кард.MБУБ 257.2

    Тиндал ба дасти душманонаш супорида шуд ва моҳҳои зиёдеро дар маҳбас гузаронд. Ӯ бо марги пурмашаққат аз имони худ шаҳодат дод, лекин аслиҳаи тайёрнамудаи ӯ ба дигар мавъизачиёни ҳақиқат дар тӯли тамоми асрҳо, то худи замони мо ёрӣ расонд.MБУБ 258.1

    Латимер аз минбар дар бораи он сухан мегуфт, ки Китоби Муқаддас бояд бо забони модарии халқ хонда шавад. «Муаллифи Китоби Муқаддас, - гуфта буд ӯ, - Худи Худованд аст ва Навиштаҷот - низ ончунон пурқудрат ва ҷовидона аст, чун Офаридгори мо. Ягон подшоҳ, император ё ҳокиме нест... ки дар итоаткорӣ ба Каломи Муқаддаси Ӯ вазифадор набошад. Биёед бо роҳҳои ношоиста роҳ наравем, бигзор Каломи Худо моро роҳбарӣ кунад. Биёед ба гузаштагони худ пайравӣ накунем - мо бояд на он кореро иҷро кунем, ки онҳо кардаанд, балки онеро, ки онҳо бояд иҷро мекарданд»218Хю Латимер, «Аввалин мавъизае ки дар назди шоҳ Эдуарди VI гуфта шуда буд»..MБУБ 258.2

    Барнс ва Фрайт, дӯстони содиқи Тиндал ба ҳимояи ҳақиқат бархостанд. Онҳоро Ридлӣ ва Крэнмер пайравӣ карданд. Роҳбарони Ислоҳоти Англия шахсиятҳои донишманд буданд, ва бисёре аз онҳо дар доираҳои католикӣ бо парҳезгорӣ ва боғайратии худ соҳиби эҳтироми хоса буданд. Бар зидци ҳокимияти папа муқобилият нишон додани онҳо натиҷаи шиносоии наздик бо гумроҳиҳои «тахти муқаддас» буд. Донистани асрорҳои Бобил ба шаҳодатҳои онҳо ба мукобили ҳокимияти папа қувваи зиёд мебахшид.MБУБ 258.3

    «Акнун ба ман иҷозат диҳед ба шумо саволи аҷибе бидиҳам, - гуфт боре Латимер дар мавъизаи худ. - Кист аз ҳама усқуф ва перлати боғайрат дар тамоми Англия?.. Мебинам, шумо интизор ҳастед, ки ман номи ӯро мегирам... Ман ба шумо мегӯям: ин шайтон аст. Вай ҳеҷ гоҳ ҳудуди тобеи худро тарк намекунад; ба ӯ дар дилхоҳ вақт муроҷиат кунед, ва шумо ӯро ҳамеша дар хонааш меёбед; ӯ ҳамеша ба кор машғул аст. Шумо ҳеҷ гоҳ ӯро бекор намебинед, ман ба шумо кафолат медиҳам. Дар он ҷое ки шайтон маскан мегирад... дар он ҷо китобҳоро нест мекунанд ва шамъ мемонанд; дар он ҷо Китоби Муқаддас ғайб мезанад ва тасбеҳҳо пайдо мешаванд; дар он ҷо худро аз нури Инҷил пинҳон мекунанд ва дар нимарӯз шамъ дармегиронанд... салиби Масеҳро рад мекунанд ва аърофро боло мебардоранд... аз ёрӣ расондан ба камбағалон, бадбахтон ва нотавонон ва аз либос пӯшондани бараҳнагон даст мекашанд, лекин расмҳои муқаддасонро ороиш медиҳанд, ба бутҳои беҷон саҷда мекунанд, урфу одатҳо ва қонунҳои инсониро тасдиқ намуда, Худо ва Каломи Муқаддаси Ӯро рад мекунанд... Оҳ, агар прелатҳои мо бо чунин ҷидду ҷаҳде ки шайтон бо он гумроҳиҳоро паҳн мекунад, таълимоти некро мавъиза мекарданд!» 219Хю Латимер, «Аввалин мавъизае ки дар назди шоҳ Эдуарди VI гуфта шуда буд».«Мавъиза дар Плуг»..MБУБ 258.4

    Принсипи асосие ки онро ин ислоҳотчиён ҳимоя мекарданд, - худи ҳамон принсипе буд, ки онро валденсҳо, Уиклиф, Ян Гус, Лютер, Цвингли ва пайравони онҳо ҳимоя мекарданд, яъне: раднопазирии эътибори Китоби Муқаддас чун қоидаи имондорӣ ва зиндагӣ. Онҳо ҳуқуқҳои папаҳо, калисоҳои ҷомеъ, падарони калисо ва подшоҳонро оиди маҷбурсозии вичдони инсон дар масъалаҳои диндорӣ рад мекарданд. Китоби Муқаддас барои онҳо ягона меъёри ҳақиқат буд, ва онҳо бо он дигар таълимотҳо ва фикру ақидаҳоро месанҷиданд. Имон ба Худо ва Каломи Ӯ ин мардони порсоро қувват мебахшид, вақте ки онҳо барои Инҷил ҷон месупориданд. «Рӯҳафтода нагард, - гуфт Латимер ба дӯсташ, вақте ки алангаи оташ тайёр буд ба таври абадӣ овозҳои онҳоро хомӯш гардонад, - мо имрӯз дар тамоми Англия нуреро фурӯзон мегардонем, ки ман боварӣ дорам, бо марҳамати Худо ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад»220«Аъмоли Хю Латимер», ҷилди 1, саҳ. 13..MБУБ 259.1

    Тухми ҳақиқат дар Шотландия, ки онро Колумб ва ҷонибдоронаш паҳн карда буданд, ҳеҷ гоҳ ба таври пурра нест карда нашуда буд. Дар давоми садсолаҳои дароз баъди оне ки калисоҳои Англия ба Рум тобеъ шуданд, калисои Шотландия барои озодии худ мубориза мебурд. Лекин дар асри XII, ҳокимияти папа дар ин ҷо низ ҳукмрон гашт ва ҳокимияти он дар ҳеҷ куҷо чун дар ин мамлакат беҳудуд набуд. Вале шуоҳои нур аз минёи зулмоти ҳукмрон низ мегузаштанд, ки дар худ умеди субҳи фарорасандаро доштанд. Лоллардҳо, ки аз Англия Китоби Муқаддас ва таълимоти Уиклифро оварданд, барои нигоҳ доштани нури Инҷил корҳои зиёдеро анҷом доданд ва дар ҳар як садсола шоҳидон ва одамони баҳри имон азиятдида зиндагӣ карданд.MБУБ 259.2

    Бо оғози Ислоҳоти бузург дар ин ҷо асарҳои Лютер ва инчунин Инҷили аз ҷониби Тиндал тарҷумашуда пайдо шуданд. Ин муждарасонҳо аз назорати ҳокимияти папа номаълум монда, кӯҳҳо ва водиҳоро хомӯшона тай карда, ҳама чизро бо нури ҳақиқат, ки аллакай дар Шотландия ба таври хира медурахшид, мунаввар ва ислоҳ мекарданд. Кӯшишҳои Рим, ки дар ин ҷо ҳокимияти худро дар тӯли чор садсола ҷорӣ карда буд, натиҷа надоданд.MБУБ 260.1

    Хуни рехтаи азиятдидагон ба Ислоҳот қувваи нав бахшид. Ҳокимияти папа хатари ба миён омадаро дарк намуда, баъзе фарзандони машҳур ва олиҳиммати Шотландияро ба оташ андохт. Вале бо ин амали худ онҳо танҳо минбареро бино карданд, ки аз он ба тамоми мамлакат суханони шоҳидони мурдаистода паҳн мешуданд, ки дар назди халқ мақсади ҷовидонаи барҳам задани асорати Румро гузошта буданд.MБУБ 260.2

    Гамилтон ва Уисхарт, шахсиятҳои ҳам бо хислат ва ҳам бо насаби худ олиҳиммат, дар якҷоягӣ бо ислоҳотхоҳон аз марги пурмашақат ҷон доданд. Уисхарт, ки дар оташ сӯзонда шуд, баъди худ вориси арзандаеро боқӣ гузошт, ки оташ қудрати ба хомӯш мондан маҷбур сохтанашро надошт ва ӯ бо ёрии Худо бояд ба ҳокимияти папа дар Шотландия зарбаи ҳалокатовар мезад.MБУБ 260.3

    Ҷон Нокс аз анъанаҳо ва тасаввуфи Калисо рӯ гардонд, то ки аз ҳақиқатҳои Каломи Худованд ғизо бигирад; таълимоти Уисхарт мақсади ӯро дар қатъ намудани ҳама гуна муносибатҳо бо Рум ва бо протестантҳои таъқибшаванда ҳамроҳ шудан, боз ҳам устувор гардонд.MБУБ 260.4

    Дӯстонаш ӯро розӣ мекунонданд, ки ба дӯши худ вазифаи мавъизачиро бигирад, ӯ аз ин масъулияти бузург бо ларза даст мекашид, лекин баъди рӯзҳои зиёди дуоҳои пинҳонӣ ва муборизаи пуразоби ботинӣ розӣ шуд. Ин масъулиятро ба дӯш гирифта, ӯ бо қавииродагии устувор ва мардонагии матин то охири ҳаёти худ заҳмат кашид. Ин ислоҳотчии боэътиқод тарсро намедонист. Гулханҳои дар атроф алангагиранда, ки дар онҳо ислоҳотчиёнро месӯзонданд, ба ӯ танҳо ҷидду ҷаҳд мебахшиданд. Ҳатто шамшери ба болои сараш бардошташудаи золим натавонист ӯро ба дасткашӣ аз ақидаҳояш маҷбур созад, ва ӯ далерона ба бутпарастӣ зарбаҳои ҳалокатовар мезад.MБУБ 261.1

    Ҷон Нокс ба назди маликаи Шотландия, ки дар хузураш бисёр протестанҳо худро гум мекарданд, ҳозир шуда, далерона аз ҳақиқат шаҳодат дод. Уро на бо хушомадгуӣӯ ва на бо таҳдид шикаст додан мумкин набуд. Малика ӯро дар бидъатпарастӣ гунаҳгор кард. Вай баён намуд, ки халқро ба қабул намудани таълимоти динии аз ҷониби давлат манъшуда, даъват намуда, Ҷон Шариати Худоро, ки ба ҳокимияти давлатӣ итоат карданро амр медиҳад, вайрон мекунад. Нокс ба ин бо қатъият ҷавоб дод:MБУБ 261.2

    «Азбаски ки дини ҳақиқӣ нерӯро на аз ҳокимияти давлатӣ, балки аз Худои Ҷовиду Ягона мегирад, пас дар корҳои имондорӣ зердастон вазифадор нестанд, ки ақидаҳои худро ба хости ҳокимон тобеъ гардонанд. Дар бисёр мавридҳо чунин рӯй медиҳад, ки дар масъалаҳои имони ҳақиқӣ ҳокимон одамони аз ҳама бемаълумот мебошанд... Агар насли Иброҳим дини фиръавнро, ки онҳо мудцати дароз хизматгоронаш буданд, қабул мекарданд, ҷуръат мекунам аз Шумо, малика суол кунам, ки пас имрӯз ҷаҳон ба кадом худоҳҳо саҷда мекард? Агар дар замони ҳаввориён ҳама дини қайсархои Румро қабул мекарданд, имрӯз дар рӯи замин кадом дан ҳукмрон мебуд?... Инак, малика. Шумо метавонед бубинед, ки зердастон дар эътироф намудани имони ҳокимони худ ӯҳдадор нестанд, гарчанде ки вазифадоранд ба онҳо итоат кунанд».MБУБ 261.3

    Мария ба ин чунин ҷавоб дод: «Шумо Китоби Муқаддасро як тарз мефаҳмонед, онҳо бошанд (рӯҳониёни румӣ-католикӣ) - ба тарзи дигар. Ман ба ки бояд бовар кунам ва кӣ шуморо муҳокима мекунад?»MБУБ 261.4

    «Шумо бояд ба Худованд бовар кунед, ки дар Каломи Худ ҳама чизро равшану возеҳ баён намудаст, - ҷавоб дод ислоҳотчӣ, - ба он чизе бовар кунед, ки Калом таълим медиҳад, на ба он чизе ки одамони гуногун ба шумо тафсир мекунанд. Каломи Худованд худ аз худ фаҳмост, ва агар ягон ҷои нофаҳмо вохӯрад, он гоҳ Рӯҳи Муқаддас, ки ҳеҷ гоҳ ба Худ муҳолифат намекунад, дар фаҳмидани он бо воситаи дигар оятҳо ёрӣ мерасонад, ки дигар ҳеҷ шубҳае боқӣ намемонад, магар танҳо дар қалби он нафароне ки дар ҷоҳилии худ якравиро давом медиҳанд»221Дэвид Лэинг, «Маҷмӯаи асарҳои Ҷон Нокс», ҷилди 2, саҳ 281,284..MБУБ 262.1

    Ҳамин тавр ислоҳотчӣ дар назди малика хаёти худро зери хатар монда, далерона аз ҳакиқат шаҳодат дод. Ӯ бо дуогӯӣ ва бо мубориза баҳри кори Худо бо чунин мардонагии бебокона барои амалӣ намудани мақсадаш, далерона ба пеш ҳаракат мекард, то замоне ки Шотландия нихоят аз зери зулми ҳокимияти папа озод карда шуд.MБУБ 262.2

    Дар Англия конунӣ кардани протестантизм чун динӣ миллӣ то андозаи хеле зиёд шидцати таъқиботҳоро ором гардонд, гарчанде ки онҳо пурра қатъ нагардиданд. Бисёр доктринаҳо рад гардида буданд, вале миқдори зиёди расму маросимҳои католикӣ нигоҳ доигга шуданд. Ҳокимияти олии папа дигар эътироф карда намешуд, лекин ҷои ӯро дар иҷрои вазифаи рохбари Калисо шоҳ гирифт. Ва дар ибодатҳо аз покӣ ва одцигии Инҷил каҷравиҳои зиёд ҷой доштанд. Принсипи бузурги озодии динӣ дар дараҷаи зарурӣ қабул нагашта буд. Гарчанде ки пешвоёни протестантизм аҳёнан ба худ бо он бераҳмии сангдилонае амал намуданро раво медонистанд, ки Рум бо он ба муқобили бидъат мубориза мебурд, бо вуҷуди ин ҳуқуқи ҳар як шахс оиди ба Худо аз рӯи амри виҷдон ибодат кардан эътирофнашуда монда буд. Ҳама дар қабул намудани таълимоти динии Калисои расмӣ ва иҷро кардани расму оинҳои он ӯҳдадор буданд. Одамоне, ки фикру ақидаи дигар доштанд, дар давоми садсолаҳо ба андозаи каму зиёд таъқиб карда мешуданд.MБУБ 262.3

    Дар асри XVII ҳазорон рӯҳониён аз хизматгузорӣ дар калисо озод карда шуданд. Иштирок дар дилхоҳ ҷамъомадҳо, ғайр аз он ҷамъомадҳое ки Калисои расмӣ ҷорӣ карда буд, бо ҷаримаи калон, бадаргашавӣ ва ба маҳбас афтодан тахдид мекард. Имондорони ба Худо комилан содиқ маҷбур буданд барои ибодатҳои якҷоя дар ягон хиёбони торик ё болохона ҷамъ биёянд, дар фасли гарми сол бошад шабона дар ҷангалзор паноҳгоҳ пайдо мекарданд. Ва дар ҷангалзори анбӯҳу касногузар, дар ин калисои бо дасти Офаридгор биноёфта, фарзандони парокандаю таъқибшудаи Худо ҷамъ меомаданд, то ки дар дуохои сипосгузорона рози дили худро баён кунанд. Чунин эҳтиёткорӣ на ҳама вақт наҷот медод: бисёриҳо барои имони худ ҷон доданд. Зиндонҳо пур ва оилаҳо вайрон гардида буданд, бисёриҳо аз ватани худ бадарға карда шуданд. Лекин Худо қавми Худро тарк накард ва таъқиботҳои даҳшатовар ин қавмро ба хомӯш мондан маҷбур карда натавонистанд. Бисёриҳо уқёнусро шино карда гузаштанд, ва дар Америка сокин гардида дар он ҷо таҳкурсии озодии динӣ ва шахрвандиро гузоштанд, ки оқибат ин мамлакатро муттаҳид ва машҳур гардонд.MБУБ 263.1

    Ва аз нав, чун дар замони ҳаввориён таъқиботҳо танҳо сабаби паҳншавии Инҷил гардиданд. Дар таҳхонаи даҳшатангези пур аз фосиқону ҷинояткорон, Ҷон Буниан, наздикии Осмонро эҳсос мекард; дар он ҷо ӯ ҳикояи рамзии ачодоро дар бораи сафари сайёҳ аз мамлакати ғоратшуда ба шаҳри Осмонӣ навишт. Зиёда аз 200 сол ин овоз, ки аввалин маротиба дар зиндони Бедфорд садо дода буд, бо қувваи таъсирбахш ба қалбҳои одамон муроҷиат мекард. Асарҳои навиштаи Буниан бо номи «Сафари сайёҳ» ва «Марҳамати фаровон ба бузургтарин гунаҳгор», ба бисёриҳо дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ёрӣ расонданд.MБУБ 263.2

    Бакстер, Флавел, Аллен ва дигар мардони боистеъдоду донишманд, ки таҷрибаи калони рӯҳонӣ доштанд, далерона ҳақиқати «боре ба парҳезгорон додашударо», ҳимоя мекарданд. Он чизе, ки ин мардони аз ҷониби ҳокимони ҷаҳон таъқиб ва гайриқонунӣ эълонгардида, амалӣ намуданд, ҳеч гоҳ аҳамияти худро гум намекунад. Асарҳои Флавер бо номи «Манбаи ҳаёт» ва «Таъсири файз», ба бисёриҳо садоқатро ба Масеҳ омӯзонданд. Китоби Бакстер бо номи «Рӯҳонии аз нав рӯҳбаландгардида», барои нафарони ташнаи таҷдидёбии кори Худованд буда, баракати осмонӣ гардид; таъйиноти китоби дигари ӯ - «Оромии абадии муқаддасон» - қалбҳоро ба он «оромие» равона мекунад, ки ҳанӯз ҳам барои қавми Худованд боқӣ мемонад.MБУБ 263.3

    Бо гузашти як садсола, ҳангоми торикии бузурги маънавӣ, роҳи одамонро Уэслӣ ва Уайтфилд равшан мекарданд. Дар давраи ҳукмронии Калисои давлатӣ халқи Англия ба чунин таназзули динӣ рафта расид, ки бо душворӣ аз бутпарастон бо чизе фарқ мекард. Аҳли дин саргарми таҳқиқи динӣ табиӣ гардид, ва тамоми дониши илоҳиётшиносии онҳо чунин маънӣ дошт. Парҳезгорӣ мояи масхарабозии табақаҳои болоии ҷамъият гардид, ки аз озодии худ аз таассуб мағрур мешуданд. Табақаҳои поёни ҷамъият дар чоҳилӣ ва фисқу фасод ғарк мешуданд, Калисо бошад на мардонагӣ ва на имон дошт, то ки ба ҳақиқати нестшаванда ёрӣ расонад.MБУБ 264.1

    Принсипи бузурги сафедшавӣ ба воситаи имон, ки аз ҷониби Лютер хеле аник ифода ёфта буд, қариб фаромӯш гардида, дар ҷои аввал принсипи Калисои католикӣ меистод, ки мувофиқи он инсон ба воситаи амалҳои нек наҷот меёбад. Уайтфилд ва бародарон Уэслӣ ба Калисои давлатӣ тааллуқ доштанд, ва самимона кӯшиши ба даст овардани мархамати Худовандро мекарданд, ки чӣ тавре ба онҳо таълим медоданд, ба воситаи зиндагии накӯкорона ва риояи фароизҳои динӣ ба даст оварда мешавад.MБУБ 264.2

    Боре вақте ки Чарлз Уэслӣ ба бемории вазнин гирифтор шуд ва ба марг тайёрӣ медид, аз ӯ пурсиданд, ки умеди ӯ ба ҳаёти ҷовидона дар чӣ асос ёфтааст? Ӯ ҷавоб дод: «Ман ба Худованд бо тамоми қувваи худ хизмат кардам». Дӯсти ӯ ки ин саволро дода буд, гӯё ки аз ин ҷавоб қаноъатманд набуд, Уэслӣ бошад фикр кард: «Наход, ки тамоми заҳматҳоям ба ман имконияти ба наҷот умед бастанро намедиҳанд? Магар нафаре метавонад маро аз тамоми корҳои кардаам, маҳрум созад? Ман дигар ба ҳеч чиз умед баста наметавонам»222Ҷон Уайтхед, «Ҳаёти Чарлз Уэслии мӯътабар», саҳ. 102.. Ана бо чй гуна зулмоти амиқ Калисо фаро гирифта шуда буд; ин зулмот аз Калисо ҳам қурбонии фидиягузорандаи Масеҳ ва ҳам ҷалоли Ӯро пинҳон карда буд; зулмот ақли одамонро фаро гирифта онҳоро аз ягона умеди наҷот - Хуни Фидиягузори маслубшуда маҳрум мекард.MБУБ 264.3

    Уэслӣ ва ҳамфикронаш оҳиста-оҳиста ба ақидае омаданд, ки диндории ҳакикӣ дар дил ҷойгир аст, Шариати Худованд бошад ақли инсонро, чун сухан ва рафторҳои ӯ фаро мегирад. Муқадасии дил ва зиндагии пок ба назари онҳо барои масеҳӣ зарур менамуданд ва онҳо самимона қарори оғоз намудани зиндагии навро қабул карданд. Бо дуоҳо ва ҷидду ҷаҳдӣ шахсӣ кӯшиш бар хислату одатҳои гуноҳолудаи табиати худ ғолиб омаданро мекарданд. Ба худмаҳрумсозиҳо ва амалҳои нек аҳамияги асосӣ дода, худро аз ҳама чиз маҳрум намуда бо ҷиддияти ғайриоддӣ ва ҷидцу ҷаҳд ҳамаи он корҳоеро ба ҷо меоварданд, ки ба онҳо дар расидан ба мақсадашон - яъне ба мукаддасие ки ҳуқуқро ба лутфу марҳамати Худо медиҳад - ёрӣ расонда метавонистанд. Лекин ба он чизе ки ҷонибаш ҷидду ҷаҳд мекарданд, комёб нагардиданд. Ҳама кӯшишҳои аз лаънати гуноҳ озод шудан ва барҳам задани ҳукмронии он бенатиҷа буданд. Лютер низ чунин муборизаро дар ҳуҷраи дайри Эрфурт аз cap гузаронда буд. Онҳоро низ худи ҳамон савол: «Одам чӣ гуна дар назди Худо сафед мешвад?» (Аюб 9:2), азият медод.MБУБ 265.1

    Оташи ҳақиқати Илоҳӣ, ки дар меҳробҳои протестантизм қариб хомӯш гашта буд, бояд бо нерӯи тоза аз машъали қадимае, ки бо гузашти асрҳо аз ҷониби масеҳиёни богемиягӣ дода шуда буд аз нав аланга мегирифт. Баъди Ислоҳот протестантизм дар Богемия аз ҷониби қӯшунҳои Рум шикаст дода шуд. Ҳамаи нафарони аз ҳақиқат даст кашиданро раднамуда, ба фирор кардан маҷбур буданд. Баъзеҳо дар Саксония паноҳгоҳ ёфта, дар он ҷо низ имони қадимаро нигоҳ медоштанд. Уэслӣ ва ҳамсафони ӯ нури ҳақиқатро аз наслҳои ин масеҳиён қабул карданд.MБУБ 265.2

    Баъди он ки Ҷон ва Чарлз Уэслӣ барои иҷрои хизмати рӯҳонӣ дуо дода шуданд, онҳоро барои мавъизаи ҳақикат ба Америка фиристоданд. Дар киштӣ инчунин гурӯҳи имондорони моравиҳо ҳузур доштанд. Ҳангоми тӯфони сахт, вақге ки ба мусофирон марг таҳдид мекард, Ҷон Уэслӣ эҳсос кард, ки Худо ӯро набахшидааст. Немисҳо бошанд ӯро бо оромӣ ва боварии худ ба Худованд, ки барои Ҷон ноошно буд, ба ҳайрат оварданд.MБУБ 266.1

    «Ман муддати дароз назорат мекардам, - ҳикоят мекунад ӯ, - ки чӣ тавр онҳо ғайриоддӣ рафтор мекарданд. Фурӯтании онҳо мунтазам дар хизматҳои гуногун ба дигар мусофирон, ки ҳеҷ нафаре аз англисҳо ҳатто андешаи расондани кӯмакро намекард, ошкор мешуд; онҳо барои ин корҳои паст пул нагирифта, инро бо он маънидод мекарданд. ки он барои фурӯтан гардондани қалби магрур манфиатовар аст, ва Наҷотдиҳандаи меҳрубон барои онҳо кори бештареро анҷом додааст. Ҳеч чиз наметавошклонҳоро ноором гардонад ва аз худдорӣ махрум созад. Вақте ки онҳоро тела медоданд, мезаданд ва ба дигар тараф мекашонданд, онҳо хомӯшона рафтор намуда, ягон садои шикоят ё норозигӣ ба забон намеоварданд. Акнун онҳо имконият доштанд нишон диҳанд, ки аз тарс низ озоданд, чунончи аз мағрурӣ, ғазаб ва хашмгинй озоданд. Хднгоми сурудани суруди ситоишӣ, ки ибодаташон бо он оғоз ёфт, ба киштӣ мавчи калони об фурӯ рехт, ки бодбони калонро ба кисмҳо пора кард ва тамоми киштиро тарзе пӯшонд, ки ба назар чунин менамуд, ки гӯё вартаи торик аллакай ҳамаи моро фурӯ бурдааст. Англисҳо доду фарёди даҳшатовар бардоштанд; немисҳо бошанд оромона суруд мехонданд. Баъд ман аз яке онҳо пурсидам: «Шумо натарсидед?» Ва ҷавобро шунидам: «Шукронаи Худо, натарсидам». Ман бори дигар аз ӯ пурсидам: «Магар барои завҷаҳо ва фарзандони шумо даҳшатовар набуд?» Ӯ кӯтоҳ ҷавоб дод: «Не. Завҷаҳо ва фарзандони мо аз мурдан наметарсанд»»223Ҳамонҷо, саҳ. 10..MБУБ 266.2

    Ба Саввана расида, Уэслӣ як муддат дар миёни моравиҳо зиндагӣ кард ва аз рафтори масеҳиёнаи онҳо сахт ба ҳаяҷон омад. Яке аз ибодатгузориҳои онҳоро, ки сахт аз расмиятпарастии берӯҳи Калисои англиканӣ фарқ мекард, тасвир намуда ӯ қайд кард: «Оддигии бузург ва дар баробари он бошукӯҳии ибодатҳои онҳо маро ба ҳабдаҳ аср қафо бурданд, ва ман ба худ тасаввур кардам, ки дар яке аз он ҷамъомадҳое қарор дорам, ки ҳанӯз ягон расмиятпарастӣ ва тантанаи рӯякӣ вуҷуд надошт. Ин ибодатҳоро Павлус, созандаи хаймаҳо ва Петруси моҳигир роҳбарй мекарданд; дар ин чамъомадҳо таъсири Рӯҳи Муқаддас ва қувваи Ӯ эҳсос мешуд»224Ҳамон ҷо, саҳ. 11, 12..MБУБ 266.3

    Баъди бозгашт ба Англия Уэслӣ - дар зери роҳбарии як рӯҳонии моравӣ - имони ҳақиқии Китоби Муқаддасро равшантар дарк намуд. Ӯ боварӣ ҳосил кард, ки ҳеҷ умеди наҷотёбӣ ба воситаи амалҳои худ вуҷуд надорад, ва комилан бояд ба «Исои Масеҳ, ки гуноҳи ҷаҳонро ба дӯши Худ мегирад» умед баст. Боре дар яке аз ҷамъомадҳои ҷамъияти моравиҳо дар Лондон суханони Лютерро дар бораи дигаргуние хонданд, ки дар қалби шахси имондор дар зери роҳбарии Рӯҳи Муқадцас ба амал меоянд. Дар қалби Уэслӣ, ки ин суханонро мешунид, шӯълаи имон аланга зад. «Ман дар қалби худ гармии ғайриоддиеро ҳис кардам, навишта буд ӯ, - ман фаҳмидам, ки дар кори наҷотёбӣ ба Масеҳ, ва танҳо ба Ӯ бовар кардан лозим аст. Маро бовар кунонданд, ки Ӯ маро аз гуноҳҳоям, маҳз аз гуноҳҳои худам озод кардааст ва маро аз қонуни гуноҳ ва марг наҷот додааст»225Ҳамон ҷо, саҳ. 52..MБУБ 267.1

    Дар тӯли солхои дуру дарози муборизаи хастакунанда ва ноором, худмахдудсозии сахт ва итоаткорй, Уэслӣ мақсади асосии худро. яъне пайдо намудани Худоро, устуворона нигоҳ медошт. Ва акнун Уэслӣ Худоро барои худ ошкор намуд; ӯ дарк намуд, ки файзи Илоҳӣ, ки ӯ кӯшиши бо меҳнати вазнин, дуогӯиҳо ва рӯзадориҳо, хайркуниҳо ва худфидокуниҳо ба он сазовор шуданро мекард, ҳадияи бемузд ва ройгон аст».MБУБ 267.2

    Дар имон ба Масеҳ устувор гардида, ӯ хоҳиши баланди дар хама ҷо паҳн намудани ҳақиқат дар бораи муждаи Хуши файзи ройгони Худо пайдо кард. «Ман ба тамоми ҷаҳон чун ба қавми калисои худ нигоҳ мекунам, - мегуфт ӯ, - дар ҳар ҷое ки ҳузур дошта бошам мавъиза намудани муждаи хушро дар бораи начотёбӣ ба ҳамаи нафароне, ки хоҳиши шунидани онро доранд, карз. ҳуқук ва масъулияти худ мешуморам»226Ҳамон ҷо, саҳ. 74..MБУБ 267.3

    Ӯ мисли пешина зиндагии парҳезгорона ва фидокоронаро аз cap мегузаронд, лекин акнун ин барои ӯ на асос, балки натиҷаи имон; на реша, балки меваи покию муқаддасӣ буд. файзи Худо дар Масеҳ асоси умедвории масеҳият аст, ва ин ҳадия дар итоаткорӣ нишон дода мешавад. Сафедшавӣ ба воситаи имон ба Хуни фидиягузорандаи Масеҳ; нерӯи таҷдидкунандаи Рӯҳи Муқаддас дар қалб, ки одамро дигаргун намуда ӯро ба Масеҳ монанд мекунад, - Уэслӣ ҳаёти худро ба мавъизаи ин ҳақиқатҳои бузург бахшид.MБУБ 268.1

    Уайтфилд ва бародарон Уэслӣ барои фаъолияти дар пеш истода бо дарки азиятовар ва дуру дарози ҳолати оҷизонаи худ тайёр карда шуда буданд; Худованд онхоро аз кӯраи масхарабозӣ, таҳқир ва таъқиботҳо ҳанӯз дар донишгох ва дар огози хизматгузориҳояшон гузаронд, то ки баъд онҳо чун сарбозони неки Масеҳ тамоми маҳрумиятҳоро аз cap гузаронда тавонанд. Дӯстон-дониҷӯёни беимон онҳоро таҳқиромезона «методистҳо» меномиданд - ин номро дар замони мо яке аз мазҳабҳои масеҳии калон ва соҳибэҳтироми Англия ва Америка соҳиб аст.MБУБ 268.2

    Онҳо аъзои Калисои англиканӣ буда, ба тартибу усулҳои ибодатгузориҳои он майлу ҳавас доштанд, вале Худованд дар Каломи Худ ба онҳо намунаи боз ҳам комилтарро нишон дод. Рӯҳи Муқаддас онҳоро водор намуд, ки Масеҳи мехкӯбшударо мавъиза кунанд. Қувваи Худои Қодир захматҳои онхоро роҳнамоӣ мекард. Ҳазорон одамон ба ҳақ будани онҳо оовар намуда, ба имони ҳақикӣ рӯ оварданд. Ин қавм ба ҳимоя аз гургони ваҳшӣ эҳтиёҷ дошт. Уэслӣ ягон мақсади ташкил намудани мазҳаби навро надошт, балки нафаронеро, ки ҳақиқати Инҷилро қабул карда буданд дар «ҷамъияти методистӣ» сарҷамъ овард.MБУБ 268.3

    Калисои давлатӣ бар зиддӣ ин мавъизакунандагони ҳақиқат ба муборизаи хастакунанда ва даркнашаванда баромад, вале Худованд бо ҳикмати Худ ҳодисаҳоро тарзе роҳнамоӣ кард, ки ислоҳот дар дохили худи Калисо оғоз ёфт. Агар ислоҳот аз берун бо зӯрӣ гузаронда мешуд, он гоҳ ба он ҷабҳаҳои ҳаёти калисо, ки махсусан ба тағйиротҳо эҳтиёҷ доштанд, таъсир расонда наметавонист. Вале азбаски мавъизакунандагони таҷдидёбӣ худи аъзоёни калисо буданду дар ҷойҳое заҳмат мекашиданд, ки дар он ҷо имконияти мавъиза карданро доштанд, дар натиҷа ҳақиқат ба он ҷое роҳ ёфт, ки дар дигар шароитҳо чунин имкониятҳоро пайдо карда наметавонист. Баьзе рӯҳониён, карахтии маънавиро бартараф намуда, дар калисоҳои худ мавъизакунандагони боғайрат мешуданд. Калисоҳои аз расмиятпарастӣ зарардида барои ҳаёти нав бедор мешуданд.MБУБ 268.4

    Дар замони Уэслӣ, чун дар тамоми давраҳои таърихи Калисо, ин ё он хизматро дар калисо одамоне иҷро мекарданд, ки истеъдодҳои гуногун доштанд. Баъзан дар миёни онҳо мухолифати ақидаҳо ба миён меомад, лекин онҳо дар зери роҳнамоии Рӯҳи Муқаддас дар мақсади асосии худ - ба сӯи Масеҳ равон намудани одамон муттаҳид мегардиданд. Мухолифате ки боре миёни Уайтфилд ва бародарон Уэслӣ ба миён омад, метавонист ба ҷудоӣ оварда расонад. Вале онҳо, ки фурӯтаниро аз Масеҳ омӯхта буданд, ба шарофати нармдилӣ ва муҳаббати дуҷониба тавонистанд ба ҳамфикрӣ биёянд ва оштӣ шаванд. Мавриди баҳсу мунозираҳо набуд, вақте ки дар атроф гумроҳиҳо ва фисқу фасод ҳукмрон буданд ва гунаҳгорон рост ба сӯи марг мерафтанд.MБУБ 269.1

    Бандагони Худо ба роҳи пурмашаққат қадам ниҳоданд. Ба онҳо шахсиятҳои обрӯманд ва донишманд муқобилият нишон медоданд. Дере нагузашта ғазаби аҳли дин ба сари онҳо фурӯ рехт ва дарҳои калисо барои покии имон ва барои онҳое ки онро мавъиза мекарданд пӯшида шуданд. Сиёсати аҳли дин, ки ба онҳо аз минбар мавъиза карданро манъ мекард, ба инкишофи фисқу фасод ва ҷаҳолат мусоидат намуд. Якчанд маротиба Ҷон Уэслӣ аз марг танҳо бо меҳрубонии Худо наҷот ёфт. Боре вақте ки ӯ дар миёни издиҳоми бағазабомадаи одамони ҷоҳилу авбош афтод, ва ба назар чунин менамуд, ки гӯё роҳи халосй нест, фариштаи Худо дар симои одам ӯро ҳимоя кард, онҳо қафо гаштанд ва бандаи Исои Масеҳ сиҳату саломат ин макони хатарнокро тарк кард.MБУБ 269.2

    Дар бораи яке аз чунин ҳодисаҳои мӯъҷизаосо ёдрас шуда, Уэслӣ чунин нақл карда буд: «Вақте ки мо аз болои теппаи баланд бо пайраҳаи лағжонак поён меомадем, баъзеҳо кӯшиш мекарданд маро аз по зада афтонанд, ва гумон мекарданд, ки агар ман биафтам, эҳтимол дигар намехезам. Лекин ман ягон маротиба пешпо нахӯрдам ва ҳатто налағжида аз ин таъқибкунандагон сиҳату саломат раҳо ёфтам... Бисёриҳо бенатиҷа кӯшиш мекарданд аз гиребон ва остинҳои ман бидоранд, ба як нафар муяссар гардид аз домани камзӯлчаам бидорад, лекин он ҳамон лаҳза канда шуд... ними дигараш, ки дар ҷайбаш пул буд, то нисфаш даронда шуд. Як ҷавони азимҷуссае чанд маротиба бо калтаки вазнин зарба заданӣ мешуд, ки як зарбааш ба cap басанда буд. Ва ман намедонам, чӣ рӯй дод, лекин ҳар маротиба ӯ хато мекард, гарчанде ки ман наметавонистам на ба тарафи рост ва на ба тарафи чап худро ба канор гирам. Нафари дигаре аз миёни издиҳом гузашта, ба сӯи ман ҷаҳида хост зарба занад, лекин ногаҳон дасташ поён шуд; фақат андаке ба ман даст расонда, чунин гуфт: «Мӯйҳои ӯ чӣ гуна маҳинанд!» Нафарони аввалине, ки ҳақиқат дар қалбашон ҷой гирифт, авбошони шаҳрӣ буданд, ки яке аз онҳо дар ҳамаи занозаниҳо иштирок мекард».MБУБ 270.1

    «Чӣ гуна бо меҳрубонӣ ва оҳиста-оҳиста Худо моро барои иҷрои иродаи Худ тайёр мекунад! Ду сол пеш хишти ба ҷониби ман партофташуда китфи маро каме захмин кард. Баъди як сол санге ба устухони биниам заданд. Моҳи гузашта ба ман як, ва ин бегоҳ ду мушт заданд: якумашро - вақте ки мо ба шаҳр медаромадем, дуюмашро бошад, - вақте ки моро пеш карданд, лекин ҳамаи ин ба назар ночиз менамуд. Як марде бо тамоми қувва ба синаи ман зарба зад, дигаре бошад - ба лабҳо, ва он чунон сахт, ки якбора хун ҷорӣ шуд, лекин ман тамоман дардро ҳис накардам, гӯё ки ба ман бо гандумпояе расида бошанд»227Ҷон Уэслӣ, Асарҳо, ҷилди 3, саҳ. 297, 298..MБУБ 270.2

    Методистҳо дар соли аввали мавҷудияти худ — ҳам имондорон ва ҳам рӯҳониён - ба масхарабозӣ ва таъқиб ҳам аз ҷониби аъзоёни калисо ва ҳам аз ҷониби худобехабароне гирифтор мешуданд, ки бо овозаҳои гуногуни бардурӯғ ба иғво андохта мешуданд. Методистҳоро бисёр вақт суд мекарданд, гарчанде ки дар ин мурофиаҳои судӣ адолат меҳмони камёб буд. Имондорон мунтазам ба ҷабру зулум гирифтор мешуданд. Хонаҳои онҳоро авбошони кӯчагӣ ғорат намуда, зарфҳо ва дигар ашёҳоро мешикастанд, мардҳо, занон ва кӯдаконро таҳқир мекарданд. Баъзан эълонҳое овехта мешуданд, ки дар онҳо ҳама нафарони дар ғорат намудани методистҳо хоҳиши иштирок кардан дошта даъват карда мешуданд ва ҳатто макон ва замони ҳозиршавӣ нишон дода мешуд. Чунин вайронкунии дағалона ва ошкорои Шариати Худо ва қонуни шаҳрвандӣ ба ягон муқобилият рӯ ба рӯ намешуд. Охир ягона гуноҳи ин одамоне ки мунтазам ба таъқибот ва азобу шиканҷа гирифтор мешуданд, он буд, ки қадамҳои гунаҳгоронро аз роҳи ҳалокат ба ҷодаи парҳезгорӣ равона кардан мехостанд.MБУБ 270.3

    Ҷон Уэслӣ ба айбномаҳои ба муқобили ӯ ва ҳамсафонаш пешниҳодшуда, ҷавоб гардонда, чунин гуфта буд: «Баъзеҳо тасдиқ мекунанд, ки таълимоти ин одамон дурӯғ, хато ва мутаассибона аст, ва пеш ба ин монанд ҳеҷ таълимотеро нашунидаанду пайравони он бошанд - квакерҳо, мутаассибон ва пайравони папа мебошанд. Лекин барои чунин айбдорикуниҳо ягон асосе вуҷуд надорад, зеро исбот шудааст, ки ҳамаи ҷӯзъҳои ин мазҳаб ба таълимоти равшану хақиқии Китоби Муқаддас. чӣ тавре ки онро Калисои англиканӣ маънидод менамояд, мувофиқат мекунад. Агар Китоби Муқадцас ҳақ ва рост бошад, он гоҳ ин таълимот наметавонад дӯрӯғ ва хато бошад. Дигарон тасдиқ мекунанд: «Таълимоти онҳо хеле вазнин аст: онҳо роҳи ба сӯи Осмон барандаро ниҳоят танг мекунанд». Дар ҳақиқат, ин айбдоркунии (дар замони худ он ягона буд), асосии аз ҷониби онҳо пешниҳодшуда аст, ки дигар айбномаҳо дар он асос ёфтаанд. Вале магар онҳо метавонанд ин роҳро, назар ба Масеҳ ва ҳаввориён тангтар кунанд? Магар таълимоти онҳо аз аҳкомҳои Китоби Муқаддас сахтгар аст? Танҳо ба баъзе аз онҳо таваҷҷӯҳ намоед: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми куввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор». «...мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳанд дод». «Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худованд ба ҷо оваред».MБУБ 271.1

    Агар таълимоти онҳо бо ин талаботҳо зид бошад, он гоҳ онҳо дар ҳақиқат арзандаи сарзаниш ҳастанд, вале шумо худ дар умқи дил хуб медонед, ки ин тавр нест. Лекин чӣ тавр метавонем ақаллан дар як ҳарф камтар сахтгир бошему дар баробари ин хавфи нодуруст маънидод кардани Каломи Худовандро ба миён наёрем? Оё нигоҳбони асрори Худо метавонад вафодор дониста шавад, агар ӯ чизеро дар ин ганҷина дигаргун созад? Албаттаро не. Ӯ наметавонад як ҳақиқатро паст занад ё сабук гардонад, балки вазифадораст ба ҳама бигӯяд: «Ман наметавонам Китоби Муқаддасро ба табъи шумо мувофиқ гардонам. Шумо бояд ё мувофиқи талаботҳои он зиндагӣ кунед ё ба таври абадӣ бимиред». Ана барои чӣ одамон фарёд мезананд: «Онҳо муҳаббат надоранд!» Наход? Магар онҳо гуруснагонро хӯрок намедиҳанд ва бараҳнагонро либос намепӯшонанд? He, онҳоро дар ин гунаҳгор кардан номумкин аст. Онҳо дар фикрронии худ хеле номеҳрубонанд, зеро боварӣ доранд, ки агар одамон аз онҳо пайравӣ накунад, наҷот ёфта наметавонанд»228Ҳамон ҷо, саҳ. 152, 153..MБУБ 272.1

    Таназзули рӯҳонй, ки дар арафаи пайдошавии Уэслӣ дар Англия зоҳир гашт, асосан бо сабаби гуногунии фикрҳо ба миён омада буд. Бисёриҳо тасдиқ мекарданд, ки Масеҳ Шариати маънавиро бекор кард, ва масеҳиён дар иҷрои он вазифадор нестанд; шахси имондор аз «асорати амалҳои нек» озод мешавад. Гарчанде ки дигарон тағйирнопазирии Шариатро эътироф мекарданд, лекин баён менамуданд, ки ба мавъизакунандагон ҳеҷ зарурате нест, ки риоя намудани фароизҳои онро ба халқ таълим диҳанд, зеро ки одамони аз ҷониби Худо барои наҷотёбӣ интихобшуда «бо ҷалби муқовиматнопазири файзи Илоҳӣ худ ба парҳезгорӣ ва некӯкорӣ мерасанд», дар сурате ки нафарони ба марги абадӣ маҳкумшуда «қобилиятӣ иҷро намудани Шариати Худоро надоранд».MБУБ 272.2

    Гурӯхи дигари одамоне низ, ки чунин мешумориданд, ки «интихобшудагон наметавонанд аз лутфу марҳамат ва Худо маҳрум шаванд», ба хулосаи боз ҳам даҳшатовартаре омада, бовар мекунонданд, ки «амалҳои гунаҳгоронаи аз ҷониби ин одамон иҷрошуда, гуноҳ ва вайронкунии шариати Илоҳӣ не- станд, ҳамин тавр ин одамон ба тавбакунӣ аз гуноҳҳо ва бакшиш пурсидан ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд»229Макклинток ва Стронг, «Энсиклопедия», мақолаи «Антиномианиҳо».. Бинобар ин онҳо баён менамуданд, ки ҳатто қабеҳтарин гуноҳ, ки «вайронкунии дағалонаи шариати Илоҳӣ дониста мешавад, дар назди Худо гуноҳ нест, агар аз ҷониби яке аз интихобшудагон иҷро карда шавад, зеро ки интихобшудагони Худо бо он фарқ карда мешаванд, ки наметавонанд ҳеҷ амалӣ ба Худо нописанд ё аз ҷониби Шариати Ӯ манъшударо иҷро кунанд».MБУБ 272.3

    Ин доктринаҳои даҳшатоварро дар таълимоти илоҳиётшиносон ва муаллимон баъдина пайдо кардан мумкин аст, ки тасдиқ мекарданд, ки шариати тағирнопазири Илоҳӣ чун меъёри ҳақиқат вуҷуд надорад, балки ҷамъият худ меъёрҳои маънавиётро интихоб мекунад, ки доимо тағйир меёбанд. Ҳамаи ин ақидаҳо аз ҷониби ҳамон як рӯҳе таълим дода мешаванд, ки фаъолияти худро дар миёни сокинони бегуноҳи осмонӣ оғоз намуда кӯшиши нест намудани маҳдудиятҳои одилонаи Шариати Худоро карда буд.MБУБ 273.1

    Таълимот дар бораи он ки тақдири ҳар як нафар бо хости Худо пешакӣ муайян шудааст, барои бисёриҳо асосе шуд барои рад намудани Шариати Худо. Уэслӣ далерона бо гумроҳии ин таълимоти антиномианӣ мубориза мебурд ва исбот мекард, ки он ба Китоби Муқаддас мухолифат мекунад. «Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шуд». «Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст, ки У мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд. Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамизод низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст, ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод» (Титус 2:11; 1Тимотиюс 2: 3-6). Рӯҳи Худованд ройгон ба ҳама дода шуда, ба ҳар як нафар аз ҳадияҳои наҷот истифода бурданро пешниҳод мекунад. Масеҳ, «Нури ҳақиқӣ», «ҳар одами ба ҷаҳон меомадаро мунаввар мегардонад» (Юҳанно 1:9). Одамон ихтиёран аз ҳадяи зиндагӣ даст кашида, аз наҷот маҳрум мешаванд.MБУБ 273.2

    Дар ҷавоб ба андешае, ки марги Масеҳ ҳам Даҳ Аҳком ва ҳам шариати маросимиро бекор мекунад, Уэслӣ чунин гуфта буд: «Шариати маънавие ки дар Даҳ Аҳком баён ёфтааст ва аз ҷониби пайғамбарон тасдиқ шудааст, аз ҷониби Масеҳ бекор карда нашудааст. Ӯ ба ин ҷаҳон на барои он омад, то ки ягон қисми Шариатро бекор кунад. Шариати маънави ҳеҷ гоҳ тағйир дода нахоҳад шуд; он «чун шоҳиди содиқ дар осмон» устувор аст... Он аз ибтидои мавҷудияти олам вуҷуд дошт ва на дар лавҳаҳои сангин, балки дар қалбҳои одамони бо дасти Офаридгор офаридашуда, навишта шуда буд. Ва гарчанде ки имрӯз навиштаҳои як замон бо дасти Худованд сабтшуда аз боиси гуноҳ нодуруст маънидод шудаанд, то замоне ки дар мо дарки некӣ ва бадӣ зинда аст, пурра нест кардани онҳо номумкин аст. Ҳар як аҳкоми ин Шариат бояд барои тамоми инсоният дар ҳама асрҳо боэътибор бимонад, зеро ки ин Шариат на аз вакт, на аз макон, на аз ягон дигар омилҳои ба дигургунӣ дучоршаванда вобастагӣ надорад, балки дар табиати Худованд ва табиати инсон ва дар тағйирнопазирии муносибатҳои онҳо асос меёбад.MБУБ 273.3

    «...Наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам». Бе ягон шубҳа, Масеҳ дар ин ҷо инро дар назар дорад (ки ба ҳамаи суханони пешина ва баъдинаи Ӯ мувофиқат мекунад): «Ба тафсирҳои нодурусти одамон нигоҳ накарда, Ман барои он омадам, ки онро бо тамоми пуррагияш барқарор созам; Ман барои он омадам, ки ҳамаи чизи норавшан ва нофаҳморо бифаҳмонам; Ман барои он омадам, ки маънии ҳақиқии ҳар як аҳкомро ошкор созам, паҳноӣ, дарозӣ ва доираи фаъолияти онро нишон бидиҳам; баландӣ ва умқӣ онро зоҳир намоям, покӣ ва ҷиҳати рӯҳонии Шариатро дар тамоми шаклҳои он ошкор созам»»230Уэслӣ, мавъизаи 25..MБУБ 274.1

    Уэслӣ дар бораи мувофиқати комили Шариат ва Инҷил сухан мегуфт. «Миёни Шариат ва Инҷил алоқаи аз ҳама зичтарине вуҷуд дорад, ки ба худ тасаввур карданаш мумкин аст. Аз як ҷониб, Шариат доимо барои Инҷил роҳ мекушоянд ва нигоҳи моро сӯи он равон мекунанд, аз ҷониби дигар - Инҷил доимо моро барои иҷрои аниқи Шариат роҳнамоӣ мекунад, масалан, аз мо талаб мекунад, ки Худованд ва наздикони худро дӯст бидорем, фурӯтан, хоксор ва пок бошем. Вале мо эҳсос мекунем, ки қобилияти ин тавр зиндагӣ карданро надорем, зеро ки «Ба одамизод ин ғайриимкон аст», лекин мо ваъдаҳои Худовандро дар хотир дорем, ки ваъдаи ба мо додани чунин муҳаббат ва фурӯтану хоксор ва пок гардонданамонро додааст; ва мо ин Инҷил, ин муждаи Хушро қабул мекунем; ва ваъдаро бо имон ба даст меорем, бинобар ин «порсоии аҳком дар мо иҷро мешавад» ба воситаи имон ба Исои Масеҳ...MБУБ 274.2

    Душманони асосии Инҷил - давом медиҳад Уэслӣ - нафароне мебошанд, ки рӯйрост ва ошкоро Шариати Худоро бадном ва маҳкум мекунанд; онҳое ки ба одамон риоя накардан, барҳам додан, манъ намудани на танҳо як аҳкоми осон ё мушкилро, балки ҳамаи аҳкомҳоро якбора, таълим медиҳанд... Аз ҳама бештар эътиқоди самимии ин одамон ба он чиз ба ҳайрат меорад, ки он ки Шариатро беэътибор намуда, онҳо бо ин амал Масеҳ ва хизмати Ӯро болобардор мекунанд. Вале онҳо Ӯро на бештар аз Яҳудо эҳтиром мекунанд, ки: «Шод бош Устод!», гуфт ва Ӯро бӯса кард. Ва Худованд ҳақ дорад аз ҳар яки онҳо суол кунад: «Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?» Вақте ки онҳо дар бораи Хуни Ӯ мавъиза мекунанду дар баробари ин Ӯро аз тоҷи шоҳи маҳрум месозанд, ягон қисми Шариати Ӯро бекор мекунанд, ва гӯё инро барои он мекунанд, то ки ба муваффақияти Инҷил ёрӣ расонанд, магар онҳо бо ин амалҳои худ Ӯро бо бӯса таслим намекунанд? Ин айбнома ба нафароне низ тааллуқ дорад, ки дар бораи ҳақиқат мавъиза карда, бевосита ё бавосита зарурияти итоаткориро бекор мекунанд ва хурдтарини аҳкоми Худоро паст мезананд»MБУБ 275.1

    Ба нафароне, ки таъкид мекарданд, ки «мавъизаи Инҷил тамоми талаботи Шариатро иҷро мекунад» Уэслӣ чунин ҷавоб медод: «Мо ин фикрро пурра рад мекунем. Ҳатто таъйиноти асосии Шариат - ошкор намудани гунаҳгорон, бедор намудани нафароне, ки дар доми марг қарор доранд, ба ҷо оварда намешавад. Ҳавворӣ Павлус чунин мегӯяд: «Гуноҳ бо воситаи шариат дониста мешавад»; то замоне ки дар қалби одам гуноҳ ошкор нашавад, ӯ эҳтиёҷро ба Хуни фидиягузорӣ Масеҳ дарк намекунад... Наҷотдиҳандаи мо Худ гуфтааст: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд». Бинобар ин бемаънӣ аст пешниход кардани табиб ба нафароне, ки тандуру- станд, ё ин ки ҳеҷ набошад худро тандуруст мешуморанд. Шумо бояд дар аввал онҳоро ба бемор буданашон бовар кунонед - дар акси ҳол онҳо ба қадри ғамхории шумо намерасанд. Ҳамин тавр ба нафароне ки қалбҳояшон ҳеҷ гоҳ андӯҳгин набуданд, пешниҳод кардани Масеҳ бехирадист»231Ҳамон ҷо, мавъизаи 30..MБУБ 275.2

    Уэслй ҳамин тавр Инҷили файзи Илоҳиро мавъиза намуда, ба монанди Устоди худ кӯшиш мекард «шариатро бузург гардонад ва ҷалол диҳад». Ӯ содиқона ва софдилона вазифаи аз ҷониби Худованд ба дӯшаш гузошташударо иҷро кард ва тавонист меваҳои аҷоиби заҳматҳои худро бубинад. Дар охири зиндагии дарози ӯ — зиёда аз 80 сол умр дид, ки ним асри онро дар сафарҳои мавъзаи Инҷил гузаронд - шумораи пайравони ӯ ба ним миллион расид. Вале танҳо он замоне ки ҳамаи оилаи наҷотёфтагон дар Салтанати Худо ҷамъ меояд, мо хоҳем донист, ки дар ҳақиқат чӣ қадар буданд нафароне, ки ба шарофати заҳматҳои ӯ аз вайронаҳои гуноҳ ва фисқу фасод ба зиндагии олӣ ва пок бархестанд, чӣ қадар буданд шумораи нафароне, ки ба шарофати таълимоти ӯ таҷрибаи маънавии боз ҳам амиқтар ва бой ба даст оварданд. Зиндагии ӯ сабақи пурарзишест барои ҳар як масеҳӣ. Оҳ. чӣ гуна ба калисоҳои замони мо имон ва фурӯтанӣ, кӯшишу ғайрати беинтиҳо, худфидокуниҳо ва худбахшии ин хизматгузори Исои Масеҳ намерасад!MБУБ 276.1